Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №299

Ислоҳ нет

Нашри имрӯзаи барномаи «Номаҳо..»-ро бо навиштаҳо аз Конибодом, Хуҷанд, Душанбе, кулоб ва Турсунзода омода кардаем.

Ин бор низ аз порахӯриву ноадолатиҳои мақомот чи дар Душанбе ва чи дар навоҳии дигари кишвар номанигорон шикоят кардаанд.

Масалан муаллифи мо аз Конибодом аз он мегӯяд, ки худаш шоҳид аст, худаш бо дастони худаш ба ГАИ пора доду ҳуҷҷатҳояшро пас гирифт, аммо бовар намекунад, ки ин тавр ошкоро ва рӯирост ГАИ дари кабинташро мекушояду шумо дохил мешаведу аз шумо ба ҷуз аз пул чизе дигар намепурсад. На фақат корманд, ҳатто сардори ГАИ ҳам пул мепурсад.

Мисли ҳамин нависандаи нома аз Кулоб, ки мухлиси варзиш будааст, ба кори Исмоили набераи Раҳмонов, ки Президенти дзюдои Тоҷикистон аст шубҳа мекунад ва мегуяд, ки вақтҳои ахир бар ивази пули калон қасдан мусобиқотро бой медиҳанд.

Яке аз муаллифони доимии мо, ки роҷеъ ба мақомоти қудратӣ менависад барканори Прокурори вилояти Хатлонро кори дасти онҳое медонад, ки ба ҷойи вай чашм духтаанд. Ин нафар навиштааст, ки ҳар касеро, ки барои пора аз мақомот сабукдӯш мекунанд, бовар накунед. Чунки дар ин мақомот касе пора намегирад кор карда наметавонад.

Аммо як номаи ҷолиб, ки ин бор аз Душанбе омад, масъалаи сохтмони шаҳраки саноати тавассути соҳибкорони боҳимматро таҳти суол қарор додааст. Вай гуфтааст, ки ин шаҳраки саноатӣ аз они яке аз аъзои Оилаи Раҳмонов аст, вагарна ҳиҷ соҳибкори боҳиммате дар кишвар надорем, ки ду миллиард бештар пул кор карда бошаду боз нотарсидаву бо ҷуръатона дар Душанбе сармоягузорӣ кунад.

                                   Конибодом

Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол!

Ман як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аниқтараш сокини шаҳри Конибодом, ки дар як идораи давлатӣ фаъолият мекунам. Ман ба шумо аз бедодгариҳо дар шаҳри Конибодом алалхусус дар милитсияи шаҳр гуфтаниам. Милитсияи шаҳр ҳеҷ ба танзим надаромад, ки надаромад. Дар ёд доред соли гузашта чанд куштор дар шаҳри Конибодом ба миён омад лекин аз дасти кормандони милитсияи шаҳрамон ягон кор наомад.

 Бинобар ин роҳбарияти милитсия аз Душанбе кормандони ботаҷриба дар нохунакро ба Конибодом фиристод, ки онҳо бо истифода аз маврид хуни мардумро макида мардуми бе ин ҳам қашшоқро пулу чизашро кашида гирифтанд. Ба ин ҳама бедодгариҳои кормандони милитсия роҳбарият чашм пушиданд, ки ин сабаб шуд ҷиноятҳои вазнин зуд ошкор нагардид. Аз ҳамин сабаб баъд аз ин ҳодисаҳо як қатор кормандони милитсияи Конибодомро аз вазифаҳояшон озод намуданд. Ин ҳама ҳодисаҳо ба кормандони милитсияи Конибодом дарс нашуд, ки боз шабу рӯз ба гирифтани пора машғул мебошанд. Худи ман рӯзҳои охир ду- се маротиба ба шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ рафта дар он ҷой ҳайрон гардидам ва шоҳиди нотарсида ва рӯирост гирифтани пора аз ҷониби корманд бо номи Орзу ва сардораш Мурод гаштам. Онҳо мардумро ба ҳуҷраҳояшон дароварда пули нақдро аз мардум, аз ҷумла аз худи ман ҳам талаб карда гирифтанд. Гуё, ки ин маблағи ҷарима бошад. Агар ин маблағҳои ҷарима қонунӣ мебуд мо ин маблағро ба бонк месупоридем. Дар асл онҳо ҳуқуқи пули нақд гирифтан надоранд. Ман ду, се соат дар идораи БДА-бозрасӣ истода аз нотарсии онҳо -корманд Орзу ва сардораш Мурод ҳайрон гаштам. Онҳогуё, ки дар бозор бошанд ҳуҷҷатҳои ронандагии мардумро ба худи соҳибонашон мефурӯшанд ва пулҳои беҳисобро дар ҳуҷраҳояшон ҷамъ мекунанд.Боз инҳо дар бозрасӣ якчанд миёнаравҳо доранд,ки пулҳои мардумро гирифта ба онҳо дароварда медиҳанд. Худ ба худ ман савол додам- мақомоти болоӣ- коррупсия, прокуратура ва худи роҳбарони ин кормандони порахур ба куҷо нигоҳ мекунанд, ки ин кормандони порахур Орзу ва сардораш Мурод то ҳол вазифаро банд намуда истодаанд. Оё ба ҳамаи шумоён порахурии собиқ раиси шаҳр Пешвои муззами Конибодом Абдусалом Тухтасинзода сабақ нашуд, ки оқибат дастгир шуд ва ҳоло 12 солро дар зиндон мегузаронад.

                                    Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Умедворам хубу хуш бошед. Мо ҳам умедворем ва лаҳзашуморӣ мекунем, ки ин режими палиди Раҳмонов ҳарчи зудтар завол ёбад.

Ин режим, ба назар мерасад, ки дилаш аз худаш хеле ҳам пур шудааст. Ман чиро дар назар дорам? Солҳои пеш ин режим молу мулк ва коргоҳу тиҷоратҳои мардумро тасарруф карда мегирифт. Масалан Ҳасан аз Ориёнбонки Душанбе шурӯъ кард то корхонаи кимиёиву заводи спирти Низомхон Ҷураев дар Исфара ва бозори Панҷшанбе Хуҷандро ғасб кард ва мисли вай ҳар кадоме аз аъзои ин Оилаи носерами чашмгушна тиҷорату корхонаҳои дигарҳоро бо говзӯрӣ гирифтанд.

Шамсулло Соҳибови шавҳари Рухшона Раҳмонова  ҳатто аз дасти халқ шираи камолро гирифт. Молу дороиҳои Зайд Саид, Умед-88ро кашида гирифтанд. Масалан Тахминаи Клеопатра магазинҳои Оримаи Маъруф Орифовро гирифт.

Аъзои ин оилаи носерами аз қавми яъҷуҷу маъҷуҷ ҳам зиёд боз ба тасарруфи рисолату масъулият ва вазифаҳои вазоратҳоро шуруъ карданд.

Масалан Фарози Шамсулло ҳақи додани иҷозати номеру права, техталон, справка барои талабаҳои синфи як, ташхиси беморон дар беморхонаҳо ва садҳо корҳоеро, ки кори сохтору ниҳодҳои давлатӣ буд, гирифт. Пулҳояшон бисёр шуд. Парвина ширкати тавлиди доруро ба номи Сифатфарма кушод, Озода ба истеҳсоли памперсу хока ва собуни ҷомашӯиву дастшӯӣ сар кард,  бо номи Озода кемикал.

Бонкҳои худро ташкил намуданд. Хулоса, дигар шурӯъ карданд ба сохту созу гузоштани сармоя.

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе Раҳмонов ҳамроҳи Рустам, писари гунгакаш шаҳрчаи саноатиро бунёд гузоштанд. Расонаҳо, аз ҷумла Ховар навишт ва дар шабакаҳои телевизионӣ ҳам хеле зиёд таблиғу реклама карданд, ки «ба фаъолияти 3 корхонаи калони саноатии ҶСП Сантайлс (Suntiles) бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ оғоз бахшиданд ва ба бунёди 3 корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузоштанд.

Бо омода шудани се корхонаи дигар, ки санги асосашон ҳамакнун гузошта шуд, шумораи коргарон дар ин шаҳрак ба наздики 1200 кас хоҳад расид, ки аз онҳо беш аз 300 кас занону духтарон хоҳанд буд.

Таъкид бояд намуд, ки маоши коргарон аз 4500 то 12000 сомонӣ аст. Се корхона, ки дар шаҳраки нави саноатӣ ба кор дароварда шуд, бо харҷи қариб 800 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бо ворид намудани таҷҳизоту технологияи нави соҳа ва аз ҷиҳати экологӣ безарару бехатар бунёд ёфтаанд.

Маблағи умумӣ барои ин се корхонаи фаъолгардида ва се корхонаи дигар, ки дар муҳлати кӯтоҳ сохта хоҳанд шуд, наздики 2 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод.»

Хулоса, акнун ин дуздҳо ба вложит кардан ҳам сар карданд. Ба назари аввал ҳамин тавр метобад.

 Пеш фақат медуздиданду мегирифтанд. Барои мисол ягона роҳи заминии миёни шимол ва маркази Тоҷикистон Душанбе- Хуҷандро, ки бо қарзи Хитой навсозӣ карданд, як ширкати дурӯғиеро ба ихтиёри вай доданд ва роҳоро пулакӣ карданд. Ва, пули он пурра ба ҷайби Озода Раҳмонова меравад. Ё,ҳамаамон медонем, ки дар Данғара, зодгоҳи Раҳмонов дар давоми чор-панҷ соли ахир ба садҳо миллион сомонӣ аз ҳисоби бюҷет иншоот сохтанд.

Аммо гапи ман сари дигар чиз аст. Инҳо аз куҷо сармоя мегузоранд? Ҳатман аз пулҳои бюҷет ва корхонаву истеҳсолоти месохтаашон хусусӣ, аз они онҳо мешавад.

Ҳоло биёед ба ҳамон шаҳраки саноатии месохтаашон дар Душанбе таваҷҷӯҳ кунем.

Навиштанду гуфтанд, ки Раҳмонов «аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ» сохта шудани онро бисёр ҳам пуштибонӣ ва дастгирӣ кард.

Пурсида мешавад, ки ин соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ киҳо бошанд ва оё онҳо 800 миллион сомонӣ, 80 миллион долларро аз куҷо ва кадом бизнес ба аст оварда бошанд?

 Ин кори хуб аст, ки ҷойи кор мешавад, истеҳсолот мешавад. Аммо кӣ бовар мекунад, ки ҳамин гапҳо рост аст?

Кадом шарики рушд-бизнесмене дорем, ки 800 миллион доштааст? Ин пулро чи тавр ҷамъ кардааст? Бовар доред?

Шумо бовар доред, ки дар Душанбе ҳамин гуна соҳибкорони ҳимматбаланд, ҳамин гуна сармоягузори тоҷик дорем, ки дар 800 миллион завод бисозад? Ин соҳибкори ватанӣ тақдири соҳибкорони дигар, шарикони рушди дигар, ибораҳои дӯстдошта аммо тамоман дурӯғини Раҳмоновро фаромӯш кардааст?

Ин соҳибкорони ҳимматбаланд касе ҷуз аз  яке аз аъзои Оилаи Раҳмонов нест. Мутмаин бошед. Агар набуд ин кор сурат намегирифт ва он сармоягузор ҳоло 800 не 8 0 не 8 не як миллион сомонӣ медошт ҷояш дар паҳлуи Маъруф Орифови Орима, Зайд Саийд, Ҷамшед Зиёеви Тоҷпромбонк , Нур Усмон, Низомхон Ҷураев, Раҷабалӣ Одинаеви Умед-88 ва нафарони дигар мешуд.

Қисмат ва давоми ин корхона то ба дараи Вазоб ҳам кашида мешудааст. Фикр мекунед, ин соҳибкори ҳимматбаланд чи гуна таавонистааст, ки дар ин масоҳати бузург, аз Душанбе то Варзоб заминро аз давлат, яъне Раҳмонову Рустам бигирад? Яъне ин корхона дар 37 гектар бунёд карда мешудааст.

 Бинобар хабарҳои чопшуда дар болои боми ин корхонаҳо, ки гуфта шудааст се адад аст    панелҳои офтобӣ насб карда хоҳад шуд, ки 90 ҳазор кВт барқ истеҳсол хоҳанд кард.

Ин шаҳраки нави саноатӣ, ҳамчунин дорои манбаъи дигари худии неруи барқ бо иқтидори 30 ҳазор кВт хоҳад буд, зеро гармие, ки дар оташдонҳо барои истеҳсоли маҳсулот ҳосил мешавад, ба тавлиди неруи барқ низ равона мегардад. Барои ин кор дар ин ҷо турбинаҳои буғӣ насб карда мешаванд, ки аз гармии оташдонҳои дарозиашон 200 метрии корхонаҳо истифода карда, неруи барқ тавлид мекунанд.

 Неруи барқи ба ин ду тариқа дар ин шаҳраки саноатӣ истеҳсолшаванда, ки баробар ба 12 мВт хоҳад буд, 80% талаботи худро қонеъ менамояд, ки боиси кам шудани арзиши аслии маҳсулот мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки ин шаҳраки нави саноатӣ дар майдони беш аз 37 га замине бунёд меёбад, ки қаблан ба як партовгоҳи азими саноатию сохтмонӣ табдил ёфта буд. 25 га ҳамин замин зери сохтмон хоҳад рафт.

Хулосаи калом ин аст ки ҳеҷ соҳибкори ватанӣ омода нахоҳад буд ва ин дурӯғи навбатии Раҳмонов аст. Ин коргоҳи худи Раҳмонов ва аъзои оилаи вай аст ва ман саддарсад бовар дорам, ки харҷу масрафи он аз ҳисоби бюҷети ҷумҳурӣ ва Душанбе пушонида мешавад.

Ба ҳар навъ, бигзорем, ки бисозанд, фардо ин шо Аллоҳ, ки ҳукумати милливу  мардумӣ сари кор омад, ҳатман миллӣ хоҳад шуд. Чунки ҳамаи ин пулҳо аз они миллат ва мардум аст.

Аммо саволи ман дар охири навишта ин аст ки бигзор ному насаби ин соҳибкорони боҳиммат эълон ва арсае, ки онҳо кор карда ин миқдори маблағи бузург, беш аз ду миллиард сомонӣ ба даст овардандро гӯянд. Сахт шубҳаовар аст. Чунки дар Тоҷикистон чунин арсаву самте нест, ки чунин даромад дошта бошад ва агар дошта бошад ҳам ин арсаҳо ба дасти худи ин оила аст.

                                 Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чанд рӯзи пеш Аваз Назарзода, Прокурори вилояти Хатлонро аз кор шармандавор сур карданд. Гуфтанд корҳое кардааст, ки ба шаъни прокурор намезебад.

Дар аввал як чизро гуфтаниам. Ҳиҷ прокурор, милиса, судяе нест, ки пора нагирад. Ҳамааш пора мегирад, пора нагирад мансаб гирифта наметавонад. Об, ба гуфте, аз боло лой аст. Аммо ин Аваз Назарзода, чуноне худи шумо ҳам дидед, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҳамкорону корафтодаҳо, ки бо вай сарукор кардаанд, ҳарфҳои хуб зиёд шунид. Ман мутмаинам, ки иллати барканории Аваз Назарзода гирифтани пора нест. Баракс, дар ин ҷойҳо истода пора нагирифтан сабаб мешавад, ки зуд аз кор сурат кунанд. Аммо яке аз онҳое, ки Аваз Назарзода,ҳоло дигар собиқ Прокурори вилояти Хатлонро бисёр ҳам сиёҳ кардааст, ин Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёт мебошад.

  Чи тавре, ки дар барномаҳои пешина борҳо ишора намудед Юсуф Раҳмон дар давраи роҳбарияш маблағҳои калонро аз прокурорҳо барои дар ин ё он вазифаҳои болотари Прокуратураи Генералӣ мондан, гирифта буд. Музаффар Юсуфӣ ҳам яке аз ҳамин «сухтагиҳо» аст. Ронандаи Музаффар Юсуфӣ гуфтаст, шеф ба Юсуф Раҳмон 650.000 доллар дода буд.

Хуласи гап, баъди намондан дар вазифаи Прокурори вилояти Хатлон ё Суғд, Музаффар Юсуфиро нафрат ва бадбинии сахт нисбати Юсуф Раҳмон фаро гирифт.

Музаффар Юсуфӣ хуб медонист, ки ҳам ӯ ва ҳам дигар Прокурорҳои сумдодагӣ, ҳеҷ вақт сумҳояшонро қафо гирифта наметавонанд ва рӯ ба ҷамъоварии маълумотҳо нисбати Юсуф Раҳмон ва он Прокуророне, ки ба Юсуф Раҳмон бовафо ҳастанд, овард. Чи тавре, ки гуфтем яке аз сабабҳои пинҳонии сиёҳ кардани Юсуф Раҳмон ин Музаффар Юсуфӣ буд. Баъди гирифтани Юсуф Раҳмон аз мансаб, Музаффар Юсуфӣ аз қафои Прокурори вилояти Хатлон шуд, ки дар вақташ маҳз Аваз Назарзода сабаб шуд, ки Музаффар Юсуфӣ Прокурори вилоят нашуд. Акнун баъди Аваз Назарзода навбати сардори Раёсати тафтишоти Прокуратураи Генералӣ ва сардори Раёсати назорати КДАМ дар Прокуратураи Генералӣ аст, ки нисбати инҳо ҳам Музаффар Юсуфӣ сахт хусумат дорад. Музаффар Юсуфӣ бо истифода аз агентураи пештарааш, байни баъзе кормандони КДАМ ва Прокуратураи Генералӣ иғво ва дасиса андохта истодааст, чунки мехоҳад обу руи Прокурори Генералии ҳозираро паст кунад. Аз рӯйи базе маълумотҳо дар сафари корие, ки Прокурори Генералии нави Русия ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Прокуророни ИДМ карда буд, Музаффар Юсуфӣ бо баъзе аз Прокуророни болоии Прокуратураи Генералии Русия, ки дар ҳайати гурӯҳ омада буданд, вохуриҳо гузаронида будааст ва барои дастгирии онҳо, ки дар оянда Прокурори Генералии Тоҷикистон бишавад кумак хостааст.

  Музаффар Юсуфӣ 3 хона дар Русия, ки 2тоаш дар Москва аст, 2 хона ва тиҷоратҳои хуб дар Дубай ва дигар давлатҳо, 12 квартира дар Душанбе, 5 ҳавлӣ дар Тоҷикистон, 7 автомашинаи гаронарзиш, мағозаҳои гуногун ва чанд рама   мол дорад. Илова бар ҳамаи инҳо ба номи писараш Юсуф чандин ширкат ва дороиҳоро сабт кардааст.

 Кушиши гирифтани вазифаи болотар дар Прокуратураи Генералӣ аз ҷониби Музаффар Юсуфӣ ба маъно ё бо ҳадафи хизмати софу содиқона ба Ватан нест, мақсад танҳо ва танҳо ғорати мардум ва низ аз худ кардани даромадҳо аз тиҷорати наркотик аст. Ба ҳайати Русӣ гуфтааст,ки агар ин вазифаро гирад мутмаин бошанд,ки барояшон пули хуб ва дар хидмати Русия хоҳад буд.

                                        Кулоб

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол. Аз шаҳри бостонии Кулоб менависам. Шояд ин фикру гумони ман хато бошад, вале фикр мекунам, ки айнан ҳамин тавр аст. Ман мухлиси варзиш, бахусус гуштин ва бокс ҳастам. Вақте Исмоили набераи Президент президенти дзюдои Тоҷикистон шуд, баъди чанде аз комёбиҳои назаррас касб кард. Дар Душанбе мусобиқаҳои байналмилалӣ доир кард. Аммо вақтҳои охир кас дар тааҷҷуб мемонад, ки чаро ҳама чиз дигар шуд.

  Мутаассифона дар Тоҷикистон варзишро ҳам ба тиҷорат табдил додаанд. Дар соҳаи дзюдо, ки Исмоил онро ба уҳда дорад, дар аввал бисёр дастовардҳо хуб шуданд. Медалҳои тилло ва пешравиҳои хуб. Аммо ҳозир бошад Исмоил ба чи сабабҳои номаълум майл ба дигар самт дорад, ё ки ин намуди варзишро худаш ба тиҷорат бадал кардааст. Ба назар мерасад, ки дигар паҳлавонони тоҷик дигар эҳсоси ватандӯстиву миллӣ надоранд. Дар мусобиқаҳои калони беруна то финал ё нимфинал мераванду баъд ҳамаро бой медиҳанд.

 Маълум аст ки пеш аз финалу нимфиналҳо барои бой додани ҳарифҳо маблағҳои калон пешниход мешавад. Аҷиб, ки варзишгарони мо бе андешаву фикр «ҷошда сума мегирану бой метан». Баъзеҳояшон ҳатто як мох бо ҳарифонашон тактикаи бой доданро машқ мекунанд, ки дар майдон намоён нашавад, ки қасдан бой дода шуд. Ин ҳамааш аз беаҳамиятӣ ба соҳаи варзиш аст, ки як шармандагие беш нест. Темур Раҳимов, Хоркашев, Ҷага, Парвиз Собиров, Сомон Маҳмадбеков ва дигар варзишгарон дар ин қимори беномусӣ иштирок мекунанд.

                           Турсунзода

Ассалому  алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол!  Бародар ман аз Турсунзода (Регар) ҳастам. Мехостам як маълумотро бароятон расонам, ки шумо  дар барномаи «Номаҳо….» ҷо диҳед! Ба шумо бигӯям, ки он бародаре, ки дар бораи Парвиз Акрамзодаи раиси шаҳри Турсунзода навишту шумо чопаш кардед, бовар кун ягон хатоӣ надорад, ҳамааш сад дар сад рост буд! Лекин ман як чиро намефаҳмам, ки чаро мардуми сарбаланди меҳмондӯстдори Регар дар бораи Ятимов -главврачи бемористони Қараболо ягон чи наменависанд! Мардуми Регар то ба кай зулми Ятимову кудакони дирӯзаи Ятимовро тоқат карда мешинанд? Ҳамин главврачи Қараболои Турсунзода 3 бача дорад, ки яктоаш ҳоло майдатар, дутои дигараш калон. Калониаш 20 ва дуввумиаш 19 сола аст. Ҳамин калониашро мебинӣ ранги наркоманҳои конченный аст: муи сар дароз мондагӣ, 24 соати сутка кайф дорад!

Дар Регар кадом одам ё кадом мошин маъқулаш набошад, нагло меравад мезанад. Боз мефурояд аз мошину  «ҳа таға чо кадӣ, хай маҳ инаи пула гир бра мошинта соз кун» мегӯяд! Мардуми камбағалро издеватса мекунанд ин ду кудак! Ман як чиро намефаҳмам, ки ба кадом мақсад вай мошини мардумро нагло сур карда мезанаду «ҷошда пул метия, ки ма бра мошинта соз кун!» Пулдориша нишон метия, ё ин ки мошиной мардума чашми дидан надорад? Ҳеҷ калам кор накардестай, ки фаҳмум мақсади ин бадахлоқи қишлоқира! Ай куҳ хамбида омадиян, ҷои ободира дидиян р….! «Однастаронний да против движения ҳай мекунад, мошинша любой ГАИ мебина, бо ҳаму тиёқчаша бардошта честуш метия! Ман намедонум, ки ин кудакчаи Ятимов чи хизмат дар ин шаҳру ин миллат кардай ки бо ГАИҳо чест метиянша?»

 Ҳозир боз гапгап аст ки ин  Ятимови главврачро раиси шаҳр монданиянд! Агар ҳамингап рост бошаду раиси шаҳр монанд вой бар ҳоли мардуми Регар мешавад! Ин кудакҳоро бошад як бора Худо медиҳад ва дигар дар замин гашта наметавонад ҳеҷ кас.

  Бародар  Муҳаммадиқбол! Ин номаи маро илтимос нашр кунед, то ки мардуми Регар бедор шаванду боз зиёдтар информация барои шумо фиристанд, ки миллат ин гушнаҳо аз куҳ омадаро нағз шиносад! Ё ин ки падараш бедор шаваду аввал тарбияи фарзандонашро бар роҳ монад ва баъд дар фикри Раис шудан шавад!  Ба ин аҳвол агар Раис шавад, кудакони бетарбияи вай хуни ин мардумро мемаканд! Аз авлоди аҷрики Баракатуллои раиси пештара ҳам бадтар мекунанд!

Дар охири навишта ба Ҷунайди додари Баракатулло ҳам гуфтаниам, ки туям сағерачаатро аҳамият деҳ, ки агар боз як бор безпределиашро дар кучаҳои шаҳр мебинем дар тани ҳамон бампери мошинаш баста …. ва сипас тамоми ….гариҳои худатро мнависам ва ба Ислоҳ роҳӣ мекунам.

  Бародар Муҳаммадиқбол илтимос нашр кунед, медонам сахт навиштам, боварам кунед дигар тоқатамон тоқ шудагӣ, дар паноҳи Худо бошӣ!

Share This Article