Ба ВКД бовар накунед-афв нест, камин аст!

Ислоҳ нет

Ҳушдор ба ҷавонон: доми нави мақомоти Р.Раҳимзода барои пур кардани зиндонҳо

Дар паёмгири телефони дастиам навори савтие омада буд, ки ба иллати серкорӣ натавониста будам гӯш кунам. Баъди чанд рӯзҳо навор ба ёдам расид. Вақте гӯш кардам, маълум шуд,ки ин нафар аз дӯстони наздики худи ман аст ки солҳои қабл бо ҳам равуо доштем. Вай мегуфт, ки мақомот телефонашро пайдо карда занг заданд, ки бо хоҳиши худ баргардад, мавриди афв қарор мегирад.

«Ман намедонам, ки телефони маро аз куҷо дастрас карда бошанд. Вақте ватсап фаъол буд дар як рӯз чанд бор занг мезаданд. Ҳоло акнун бо ИМО»

Хуллас, бо вай дар алоқа шудам ва пурсидам, ки чи масъала аст ва чаро ӯро мехоҳанд, ки аз Русия ба ватан баргардонанд.

Ин бародар гуфт, ки вай чандин сол мешавад, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Ба вай моддаи 307 задаанд, дар ғоибаш. Вай гуфт:

«Ман манзури инҳоро намефаҳмам. Агар маро авф мекарда бошанд, чаро бояд ҳатмани ҳатман баргардам ва ҳатман назди онҳо биравам. Ман аз ҳаминҷо хоҳ хаттӣ ва ё хоҳ шифоҳӣ мехоҳам ба ҳамаи саволу пурсишҳои онҳо ҷавоб диҳам. Масълаи доляву ставкаву дигару дигарашонро ҳам аз ҳаминҷо мешавад ҳал кард».

Ман аз ин бародар пурсидам, ки туро бо чӣ муттаҳам кардаанд?

Вай гуфт, ки кадом вақте зери навори кадом як рӯҳонӣ, ки оятеро шарҳу тафсир кардааст, лайк мондааст. Ва нусхаи аризаеро фиристод, ки барои вай пешниҳод ва таъкид кардаанд, ки дар сурати қабули ин ариза метавонанд маро авф кунанд. Ин рафиқам матни он аризаро фиристод, ки ба ин зайл аст:

   Ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерал-полковники милитсия Раҳимзода.Р.Ҳ

 Аз номи шаҳрванд Ш.Р.Д с.т 15.07.1994,сокини н.Р. ҷ\д Р,д. М.

                                      Ариза

   Дар баробари навиштани аризаи худ ба маълумоти Шумо мерасонам, ки моҳи сентябри соли 2023 дар ғоибии ман нисбатам барои содир намудани ҷинояти моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Айни замон дар Федератсияи Россия қарор дорам, аз кирдорҳои содирнамудаам сидқан пушаймон шуда, мехоҳам ба Ватанам Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, барои халқу Ватан хизмат намуда, дар онҷо истиқомат кунам.

Аз ин лиҳоз аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои нисбати ман эзоҳи модда 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод ва қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбатам буда, мусоидат намоед.

                Аризадиҳанда Ш.А.Д ( оғози ҳарфҳои ному насаби аризадиҳанда комилан иваз шудааст, боз касеро туҳмат накунед кормандони ВКД!)

Хуб, дигар маълумам шуд ва хонанда ва бинандаи «Ислоҳ» ҳам медонад, ки масъалаи мазкурро мо дар чандин навиштаҳо, ҳам дар барномаи «Минбари муҳоҷир», ҳам дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва низ дар қолаби матлаби алоҳида   матраҳ ва баррасӣ карда будем. На фақат мо, дигар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ин мушкили маснуӣ ва сохтаву бофтаи мақомот болои ҳамватанонамонро ба баррасӣ гирифтаанд. Ба назар мерасад, ки ҳоло ҳам идома дорад ва роҳи ҳал пайдо накардааст. Агарчи ҳукумат дар соли пеш ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид карда «лайк»-ро аз моддаи ҷиноӣ ҳазф кард ва Раҳмонов имзо гузошт, ки минбаъд набояд барои «лайк» ҷазо дод.

Ин рафиқам гуфт: «Ана ҳамин аст делои ман. Гуфта истодаанд, ки меоӣ, ариза менависӣ, бахшиш мепурсӣ, мо туро мебахшем. Ман гуфтам зинҳор ва зинҳор намеравам. Гуфтам, ки худатон биёеду худатон маро бибаред. Гуфт барои худат вазнин хоҳад шуд. Ҳам номат дар шумори афроди таҳти пайгард қарор мегирад. Инҷову онҷо сафар карда наметавонӣ, сарҳадро убур мекунӣ марзбонҳо меқапанд. Аз тарафи дигар агар конвой рафта оварад маҷбурӣ тамоми расходи роҳро бипардозӣ, ки на кам аз 60-70 000 сомонӣ мешавад. Инро ҳам фикр кун. Ман ба ин корманди милиса гуфтам, ки вазири шумо худаш кӣ аст, ки ман аз вай бахшиш мепурсидаам. Ман фақат дар пеши Аллоҳ сар хам мекунам, дар пеши бандааш не. Ва гуфтам, ки дар куҷои қонун ва дар кадом қонун навишта шудааст, ки барои гӯш  кардани сӯҳбати як рӯҳонӣ, ки бо забони фасеҳу буррои модариам сухан кардааст, ман гунаҳкор дониста мешавам?»

   Аммо, ин шабурӯзҳо, ки сол ҷамъбаст мешавад, милисаву амниятиҳо барои «резултат» шуда ҷону марг канда истодаанд ва аслан парво ва аҳамият намедиҳанд, ки як инсони бегуноҳро бо фанду фиреб мебаранду чандин сол зиндон мекунанд, хонаашро бо ғаму дард менишонанд, фарзандонашро зиндаятим мекунанд.

Ин рафиқам аз ман суол мекард, ки бародар-«Ин чи қонун аст? Лайк мондаӣ, пул гузарондаӣ, гап задаӣ, ҷиноят содир кардӣ! Инро шумо ҷиноят меҳисобед, аммо қонунҳои ҳама кишварҳои озоду мардумӣ ҷиноят намеҳисобад. Шумо барои он ҷиноят меҳисобед, ки мехоҳед бо ин тариқ аз тарафдорону ҳамақидаҳои озодихоҳон, дигарандешон ва мухолифини сиёсати исломситезонаи Раҳмонов кам кунед. Шумо, нияту ғарази поку соф надоред. Қонунро баровардаед, ки ба манфиати оилаи Раҳмонов кор кунад. Ҳамин тавр не? Вагарна чаро маҳдудияти синни 35и Қонуни асосиро то 30 поин овардед, то инки ба синну соли Рустам мувофиқ ояд. Қонун баровардед, ки маҳдудияти сину соли муддаии курсии президентӣ аз миёни даҳ миллион аҳолии Тоҷикистон танҳо ба як кас, ба Асосгузор татбиқ намешавад ва Асосгузор абадӣ то он замон, ки ҳазрати Азроил қабзи ҷонаш накунад, меистад. Ихтиёри интихоби вайро аз халқ гирифтеду ба худаш додед, то замоне бихоҳад дар ин мақом меистад.

 Барои ҳамин ин қонунҳои шумо дар асл қонун нестанд. Қонун барои мардум аст, на барои як гурӯҳ ва на барои як нафар ва на барои як оила. Ин қонунҳои шумо дар амал васила ва фишанге аст барои саркӯфта, сархам, фармонбардор ва мутеъ кардани мардум».

Дар воқеъ, бубинед, хуб ин бародар «лайк» мондааст, дар ҳоле, ки минбаъд барои он ҷазо татбиқ намешавад тибқи фармони худи пешво,  он бародар метавонад фардо дизлайк монад, халос. Наход акнун барои сухани Аллоҳ ва Расулро гуш кардану лайк гузоштан,ки ӯ як мусалмон аст ва чихел бояд сухани Аллоҳро лайк намонад? Шумо ин бародарро маҷбур мекунед, ки билет гираду аз Русия баргардад ба ватан? Худо медонад, ки ин ҳамватани мову шумо дар чи вазъу шароите қарор дорад, пул дорад ё не?

 Ман мефаҳмам, ки шуморо, резултат бароятон бисёр муҳим аст. Аммо барои резултати шумо ҳаёти мардум нобуд шавад ва агар рафту пуле наёфт бояд бигиреду шиканеду зиндон кунед? 

Шарҳи Ислоҳ: Маълум аст, ки шумо то  пули хеле калон нагиред онҳоро авф намекунед. То онҷое ба мо маълумот мерасад аз 300 ҳазор сомон шурӯъ мешавад ва камтарин маблағ ин 60 ҳазор сомон аст, ки аз ҳар «афв» шаванда кормандони ВКД мегиранд ва боз бо шаклҳои гӯногӯн. Ба ин карта гузарон, нақдӣ ба фалонҷо бурда расон, ба фалон мағоза бурда деҳ ва дар охир боз мегӯянд қасам хур ба зан се талоқ,ки ба касе хоссатан ба Ислоҳ ин хабарро намерасонед!

Дар зимн танҳо ин рафиқам нест, ки бо чунин таҳдид ва шантажи милисаҳо рӯбарӯ шудааст. Боз чандин нафари дигар бо айни ин мушкилот, ки болояшон омадааст ба «Ислоҳ рӯ оварданд. Бархеашон нав дар фикри бозгашт ба ватан буданд, ки милисаҳо занг зада ҳатто ба хонаҳояшон ҳам рафта пайвандони онҳоро таҳдид кардаанд. Ва онҳо акнун дар ин фасли зимистон, ки коре надоранду барои пардохти иҷора бояд маблағ бидиҳанд дар як ҳолати сардаргумӣ мондаанд. Баъзеашон муҳлати иқоматашон хатм шудааст ва намедонанд, ки чи кор бикунанд.

Бинобар хабарҳое, ки ба мо мерасад, зиндонҳо пур аст. Дар худи ватан 307 гуфта бурда маҳкам карда истодаанд. Ман аз ҳолату мушкилоти онҳо ба пуррагӣ огоҳӣ дорам.

«Мегӯяд, ки бо хоҳиши худ набиёӣ розиск объявит карда меорем. Тамоми хароҷоти билет, меҳмонхона, таксии Маскав баъди овардан бар дӯшат хоҳад буд. Суми рафту баргашти моро медиҳӣ. Панҷ нафар меравад, рафту баргашти онҳо ба сарат бор мешавад. Ҳукм, ба камияш 5 сол мезананд. Беҳтараш биё. Ман гарантия, кафолат медиҳам .

Бародар ҳисобам гум аст. Чанд шиносҳоро пешаш равон кардам. Чанд бор 20-30 000 рубл фиристодам. Гуё рафиқ шудем ва камтар лаҳни суҳбаташ нарм шуд. Аммо маро боз ба дигар намуд шантаж карда истодааст.

 Маро гуфта истодааст, ки масҷид раву акси тоҷикҳоро, махсусан ҷавонҳоро гиру барои ман фирист. Яъне ман бояд барояш бузӣ кунам будааст:

 «Туда фарқуш чияй, суратошона номаълум када мегирӣ дар телфони ма мепартоӣ, тамом ҷонат халос. Агар ин кора кунӣ ба хубии худут мешава, ту накуниям як каси дигар мекунад. Ма ба хубии худта мегум, халос мешай мерай».

Бародар Муҳаммадиқбол! Як додарам чанд сол аст бедарак буд. Ҳамин мент маро гуфт, ки дараки додаратро ёфтем, ки дар Афғонистон будааст. Ба хона занг зада пурсидам. Ҳамин гапро ба хонаводаамон ҳам гуфтаанд. Аммо мо намедонем, ки рост мегӯяд ё дурӯғ. Вале маълум, ки ман дигар дар подозренияи онҳо афтодам. Инҳо мехоҳанд маро шантаж кунанд. Ба худо ман алоқа надорам бо бародарам, Намедонм, ки вай зинда аст ё мурда. Вале вай дақиқ дар Афғонистон  нест, ба эҳтимоли зиёд дар Аврупо аст.

 Яъне ин де- факто чунин маъно дорад, ки барои онки ман дар ватани худам битавонам зиндагӣ кунам, шумо бояд иҷозат диҳед. Илтимос мекунам, ки иҷозат диҳед, илтимос мекунам, ки тюрма накунед, ман гунаҳгор, гуноҳамро ба калла гирифтам, гӯям. Дар он ҳолат ҳам ба шумо гумон аст ки бовар кунанд боз бояд пул диҳи ва ҳам зиндонӣ мешавӣ. Боз гапро бин ба қариби Амнистия меша тез мебарои ҷонат халос тоза мегардӣ.

Шумо, ҳазрати ҳумюнӣ, шумо соҳибҳақ, шумо ин лутфро дар ҳақи бандаи ганда ато фармоед. Маро авф кунед. Хуб, яке аз раъйатон баргардеду не гӯед чӣ? Ман билет гираму бо Сомонайр парвоз кунам, ки иҷозати шумо барои зиндагӣ дар ватан бигирам. Вале ҳанӯз ман дар фазову даруни самолет яке настроениятон вайрон шавдау не гӯед, ҳоли ман чи мешавад? Аз ҳақи зиндагӣ маҳрум мешавам? Зиндагӣ дар Кирпичний мешавад?»

 Дар ҳақиқат чандин касонро баргардонида бурда пули бисёри онҳоро ғорат карда оқибат боз ба зиндон адохтанд, ҳатто баъзеашонро куштанд. Акт карданд, ки худкушӣ кард.

 Бовар намекунед? Ҳамин як моҳ пештар Саидаъзамро «худкушӣ» кунонданд ку!

Чаро ин одам дар хонааш худашро накушт? Чи хел худашро кушт? Гулӯяшро худаш буғӣ кард? Раги дасташро бо дандонаш канд?

Ҳоло агар ин бародар ҳам баргардад, кӣ гарантия медиҳад? Барраи қурбонии навбатӣ намешавад?

Ин бародар дуруст мегӯяд: «Ман бояд ба нафаре, ки муқобили ман парванда кушодааст, бовар карда худамро, ҳаётамро, ояндаи чор фарзанд, зан ва модари пирамро, ки аз ман вобастаанд, барам бо ду дасти адаб биспорам. Бе ин ҳам ман аллакай аз ҳаминҷо истода 100 ҳазор рубл барояш фиристодам. Аммо боз даст аз домани ман накашид».

Инҷо мешавад даҳҳо намуна ва мисолҳоеро овард, ки мақомоти Тоҷикистон бо фиреби авф ҷавонҳоро бурда боз статяҳои иловагӣ зад ба давраҳои тулонӣ зиндон карданд. Як намунаи он ҳамин Алишер  Махсудови 22 сола аст ки дар бозори «Садовод»-и Маскав кор мекард.  Ӯро бо ваъдаи татбиқи авф бурданд,гуфтанд, ки ариза навис, навишт, аммо ту салафӣ, ту дар ҷанги Сурия иштирок кардаӣ гуфта 14 сол доданд. Охир вақте ҷанги Сурия идома мекард вай дар Маскав буд.

Барои ҳамин бародар Муҳаммадиқбол, дар пешониям ҳарчи бошад, бигзор, бишавад. Аммо ман бо пойи худам рафта худамро зиндонӣ намекунам. Маро бурда ба зиндон андозанд ҳам аз онҳо талаби афв намекунам. Ва ба дигарҳо ҳам маслиҳату тавсия медиҳам, ки ба фиребу найранги мақомоти Раҳмонов бовар накунанд, нараванд.

Маълум аст ки ҳадаф инҷо аз ҳамроҳӣ ва паҳлуи мухолифин кандани ҷавонҳо аст ки аз зиндагӣ дар муҳоҷират ва ғурбат сер шудаанд.  

Шумо ба мардум ҷойи кор бисозед, маоши муносиб диҳед, онҳо дар ватан дар пеши оилаи худ бошанд. Чаро Раҳмонов метавонад барои худу аъзои оилааш ҳаррӯз ва навбанав бизнесу тиҷорат созад амо барои мардум намекунад?

Зиндонҳоро пур кардед, чи оидатон шуд?

Вазири дохила гуфт, ки чорсад нафарро дар имсол аз Русия истирдод намудаанд. Хуб, ки чи мешавад? Ҳамаи инҳо дар зиндон ба душманони қасамхӯрдаи Раҳмонов табдил мешавнад. Ҳамаи онҳоро Раҳмонов кушта наметавонад. Ҳамаи онҳо оқибат аз зинддон раҳо мешаванд. Пас, чи хоҳад шуд?

Дар ҳоле, ки ҳеҷ яки онҳо кадом ҷинояте содир накарда буд ва беҳуда 5-8 соли умраш талаф шуд, ба зоеъ рафт. Онҳо вақте шароит мусоид шуд, ором меистанд? Ҳаргиз.

Ҳамин рафиқи ман, ки ҳоло на шаб ором дораду на рӯз ҳиҷ коре ба кори сиёсат ва Раҳмонов надошт ва бо ҳиҷ оппозитсионе ҳам кор надошт. Аммо тамошои як навор ва лайк гузоштан, ки боиси таъқибиаш шудааст, ӯро ба таври автоматӣ душмани ҳукумати Раҳмонов кардааст.

Худи Раҳмонов бо ин гуна амалҳои ғайримантиқиаш сафи мухолифинашро афзуда истодааст.

Хуб, то бубинем, ки анҷом кор ба куҷо мерасад?

 PS:  Ин на бори аввал аст ки масъалаи мазкур дар Ислоҳ матраҳ мешавад. Шумо метавонед дар робита ба ин мавзӯъ ин навиштаи моро ҳам бихонед: «Кӣ азоби виҷдон бикашад? Эмомалӣ Раҳмонов ё Муҳаммадиқболи Садриддин?

 22.07.2024 https://isloh.net/18269/kӣ-azobi-viҷdon-bikashad-emomalӣ-rahmonov-yo-muhammadiқboli-sadriddin»

Ҷавонони азиз!
Ҳар чизе, ки дар ин матлаб хондед воқеият аст, на ҳикоя. Ин таҷрибаи талхи садҳо ҳамватани мост, ки ба таҳдид, фиреб, «афв»-и сохта ва домҳои мақомоти ВКД дучор шудаанд.

Ҳаргиз, ҳаргиз ва ҳеҷ гоҳ ба «афви Раҳмонов» бовар накунед.
Ин афв нест-дом аст.
Ин бахшиш нест-зиндон аст.
Ин кафолат нест-чоҳ аст.

Ҳар ҷавоне, ки имрӯз ба доми ин «афв»-ҳо меафтад, барраи навбатии системае мегардад, ки барои зиндон кардан, тарс додан ва сӯзондани ҳаётҳои ҷавонӣ месозанд.

Ҳушдор ба Рамазон Раҳимзода

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода!
Бас аст.
Поят ба лаби гӯр расидааст.
Аз номус, аз мардӣ, аз виҷдон агар заррае боқӣ монда бошад даст аз зиндонӣ кардани ҷавонони миллат бардор.

Ту имрӯз вобаста ба «резултат» зиндон месозӣ, парванда дурӯғ мебандӣ, одамонро бо шантаж ба ватан мекашӣ. Вале фардо номи ту дар таърихи миллат ва давлат мисли номҳои қотилон, золимон ва ваҳшатафканони миллат сабт мешавад.


Нафрин ва дуъои мардум то рӯзи қиёмат дунболат хоҳад кард.

Ту намедонӣ, вале ҳар ҷавоне, ки ба дастури ту зиндонӣ мешавад, ҳар модаре, ки аз азоб нолон мешавад, ҳар кӯдаке, ки бе падар мемонад-ин ҳама лаънат аз паси ту меояд.

Ба ҷавонон

Шумо танҳо нестед.
Шумо бегуноҳед.
Шумо ҳуқуқ доред, ки зинда бошед, кор кунед, зиндагӣ созед бе он ки ба доми мақомоти золим биафтед.

Ҳеҷ гоҳ худатон бо пойи худ ба зиндон наравед
Агар гунаҳкор будед, онҳо ҳеҷ гоҳ ба шумо занг намезаданд- меомаданд, мегирифтанд.
Вале вақте занг мезананд, илтичо мекунанд, фиреб медиҳанд яъне шумо бегуноҳед, яъне ба шумо эҳтиёҷ доранд, то пул кананд ва «резултат» созанд.

Ба Раҳмонов ва системаи вай

Бо зулм давлат намемонад.
Бо тарс миллат намемонад.
Бо «лайк»-у «дизлайк»  ва фермаҳои ҷавоби муҷаддадат мубориза шикаста намешавад.

Шумо бо ин сиёсат танҳо як натиҷа ба даст меоред:
сафи мухолифини худро зиёд карда истодаед.

Ҷавонони миллат!
Дар ин роҳ эҳтиёт бошед.
Ба фиреби «афв», ба ваъдаҳои телефонии милиса, ба аризаҳои зери номи вазир аслан бовар накунед.
Ҳар киро баргардонданд-ё зиндон шуд, ё шиканҷа шуд, ё хомӯш (бе зарар) гардонида шуд.

Муборизаи шумо-зинда мондан аст.
Муборизаи онҳо-фиреб додан.
Муборизаи мо-ҳушдор додан ва ҳақиқатро бармало кардан.

Тоҷикистонро зулм нигоҳ дошта наметавонад.
Аммо ҷавонони соддалавҳро- метавонанд шикананду зиндон
ӣ кунанду пул кананд, агар мо хомӯш бошем.

Ман хомӯш нестам. Шумо ҳам набошед! .

 

Share This Article