Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№302

Ислоҳ нет

Ҳич сире нест, ки то охир махфӣ бимонад, аммо баъзе сирҳо зудтар фош мешаванд. Масалан ҳама ҳайрон будем, ки чаро Путин ба собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонро ҷоизаи давлатии Русияро дод?

 Юсуф Раҳмон 10 сол Прокурори генералии Тоҷикистон буд ва ҳоло котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон аст. Чаро Юсуф Раҳмон аз Русия ҷоиза гирифтро аз номаи аввали ин барнома хоҳед фаҳмид.

 Дар номаи аз Ваҳдат ҳам асрори Раҳмоналӣ Амирзода, раиси пешини ин шаҳр ва аз ёрони қадимии Эмомалӣ Раҳмонов ошкор шудааст. Ин раиси шаҳр чи тавр як зани бошавҳарро ҳамхобагӣ ва бордор мекунад дар номаи дуввум мутолиа мекунед.                 

Зимнан аз Ваҳдат як номаи дигар ҳам дорем. Ва, ҷолиб инҷост, ки дар он нома ҳам сиру асрори як нафар аз масъулони милисаи ин шаҳр, ки ҷияни роднойи Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ будааст, фош шудааст. Инҷо чи сиру асрор аст, дар он нома мефаҳмед.

   Баъди чандин сукут як номаи ҷолиб аз Масчо расид. Муаллифи ин нома ҳам то ҷое аз кирдорҳои ғайриқонунии раиси ин ноҳия, ки гӯё якум шуда нақшаи ҷамъоварии пахтаро буд кардааст, парда бардоштааст.

Аммо номаи охирии мо ному насаби дузди асосии қувваи барқ дар Тоҷикистонро фош кардааст.

  Метавон ин нашри «Номаҳо аз ноҳияҳо» -ро ифшокориҳои Ислоҳ унвон кард.

                                   Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Бо хондани ин нома шахси маро хоҳед шинохт. Маълум аст ки то имрӯз наметавонам ному насабамро ифшо кунам, агарчи ба шумо 100% бовар дорам ва ҳамеша сӯҳбат мекунем. Ифшо накардани ному насаб барои умум ҳаст, ки ҳоло корҳои зиёде бояд бо ҳам анҷом диҳем. Яке аз дӯстони ман, ки корманди додситонӣ аст ин маълумоти ҷолибро бароям ҳикоят кард ва шумо ҳам ӯро хуб мешиносед, ман лозим донистам, ки онро ба шумо мунтақил кунам.

Фируз Бобохонов, яке аз писарони генерал Бобоҷон Бобохонов, собиқ Прокурори Генералӣ, ки айни замон Прокурори ноҳияи Истаравшан аст, баъди анҷоми маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави Прокуратураи Истаравшан бо ширкати Эмомалӣ Раҳмонов гуфтааст, ки «ма ҳами Президента умуман нафаҳмидам. Падари мора хела истифода бурд, тамоми корои ҷазирша падари мо карду пушонд. Делаҳои вазнини даврони ҷанги шаҳрвандиро падари ма нобуд кард. Аз ҷумла делаҳои куштори командирҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ:- Лангарӣ, Исматча, Ҷомии данғарагӣ ва 28 боевикаш, ҳатто делои Сангаку Файзалӣ, ки он вақт падарам прокурори вилояти Хатлон буд ва дигарҳоро несту нобуд кард.

Дар охир чи шуд? Президент ду шата заду пешуш кард. Ина имрӯз омадай бо бар ба бари ма истода сурат гирифт. И фикр намекарда боша, ки ма фарзанди ҳаму одамум. Ин падари ма буд, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаровро аз Маскав оварду шинонд, и падари ма буд, ки Ёқубро шинонд, и падари ма буд, ки Ғаффорро шинонд. Я ма тоқа нестм ай фарзандҳо ва набераҳои Бобохонов дар мақомоти Прокуратура. И я тоқа падари мора не, ҳамара ҳами хел мекна. Фарёд мекна, сухбатҳо мегузарона, ки барои ватан шумо бояд поквиҷдонона хизмат кунеду ҳимоя кунед, неки хыдыш дар охир мегира барои бо фармонҳои хдиш гуфтагира кардан, дафт мекна. Ина Баҳодури Прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбера, гуфт бра Ёқуб Салима биёр, ма тра ба қуллаҳои баланд мебардорм. Хай мондш Прокурори ноҳияи Сино бад дар Ваҳдат мондш, ҳози ина дар Шоҳмансури шаҳри Душанбедай. Неки вақте, ки ай ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гирифту дар ҷош Умеди ҷиянша монд Президент, Баҳодура гуфт, ки иқа пас муовини аввали Прокурори Генералит мемонм. Намонд. Оли гап гапай, ки чанд ҷиноятоша  ёфтан Баҳодура, лингош ай осмон меояд.

 Вақте ки Юсуф Раҳмон ҷамъ кард ҳамара барои хизмат дар туйи бачаш, ма гуфта бдм, ки охири кино кидатай. Я чи ҳушёрай Юсуф Раҳмон да. Дарав отаи мара дар барш оварда, дар ҷаласаҳо қатиш иштирок кард. Падари мо сину солш рафтагӣ, фикр кард, ки Юсуф Раҳмон шогирдона муомила дора, неки и Юсуф Раҳмон я чи гапу чапои даврони баъди ҷангира, кӣ кира кушт, бо фармони кӣ, Президент киҳора бахшиду киҳора делоҳошона удалит кард, ҷам кард Юсуф Раҳмон. Мо дер фаҳмидем, намемондем, ки падар бга ягон чи ай пештара… Ҳиҷ гап не, мо натонистем қасди падара ай номарди Эмомалӣ гирем, фарзандони мо ҳастанд. Ина Мирҷон Бобохонов прокурорай, Баҳодур дар барш гирифтша дар Шоҳмансур. Ҳамаи гапу чапора мо ай падар архив кардагием, рӯзеш меша даркор мешан ҳамаи ин шури муриҳо.

Вақте Юсуф Раҳмон ин маълумотҳоро аз падарам гирифтааст ба Русия додааст. Барои онки Путин дар дасташ бар зидди Раҳмонов конкретно компромат дошта бошад. Барои ҳамин Путин ба Юсуф Раҳмон ҷоиза дод». Ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад ва ҳеҷ сирре то абад пинҳон ва ошкор ношуда боқӣ нахоҳад монд!

                                    Ваҳдат

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Аз Ваҳдат бароятон менависам. Як хабари хеле муҳим дорам. Ин хабар дар бораи раиси пешини Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода Амир, аст. Ин Амирзода аз Муминобод ва аз одамони наздики Эмомалӣ Раҳмонов аст. Бо Эмомалӣ Раҳмонов дар солҳои ҷанг аъзои Фронти халқӣ буданд. Ин касофати Амирзода бо як зан, ки соҳиби чор фарзанд ва шавҳар аст робита дошт, алоқаи ҷинсӣ мекардааст. Ин зан аз Амирзода ҳомила мешавад. Сахт метарсад, ки шавҳараш мефаҳмад. Духтари ин зан бемори мағзи сар шуд. Шавҳараш духтарашро барои табобатба Ҳиндустон бурд.

 Зан аз фурсат-набудани шавҳараш истифода бурда як шаб дар соати дувоздаҳ дар таваллудхонаи Ваҳдат кудаки батнашро аборт-исқоти ҳамл кард.

Хоҳари ин духтар дар ин таваллудхона кор мекунад бо номи Расулова Сабоҳат Мустафоевна. Ҳамин апаашро аборт кард. Ин апааш Расулова Сайёра ном дорад, соли таваллудаш 1982 мебошад. Ин зани шавҳардор арӯси Амирзода аст. Ҳамин арӯси Амирзода через Раис ва чанд «кавалер»-и дигараш, ки кормандони Кумитаи заминанд тамоми заминҳои обии шаҳри Ваҳдатро фурӯхтанд. Ин заминҳо дар пушти банлинсаи марказӣ буд як сотикуш 5000 долари фурӯхтанд.


Ин Расулова Сайëра Мустафоевна келини бивший раиси шаҳри Ваҳдат аст. Хусураш Накатов ном дошт ва солҳои пеш раиси шаҳри Ваҳдат буд. Шавҳари ин зан Маҳмад Накатов аст. Амирзода аз ҷавонӣ ва зебоии ин зани шавҳардор истифода бурда бо вай ҳаромӣ кард. Ду бор ин зинро ҳомила кард.

Ман ва гурӯҳи ташкилнамудаи шумо дар Ваҳдат аз пушти инҳо хуб кор бурда истодаем.

 Амаки Сайёра бошад раиси ДЭУ-и шаҳри Ваҳдат аст. Расулов Каримҷон Ҳабибуллоевич, ному насабаш.Як моябардори раиси шаҳр аст.
  Як амаки дигариаш Расулов Ҷунайдулло ном дорад, ки бузи Рамазон Раҳимзодаи буққача мебошад. Ин одам через
 Рамазон Раҳимзода, вазири МВД тендери сохтмонҳоро мегирад ва фоидаашро бо вазир попалам — тақсим мекунад
Амаки хурдии Сайёра Очилдӣ Расулов Ҳабибуллоевич ном дорад. Ин бошад бузи амниятиҳо аст. Ин ҳам посредники сохтмонҳоро мекунад. Як Лендкрузери 200 дорад. Номерҳои мошинаш 2222 аст.

Амаки калонии ин зан Хуҷамқул Расулов ном дорад. Ин дар вақташ як тоҷири калон буд. Домодаш аз Данғара буд. Прораби объектҳои Тахминаи Клеопатраи духтари Эмомалӣ Раҳмон. Ӯро Тахмина сахт доверия мекард. Аз ҳамин доверия истифода карда як рӯз пули калонро аз Тахмина мегираду мегурезад меравад ба хориҷа. То ҳол бедарак аст. Аз пушти ин домод хусурро маҳкам карданд. То ба ҳол хусураш дар зиндон. Соли таваллуди Хуҷамқул 1957, яъне 68 сола аст.

Ин авлоди Расуловро дар Ваҳдат ҳама мешиносад. Аслан инҳо ромитиянд. Аз деҳаи Сорво. Инҳоро мардум Сорвои немис мегӯянд.

 Домулло! Хоҳиш мекунам, ки ин номаро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҳатман чоп намоед. Бигзор ҳама бифаҳмад, ки раисони шаҳр ҳатто духтарҳои шавҳардорро мерсанду ҳомила мекунанд. То ҳоло ин Амирзода бо Сайёра Расулова алоқа дорад. Ҳар боре Ваҳдат меомадааст ҳамин Сайёра Расуловаро дачаҳои Ромит барои истироҳат кардан мебурдааст.

Ва, дар охир ду мисраъ аз партизани ваҳдатӣ:


Дар ғарибиҳо зиндагӣ бисёр сангин будааст,
Ранҷу ғам доимо бар ҷони ширин будааст.
Доимо дар ҳасрати дидори ëру д
ӯстон,
Интизориҳо дар инҷо сахт вазнин будааст
.

Домулло! Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки худи ҳамин рӯз    ( 20 ноябр) боз ҳам Раҳмоналӣ Амирзода ба Ваҳдат омад ва бо ин зани шавҳардор Сайёра Расулова вохурд ва ду соат бо ҳам буданд. «Масъала»-ашро диду рафт.

                                     Ваҳдат  

Ассалому алайкум бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ҷияни Рамазон Раҳимзода ҳамсояи як рафиқам аст. Номаш Илҳом Абдуллоев, бачаи хоҳари Рамазон Раҳимзода. Очааш Зика ном дорад. Ин Илҳом дар бозори Ситора як ресторани ду ошёна кушодагӣ аст. Инчунин боғчаи кудаконаи маъруф бо номи Нилуфарро очааш шахсӣ карда гирифтагӣ аст. Территорияи ин боғчаи кудакон аз 1 гектар кам нест.

Илҳом Абдуллоев, ҷияни вазири МВД дар шуъбаи корҳои дохилии Ваҳдат началники УБНОН аст. Аммо ин Илҳом Абдуллоев ба воситаи баригаҳои шаҳри Ваҳдат ба ҷавонҳо ва нафарони муътод крисстал мефурушад. Кристал як навъи маводи мухаддири сунъӣ аст. Яке аз баригаҳои Илҳом хусурбачаи худаш бо номи Алишер ва бо кличкаи Келаск буд. Ӯро бо кристалҳои язнааш қапиданд. Ҳоло маҳкам аст. Баригаи дуюмаш Маҳмадӣ  ба тахаллуси Мойчик аст. Ин шогирди пеши Илҳом аст, мисли бачааш мешуморад. Ин ҳам сахт ба ин кор- фурӯши майдаи кристал ба нашъамандон машғул аст.  

Баригаи сеюмиаш, ки ҳамзамон бузи пешипеши Илҳом мебошад ин Толиб аз қишлоқи Тукалтела аст. Инҳоро ҳама медонанду мешиносанд. Ин се нафареро, ки номҳояшонро гирифтам ҳамзамон бо баригагӣ бузӣ ҳам мекунанд, ҳам барига ва ҳам бузича. Инҳоро тамоми мардуми Ваҳдат медонанд, ки бузичаанд.

Ин Илҳом як  ошхонаи боҳашамат дар паҳлуи бозори Ситора дорад. Дар Ромит бошад дар чанд ҷо дачаҳои фасон дорад, ки ба номи худаш нестанд. Зикаи модараш дар даруни он боғчаи бачагона як коттеҷи сеошёна сохтагӣ аст. Ин зан садикро полний аз они худ кардааст.

  Падари Илҳом Абдуло ном дошт. Вай милиса буд. Дар вақтҳои ҷанги шаҳрвандӣ   дар пеши хлоппункт кадоме парондаш. Бачааш Илҳом калон шуду ба роҳи падараш рафту милиса шуд. Гуфтааст, ки қасди падарашро аз ваҳдатиҳо мегирад. Аммо он солҳо маълум набуд, ки падари ӯро кӣ куштааст? Ваҳдатӣ ё ягон каси дигар. Хеле аз спортсменҳои Ваҳдатро ба воситаи Алишери келаски хусурбачааш дар дору шинонд. Аммо ҳоло ин хусурбачаш маҳкам аст. Мегӯед ҷаноби вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз ин амалҳои ҷиянаш огоҳӣ надорад? Хуб мебинем пас аз нашри ин нома чи кор мекунад!

                                           Мастчоҳ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз ноҳияи Мастчоҳ ин номаро бароятон менависам. Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода Наврӯз бо забони дарозу сари баланд рапорт дод, ки Мастчоҳ нақшаи ҷамъоварӣ ва ба давлат фурӯхтани пахтаро 101% иҷро кард. Ман бо ин рапорт бовар надорам. Ҳоло бигзор, ки нақшаи супоридани пахтаро иҷро карда бошад ҳам, аммо бо чи азобе, ки болои ин халқ наовард. Шумо агар бидонед, ки барои ҷамъоварии пахта чи қадар зулму ситам болои сокинони Мастчоҳ,тамоми участкаҳо сурат гиририфт:-талабаҳои мактаб, донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳо, табибон, омӯзгоронро маҷбур карда бурда пахта чинониданд, нимсеру тамоман гурусна.

Гап дар бораи чӣ меравад? Гап дар бораи он меравад, ки тамоми заминҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим шудааст. Ин хоҷагиҳо аз они одамҳои алоҳидаанд. Онҳо медонанду сармоягузору сарпарастонашон. Вале чаро мардум ба инҳо мисли батрак ва ғулом пахта бичинанд. Ҳатто талабҳову муаллимҳоро таҳдид карданд, ки аз мактаб пеш мекунем. Омӯзгоронро тарсонданд, ки маошатонро намегиред. Бо баҳонаи ҳашари умумихалқӣ мардумро ҳафтаҳо маҷбурӣ ба пахтачинӣ бурданд. Ҳоло ҳам бурда истодаанд. Мардум ҳатто нону обу чойи худро дар термосҳо худашон сари замини пахта бурданд, ки ин кор ҳатто дар давраи шӯравӣ, ки пахта ҳақиқатан мол ва боигарии давлат буд, сурат нагирифта буд. Аммо мо имрӯз муфту ройгон ба кадом раиси хоҷагии деҳқонӣ ва ба кадом бойбобо кор кардем, ки бар иваз ҳатто ҳамон ғӯзапояашро ҳам намедиҳанд.

Ман ба раиси имрӯзаи Мастчоҳ гуфтаниам, ки чашмонашро кушояд.

То кунун дар Мастчоҳ ягон беморхонаи дуруст амал намекунад. Масалан  агар  ягон шахс дар Масчо  бемори  вазнин  шавад, барои  ба беморхонаи вилоятӣ бурдан мошини «Ёрии таъҷилӣ» намеёбем ва маҷбурем, ки худамон таксӣ заказ кунему бирасонем.

Оё  ин  барои  як давлати  соҳибистиқлол, ки ҳар сол  чандин  идҳои  бодабдаба ҷанш  мегиранд магар  шармандагӣ  нест. Бо  як расходи  ин  идатон  дар  ноҳияи  Масчо 10-то  беморхонаи  замонавӣ месозед. Ва даҳҳо мошини «Ёрии таъҷилӣ» мехаред.

   Ман аз номи мардуми Масчо ба Аъзам Ализода, раиси имрӯза гуфтаниам, ки  оё куру  кар ҳастӣ, ки  ин  камбудиҳои  халқи худро  бартараф намекунӣ ва ба  мақомоти  болоӣ  намерасонӣ, ё ки  ин  вазифаро  харида  фақат  манфиатҳои  худатро буд  мекунӣ ва ақалан фикри бемор шудани фарзандон ва хешу табори худатро  намекунӣ?

 Ва ба Эмомалӣ Раҳмонов гуфтаниам, ки  мо  мардуми  Масчо  қавми  Фиръавн  нестем, ки  ба  ин ҳайкалҳои  сохтаи ту  саҷда кунем, ё ки зор бошем  ва ту  омада  дар ин  ноҳия  дар  гирди  ин ҳайкалҳоят  рақсу  бозӣ  карда  кун  ҷунбонӣ! Мехоҳем, ки ту  ҳамчун Президент камбудиҳои  ноҳияи  моро  наомада  буд  кунӣ.  Монанди  беморхонаҳо ва бунгоҳҳои  тиббӣ ва  мошинҳои ёри таъҷилӣ. Чуноне ки  Данғараи  худатро обод  карда истодаӣ  ноҳияи Масчоро ҳам  ҳамин хел  обод кун.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ин Аъзам Ализода писари Навруз Валиев, мудири Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аст. Мо навиштаҳои шуморо бар бораи Наврӯз Валиев хонда будем. Соли гузашта чоп шуда буд. Онҷо шумо бо далелҳои конкретӣ дар бораи Навруз Валиев ва инки чи чизҳое ӯро бо Раҳмонов зич кардааст, ки инак беш аз бист сол аст аз ҷояш намеҷунбонад, навишта будед ва мо гумон мекардем, ки баъди нашри ин мақола, ки ҳама сиру асрори ӯро кушодед ӯро мегиранд ва писарашро ҳам дафъ мекунанд. Аммо чуноне мебинем ҳама баркс шуда истодааст. Мо ба ин қарор омадем, ки тамоми корҳои ғайриқонунии раиси ноҳияро барои «Ислоҳ» аз ин ба баъд менависем. Ҳоло фақат ҳаминро гуфтанием, ки ҳозир ин раис  ва одамонаш мардуми сарбаланди Масчоро мехоҳанд, ки ғуломи оилаи Раҳмонов кунанд. Ва ҳоло ин раис дар байни аҳли зиё-муаллимону духтурон ва низ байни руҳонияти Масчо бузҳои худро ҷосус гузоштааст, ки бифаҳманд киҳо бо «Ислоҳ» ва мухолифин ҳамкорӣ мекунанд, киҳо «Ислоҳ»-ро тамошо мекунанд. Ба рағми вай мо ҳамкорӣ бо шуморо дигар оғоз намудем.

                                       Душанбе

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Ташаккур аз шумо, ки номаи пешинаи маро чоп намудед. Ман ҳамон корманди яке аз идораҳои Барқи тоҷик дар шаҳри Душанбеям, ки ба шумо гоҳ-гоҳе менависам. Ба ҷуз аз навиштан дигар чи кор ҳам мекунем? Ин ҳама дуздиву ғорати ин системаро дида хомуш истодан хиёнат аст. Бовар кунед, ки дар идораи Шабакаҳои интиқоли барқ дуздиву ғорат ба ҳадде рӯирост ва беинсофона аст, ки ба гуфтан тамом намешавад. Ҳам аз тор мезаннад ва ҳам аз пуд. Инҷо тамоми масъулон дар фикри кисаи худ, чи тавр карда то бегоҳ ягон даромад биёбем аст.

Эмомалӣ Раҳмонов тамоми маълумот дар бораи дуздиву талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии онро медонад. Дар қонун тағйирот даровард ва то ҳатто то даҳ сол ҳам барои дуздии барқ ҷазо муқаррар кард. Як идораи махсусеро бо номи Агентии назорати энергетика бо мақсади ҳисобу китоби дуруст ва зери контроли давлат гирифтани ин соҳа ташкил кард. Мақомоти қудратиро сахт супориш кард, ки назоратро пурзӯр кунанд.

Он вақт дар нашрияву расонаҳо навиштанд, ки акнун пеши роҳи тороҷу дуздии барқ гирифта мешавад. Ман ҳам дар кадоме аз ҳамон газетаҳо хонда будам, ки мегуфт.

 Раҳмонов дар суханронии худ масъулинро муваззаф кард, ки ҷазои истифодаи ғайриқонунии барқ ва напардохтани маблағи онро ба ҳар як хонавода фаҳмонанд. Раҳмонов гуфта буд, ки
«Ҳама бояд хуб донанд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ, аз ҷумла маҳрум намудан аз озодӣ то муҳлати 10 сол муқаррар шудааст.»

Бар асоси тағйирот, ки ба Кодекси ҷиноятӣ ворид кард шахсоне, ки барқро ғайриқонунӣ истифода мебаранд ва пули онро намепардозанд, метавонанд аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима шаванд ё аз 3 то 10 сол аз озодӣ маҳрум гарданд. Баъди ин чанд хабарҳо чоп шуд, ки дар фалон ноҳия чанд нафарро барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дастгир ва ҷарима карданд. Ҳоло гуфта истодаанд, ки баъди ин корҳо талафоти барқ кам шуд ба давлат ин миқдор аз ҳисоби барқ даромад шуд.

Аммо бародар Муҳаммадиқбол ман ба шумо як сирро ошкор мекунам. Ин сир он аст ки дузди асосии қувваи барқ худи Эмомалӣ Раҳмонов аст. Вай барқро имсол ба Афғонистон хеле зиёд фурӯхта истодааст. Ҳамчунин ба вилояти Сурхандарёи Узбекистон ҳам аз Тоҷикистон барқ рафта истодааст. Як қисме аз шаҳру деҳоти Қирғизистон ҳам аз ҳисоби Тоҷикистон барқ гирифта истодааст.

Ин ҳама ваҳму воҳимаи мақомот, ки фалон нафарро барои истифодаи ғайриқонунии барқ дастгир ва ҷазо додем дуруғ ва чашмбандӣ асту тамом.

Дар ҳақиқат тавлиди барқ, ки тавассути ду Маркази барқу гармидиҳӣ-ТЕТСҳо сурат мегирад Душанберо пурра бо неруи барқ таъмин мекунад ва Душанбе ҳар сол дар фасли сармо бо ҳамин ТЕТСҳо ҳам неруи барқ мегирифт ва ҳам дар хонаҳо оби гарм меомад. Аммо имсол қувваи барқи истеҳсоли ин ТЕТСҳоро ҳам ба системаи ҷумҳуриявӣ пайваст намуда онро барои сокинони пойтахт лимит карданд вале аз ин ҳисоб ҳам ба хориҷа Раҳмонов фурӯхта истодааст, чуноне, ки барқи неругоҳи Қайроққумро ба қирғизҳо фурӯхта истодааст. Барои ҳамин дузди асосии қувваи барқ касе нест, ба ҷуз аз худи Эмомалӣ Раҳмонов ва дигар дузд ҳам наҷӯед!

Share This Article