Номаи маро алоҳида нашр кунед№26
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин ва тамоми бародароне, ки дар ин роҳи мубориза саҳм мегузоранд ва хизматҳое мекунанд. Баракати Аллоҳ бар онҳое бод, ки дар ин барномаҳои шумо кор мекунанд. Дар оғози ин навишта гуфтаниам, ки барномаи «Зери заррабин»-ро аз аввал то ба охир тамошо кардам. Беҳтарин барнома ва таҳлил буд.
Бародар Муҳаммадиқбол! Агар ин номаи мо арзише дошта бошад, хоҳиш мекунам алоҳида нашр кунед. Ва мехоҳам ин шеъргунаеро, ки худ дар ғарибӣ эҷод намудаам, инро низ дар барнома ҷой диҳед, шояд ба гӯши касе расаду бедор шавад:
Эй мард, биё саф кашем баҳри наҷоти миллат.
Миллат зери по шуд аз чанги пои давлат
Давлатро имрӯз донанд бо номи як пирсаг,
Уро боз хонанд «пешвои» ин миллат.
Хоки ватан фурӯхта, қисм-қисм зи гирди сарҳад,
Қатлу қитол карда ба ҳар фарди ин миллат,
Эй мард, биё саф кашем баҳри наҷоти миллат.
Милат хору зор шуд аз зулми ин ҷафокор,
Инро шунав ту аз ман-дил хун шудаву афгор,
Аз Украин фиристанд ҷисми бародари ту,
Ашк рехта имрӯз сад модари дилафгор.
Эй мард, биё саф кашем баҳри наҷоти миллат.
Мард бошу сар бардор аз хоби гарон имруз,
Ин хоки пок имрӯз зери пои манғит шуд.
Як ҷон офаридат, баҳри ватан Фидо кун.
Имрӯз бояд бошем дар фикри хоки миллат,
Ин ҷон баҳри милат қурбони озоди-ш кун.
Эй мард, биё саф кашем баҳри наҷоти миллат.
Ростӣ, борҳо хостам нома нависам аз азобу уқубати миллат ва зулм болои миллат, дигар ҳама навиштанду гуфтанд. Ин номаи ман шикоят аз болои зулми мақомот ва зулми Раҳмонов нест, ин хитоб ба миллат мебошад.
Гуфтаи Мавлоно аст, ки мегӯяд:
Банд бигсал, бош озод, эй писар,
Чанд бошӣ банди симу банди зар.
Эй мардум, эй милати азиз! То ба кай ин зулму қитол ва ин пастнигарӣ аз тарафи чи мақомоти худамон ё аз дигар давлатҳо бори муҳоҷиратро мекашем?
Бубинед, ки дар паёми худ пешвоятон чи гуфт? Нағз ба суханонаш гӯш додаед? Ва, чи гуна таҳқир ба дини мо карда мегӯяд: Дини шуморо кӣ мегирад. Қуръоне, ки бо фармонаш тарҷума шудааст онро хонед бас! Охир, лаънатии Раҳмонов, пирсаг, банкаи салёнии 34 сол туршшуда, ҳатто аз пириат забонат дар гапзанӣ мепечад. Охир динро на фақат аз рӯи Қръону намозхонӣ фаҳмида мешавад. Лаънатӣ, мехоҳӣ, ки мардум мурғ бошанд? Охир ба фармудаҳои Қуръон бояд амал кард ва онҳоро дар зиндагонӣ амалӣ кард.
Дар ҳақиқат ин мардумро мурғ крадааст.
Бале шоирону олимони гузаштаи мо динро аз рӯи Қуръон омухтаанд. Инҷо илми ақида ҳаст, илми ҳадис ҳаст, илми фиқҳ ҳаст. Бо хондани рӯякии Қуръон ва тарҷумаи оддии он чӣ мефаҳманд ин мардум? Аз Қуръон улуми дигаре гирифта мешавад,ки барои омӯзонидани он уламои дин бояд мардумро фаҳмонанд, то фаҳманд. Магар ту иҷозат додаи,ки он уламо мардумро фаҳмонанд? Ин саволро ба худат деҳ ва посухашро ҳам ба худат деҳ!
Эй хлқи азиз фаҳмед. Ин номаро ман якум бор баъд аз куштори ваҳшиёнаи Қобилҷони 10 сола навиштам. Бинед, ки блогерон метарснад хитоб ба мақомоти рус ё ба мақомоти худамон кунанд.
Якум ин аблаҳ Раҳмонов гунаҳкор аст ба ҳама ҳодисаҳои фоҷиавии дарун ва беруни кишвар. Барои онки озодии сухан нест ва дар ҳар ҳодсаҳои кишвар на ягон муфаттиш ва на ягон криминалист кор бурда наметавонад. Агар кор барад ӯро Раҳмонов бо авлодаш бадарға мекунад.
Бародар Муҳаммадиқбол! Шумо медонед, ки ман чанд вақт аст бо шумо ҳастам ва чи корҳоро дар дохил анҷом додаам ва бо ман чи ҳодиса рух дод ва ҳозир дар куҷо дар муҳоҷиратам.
Оиди ин низ ба мардум хитоб мекунам, ки ҳар касе агар дар роҳи озодии миллату ватан саҳм гузорад ва инро барои ин дини пок, ки Раҳмонов зулм кардааст, хизмат кунад, Аллоҳ бо ӯст.
Бродар худат медонӣ, ки саҳмгузориро аз данат, аввал бо маблағи панҷсад рубл дар як маош, баъдтар 1000 рубл дар моҳ, оҳиста-оҳиста то ба 5000 рубл расонидам ва ҳоло кӯшиш карданиам, зиёдтар кӯмак кунам.
Эй миллат! Натарсед, кӯмакҳои худро расонед. Танҳо гӯед аз барои озодии миллат ва ризои парвардигор. Бовар кунед, Аллоҳ бо шумо мешавад.
Ҳодисае, ки дар ватан бо ман шуда гузашт ба шумо гуфтаам. Ва худ бо ин муъҷизаҳое, ки бо ман рух дод дар шок будам. Ва то ҳол ин муъҷизаҳо бо ман ҳаст, чунки дӯст медорам миллатамро ва мехоҳам ин миллат озод бошаду фикрронии озод дошта бошад ва аз ин миллат боз ҳам Бухориву Абуҳанифаву Мавлонову Рӯдакию, Бедилу Хайём ва садҳо олимро метавон интизор шуд.
Ин Раҳмонов аст, ки мегуяд танҳо як Қуръонро хонед рӯякӣ ва аз он чизе наомӯзед. Не, миллат вай хато мекунад, Миллати ман доност.
Дар бораи ҳодисаи Қобилҷон ва ҳамаи дигар ҳодисаҳои ба ин монанд танҳо худи Раҳмонов ва мақомоташ гунаҳкор аст. Дар ҳодисаи Крокус-ситӣ низ.
Як хел чоплусҳо мегӯянд, ки барои чи фақат Раҳмонов гунаҳкор аст. Барои онки вазифаро ба касе намехоҳад диҳад. Ва мардумро бо ин режими хуношоми худ тарсу ва мурғ кардааст.
Агар ӯ мансабро дар ин 34 сол ба дигарҳо ҳам медод вазъияти кишвар, аз ҷумла иқтисодиёти он комилан дигар мешуд. Ҳар сардоре, ки меомад ба нақшаву тарҳрезиҳои худ дар Тоҷикистон пешравӣ мекард.
Эй, мардум ё инки шумо аз бародар Муҳаммадиқбол, ки аз ҳадису оятҳо шуморо мисолу масъала меорад ва гӯшзад мекунад, метарсед, ки кишварро исломӣ мекунанду шумоҳо исломӣ мешваед?
Эй, миллат ва эй ҷавонони миллат! Шумоҳоро мақомот сиёсати худро дар гӯшатон об карда рехтааст ва ҳамавақт худситоӣ ва худтаърифкунӣ мекунанд.
Ин ҳама дурӯғи дарунхолист. Замоне шурӯъи майдоннишинӣ нав аланга мезад ва ҳамон иҷлосияҳое, ки мегузашт дар ёди ман ҳаст, ки он солҳо ман як ҷавони мактабхон будам. Имрӯз, ки солам ба ҷое расидааст, фикр мекунам, ки дар ҳақиқат дар он ҷаласа нияташон дигар буду он вазиру вузарои он замона фақат аз паи мансабталошӣ буданд. (Силсилафилми «Иҷлосия ё ифлосияи16»-ро аз «Ислоҳ.ТВ» бубинед) Дар ҳамон барномаи Ислоҳ ин Раҳмонови муттаҳам ғуломи ҳукумати Русия ва Каримов буданаш 100 дар100 исбот мешавад.
Ҳодисаи ташкилнамудаи мақомоти Русия дар Крокус-ситӣ басанда аст барои исбот, ки то ҳоло Раҳмонов он ҷавонҳоро аз мақомоти Русия талаб намекунад.
Эй, мардум, як каме ҳушёру бедор шавед! Ин Раҳмонов ҳаст, ки зулм бар миллат карда истодааст. Ин Раҳмонов ва мақомоташ аст, ки ҳуқуқи конститутсионии моро помол карда истодааст. Як каме қонунҳоро гирифта хонед. Ин Сарқонунро тамоман помол карда ба памперсу подгузник баробар кард. Пачақи ин қонунро баровард.
Ба хонаатон маҷбурӣ зада дароянд, ҳавлиатонро маҷбур кашида гиранд, ба телефон ва чизҳои шахсиатон маҷбурӣ лезит кунанд, дигар ин чи ҳуқуқу озодии шаҳрвандӣ мондааст?
Вақте дар Сарқонун навишта шуда бошад, ки «қонун ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳимоят мекунад», куҷост он ҳимояи конститутсия ва баробарҳуқуқӣ.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман мехоҳам, ки шумо дар барномаҳоятон ягон ҳуқуқшиносро даъват карда дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба мардум фаҳмонад, мумкин, ки мардум бедор шаванд, чунки ҳозир мардум бештар гӯш мекунанд, хондан тамоман кам шудааст.
Миллат бубинед ва бихонед, ки Сарқонуни ҷумҳурӣ аз тарафи диктатор ва мақомоташ то чи дараҷа поймол шудааст. Ман мисол меорам фақат дар кадом модда. Шарҳи дигар моддаҳоро оврдааст ва ҳамаи ҳаминро шатакш кардагианд. Пас, шумо аз чи метарсед?
Вақте қонун қонун не. гуфтаи Раҳмонов қонун поймол шуда бошад, пас аз чи метарсед???
Фаҳмо, аз зулми Раҳмонов метарсед. Зулм мекунад? Қатл мекунад? Пас, ҳеҷ гап не, мо як тазоҳурот кунем, халқро озод кунем аз зулми золим, мо мурем ҳам фарзандони мо озод мешаванд.
Ин саввум пакаления-насл аст. Барои мисол фарзандони ман имрӯз ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Падари ман солҳои зиёд рафт. Эстафетаро ба ман дод. Ҳоло ман худам ҳам дар ҳиҷрат ба сар мебарам. Савол ба миён меояд, ки аз барои чӣ?
Як сабабаш дар он аст ки дар хидмати сарбозӣ чандин нафар ҷавонҳо, фарзандони миллатро куштанд
Ай, миллат, ин дунё барои мо инсонҳо барои зиндагонии бо саъодат аст, на барои ғуломӣ. Мо озод омадаем ва бояд озод бошем. Ин фармудаи худо аст. Ин фармудаи худо аст ки Раҳмонов қабулаш надорад ва мегӯяд, ки масҷид омадӣ намозатро хону дигар гап назану оҳиста хезу хонаат рав, ба сиёсат қуш нашав, ба сиёсат қуш шудӣ ҷоят турма.
Дар ҳеҷ як давру замон миллати моро ин гуна ҷабру ситаму зулм накарда буданд, ки имрӯз карда истодаанд. Биёед, барои озодии ин миллат ва ин ватан аз зери ин зулм бархезем ва хонаи бедоду ситамро вайрон кунем.
Ва дар охир як чанд байт аз панди бузургон мегуям ва рост гуфтаанд бузургон, ки ин дунё барои мо нест, аммо акнун, ки омадаем дар ин дунё ақаллан зиндагии одамвор дошта бошем!!!
Мурғи боғи малакутам, ним аз олами хок,
Чанд рӯзе қафасе сохтаанд аз баданам.
— Мавлоно
Чунин қафас на сазои чу ман хушалҳон аст,
Равам ба равзаи ризвон, ки ман мурғи он чаманам.
— Ҳофиз
Пасгуфтори Ислоҳ
Ин нома шикоят нест, гиря ҳам нест, ҳукми виҷдон аст.
Онро на барои раҳмат пурсидан навиштаанд, балки барои бедор кардан. Барои онҳое, ки солҳост байни тарс ва ноумедӣ мондаанд, байни муҳоҷират ва таҳқир, байни зиндон ва хомӯшӣ қарор доранд.
Ин суханон аз дили сер гуфта нашудаанд, аз шиками пур нанавиштаанд. Онҳо аз ғарибӣ омадаанд, аз хуноби дил, аз модаре, ки ҷисми писарашро аз кишвари бегона интизор аст, аз падаре, ки умрашро дар муҳоҷират бохтааст, аз миллате, ки қафасро ҳамчун тақдир қабул кардааст.
Ин нома на хитоб ба як шахс аст ва на танҳо ба як ҳукумат.
Ин хитоб ба миллат аст ба ҳар касе, ки худро соҳибақл, соҳибвиҷдон ва соҳибватан мешуморад. Чун зулм танҳо бо дасти золим намеистад, балки бо хомӯшии мазлум давом мекунад.
Бузургон рост гуфтаанд: инсон мурғи қафас нест.
Мо барои зистан бо шараф офарида шудаем, на барои мутеъ будан ба тарс. Агар имрӯз хомӯш бошем, фардо фарзандони мо низ ҳамин қафасро мерос мегиранд бо номи дигар, бо ранги дигар, вале бо ҳамон зулм.
Ин нома даъват ба хунрезӣ нест, даъват ба вайронкорӣ ҳам нест.
Ин даъват ба бедорист. Ба саф кашидан дар фикр, дар виҷдон, дар мавқеъ. Ба он ки ҳар кас аввал аз худ пурсад:
ман дар дохили қафасам ё озодӣ?
Агар ин нома ба гӯши як нафар расад ва ӯро водор кунад, ки дигар хомӯш набошад пас ин сухан беҳуда навишта нашудааст.
Зеро озодӣ аз ҳамин ҷо оғоз мешавад:
аз нагуфтани «ба ман рабт надорад».
