Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№305

Ислоҳ нет

Ин бор бо се нома, аз Душанбе, Масчо ва Екатеринбург барномаро омода намудем.

Нависандаи номаи Душанбе, ончуноне аз номааш ҳам бармеояд бори чандум аст ки бо мо ҳамкорӣ карда истодааст. Вай масъалаи ҷалби иҷбории ҷавонони тоҷик ба ҷанги Русия бар зидди Украинаро бардоштааст. Ба ақидаи ин бародар Ҷаноб барои бурдани ҷавонони тоҷик ба ин ҷанг розӣ аст.

Муаллифи масчоии мо аз норасоии об, замин ва заминфурӯшӣ дар ин ноҳия шикоят намуда раиси ноҳия ва раиси ҲХДТ дар ин ноҳияро аз хайли чоплусону хушомадгӯёни бисёр ашаддӣ меҳисобад ва мегӯяд,ки инҳо обрӯи мардуми Масчоро бо ин амали нангини худ доғдор мекунанд.

Аз Екатеринбург боз ҳам дар бораи консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр, фаъолияти посредникҳо ва инки баъди навиштаҳои қаблии «Ислоҳ» ҳоло консулгарӣ милиса ва амниятборон шудааст, навиштааст. Номаи бисёр ҳам ҷолиб аст:

                                         Душанбе

Ассалому алейкум бародари қиёматиам Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон бародари шумо ҳастам, ки қаблан аз номи худам ва модарам барои шумо номаҳо навишта будам. Шумо ҳам нашр кардед ва ҳам навор сохтед.

  Раҳмат бо шумо бародар. Ин як. Ду, ин ки бародар худо ҷойи падари шуморо ҷаннат гардонад. Як шаб модарамро дар хобам дидам, хеле ҳам хурсанду шод буд. Дар хобам дидам, ки модарам дар ҳақи шумо дуъо мекард. Ин шо Аллоҳ, бародар худованд шуморо дӯст медорад, ки зиндаҳову мурдаҳо дар ҳақат дуъогӯ ҳастанд.

Ҳоло меоем сари масъала.

Як рӯз бо як мақомдор-полковник шишта будам. Гапро ман кушодам. Пурсидам, ки шумо чи фикр доред? Дар Маскав коре шуду бар сари 4 тоҷик, ки Крокусро ба ин ҳол оварданд, мақсади онҳо чӣ буд?

 Хандида гуфт: -э, додари ҷон шумо ҳоло ҷавон ҳастед, намефаҳмед ин хел  политикаро. Ин кори Ҷаноб ва Путин аст. Ин плани ҷанг барои Украина буд. Ҷаноб гуфт, ки ман агар шуморо руирост солдат диҳам, маро дигар Европа ёрдам намекунад. Ягон коре кун, ки забонкутоҳ шаванд. Ҷаноб гуфта бошад, ки ин мардуми маро як тарсаш деҳ ҳамаи корро аз тарс мекунад. Ман, ки медонам об аз куҷо лой  аст.

   Ман хостам фикри ин полковникро бифаҳмам, ки вай чи фикр дорад. Баъд худаш пурсид, ки «росташро бигу ту Муҳаммадиқболро гуш мекунӣ»? Ман гуфта, ки бале. Ҳамон хоине, ки дар Европа аст, ҳамон аст. Хандида гуфт:- э додар ман хонаи ҳалол дорам, қасам мехурам вай хоин нест. Вақте вай гапи ҳақро мегуяд ин булдоки мо талхааш мекафад. Сипас гуфт, ки кадом вақте Путин ба Тоҷикистон меояд, ё ки Ҷаноб меравад ба Маскав байни инҳо ягон беҳбудӣ ба амал намеояд. Фақат барои солдат додан бо ҷанги Украина гап мезанад.

 Ман боз пурсидам, ки ҳамин Муҳаммадиқболро намешавад хапаш бидоронанд.  Гуфт, ки президент чанд бор рафт бо Франция маслиҳат кард. Макрон гуфташ, ки майлаш  медиҳамат, аммо ба як шарт -аз вазифа меравӣ, дар ҷои ту як одами дигар президент мешавад, баъд ман ӯро бо Тоҷикистон месупорам. Агар айбдор бошад, ҳукумати нав ҷазояшро диҳад. Хулоса, ки лавош кашол ранги саги булдок  омад ба ватан.

  Боз як чизи ҷолиберо гуфт, ки ман ҳайрон шудам. Гуфт: «кадом вақте Муҳаммадиқбол эълон кунад, ки хезен гапи ҳақро бигуен, ҳақи худро талаб кунед ин булдоки мо дарав одамони бегуноҳи зиндон ё ки ягон қишлоқро мекушад. Одам рои мекунад, ки дароен ду, се оиларо бикушен, тарс болои тарс шавад, мардум нахезанд, ки ҳоламон бад мешавад»

   Сипас тарафи ман гашту гуфт, ки ту боз ягон буз набошӣ, ки  рафта бузӣ кунӣ. Ин бечораи полковник аз ман метарид, ки мабодо ман буз набошам.

  Бародарҳо ман чи гуфтаниам? Биёед хезем. Ба худо ин дар як рӯз худашро нобуд мекунад.

 Як чизи дигар. Ду рӯз пеш навори шуморо гуш кардам ки шуморо ин ҷаноби  генерал бо ватан таклиф кардааст. Ман ҷавоби бародарона дорам ба шумо. Дар фикри омадани  бародари мо набошед. Ин бародари мо эҳтиёҷ ба маслиҳати    шумо надорад, ки кай ба ватан биравад ва аз кӣ пурсад? Ҷаноби генерал ё ки мард бош ё ки дар хизмати  мард бош гуфтаанд. Рутбаи ту генерал аст. Лекин вақте як хусурбачаи Ҷаноб нигоҳат мекунад 3 бор таҳоратат мешканад. Як бор бар оина нигаҳ кун. Оина бо ту ҷавоб медиҳад ва мегуяд эй ҷаноби генерал мурданат беҳ. Дар охир гуфтаниям, ки  худованд шуморо нигаҳбон бошад, бародари дур аз ватан.

   Ин шо Аллоҳ дер ояд ва шер ояд.

 Бародар ба модари азизам салом расонед. Дар ҳақи мо дуъогу бошанд.

                                     Екатеринбург

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!

Аз Екатеринбург бароятон ин нома равон карда мешавад. Он ду барнома, ки барои Консулгарии Екатеринбург пахшу нашр кардед, бовар кунед, ки замин ҷунбид. Ҳатто бештар мешавад гуфт, ки таркид. Аз Тоҷикистон одам омад:-комиссияи махсус.  9 милиса ва 11 нафар аз амнияти Тоҷикистон. Гурӯҳи кормандони ВКД зери раҳбарии полковник Асламов Фарух омаданд. Мардумро пурсу пос ва шиканҷа доранд ва  дар детектор монда истодаанд. Аз касе  аз наздикони Қамар шубҳа доранд дар апарати детектор монда истодаанд, ки хабарҳоро кӣ ба «Ислоҳ» расонидааст?

Боз тарсонида истодаанд, ки дигар номанависӣ ба Ислоҳро такрор накунанд. Ба Худо қасам ман ягон хусумати шахсӣ надорам ба касе.

Бигзор инхо ислоҳ шаванд. Чи хеле Ганҷалӣ мегуяд Қурбони амниятӣ бо Ёрибек дӯсти дерина мебошанд ва Қурбон Ёрибекро даъват кардааст, ки биё нома нависонро ёбем. 

Хусрав дигар чоплусӣ накунад ба милисаҳои Тоҷикистон, сумкаҳояшонро напечон, ки боз аз пуштат, аз корҳоят менависам. 

Ва боз намояндагони Консулгарии Екатеринбург дигар ҷабр ба мардуми одӣ накунанд, тамом. Ман ваъда медиҳам, ки дигар наменависам.

Бародар Муҳаммадиқбол! Қамар дашном дорад дар ҳама ҷо, ки он хоини миллат фалонма хурда натавонист, у сагворе меҷакад. Боз ҳамон посредникияшро дар консулгарӣ давом дода истодааст. Ва ҳамон хел, ки пеш медаромад, ҳозир ҳам ҳамон хел медарояду мебарояд. Мегӯӣ, ки намояндаи консулгарӣ аст.

Боз посредники дигар Сарабег ном дорад, аз Челябински Русия. Ҳам дар ФМС-и Челябинск ва ҳам дар консулии Екатеринбург посредникӣ мекунад. Кори касе, ки дар Челябинск афтад ин Сарабег ҳал мекунад. Тахминан 60 сола аст. Аз ноҳияи Нуробод, аз кишлоки Мучахарф. Ҳам шаҳрвандии Русия ва ҳам шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад. Кори касеки афтад ин Сарабег бо пули калон ба воситаи Зафар -ҳоло сарконсул ҳал мекунад. Ва як қисми калони маблағро ба худаш ва як қисматашро ба Зафар медиҳад.

 Сарабег дар якҷо мегуяд,ки «эй,и Зафар ҳамиқа сахтай, ин ҳаромӣ, ки мепурсад, ки чи қадар пул гирифтӣ аз ин одам? Ман мегуям, ки 12 ҳазори русӣ- 10 ҳазорашро медиҳамаш. Мегӯяд не 11тоашро мана деҳ ҳазор рубл туда бастай ва кашида гирифт аз баста. Ин мурдахур будааст ва инҳо чашмашон сери надора».

Нафари дигар Сайвалӣ аз Қабодиён. Дар барномаи аввал дар борааш каме гуфта будед. Ӯро, чи хеле гуфта будед, дар инҷо бо кличкаи Булдок мешиносанд ва афташ ҳам ранги Булдок аст. Ин Булдок дар фурудгоҳи Екатеринбург посредник ва дар хизмати кормандони ВКД Тоҷикистон аст. Ба уголовникҳое, ки меоянду мераванд бисёр хушомадашон мегуяд. Мегӯяд «ино бисёр одамой опасниян эҳтиёт бояд кард, ки ба каме чиз ҳозир мебарант. Ба худо дар ватан баъд қавратро мекананд. Бародар вақте якумбора дар борааш гуфта будед, қариб ки инфаркт мешуд. Ин Сайвалии Булдокро якбор давлений зада буд, қариб, ки мемурд, боз рӯзу соаташ буд нашуда будааст. Бисёр мардумро фиреб кардагӣ ҳаст ин мошеник боз ҳаҷи умра рафтагӣ аст.

Худашро мегуяд: «эй,ман ҳоҷиюм». Аммо мардумро дар нуги як сузан тоб медиҳад. 

Аз чандин одамҳо борҳояшонро гирифта вале роҳӣ накардааст, на пулашонро додааст на борҳояшонро гурехта мегардад ва ба зангҳои одамҳо ҷавоб намедиҳад.

Бародар Муҳаммадиқбол дар идомаи қиссаҳои Екатеринбург аз машеники рақами 1 Екатеринбург Меликова Гулия менависам.

Боз дар бораи ҳимоятгарони вай Ёрибег, ки ҳама ӯро бо номи Ёр мешиносанд, Хусрав, Эраҷ, полковник Ашурмаҳмад, собиқ корманди ВКД менависам. Ҳамаи инҳо аз Гуляи мошеники №1 ҳимоят мекананд. Бародар аксҳояшонро ҳам мефиристам, то мардум бишиносанд.

Гулия дар пеши Насибахони зани Ганҷалӣ гуфтааст, ки мара Ёр, Хусрав ва Эраҷ аз разборчшикҳои арманӣ ва аз чеченҳо ҳимоят карданд, то ки мана долия набанданд. Онҳо хостанд аз ман 500 ҳазор рубл гиранд, аммо инҳо ҳимоят карданд.

Ва байни акаву додарҳо Ашур, Ганҷалӣ, Далери дузд, ки ду бор бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, носозӣ сар здааст. Барои онки Ашур гуфтааст «буро аз додари дузди ман, ин барои пулҳоят истодааст. Оҳиста баро, ман худум мегирумта ва ҳимоят мекунумта аз мардум. Мана полковник Ашурмаҳмад мега дидӣ, ки шогирдум Ёр тура аз дигар милатҳо халос кард. Ҳамин хел ман дар ҳамаи ҷойҳо одам дорам, мехурӣ, мегардӣ, пули мардумам, ки надиҳӣ». Ин Гулия як мошеники нотакрор ҳаст..

То ҷойе, ки фаҳмидам Хусрав низ дар фурудгоҳи Колсоваи Екатеринбург ба кормандони ВКД ва консулгари дар Екатеринбург хизмат мекунад, ё инки дар хизмати онҳо ҳаст. Яъне сим карта медиҳад, чунки дар ҷои сим -карта низ кор мекунад ин Хусрав. Ва боз ба милисаҳои Тоҷикистон вақти рафтанашон сумкаҳояшонро плёнка мепечонад. Дар хизмати уголовникҳой Тоҷикистон аст. Барои онки Ёр мегуядаш, ки ҳамкоронамро  ёрдам кун, то ки бигуянд братишкаи ман дар аеропорти Екатеринбург кор мекунад. Ва чоплусӣ ҳам мекунад. Хусрав ҳам онҳоро боз ба чандин ҷойҳои одих бурдагӣ ҳаст. 

 Аз Қурбони амниятӣ менависам, ки ду барнома дар борааш гап зада будед. Мешавад гуфт ки аз Тоҷикистон кашида сараш доданд, ки ту куҷоро нигоҳ мекунӣ? Ҳозир каму беш ба доду арзи мардум расида истодааст. Ва болои ин Гулияи мошеник, ки зиёда аз 50 ариза нисбаташ дар консулгарии Екатеринбург омадааст, каму беш сиёсат карда истодааст, ки пулҳои мардумро баргардон. Ва худашро фаъолтар нишон дода истодааст.

 Ҳозир салоҳиятҳои ин Курбони амниятиро қариб аз дасташ гирифтагианд. Чунки 9 милиса ва 11 корманди амният омадааст ва ҳоло инҳо якҷо бо кормандони ФСБ России думболи номанавис ба Муҳаммадиқбол ҳастанд. Аз касоне, ки шубҳа доранд телефонҳояшонро дар прослушка монда гуш карда истодаанд ва сари ҳар як кадами онҳоро назорат доранд. Ва эҳтимол як чанд касро рузҳои наздик ҳамчун гумонбар бо туҳмат дастгир кунанд бо ҳамроҳии ФСБ Россия. Қурбон гуфтааст, ки « и Иқбол чи ита ба ман часпидак намондак иқа ором кор кунем».

 Ин Қурбон бисёр одами дарундор ва кинагиру қасдгир аст. Инсони хуб нест мегуянд. Аз рӯзи омаданаш ба муллоҳо чақа буд ҳоло ба соҳибкорҳо чақа шудааст. Як хелашро доля баст. Аммо баъди ин барномаҳо дар «Ислоҳ» каме тарсидааст ва гуфтааст кадом душмане гапу хабарамонро ба Иқболи хоин мерасонад ва шабу рӯз бо дусти Ёрибекаш кофта истодаанд номанависро. Ин шо Аллоҳ мемуранду намеёбанд. Охир пайдо кардани ман барояшон зарари калон аст бо чанд далел.

                                             Масчо

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам, ки дар роҳи мубориза бар муқобили ин режими диктатурии оилавӣ ҳамеша устувор хоҳед монд. Мо, мардуми ғаюр ва сарбаланди Масчо бо шумо ҳастем.

Мехоҳам дар мавриди ду масъала ба шумо гап занам.

 Ба касе пӯшида нест, ки давлати Шӯравӣ мачоиҳоро ба дашти Дилварзин муҳоҷир кард. Дар ҷараёни ин муҳоҷират масчоиҳо чи қадар талафи ҷониву молӣ доданд, ҳисоб надорад.

Дар давраи шӯравӣ ҳукумат бо меҳнати заҳматкашони Масчо аз  обанбори   Фарҳод канали  калони Тоҷикистонӯ  бунёд  карда  то  маркази  ноҳия- шаҳраки Бустон  оварда  расонд. Об бо ҳаракати  худаш, бидуни насос ба  шаҳраки Бустон  омада  мерасад. Ва аз  онҷо бо насосҳои обкаш ба собиқ Совхозтехникум ва  собиқ колхози  Карл Маркс ва Етумчуқи об пурра  таъмин  мешуд  ва  аз  тарафи ҷамоати Оббурдон  ва ҷамоати  Масчо ба  минтақаи  боло  бо воситаи 1ва2 ва 3 канал то Такалин  ҳозира ҷамоати  Суғдиён  об таъмин  мешуд. Оби  канали Тоҷикистон  аз 45 то 48 куба ҳаҷмро  мегирифту мардуми Масчо  чулу  даштҳоро обёрӣ   мекарданд. Ва бар зами  ин  поёноби  ҳамин  киштзорҳо ба заҳбурҳо ҷорӣ мешуд ва ҷумҳурии ҳамсояамон яъне Узбакистон ҳам  аз  ин  об истифода  мебурд.

Баъди пошхурдани  шуравӣ  роҳбарияти  вилояти  Суғд  аз  ҳақи  мардуми  Масчоҳ  истифода  бурда ва бо  баъзе чоплусакони  мардуми  Масчо  обфуруширо  ба  давлати  Узбакистон аз ин  канали  калони  Тоҷикистон бо  воситаи  обпартоҳое, ки  ба  Узбакистон ҷорӣ  мешаванд сар карданд.

Бо пули  ҳангуфт мефӯрушанд ва меҳнаткаши Масчоро дар  як  ҳолати ногувор  мондаанд. Мисоли одиаш  ин аст ки каналро  тоза  ва  таъмир  накарда  обро  сар дода  ва  дар  назди  мардум  бо  ченакҳои  худ  обро  чен карда нишон медиҳанд, ки  30  ё ки  35  куба  об  ғунҷоиши  канал  гуфта ҳамин  канале, ки дар  давраи  шуравӣ  48  куба ғунҷоиши  об  дошт ва 10 то 15 куба об фарқият мекунад ва фарқияташро, ки ҳақи мардуми Масчо аст мефурӯшанд.

 Гарчанде, ки  бо  ченаки  инҳо  30 ва 35 куба об бошад ҳам  аммо дарасл ин қадар об нест. Азбаски зери канал лойтакшин шудааст бо њамин  куба  об ҳисобида  мешавад. Боз ба ин қонеъ нашуда дарвозаҳои обпартоҳое, ки ба Узбакистон   ҷорӣ мешаванд  монанди  элак  сурох ҳастанд, ки на кам аз 4 то 5 куба об ҷорӣ мешаванд, ки ин ҳам аз ҳамон ҳисоб фурӯхта  мешавад ба Узбакистон.

 Боз садамаи барқиро  баҳона  карда насосҳоеро, ки ба  минтақаҳои болоӣ об мекашанд, хомуш карда барои об аз канали  калон ҷорӣ нашуданаш, ки 3 обпартои калон дорад ва ба Узбакистон ҷорӣ мешавад кубаҳои иловагӣ зам карда  дарвозаҳоро бардошта  бо як вақти муайян рӯзона маблағ кор мекунанд. Шабона бошад  аз  чашми мардум  пинҳон  карда то саҳар, то чашми  мардум  дидан  кубаҳои дилхоҳи худро  ба Узбакистон  мефурӯшанд.

 Мардуми аз канал  поин  будаи Масчо  заминҷояшон аз  об  таъмин  мебошад. Барои онки об худаш ҷорӣ мешавад. Вале мардуми аз канал  боло  буда, ки бо  насосҳои обкаш  об  мегирнад аз  об таъмин  нестанд ва  баъзеашон   умуман  обро  намебинанд. Хулоса  карда  гуем  баъд аз  шуравӣ   ҳаҷми канал  на  хурд шудааст ва на калон. Лекин 45 ва 48  куба  об  нею 20 ва 25  куба  об   меғунҷонад. Мутахасисони  оби  вилояти  Суғд  ва ноҳияи  Масчо бизнеси  обфурӯшии   худро чандин сол аст давом дода  истодаанд. Ва мардуми  меҳнаткаш  бошанд бо  роҳҳои  чоҳковӣ бо хароҷоти  зиёд  заминҳояшонро  бо об  таъмин намуда ягон  фоида  бад аст  намеоранд.

  Чоряккори давраи феодализм  беҳтар  буд  нисбат ба  ин давлате, ки нисбати   мардуми  меҳнаткашаш  ғамхорӣ  намекунад. Ва аҳолие, ки аз  ин  канали  калон поинбуда  зиндагӣ  мекунанд  аз  хонаҳояшон  об  ҷорӣ мешавад. Хонаҳои мардумро заҳ зер кардагӣ. Барои  он   ки  ин  канал  аз  давраи  шуравӣ  сохта  шудааст  ва  то  имрӯз   ягон бор  таъмир карда нашудааст. Хонаҳои моёнро шӯрӣ зер кардааст, ки илоҷ ва имкони зиндагӣ кардан нест. Ва мо мардуми Масчо дар хавфу хавотирем, ки рӯзе  нашавад, ки  ин  канал  кандашуда  хонаҳои  моён   зери  об монанд.

Мо, мардуми  Масчо аз  ноҳия  сар карда  то  ҷумҳурӣ  арзу  шикояти  худро расонида будем  ва  карда  истодаем  вале ба   доди  моён  ягон кас  намерасад.

Бародар, ончики мо ба шумо менависем ва расонаӣ мешавад ҳамааш факту далел аст. Моён  ҳамаи  инро  аввал ба  мақомотҳои дахлдори  Тоҷикистон  муроҷиат карда  будем ва  мақомотҳои Тоҷикистон  ягон  чора  надиданд. Ва моён  мардуми Масчо  барои  шаъну  шарафи  ин  мақомотро паст кардан  расонаӣ  накарда  истодаем. Чунки мардуми  камбағали  Масчоро дар  ҳолати  ногувор мондаанд.

 Дар ин  ноҳия  ягон  заводу  фабрика  нест, ки  мардум  кор карда   зиндагиашро  пеш барад. Фақат  замин  ва  деҳқонӣ. 

Вале афсус, ки заминҳои мардуми  камбағалро гирифта  боз роҳи  ғайриқонунӣ  ба дигар  касҳо  фурухтанду ҳоло ҳам фурӯхта  истодаанд.  

  Мардуми  деҳқон  аз манбаъи рӯзгузарониаш маҳрум карда шуд. Қариб 40  фоизи деҳқонони Масчо бе замин  монданд  ва  дар ҳолати вазнини  зиндагӣ қарор  доранд, ин  шухӣ  нест ва ин дуруғ ҳам нест.

 Бовар кунед бародар, ман аз ин кору корбарии роҳбари ноҳия сахт норозиам. То ҷое шунидам вай ҳатто ба сурати Раҳмонов, ки дар девори утоқи кориаш овезон аст бо таъзим салом мекардааст. Ин қадар хушомадгӯву тамаллуқкор аст. Аз лесолес монда ҳам намешавад.

 Нафари дигар ин Муродулло Почозода, раиси ҲХДТи Масчо аст, ки бисёр ҳам илми хокзаниву шайтониро хуб аз бар намудааст. Ба назарам ранги як шпингалет ва ранги макарони ролтон менамояд. Ин одам ҳанӯз аз давраи донишҷӯи омӯзишгоҳ буданаш ба лесидани Раҳмонов шурӯъ карда буд. Дар лесидан ҳозир ин шпингалет аз раиси ноҳия ҳам гузаронида истодааст.

Чаро ин ду нафарро махсус зикр кардам? Барои онки якеаш раиси район аст ва дуввумиаш раиси Ҳизбе аст ки раиси он Президент аст. Онҳо бояд ҷойи хушомаду тамаллуқу лаганбардорӣ раванду мушкилоти мардумро ҳал намоянд.

 Вале бовар кунед, бародарони мубориз, ки мардуми Масчо ин тавр нестанд. Муборизону муҷоҳидони Масчоро Ленин шикаст дода натавониста буд, маҷбур шуд бо онҳо қарордод имзо кунад. Аммо инҳо ниҳоят чоплуси хушомадгӯанд ва имрӯз аз номи Масчо гап мезананд ва обрӯи мардон ва мардуми Масчоро мебаранд. Дигар дар оянда ҳама ончи мебинем ҳатман ба «Ислоҳ» менависем.

Share This Article