Блогерӣ лесидан ва лаганбардорӣ нест!

Ислоҳ нет
Screenshot

Номаи маро алоҳида нашр намоед №17

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Умедворам, ки сиҳату саломат ҳастед. Ташаккур, ба шумо, ки номаи манро бо номи «Ҷумҳурии Тоҷикистон ё худ Империяи Раҳмониён» нашр намудед. Имрӯз тасмим гирифтам, ки раддияе ба Ассотсиатсияи  Косалесони Дарборӣ ва блогероне, ки аъзои ин ассотсиатсия нестанд, бинависам

 Пеш аз оғози навиштаҳои худ гуфтаниям, ки нисбати ягон аъзои ин Ассотсиатсия бадбинӣ ва ё  хусумат надорам, танҳо аз кору кирдорҳои онҳо озурда мешавам.

  Мақсади таъсис додани ин ассотсиатсия шояд бояд дар он бошад, ки фаъолияти блогеронро ба танзим дарорад. Аммо чи гунае ки ба ҳамагон маълум шуда истодааст,  онҳо танҳо фаъолияташонро барои ҳимояи манфиатҳои синфи худкомаи ҳоким равона кардаанд. Ростӣ, ҳар боре наворҳои онҳоро дар сомонаҳои иҷтимоӣ мебинам хашмгин мешавам, чунки ба хотири як маблағи ночиз шуда ҳақиқатҳои ошкороро ботил нишон медиҳанд.

  Оё Шумо гумон мекунед, ки халқи тоҷик ягон галаи бузу гӯсфандаст, ки ҳеҷ чизро дарк намекунанд? Сатҳи зиндагии мардум рӯз аз рӯз  паст шуда истодааст, дар давраи сармо бе барқу бе об ҷонашон бар лаб омадааст, аммо Шумо бошед бо ҳар баҳонаҳое аз рӯи диктовкаи кураторони худ  ҷиноятҳои ошкорои ҳукумати кунуниро сафед менамоед.

  Оё шумо ягон маротиба ба оина худатонро нигоҳ карда савол намедиҳед, ки чаро ман дидаю дониста виҷдони худамро бо як лаззати чандвақтаина фурӯхта истодаам, фикр намекунед, ки ин оилаи палид аз сари қудрат равад, ба чашми мардум чи хел нигоҳ мекунам? Сад ҳайф ва сад афсус, ки виҷдони худро дар ин айёми ҷавонӣ фурӯхтед. 

 Шумо гумон накунед, ки Шоҳруху Рустаму дигару дигарҳо шуморо азиз медоранд, на, на, ин гуна нест. Онҳо шуморо ҳамчунин як уребча истифода бурда ҳангоми ахлотолуд шуданатон ба мусор мепартоянд.

 Дар наворҳоятон пешвоятонро ба сатҳи кадхудо ба хирадманду пири кор баробар мекунед. Пас, чаро ҳамин пирамарди аҳмақ дар тӯли ин солҳое, ки давлатро дар зери итоаташ гирифтааст аз пайи ҳалли мушкилиҳои мардум намегардад? Барои он ки намехоҳад халқи мазлуми бечораю дарбадари тоҷик пешрафта , ғарибгаштаю овораю саргардон дар мулки мардум бошанд.

 Ё ин ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати демократӣ- ҳуқуқбунёду дунявӣ меномад, пас чаро ин авлоди касифу  гушна таи 34 сол давлатро оилавӣ кардаанд, магар яке аз принсипҳои демократӣ ин тағйир додани сарқонун ва оилавӣ ҳукмронӣ кардан аст? То ҷое, ки ман медонам дар ҷомеаҳои демократӣ  курсии  президенти  интихобӣ аст, на ин ки шахсӣ ва як умрӣ.

 Чаро ин марди бехираду беақли Шумо дар ҳар як баромадҳояш халқро ба насиҳаткунӣ медарояд, ҳол он ки худаш ба насиҳат муҳтоҷ аст. Халқро Шумо ҳамроҳи роҳбаратон ба хайру саховат кардан даъват менамоед, савол намедиҳед, ки пас чаро ҳамасола маблағҳои буҷа, ки он ҳама аз мардум аст ба куҷо равона мешавад?

 Фикр намекунед, ки чаро дар тамоми мақомҳои баланд дар Тоҷикистон  духтарону писарон, домодҳои бешуморе хешу таборони ин «марди хирад» меистанд? Бахтиёр Маҷидов акси пешвоятро чаро дар пешоният намечаспонӣ, ё ин ки Мансур Нигматов.

  Оё дар давлати демократӣ, ки президент масъулият ва мақоми интихобшаванда аст, мавҷудият ва амали қонунҳое бо номи Асосгузор ё иди давлатии Рӯзи Президент- 16 ноябр  дуруст аст? На, на ин гуна нест ва ин қонунҳои хасакӣ дар ягон чаҳорчӯба намегунҷад.

Шумо роҳбаратонро сарвари мардумӣ меномед, пас чаро ӯ бо мардум бе ягон  омодагии махсус саволу ҷавоб намекунад? Ё ин ки барои кортеджи мошинҳояш гузаштан тамоми роҳро мебанданд, ҳоло он ки президенти оқилу доно ва мардумпарвар  аз ягон чизе наметарсаду ошкоро бо халқи хеш озодона суҳбат менамояд. 

 Фатҳиддин Одинаев, як наворе  бо номи «Фирорӣ» сабт карда, ҳамроҳи дигар косалесон Эмомалиро чунон таърифу тавсиф намуда, ки гӯё ӯ халқи тоҷикро аз буҳрони ҷанги шаҳрвандӣ наҷот дода бошад, ҳол он ки ӯ худ гунаҳкори асосии он ба шумор меравад. Дар наворат мардуми афғонро ба таври манфӣ инъикос кардаӣ, ҳол он ки маҳз ҳамин мардуми ҷангзада муҳоҷирони фирории тоҷикро ба хонаҳои хеш қабул намуданд.

  Кори Шумо танҳо айшу ишрат кардан аст, аммо халқи бечораи тоҷик дар азоб.  Аз рӯи наворҳои Шумо гӯё Тоҷикистон як ватани биҳиштосо бо роҳбари хирадманд дар даруни нохунак аст. 

  Вале аз рӯи зиндагии мардум бошад тамоман акси ҳол аст. То ба кай лесолесу лаганбардорӣ мекунед, ҳадди ақал ба ҷони ҷавони худ раҳм кунеду пайравии ин тудаи гову гусфандонро накунед. Дониста монед, ки сарвари давлататон ба касе раҳм накардаст ва намекунад.

 Шумо худ дидаю дониста аз ҳиссиёти динии мардум истифода бурда, онҳоро ба фиреби худ гирифтор мекунед. Хуб медонед, ки мардуми тоҷик алалхусус ҷавонон аксар ба суханони падару модарашон гуш меандозанд ва танҳо ба хотири онҳо ба ягон ошӯбу тазоҳурот даст намезананд ва такрор ҳам шавад бо  супориши калонҳои худ наворҳо сабт карда, тоҷики мазлумшудаи моро дар руҳияи тарсу ваҳшат идора мағзшуи мекунед.

  Фаромӯш накунед, ки шумо барои ин «империяи хонаводагӣ» танҳо як асбобе ҳастед, ки ҳангоми корношоям шуданатон ба партовгоҳ партофта мешавед.

  Сад афсус, ки Шумо ба ҷои он, ки ҳақиқатро ба мардум нишон додан, онҳоро ба гумроҳӣ мебаред. Сад ҳайфи умри ҷавонатон. 

Шумодар назди ин халқ чи қадру қимате доред, ки бо шукуҳу шаҳомат пешвозатон мегиранд.

  Якчанд масъалаҳое ҳастанд, ки мехоҳам оиди онҳо каме ҳам бошад фикру ақидаҳои хешро иброз дорам. Дар асл масъалаҳоеро низ дар бар мегирад, ки  аслан равшанисозии онҳо ба блогерон умуман дахл надоранд. Вале ин блогерони муфтхури мо бошанд ба онҳо чашм пушида, русиёҳӣ карда ба баррасии онҳо даст мезананд.

 1)Масъалаи барқ. Дар давраи сармо ба ҳамагон маълум аст, ки дар ватани азизу маҳбубамон маъракаи лимити барқ ҷорӣ аст. Эмомалӣ Раҳмон бо ин лимити худ барқро- ҳаққи мардуми тоҷикро фурӯхта ба ғанисозии суратҳисобҳои офшории хеш мепардозад. Шумо то ҳамин дараҷа аҳмақ ҳастед, ки ҳатто ба худ савол намедиҳед, ки чаро маҳз дар давраи сармо лимити барқ сар мешавад. Шумо аъзои ин Ассотсиатсияи Косалесон ба НБО-и  Норак рафта, наворе кардед, ки гӯё оби он кам шудааст. Ҳол он ки Шумо бояд ба ин коратон ҳатто ҳаққи равшани андохтан бобати ин масъала надоред. Ба ин  кор аслан бояд масъулони худи соҳаи барқтаъминкунӣ пардозанд.

2) Масъалаи муҳоҷирон. Шумо блогерон бисёр наворҳои таблиғотӣ доред, ки ба муҳоҷирон  пешкаш менамоед. Масалан, гузаронидан аз сарҳади Федератсияи Россия ва боз овардан ба ҳудуди он, ё ин ки Грин корти  ИМА , ки ҳамасола роҳандозӣ карда мешавад. Чаро Шумо боре ҳам андеша намекунед, ки чаро Тоҷикистон дар байни Ҷумҳуриҳои Собиқ Шӯравӣ дорои бештари муҳоҷирони корӣ ҳаст?  Чаро сарвари оқилу доноятон аз пайи беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум намешавад, чаро корхонаҳои саноатӣ намекушояд то ки халқи худашро бо кор таъмин намояд? Магар Тоҷикистони мо аз сарватҳои табиӣ танқисӣ мекашад ва ё чӣ боис гаштааст, ки қариб, ки дар кишварамон шумораи корхонаҳо кам аст ё ин ки умуман аз кор боз мондаанд.

3) Масъалаи  тарғибот дар наворҳоятон. Шумо Барон, Маъруф, Фавик ва дигарон баробари мағзшӯӣ ба даъвати ошкорои қимор машғул ҳастед. Бечора мардум аз ҳисоби сатҳи пасти зиндагии хеш, набуди ҷои кор  даст ба қимору қиморбозӣ мезананд то ин ки маблағи бе дарду миёнро ба даст оранд ва маҳз ҳамин таблиғоти қимору қиморбозие шумо дар саҳифаҳои расмии худ мекунед, онҳоро ба гумроҳӣ бурда мерасонад ва боиси харобшавии оилаҳо ва ба даруни панҷараи зиндон рафтани ҷавонони тоҷик мегардад.

4) Масъалаи парокандашавии оилаҳо. Мутаассифона бархе аз бо ном блогероне, ки аксаран бонувони аз шавҳар ҷудо шудаанд, наворҳое мекунанд, ки гӯё баъд аз ҷудоӣ маҳз давраи  зиндагии озод ва амалишавии орзуҳои нуҳуфтаи занҳо расидааст.  Баъзе аз занҳои содаи тоҷик бошанд, дар навбат хеш пас аз тамошои наворҳои мазкур бо шавҳарони хеш ҷангу ҷанҷол бардошта, тақозои харидории  молу амволеро мекунанд, ки шавҳарҳояшон қуввати харидории онҳоро надоранд, ки он боис мегардад, оилаҳо пароканда шаванд. Яке аз ҳамин занҳои блогер бо номи Манижаи Умедулла ҳаст. Хонум Манижа ин тӯҳмат нест, балки ҳақиқати ошкорое ҳаст, ки худи ту гуфтаӣ. Пас бе хафагӣ.

5) Масъалаи ифротгароӣ. Оқои Муҳаммад, ки бо номи Ковид-19 ном баровардаӣ. Навореро дидам, ки бо Саъдии Арабшо ва Маъруфи Абдуллоҳ сабт намудаед, ки дар он пас аз баргаштан аз ғарибӣ аз муҳоҷират Саъдиро ба хонаашон рафта, ӯро бо худ ба шӯъбаи ВКД бурда мегӯед, ки чаро ба гурӯҳҳои мамнӯъ маблағ гузаронида умри ҷавонатро хор кардӣ?

 Ин ( кумаки молиявӣ) ягон ҷойи ифротӣ будан ва ё душманӣ кардан ба давлату миллат нест. Баръакс ин нишонаи норозӣ будан аз сиёсати пешгирифтаи калаварами пешвоятон аст, ки муҳоҷирони бечораро ҷон бар лаб овардааст. Дастгирии мухолифон ва тамошои наворҳои онҳо аз сари душманӣ нест. Ин баёнгари он аст, ки ҳукумати кунунии имрӯза даст ба хиёнат ба давлату миллат зада истодааст ва маҳз ҳамин ҷиноятҳои ҳукумат боиси бедории мардум ва огоҳ шуданашон аз вазъияти ҳозира дар Ватанашон аст.

 Шумо бо ин наворатон танҳо тарси хешро боз ҳам ошкоротар намудед. Ин ба он маъно аст, ки халқ оҳиста-оҳиста кам ҳам бошад бедор шуда истодааст. 

  Шумо бо навори хеш боз ишораҳо ҳам карда истодаед, ки халқ дигар аз ҳукумататон тарсе надорад.

Инҷомехоҳам интиҳои кори ҳамарӯзаи шуморо бо мисраҳои шеъри, ки Фатҳиддин Одинаев дар навораш гуфтааст бигӯям:

 Бехирад аз мансаб афтад эҳтиромаш меравад,

Аз кафаш дороию моли харомаш меравад.

Гар хушомадгӯ бубинад рӯ бигардонад зи ӯ,

Лаззати нуқлу мавизаш аз даҳонаш меравад.

  Аллоҳи Таборак ва Таъоло оқибати ҳамаи Шуморо ба хайр гардонад ва ҳоло, ки вақт доред барои ояндаи худ ва фарзандонатон ҳиссаи хешро дар пайи решакан намудани ин қавми яъҷуҷу маъҷуҷ гузоред.

Шояд дар номаи ман баъзе хатоиҳо вуҷуд дошта бошад, аммо танҳо ин фикру андешаҳои банда аст.

 Аллоҳи Меҳрубон нигаҳбонатон бошад бародар Муҳаммадиқбол.  Дар ҳаққи мо муҳоҷирони дур аз ватан дуъои нек намоед.

 Бо эҳтироми бепоён бародари ғарибатон.

  Британияи Кабир.  25.11.2025

Share This Article