Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№303

Ислоҳ нет

Аз Шаҳритус дар бораи як бонуи директори мактаб фактҳои ҷолиберо қаламӣ кардаанд. Ин директори мактаб ба номи муаллимаҳо, ки кор намекунанд ва онҳое, ки декрет ҳатто набаромадаанд пул навишта аз они худ мекардааст.

Як номанависи огоҳ аз он навиштааст, ки Раҳмонов сафорати Афғонистон дар Душанберо аз хеле барвақт ба ҳукумати нави ин кишвар супоридааст. Ва, инки гуё Раҳмонов бар зидди Толибон бошад як дурӯғе беш нест. Чунки навиштааст ин муаллиф, ҳоло содироти неруи барқ барои ин кишвари ҳамсояро се баробар афзудааст.

Номаи фиристода аз Нуробод аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки муаллиф дар бораи говдуздон навиштааст. Ин говдуздон на одамони одӣ, балки кормандони милиса будаанд.

Новобаста аз онки фабрикаи ҷавоб дубора бар зидди «Ислоҳ» шурӯъ ба чопи мақолаҳо кардааст, аммо дар онҷо тарафдорони мо кам нестанд. Як нафар аз онҳо  бо ишора ба нашри чанд сафҳа аз як мактуби пиҳонии КДАМ ба Раҳмонов дар солҳои пеш дар «Ислоҳ» аз он ёдовар шудааст, ки дар ин чанд соли ахир ҳама тавсияҳои КДАМро, ки ба манфиати ҳукумати оилавии Раҳмонов буд, ба иҷро даровардааст.

Аз Хуҷанд як муҳоҷири корӣ навиштааст. Ин муҳоҷир аз Авесто-гурӯҳ ба унвони як ширкати дузд зикр карда ва баъзе далелҳое овардааст, ки воқиан ҳам онҳоро мехонӣ ва саддарсад мутмаин мешавӣ, ки Раҳмонов ва аъзои оилаи вай корашон фақат ғорати мардум аст.

                                  Шаҳритус

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо аз қишлоқи Лолазор, 4 Будённийи ноҳияи Шаҳритус. Дар инҷо бенизомиву бетартибӣ бисёр аст, барои ҳамин ҳам шикоят беҳад зиёд.

  Таваллудхонаи Будённий  ва ҷамоати Сайёд свет надоранд. Красний линия аз пеши ин роддом гузаштагӣ, аммо свет надорад.

 Раҳими акаи ланги Мамад дар ҳукумат кор мекунад. Ин дар хонааш аз хати красний линия свет бурдагӣ аст. Охир мемуранд, ки дар таваллудхона свет диҳанд. Ҳамагӣ 90 метр дуртар аст ҳамин линия аз роддом. О, ланги Мамад гирифта тавнистаст ку, чаро роддом гирифта наметавонад?

Шикояти дуввум аз мактаби миёнаи №11- мактаби Будённийи узбекҳо. Директораш муаллима Ашӯрова Бахтигул Мамадюсупова. Соли таваллудаш 13 ноябри 1981.

 Валлоҳӣ, ҳамин директор Бахтигул Ашӯрова дар бади мардум задагӣ аст. Касе декрет барояд аз вай сразу 2500 сомонӣ меситонад. Масалан як духтар котибааш аст, ки маоши котибагишаро оварда ба директор Ашӯрова Бахтигул медиҳад, аммо котибагӣ кор намекунад. Дар номи муаллимаҳои узбек декрет-пул менависад то 25 ҳазор сомонӣ аммо 7 ҳазор сомониашро худаш мегирад: «да боло пул ждат дора мега». Дар номи полшуякҳо якуним ставка менависад, ним ставкаашро оварда ба директор медиҳад. Боз ду то дуконча ҳаст. Соҳиби якеаш се то фарзанд дорад вале шавҳар надорад. Аз вай ҳар моҳ 200 смомонӣ мегирад. Агар ин гапҳои ман дурӯғ бошад биёреду дар аппарат монед, ки дурӯғ мегӯям ё не?

 Бераҳмона пули муаллимаҳоро мегирад. Масалан як муаллима нав меояд кор. Як маошашро директор Бахтигул Ашӯрова мегирад. Касе надиҳад ӯро дар муаллимхона дар пеши муаллимҳо шарманда мекунад.

Оҳанҳои мактабро ба хонааш кашонда бурд. Бигзор оянду тафтиш кунанд. Кундаҳои мактабро бо як опели сабз дуздида ба хонааш бурд. Ин опели сабз аз они қаравули мактаб аст. Ин Ашӯрова Бахтигул директори мактаб неву як дузди мактаб аст. Ҳамаро муттаҳам кардагӣ аст. Аз Палатаи ҳисоб меоянд, сразу ба шавҳараш занг мезанад, шавҳараш ҳал мекунад. Шавҳараш Комил дар амният ба ҳайси қаравул. Ту дар амният қаравул шудӣ, ту уже амниятӣ мешавӣ. Ҳамаро шавҳараш ҳал мекунад. Ба муаллимҳои узбек бисёр дарс медиҳад ва маоши калон менависд. Онҳо ба Ашӯрова доля оварда медиҳанд

 Аз аловмони мактаб доля мегирад. Соли пеш 500 сомонӣ мегирифт. Имсол ҳам кофта истодааст дар мактаб, танур, дегдон-хурокпазӣ соз карданд. Барои вай як дунё пулро списат карданд, аммо ба устои бечора пул надоданд.

 Мо аз Рустами Эмомалӣ ва Озодаи Раҳмон илтимос дорем, ки чораи ҳамин Ашӯрова Бахтигулро бинанд. Худаш мегӯяд, ки маро аз маориф иҷозат додагианд. Аз рӯзе, ки дар мактаби миёнаи №11 омад дар хонааш стройка рафта истодааст. Ин сроки дуюмаш аст. Боз ҳатман истоданӣ аст дар мактаби миёнаи №11. Худаш мегӯяд, ки ин мактаб рӯғанӣ аст.

Дар охир ба шуъбаи маорифи Шаҳритус гуфтаниам. Дар бораи ҳамаатон нома ба «Ислоҳ» меравад. Агар худам шикоят намоям маро паси панҷара мекунед. Вале роҳашро пайдо мекунам.  

ЗАГС  даромадам барои шаҳодатномаи духтарчаам. Маблағи бисёр пурсид. Баъд ман пурсидам, ки охир ин чи гап аст? Раиси райЗАГС рӯирост гуфт, ки ман ин вазифаро харидаам. Барои ҳамин аз ҳамаатон пули калон мегирам. Як зани бисёр гушначашм аст.

Бародар проблема бисёр. Ҳамаашро якто-якто навишта мефиристам.Ҷамоати Сайёд ҳаромхурҳо бисёр дорад. Дар бораи шумо ҳам ба «Ислоҳ» меравад. Навбати худро интизор бошед.

                                        Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Барои шумо ва ҳамаи мухолифин дар роҳи мубориза ва сарнагунсозии ин режими оилавӣ барор мехоҳам. Ман мехоҳам, ки дар бораи чанд чиз ба шумо маълумот расонам. Чизи аввал, ки мехоҳам бирасонам маълумот дар бораи сафорати Кобул дар Душанбе аст. Дар хабарҳо хондам, ки Толибон талаб намудаанд, ки ҳукумти Тоҷикистон бинои сафоратро дар ихтиёри онҳо бигзорад ва ҳукумати онҳоро ба расмият шиносад.

То онҷо ки ман медонам сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба дасти касе нест, онро ба намояндаи Толибон супориданд. Инҷо бозӣ рафта истодааст.

Як бародари амниятӣ, ки дар ин сафорат ба унвони охранна кор мекунад, гуфт, ки дигар Зоҳири Ағбар, сафири давлати сарнагуншудаи Афғонистон аз чандин вақт аст ки ба сафорат намеояд. Як навбат намояндаҳои Толибон бо корманди вазорати хориҷии Тоҷикистон омада онҳоро аз сафорат берун намуда ва ҳатто аз Зоҳири Ағбар бозгардонидани 900 000 доллари ҳукумати Толибонро талаб кардаанд. Ёдатон бошад ду соли қабл иштибоҳан ҳукумати Толибон ба сафорати Афғонистон дар Душанбе гузаронида буд.

Ин ҳайати Тоҷикистон, ки ба Афғонистон рафтаву мулоқотҳо анҷом дод, коре аз дасташ сохта нест. Толибон конкретно гуфтаанд, ки Раҳмонов онҳоро ба расмият бишносад, кори хубе мекунад, агар нашиносад ҳам ҳиҷ боке нест, аммо дар ҳамсоядорӣ хуб намешавад.

 Бинобар нақлҳои ин бародар Раҳмонов аз Толибон мисли саг аз чупон метарсад. Маълумоти дигар ин аст ки айни замон барои Толибон содироти барқро дубаробар, себаробар зиёд кардааст. Барои ҳамин аст ки лимити барқро дар дохил сахттар кардааст. Бо ин кор, зиёд кардани содироти қувваи барқ ба Афғонистон Раҳмонов мехоҳад худро ба Толибон ширин кунад. Аммо Толибон дархости Раҳмонов барои таслим ва истирдод кардани чанде аз ҷавонмардҳои тоҷикро, ки солҳост дар Афғонистон риёзат ва тамрин мекунанд, қатъан рад карда ҳушдор додааст, ки «ба умури дохилии мо мудохала накунед».

                                        Нуробод

  Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман мехоҳам, ки дар бораи Муминов Шараф, корманди ОМОНи  Нуробод  ва бародараш Ашраф Муминов маълумот диҳам. Ин ду бародарон аз пеши магазини Навруз мебошанд ва инҳо бо ҳамроҳии Шамсалии Давлатёр аз деҳаи Қалъаи Назар ва Эраҷ Розиқов аз кӯҳ, аз айлоқ  говҳои мардумро дуздиданд.22 сар буққаро бурданд. Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пора гирифта соҳибони говҳоро муттаҳам карданд. Ягон чора наҷустанд. Барои онки акааш Муминов Шараф дар мақомот кор мекард. Аммо то охир натавонист бо ин мардум биистад, чунки мардум фаҳмид. Ва вай аз шармандагиаш гурехта Русия рафт. Говҳо аз они халқи камбағал буд. Яке аз инҳо Назруддин, хост ба Душанбе даъво кунад. Аммо ба вай таҳдид карда гуфтанд, ки даъво мекунӣ меоему шабона мекушему мепартоемат. Ин Шараф бо Ашраф хуни камбағалҳоро аз бавли кудаконашон бадтар хурданд.

Барои он ягон чораҷӯӣ нашуд, ки об аз боло лой аст.

Ҳозир Шарафу Ашраф ҳарду дар шаҳри Екатеринбург ҳастанд. Дар онҷо ҳам посредникӣ карда муҳоҷиронро сахт ғам ва фиреб дода истодаанд.

 Падари Шараф Ҳисорӣ Муминов ном дошт. Солҳои пеш бо роҳбарии ҳамин одам раҳматии Абдурасул ҳамроҳи раҳматии Абдуллоро дар сари Дилвазро куштанду парофтанд.  Фарзандони раҳматии Абдурасул гуфтанд, ки даъво мекунем. Гуфтанд, ки агар даъво мекунед шуморо ҳам несту нобуд мекунем. Инҳо дар ҷамоати Сафедчашма Самсолиқи пешина зиндагӣ мекунанд. Аллоҳ инҳоро хору залил кунад. Халқ аз инҳо безор шудагиаст.

                                      Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дақиқ дар ёдам намондааст, ки кай буд, аммо дақиқан чанд варақ аз гузориши маҳрамонаи КДАМро, ки ба номи Раҳмонов ироа шуда буд, чоп намуда будед. Аз ин гузориши 50 сафҳаӣ бародарҳо тавониста буданд, ки чанд варақашро  аксбардорӣ карда ва дар ихтиёри мову шумо бигзоранд. Ва, шумо ҳам бо камоли майл онҳоро дар «Ислоҳ» бо шарҳу эзоҳи муносибу мувофиқ чоп карда будед. Албатта, ин бародарони амниятӣ аз мухлисону ҳаводорони шумоанд, ки тобу тавони ин режими оилавиро надоранд ва барои ҳарчи зудтар чапагардон шудани он лаҳзашуморӣ мекунанд.

Онҳоро кофтанд, кофтанд, ки биёбанд он нафарро, ки ин варақҳоро берун бароварда ва дар дастраси «Ислоҳ» қарор додааст. Аммо шукри Худо, ки ноком шуданд. Дар ин миён баъзе аз он бародарҳо рутбаҳои баландтар гирифтнаду ҷойи корашон дигар шуд, баъзеҳо ба ноҳияҳо фиристода шуданд.

Бародари арҷманд! Шумо ҳатман дарак доред, ки «фабрикаи ҷавоб» дигарбора шурӯъ ба фаъолият кард  ва агар дарак доред, дидед, ки матолиби чоп мекардаашон асосан бар зидди шумо равона шудааст. Дар бораи навишта ва посухҳои фабрикаи ҷавоб дар оянда як матлаби муфассал хоҳам навишт, аммо ҳоло аз масъала дур наравем.

Бовар кунед, бародар, ҳар ончики дар он гузориш ба унвони тавсияву пешниҳод ва роҳҳал матраҳ шуда буд, ҳамааш ба амал омада истодааст:

Масалан яке аз онҳо ин дур кардани Убайдуллоев аз саҳна буд. Чунки Раҳмонов хавотир ва нигарон буд, ки мабодо ин бор ставкаи Кремл болои ӯ нашавад;

 Дигар аз тавсияҳо ин буд, ки нафарони бо имконоти хуби молиявӣ бояд таҳти контроли махсус гирифта шаванд ва аз имконоти онҳо бояд истифода карда шавад. Чуноне мебинед ин корро дар тамоми кишвар карда истодааст. Ин нафаронро водор намуда истодаанд, ки маблағҳояшонро ба ягон иншоот сарф кунанд, то инки барои инқилоб сарф карда натавонанд

 «Соҳибкорони ватандӯст», «шарикони рушд», ки ба онҳо чунин ном додаанду бо ин номҳо садо мезананд, инҳо ҳамааш гапҳои дурӯғ. Дар аслу амал ин як приёме барои холӣ кардани кисаи онҳо аст ва агар кадоме аз онҳо саркашӣ карда ӯро бо ҳар всила мешикананд.

  Дар он гузориши тавсияҳои КДАМ яке дигар аз тавсияҳо барои тақвият ва таҳкими ҳукумат ин

ташкил кардани шабакаи блогерони ҳукуматӣ буд. Вазифаи ин блогерон  фақат ва фақат шууру зеҳни мардумро шустушӯ додан, ҷой додани тарс аз ҳар гуна нооромиҳо ва ҷо кардани шукронаи Президент буд, ки ин корро ҳам карданду карда истодаанд.

Пешниҳоди дигари КДАМ ба Раҳмонов дар он гузориш ин дар дохили ҳар гурӯҳ, ҷамъомад ва нишасте, ки як каме ҳам нишоне аз хатар дида мешавад, внедрят кардани резидентҳои худ буд. Бинобар маълумотҳое, ки дастрас шудааст, Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршо Искандаров, Саидҷаъфар Усмонзода, ки солҳои тулонӣ ба зиндон андохта шуданд, тавассути ҳамин гуна резидентҳо фурӯхта шудаанд.  

 Ва, тавсияи дигар ин кандани умеди мардум аз кумаки давлат ва водор кардани онҳо барои худтаъминкунӣ -самообеспечение буд, яъне ба умеди бюҷет нашаванд, худашон бо чи василае бошад роҳи зиндагиашонро пайдо кунануд кор кунанду хуранду пушанд, ки ҳозир ҳамин хел ҳам шудааст. Коргари мақомоти иҷроия, духтур, муаллим, андоз, милиса, прокурор, суд, амният ва дигару дигар соҳаҳо ҳастанд, ки маош мегиранд, аммо маош намерасад ва онҳо роҳи дигар, гирифтани пораву ришваро истифода мебаранд ва ин яъне худтаъминкунӣ ва ба умеди бюҷети давлат нашудан аст. Мардум худро  «таъмин» карда истодааст.

 Раҳмонов намедонист, ки бо чи роҳу тариқе ба иҷрои ин кор муваффақ шавад, аммо тавонист. Асоси зиндагии тамоми кормандони соҳаи бюҷетро пораву ришва таъмин карда истодаасту халқро бошад муҳоҷирон таъмин карда истодаанд, ҳукумат тамоман барои зиндагии мардум алоқа надорад.

Тавсияи дигар водор кардани мардум ба шукронагӯӣ аз сиёсати имрӯзаи ҳукумат буд, ки ин корро махсусан тавассути муллоҳо, имомхатибҳои худашон дар масҷидҳо таъиннамуда иҷро карда истодаанд.Инҷо шоирону нависандаҳову журналистону блогерони косалеси беномусро ҳам дар ин қатор бояд дохил кард, ки тарғибу ташвиқи шукрона аз президентро барномаи зиндагиашон кардаанд.
Хулоса, ҳукумат аз сатҳи ҷамоат гирифта то марказ болои халқ ҳокимият ронда истодааст, аммо на кор мекунад, на мушкил ҳал мекунад. Ҳукумат ба як механизми тамоман дигар аз ҳукумат тағйир кард.

 Дар соҳаи тандурустӣ, тамоми хароҷоти як бемор аз ҳисоби худи бемор аст. Дору, кати хоб, пули табобати духтур, пули ҳатто дастпӯши резинӣ, пули медсестраву санитаркаҳоро бемор мепардозад. Пули ташхиси беморӣ дар лабораторияи Фароз меравад.

Тамоми дафтару китоб, то пули бӯру доска, то пули маоши муаллим бар болои падару модар аст. Либоси истеҳсоли корхонаҳои духтарони Раҳмонов ва наздикони вай ба унвони формаи мактабӣ зӯракӣ фурӯхта мешавад. Справкаи саломатӣ барои кудаки синфи 1ро Фароз медиҳад. Ҳатто кудакро муоина нокарда справка медиҳанд, намебинад. Пулро мегирад, тамом, навишта медиҳад.

Ин куҷо иҷтимоӣ аст? Раҳмонов лоф мезанад, ки чилучанддарсади бюҷети мамлакат ба соҳаи иҷтимоӣ-тандурустӣ ва маориф равона мешавад. Ку? Ҳама масорифу махориҷи ин ду соҳа аз ҳисоби худи мардум аст. Пас, ин чилуанд фоизи маблағи бюҷетро, кӣ мегирад?

Чанд варақ аз он санади маҳрамонаи КДАМ ба Раҳмонов гувоҳи он аст ки КДАМ болои Раҳмонов нуфузи калон дорад ва КДАМ чандин сол мешавад, ки на фақат як сохтори қудратӣ аст, балки вай соҳаи идеологияро ҳам таҳти тасарруфи худ гирифтааст.

                                       Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Вақти баргаштан аз муҳоҷирати корӣ аз Санкт-Петербург ман ду телефони мобилӣ овардам барои туҳфа. Ин телефонҳои арзонтарини мобилиаанд. Дар гумрук  ва сарҳади фурудгоҳ ба ман чизе нагуфтанд. Аммо ҳозир ин телефонҳоро на модарам ва писарам ба кор бурда наметавонанд. Сабаб дар он будааст ки ман онҳоро растаможка накардаам. Вақте пурсидам, ки чаро инҳо аз кор монданд, он бародар, ки дар нуқтаи Тселл кор мекунад гуфт, ки бояд пул гузаронӣ ва растаможка кунӣ ва як нархи баландеро гуфт, ки қариб ними нархи хариди он телефон аст. Вай гуфт, ки бояд дар фурудгоҳ вақти даромадан ин корро мекардӣ.

Рости гап хеле ҳам асабӣ шудам. Омадам дар интернет кофтам, ки чаро инчунин аст? Маълум гардид, ки ин кори аблаҳона аз моҳи октябри соли 2023 дар Тоҷикистон ҳатмӣ шудааст. Ва инро  ва сабти пулакии   IMEI (рақами байнулмилалӣ)-и телефону планшетҳо мегуфтаанд ва ин корро ду ширкати вобаста ба Avesto Group мекардааст. Ин гуруҳ аз они Рустами Эмомалӣ аст. Роҳбарии онро Муҳаммад Мирзо, мудири кулли «Авесто Гурӯҳ«, бародари Хуршед Мирзо, аз дӯстони наздики Рустам иҷро мекардааст.

Ва раванди ба қайдгирии IMEI -ро «Нет Солюшенс», ширкати тобеи «Авесто Гурӯҳ», бар уҳда доштаасту хидматгузории онро бонки Душанбе-ситии Рустам мекардааст, яъне пулро мо ба ин бонк мегузаронидаем. Дар интернет нархи онро 50 сомонӣ навиштаанд, аммо аз ман 220 сомонӣ барои як телефон пурсида истодаанд. Гуфтанд, ки чанддарсад андоз боз сад сомонӣ боҷи гумрукӣ бояд бисупорам.

Бародар инҷо ҳар сол сдҳо ҳазор телефонро муҳоҷирон меоваранд ва ин ҳама пул ба киссаи Рустами Эмомалӣ медаромадааст Бинобар навиштаҳои интернет танҳо дар соли 2023 Авесто-гуруҳ аз ин ҳисоб 11 миллион доллар ва аз ин таги се миллион доллар фоида соф дидааст.

 Инҳо гуфта истодаанд, ки ҳадафи ин кор пешгирӣ аз воридоти телефонҳои қочоқӣ ва таъмини амният аст. Агар пешгирӣ аз қочоқ бошад бояд ба ин масъала гумрук ва амният бошад марзбонҳо, ки бахши КДАМанд машғул ва расидагӣ кунанд. Авесто-группи Рустам дар ин масъалаҳо чи дахл дорад?

Инҷо фақат пул кор кардан, пули бедардимиён асту бас. Ва, агар ин кор зарур ва ҳатмӣ бошад онро бояд ниҳодҳои давлатӣ анҷом диҳанд на ниҳод ё ширкати хусусӣ, ки ба Рустам тааллуқ дорад? Чаро, маслан ягон ширкати нафари дигар неву маҳз ширкати Рустами Эмомалӣ онро анҷом диҳад?

Ана барои чи Раҳмонов ҳамаи бачаҳову духтарҳову домодҳову ҷиянҳо, хулоса авлоди беохираш ба ҳукумат оварда истодааст ва ахиран духтари охиринаш Фарзонаро ҳам оварда дар вазорати тандурустӣ монд. Инҷо ягон хел хизмат ба мардум нест, инҷо ҳадаф фақат дуздиву бой кардани фарзандонаш ва бидуни меҳнат ба даст овардани даромади муфт аст.

Бовар кунед, ки ин оилаи Раҳмонов ба ҳадде чашмгушнаву носерам аст ки ҳатто аз куни мурда эзор мекашад. Мо муҳоҷирони меҳнатӣ ба чи азобу машаққате як сум пайдо мекунем аммо инҳо дар ҷойи шишту худ кисаҳои моро холӣ карда худро бою сарватманд мекунанд. Ин ҳукумати Раҳмонов то несту нобуд карда нашавад, мо мардум рӯз ва зиндагии хушро ҳаргиз намебинем. Ҳама ончи шумо, то имрӯз мегуфтед ман мутмаин набудам вале имрӯз дигар сад дар сад боварӣ ҳосил кардам,ки рост мегуфтаед ва боз ҳам кам мегуфтаед ин ҳукумати зидди миллӣ ва мардумиро.

Share This Article