Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№307

Ислоҳ нет

Душмании Раҳмонов бо муллову аҳли намозу китоб тамомӣ надорад. Номае, ки дар аввали барнома ҷой додем, бори дигар исбот мекунад, ки ҳамчунонеки бум-хаффош аз шуъои офтоб метарсад, Раҳмонов ва мақомоти вай аз масҷид биму ҳарос  доранд. Нигорандаи нома аз Ваҳдат аз он гуфтааст,ки ду масҷиди як деҳаи ин шаҳрро барои он бастаанд, ки дар яке таҳоратхона ва дар дигарӣ пешайвони боронпанаҳ сохтаанд.

Номае, ки як нафар аз Нуробод навиштааст, аз нафароне ном гирифтааст, ки дар Якутияанду аммо ба ФСБ ва амнияти Тоҷикистон дар бораи ҳамватанони худ бузӣ мекунанд. Мутаассифона ҳоло шумори бузҳо дар ҳама манотиқи кишвар зиёд шудааст, ки намунааш дар ҳамин нома ёдоварӣ мешавад.

Аз Қубодиён дар бораи бадрафтории кормандони ГАӢ бо ронандаҳо ва бахусус таксиҳо шикоят мешавад. Муаллиф, ба эҳтимоли зиёд яке аз таксистҳо аст ки ҳамарӯза бо кормандони БДА сарбасар мешавад.

Аз Исфара аз он шикоят расидааст, ки кормандони мақомот ба баҳонаи облава мусафедону солмандонро маҷбур ба шӯъбаҳо бурда азияту озор дода то пул нагиранд ҷавоб намедодаанд, агарчи дар хабарҳо омада буд, ки Исфара ва бахусус Ворух дар рӯзи аввали мавсими даъват нақшаро иҷро кардаанд.

Ва, номаи охири барнома аз Бохтар-Қурғонтеппаи пешина аст. Муаллиф мегӯяд, ки танҳо роҳи расидан ба як зиндагии босаодат ва шарофатмандона дар Тоҷикистон сарнагун кардани ин режими худкомаи оилавӣ аст:

                                      Ваҳдат

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Хоҳиш мекунам, ки ин навиштаи маро зудтар нашр кунед. Дар шаҳри Ваҳдат ҷамоати Бозорбой Бурунов деҳаи Файзбахш ду масҷид дорем, ки ҳардуяшро кормандони Кумитаи дин ва амнияти шаҳри Ваҳдат омада маҳкам карда муҳр заданд. Сабаб ин будааст, ки мо дар масҷид таҳоратхона сохтем. Дар масҷиди дуюм як пешдолон барои паноҳ бурдан аз ҳавои абрӣ ва аз барфу борон сохтем, ки барои ҷаноза хондан ба мардум мушкил наоварад.

Дар санаи 27-уми ноябр омада маҳкам карданд. Раиси маҳалла ва имомхатибро  бурда таҳқир бар зану фарзандонашон карда онҳоро лату куб ҳам намуданд.

 Масҷиди-1-ум:- Таги Чинор- Ширинбек
Масҷиди 2-юм -Шанхай. Ҷамолиддин, ки бародараш имомхатиб буд аз зулму ғами зиёд додани  амниятиҳо аз кор рафту ҳоло дар Русия дар кадом масҷиде имом шуда аст. Илтимос бародар нашр кунед. Шояд ниҳодҳо ва нафарони масъули камтар бо имон бошанд, ки масҷидро барои намозхонон кушоянд.

Масъалаи дигари ҷиддӣ ин аст ки ба мо мардуми Ваҳдат ҳамагӣ як соат субҳ ва як соат шом барқ медиҳанду тамом, дигар боқимондаи шабонарӯз мо бе барқем. Дар хонаҳои баландошёна тамоман бебарқӣ, шароит нест. Ҳама кудакон ба беморӣ дучор шуданд.

Додари Ҷамолидинро чанд бор ба амният бурданд. Ҳатто дар кадом наворе дар шабакаи ютубии Ислоҳ дидам, ки  вай ҳам зидди Наҳзати Ислом  гап мезанад. Боварам кунед, ки маҷбураш кардаанд. Агар ҳамон Ҷамолиддинро пурсӣ намедонад Наҳзат чӣ аст, сиёсат чӣ аст? Аммо маҷбур мекунанд навор мекунӣ, гап мезанӣ бар зидди озодихоҳони  ватани худат, ки 99% мусалмонанд. Инҷо озод зиндагӣ ва адои намоз карда наметавонӣ. Дар масҷид намоза хонда истодаӣ, мегуӣ ҳозир медароянду бо ҳар баҳона маҳкам мекунанд, ё фардо ба отдел биё мегӯянд. То ҳамин дараҷа мардум тарсро ба худ гирифтагианд, ки гап зада наметавонанд. Барои он ки ҳукумати феълӣ золим аст. Амният ба ҷои таъмин кардани амну оромӣ дар сарҳаду дар дохил бошад баракс  амнияти халқро ноором мекунад ва миллат ва мардумро ҳамавақт дар стресс, дар ваҳму тарс қарор медиҳад. Муаллимҳо ҳам агар суми мегуфтаашонро набаред аз мақомот тарс медиҳанд, ҷамоат ҳам аз мақомот мардумро тарс медиҳанд. Ман намедонм ин тарс то кай дар дили мо мардум меистад. Э, мардум тарсро партоем аз дил. Ҳамин одами тарсуда, ки аз банда метарсад хубаш масҷид наравад. Ба тарс меравӣ масҷид чи хел ба Аллоҳ роз мегӯӣ. Мусалмон танҳо таслим назди Аллоҳ мешаванд на ин,ки назди мақомоти Раҳмонов. Агар мо ҳама якҷо бошем ягон кас на масҷидро мебандад, на имомхатибро мебарад ва на сум мегирад.

Имрӯз масҷидро кушодан як бизнес барои кумитаи дин ва мақомот шудааст. Масҷидро мебанданд, баъд ждать мекунанд, ки через ягон байндаро ё посредник биёянд маслиҳат карда сум диҳанд, то инҳо масҷидро кушоянд. Зимистон дар бебарқӣ зани 2-юму 3-юмашон гушна мемонад. Инҳо монанди саг намедонанд, ки чи кор кунанд, аз куҷо сум кананад. Танзим фақат дег мековад. Раисони ҷамоат бошад харитаи территорияашро чашмони пӯшида медонад, ки дар куҷо як замин фурӯхта мешавад. Амният бошад аз ҳардуи инҳо кор мепурсад. Инҳо «кор»-ро меёбанду медиҳанд, ки аз кучо мумкин аст сумкоркунӣ ва ё резултаткунӣ. Танзими шаҳри Ваҳдат Сулаймон. Ҳамноми Сулаймон Давлатови раиси Кумитаи дин ва танзим. Сулаймон ту ҷавоб мегӯӣ бо ин кору касабаат. Ҳамроҳи муовини раиси шаҳр Баҳриддин аст, қавриддин аст -як қочоқчии алкаш. Ин чи хел муовин аст ки омада дар маҷлис муллоҳои  маҳалларо паст зада гапҳои дағалу сахт  гуфта тез баромада рафт, ки боз мабодо ягон кас таҷовузаш накунад.

Як касофатро масҷид дароварда маҷлис мегузаронад. Инҳо камтар навигариро диданд чашмонашон сих зада мегӯяд барои чӣ масҷидро таъмир кардед, роҳро мумфарш кардед, нарафтед дар мактаб компютер харед гуфта боз мегуяд дар маъракаҳо мулло рафта аз бари боло мешинед. О, ту наркомани муовин рафта дар «Шоми Ваҳдат»-у дигар ҷойҳо мешинӣ: шаробхурӣ, кайфу сафо, фоҳишабозӣ мекунӣ, иҷозат вале чаро мулло дар як маърака ҳақ надорад, ки рафта шинад?

Ба фикрам ҳамон занҳои якуму дуюматро мулло никоҳ мекунад. Ҷанозаи падару модаратро мулло мехонад, аз худатро нахонанд, бояд ҷанозаатро? Ту даст дорӣ дар хонаи Худора бастан! Боз мегӯӣ, ки  «ма барои пешво ҷонма метум. Бра ҷонта бте, тамоми ҳайсияту номусу виҷдонтона бтиен ҳаму пешвода».

Шумо барои вазифаю маоши ночизу даромади ҳарому пора аз ҳисоби халқ фурухташудаед. Масҷидро мебандед, мехуред, чапа мекунед, аммо фаромуш накунед, ки вай соҳиб дорад. Ин шо Аллоҳ шумо ҳам рӯзе чапа мешавед. Шумо бо ин корҳоятон хашму ғазабу норозигии мардумро нисбати ҳукумат зиёд карда истодаед. Ё шумо душмани Раҳмоновед. Наход то ин дараҷа ноадолативу бераҳмӣ ба мардум кунед.

Дар хона свет нест. Мегӯӣ равӣ масҷид намозта бихонӣ, як касро боз дар рушании фанарик мебинӣ, як суҳбати диниву дунявӣ мекунӣ, шумо хунасоҳо масҷидро маҳкам мекунед.

 Мо нав одамони арақхури деҳаамонро ҳаҷ роҳӣ карда намозхон кардем. Аллоҳ ҳидояташ кунад. Шумо бошед меоеду масҷидро мебандед.

 Бародар Муҳаммадиқбол, ман хаёл мекунам инҳо дар назди бару шаробхонаҳо арақхӯрҳои деҳаи моро надида истодаанд, зиқ шудаанд ё талхакаф шуданд, ки инҳо ҳама ҳаҷ рафта намозхон шудаанд. Акнун мардум майхонаву дискоклубҳоро ба шумо супориданд, педалро бизанед!  Аллоҳ шуморо ҳам ҳам ҳидоят кунад. Бигзор лоик бошеду атеист.  Вале бо дину китобу хонаи Аллоҳ ва бо мардум ва озодии инсон бозӣ накунед, Шумо акнун фарҳангу расму русуми мусалмонро гирифтед, як ҳиҷобу ришро намондед, либоси бегона гуфта одамҳоро барои риш  дар отделу амнияту аэропорт куштед, ақалан монед камтар озод рафта намозамонро хонем. Дар масҷид як таҳоратхона сохтан чӣ ҷиноят аст? Шумо дар як шаб чанд  суми таъмири масҷҷидро сарф мекунед ё чанд хонаи занҳоятонро таъмир мекунед, ягон ҷиноят ҳисоб нест, аммо чаро таъмири масҷид бояд ҷиноят бошад? Барои таъмир бояд пеши шумо равем, доляи шумора бидиҳем, баъд таъмир кунем? Зулму ситамро бас кунед! Раҳмонов сала гуяд, шумо калла мебаред. Аммо ояндаи худ ва фарзандону оилаҳоятонро фикр кунед. Инҳо як сиёсатанд, қудратанд, ки меоянду мераванд ё мебаремашон, шумо мемонед, бо

мардуму миллат. Дар дами пирӣ ҳам масҷид равед, роҳ равед, ҳама мегуянд, ки шумо ноодамҳое будед, ки масҷид мебастеду лаззат мебурдед.

 Саломат бошед бародар Муҳаммадиқбол, Аллоҳ аз Шумо розӣ бошад.
                                       Нуробод

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як муҳоҷири меҳнатӣ ҳастам, ки дар Якутияи Русия кору зиндагонӣ мекунам. Ман дар бораи чанд нафар ҳамватнони бузу козёламон, ки мардуми муҳоҷирро беҳад ғам ва фиреб медиҳанд, гуфтаниам, то мардум онҳоро бишиноснад.

  Яке аз онҳо Ятимов ҳоҷӣ Бадриддин ном дорад. Ин шахс аз Сафедчашма аст дар шаҳри Якутия посредникӣ мекунад. Бисёр ҳаромхӯр мебошад. Мардумро кор мефармояд, сум намедиҳад. Бачаҳоро бо тросс лат мекунад. Ягонтоаш даъво кунад ба ФСБ месупорад. Мебаранд азият мекунанд, то 10 сол депорташон мекунад. Ин беинсоф ҳоҷии дукарата аст. Дар шаҳри Якутия ҳамаро муттаҳм кардааст. Шикамаш ончунон дам аст аз ҳаромхурӣ, ки мегӯӣ ҳозир мекафад.

Нафари дуюм аз дараи Ҳакимӣ-эшони Саъдӣ. Ин як козёли пешипеш аст. Тамоми ҷавонҳоро ба ФСБ мефурӯшад. Мардум аз ин дар гурез аст. Дар масҷиди ҷумъахонӣ мешинад, баъди намоз ҷавонҳоро нигоҳ мекунад. Мебаранд дар кисааш доля медиҳанд. Ин козёл маро гуфтки ҳамин курткаат ба ман маъқул шуд, намедиҳӣ? Ман гуфтам «задагитм, барои казиёл куртка нест». Бо ҳоҷӣ Бадриддин ҳаҷ рафтанд. Гуфтаанд, ки «биё ҳами корора бас кунем, дига мардума да ФСБ нафрушем,ки ҳаму ҳаҷмон қабул намешава». Вале вай гуфтааст, ки  «икормонай давом метием».

Нафари сеюмшон эшони Шайх, аз дараи Ҳакимӣ, гӯштфурӯш. Тамоми ҷавонҳоро ҳам дар Якутия ва ҳам дар Тоҷикистон ба мақомот мефурушад. Шестеркаи фсбешникҳо. Ранги заношон истифодаашон мебаранд. Инҳо даркор шавад ҳатто занҳояшонро ба ҳамон фесбешникҳо медиҳанд.

Чорумаш аз Сафедчашма-Ҳотамов ҳоҷӣ Мустақим, тренер аст. Дар шаҳри Сахаи Якутия. Ҷавонҳоро сурат мегирад ва ба амнияти Тоҷикистон ва ФСБ-и Русия мефурӯшад. Аз дасти инҳо ҳама гурезон шудаанд. Ин шо Аллоҳ дуъои мардуми камбағали муҳоҷир инҳоро оқибат мегирад, раг намекашанд.

Оев Ҳодиҷон, як нафари дигри буз, аз дараи Ҳакимӣ. Хуни мардумро мехурад. Бо посредникҳо маслиҳат мекунад, доляашро медиҳанд. Рабочикҳоро муттаҳам мекунад. Ин шахс раиси обшинаҳо аст, фақат кораш доляву порахӯрӣ аст.

Дигараш ҳоҷӣ Хумайнӣ. Кораш фақат бузӣ ва бо коргарҳо кашмокаш. Ин ҳам аз дараи Ҳакимӣ аст.

Дигарашон Федия аз Файзобод. Аз тамоми ҷавонҳо  сум мегирад. Агар надиҳанд бо сад туҳмат ба ФСБ сиёҳат мекунад. Дар аэропорти Якутия постоянний кор мекунад. Лаънатӣ хоб надорад, чухтай фақад  «мега охрча пр нашидай». Ин лаънатиҳо ҳамаашон одамфурӯшанд ва ҳама медонанд вале метарсанд аз ин хоинҳои милатфурӯш.

Посредники дигар  Комил аз Ваҳдат. Договор  мекунанд чор –панҷ нафарро ба районҳо роҳӣ мекунад, ду миллион мегирад, рангбаранг мошин мехарад, мегардад. Баъд рабочикҳо аз ақиби як оқипадар сарсону саргардон мекобанд. То раиси Обшинаро доля медиҳад, ки тарафдориаш кунад, дигар мардум сарсону саргардон аз пушташ.

 Дигараш Зиё, аз Кабудҷар аст дар Якутия. Тамоми студентҳоро бурда кор фармуд, сумро гирифту гурехт. Раиси Обшина ҳам дузд аст. Мардуми муҳоҷири Якутия бояд инҳоро шиносанд ва ҳамроҳашон кор ва наздикӣ накунанд.

                                      Қубодиён

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман ҳамон таксисте ҳастам, ки дар бораи як корманди ГАИ, ки Файзалӣ ном дорад, навишта будам. Ӯ 8 сол маҳкум ба зиндон шуд. Прокурори ноҳияи Қубодиён ӯро 8 сол дод. Офарин, аҳсан ба прокурор, ки як корманди ҳаромхури ГАИро тюрма кард. Ин навбат як шикояти дигар дорам. Дигар ба Эмомалии беномуси даюс шикоят намекунам, ё ки ба бачаи гункакаш Рустам, ё ки ба Шоҳрихи сабзибадаст. Мегӯянд, ки ки падар чи гуна фарзанд намуна. Ин гашт ба худат мухтарам прокурор менависам. Аз шумо хоҳиш чораи ҳамин Умеди ГАИро бинед, ки дар ҷони мо задагӣ аст. Мо мардуми камбағал аз паи як буридаи нон мегардем. Ин ГАИҳо бошад аз дастамон маҷбурӣ кашида мегиранд. Ба куҷо шикоят кунем намедонем. Боз ба тарафи ман мегардаду мегӯяд, ки «куҷоеда шикоят мекуни бра бкун лубойша дар пешуш ика устухон мепартом дигар ай ҷакидан мемонад». Боз меӯяд, ки «барой пул лубойюш лубойкора мекуна, дар кор шава занша кати духтарошон мефурушан, ҳамиқа беномусан» ки..

 Боз ин Умед механдад, ки кормандони прокуратура, суд ё милисаву амният беномус будаанд, вале худаш боз аз инҳо дида бе номус аст. Буз гусфандро хандида аст.

  Мегузарем ба кормандони ГАИ. Ҳамин Умеди ГАИ дар ҷони мо шофиёрҳо задагӣ, ранги талбандаворе пул металбад. Як мошини тойота королаи 1 дорад, мошин аз они худаш, ҳатто ягон намуд ҳуҷҷат надорад. Боз мо таксиҳоро ғам медиҳад. Дар як сол  ранги ҳамон Файзалии ГАИ  чанд бор мошин иваз мекунад. Дигар ГАИҳо ҳам ғамамон медиҳанд. Номҳояшон Дилшод, Абдураҳмон, Эркин, Лутфулло. Ҳамин Лутфулло ҳозир намедонам дар куҷо бошад, аз як шофер 100 сомониашро гирифт. Боз изо нокашида мегӯяд, ки «ҳо

 «ман гирифтам, бад чи»? Боз ба тарафаш угрожат мекунад. Беҳуда нагуфтаанд, ки дӯзди зӯр соҳиби говро бастааст. Мегӯянд, ки Ислоҳ чи кор кардааст?  Ҳеҷ кор накардааст. Ана ҳамин хизмати бародар Муҳаммадиқбол, ки як золимро ба сазои аъмолаш расониданд. Агар наменавистам мумкин, ки бо зулмашро давом медод.

 Аммо шумо маро беҳуда накобед. Ман ҳар рӯз ба пеши прокуратура меравам таҳ меоям боло. Беҳуда худатонро  заҳмат надиҳед. Ҳоло боз ҷиноятҳои прокурорро кофта истодаам.

Муҳтарам прокурор метавонӣ худат чи ҷиноят карда истодаӣ, чи хел ба коргаронат фармон медиҳӣ, ки дар мошинат бензин резанд, ё ки шиками калонатро сер кунад, ё ки ҷиноятҳои уголовникҳоро ёфтӣ чи хел пулат медиҳанд ё ки дар баки мошинатро чи хел заправка мекунанд, бигӯӣ.

 Ё ки ҷангали деҳаи Махсум, ё ки заминҳояшро чи хел гирифта ба номат оформит карда истодаӣ, мардумро гову молашонро намемонӣ чаро додан, ё ки намемонӣ мардум ҳезум биёрад, инҳоро ҳамаашро менависам.

  Он рӯз даромада  ному фамилияашро аз пушти кабинеташ бинаму нависам   ахраникаш намонд. Гуфт, ки чаро медароӣ, барои чи медароӣ? Ҳар хел савол дод. Дигар ба қафо гаштаму баромадам. Ҳоло ин ша Аллоҳ ному фамилияашро якҷоя бо ҷиноятҳои  суди ноҳияи Қубодиён менависам. Аввал ин қадар ҷиноятҳояшонро нависам баъд пурра бо ному фамилияшон менависам.

  Муҳтарам суд ту ҳам чи хел кормандатро фармон медиҳӣ, ки дар мошини ман бензин резед, мо хабар дорем. Баъд он корманди ту боз дигар касро фармон медиҳад, баъд вай дар мошини муҳтарам суд бензин мерезад. Ё ки  духтарҳое, ки аз шавҳаронашон ҷудо мешаванд ҳамроҳашон ҳамхобагӣ мекунӣ,ё ки ягонтоаш, ки кудак дошта бошад барои шикоят пеши суд меояд, ки масъалаи пули алименти кудакҳои маро туғрӣ кун, ё ки гирифта те, агар ягон духтари хушру қоматбаланд бошад, сраза таклифи ҳамхобагӣ мекунӣ ба онҳо. Як хелаш аз рӯи ноилоҷӣ розӣ мешавад, як хелаш не.

 Эй падарону модарони гиромӣ! Духтарҳоятонро тоқа пеши ин хел зинокор роҳӣ накунед. Аз шумо хоҳиш падарони гиромии ноҳияи Қубодиён.

 Номуҳтарам суд ва номуҳтарам прокурор! Ман аз қафои шумо тамоми ҷиноятҳоятонро ҷамъ карда истодаам. Ин ша Аллоҳ ба қарибӣ бо ному фамилияҳоятон чоп мешавад, дар дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо». Интизор шавед.

 Лекин ҷаноби прокурор ҳамиин Умеди ГАИро ту делояш мекунӣ, муҳтарам суд ту судаш мекунӣ, ранге,ки Файзалии ГАИ ро кардед, ана ҳамон хелаш мекунед. Ҳамин номи Умеди ГАИро гирифтам прокурор сраза  хит мекунад, ки киро гуфтам. Дар пешаш як коғаз дорад, ҳам ГАИ, ҳам участковий, ҳам уголовникҳо, ҳам раисони ҷамоатҳо ва ғайра. Номи ҳамаашон дар чёрний списка ҳаст. Любой хел любойяшро угрожат мекунӣ. Онҳо ночор любой хизмати прокурорро мекунанд. 

  Прокурор ё дигаронатон, беҳуда маро наковед, намеёбед. Ман ҳар рӯз ба пеши прокуратура меравам меоям. Шумо аз қафои ҷинояткорҳои гуфтагиам шавед.

Акнун чоплусҳо дидед, ки акаи Муҳаммадиқбол ё шабакаи Ислоҳ чи кор кард? Як золимро решакан кард. Боз навбати шумо ҳам мерасад.

 Бародар Муҳаммадиқбол ҳазор раҳмат бар падару модарат. Аз шумо хеле миннатдор ҳастам. Мо мардуми тоҷик шуморо бесаброна интизорем дар ватани азизамон. Ин Раҳмонови  бе номусу даюс қариб мондааст.

                                      Исфара

Ассалому алейкум, бародар Муҳаммадиқбол. Ман як сокини ғамзада аз деҳаи Ворухи Исфара ҳастам. Ман маълумоти олӣ надорам. Нағз навистан наметонам. Лекин аз дидани ин ҳама зулму беадолатиҳо, ришвахӯрӣ ва зулм болои ин мардуми Ворух ғами бисёр дорам.

 Дар Ворух одамони пиронсолро набераи ту хизмат намеравад гуфта дар амнияти Ворух бисёр ғам медиҳанд. Бовар кунед мардум ба дараҷаи олӣ дар тарсу ваҳманд.

Раисаи ҷамоат бениҳоят золим ва бузи калон аст. Дар маҳаллаи Чакак мегӯянд писари Самади якдаста яке аз бузҳои калон аст. Доим маст мегардад. Бангро зада мошин ронда мегардад. Духтарони ноболиғро зино мекунад.

Хоҳишам аз шумо, ки номаи маро, ҷойҳои хатояшро ислоҳ намуда чоп кунед. Дар оянда муфсаллатар менависам. Аммо номи маро пӯшида нигоҳ доред. Ташаккур!

                           Бохтар (Қурғонтеппа)

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баркотуҳу устод Муҳаммадиқбол! 
Аллоҳ таъоло аз падару модари Шумо розӣ бошад ва дар умри Шумо Аллоҳ баракат ва пирӯзиро барои ҳамаи мо миллати мазлуми тоҷик насиб гардонад

Ба Худо қасам мо дар ватан ташнаи инқилобем. Хусусан Душанбе 85% мардум нафрат доранд бар ин оилаи хунхори бераҳм. Аллоҳ инҳоро пешпои ин мардум гардонад. Бисёри нафарон дилҳояшонро холӣ мекунанд ва дар охир мегӯянд «хай ҳамин тинҷем шукр». Бечораҳо сахт норозинад, аммо метарсанд. Ин нарху наворо мебинед, тамбашави мошинҳо, шаҳр тамоман бардак шудааст. Дар пойтахт ва Бохтар   ҳамаи роҳҳоро барои ғорати мардум истифода карада истодаанд. Рӯз то рӯз ғоратгарӣ. Аъзои яъҷуҷу маъҷуҷи ин оилаи касиф ҳар рӯз зиёд шуда истодааст. Ҳар як насли ҳаромаш ба худаш гап зану соҳибмақому соҳиби бизнесу соҳиби пулу мошину хонаҳо.

Хуллас, вақти инқилоб расидааст. Мо хело чизҳоро аз Шумо омӯхтем.
Худи ман ин ша Аллоҳ ҳама вақт тайёр ва боз 3 бародари дигарам ҳам омодаем. Шахсони дигаре ҳам ҳастанд, ки онҳоро ҳам то ҳадди имкон омода ва даъват дорем.
Гуфтании мо ин аст бародар, Шумо ҳам аз ин мардуме, ки хело тарс дар дилҳояшон ҷой гирифтааст, ноумед набошед.
Ин ша Аллоҳ боварӣ дорам 1000 нафар барояд ҳама мардум мошинҳоро дар роҳ монда бо мо якҷо мешаванд.
Мо интизори он рӯз ҳастем.

Дигар сабр намондааст. Дар мардум ноумедӣ биёр шуда истодааст, аммо рӯз то рӯз зулми ин оила ва мақомот зиёд мешавад. Ва, ин сабаб мешавад, ки мардум даст ба коре бизанад. Мутмаин бошед, ки фурсати инҳо сар омада истодааст.

Share This Article