Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№298

Ислоҳ нет

Ду нома аз Вахш, як нома аз Панҷакент, номае аз Нуробод, номае аз Қубодиён, аз Рашт ва як номаи дигар аз Ваҳдат, муҳтавои ин нашри «Номаҳоро..» ташкил додааст.

Муаллифони вахшӣ аз бедодиҳои мақомот ва бахусус Қурбони бех, раиси ноҳия бо мисолҳои мушаххас навиштаи худро фиристодаанд, ки хеле ҳам ҳайратовар аст. Қурбони бех, барои онки мардуми деҳа битавонанд роҳи худро асфалтпуш кунанд, албатта бо пули худашон, омада маҷбур кардааст, ки барои вай доля бидиҳанд вагарна иҷозат намедиҳад, ки роҳ мумфарш шавад.

Аз Рашт дар бораи он гуфтаанд, ки Зарина Идизода, раиси ноҳияи Рашт баъди нашри ду мақолаи хос дар борааш, гуруҳҳои агитатсионӣ ташкил кардааст, ки ӯро дар ноҳия таърифу тавсиф ва одами наздики Президент муаррифӣ кунанд.

Нависандаи нома аз Панҷакент ҳам тақрибан бо ҳамин мазмун, ки ҳиҷ кор, ҳатто туйҳоро бе додани пора гузаронида намешавад, навиштааст. Нуктаи ҷолиб дар навиштаи ӯ он аст ки раиси ҷамоат бо дипломи харида аз Русия панҷ сол аст кор карда истодааст.  

Аз Нуробод ва Қубодиён ҳам номаҳо дорем, ки беҳтар аст бидуни кадом муаррифӣ қироат фармоед.

Номаи расида аз Ваҳдатро барои он дар аввали барнома гузоштем, ки ба масъалаи доғи ҷомиа даст задааст.

Ахиран ба мо маълумот расид, ки дар КДАМ ва ВКД дастур гирифтаанд, ки минбаъд барои таъқиб ва муҷозоти сатрпӯшону ришдорон иҷозат аст, ки ба хонаҳои мардум ворид бишаванд.

Аз тамоми муштариҳо ва мухлисони Ислоҳ даъват ва  хоҳишамон ин аст ки аз ин гуна ҳолат ва ҳаводис, ки рух медиҳад фавран моро дар ҷараён бигзоред.

                              Ваҳдат

Ассалому алайкум бароар Муҳаммадиқбол! Боз ҳам ман ваҳдатии шаҳри Маскав.

Дар Ваҳдат як магазини либос буд дар рӯ ба рӯйи ҳукумати шаҳр, дар паҳлуи чойхонаи Дидор. Дар он магазин як бевазани камбағал савдо мекард. Аз мақомоти Ваҳдат меоянду мепурсанд, ки либоси сатр ҳам дорӣ. Зан, мегӯяд, ки бале. Медароянду ҳамаи либосҳои сатрро мегиранду мебаранд ва ин бевазанро дашному ҳақоратҳои сахт мекунанд.

Ин зан сатрро пинҳонӣ савдо мекард, наметарсид. Мақомот ба воситаи бузҳояшон мефаҳманд. Як зани сабукпойи бузи худро мефиристанд, ки бираву аз ҳамон магазин сатр бихар.

Ин зани буз меояду аз магазинчи мепурсад, ки сатр дорӣ? Ин зани фурӯшанда мебинад, ки як зани одӣ аст, барояш посухи мусбат медиҳад ва мегӯяд, ки бале дорам, аммо пинҳонӣ мефурӯшам.

Бузи милисаҳо мегӯяд, ки ман мегирам, бароред, то  бубинам, яктояшро мегирам. Мебароранд, чен кардан мегирад, нағма каран мегирад, чунки пешакӣ нақша кашидагӣ буданд бо милисаҳо. Дар ҳамин вақти чену андоза кардан аз мақомот бо либосҳои мулкӣ медароянд ва соҳиби магазинро меқапанд. Ва дар ҳузури чанд нафар клиент он бевазани магазинчиро ҳазоруяк дашному ҳақорат мекунанд.

Мебаранд отдел, протокол мекунанду баёнот мегиранд ва дар ниҳоят 30 ҳазор сомонӣ ҷаримааш мекунанд.
Ин магазинчӣ худаш бе шавҳар аст. Бо ёрдами модараш магазин кушод, ки зиндагиашро пеш барад, аммо аз магазин бенасибаш карданд. Магазинро маҳкам карданд.

Эй, хок бар саратон ба чунин давлату давлатдорӣ. Рӯзамон медиҳед ё не? Ба шумо чи фарқ дорад, ки ман сатр бипӯшам ва ё бо миниюбка бигардам? Чаро миниюбкаро аз магазинҳо намегиред? Миниюбкапӯшҳо озодона дар кучаҳо гашта истодаанд. Магар модару хоҳару занҳои шумо ҳама миниюбкапӯшанд? Бигзор пӯшанд, магар занҳое лингу рону сурину соқу соиду пову зонувонашонро намоиш диҳанд, кор надорем, аммо ба пӯшиши мардум чи кор доред?

Магар давлат кори дигар надорад? Меоед деги маърака, килои биринҷу адади хурокҳоро мешуморед, меоеду эзору пироҳану сатру ришро проблема мекунед? Кай аз ин корҳои зишт даст мекашед?

                                Нуробод

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ба шумо ва тамоми кормандони «Ислоҳ» саломатӣ ва барору пирӯзӣ хоҳонам. Аз деҳаи Тегирмии Нуробод бароятон маълумот медиҳам.

Маълумоти ман дар бораи раиси ноҳия Нуробод, бародаронаш ва раиси  маҳаллаи деҳаи Тегирмӣ Солиҳов Беҳрӯз аст.
 Раиси маҳаллаи деҳаи Тегирмӣ Солиҳов Беҳрӯз тули 2 сол аст, ки омӯзгор аст. Кадом вақте хоҳад дар дарсҳо иштирок мекунад, кадом вақте нахоҳад, иштирок намекунад. Вале Буров Сайнеъмон, муҳосиб ҳамеша маоши ӯро пурра медиҳад. Ҳаррӯза маълумотро  ба кормандони ВКД медиҳад
Бародарони раиси ноҳия Нуробод Солиҳов Фарух ва Солиҳов Қамар дар мактаб муаллиманд. Аз он рӯзе, ки Солиҳов Фатҳуддин раиси ноҳия шуда омадааст, кадом маҳале хоҳанд ба дарс меоянд нахоҳанд намеоянд.
Худи раиси ноҳия Солиҳов Фатҳуддин бошад заминҳои мардумро гирифта картошка мекорад. Як заминро Қамар, як замини дигарро ба Фаруху Ҳандуло бародари калониш ва бо падараш гирифтааст.
Дар Тегирмӣ масъалаи таъмини об ҳам проблема аст. Раиси ноҳия бо бародаронаш обҳои чашмаву ҷуйборҳо забту банд карда картошкаҳояшро об медиҳанд. Кор ба ҷое кашидааст, ки гову мол аз бе обӣ ҳалок шуда истодаанд, ҳато одамон бе об мондаанд, аммо ин раис ва бародаронаш парво надоранд. Фақат барои заминҳои худ обро истифода мебаранд.

                                      Қубодиён

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!. Ман аз ноҳияи Қубодиëн менависам. Аз деҳаи Зиракӣ, дар бораи эшони Исломиддин. Дар дуздӣ бо дуздҳо ҳамроҳ аст. Ҳозир участковий дар совхози Тоҷикистон дуздҳоро кришаватиашон мекардааст. Як дузд Шарифзода Оят, дуввум дузд Шарифзода Аҳмад, ки кришаашон эшони Исломиддин аст. Ҳозир дар СИЗОи Қурғонтеппа. Вақте уголовникҳои Қубодиён меқапандашон ин кришаашон эшони Исломиддинро гуфтанд:  «агар мора ай СИЗО наброрӣ мо трам мефурӯшем, ки ҳами Исломддин мора кришаватӣ мекад»

Баъд Исломиддин омада гуфтааст,ки инҳоро баровардан даркор,ки ҳамаамонро мефурӯшанд, сири мо ҳам фош мешавад.

Бародар, ман ҳоло сурати ин дуздҳоро бароятон мефиристам, бигзор чоп шаваду мардум бинанд. Дар тамоми ҷиноятҳои инҳо участковий қӯш аст. Участковийи деҳаи Зиракӣ ҳам шарик аст.

Ҳозир инҳо талош карда истодаанд, ки ин дуздҳоро аз СИЗО-и Қурғонтеппа бароваранд. Эшони Исломиддин гуфтааст, ки барои касе аз мақомот 30 ҳазор доллар додааст, то ки инҳоро барорад.

                                       Панҷакент

Ассалому алайкум ва раҳмтуллоҳи ва баракотуҳу бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин!

Аз ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент менависам. Номи раиси ҷамоат Икром аст. Ин Икром дар ягон ҷо хондагӣ нест. Аллакай панҷ сол шуд, ки раиси ҷамоат аст. Дар вақташ бригадири колхоз буд. Дипломашро бачаҳо аз Москва харида фирсонданд. Як бесаводи дукаратдуро намедонистагӣ аст. На одоб дорад ва ақлу тамиз. Ҳозир раведу пурсед, ки ту кадом донишгоҳро хонда тамом кардаӣ, ихтисосат чӣ аст, номи панҷ нафар муаллимонатро гӯ, ҳамкурсонат чанд нафар буданд, бо ягонтоаш алоқа дорӣ, чизе гуфта наметавонад. Чунки ягонҷоро нахондааст.

Аммо мардумро мудом таҳқиру дашном мекунад. Дар амал як бузи амният аст. Барои иҷозати як тӯй то 15 ҳазор сомониатро мегирад. Ин корро ҳамроҳи раиси танзим, ки номаш Муҳаббатило анҷом медиҳад. Участковий ҳам ҳамроҳи инҳо як порахӯри дигар мебошад. Мошини опел дорад, номераш -0004 01  

Мардумро бисёр ҳам ғам медиҳад. Ҳозир сезони туйҳо сар мешавад. Мардум аз ҳар куҷо, аз Русияву Қазоқистон, аз муҳоҷират бармегарданд. Аз ҳар як соҳиби маърака то 5 ҳазор сомонӣ мегирад. 

Раиси қишлоқи Пушти Қурғон Файзулло ном дорад. Дар гузашта наркотик мефурӯхт. Ҳозир бошад барои амният одам мефурӯшад. Дар ҷони мардум задааст.

Як аз чоплусҳои деҳа Фазлӣ ном дорад, бо лақаби каччум-олус ҳама мешиносанд. Соли гузашта дар сезони облава  як чанд падару модарҳоро амният бурда маҳкам кард. Бачаҳояшон маҷбур шуданд, ки аз Масква ва дигар шаҳрҳои Русия баргарданд.

  Шароит дар ҷойҳои мо хеле вазнин. Ҳозир дар ин қишлоқ Хитой заводи сурма сохта истодааст. Хеле аз заминҳои мардумро гирифтанд.

 Раиси қишлоқи Фонӣ Матлаб Музайн бо Муродқул Тупалов, ки инҳо ҳардуяшон хело ҳаромхуранд. Инҳо основной даромадшон аз туй ва облава аст. Аз дасти инҳо падарҳое ҳастанд, ки барои фарзандонашон гурехта ду моҳ Узбекистон мераванд.

Дар минтақаи мо ҳамин хел бузҳои амният бисёранд, ки мардум аз мушкилӣ шикоят кардан метарсанд.

Имомхатиби масҷиди Нури Моғиён номаш Баҳодур аст. Дар ҳар намози ҷумъа ним соат то 40-50 дақиқа дар бораи Пешво гап мезанад ва даҳ дақиқа аз рӯи коғаз амри маъруф мекунад. Аз дасти ин одам хеле ҷавонҳоро шикастанд ва паси панҷара бурданд. Дар ин бора дар барномаҳои оянда мегӯем.

Аз ҳама калони чоплусҳои ҷойи мо ҳамин аст, бузи пешипеши амният.

Гуфтаниҳо бисёр аст. Алҳол мо дар ватан нестем. Равем ба ватан боз менависем.

                                       Рашт

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мақолаҳои чопшуда дар бораи Зарина Идизода, раиси ноҳияи Рашт бо номи Ледӣ дар Ғарму атрофи он ғулғула афканд.

Шунидем, ки баъди он барномаҳо Зарина Идизода бо бародараш, Файзиддин Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон махсус вохурда байни ҳам маслиҳат кардаанд, ки яке Ҷаноб пурсад чи гуем, чи бояд кунем.

Ледӣ зуд аз ҳар деҳа бузичаҳояшро ҷамъ карда амр додааст, ки ӯро дар байни мардум таърифҳо кунанду гуянд, ки ҳамин раиса омаду Ғарм обод шуд.

Раиса боқувват. Ҳамин раиса аст, ки Президент чанд бор шуд ба Ғарм меояд. Дили Президентро Раиса ёфтааст, Президент чизе раиса бигӯяд мекунад. Ҳамин раиса аст, ки дигар моро ғам намедиҳанд.

   Зарина Идизода мегӯяд, ки Раҳими ғармӣ «кошелёки манай, чизе ма бугум мекна». 

Аммо, бовар кунед, ки дар таърихи Ғарм ин хел ҳаромӣ набуд.

 Эй, мардуми Ғарм, Нуробод, Точикобод, Оби гарму дигару дигар, о, чи қадар шермардҳои муҷоҳид ҷон доданд, ки шумо имрӯз духтаронатонро сари лучу, хоҳарҳоятонро куни лич, короткий юбка пушонда кор монед?

Бо мақомот ҳамкорӣ накунед. Хабаркаширо бас кунед, якдигаратонро фурӯхтанро бас кунед. Иттифоқ шавед, рӯзи озодӣ наздик аст.

                                           Вахш

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз совхози Кирови ноҳия навишта истодаам. Мактаби рақами 36 ва мактаби рақами 8, ки мудираш як нафар Давлатёров Ҳусейн мебошад, кори доимиаш говбизнес аст. Гови буғузро аз қасир фарқ мекунад, тамом. Дарс додан бошад, ҳиҷчӣ. Фақат пули ин, пули он талаб мекунад. Талабаҳо дар синфи 5 аммо на навишта ва на хонда метавонанд. Як хел талабаҳо ба донишгоҳ дохил шудаанд, аз 0 китоби Алифбо мехонанд.

Ба худо қасам ин ҳақиқат аст. Маориф мегӯяд, ки моҳона манъ аст, инҳо бошанд, дар як моҳ ҳатто ду бор ҳам мегиранд. Файзалӣ подчинёни Ҳусейн Давлатёров аст. Инҳо дарс намедиҳанд, фақат пул ҷамъ мекунанд.

Дар бораи Қурбони бех-Қурбон Юсупови раиси ноҳия. Барои роҳи ноҳияи Вахш-Киров. Чор километр роҳро мардум худаш асфалт кард. Дарза, пая, сабзиву пиёзи худ, хулоса дастранҷи деҳқониашро мардум фурӯхта пул ҷамъ карда чандин тонна асфалт хариданд. Қурбони бех аз куҷое дарак ёфту омад. Гирифт ҳамаашро бурда дар роҳи интернати райони Вахш рехт. Бо ин баҳона, ки президент меояд. Гуфт, ки «доля»-и маро ҷамъ кунед ман аз нав оварда мерезам. Акнун бояд дар номи Қурбони бех пул гузаронӣ, боз доля ҳам мегирад.

Боз дар совхози Киров барои 5 километр роҳ мардум пул ҷамъ карда асфалт овард. Қурбони бех, раиси ноҳия омад иҷозат надод. Рӯиростгуфт, ки аввал доляи маро медиҳед баъд иҷозат медиҳам, ки асфалт кунед. Мардум доляи ӯро ҷамъ карда доданд ва боз ба номи Қурбони бех гузарониданд. Яъне гуфтанд, ки бо ёрдами Қурбони бех, раиси ноҳия ин роҳ асфалтпуш шуд.

Худи Қрбони бех бошад чандсад гектар заминро аз они худ карда мардумро кор мефармояд.

Мардуми Киров аз беобӣ заминҳоро юнучқа кишт кард. Аммо Қурбони бех омада ҳамаро ҷуфт ва чапагардон кард. Мегӯяд, ки пахта бикоред.

Аз Киров-4ум то қишлоқи Хашова об нест. Дар заминҳояшон ягон зироат, ба ғайр аз ршқа-юнучқа чизе дигар намешавад. Аммо ин Қурбони бех ҳамаи ришқаҳоро трактор оварда ҷуфт мекунад. Як хоҷагидор гап занад вайро бало зад, бурда 30 -40 ҳазор сомонӣ ҷаримааш мекунад.

Аз ҳукумат талаб мекунем, ки чораи ин Қурбони бехро бинанд.

Дар охир ба мардуми Киров муроҷиат мекунам.

Эй, мардми Киров мурғ нашавед. Эй, мардуми Киров, мард шавед: «бхезен,  бурдан ними бачоҳой шумора, бурда бо туҳмат салафӣ гуфта ҳамашона тюрма кард, на хонда метонистан на навиштан, ино чихели салафӣ буданд?».

  Бузҳои Киров ному насабатон нашр шуда истодааст, шайтониву бузиро кам кунед. Вагарна дар барномаи оянда аксҳоятон бо ному фамилятон мебарояд.

Халқи Киров ин беномусҳои бузҳоро ифшо ва ошкор кунед, чизе мебинед, чизе медонед, нависед ба Ислоҳ, натарсен!.

Заминҳоятонро ба зӯрӣ ҷуфт ва юнучқаҳои ба дарав расидаатонро чапагардон карданд, хеле аз бачаҳоятонро бурда зиндон намуданд, аммо шумо боз ҳам хапед. Дар пеши ҳукумат шикоят карда наметавонед, дар пеши Ислоҳ гап занед, мурғ нашавед.

Ин зулм ончунон болои мо ҷамъ шудааст, ки ҳамаро тарсу кардааст. Агар биёянду занҳояшонро аз хонаҳояшон баранд, мегуяд занам гунаҳгор буд, хай насибу тақдирш.

Бузҳо, ки мардумро ба мақомот мефурӯшед, эҳтиёт бошед. Хабарҳо ба мо расида истодааст. Боз ҳаст одаме, ки мегӯяд: «вай бзи маҳай»

  Бародар, илтимос, ҳатман номаи маро нашр кунед. Ин қадар ждат кардам, ягон кас гап мезанад, ҳиҷ кас гап назад. Аз ин пас ман худам менависам ҳарчи мебинам.

                                         Вахш

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз совхози Кирови ноҳияи Вахш, дар бораи Гулов участковий-сарнозири минтақавӣ, рутбаи хидматиаш подполковник гуфтаниам. Ин подполковник аз мансаб ва вазифааш ошкоро суиистифода мекунад. Ҳар куҷое рафту дид, ки ягон нафар гирди ҳавлиаш девор бардоштааст, ё ки ягон ҷойи хонаашро обод карданӣ аст, иҷозати сохтмон мепурсад. Агар ин иҷозатро дошта бошӣ ё надошта бошӣ, бояд доляи ӯро бидиҳӣ. Ва сипас ба идомаи сохтмонат давом диҳӣ. Ҳатто агар дар даруни участкаи наздиҳавлигат ҳоҷатхона бисозӣ ва агар ин участковий хабардор шуд (бузҳояш мерасонанд) меояду иҷозат мепурсад.

Худам дидам, ки як одам хона бардошта истода буд, омад документи хона пурсид. Он одам документи хона бо иҷзати сохтмонро дар даст дошт, нишон дод. Гап наёфту гуфт, ки «забори шмо качалаҳай, ай нав бкану ай нав бсоз»-хулоса баҳонаи пулгирӣ. Соҳиби хона 600сомонӣ дод баъд ичозат дод, ки корашро давом диҳад. Диққат тиед девор ё забори каҷ бо додани 600 сомонӣ рост мешавад.

Кабинети участковий дар идораи ҷамоат аст.Ҷамоат меравӣ, ту ҳуҷҷат дорӣ надорӣ бояд инҳо пули туро бигиранд. Ҳеҷ нафаҳмидем, ки инҷо чи гапу хабар аст, инҷо чӣ давлату давлатдорӣ аст? Просто, не за что меоянду пулатро мегиранд.

 Ин дар тарафи Кирови мо ҳама бесоҳибӣ шудааст. Аз вазифа истифода бурда ман подполковникам гуфта ҳамаро тарс медиҳад. Бузҳои аз Хашов то Киров, ба шумо мегӯям, ки бузиро бас кунед, ки номҳоятон сабт шуда истодааст. Шумо хиёл мекунед, ки як шӯриш мекунем тамом, не, не шумо ҳамаатон назорат шуда истодаед. То рақамҳои мошинҳоятонро медонем: «бас кнен, ки Ислоҳда мепартойем».

 Канали оби Хашовро бист сол пеш Нусрат Алиев ва акаи Маҳмадии хирс- раҳматӣ канданд. Маҳмадии хирс пули қиёматро гирифт, чанд миллион пулро хурд, як ҷуйбори нимкола канд. Ин гап бист сол пеш буд. Боз имсол халқ пул ҷамъ карда як бори дигар канд. Аммо ягон бор ҳам давлат наканд: «ай и ов зиёда ай 20ҳазор аҳолӣ ов мехра, ови ҳавз шидагӣ, пасову хару саг мрдагӣ. И канала кандан, бузо бузӣ кардан намондан».

  Кадом бачае бо бачаҳои пулдор маслиҳати отделно пули ҷамоат доданд, боз пули экскаватор доданд.

Ин бузҳои Хашов ҳамаро бузӣ карданду намонданд. Ҳоло ман аз ин канал хабарҳои пурра надорам. Ба наздикӣ ба ҳамон қишлоқ мераваму мефаҳмам, ки корро кӣ куштаст, кадом одам бузӣ кардааст. Ҳамаашро сурат мегирему мепартоем ба Ислоҳ, ин ша Аллоҳ

Фаҳмидем, ки сокинони Хашов ин каналро мекананд, хурсанд шудем, ки оби тоза мехурем. Вале ин бузҳои Хашов аз ҳама ганда будаанд. Ин ҷамоат бояд дастгирӣ кунад, аммо наоборот пул мегиранд ва боз дар номи ҷамоат мегузаронӣ. Ин бачаҳо розӣ буданд, ки пули ҷамоатро диҳанд вале боз соҳибкорҳо омада иҷозат надоданд.

Ҳозир маълумоти аниқ надорем, кӣ ҳамон бачаро аз раҳ задааст, онҳо киҳо буданд, ҳамаашро номнавис мекунему ҳамаашро мепартоем. Ва сипас милисаҳои Қурбони бех……

Share This Article