Рустами Эмомалӣ: «Ота Данғарара Душанбе кадӣ,ма Душанбера Данғара кадум».

Ислоҳ нет

Имрӯз,19 декабр Рустам 38-ро пур кард. 4 апрели 2017 ҳанӯз, ки 30 сол дошт раиси пойтахти Тоҷикистон ва 13 рӯз пас,17 апрел раиси Маҷлиси миллӣ таъин шуд. Раиси Маҷлиси миллӣ тибқи Қонуни асосӣ нафари дуввуми ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

 Бо омадани Рустам Маҳмадсаид Убайдуллоев ба партгоҳ сиёсӣ афканда шуд, ва ҳоло дар ёди касе ҳам намерасад, ки як чунин нафаре беш аз бист сол раиси Душанбе ва наздик ду даҳа нафари дуввум буд. Ва Раҳмонов дар шаъни худ надонист, ки ин аввалин Раиси Маҷлиси миллиро ба ҳайси узви оддӣ ба ин Маҷлис мунтасаб кунад, дар ҳоле, ки масалан Сайдулло Хайруллоев, баъди анҷоми Риёсаташ дар Маҷлиси намояндагон бо имзои худи Раҳмонов узви ин Маҷлис таъин шуда буд. Хуб, бигзарем аз чанду чунии муносибати байниҳамии Раҳмонов ва Убайдуллоев.

Мо, имрӯз дар рӯзи «ден рождения»-и Рустамро аз ӯ хоҳем гуфт.

30 августи соли 2018, баъди як солу се моҳи раисии Рустам боз ҳам бо фармони Раҳмонов вай бо ордени давлатии «Зарринтоҷ -II» сарфароз гардид. Ин ҷоиза барои кадом корнома ва хизматҳои Рустам дода шуд, фақат худи Раҳмонов медонаду тамом.

 Ҳоло аз сатҳу сифати кори Рустам дар Маҷлиси Миллӣ чизе намегӯем. Аммо Рустам Душанберо чи кор кард?. Дар ҳақиқат насиҳати момааш Майрамро ба иҷро гузошт, ки баъди сокини пойтахт шуданаш гуфта буд, ки намешавад ҳамин Данғараро ҳам монанди Душанбе кард? Инҷо зиёд шарҳу тафсир даркор надорем.Чанд навишта аз сомонаҳои интернетӣ ва низ аз номаҳои сокинони пойтахт аз вазъи Душанеро меоварем:

                     Нома ба «Ислоҳ»

«Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аллоҳи меҳрубон баракати дунёву охиратро насибатон кунад. Илтимос ,номаи моро нашр кунед. Нома аз шаҳри Душанбе, аз кучаи Қазоқони 1.Шикояти мо аз як домсози золим, номаш Зиёдулло аст, ки мардумро девона карда аст. Номи ширкаташ ҶДММ «Симои нав». Ҳамаи соҳибмулкҳоро ба суд дода аст барои манзилҳои худашон. Ин золим мехоҳад нисфи манзили соҳибмулкҳоро гирад. Ягон хел муомила карда намешавад бо вай. Аввалин коре кард пеш аз хезондани мардум бинои суди ноҳияи Синоро таъмир кард, то барои ӯро кришават кунанд. 13 ё 14 хонаро ба суд дода аст. Хулоса, судяҳоро харидагӣ аст. Бо чанд нафар шартнома кард вале боз аз лафзаш гашт. Ба Худо лафзи мардӣ надорад. Барои пули иҷора дигар домсозҳо аз 3000 сомонӣ кам надоданд, ин номард бошад ба мардум аз 1500 то 2000 ваъда мекунад. Ба ин маблағ хонаи иҷора намеёбӣ.

 Хоҳиши мо аз ҳукумати шаҳр ин аст ки пеши роҳи ин золимро гиранд. Ба худо қасам вай мардумро фиреб карда истодааст».

«Шикояти сокинон аз хонаҳои сард дар чанд гӯшаи Душанбе» (Озодӣ)

Бо фаро расидани сармо баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе аз кори Маркази гармидиҳӣ норозиянд. Ба гуфтаи онҳо, пули оби гармро ҳар моҳ ва саривақт месупоранд, аммо гармӣ то манзилашон намерасад. Мақомот низ ин гуна шикоятҳоро тасдиқ карда, ҳамзамон мегӯянд, мушкил дар биноҳои истиқоматӣ аст, на дар марказҳои гармидиҳӣ. Сокинони чанд бино дар маҳаллаи машҳур ба «ДОК» дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт як моҳ мешавад, ки аз набудани гармӣ азият мекашанд. Мегӯянд, хонаҳояшон сард асту низоми гармидиҳӣ дуруст кор намекунад.

Заррина Алимаҳмадова, сокини ин маҳалла, рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, «пойҳоямон аз хунукӣ дард мекунад… Агар бовар накунед, бухориҳоро бинед, гармияшро намефаҳмед. «Мадина Бахтиёрова, сокини дигари ноҳияи Шоҳмансур, мегӯяд, қубури бино гарм аст, аммо ба қадре нест, ки хонаҳоро гарм кунад: «Дар қубур об меояд, лекин гарм нест. Дар ҳамин шароит боз пули оби гармро талаб мекунанд. Вақте дар хонаҳо оби гарм нест, мо чӣ хел пул пардозем?»

Шикоят аз хонаҳои сард танҳо маҳдуд ба биноҳои баландошёнаи маҳаллаҳои канори Душанбе нест. Ин мушкил ҳатто дар биноҳои маркази Душанбе низ вуҷуд дорад. Як гурӯҳ аз сокинон дар хиёбони Рӯдакӣ-86 бо ирсоли видео ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки бухориҳои манзилашон «тамоман гарм намешавад». Дар наворҳо дида мешавад, ки сокинон барои гарм кардани хона аз печҳои барқӣ истифода мебаранд.» «Озодӣ» 5 декабри соли 2025.

     Рустам ҳанӯз ҳам раис несттанҳо писари раис аст

Бале, хонанда ва бинандаи азизизи «Ислоҳ». Ин як тасвири мухтасар аз мушкилоти Душанбеи феълӣ аст. Ва, аммо чунин мушкилоту мавонеи умдатан маснуӣ, ки аз ноуҳдабароӣ, нокорагӣ, номуносибӣ ба мақому вазифа шаҳодат медиҳад бо ин як ду ҳолати оварда тамом намешавад. Гароншавии оби истеъмолӣ, мушкилоти таксистҳову соҳаи мусофирбарӣ, афзоиши нархи гӯшт:-маслан дар мағозаи «Пайкар», ки аз они ҳамин оила аст килои гӯшт аз 500 сомонӣ боло рафтааст, ки дар ягон давлати дигари дунё гӯшт чунин нарх надорад, нарасидани синфхона, ҷангҷоли мактаббачаҳо, ки ҳатто ҳолатҳои куштор расонид ва даҳҳо мушкилоти дигар, натиҷаи кори наздик ба даҳсолаи Рустам ба ҳайси раис аст.

Бори аввал буд, ки матбуот ночор шуд истеъфо талаб кунад. Чунки корд ба устухон расид. Талаби истеъфои масъулони соҳаи барқи Душанбе дар аслу амал талаби истеъфои раиси шаҳр аст. Аммо, чи хеле мегӯянд ва ҳама медонад, ки «биринҷ оббардор нест». Шонаҳои журналист ҳам барои навозиши дубинкаи дубакҳо хорхор накардааст, ки шафтолуи гапро гӯяду биравад дар паҳлуи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Далери Эмомалӣ  срок матат кунад.

 Ин бор журналист «Дар ба ту мегӯям, девор гӯш дор, духтарам ба ту мегӯям, келинам ту шунав, гуфт.

Аммо, Рустам …. Гӯсолаи шаворо аз почааш маълум. Вақте Раҳмонов вайро таъин кард, ҳей гуфту ҳей гуфт. Гуфт ту сер,..хонаи камбағало рав, аз сандуқаш мавизу кака мебарораду пешат мемонад.

Ва Раҳмонов талош кард аз вай як супермен тарошад. Дар ҳамон соли аввал ба тамоми вазорату оҷонсиву кумтиву хадамоту..хулоса, ҳама ниҳодҳои марказии ҳокимият дастури шифоҳии ободонии Душанбе дода шуд. Ҷудо карданд, хирвор-хирвор маблағ ва майдончаи варзишиву боғчаву чи чизҳое дигар сохтанд, ки ҳама ба номи Рустам шуд. Яъне, бинед Рустам чи гуна коргар аст, кор мекунад.

Аммо инак наздики даҳ сол мешавад. Даст рӯи сина ниҳед, каҷ шинеду рост гӯед, давраи Убайдуллоев беҳтар набуд. Таксӣ мушкил дошт? Надошт. Свет мушкил дошт? Надошт. Об мушкил дошт? Надошт. Албатта буданд, аммо на ба ин андозаву ҳаҷме,ки имрӯз мебинему вуҷуд дорад.

Рустам гирифту ҳама таксиҳоро барандохту электромобил овард. Нархро бардошт. Ҳоло барқ нест. Мушкили васоили ҷамъиятӣ аз гузашта бадтар шуд.

Домсозӣ ва домсозон оромиши шаҳриёни Душанберо ба ҳам задаанд. Чаро? Чунки ин ҳама таксиҳо моли шахсии худи Рустаманд ва иҷозаи сохтмони домро ҳам бо имзои Рустам, ки аз ниммиллион доллар боло аст дарёфт мекунанд. Яъне Рустам ба пул дода шудааст на барои чизи дигар.

Ин вазъу ҳол, ки ҳоло дар Душанбе ҳукмфармост дар давраи Убайдуллоев набуд. Бори дигар мегӯям, ки таксӣ буд, свет буд, арсаи хадамоти иҷтимоӣ кор мекард. Аммо ҳозир чӣ? Касе касеро гӯш намекунад. Рустам маълум кард, ки мудирият карда наметавонад, сиёсатмадор нашудаасту намешавад. Агар чизе мешуд, агар коре карда метавонист дар ин даҳ сол маълум мешуд.

 Рустам заводи шахсии памперсу подгузник рост кард. Рустам барои счетчикҳои барқи шаҳриён гранти Бонки осиёии рушдро под гарантяи ҳукумат мегирад вале пулҳоро тавассути Авестогрупп обу лой мекунад. Рустам ба унвони раиси Маҷлиси Миллӣ, нафари дуввуми ҳукумати Тоҷикистон Хитой меравад вале барои ширкатҳои хусусиаш қарордодҳои қарзӣ мегирад. Рустам таксиҳои сокинони Душанберо аз шаҳр меронад ва таксиҳои шахсии худашро вориди бозор мекунад. Хулоса, як дузди современний-мошенники давлатӣ, мисли Ҳасан Асадуллои тағояш, мисли Шамсуллову Зоир Соҳибовҳои язнаҳояш ва амсоли инҳо. Ҳиҷ фарқе надорад.

Яъне дар ин муддат Рустам ба ҳайси як сиёсатмарду як сиёсатмадор зоҳири чеҳра накард. То кунун дар ягон маҳфилу маҷлис ягон сӯҳбату суханронии ҷиддӣ накардааст. Дар ҳолатҳои бисёр ҳам зарурӣ ҷонишинҳояш мераванд. Ҳиҷ гоҳе конфаронси матбуотӣ надодааст. Як бор дар куҷое зимни сухангӯияш гуфт, ки баъди омадани Толибон Афғонистон ба лонаи террористҳо табдил шуд. Ва беҳуда лақаби Рустами гунгак ва Лоли бузург (великий немой) нагирифтааст. Аз инҷо буд, ки Владимир Путин, падари ғайрирасмии Раҳмонов ба таъйиди Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши оппозитсионии ислоҳот ва рушд розӣ нашудааст,ки Раҳмонов Рустамро дар ҷойи худаш биёварад. Гуфтааст,беҳтар аст худат биистӣ.

Аммо, Раҳмонов барои онки Рустамро дар ҷойи худаш оварад солҳост, ки ҷону марг канда истодааст. Ҳамин ки дар соли 2016 Қонуни асосиро тағйир ва синни довталабиро аз 35 ба 30 поин кард, маҳз ба хотири Рустам буд ва инки Убайдуллоевро қурбонӣ дар пеши пойҳои Рустам кард, бо ҳамин мақсад буд. Аз кадрҳои шаҳрдорӣ ба ҳукумат, ба вазоратҳо ва мақомот оварда истодааст, бизнеси рафиқони Рустамро дастгирӣ карда истодааст, то фардо идораву мудирият барои Рустам осон гардад. Вале Рустам ҳамоно як «папин синочек» боқӣ монда, аз зери сояи Раҳмон набаромад.

Новобаста аз онки чоплусону хушомадгӯёну тамаллуқпешаҳо ин ҳама таърифу тавсиф мекунанд, хабарҳо ҳокист, ки вазъияти иҷтимоии шаҳри Душанбе бадтар ва зиндагии рӯзмарраи шаҳриён душвортар шудааст. Масоиле ба мушкила табдил шудааст, ки то Рустам то ба охир бартараф нагардида бошанд ҳам, аммо умдатан ҳал шуда буданд.

Рустам дар ҷойи нафаре омад, ки ҳамсолу ҳамсинну ҳамроҳи падараш буд. Дар ҷойи нафаре омад, ки яке аз саромадон ва бунёдгузорони режими Раҳмонов ба ҳисоб меравад. Раҳмонов ба хотири Рустам Убайдуллоевро қурбонӣ кард. Ва, дигар он ваъдаи додааш, ки ин навбати баъдӣ ту меоӣ тамоман фаромӯш шуд. Маълум аст ки Раҳмонов иқрор ва эътироф намекунад, вале ба яқин Рустам таваққуъоти вай ва режими сохтаашро бароварда накард, натавонист.

 Раҳмонов барои ҳокимияти оянда, ҳокимияти баъд аз худаш, ки орзу ва нақша дорад ба Рустам бидиҳад ҳам барнома ва ҳам кадр омода карда истодааст.

Рустам ҳукуматеро ба ирс хоҳад бурд, ки як режими диктотурии мустабид мудирият мекард. Ва аз ҳамин ҳоло маълум аст ки Рустам ончиро, ки ҳоло ва имрӯз ҳаст, сахттар хоҳад кард. Ҳиҷ суҳулат ва сабукӣ намедиҳад. Рустам ба ҳукумате меояд, ки оппозитсия  надорад. Оппозитсия, садои мухолиф, андешаи ғайрро падараш сокит кард. Сокит шудааст, аммо намурдааст. Мунтазири соат аст. Худи инки ин оила беш аз се даҳа мешавад дар сари қудрат аст, худи ҳамин факт ангеза ва таҳаррук барои инфиҷор ва ҷастани вулқони нафрат ва хашми мардум хоҳад буд. Ин валвалаву васвоси дарунии мардум, ки як оила тохтутозаш дорад, бо азоби алиме ғанабидааст. Дар они воҳид туфону тунбод баланду боло мешавад. Барои ҳамин Рустам аз буда сахттар ва вазнинтар мекунад, дар ғайри сурат дошт дода наметавонад.

 Халқи тоҷик алтернативаи дигар надорад. Бармехезад. Сарнавишти Башор Асад ба сари Рустам меояд. Башор Асад ҳам аз падараш гирифта буд ва онҷо ҳам чоплусону моялесон зиёд буданд. Аммо ҳоло дар чи вазъу ҳол аст? Оппозитсия дар зоҳир вуҷуд  надорад. Тамоми неруҳои мухолифи давлат, ки умдатан аз демократҳо, рушанфикрон ва наҳзатиҳоянд имрӯз ҳам ҳастанд. Инҷо боз бистучориҳо, равияҳо ва ҳаракатҳои сиёсии динӣ амсоли салафӣ, таҳрирӣ, ки вуҷуд доранд бар зидди режиманд. Муҳим инки халқи тоҷик аз ин низом ва аз ин Оила хаста шудааст ва Рустамро изн ва амон нахоҳад дод.

Рустам парвардаи режим аст. Дар муҳити оила ҳам шунавид ва дид, ки падараш фақат бо зӯр идора кард. Рустам зӯрро зӯртар кардан мехоҳад.

Аммо инҷо фарқ дар ин аст, ки насл иваз шуд, масалан на бачаи Мурод, на бачаи Фаттоҳ Саид, на бачаи Ғайбулло Авзалу на бачаи Ҷамолиддин Мансуру на бачаи Абдумаҷид Достиев ва афзун бар на ягон домоди расмиву ғайрирасмии падараш, масалан на Хуршеди Мирзову Дилшод Ҷураеви рафиқонаш ва на дигару дигар мисли падарҳояшон аз ҷангу хун нагузаштаанд ва дар қиёс бо падарҳояшон чизи мебохта зиёд доранд. Падарони онҳо худи ҷанг, тарафи ҷабҳа дар ҷанг буданд. Аммо инҳо мисли онҳо намешаванд. Ҷанг шавад, мегурезанд, барои ҳифзу ҳимояти Рустам ҷавшан намепӯшанд, силоҳ намегиранд.

 Рустам ҳайбати тарс ва салобати ваҳшати Раҳмоновро надорад. Раҳмонов- Сангак, Раҳмонов- Файзалӣ Саид аст. Рустам он тавр нест.

Вале Рустам барои ҳифзи қудрат ва тадовуми он зиндонҳоро пур мекунад. Қонунҳо сахттар, контрол шадидтар, сиёсати такя ба одамони худӣ тақвият дода мешавад, репрессияи сталинӣ ва репрессия худи Раҳмонов инҷо як гӯшмол метобаду бас.

 Зимнан Рустам як маротибае баромад ва аз афзоиши таълимоти ғайрирасмии динии ҷавонони Душанбе изҳори нигаронӣ кард.

Ин ба он маъност, ки Рустам ҳам ҳариф ва душманашро дар симои ислому мусалмонон мешиносад. Аз ин хотир Рустам ва ҳукумати вай дар болои мардум хатар ва манбаи фалокату бало мешаванд. Ба ҳар роҳу васила, ки ҳокимият карданӣ ҳам шавад, ҳукумати вай осебпазир, суст ва заиф хоҳад буд.

Дар вақти Рустам методи Раҳмонов зиёд давом намекунад.

Барои ҳамин Раҳмонов бар болои президенту ҳукумат Пешво сохт. Зеро яқинан медонад, ки халқ тоқату таҳаммул надорад.

Рустам як ҳукумати осебпазирро ба мерос мегирад.

 Наздикони Рустам, язнаҳову хоҳарҳо, ҷияну тағо, хуллас, инҳо, ки имрӯз дар давраи Раҳмонов соҳиби сарвату ихтиёроти беҳадду марзанд, масалан ҳамин Амриддин  Нахшов ё ҳамин Шамсулло итоатеро, ки барои Раҳмонов қоиланд ба Рустам нишон намедиҳанд. Талош мекунанд, ки дар дуздиву ғорат ҳиссаи Рустамро надиҳанд. Ин ба мунозиъа ва мухолифати дохили оила меоварад.

Вазирону раисон ҳам Рустамро чуноне бояд фармон намебаранд. Бизнес, ки дар давраи Раҳмонов занҷирпеч буд, нофармонӣ мекунад. Таҷриба ва гузашта нишон додааст, ки бештари режимҳои диктотурӣ дар дохили худ бо мушкил дучор ва аз дарун мунфаҷир мешаванд. Ва ин боис мешавад, ки элитаи ҳоким ба идомаи идораи Рустам итминонро аз даст медиҳад. Дар ин ҳолат авомил ва аносири берунӣ вориди амал мешавад. Ояндаи Рустам ҳамин аст. Рустам, Раҳмонов нест ва шуда ҳам наметавоанд. Раҳмонов, ҳадди ақал раиси совхоз буд ва дар байни мардум буд.

Рустам як ҳукуматеро мегирад, ки халқ кайҳо аз вай рӯ гардонидааст. Вале Раҳмонов дигар чора надорад, рӯзторӯз фартуттар мешавад, бояд коре бикунад.

Шояд Рустам ҷашни таваллуди 40солагиашро дар мақоми президентӣ таҷлил мекунад?

Боварам кунед дар рӯзи таваллуди Рустам беҳтарин тӯҳфа эҳтимолан оина мебуд, ки ақалан як бор ба худ нигоҳ кунад ва бубинад: ин ҳама «ободӣ» ки мегуянд, танҳо дар телевизион ҳаст. Душанбе бошад ҷойе, ки мардуми ғамзадааш бо печкаи тапакалов хоб мекунанду на барқ дораду на об…

Фардое ки Рустам аз падар ҳокимиятро мерос бигирад, ҳеҷ ҷодуе рух нахоҳад дод: ҳамон Рустам мемонад бечеҳра, бегуфтор, бетаҷриба. Аммо хатар дар он аст, ки Рустам дарк намекунад, ки замона дигар шудааст. Миллат дигар мисли солҳои 90-ум нест, ки аз тарси ду зарба хомӯш монад. Ин насли ИИ ё ҳуши маснӯъист дигар!

Рустам бояд бифаҳмад:
пойтахтро метавон ба Данғара табдил дод, аммо мардумро ба гӯшаи тарс баргардонда намешавад.

Ин бор шикасти ҳукумат аз дохил оғоз мешавад аз норозигии мардум, аз бозии оилавӣ, аз фарсудагии низоме, ки се даҳа бо шиканҷа зинда монд. Мероси ӯ на ислоҳ аст, на ободӣ як ҳукумати бурида, беангезаи оянда, ки бо садои аввалин эътироз ва такбир ба ларза ва фурӯпошӣ поён меёбад.

Зодрӯзи Рустам-рӯзи ҳисоб:

Душанбе ӯро кайҳо рад кардааст.

Share This Article