Номаи маро алоҳида нашр кунед№21
Боз як бори дигар ассалому алейкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин! Ташаккур, ки навиштаҳои пешинаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой додед.
Аз Ғарм, аз қишлоқи Ҳалқарф менависам. Дар бораи раиси қишлоқ, ки мардумро сахт тарсондааст. Як гап мегуӣ, фақат амният мегуяд. Кораш фақат мардумфиребӣ. Ин раис Тоҳиров Файзиддин ном дорад ва дар милитсияи Ғарм ба ҳайси завхоз кор мекунад, аммо бузи пеши қишлоқ аст. Либосу пушоки милисаҳоро тақсим мекунад. Дар пеши раиси ҷамоат худашро ширин мекунад. Камтар ситораат нафорад сари бод мефурӯшад.
Тоҷирҳо ё камтар сумдорҳоро бинад, маҷбурӣ карда мегуяд, хайр кунед. Хайр, яъне барои ягон кори ҳоло мудшудаи «ободӣ»
Як сол пеш дар қишлоқи мо ду стадион барои кудакону наврасон ва ҷавонон ба 4 миллиону 300 ё 400 ҳазор рубл аз ҳисоби муҳоҷирҳо рост карданд. Маҷбурӣ аз мардум ҳам барои ин стадион пул гирифтанд. Агар сум надиҳӣ номатро дар варақ навишта дар роҳҳо мечаспонем, шармандаат мекунем гуфта мардумро ғам медиҳанд. Мардум баъзеашон қарз карда доданд. Ҳозир бошад боз мактаб рост карда истодааст. Тоҷиронро маҷбурӣ номҳояшонро мегирад то мактабро рост кунанд.
Эй, раиси беимон, ку як бор вазорати маорифро гуй 50 халта семент аз тарафи давлат равон кунанд. Медонем равон намекунанд. Ба Худо бародар барои одаме, ки камтар шароиташ соз аст як камаз регаш мефармояд. Аммо шароиташ камтар болотар бошад 100 халта семент дар гушҳояш кашол аст.
Мо дар қарибии мактабем. Мегӯяд, ки 500 сомонӣ ҷамъ кунед. Аз одамҳое, ки роҳашон камтар дур аст дар ҳоли ҳозир 100 сомонӣ гирифт. Он одам дорад надорад, фарқ надорад. Арматура қарз мекунад мебарад медиҳад. Худаш як арақхӯр аст. Ҳар бегаҳ маст меояд. Боз аз номи дин гап зада дуъо медиҳад, ин шайтон. Ин шо Аллоҳ, ками дигар мондааст. Инқилоб сар шавад ман якум ҳамин раисро меқапам, якҷо бо ду-се бузичаи дигараш. Корашон фақат дурӯғгӯӣ, ҳаромхурӣ, мардумфиребӣ аст.
Дар назди раиси ҷамоат ва раиси ноҳияи Рашт худашро ширин мекунад, ки «ана мо ду стадион сохтем ва як мактаб».
Эй, вой бар ҳоли ту! Ту пагаҳ чи хел ҷавоб мегуӣ дар назди халқ. Ба Худо ҳама шум мебинанд аммо фақат мардумро бо амният метарсонад. Ҳамин мардуми деҳаи моро -98 фоизашро мурғ кардагианд. Чизеашон мегӯӣ, гапшон фақат амнията мегем, ана капат дуд мекунад ҳамин хел мардума метарсонанд.
Мо дар мактаб мехондем ҳар ҳафта участковий меомад: — «ба сиёсат кордор нашен, ита нашен, ута нашен, фақат метарсонданд. Инҳо ҷавононро аз мактаб тарсониданро шурӯъ мекунанд. Алови чашми бачаҳора мегиранд, то ҳаминхел дар руҳияи мурғӣ ва тарсончаки калон шаванд. Ранги Кореяи шимолӣ кардагиянд. Фақад Ким Чин Ир нею Рах Кун Мур гуфта таҳдидмон мекунанд.
Дар Тоҷикистон дар тарафҳои Ғарм мардумро аз кудакӣ метарсонанд. Дар ҳамон мактаб аз талаба сар карда то муаллимро таъкид мекунанд, ки ба сиёсат кордор нашавед: «ита накнен,ута накнен,ита нашвад,ута нашвад».
Ҳозир як бачаи ҷавон дар горсвет кор мекунад, дар шабакаи интиқол ё тақсим намедонам, соҳиби столбаҳо. Беҳад мардумро ғам дода штраф мекунад.
Дар ин тарафҳои Ғарм одаме, ки аз Худо дур аст, одаме,ки ишқ ба Худованд надорад, одаме, ки раҳм надорад, ана ҳамин хелиҳоро раис мемонанд, албатта боз барои раисӣ сум медиҳӣ, баъд мемонанд. Одаме, ки намоз мехонад панҷ вақт, одаме, ки аз Худо метарсад тамоман ин хелиҳоро намемонанд.
Ҳоло дар бораи вай маълумот ҷамъ дорам.
Ҳамон стадионе, ки мо дар Ғарм рост кардем ба ҷуз аз он стадиони калоне, ки солҳои пеш буд, ин хел стадион дар район ва дар ягон қишлоқ нест. Стадионро мо конкретний рост кардем вале ба як ҷангу ҷанҷол. Як хелаш дар хонааш сум надошт, сум қарз кард. Як хелаш кудаконаш дар Қараболо вале ҳамон хел маҷбур карданд, қарз гирифта доданд. 15 000 сомонӣ сари одами одӣ дод. Барои онки шароиташ паст. Вале одаме,ки камтар нормалний аст аз 20,30 то 50у 100у 200 ҳазор рубл доданд.
Ду стадион яке дар боло дигари дар поин.
Ҳамон бачаи корманди шабакаи интиқолро чанд бор қапиданд бо дуздӣ. Суми мардумро мехурд. Мақсад аз дигар қишлоқҳо омада бузӣ мекарданд, суми онҳоро мехурд. Барои мисол меравад одамеро мебинад, ки камтар шохи дарахтро буридааст. Тамом, штраф чор панҷ –ҳазор.
Ҳозир ӯро барои ҳамин гуна «хизмтҳо»-яш раиси калон мондаанд. Бисёр мардумро ғам медиҳад.
Ана ин раиси мо Тоиров Файзиддин мардумро маҷбури маҳсулоти сохтмон фармуда мактабро рост карда истодааст. Дар ҳамон идораи ҷамоати Навди мераванд, намедонем дар бораи чи гап мезананд. Муллоҳову депутатаҳо ҳамааш мераванд. Корашон фақат мардумфиребиву пулканӣ аз мардум. Ҳар ҳафта худашро ширин карда ба пеши ҳамон раиси ноҳия муллоҳову депутаҳоро гирифта мебарад.
То ҳамин сол дар Ватсап Группа набуд, раиси ҷамоату раисони қишлоқҳо хабар надоштанд. Ҳамин сол уже группа кушоданд. Ин кори ҳамин Тоҳиров Файзиддин аст. Барои мисол барои ҷамоати Навдӣ группа кушоданд ва чанд қишлоқе дар ҷамоат дохил мешавад вориди ин группа кардаанд. Акнун раиси ҷамоат, раисони қишлоқҳо, баъд дар боло раиси амният, участкавой аз он истифода мекунанд. Ана ҳамин амният вайҳоро мефармояд, ки шумо мардумро битарсонед бо чи роҳе метавонед. Дар ҳамаи группаҳо, лично дар группаи мо шабу рӯз фақат чи мегӯянд, суми светро биспоред, суми светро намесупоред, участкавой медарояд дар даруни қишлоқ штрафатон мекунад ё амниятро медарорем. Боз мегӯя, ки кадомеат намесупорӣ мефармоем ба Ғарм меоӣ ва агар сад сум насупорида бошӣ дувуним –се ҳазор месупорӣ. Ҳаррӯз бо ҳамин гуна гапҳояшон, мардумро метарсонанд.
То ҳамин рӯзҳо маҷлис намекарданд, маҷлис набуд. Ҳозир ҳар ҳафта маҷлис мешавад дар чойхонаи мо ва аз ҳамаи қишлоқҳо чор то даҳ намоянда меоянд ва дар маҷлис иштирок мекунему маҷлис мекунанд. Мақсади асосии ин маҷлисҳо ҳам як чиз-тарсонидани мардум, ки сар набардоранд.
Ана он Ледиро оварда буданд қишлоқи мо, ягон беҳбудӣ накард. Омад ҳамин тамошо карду тамом. Барои тамошо кардани вай як моҳ пешакӣ хуни халқро хурданд.
Ҳамин лично раиси мо Файзиддин бинад, ки камтар ягон мошини беҳтар дорӣ, масалан тайота дорӣ дар группа Фалониев Фалонӣ як камаз рег биёр ё сад халта семент, маҷбурӣ,маҷбурӣ мефармоянд, ки гир биё. Ҳозир ана ҳамин хел шудааст вазъият.
Як хел одам мегӯяд, ки суми светро, ки истифодааш мебаранд бояд биспоранд. Ҳо, бояд суми светро биспоранд. Худат фикр кун, ки светро ду соат пагаҳӣ, ду соат бегоҳӣ медиҳанд, любой бомжи Ғарм суми светро супорида метавонад. Худат фикр кун, ки ду соат пагаҳӣ, якуним соат бегаҳӣ чи сум мешавад?. Любой зоти инсон метавонад, ки он сумро биспорад. Ҳама метавонад, шароит доранд. Лекин вайҳо барои свет нест, барои тарсондани мардум аст ки мардум мабодое нахезанд.
Бародар Муҳаммадиқбол! Барои ман навори суҳбати раиси ҷамоат, ҳамон роҳбари шабака ва Тоҳиров Файзиддинро фиристоданд. Ин наворҳоро бароятон матн карда мефиристам. Нашрашон кунед, то ба мардум ҳам симои воқеии онҳо ҳам вазъу ҳол дар Ҳалқарфро мардум донанд:
11000 суми дига нарасидестай
Саломалейкум. Мн Сайдаҳмад ҳамун роҳбари шабака. Плани ҷамоати деҳоти Навдӣ буд нашудаст 11000 суми дига мондагияй. Ҳамаи назоратчиҳое, ки дар ҷамоати деҳоти Навдӣ фаъолият доре бигре буд куне, проблема создават накуне ( беҳад тунд гап мезана) 11000 суми дига нарасидестай. Ҳамаи ҷамоатҳо буд каран қариб. Ҷамоати деҳоти Навдӣ ай ҳама қарзи калон дора 11000сум. То соати 12-и шаба барнома кор мекна. Ҳозир Бахтиёр ним соат пас да ҷойи кориш мешава. Мо барномара ҳар замон нигаҳ мекунем, кор куне.
Пга не пгаи дига Ҷаноби Олӣ меёя
Салом алайкум ҷавонои деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ. Бачаҳо ҳаминҷа ягон масъалаҳои қишлоқдорияй, ма ба ҳамаи ҳамин намерасум. Мисол бо Маҷнун дар хонаш рафтан гардан каҷ кардам, ки дафтарручкаро бигӣ, бо ай думои корои хоҷагиҳои деҳқонӣ бшав. Илтимос ҳаму бачара хафа накуне. Хай ҳаминҷа супоришо бисёран, ма ба ҳамаи и намерсам, ки пга не пгаи дига Ҷаноби Олӣ меёя ба ноҳияи Рашта меҳмонай. Супоришомон бисёран. Ман успетшон накара истодум. Акаи Мирзовалӣ ҳасту худум ҳастум у мардак ҳасту илтимос, илтимос ай ҳама, ки ҳамин дари хонаи кадомет мерава ҳамуҷа руйхатай, номат ҳастай, чи гапе мега будуш ку. Будуш карданӣ нестӣ ба хушию хурсандӣ ҷавобуш те брава. Разбор, баҳсу муомила накне. Илтимос ай ҳамат, кадомеда китоб нарасидай, ана ина биёяй фароғатгоҳ китобша бгира брава.
Панҷ лестнитсаи дигара дар ҷош ҷобаҷо кунем
Субҳ бахайр бачаҳои Ҳалқарфи бостонӣ. Созе, тинҷе хубе? Парвардигор соз боше. Бача ҳами масалаи обунаи 35 сумаи «Оинаи Рашт»-а брасоне да ҳамон мачитои маҳалли..худтон. Баъд дуюмуш, ки масалаи барқам гашта истодай, қарз мега намона. Ҳавайшам бте сумша, барои ҳисобот туғрӣ брава, ки бегаҳ хавар бошен, ки Ситод меган мешава, барои ҳамин барқ. Каме камбудӣ бисёран бачаҳо. Кушиш кардан даркор, ки бартарафшон кардан даркор бачаҳо саривақт. Супоришҳо ҳамита метиянму, бо ба шумо ҳаминта мерасонем бачаҳо.
Баъа ҳамин масалаи мост қариб мондай коруш. Исун сентябр омадестай бачаҳо, неки корш хобай. Ку ягон групаҳое нестан, ки дар барумон бхезан. Панҷ лестнитаи дигара дар ҷош ҷобаҷо кунем. Ба сентябра и дасти бачаҳора ҳуюш кунем, ки талабаҳо хушру браван биёян. Савобҷуҳо да гуҷо бошан, биёян, то рузи шанбе як фигр мекнем, маслиҳт мекнем. Ҳашар рӯзи шанбида. Савобҷуҳо да гуҷо бошан биёян я руз ёрдам кнан, ҷамъбаст шава ай ҳаму роҳ халос шем. Бо думи мактаби 84ра бигирем. Ҳоҷӣ Атохуҷа созӣ тинҷи хубӣ, да гуҷое бошӣ била шунавидӣ да галасавой бро қатим, як чиза маслиҳат кнем кори қишлоқдорияй. Я ббро.
Ҳаминтарӣ ҷавонмардора сафша зиёд гардона
Ассалому алейкум ҷавонои деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ! Созен, хубен тинҷед. Парвардигор соз боше, парвардигори18 000-и олам дар деҳамон доимо хурсандӣ бошаду тую тамошо бошаву Парвардигори 18000 олам ҳамамона нигаҳбон боша. Бачаҳо ҳамин як чиза пешатон гузаштанӣ ҳастам ки ба ҳисоби ҳамин мактаби 84 тағои ҳоҷӣ Зиёратшо, тағои Зиёвуддин 100 000 рублӣ урусӣ гузаронидагианд, хайр кадагиан барои ҳамин мактаби 84.
Ай шумо як чи хоҳиш менум, ки дар вақти нмозотон дар ҳақи модари шаҳидуш, дар ҳақи худшон дуъо кунед, ки парвардигор хайршона ба даргоҳш қабул кунаву Худои таоло ҳаминтарӣ ҷавонмардора сафша зиёд гардонаву деҳаи мо доимо ободӣ бошаву хурсандӣ боша. Худои таоло ҳамата нигаҳбон боша.
Худат бачаи хайрхоҳӣ
Бори дигар салому алайкум ҷавонои Ҳалқарф. Созен, тинҷен, хубен. Содиқҷон, бачаи раҳматӣ Аброриддин бародари азиз, ку я да тамос қатим бро. Худат бачаи хайрхоҳӣ, дастут да ҳами ҷамъият доимо расидагияй. Ку я да тамос бро, қатит ҳамсуҳбат шем бародари қанд.
Ду салдати дига мондай ҷобаҷо кнем плана буд кнем
Салом алайкум ҷавонои деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ. Созен, тинҷен, хубен. Худои таоло соз тинҷ боше. Бачаҳо мо ҳамин рӯз маҷлис рафта будем, расм бо гирифтем партофтем, ки ҳамчун бо даказат, ки бо боварто биёя. Хай ҳамиҷа масалаи салдат серёзни рафта истодай. Бачаҳо пга не, то рузи якшанбе соати 12 илтимос , илтимос, ки кушиш кнен пеш ай ҳами дромадани меҳмоно биё буд кнем, ки медроян пга повисткатийӣ меша, як гав меша, хавар меша, бҳонаи гап накнем:- буз буд, дузд буд, хонама ута кард, уҷара ита кад, ки мо да ҳами гапкунӣ устоему да ободкорӣ сустем бачаҳо. Ҳамин короя илтимос накуне. Ин бачаҳо ба хушию биёе сари як маслиҳат биёе. Ҳамин ду салдати дига мондай ҷобаҷо кнем плана буд кнем. Мо дурмадани меҳмоноки вай дурмадан у вахт дигар раисат пешпешаву ваё ай қафо. Мн маҷбур мешам, ки брам худта нишон бтам, ай руи руйхат. Ин да пеши ҳамат хоҳиш дорум, ки пеш ай омадани ҳаваё кора ҳали худша деҳа биёва.
Дига чизе, ки супориш буд ба ҳамат расондум. Ҳоле акаи Собирҷонам аз ин чизо бохабар меша, ки мисол раиси деҳа мардума ба телефонӣ гуфтай. Ина шомда бо да мачит мегуем. Бачаҳо қафокашӣ накне, ки бахудо проблема мешава. Агарки проблема шид, ҳар кас ай худуш хафа шава ай ман не. Саломат боше, тансиҳат боше, хонаобод боше.
Агар коме хайркун боша, суроғ куне
Салом алейкум ҷавонои деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ! Ҳамин я эълонномаяй баротон брасонум. Кадоме агар хайрхоҳ боша, хайр карданӣ боша як камаз қум барои ҳами деволи мактаби 84 -ина ҷои хайр. Ҳамина агар коме хайркун бошад суроғ куне — як камаз мейора я дулан меёорад ина я хайр.
Парвардигор доллара ранги борон да сарут брезона. Аллоҳу акбар!
Салом алейкум ҷавонои гиромӣ! Эълони хайри қума барои деволи ҳами ғиштои мактаби 84 гуфтем, соҳиби худша бровард. Ҳоҷӣ Назриҷон ба гардануш гирифт короша дид. Ана иҷа рег мемона. Рега касе, ки дастгиримон куна ай ҳисоби палигон. Мақсад, ки мошинуш да Ҳакимҷону регуш да палигон. Ина касе чи мекуна мардонагия меген кӣ кадоме хайркун боша, ина марҳамат бо барои рег. Саломат боше. Парвардигор дстон кама набина. Худои таоло анамитарин шербачаҳоро зиёд куна, ки ҳамин ҷои ҷаъмиятӣ, ҳами ҳе гуфтӣ ҳами шер боре бхеза кора ҳал кна. Зинда боше Назириҷун да гҷое бошӣ.
Худо раҳмат куна падарша, ана ита. Парвардигор дсти кама набине. Худои таоло ба муроду мақсадат брасӣ. Парвардигор доллара ранги борон да сарут брезона. Аллоҳу акбар! Саломат бошен бачаҳо.
*******************
Дар охир чи гуфтаниам? Имсол феврал интихоботи вакилон буд. Бачаҳо суратҳои Эмомалиро канда мепартофтанду участковийю амният мекофтанд. Гумон мекарданд, ки кори одамҳои Ислоҳ аст. Маҷлис мегузарониданду ҷанобу тинҷиву оромиро тавсифу таъриф мекарданд ва ҳатман мегуфтанд, ки дар шабакаҳо надароед, Ислоҳ тамошо накунед, гапҳои хоионҳоро гуш накунед.
Дар намози ҷумъа фақат таърифи Эмомалӣ. Инҷо аз ояту ҳадису ҳалолу ҳарому савобу гуноҳ саволу ҷавоб нест. Ин мулло кораш фақат ҳамин аст. Корашон мардумро тарсонидан аст. Аммо, худоро шукр, бисёриашон наметарсанд. Ҳама шуморо медонанд, мардум шуморо ждат доранд, ки кай сар мекунед.
Дар Ҳалқарф се моҳ пеш повесткатиӣ сар мешавад. Имоми масҷид бесавод аст, хато мехонад, худашон мондагианд.Танҳо як риш дорад, боз аз пушташ намоз мехонанд.
Моҳи ноябр Тоҷикистон омадм. Ришам баланд набуд. Дами 2и (андозаи теғ) мошина намегирифт, қапиданам дар Ғарм. Ҳуй хурдам. Ҳуй намехурдам бурда штрафам карда ягон статя мезанданд. Онҷо бо як ҷураам будем, ӯро ҳам қапиданд, бечора 500 доллар доду халос хӯрд.
Худоро шукр, ки халос хӯрдам. Ҳозир дар Душанбе ҳастам. Ин шо Аллоҳ, ки аз дасти ин золимон наҷот меёбем!
Охирсухани Ислоҳ
Леди- Зарина Идизода, ки ба қишлоқ омадиву танҳо тамошо кардӣ-ин нома барои ту низ паём дорад. Мардум аз таҳдиду маҷбурият хаста шудаанд, вале аз ҳама дарднокаш ин аст, ки мушкилоти онҳоро мебинеду хомӯширо интихоб мекунед. Мардум аз ту на тамошо, балки ҳамроҳӣ ва садоқат ба ҳақиқатро интизоранд.
Ба раиси ҷамоати Навдӣ ва риси деҳаи Ҳалқарф Тоҳиров Файзиддин: мардум аз ободии зурию аз ҳисоби қарзҳои камбағалон хаста шудаанд. Ободӣ вақте арзиш дорад, ки бар пояи ризоият ва шаффофият бошад, на бо тарсончакӣ ва таҳқир. Ҳар номае, ки аз Ғарм ба «Ислоҳ»мерасад, барои он аст, ки шумо бифаҳмед-мардум дигар хомӯш нестанд.
Ва ба масъулони амният: мардумро бо номи қонуният тарсонидан роҳи ҳалли мушкил нест. Қудрате, ки бар тарс бунёд шудааст, ҳамеша муваққатист. Агар шумо воқеан амнияти ҷомеаро мехоҳед, пас садои халқро бишнавед, на ин ки онро саркӯб кунед. Мардум аз сухан ҷиноят намесозанд- ҷиноят он аст, ки ба онҳо иҷозати гуфтани ҳақиқат дода нашавад.
Ин нома аз Ҳалқарф танҳо як ҳушдор аст: мардум дигар аз зулм наметарсанд. Ончиро, ки солҳои дароз пинҳон мекарданд, имрӯз худи мардум баён мекунанд. Ҳақиқатро метавон фишурд, аммо хомӯш карда намешавад. Рӯзе меояд, ки ҳар як масъул барои ҳар як амали худ ҷавоб медиҳад пеши мардум ва пеши таърих ва он рӯз хело наздик аст!.
