«Ислоҳ» бо сомонаи isloh.net ва шабакаи ютубии худ-«Ислоҳ.ТВ» соли 2025-ро, ки дигар ба гузашта ва моли таърих бадал шуд, ҳамоно дар миёни расонаҳои интернетии мухолифи режими худкомаи Раҳмонов мақоми аввали худро ҳифз кард. Ва дар фазои иттилоотӣ «Ислоҳ» минҳайси тавонотарин, муҳкамтарин, муқтадиртарин пурхонандатарин ва пурбинандатарин нашрия боқӣ ва устувор бимонд.
Маъмулан, дар охирин рӯзҳои сол, мо ба роҳи тайкарда ва корҳои анҷомдодаи худ назар меафканем ва чуноне мегӯянд ғалберро аз об бармедорем. Шукри Аллоҳи бузург, ки дар соли 2025 ҳам мисли солҳои гузашта кори «ислоҳиён», чӣ дар сомона ва чӣ дар Ютуб пурравнақ ва пурбор будааст. Инро оморе, ки шӯъбаи фаннӣ-техникии мо омода кардааст, тасдиқ ва тасбит мекунад ва инҷо бо камоли майл ба таваҷҷуҳи шумо пешниҳод менамоем:
Дар давоми соли 2025 Пойгоҳи «Ислоҳ» беш аз 300, дақиқан 311 матлаб нашр намуд, ки ин шумора дар қиёс бо соли 2024 16 адад бештар аст.
Дар соли ҷорӣ дар канори рубрикаи доимии «Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет» матолиби вофири таҳлилӣ ҳам доштем. Бо дархост ва талаби шумо,муштариёни муҳтарам Рубрикаи ҷадиде бо номи «Номаи маро алоҳида нашр кунед»-ро ташкил намудем,ки таҳти ин рубрика 25 барнома нашр карда шуд. Дурустараш 22 шумора тақдим ва се шумораи дигар омода ба нашр аст. Ин барнома ҳам аз навиштаҳои мардум таҳия мешавад. Вале тафовут дар инҷост, ки масъала ва мавзӯъ батафсил нигошта мешавад. Ҳоло пеши мо чандин мусаввадҳаҳои ин барномаи тоза дар ҳоли коркард ва омода шудан қарор дорад ва агар бо ин суръат идома пайдо кунад, баъид нест, ки дар соли оянда он нашри хеле зиёд дошта бошад.
«Семейканюс» –моҳномаи «Ислоҳ» ва «Ислоҳ.ТВ» барномаи сермутолиа ва сертамошобин соли дуввуми нашри худро пушти сар кард. Давоми 2 соли корӣ моҳномаи «Семейканюс» 24 шумора омода ва мунташир кардем.
Воқиан ҳам дар дарёфти хабару маълумот барои ин барнома хабарнигорони мо дар Душанбе ва дигар манотиқи кишвар заҳмати зиёд мекашанд, ки инҷо аз номи кулли бинандаи Ислоҳ, чи дӯст ва чӣ ғайридӯст барояшон ташаккур мекунам.
Пойгоҳи «Ислоҳ» имсол беш аз 11 миллион хонанда дошт. Адади хонандагони матолиби «Ислоҳ» дар Фейсбук моҳона аз 6 млн ҳам гузашт ва метавонем бигӯем, ки гузоришу мақолаҳои «Ислоҳ»-ро дар фейсбук 69млн хонанда мутолиа карда аст. Замимаи Пойгоҳи Ислоҳ низ дар телефонҳои Андроид ба хубӣ кор карду боргирӣ шуд.
Ислоҳ дар Ютуб чи вазъиятеро дар худ дошт ?
Дар соли 2024 ҳудуди 49,5 млн бинанда «Ислоҳ»-ро тамошо карда буд. 280 навор тақдим гардидида буд. 72 барномаи пахши мустақим доштаем, яъне 352 рӯз дар сол дар хидмати мардум будаем он сол.
Дар соли 2025 бошад «Ислоҳ» 209 миллион бинанда дошт. Пас аз ҷанги Русия ва Укроин дар Русия вуруд ба Ютуб маҳдуд гардид ва бо мушкил печид, ки маъаласаф беасар набуд. Аммо, ин боис нашуд, ки бар суръат ва сифати кори мо зарба зада бошад. Имсол дар Ютуб 359 навор (мустанад) нашр кардем, ки аз ин шумора 74 барномаи он пахши мустақим буд. 71 барномаи «Минбари Муҳоҷир» ,ки чуноне шоҳидед бо саволу ҷавоби муҷрӣ бо тамошобин сурат гирифт ва 3 барномаи «Зери Заррабин». Ҷойи зикр ва таъкид аст ки дар қиёс бо соли гузашта, ки 13 рӯз истироҳат доштем дар соли 2025 ҳамагӣ як ҳафта истироҳат доштем. Гоҳо бархе аз бинандаи «Ислоҳ» фикр мекунад, ки Барнома танҳо пахши мустақим аст ва барномаҳои дигари мо осонтар аст аз пахши мустақим. Аммо воқеият баракс аст хело аз барномаҳо ва матолибе дар Ислоҳ нашр мешаванд, назар ба барномаҳои онлайнӣ ва ҳамин пахши мустақим мушкилтару заҳматталабанд.
Имсол аз «Ислоҳ.ТВ» 22 ҳазор нафар отписатся ё хориҷ шуданд вале сипос мар худойро, ки 24 ҳазор нафари нав ворид ё подписатся кардаанд. Дар барномаҳои Ютубии мо дар соли 2025 -73 ҳазор лайк гузоштаанд.
Мо аз моҳи май то ноябр, яъне давоми 7 моҳ нашри наворҳои шорт- ихтисоршударо низ ба роҳ мондем, ки боиси афзоиши шумори бинандаҳои мо дар шабакаҳои маҷозӣ гашт. Ҳар рӯз панҷ навори кӯтоҳ мегузоштем ва ин наворҳои кӯтоҳшуда дар Инстаграм ва Тик Ток мунтазам нашр гардиданд. Инчунин сафҳаи Фейсбукӣ роҳандозӣ шуд, ки дар он низ ин наворҳои мухтасар вале пурмуҳтаво нашр мешуданд, ки ба ростӣ хело бинандаи зиёд доштанд. Ба ин далел метавонем бигӯем имсол «Ислоҳ»-ро аз ҳама зиёд дар Фейсбук ва Инстаграму Тикток диданд. Шумори бинандаҳо ки на камтар аз 100 миллион буд, ки воқиан ҳам хеле масарратбахш барои «ислоҳиён» ва шахсан барои худи ман буд. Танҳо дар Фейсбук теъдоди тамошочиҳои мо 69 миллионро ташкил дод ва ин ҳам тайи камтар аз ҳафт моҳ.
«Ислоҳ» бо ин ҳама дастовард, масъулияти худро дар назди бинандаи худ анҷомшуда намеҳисобад ва барои солҳои баъдӣ боз ҳам талоши бештар ба харҷ хоҳад дод.
Инро ҳам бояд бигӯям, ки масорифи моҳонаи «Ислоҳ» мисли солҳои қаблӣ 5000 (панҷ ҳазор) евро яъне ҳудуди 500 ҳазор рубли русӣ ва ё каме бештар аз он, тибқи курси муомила мешуда миёни евро ва рубл муқаррар шудааст. Мо, мутмаинем, ки барои соли оянда ҷавонмардоне пайдо хоҳанд шуд, ки ин ҳазинаро пардохт мекунанд ва мо ҳам битавонем ба ҳамин минвол идома хоҳем дод.
«Ислоҳ» дар соли 2025 ҳамагӣ аз канали ютубӣ 8627,69 (ҳашт ҳазору шашсаду бистуҳафт евро ва шастунуҳ сент) евро даромад доштааст, ки каме бештар аз масрафи як моҳаи он аст. Агар мо дар моҳ 5000 ҳазор евро масраф дошта бошем, ки имсол масорифи моҳона аз 6500 евро ҳам гузашта буд дар як сол 8627 евро даромад доштаем. Танҳо замимаҳо ва барномаҳои истифода мешуда дар Ислоҳ 640 евро мебошад. Метавон гуфт он даромаде Ислоҳ аз Ютуб дошт маблағи ҳамин замимаҳои интернетиро тақрибан пӯшиш намуд.
Ва, ҳоло чанд андешаеро дар инҷо, ки солро ҷамъбаст мекунему барои шумо ҳисобот медиҳам, мехоҳам баён бисозам.
Дуруст аст ки бештарини хонанда ва бинандаҳои «Ислоҳ» дар Русия ва муҳоҷирони кории мо мебошанд. Албатта, бо масдуд сохтани шабакаҳои муқтадири интернетӣ дар ин кишвар шумори бинандагони мо коҳиш ёфт вале ҳамон тавр, ки дар фавқ тазаккураш рафт ҷойи онро наворҳо дар Фесбук пӯшонд. Бархе аз барномаҳои ютубии моро барои мисол ду, се соли қабл 400-500 000 то 1 миллион бинанда медид. Аммо ҳоло ин шумораро надорем. Пахши зиндаи моро ҳам то 12-13000 медиданд. Вале тавссути Фейсбук, Инстаграм ва Тик-ток муваффақ шудем ин камбуд ба таври қобили мулоҳиза рафъ бишавад.
Ончики мо инҷо мегӯем ва бо солҳои гузашта муқоиса мекунем, қиёси раҳмоновӣ нест, ки бар фарзи мисол соли 2004-ро бо соли 2024, соли 2005-ро бо 2025 муқоиса мекунад. Қиёси мо воқеист ва ҳар ончизе мегӯем мустанад аст ва пеши дасти худи шумост, тугмаи ноутбук, компютер ва телефони ҳамроҳатонро пахш мекунеду ҳисобу китоб кард.
Чизи дигаре, ки мехоҳам махсус зикр кунам, ин аст ки таъсири навиштаҳо ва мустанадҳои «Ислоҳ» Раҳмонови диктотур ва дорудастаи вайро дар сатҳи болои боло ошуфта ва парешон кард ва онҳо дигарбора «фабрика ё ҳамон фермаи ҷавоб»-ашонро ба майдон дароварданд ва маълум аст ки қасд доранд афкори ҷомеаро бар муқобили мо мудирият кунанд.
Бо роҳҳои «дипломатӣ» пешниҳод карданд, ки бар ивази қатъи «Номаҳо аз ноҳияҳо» омодаанд якуним миллион доллар бидиҳанд. Ин барнома режимро бағоят ошуфта ва пурташвиш кардааст.
«Фабрикаи ҷавоб» наздик ба ду сол сукут кард. Ингор, бо ин сукути худ гуфтанӣ шуд, ки кадом «Ислоҳ»-е, кадом оппозитсионе дигар боқӣ намондааст ва ҳамин ҳоло ҳам, ки дигарбора, масалан бо номи «Маънавиёти Панҷакент» (албатта, яке аз гуруҳҳои фабрикаи ҷавоб) посухҳои подарҳаво ва гапҳои хоидагии бемаънову бемантиқро «посух» ба мо медиҳанд, тавре вонамуд мекунанд, ки дигар тамом, ин ҳукумат то қиёмат ҳаст, ҳаст.
Худи ҳамин эҳёсозӣ ва вориди афкори иҷтимоӣ кардани ин фабрика гувоҳи он аст ки шикасти сангин хурдаанд ва ҳарфи мо болои мардум ва дар равону руҳи мардум корагар аст. Чунки мо ҳарфу фикру зиндагии мардумамонро мегӯем, на инки Раҳмоновро ҳамчун мардум нишон медиҳем.
Раҳмонов, баъди аз радди Путин барои овардани Рустам дучори касалии ваҳмак шудааст. Аз ин касалии вай истифода карда, онҳое, ки аз ҳисоби гардон кардани «фабрикаи ҷавоб» барои худ як охури дигар сохтанд,ин «фабрика»-ро барои мубориза ва масофи иттилоотӣ муҳим хонданд ва онро дигарбора фаъол намуданд. Мо, аз ин кори онҳо бисёр ҳам розӣ ҳастем, чунки онҳо моро реклама мекунанд. Ва, мардум моро бо онҳо қиёс мекунанд ва бо зиндагии ҳамарӯзааш чен мекунанд ва ҳақиқат дар куҷост, мефаҳманд.
Мо аз ҳамон оғози кори худ изҳор дошта будем, ки «до конца» меравем ва то онҷо, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат хабарҳо мерасад, моро ҳоло дар Тоҷикистон дар экранҳои телевизорҳои худ тамошо карда истоданд вале ҳамин ки Раҳмонов баромад кард, зуд ба канали дигар тоб медиҳанд. Ин маънояш он аст ки бо вуҷуди ин ҳама таъқибу тарсу фишороварданҳо мардум бо мо, бо душманони ин режим аст ва ончи мо мегӯем барои онҳо фораму гӯшнавоз аст. Маълум аст ки мо барандозии ин режимро нақароти гуфтаҳои худ қарор додаем. Пас, ин мардум ҳам барои ҳамин нақарот бо мо аст. Ҳамин тавр не?
Барои ҷомеаи тоҷик, ки дар шароити фишор, тарс ва маҳдудият зиндагӣ мекунад,вуҷуди «Ислоҳ» ва амсоли он мисли обу ҳаво зарур аст.
Як нигоҳи мухтасар ба фаъолияи «Ислоҳ» кофист, ки дар ин роҳ мо хеле корҳоро анҷом додаем. Барои мисол соли 2021 барои «Ислоҳ» соли шикастани хомӯшӣ буд.
Вокунишҳои сахти мақомот ба ҳар сухани интиқодӣ худ он солҳо нишон медоданд, ки сухан ба нуқтаи ҳассос расидааст. Соли 2022 «Ислоҳ» тадриҷан ба минбари муҳоҷирон табдил ёфт. Муҳоҷират барои Тоҷикистон танҳо масъалаи иқтисодӣ нест, балки як воқеияти сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоӣ аст. Миллионҳо шаҳрванд берун аз кишвар қарор доранд, аммо тарси таъсири онҳо дар сиёсати дохилӣ Раҳмоновро раҳо намекунад
Дар ҳамин сол иртиботи «Ислоҳ» бо хонанда ва бинанда шакли фаъолтар гирифт. Номаҳо, паёмҳо ва иттилооти ирсолшуда аз дохил ва хориҷ нишон доданд, ки ҷомеа танҳо шунаванда нест, балки иштирокчии раванд шудааст. Фишор ба муҳоҷирон, таҳдид ба хонаводаҳо ва боздошт бо иттиҳоми «ҳамкорӣ» далели он буд, ки низом аз паҳншавии иттилооти мустақил нигарон аст.
Солҳои 2020–2023-ро метавонем марҳилаи ташаккули (тавсеа ва тараққиёт) эътимод номем. Дар ин давра «Ислоҳ» аз як минбар ба як ҳаракат табдил ёфт. Ҳаракате , ки бо иштироки мустақими мардум пеш мерафт. Номаҳо дигар танҳо шикоят набуданд, балки ҳуҷҷатҳои зиндаи воқеияти рӯзгори ҷомеъаи Тоҷикистон гардида буданд.
Соли 2024 ин ҳаракат ба имтиҳони ҷиддӣ кашида шуд. Дар гузориши солонаи он сол ошкоро эътироф гардид, ки имконоти молиявӣ коҳиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, фаъолият қатъ нашуд. Баръакс, таваҷҷуҳ ба номаҳо ва шикоятҳои мардум бештар гардид. Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба яке аз шаклҳои асосии фаъолияти «Ислоҳ» табдил ёфт. Аз миёни садҳо матлаби нашршуда, қисми зиёди онҳо маҳз аз воқеаҳои дохили кишвар буданд ва аз ҷониби худи шаҳрвандон ирсол мешуданд.
Ин барнома таъсири мустақим дошт. Пас аз нашри бисёре аз номаҳо мақомот маҷбур мешуданд вокуниш нишон диҳанд. Ҳарчанд дар баъзе ҳолатҳо муаллифони номаҳо зери фишор қарор мегирифтанд, худи вокуниш далели таъсир буд. Агар ин фаъолият бетаъсир мебуд, чунин вокуниш ҳам намешуд.
Соли 2024 ҳамзамон соли шикастани яке аз табуҳои асосӣ буд, табуи баррасии ошкорои сохтори оилавии қудрат. Силсилаи «Семейка news» на танҳо барномаи интиқодӣ, балки таҳлили сохтории робитаи хешутабор, мансаб ва манфиат гардид. Вокунишҳои асабонии доираҳои вобаста ба қудрат ва талош барои ҳимояи ҳуқуқӣ нишон доданд, ки мавзӯъ ба нуқтаи ҳассос расидааст.
Дар ҳамин сол ҳамлаҳои густурдаи ҳакерӣ ба пойгоҳи Isloh.net сурат гирифтанд. Пойгоҳ борҳо аз кор монд, аммо ҳар дафъа барқарор шуд. Ин мубориза танҳо техникӣ набуд, балки нишондиҳандаи иродаи идома додан буд. Ҳуҷумҳои ҳакерӣ аз хориҷи Тоҷикистон яъне бо пардохти ҳазинаи бузург барои харобкардани Пойгоҳи Ислоҳ роҳандозӣ шуда буд. Ҳар рӯз садҳо ҳазор ботҳо ба Ислоҳ ҳуҷум мекарданд. Агарчи мисли соли 2023 натавонистанд ҳатто барои ду рӯз мутаваққиф созанд,тамоми масорифу заҳамоташон бе натиҷа тамом шуд. Шикастҳои пайдарпай фаъолияти фермаи ҷавобро ҳам ноумед кард. Тӯҳмат ва таблиғи фармоишӣ дигар таъсири пешинаро надошт.
Соли 2025 идомаи мантиқии ҳамаи ин ҳаракат гардид. Ин сол барои ҷомеа соле буд, ки дар он фаҳмиш аз сатҳи эҳсос ба сатҳи таҳлил гузашт. Масъала дигар дар як шахс ё як ҳодиса маҳдуд намонд. Ба тадриҷ барои хонанда ва бинанда равшан шуд, ки мушкил дар низом аст, дар ҳалқаи қудрате, ки мансаб, амният, сарват ва таблиғро ба ҳам мепайвандад.
Дар соли 2025 «Ислоҳ» бештар ба шарҳи механизмҳо пардохт: чӣ гуна қарорҳо қабул мешаванд, чаро масъулият ҳамеша ба поён меафтад ва чаро қонун интихобӣ истифода мешавад. Ин гуна аз фошсозии алоҳида ба таҳлили сохторӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои фаъолияти солонаи 2025 буд.
Ин сол ҳамчунин бо нишонаҳои ихтилоф дар дохили низом ҳамроҳ буд: барканориҳо, боздоштҳои интихобӣ ва нигаронӣ аз ифшои иттилоот. Ҳамаи ин нишон медод, ки фишор дигар танҳо аз поён ба боло нест, балки дар дохили ҳалқаи қудрат низ таниш вуҷуд дорад.
Соли 2025 нишон дод, ки фишор ба таври механикӣ дигар кор намекунад. Тарс метавонад як шахсро хомӯш кунад, аммо вақте фаҳмиш хусусияти ҷамъиятӣ мегирад, онро пурра боздоштан мумкин нест. «Ислоҳ» дар ин сол бештар ба мактаби тафаккури интиқодӣ табдил ёфт, на танҳо ба манбаъи хабар ва ошкори ҷиноятҳои мақомдорон ва оилаи ҳоким бар кишвар.
Бо итминони комил метавонем дар ин гузориши соли 2025 бигӯем, ки имсол аз солҳои қабли фарқияти бузург дошт. Аз чанд ҷиҳат ва равиш:
Матолиб ва гузоришҳои Ислоҳ дар робита ба фасод ва ҳама гуна ҳолатҳое зикр мешуд дар ҳол мавриди таваҷҷӯҳи мақомот қарор мегирифт ва дар ҳар зинаҳое мавриди тафтиш ва амал қарор мегирифт.
Аз барканароии раисони ноҳияҳо ва ба зиндон кашидани онҳо, инчунин ҳолатҳои гуногуни дигаре, ки ВАО онҳоро зикр намудаанд.
Ислоҳ , то имрӯз аз ошкори ҳақиқат ва тақдими он ба миллат ва мардум қадам қафо нагузоштааст. Дар сангинтарин ҳолатҳое қарор доштем вале ин роҳи муқаддасро ба ивази чизе нафурӯхтаем ва ин шо Аллоҳ то охир хоҳем рафт.
Ҳисоботи солонаи 2025 ҷамъбасти як марҳила аст. Марҳилае, ки аз соли 2019 оғоз шуда, тавассути ташаккули садо, афзоиши эътимод, фишор, номаҳои мардум ва таҳлили сохторӣ ба ин нуқта расид. Ин матн на танҳо ҳисоботи фаъолият, балки санади як давра аст, барои сабти он чи рӯй дод, чӣ гуфта шуд ва чӣ гуна ҷомеа тадриҷан аз хомӯшӣ ба суол расид.
Мо аз ин миллату мардумем чизе барои пинҳон кардан надорем, ончи ҳаст ошкоро мегуем ва гузориш хоҳем дод.
Боқӣ саломат ва сарбаланд бошед.
Бо эҳтиром Муҳаммадиқболи Садриддин
Мудири пойгоҳи таҳлилӣ ва сиёсии «Ислоҳ»
30.12.2025
