Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№296

Ислоҳ нет

Ислоҳ ва хабарнигорони ҷамъиятии он ба масъала ва мавзӯъҳое, ки пардохта буданд, бетафовут нестанд, дунболи он мегарданд ва пайгирӣ мекунанд, ки то куҷо расид. Муаллиф ваҳдатии мо, нависандаи нома аз Панҷ чунин корро кардаанд ва як муаллифи мо аз Душанбе ба дунболи қазияҳое уфтодаанд, ки қаблан бароямон навишта буданд.

 Иттифоқан дар ин шумора аз ҳамин гуна номаҳо се адад аст. Номаи аз Панҷ расида аз кирдорҳои раиси собиқи ноҳия навишта ва аз он изҳори тааҷҷуб кардааст, ки бо ин ҳама заминфурӯшӣ ва ғасби иншоот ба вай чизе нашуд.

  Ду номаи дигар, аз Ваҳдат ва Душанбе низ, чуноне гуфтем, натиҷаи номаҳои қаблиро таҳқиқ кардаанд.

Аммо ин бор як номаи ҷолиберо ҳам ба барнома ҷой додем, ки аз як «иқдом»-и дигар амниятиҳои СС суҳбат мекунад. Ҳамватанони муҳоҷири мо гоҳе савғо ва туҳфаҳои худро тавассути мошинҳои борбар аз Русия ба наздиконашон мефиристанд. Бинобар ин навишта амниятиҳо, ки дар марзҳо фаъолият мекунанд, ин борҳоро то 15-20 рӯз дошта ва баъд бо гирифтани як миқдор ришва ба соҳибонашон медоданд. Маълум нест ин кор ба хотири ришвагирӣ бошад ва ё тарси онки дар фураҳо муҳоҷирон чи чизҳо мефиристанд?

                                           Панҷ

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Худо аз шумо ва аз нафароне, ки шуморо ёрдам мекунанд, Худо розӣ бошад. Ман аз ноҳияи Панҷ ба шумо менависам.

Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақери, раиси собиқи як рӯз дар як маърака гуфт,ки прокурори нохия аз ман метарсад, даже прокурори Қурғонтеппа маро  гап зада натавонист. Замини масҷиде, ки дар назди роҳи Авангард воқеъ буд, бе пул гирифтааст.

Ҳамчунин замини идораи колхози Маданиятро гирифтааст. Мардумро фиреб карда гуфтааст, ки дар инҷо медпункт — поликлиника  месозам. Вале гирифт ва ба худаш хонаи истиқоматӣ сохт. Дар маркази район магазинҳои пластикафурӯширо махсус пожар карда сӯзонд. Баъд савдогарҳоро маҷбур кард, ки магазинҳои пластикиро майдатар созанд ва онҳо-соҳибони магазинҳо майдатар сохтанд. Аз ҳисоби кам кардани территорияи магазинҳо барои Зариф Шоҳиён ҷои барои бунёди ду то магазини пластикӣ боқӣ монд. Ин номарди ноинсоф дар вақти раиси ноҳия кор карданаш хуни халқро хурда буд. Ҳозир бачааш дар идораи ҳукумати Панҷ кор мекунад. Бовар кунед фақат махинатсия ва афёра карда истодааст. Чунин оилаи мошеники ҳақимардумхӯрро халқ якум бор дида истодааст.  

  Ҳамсояаш Кенҷаева Хайрниссо, собиқ раиси ҷамоат заминҳои кӯҳро бе пул барои худаш оформит карда гирифт. Кашари гуспанд дорад вале ягон хел налог намесупорад. Ин Кенҷаева Хайриниссо боз заминҳои обии роҳи тарафи Авангард мерафтаро ба додараш Кенҷаев Амрӣ ҳуҷҷат карда додааст ва Амрӣ бошад ин заминҳоро аренда додааст. Аз одамҳо пули калон мегираду вале налоги заминҳоро через апааш Кенҷаева Хайриниссо 50 фоиз месупорад-ҳамааш заминҳои обӣ. Ягон милиса, КГБ, прокурор ва суд инҳоро проверка намекунад. Боз як хешаш Бухоров Худоиназар ҳамаи помошҳое, ки ба Панҷ меомаданд фурӯхта пул карда якҷо бо Зариф Шоҳиён ва Кенҷаева Хайриниссо, тақсим мекарданд. Бигзор ягон идора ва ё шахсе дар Панҷ пайдо шавад, ки корҳои инҳоро тафтиш кунад

Ҳоло навбат ба Комрони ГАИ. Падари Комрон Қосим ном дорад. Ин Қосим аз Панҷ то Душанбе любой прокурору милисаву суду кгбро писанд намекунад. Як писарашро раиси ҷамоат мондаасту дигарашро началник ГАИ монда хуни панҷиҳоро макида истодаанд. Коргарони ГАИ ва началникашон савод надоранд, даже протокол нависта наметавонанд. Лекин ҳаррӯз аз шофёрҳои таксиҳои даруни Панҷ 10 сомонӣ мегиранд- доля. Аз вилоят ё аз ҷумҳурӣ ягон кас инҳоро тафтиш намекунад. Чунки инҳо доля равон мекунанд ба Душанбе ва вилоят. Шаш моҳ пеш началники милисаи ноҳияи Панҷ чанд нафар бачаҳои ришдоро қапида маҳкам  ва маҷбур кард, ки милисахонаро ремонт кунанд. Онҳо полний ремонт карданд бо вуҷуди ин ришҳояшонро қоқоқоқ тарошиданд ва боз 2 ҳазор сомонӣ аз ҳар кадомаш ҷарима гуфтагирифт.

 Дар беморхонаи райони Панҷ байни духтурҳо ва доруфурӯшҳо мусобиқа рафта истодааст. Як касал дарояд болояш ҷанг мешавад. Инаш мегӯяд касалӣ аз ман аст дигарараш мегӯяд касали хеши ман аст. Хулоса, як илоҷ карда касалиро мегиранду баъд доруҳои қимати срокашон гузаштаро ба ин касалиҳо мефурӯшанд.

 Дар райони Панҷ тамоми кор бардак аст. Хоҳиш мекунем, ки ягон одами зинда аз вилоят биёяд проверка кунад. Охир, безор шудем. ГАИҳоро мактабҳоро, духтурхонаҳоро омада якбор тафтиш кунад.

Боқӣ дар амони худо бошед.

Ваҳдат

Ассалому алейкум бародари гироми Мухаммадикболи Садриддин Аллох аз Шумо рози бошад!
Номаи ман дар бораи собиқ сармеъмори шаҳри Ваҳдат Давлатзода Вайсиддин аст.

 Дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» № 213 дар бораи дуздию фирбкориҳи Вайсиддин Давлатзода гуфта будед. Дар ҳақиқат баъди нашри он барнома Прокуратураи генералӣ Кумитаи андоз, Агентии зидди коррупсия бо навбат тамоми кору фаъолият ва дуздию қаллобиҳои Давлатзода Вайсиддинро хуб тафтиш намуданд. Домҳо ва дигар иншооте, ки акти қабул аз тарафи Вайсиддин ва Амирзода собиқ раиси шаҳри Вахдат шуда буд, санҷиданд. Аммо дар ҳамаи ин корҳо роли асосиро Давлатзода Вайсиддин бозӣ мекард. Чунки барои фурӯши замин ва акти қабул худи вай маблағро гирифта даст ба кор мешуду назди раиси пиру дигарҳо-масалан домсозҳо барои анҷом додани ҷиноят мерафт.

 Яъне чи хел ҷиноят:

Якум: пора гирифтан аз соҳибкорон ва мардуми одӣ барои санади меъмории шаҳр ба ҷудо кардани замини назди ҳавлигӣ ва сохтани биноҳои баландошёна
Дуюм: акти қабули иншоот- хонаҳои баландошёна дар ҳолате, ки ба талабот ҷавобгу нестанд: -масалан ба ҷои 7 этаж 9 этаж сохтагианд, ки ду ошёнаи он зиёдатӣ аст, таҳкурсӣ онро дошта наметавоанд. На таҳкурсӣ соз асту на касе тафтиш мекунад ва на санади тафтиш дорад.

  Аммо Давлатзода Вайсиддин пулро мегирад корро буд мекунад ва ин кор хиёнат барои ояндаи миллату мардум махсус барои мардуми Ваҳдат аст. Бо пуле, ки аз домсозҳо ва мардум гирифта кайфу сафо, шаробхурию фоҳишагӣ мекард, яке муйи сараш рехту нур аз руяш парид ва бисёр таккабур (высокомер) шуд. Ин аз он шаҳодат медихад, ки суми ғорат кардаи ӯ зиёд ҳам шуд. Соҳиби мошинҳои қимматбаҳо, квартираҳои беҳисоб, 3-4 хонаи заминӣ ба номи хоҳару бародараш, заминҳои обӣ, ки барои сохтани манзили зист документалний кардааст ва ғайра. Хулоса, мақомот ҳама дуздию ҷиноят ва зиёдсозии ошёнаи домҳо, андоз насупоридани домсозҳо ва тамоми тафтишро карданд ва дар ҳақиқат чизе, ки дар барнома буд иҷро ва беҳад зиёд, мешавад гуфт, ки сар то по ҷиноятро ошкор карданд, то дороиҳои Давлатзода Вайсиддинро ошкоро карданд ва ӯро чандин бор ба пурсиш даъват карданд, мебоист, ки суд мешуд. Аммо… ягон амволи вай ситонида ва худи вай ба ҷавобгарӣ кашида нашуд.

Дар аввал кори тафтишот хуб рафт. Вале бо дахолати Амирзода, собиқ раиси шаҳри Вахдат (Давлатзода Вайсиддин 100 ҳазор долар ба Амирзода медиҳад)  ӯро суд накарданд. Прокуратураи генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода  чашм пушиду рафт. Танҳо коре, ки караданд Давлатзода Вайсиддинро аз кор гирифтанд ва муҳлат доданд, ки корҳои расвокарда ва ҳуҷҷатгузориашро тамом кунад. Ҳоло бошад аз вазифаи сармеъмори Ваҳдат гирифтанду бурданд сардори КВД шаҳри Ваҳдат монданд. Дар масъалаи сум додану раҳо шуданаш 100 дар 100 аз худи вай ва бародараш, ки дар бозор кор мекунад шунидем, ки 100 ҳазор доллар ба Амирзодаи собутилники президент додааст. Шояд 50ҳазор доллар дода бошаду воҳима карда 100 ҳазор гуфт, шояд Амирзода 50 ҳазорро ба прокуратура дода бошаду 50яшро худаш. Вале, яқинан 100 фоиз рост аст ки сум гирифтнаду раҳояш карданд. Мо гуфтем, ки Раҳмоналӣ Амирзода аз Муминобод буд бо Юсуф Раҳмон, собиқ Прокурори генералӣ аз якҷо ва рафиқ буданд. Юсуф Раҳмон сумро мегирифту ҷиноятро руйпуш мекард. Аммо дидем, ки Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори генералии нав ҳам аз Амирзода сум гирифта ҷиноятро дар Ваҳдат руйпуш кард. Ҳоло савол ин аст ки агарки аз як Вайсиддин ин қадар сум гирифтанд аз боқимонда домсозҳо чи қадар сум кор карданд? Яъне Прокуратураи генералӣ, андоз коррпусия ҳама омада тафтиш карда ҳар сохтор мувофиқи кораш ҷиноятро ошкор карда сумро гирифта рафтанд.

 Писари Амирзода ҳам дар шаҳри Ваҳдат муовини прокурор шуда кор мекунад. Давлатзода Вайсиддин мегуяд, ки агар раис –яъне Раҳмоналӣ Амирзода ёрдам намекард «мара суд мекардан, неки марам тамоми кору бора кати раис кардагиюм, сума ирам хурдагияй, бо болои и иқадар хизмат кардамша, то ҳаму беваи зани пинҳониш Рухшонара ёрдам кардам, ин бояд мара ҷонма мехарид.

 Аз ин пас Вайсиддин хеле бо эҳтиёт шудааст. Дар круге, ки мешишту мехест бисёртар бо Карими ДЭУ буд, ки ин Карим ҳам спецталоне, ки вазири корҳои дохилӣ туҳфа карда буд аз даст дод, гирифтанд. Аз як талон истифода бурда чи қадар ҷиноят анҷом медод ин Карим.

Рафиқу ҳамнишини дигари Давлатзода Вайсиддин шахсе бо исми Неъмат ва бо лақаби голубой мебошад, ки айни ҳол бо номи домсоз маъруф аст. Аммо домҳои месохтагиаш ба ягон стандарт посух намедиҳад. Як тарафи дом се метр бошад, як тарафаш 6 метр, на диагонал дорад на лифт. Бовар кунед бародар ин ба ном соҳибкор худаш диагонал надорад. Камтар маълумот оиди ин Неъмат гирифтам. Фаҳмидам, ки ӯ ҳам як ҷинояткоре аст ки собиқ раиси кадоме аз ҷамоатҳои шаҳри Ваҳдат будааст. Гуфтанд, ки сабаби аз кор рондани ӯ ҳам даст ба ҷиноят задани ӯ будааст.

Амирзода, раиси пешини Ваҳдат ӯро бо сум халос кардааст. Баъзеҳо мегуянд, ки Неъматро барои кирдори номуносиб ба шаъни роҳбар-машғул шудан ба амалҳои қавми Лут гирифтаанд. Хулоса, маълумотро боз аниқу дақиқ карда оиди ин ҷинояткорон мефиристам то миллат ва мардум донад, ки чи гуна ба сурат одамҳо чи ҳаромхӯру чи сабзибадаст дар ҳукумат кору фаъолият ва миллату давлатро ғорат мекунанд. Боз гуё инҳо пешводустдору патриотанд. Дуруст аст ки касе дар ҳукумати феълӣ кор мекунад, гуё бизнес мекунаду фоида ба даст миёрад аз коғазу аз муҳру печату вазифа истифода бурда пора мегирад, инҳо маошро задагинд. Сумро ҷамъ карда «Тоҷикистон ба пеш» гуфта мегарданд.

  Ман ҳайронам, ки ҳамин пеши роҳи порахуриву фасодро гирифтан ин қадар кори душвор аст, ки ҳукумат ин корро карда наметавоанд ё худашон ҳамин гуна нафаронро тарбия мекунанду ба вазифаҳо мансуб мекунанд? Вақте вазифа фурӯхта мешавад табиист, ки он вазифахар содиқона ё бо савганд ё виҷдон кор намекунад. Мегуяд «ма сум додам одамҳои пешвода , дигар  миллата задагиюм, савгандам».

  Аллоҳ ватану миллат ва тамоми бародарони адолатхоҳро дар ҳифзу амони худ нигаҳ дорад, саломат бошед бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Феълан дар дохили ватанам, чи маълумоту ҷинояте ҳаст ё мешавад менависам. Худо кунад, ки дигар ҷинояте рух надиҳад ва домхои баландошёна дар майдончаҳои кудакон сохта нашавад. Домсози ҳақиқӣ онест, ки месозад хонаро бо талаботи меъёр, бо парковка, детский площадка, лифт канализация ва партовгох на ин, ки бо талаботи пулакии Давлатзода Вайсиддин ё Амирзода ё Исмоилзода ё кадом ҳаромхӯри дигар, ки оянда дарди сарамон шавад дар шаҳри Вахдат. Дар Ваҳдат тамоми мақомдорону раисон пора мегиранд.

Даруни шаҳр ҷойи мусорпартоии тозаву тамиз надорад.  Наход,ки мусор дар пушти мактаби 3-и Терешкова ва дар чанд ҷои дигар дар рӯйи замин ва дар танаи девор партофта шавад. Ҳаҷми ин партовҳо аз 3 камаз зиёд шудааст.

Ду коргаре, ки камақланд ягон сомонӣ медиҳанд бо бели лапотка  дар мошин бор мекунанд. Э, беинсофҳо ин қадар пули халқро мегиред, пули мусорро мегиред наметавонед барои як шаҳри Ваҳдат спецтехника ва контейнерҳо барои 4 партовгоҳ харед?

 Домҳои навсохт ҳатто ҷой барои партофтани мусор надоранд, аз тирезаҳо ба қади кӯча мепартоянд. Дар домҳо ягон мусоропровод насохтаанд. Қариб ҳамааш аз тирезаҳо ба замин мепартоянд. Дар берун ҷойи партовгоҳ надоранд. Шумо камтар ба саломатии мардум ҳам фикр кунед. Стансияи эпидемолигиву санитарии шаҳри Ваҳдат танҳо барои сумкоркунӣ ва обед кардан баромада мегарданд. Ягон ошхонаро «тафтиш» мекунанду сум-доляро мегиранд, обед мекунанд, халос. Тамоман ҳолати санитариву гигиениву эпидимологӣ риоят намешавад.

Муҳтарам Исмоилзода Мирзо, раиси шаҳри Ваҳдат камтар ЖКХ-ро контрол кунед. Агар сум ҳам, ки мехуред, ҳалол кор кунед, дар намакдон туф накунед. Илтимос ба дарди мо мардум расидагӣ кунед.

 Як бор вақт ҷудо карда бе мошин, пиёда, пешакӣ огоҳ нокарда баромада шаҳр ва гирду атрофи онро, тозагии онро бинед. Даруни ҷуйборҳову латокҳо пуропури мусор.

 Бовар кунед, ман аз тани шумо шармам меояд, ки чунин шиму костюми гаронбаҳо, туфлиҳои чандсадолларии локзадагӣ доред, аммо шаҳре, ки шумо идораи онро бар ӯҳда доред, чунин ифлосу ғажд аст. Ман бовар дорам, ки агар бихоҳед метавонед аз Хитой мошинҳои мусоровоз ва контейнерҳои оҳаниву пластикӣ фармоиш дода биоваред, шаҳр тоза мешавад. Ҳатто мошини обпош надоред. Бояд шаҳр ҳаррӯз тозаву тамизу озода бошад.

Барои занҳои дуввум севуматон метавонед,аз дигар давлатҳо молу матоъ заказ кардан, хайр, барои шаҳр ҳам имконият ҳаст ку. Суми партовро ҳама сокинони шаҳр саривақт пардохт мекунанд.

Агар надиҳанд ҳам ҳукумати шаҳр барои тозагӣ бояд тамоми талошашро ба харҷ диҳад. Он «мусор»-ҳои дупои даруни ҳукумати шаҳр беҳисоб. Онҳоро тоза карда наметавонед, ақалан ҳамин мусори маъмулиро тоза кунед. Хонаҳои баландошёнаро набояд бе доштани партовгоҳ акти қабул кард.

Муҳаммадиқболи Садриддин, бародари гиромӣ! Аламу шикояти мардум хеле зиёд аст. Ҳар қадар ҳам, ки гӯем тамом намешавад. Сарбаланду хонаобод бошед!

                                Душанбе   

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аллоҳ аз шумо розӣ бошад. Бародар ба шумо як чиро гуфтан мехоҳам. Дар бораи як нафар корманди прокуратураи шаҳри Душанбе бо номи Беҳруз Сафарзода. Дар сафҳаи фейсбукиаш бо номи Беҳрӯз Нурзода амал мекунад. Аз Файзобод. Ду сол пеш надзори заминҳои шаҳри Душанбе буд.

Қисмате аз заминҳои шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгир аст-кучаи Қаҳҳоров16 проезд дар лаби дарёи Душанбинка.

 Заминҳоро ҳамроҳи кормандони кумитаи замини шаҳри Душанбе, ки куратораш нафаре бо номи Баҳром буд, ғайриқонунӣ тақсим кард. Бо раиси маҳалла қариб 50 хонаи беҳуҷҷҷатро дар лаби дарёи Соҳилӣ бо сохтакорӣ ҳуҷҷати пешина (гӯё аз солҳои пеш ҳуҷҷат доштанд) карда фурухтанд. Соҳибони хонаҳои ҳамон маҳалла , ки дар пеши хонаҳояшон заминҳои лаби дарё буд беҳуҷҷат онҳоро ба қайд гирифта бизнес карданд. Бало ба паси ин корҳояшон.

  Барои резултат шуда як камбағал- дӯсти моро, дар асл як кас не, ду- се нафар   бо коргарои кумитаи замин якҷоя ва бо Баҳром барои ҳуҷҷати касе, ки бошад   ҷалб мекунад ва шоҳиди бардурӯғ мегузаронад. Онҳо шоҳидӣ медиҳанд ва мегӯянд, ки «бале, мо дидем, ки чихел-мақсад он одам ҳамин қадар пул гирифт».

 Ба 30 ҳазор доллар шоҳидӣ медиҳанд, бурда маҳкам мекунанд. Баъд он зани  даъвогар одамони прокурор Беҳруз дело оғоз мекунад. Тӯҳмат карда мегӯяд, ки хуб 40 ё 50 000,ки гирифтӣ пулро биёру бидеҳ. Мегӯӣ, ки «ака ман нагирифтам пул- мул». Мегуяд, ки хуб меравӣ, мешинӣ ва сраза коргарҳои УУРи МВД -ро фарёд мекунад. Мебаранд дар УУР МВД пештар Шоҳрух Саид буд, ба онҷо бурда метарсонанд. Боз пагоҳ гирифта меоранд. Мақсад онҳо бо УУРи МВД ҳамкорӣ доштанд. Бурданду он бародарро 8 моҳ маҳкам карданд, яктои дигарашро 3 моҳ маҳкам намуданд.

  30 ҳазор, 40 ҳазор хонаҳояшонро фурухта қарз гирифта ҷонашонро хариданд. То ҳозира ду бародар аз дасти ин беинсофҳои ҳаромхӯр дар кварита мешинанд. Ман номҳояшонро гирифта наметавонам, чунки ғамашон медиҳанд. Ин ҳаромхӯри файзободӣ сари чанд касро хӯрда аст. Худованд хору залилаш гардонад.

Бародар, илтимос дар борааш гап занед. Ҳоло ҳам дар дигар вазифа кор карда истодааст.

 Бо одамҳояш, кормандони кумитаи замин бо роҳи тӯҳмат одамҳоро подставит карда гаштааст. Ҷои чунин одамҳо дар мақомоти ҳифзи қонун-прокуртур нест, ҷойи онҳо кунҷи зиндон аст.

                                      Душанбе

 Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!

Бародари азиз ба мардум бифаҳмонед, ки бор роҳӣ накунанд аз Русия. Бори фиристода аввал 15- 20 рӯз дар амният меистад, сипас занг мезананд, мегӯянд боратон расид, вале ҳоло наоед. Барои бор фақат адресатонро фиристед, мо бо таксӣ роҳӣ мекунем. Як хелҳо адресҳояшонро партофтанд. Ман нафиристодам. Амният занг зад ва гуфт, ки биёву боратро гир аз амният. Рафтему гирифтем. Бародарҳо сахт эҳтиёт бошед. Ҳодиса ин тавр шуд.

Аз Екатеринбург ба Душанбе камтар либос ва шоколад роҳӣ кардем. Ман ва як рафиқам роҳӣ кардем. Баъд занг задем ва пурсидем, ки бародар расидӣ? Гуфт, ки ҳамин рӯз мерасам. Вале бо ҳамин дигар бе ному нишон шуд. Занг мезанем ҷавоб намедиҳад.

Баъди 20 рӯз ҷавоб дод.Г уфт «ҳо через таксӣ адресотона тие рои мекнем». Гуфтем чи хел? Мо худамон мегирем. Гуфтанд, ки не, намешавад. Баъд рафиқам адресашро дод. Ба вай фиристоданд. Баъди чанд рӯз аз амният занг заданду  гуфтанд, ки биё амният ва боратро бигир. Баъд рафтам. Як амниятӣ борро доду гуфт 50сомонӣ бидеҳ. Пулро додему гирифтему омадем. Хулоса, ин борҳои мо 15-20 рӯз дар дасти амниятиҳо истод. Барои ҳамин бародар Муҳаммадиқбол аз шумо хоҳиш мекунам, ки ин ҳодисаи шудагиро ба мардуми муҳоҷир расонед, ки огоҳ ва ҳушёр бошанд. Ва ба фураҳову мошинҳои майда бор нафиристанд.

Share This Article