Номаи маро алоҳида нашр кунед №25
Ин шабурӯзҳо дар саросари кишвар маъракаи тақсимоти дуҷилдаи «Шоҳнома»-туҳфаи Эмомалӣ Раҳмонов ба сокинони кишвар давом дорад. Албатта матлаб аз ҳаводиси соли 2025 ва тирамоҳи он аст. Телевизиону радио ва нашрияҳо гапи даҳонашон ҳамин масъала шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам масъалаи номери як.
Аммо барои кормандони идораҳои ҷамоат тақсими «Шоҳнома» як дарди сари дигар шуд. Барояшон маъракаи обуна, барояшон маъракаи облава камӣ мекард, акнун онҳо ин китобҳоро бояд сари оила тақсим кунанд.
Як нафар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки свет нест, Шоҳномаро дар бесветӣ бихонем свет мешавад? Нафари дигар аз қавли Раҳмонов навиштааст, ки бесветиро баҳона накунед. Ҳофизу Саъдиву Ҷомиву Синову дигару дигарҳо дар бесветӣ ин ҳама китобу асарҳои худро навиштанду эҷод карданду машҳури олам шуданд.
Ҳоло Шоҳнома бихонем, ки чи бишавад? Манзалатамон бо Шоҳнома баланд ва ҷойгоҳу эътиборамон боло меравад?
Барои як корфармои урус ва як корфармои қазоқ, ки миллионҳо миллионҳои мо таги дасташ кор мекунем, Шоҳнома хондану донистани мо чи аҳамият дорад? Вақте мо муҳоҷири дарбадар ҳастем, вақте поинтарин маошро дар кишвар дорем, вақте хонаҳоямон сарду торик аст, вақте ҳиҷ ҳуқуқи мо риоя намешавад мутолиаи Шоҳнома ба кӣ мефорад, ба чӣ дард мехурад?
Ин як фиребу шайтанату тазвири Раҳмонов бари халқ аст, бо ин васила таваҷҷуҳи халқро аз масоиле, ки бояд ҳал бикунад, дур карданӣ аст. Аммо иҷо ҳам манфиати молӣ мебарад.
Чанд соли пеш «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро ҳам чоп карду ройгон ба мардум дод. Аммо, баъдан маълум гардид, ки аз ҳисоби бюҷети мамлакат наздики 15 миллион доллар барои чопи китоб ҷудо кардааст, ки аз ин ҳисоб 7 миллион доллари он фоидаи софу муфти нашриёти «Се ганҷ»-и Фарози Шамсулло Соҳибови домоди шудааст.
Моҷҷарои чопи ин китоб дар як навиштаи бисёр ҳам ҷолиби «Озодӣ» муфассал дарҷ шудааст.
Раҳмонов ҳатто аз чунин мутилаҳо ҳам фоидаи ҳангуфт ба даст меоварад. Феълан,маълум нест, ки барои чопи Шоҳнома чи миқдор маблағ ҷудо шудааст ва ношири он кадом нашриёт аст?
Раҳмонов бо роҳандозии ҳамин гуна «иқдомҳо» халқро гӯл заданӣ аст. Ё аз қабили чунин озмунҳо-«Донандаи беҳтарини асарҳои Раҳмонов», «Фурӯғи субҳои доноӣ китоб аст», «Беҳтарин клип бахшида ба рӯзи Президент» ва ғайраву ғайра, ки ҳатто аз бурдани номашон ғаш ва қайи як инсон меояд.
Ҳамин Раҳмонов дар умри сараш ягон китоб хондааст? Нафаре, ки дар умри сараш ҳатто як китоб нахондааст, имрӯз муаллиф 113 китоб аст. Мазоҳу масхараи илму донишу китоб то ин ҳад намешавад.Ахиран як китоби Раҳмонов дар бораи Мавлонои Румӣ дар Туркия ҷойи аввал гирифтааст.
Э бародаро, итари бадам не. Ин айб аст, ин шармандагӣ аст, ин изову хиҷолат аст. Раҳмонов куҷову Мавлоно куҷо?. Ҳатто Раҳмонов куҷову Саидалӣ Вализода куҷо, Раҳмонов куҷову Муҳаммад Ғоиб куҷо. Муъмин Қаноату Лоиқу Бозорро намегӯем.
Раҳмоновро ба китоб чи кор?
Солҳост, ки як гапи аблаҳонаи Раҳмоновро, ки ҳамонро ҳам ҳатман касе дигари аз худаш ҳам аблаҳтар гуфтааст, дар ҳар куҷо ҳак мекунанду овезон: «Фарҳанг ҳастии миллат аст». Хуб, ки чӣ? Молияву иқтисод ҳастии миллат гӯем, чи мешавад. Яъне чи фарҳанг ҳастии миллат. Миллати бефарҳанг вуҷуд дорад? Оё Раҳмонов фарҳангро медонад, ки чист? Ё фарҳанге Раҳмонов дар назар дошта сухани дигари ӯст, ки гуфта буд: «Рақс бошад, суруд бошад, ана ҳаминхел чорабиниҳои сатҳи баланд бошад…» Дар ҳоле рақсу суруду мусиқӣ магар фарҳанг аст?
Як нафар аз ҳамин навкарони ҳукумати Раҳмонов, ки дар Додситонӣ фаъолият мекунад гуфтааст: «бояд кастуму бурк пушем, куртаи сафед, галстук бандем ва туфлӣ дошта бошем. Нафар гуфтааст, ки чаро? Чунки ин шаклу намуди одами културний аст. Одами културний террорист намешавад. Касе галстук бандад, масҷид намеравад. Дар масҷид террористо мераван. Мо бояд културний бошем».
Аҷиб аст. Ҳамин тавр не?
Шояд аз осори шоир Ниҳонӣ ва Ато Мирхоҷа (ҳамон байти Ҷинпину Путину Трамп ҳамакаса паёми Раҳмон мешунаванд) Раҳмонов шеъру достонҳо қироат карда бошад. Вагарна ҳамаи мову шумо хуб медонем, ки Раҳмонов куҷову китоб куҷо? Ҳилла заочний хонда буд, пиставу тухми мурғ ба муаллимҳо пора мебурд ин пирбузбалаи аҳмақ.
Вақте Раҳмоновро дар Тирмиз ба Иҷлосияи 16 гусел мекунанд Рустам Ахмедов, вазири мудофиаи Узбекистон ба сару либосш нигоҳ крада раиси военторгро мефармояд, ки ин ҷулҳундиро бареду сарутан кунед, ки пагаҳ фардо раиси давлат мешавад.
Гардиши чархи фалакро бинед, ки акнун ҷулҳундии кашталканда «Шоҳнома» тақсим мекунад. Шоҳномаро дар ин бесветӣ чи кунем? Свети мардумро деҳ аблаҳи корношоям!.
Шоҳноматақсимкуни
Дар Ғарм(Рашти имрӯза) маъракаи тақсиму тавзеъи Шоҳнома,моҳи август,қабл аз ҷашни Истиқлол ва сафари Раҳмонов ба ин минтақа шурӯъ шуда будааст.Зоҳиран ин китобҳоро дар чойхонаи Ҳалқарф,ки онҷоро фароғатгоҳ ҳам мегуфтаанд ва дар онҷо туйҳои мардум ҳам баргузор мешудааст,тақсим кардаанд.Як корманди ҷамоат ё касе дигар шаби аввали оврдани китобҳо,ки тахмин меравад 19-20и август бошад,то рӯз посбонӣ кардааст.Ин китобҳоро қабл аз сафари Раҳмонов ба Рашт оварда ва ба мардум дастрас кардаанд.
Як нафар навишт,ки ин китобҳо пеш аз Эмомалтр ба Ғарм омад.Албатта,аз ҳисоби ҳавай буд.Ба худо ҳамин китобҳоро маҷбур ба мардум доданд.Кадомеро дар роҳ медиданд,маҷбур медоданаш.Ин кор дар чашми мардум хок пошидан аст ки ҳама гуё Раҳмоновро дуст дорад.Лекин ин қишлоқи мо ин тоғутро дуст надошт ва дуст нахоҳад дошт.
Навору садоҳо
Дар дасти «Ислоҳ» навори суҳбатҳои нафарҳои масъули деҳаи Ҳалқарфи Ғарм расидааст, ки онҳо аз мардум хоҳиш ва илтиҷо мекунанд, ки оянду китобҳои туҳфаи ҷаноби олиро бигиранд. Мо ин наворҳоро айнан ба матн баргардон ва пешкаши шумо, хонандаҳои азиз кардем. Худатон хонеду қазоват кунед ва бо он таблиғу ташвиқи расонаҳои давлати Тоҷикистон муқоиса намоед.
Китобора овардем, фроремшу?
Салом алайкум бачаҳои деҳаи Ҳалқафри бостонӣ. Созен, тинҷен,хубен.
Обидҷон, Ҳумайнӣ, акаи Абдухалил, акаи Тоҳирҷон-голден барои фароғатгоҳи байна ку бийоен китобора овардем, фроремшон. Кори тақсимоти қишлоқдорӣ, хоҷагидоришон бинем.
Илтимос, ҳамира шунидаму мн да тамос. Касе, ки моя нашунид, илтимос, бачаҳо хабардоршу куне ба фароғатгоҳи байна биян.
Супоридани китобҳои Шоҳнома- туҳфа аз номи Пешвои миллат
Салом алейкум ҷавонои деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ!
Имрӯз 21 август супоридани китобҳои Шоҳнома- туҳфа аз номи Пешвои миллата сар кадем. Ай ҳамат эҳтиромона хоҳиш када мешава, ки паспортотона гирифта биёоен. Китобҳое, ки ба номтон ҳастан бигрен барен. Илтимос, хоҳиш.
Да нумтон омадай. Биёе бигире барешон, илтимос, хоҳиш
Салом алейкум бори дига ҷавонои деҳаи Ҳалқафр. Хонангиҳотона хабардор кнен бачаҳо. Биёен ҳамин китобои туҳфа ай Ҷаноби олиян бгире баре бачаҳо. Да и чойхона намонешон бестан. Да нумтон омадай. Биёе бигире барешон, илтимос, хоҳиш.
Обидҷон да гҷое бошӣ,биё нормаи ҳади болоя руйхата бдонӣ, аҳолӣ чанқай бигире барешон тақсимота сар кне, бгзароне хуб меша.
Бароики мондагия китоб- 70 фоиз, рӯзам брафт, соатам брафт
Салом алейкум ҷавонои деҳаи Ҳалқафри бостонӣ. Бача ҳами мардум суст омасодиян. Бге ҳаду ҳамсояқатӣ биёян паспортошона биёран бигиран бран. Биёян ҳақи ҳамун нормаи туҳфашона бигиран китоба. Бароики мондагия китоб- 70 фоиз, рӯзам брафт, соатам брафт. Нафаҳмида истодем бахудо. Ита бетарафан барои худшон. О ҳақи худша биёя бараш бетарафӣ карда истодиян. И туҳфаи Ҷаноби олияй. Ношгрӣ накнен, бачаҳо, бгиен биёян баран. Илтимос!.
Ҳамин китобо мондай. Дутаан якум ҷилд дуюм ҷилд
Салом алейкум ҷавонои деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ. Созен, тинҷен, хубен. Бачаҳо имрӯзашам рафта истодай, ҳамин китобо мондай. Бе ҳамун туфаҳое, ки ба номтон ҳастан ай номи Ҷаноби олӣ бигрешон бирен. Илтимос эй, мардум барои ки бо пга шаб туяй намонан дар ниспароҳ -дар фароғатгоҳ. Ана и шаб ку ина пост истодем бунишун (бониашон) кардем. Биёе илтимос то бегаҳара баре ҳамун нормаҳоя ба худтона фоида худтона, барои фарзандои худтонан мехонан ёд мегиран я чиза мефаҳман. Эй, мардум китоби ина туҳфаи Ҷаноби олияй биёе бигире бачаҳо, дер накунен. Хтон набоше ҳаму фарзандотона роӣ кунед ҳамун паспорт бгран биёян имзо карда бтонан тамом, мегира мерава. Дутаан якум ҷилд дуюм ҷилд. Илтимос ҳаракат куне бачаҳо.
Ҳози ага ҳамин халтаи орду шакар боша, як помош бошад бист бори дига бо ҳақоратам мене
Ҷавонои деҳаи Ҳалқафри бостонӣ. Созен, тинҷен, хубен. Парвардигор соз бошен, тенҷ бошен. Чи хеле ҳами кор скрин шудагияй. Ё китобхонитон намефора ё чи хеле ки.. ҳамин китоби Шоҳнома ай номи Ҷаноби оли туҳфаяй барои ҳар як хонадон. Эй, бародар ҳози агар ҳамин халтаи орду шакар боша, як помош бошад бист бори дига бо ҳақоратам мене, ки черезуш кад ина дод мна надод. А бача ҳамин туҳфаи Ҷаноби олияй охир. Ай ҳама чизи қиматарай иёе. Бгу бараншон ай хоҷагиҳотон. Эй, бача, ҳамин даҳ минут вахт мешава, биёе, эй мардум.
Падаркаи Ҷаноби олияй, илтимос,хоҳиш, қадрдонӣ куне
Салом алейкум ҷавонои деҳаи Ҳалқафри бостонӣ. Созен, тинҷен, хубен. Эй, бача рӯз бегаҳ шид, ҳамин китоботона набурде. Эй, мардум ҳамаин туҳфаи Ҷаноби олияй, биёе баре ҳамин чизи падаркаи Ҷаноби олияй, қадрдонӣ куне. Эй, мардакои хуб биёе, ки намуна.
Масалаи китобгиритон суст рафта истодай
Салом алайкум ҷавонои деҳаи Ҳалқарф. Созен, тинҷен, хубен. Ҳами масалаи китобгиритон суст рафта истодай Хоҳиш менум ай ҳамат. Ҳамун хунаҳотун, хутонам, ки нарасидед ба фарзандотун ҳаму паспортотона роӣ кунед, ки ҳами имзо карда бтона да ведимост. Ду китобай: ягу ду. Бигиран бараншу. Мехоне чизои хуб навистагиан, ба раҳи рост одама мебара. Илтимс. И туфа аз номи Ҷаноби олияй. Бгре, бгре баре туҳфҳора. Ҳар як хонадонатон туҳфа шудагия. Пага шаб бо шабтуяй, фарғатгоҳа холӣ кнен бачаҳо.
Пасгуфтори Ислоҳ
Китобро ба мардум бо зӯр додан ин таблиғи фарҳанг нест, ин таҳқири фарҳанг аст.
Вақте хона торик аст, китоб чароғ намешавад.
Вақте дег холист, «Шоҳнома» нон намешавад.
Мардумро солҳо аз китоб тарсондед, аз илм дур кардед, аз фикр кардан ҷиноят сохтед. Имрӯз бошад, бо ҳамон китобе, ки худашро куштед, мардумро фиреб додан мехоҳед. Ин на ишқи адабиёт аст, на эҳтиром ба Фирдавсӣ, ин намойиш барои пинҳон кардани фақр аст.
Мардуме, ки барои гирифтани китоб маҷбур ба ҳозир шудан, имзо гузоштан ва ҳуҷҷат овардан мешавад, дигар хонанда нест, ӯ объекти маърака аст. Ин раванд на эҳёи фарҳанг, балки рамзи фосилаи амиқ миёни таблиғ ва воқеияти зиндагии мардум мебошад.
Фарҳанг танҳо дар муҳити серӣ, амният ва озодӣ рушд мекунад. Бе инҳо, ҳар китоб ҳатто «Шоҳнома» ба қоғази хомӯш табдил меёбад.
Мардум имрӯз танҳо як чиз мехоҳад:
Равшанӣ дар хона, кор дар кишвар, амният дар зиндагӣ.
Ва шумо ба ҷойи ин ҳама, ду ҷилд қоғаз медиҳед.
Шумо мардумро ба ҷое расондед, ки дигар на аз китоб лаззат мебарад, на ба сухани «фарҳанг ҳастии миллат аст»и бардурӯғатон бовар дорад.
Чун миллате, ки ҳастиашро аз нон, барқ ва адолат маҳрум карданд, бо шиор зинда намемонад.
