Як нафар аз кормандони пешини КДАМ бо фиристодани нома аз Душанбе ба СС. Ятимов муроҷиат карда гуфтаст, ки дигар барои сатру ҳиҷоб ғам додани мардумро бас кунад. Ин кормандони собиқ дар ин нома нуктаҳои ҷолиберо иброз доштааст. Аз ҷумла дар бораи қатли панҷ шаҳрванди Хитой дар сарҳад ва дар бораи онки феълан, ҳоло, ки СС.Ятимов дар сари кор аст киҳо байни ҳам барои курсии вай часпу талош доранд.
Нома аз Айнӣ дар бораи ғорати ангишти ноҳия аз тарафи Шамсуллои домоди Раҳмонов, харобшавии роҳҳо бар асари ҳаракати дуланҳои ангишткаш ва низ аз таҳқири масоҷид дар ҷамоати Рарз мегуяд. Муаллиф навиштааст, ки вақте дуланҳои вазнин ангишти Фалғарро ба Узбакистон мекашонанду фоидаи онро авлоди Раҳмонов мебинад, чаро мардум барои таъмири роҳ пул диҳад?
Дар яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Қубодиён раиси ҷамоат барои ҷавонҳои синни даъват, ки оила барпо карданианд, шарт гузоштааст, ки дар он ҳолат барои шумо иҷозаи туй дода мешавад, ки ё ба хизмати аскарӣ меравед ё 10 ҳазор сомонӣ оварда ба ман медиҳед. Ин раиси ҷамоат ҳеҷ куҷоро нахондааст ва ҳатто аттестати синфи 9-ро ҳам надоштааст.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як корманди КДАМ ҳастам, ки ду соли қабл ба нафақа баромадам. Маълум аст ки ҳоло ҳам бо ин идора дар алоқаву тамос ҳастам ва аз вазъу ҳоли он бохабар мешавам. Дар ин охирҳо дар КДАМ бисёр гапу ҳарфҳо дар бораи аз вазифа барканор кардани СС.Ятимов рафта истодааст. Як вақт гуфта буданд, ки СС. Ятимов то анҷоми сроки навбатии Раҳмонов дар мақомаш меистад, гуё Раҳмонов чунин ваъда карда будааст.
Агар аҳамият дода бошед вақти машварати кории Раҳмонов бо мақомоти қудратӣ баъди дар сарҳад кушта шудани панҷ нафар шаҳрванди Чин СС. Ятимов ҳузур надошт ва рангу рӯи Раҳмонов ҳам сахт пуркидагӣ ва қошу қавоқаш овезон буд. СС.Ятимовро Раҳмонов назди Толибон фиристода буд, ки қазияи куштори хитоиҳоро бифаҳмад, ки кори дасти кӣ аст. Инҷо чи бозиҳое рафта истодааст.
Чунки ончики дар сарҳад гузашту хитоиҳо кушта шуданд, аз кадом як пешомадҳое хатарноке дарак дода истодааст. Баъди сафари давлатии Путин ба Душанбе ва дар дачаи Варзоб бо Толибон мулоқт кардани вай равобити Тоҷикистон бо Афғонистон хеле ҳам ҳайратовар шуд. Зудзуд сафарҳои дуҷониба баргузор шуд. Аммо чунин натиҷа дод. Куштори хитоиҳо кори кадом гурӯҳи номаълум ва ношинохта нест ва ҳатман мақомот дар ду тараф медонанд, ки кори дастӣ кист. Чи бозӣ рафта истодааст, номаълум. Вале Раҳмонов гуё ба СС.Ятимов шак пайдо кардааст. СС.Ятимов тарафдори одисозии робита бо Толибон набудааст. Барои ҳамин сарҳад ноором карда мешавад. Худи Раҳмонов ҳам ба хотири дарёфти ҳарчи бештару силоҳу василаҳои ҷангӣ такрори чунин ҳодисаҳо дар марзро мехоҳад, аммо инки дар ин задухурдҳо шаҳрвандони Хитой кушта шуданд, Раҳмоновро тарсонидааст.
Моҳҳои охир сардори КДАМ дар шаҳри Душанбе сахт интизори рафтани СС.Ятимов аст. Сардори КДАМ дар шаҳри Душанбе кинаҳои зиёд ба Ятимов дорад. Ба назари вай СС.Ятимов барои худро дар мансаб нигоҳ доштан, ҳама вақт ташкил мекунад.
Ба фикри сардори КДАМ-и Душанбе Юсуф Раҳмон каме дигар кушиш мекард, метавонист СС.Ятимовро аз мансабаш дур кунад. Ин имконият дар вақти парвандаи раиси беморхонаи ибни Сино пайдо шуда буд. Аммо зури Юсуф Раҳмон нарасид, шогирдони Юсуф Раҳмон подводит карданд, то охир дар нақшаҳои кашидаи Юсуф Раҳмон нарафтанд.
Раиси КДАМ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ҳар вақте нияти гирифтани СС.Ятимов аз мансаб пайдо мешавад ва СС.Ятимов ҳолатҳоеро ташкил мекунад. Мисол ҳолати дастгир кардани гурӯҳе дар Язгулом, дар маҳаллаи Дарвози Душанбе ва рост ба Раҳмонов доклад мешаванд, ки авзоъ чунин аст.
Раиси КДАМ-и Душанбе яке аз довталабҳои курсии СС.Ятимов аст. Вай дар як сӯҳбати хосаш ба Рустами Эмомалӣ аз он гуфтааст,ки СС.Ятимов дар бисёрии мавридхо агентурный данныйҳоро худаш мепартояд ва сипас мегуяд, ки аз номи ин ё он резидентхои боваринок расидаанд ва сипас онҳо ба воситаи зинаҳои поёнии раёсатҳои КДАМ, пешниход мешаванд.
Дар айни замон байни Фарҳод Камол, муовини раиси КДАМ, Мансур Умаров, сардори Идораи зиндонҳо, Раҷабзода Мурод Раҷаб, фармондеҳи Қушунҳои сарҳадӣ, Зубайдулло Алихонзода, раиси КДАМи вилояти Суғд, Шомуддин Шарипов, раиси КДАМ-и вилояти Хатлон ва бародари марҳум вазири собиқи корҳои дохилӣ Ҳумиддин Шарипов бозиҳои сахти пинҳонӣ барои ишғоли курсии СС.Ятимов рафта истодааст. Ку бубинем дар ҷойи СС кӣ меояд?
Ман дар охири ин навишта ба унвони як корманди куҳнакор як чизро гуфтаниам, ки СС.Ятимов бас аст дигар. Ин қадар барои сатру риш мардумро ғам надеҳ. СС.Ятимов гуфтанӣ дорам, ки ҳамин Раҳмонов як порча устухон дар пешат партояд аз пушташ давида рафтан мегирӣ. Як инсоне, ки дар пеши сагаш гуштро мехураду устухонашро ба саг медиҳад, Раҳмонов СС.Ятимовро ҳамин хел кардааст. СС.Ятимов ҳолу аҳволи туро мебинам ба ҳолат механдаму вале боз зиқ мешавам. Барои онки ин қадаре, ки ту ба Раҳмонов мисли харароба хизмат кардӣ ва карда истодаӣ Шоҳрух барои Рустами гунгак накардаасту намекунад. Вале вақте ягон ҷо меравад Шоҳруху Рустам пешпешу СС.Ятимов ранги бечораҳову паршикастаҳо, ранги ғуломҳо аз қафо меояд. Ранги пеш нестӣ,ки барбари Раҳмонов биёӣ. Дигар бачааш калон шуд. Туро мисли памперс истифода бурданд вале оҳиста оҳиста аз саҳна дур мепартоянд. Зиқ нашав, айёми пириатро дар пеши ҳамшаҳриҳоят, мегузаронӣ. Дар пеши онҳо, ки Юсуф Раҳмон бесабаб зиндонашон кард. Тахмина аз пуштат сахт кор карда истодааст. Ҷойи ҷонбароиятро кофта истодааст.
Як чизро бароят мегуям. Чанд вақт пеш бо як гурӯҳи ҳамшаҳриҳоят дар Русия будем. Бовар кун, ки ба хунат ташнаанд. Гуфтанд, ки ҳоло биистед, ки аз кор уволиташ кунанд, баъд медонем, ки бо ин муғулсимо чи гуна муносибат кунем.
СС. Ятимов ҳоло ҳам дер нашудааст. Як коре кун, ки мардум туро ба хубӣ ёд кунанд, на бо гандагӣ. Барои писар шуда падарро бурда азияту озор надиҳед.
Фарзандат хизмат намеравад гуфта чанд рӯзу чанд шаб маҳкам мекунанд, ё ки ришашро қоқоқоқ метарошанд, ё ки тахдид мекунанду пул мегиранд.
СС.Ятимов як бор андеша кун, ки Раҳмонов бо Сангаку Файзалӣ ва Ғаффор Седою Ёқуб Салим чи кор кард, ки бо шумо кунад? Онҳо чи хизматҳо карда буданду ҳоло дар куҷоянд? Ту, ки ҷиноятҳои Раҳмоновро зиёд медонӣ, шарики ҷиноятҳояш ҳастӣ, фикр мекунӣ, ки туро зинда мемонад? Ҳозир фикр кун, ки фардо дер мешавад. Дигар параҳои кунатро меканӣ, чуноне Убайдуллоев дигар сухтаву пухта дамбадарун гаштааст.
Айнӣ
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз ноҳияи Айнӣ, ҷамоати Рарз ҳастам ва мехоҳам дар бораи ноадолатиҳо ва кунлесакҳои ин деҳа нависам. Ман коргари давлат ҳастам ва ин ватанро дӯст дорам. Аммо ноҳияи моро ин авлоди гушнаи бесаводи касифи қашшоқ, ки барои курсӣ пеши пойи Каримови ҳолик наколени шишта дар таги пои Абдуллоҷонов сарашро молида ба сари мо мардум омад ба ғорат бурда истодааст.
Ман дигар тоқат карда натавонистам, ки хомӯш бошам.
Ин Раҳмонов гушначашм аз водии мо ангиштро ба хориҷа мефурӯшад. Борҳо навишта буданд, ки роҳи бадтарин дар Тоҷикистон роҳҳои Фалғар аст. Айни замон ин роҳҳоро ширкатҳои духтарҳо ва домодҳояш табоҳ карада истоданд. Ҳар рӯз ҳазорон Камазу Дулан мегузарад. Роҳро дар як ҷойи Озодаю Азизмо зада истодаанд. Боз ҳозир кунлесакҳои ҳаромаш мехоҳанд ин роҳро аз кисаи мардум асфалт кунанд.
Ман ҳам мехоҳам, ки роҳ хуб ва асфалт бошад. Аммо ман мехоҳам, ки роҳи ба даруни деҳа мегузаштаро мумфарш кунанд, на роҳи калонро, ки Дуланҳои духтари Эмомалтр вайрон мекунад. Лекин гуфта бошам, ки ин кори мардуми камбизоат нест. Аммо ҳозир маҷбурӣ аз сари ҳар як оила 1000 сомонӣ ҷамъ карда истодаанд. Ин пулро аз куҷо меёбем вақте ки 250 сомонӣ пенсия мегирем?
Ин чоплусҳо ё пуштлесҳо,ки ман дар назар дорам одамҳои одӣ нестанд. Яке аз онҳо Сироҷиддинов Ҷаҳонгирхон аст, ки мо ӯро ки килахон мегуем. Вай дар собиқ бригадир ва раис буд. Ҳозир як чупон ё камбағал ду сотих замин надорад, хона кунад ин эшони лесак 20 гектар замин дорад, аммо ҳатто як сум налоги заминҳояшро намедодааст. Бигзор налогҳои супоридаи ӯро тафтиш кунанд, ки мо дуруғ ё тӯҳмат мекунем. ( Дар инҷо аз наворҳои суҳбати ташвиқкунандаи Ҷаҳонгирхон як пораеро пешниҳоди хонандаҳо мегардонем. Ҷаҳонгирхон гуфта истодааст,ки «Ассалому алайкум мардуми шарифи Рарз. Бо диққат гуш кунетон. Иқдоме, ки пеш гирифтем барои мумфаршкунии роҳи Рарз аз даромадани дарвоза то буромани қишлоқа саҳми худро гузоретон бародарои азиз. Ман Ҷаҳонгирхон. Бо як бори дига ба шумоён мерасонам,ки марҳамат карда пула ҳар як хоҷагӣ чанқае, ки ҳаст хоҷагеш 1000сомонӣ тайёр кунетон. Барои мумфаршкунии роҳи деҳаи мо, барои ободии қишлоқ саҳми худа гузоред. Ман боз шумаҳона огоҳ мекунам, ки хонаҳотон наравам, мана марҳамат карда участки се … гузари эшоно тайёр кунан оварда 1000 сум ҳар як хонетон тетон. Гуетон, ки не, бо мо худамон марҳамат карда чарх мезанем, пулоя тайёр кунетон барои ободии диёрамо. Ору номуси ҷодорӣ кардан даркор, раҳи деҳамона обод кардан даркор».)
Ин лесакҳо шабу рӯз лесидаву бардошта мегарданд ва мегӯянд, ки ватани обод дорем. Касе камбудиро гӯяд хоин мегӯянд.
Чаро неруи барқи моро ба бегонаҳо мефурушанд. Ин неруи барқ ва ангишт моли мардум ва моли миллат аст на аз фалонҷои зани Раҳмонов.
Боз як кони дигари ангиштро дар деҳаи Шаватк ба кор андохтаанд, ки онро ҳам «Се ганҷ»-и Шамсуллои домоди Раҳмонов аз худ карда ва дуланҳои Узбакистон шабу рӯз кашонда истодаанд. Як тонна ангиштро барои худи мо 1200 сомонӣ мефурӯшанд. Мо ду соат свет дорему тамом. Ҳатто оби термекс гарм намешавад.
Ман худ дар замони шуравӣ узви комсомол будам, ки имрӯз ҳама ба ном демократҳо ё исломиҳо таъна мезананду бад мегуянду ҳизби бехудо мегуянд. Ба Худо қасам дар вақти комунистҳо дин ва масҷиду ислом озод буд назар ба ин замон, ки Раҳмонови аз динбаргашта болои мусалмонҳо овардааст. Дар шуравӣ, ки бехудоиву бе динӣ мегӯянд ин қадар дину мазҳабу масҷиду мусалмонӣ ҳақаш поймол нашуда буд. Рарз ҳафт масҷид дорад, ки шояд ҳазорсола таърих дошта бошанд. То омадани Раҳмонов масҷидҳо озод буд. Шахсан худи ман аз тарси амният масҷид намеравам. Дар сол ду маротиба дар намозҳои Рамазон ва Қурбон меравам. Масҷидҳоро мусорхона карданд. Дарҳояшонро бастанд, азонро манъ, намозхониро маън карданд. Масҷидҳора туйхона ва кирмакхона карданд. Он масҷидҳо бо беҳтарин нақшу нигори қадимӣ ороста буд.
Вой бар ҳолатон! Куҷоед он баъзеҳое, ки таъна мекардед, ки комсомол ҳизби бехудоӣ аст. Куҷо шуд шаъну шарафи шумо, масҷидҳоятонро партовхона карданд. Шӯравӣ хуб буд, ки ба масҷидҳо кор намегирифт, масҷидҳоро ба кирмакхонаи пилла табдил надода буд.
Э, Ҷаҳонгирхони лесак, даъво дорӣ, ки пуштат тоза ва одамҳои ким чи ҳастед. Агар ин тавр аст чаро як бор аз вазъи масҷиди гузаратон гап намезанед? Барои он ки ба пасвоятон Эмомалтр дину масҷид даркор нест.
Ман ҳар рӯз мушоҳида мекунам ва мебинам, чунки дар як район кор мекунем мебинам, ки акои Рӯзибой Раҳимзода, раиси имрӯзаи ноҳия бисёр одами самимӣ аст. Мо касе хуб аст бояд хуб гуем. Ин одам одами хоксор аст, на мисли пештара раисҳо, ки катагию кару фар карда мегаштанд.
Раиси собиқ аз акои Рӯзибой Раҳимзода буда Муродзода Муқим Қаюм аз деҳаи Сангистон, як одами пасти бесаводи хело касиф буд. Бисёр духтарони мактабхонро бо кругаш таҷовуз кард. Ҳозир дар ноҳияи Зафаробод Муродзода Муқим Қаюм раис аст. Вай хеши Абдуфаттоҳи Шарифови сабзибадасти собиқ сухангӯи пешоби миллат мебошад. Ин ки пушту паноҳ дорад, Эмомтапакро шабу рӯз мелесад.
Аз акои Рӯзибой Раҳимзода, раиси ноҳия хоҳиш дорем,ки аҳамият диҳад, то масҷидҳоро кирмакхона накунанд. Агар касе заррае инсофу имон дорад, чунин корро намекунад, ки дар хонаи Худо партов партоянд ва мардумро таҳдид кунанд, ки пул ҷамъ кунеду роҳро мумфарш кунем. Дар охир гуфтаниам, ки вақте мардум қиём кунанд ин лесакҳои тапакро дар ҳамин роҳҳо аз гарданшон ресмон мебандӣ, ки роҳро обод кунанд.
Ин роҳро пешоби миллат аз ҳисоби духтарҳову домодҳояш бояд рост кунад, на аз ҳисоби халқи бечора. Як мошини Исмоили Пингвини набераашро фурӯшад, ин роҳ обод мешавад.
Тахминаи клеопатраи духтараш як бор Дубай маишаткунӣ меравад, камикам сад ҳазор доллар расход мекунад. Чаро роҳро мардуми камбағал мумфарш кунад? Бори дигар мегӯям, ки ман ҳам тарафдорам. Аммо ин роҳро боз ҳам дуланҳову танарҳои духтар домодҳои Раҳмонов зуд хароб мекунанд. Вақте кумури моро мефурӯшанд бигзор худшон роҳро обод кунанд. Аз кисаи худашон намекунанд, аз ҳисоби ангишти худамон мекунанд.
Агар Ҷаҳонгирхон ва амсоли вай кунлесакҳои кунбардор вақте роҳ вайрон шуду шумо зану духтарҳову келинҳоятонро қатор мемонед, мардуми камбағале, ки нони даҳанашро ба ин роҳ доду дуланҳои авлоди Раҳмонов ангишташонро ба хориҷа фурӯшаду авлоди гушна кайф кунад, баъд ин мардум зану духтару келинҳои Ҷаҳонгирхонро соҳиб мешаванд, ин воқеиятест ҳар рӯз мешунавам аз сокинон.
Қубодиён
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ба модаратон саломи маро аз Тоҷикистон расонед. Мо шуморо бе саброна дар ватан интизорем. Худованд ҳарчи зудтар ин куҳнаҷунубро несту нобуд кунад.
Ман аз Қубодиён, ҷамоати Эшмурод Ниёзов. Дар бораи раиси ҷамоат гуфтаниам, ки дар ҷони мардум ва бахусус ҷавонҳо задааст. Ин раиси ҷамоат шарт барои ҷавонҳо гузоштааст, ки барои онки туй шавӣ ё авал бояд хизмат равӣ ва ё 10 ҳазор сомонӣ оварда месупорӣ. Мо Русия меравем ва дар ҳавои 25, 30, 40 дараҷа кор мекунем азоб мекашем, то ки биёем як гушаи зиндагиро бинем. Охир ин 10000 сомонӣ қариб 100 ҳазор рубл мешавад. Э, ноинсоф ман ин қадар пулро аз куҷо ёбаму биёраму шуморо диҳам. Мо меравем азоб мекашем. Чуркаву чернажёпу ё туфайматмон мегӯянд, боз мегӯяндамон, дигар набиёед Русия. Аммо мо дар рупусти харро мекашему меравем. Барои онки дар Тоҷикистон кори дуруст. Ба ин маоше, ки шумо медиҳед чи камбудиамон буд мешавад? Ба 1000 сомониву 1500 сомонӣ магар зан гирифта мешавад, ё ки хонаву дар карда мешавад? Чи мешавад?
Эй, Раҳмонови хукафт! Ту бо тоҷик чи хизмат кардӣ, ки мақомотат ранги талбанда пул металбанд, мегӯӣ, ки ягон гадо бошанд. Вале дар танаашон либосҳои низомию кории давлатӣ ҳаст. Инҳо азбаски вазифаҳоро бо пул харидаанд, дар баданашон ягон майда номус боқӣ намондааст. Онҳоро ранги худат даюс кардӣ. На виҷдон доранду на инсоф. Раҳмонов ин ша Аллоҳ суқутат наздик омада истодааст. Ин шо Аллоҳ пустҳои танаат дар пеши сагону лошахурҳо партофта мешавад. Рӯзбарӯз нафратам бар ту зиёд шуда истодаст.
Гапро беш аз ин зиёд намекунам ва мегузарам ба асли кор. Дар ин ҷамоати мо, ки дар чанд сол чанд раис иваз шуд ҳамаашон ранги худат дузду одамкушу заминфурӯш буданд.
Шарипов Муҳаммад аз эшонҳои Комсомол мебошад. Тамоми замини идораро бо бинояш фурӯхт. Шарипов Муҳаммад на мактаби ҳалол хондааст, на донишгоҳи ҳалол. Номи худашро навишта наметавонад. Як аризаро навишта наметавонад, ҳамаашро котибаш менавишт.
Ва боз дар бораи раиси дигар. Ин нафар Шарипов Бахтиёр аст. Инҳо фақат фамилияҳояшон як аст, бо ҳам хешу табор нестанд. Шарипов Бахтиёр аз деҳаи Миршикор мебошад, ки айни замон дар ҳукумати ноҳия кор мекунад, дар ҷое, ки ба ниёзмандон кумакпулӣ мерасад, ва касоне хизмати ҳарбӣ тамом мекунанду меоянд, ҷой кор надоранд ба кор таъмин мекунад, ё ки барои чанд моҳе пул медиҳад, ё ки аз зиндон озод мешаваду 3 моҳ маош медиҳад, хуллас дар идораи шуғли аҳолӣ кор мекунад. Вале ҳеҷ яке аз ин категорияи одамҳо ранги пулро намебинанд. Ҳамаро ҳамин Бахтиёр Шарипов бо ҳуҷҷатҳои сохта худаш мегирад. Ин Шарипов Бахтиёр вақте дар идораи ҷамоат кор мекард, тамоми роҳу роҳравҳои идораро бо заминҳои обӣ, ки мардум истифода мекард, фурӯхт ва аз пули заминҳое, ки фурӯхт ба бачааш як мошини Кемри харид ва худаш бошад бо як Мерседеси куҳна мегардад. Худашро ранги талбандаҳо мегирад. Аммо вақте пушти дари утоқи кориаш меравӣ ҳамроҳат дуруст гап намезанад, ё ки мегуяд ман дар ягон маҷлис ҳастам. Писараш бошад пуштибонии падарашро мекунад. Писараш дар ВКД кор мекунад. Вай бо мардум саломи соз намекунад, одамҳоро писанд намекунад. Мегуяд ман шуморо ба фалонам баробар намекунам.Падарашро аз чанд ҳолати тюрмашавӣ наҷот дод.
Вақте кори ягон кас меғалтад сраза ба бачааш занг мезанад, ки кори ҳаминро буд карда метавонӣ, чи қадар пулашро гирам. Писараш мегуяд, ки ку ман занг занам боз туро занг мезанам. Падру писар бизнеси муштарак мекунанд. Писараш Шарипов Шаҳриёр ном дорад.
Бахтиёр писарашро бо пулҳои дуздӣ ва фурӯши заминҳои ҷамоат ба мансабу мақому вазифа овард ва соҳиби як мошини дигар кард.
Ва дигар раиси ҷамоат Тойрраис мебошад. Ин Тойрраис бо бачааш раиси ҷамоат буд. Тамоми скаладҳоро фурӯхт. Ҳозир дар ҷояш хона сохтанд. Ин склад 20 сол пеш ҷои колхоз буд:- ҷои чигиту равғану доруи карбамиту селитра. Амбори соляркаву бензин ҳам буд. Ҳамаашро фурӯхт. Ва боз заминҳое ки ферма буд ин заминҳоро ҳам ин Тойр ҳамроҳ бо бачааш фурӯхт.
Ва боз мегузарем ба қаҳрамони раиси ҷамоат, ҳамин одаме, ки аз ман 10 ҳазор сомони талаб кард ва таҳдид кард, ки паспортатро мегирем дигар Русия намеравӣ, хизмат меравӣ. Ин раиси ҷамоатро чанд вақт пеш кадоме дар Ислоҳ пулгириашро навишт. Аз коррупсия омада қапиданд. 50 ҳазор сомониашро гирифтанду сар доданд. Аммо гуфтанд, ки боз дуздӣ куну барои мо ҷамъ кун, омада мегирему меравем ва ту боз коратро давом додан гир. Бовар кунед, ки кормандони коррупсия худашон русиёҳанд, ки ба коррупсия даст мезананд.
Дар ҷамоат чанд гектар замин монда буд, ки баъди ин кор онҳоро ҳам фурӯхт. Як ҷамоати калон, ки чанд дари даромадгоҳ дошт онҳоро ҳам фурӯхт. Аз стадиони Пахтакор боло ҳамаи заминҳо обӣ буданд, ки як қисмашон нофурӯхта буд, ки ин раиси ҷамоат онҳоро ҳам фурӯхт.
