Як номаи муфассал ва хеле хонданиву ҷолибро аз Нуробод дар аввали барнома ҷой додем. Ончики дар ин нома омадааст, дар тамоми манотиқи кишвар мушоҳида мешавад. Гап дар бораи чарогоҳҳо меравад, ки барои мардуми деҳот як манбаъи муҳимми пешбурди зиндагӣ ба шумор меояд. Дар инҷо баҳси чарогоҳ ба ҳадде доғ шудааст, ки мардуми солҳо бо ҳам дӯсту бародар ба ҷони ҳам афтодаанд. Номаи дигарро як хонанда ва бинанди мо аз Кулоб фиристодааст. Ин муаллиф аз он мегӯяд, ки Раҳмонов масъулият ва рисолати ҳукуматро зӯрӣбазӯрӣ болои мардум андохта ва бо фиребу найранг мардумро гӯшпарӣ карда истодааст.
Номаи саввум ва охирини шумора аз Душанбе аст. Муаллиф аз махинатсияҳои низоми биллингӣ дар тавзеъи неруи барқ навишта гуфтааст, ки бо ҷорӣ кардани ин низом дузди асосӣ боз ҳам худи ин Оила ва махсусан Рустами Эмомалӣ хоҳад шуд.
Нуробод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Нома аз Новокузнеци Вилояти Кемерова фиристода мешавад. Мо, аз дараи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод аз қишлоқи Шашволон ҳастем ва дар бораи масъалаҳои ҳамин деҳа навиштаниам.
Соли 2019 разбори ду гурӯҳи мардуми Шашволон барои замини говчаронӣ сар шуд, ки то ҳоло идома дорад.
Аввалҳо замин-чарогоҳ ба номи Орифи эшонаш мегӯянд гузаронида шуд. Сари мол дар моҳ 3 сомонӣ мегирифтанд, ки бад набуд. Вай молҳои моро ҳамроҳи молҳои худаш ва даҳмардааш ба чаро мебурд. Хулоса, ҳама соз буд.
Аммо баъд Комили Мирзохуҷа мардумро чамъ карду гуфт Орифи эшон шуморо фиреб мекунад, заминро гирифтан даркор. Комил бо нафаре бо номи Шамси 3 тилфона ва боз Баҳриддини дуруя дертар шарик шуданд, бар муқобили Ориф корро сар карданд. Мардумро гуфтанд, ки заминро гирифтан даркор аз Ориф. Мардум ду гурӯҳ шуданд.
Орифи эшон, ҳочӣ Шафӣ, Саиди тағдири майдабоз, Шукури бечилик, Ҷони Анвар Оятуллои такача, Ҳабиби такача, усто Муқим, Сафари Ориф, Манучеҳри депутат, гурӯҳи Ориф шуданд.
Дар Шашволон шуд ҷанги ду тарафа. Мо одамҳои камбағал намедонистем кадом тарафро гуш кунем. Шабона Комили беватан ҳамроҳи Баҳриддини дуря Шамси 3 тилфона, Сайди судур, Муродалии эмом, Талаби каззоб ва Ориф хонаҳои мо меомаданду мегуфтанд, ки «аризада имзо кунед,ҳақамонро аз замини говчаронӣ гирем. Як хелмон рози намешидем, Комил ва Шамси сетилфона таҳдидмон мекардан».
Як хеши Шамс прокурор буд. Мегуфт куҷое шикоят мекунед равед, роҳ калон. Маҷбурамон мекарданд, имзо мекардем. Як шаб гурӯҳи Комил бо Шамси сетелефна хонаи Забиҳулло омаданд. Гуфтанд, ки имзо кун. Гуфт намекунам. Гуфтанаш, ки «кучта мегирӣ мерай саҳарӣ аз Шашволон». Баъд бечора гуфт «охи ҳами эшони Ориф чи гуноҳ кардай, ки заминро мегирем». Комил гуфт: «заминро мегирем, як моли дигарро меорем пулашро мегирем дар ободии масҷид ё барои роҳҳо истифода мебарем». Боз Комилу Шамсу Баҳриддин хонаи бечораи Сабури светавой омаданд.
Ҳамон одамҳое, ки хонаи Забиҳулло омада буданд, Сабурро гуфтанд, ки имзо кун. Гуфт даркорам нест, чунки Орифу Оятулло ҷураҳояманд, наметавонам.
Гуфтандаш, ки агар имзо намекунӣ «бра ай иҷа дигар ҷо, кучта бгир бара дигар ҷо». Бечораи Сабур розӣ шуд ва аз онҷо рафтанд ба хонаи мулло Туйчӣ. Вайро ҳам ҳамин хел гуфтанд. Гуфт ман мулло эмомам чи даркор ҳамин корҳо? Ӯро ҳам маҷбур карданд, розӣ шуд. Хулласи гап Шашволон ду гурӯҳ шуд. Гуруҳи Орифи эшон ва гуруҳи Комили беватан. Баъдан боз дар ин гурӯҳи Комил Раҳмони магазинчӣ қуш шуд. Беҳад маккор будааст. Вай бо Комил ва Шамси сетелефона мардумро шабона фишор меоварданд. Баъд бо Хуршеди дароз ва Ҳасани Атоулло ҳамроҳ шуданд.
Мо мактаб мехондем. Дар мактаб бояд бо кудакони гурӯҳи Ориф гап назанем.
Ин гапро Комил, Шамси 3 тилфона, ки Шамси майдачааш ҳам мегуфтем, Раҳмон, Талаб, Бахтиёри баха, Муродалӣ, эмом Баҳриддин ба мо таъкид мекарданд. Дар мактаб бошад мардуми Қаланак, Сайдон, Тутхор ба ҳоли мо механдиданд, ки аз тарси Комил ба якдигар гап намезананд.
Як рӯз моли Ориф омад, мардум ҷамъ шуданд. Баҳриддин дод зада истодааст,ки кадоме тарафи Ориф аст аз боло биёяд ва кадоме тарафи Комилҷон аст, поён биёяд.Мардум ду гурӯҳ шуданд. Милиса омад. Гуфт, чи гап аст? Ориф гуфт, ки моли маро намемонанд куҳ барам. Оятуллои такача занг зад учасикавойро. Ориф бо як зӯрӣ молашро куҳ бурд. Бачаи Додихудо, ҳоҷӣ Наҷибулло, тавба, гусфандҳоро ба пову шата мезаданд, боз ин Наҷибулло ҳоҷӣ аст.
Баъдан замин ду- се тақсим шуд
Дар ниҳоят заминро нимашро Ориф гирифт, нимашро Оятуллои такача, нима дигарашро гурӯҳи Шамсак, Раҳмон, Талаб ва Бахтиёр, ки бахааш мегӯянд ва низ Муродалӣ, Эмом Баҳриддин. Комил гирифтанд. Комил 450 гектар заминро ба номи Комили беватан, ки Комили Соҳил мегуяндаш гирифт.
Баъди заминро байни ҳам тақсим кардан як бор як мол омад. Комил, Шамс ва боз Раҳмон маслиҳат карданд, ки15 ҳазор сомонӣ аз даҳмардагии моли халқро мегирӣ. Дар аввал розӣ шуд. Баъд молро овард куҳ дар мавзеъе бо номи Дашти гургон. Ин вақт буд, ки даҳмарда гуфт «ма моли зиёдатӣ намегирам». Мардум ба сари Комил омаданд, ки даҳмарда моли моро намегирад. Ориф фақат молҳоро аз группаи худаш гирифт, молҳои дигарҳоро нагирифт.
Маълум гардид, ки Комил фиребашон кардааст. Як каме пулро дар масҷид расход кард. Он вақтҳо буд, ки Муродалӣ раиси маҳалла шуд. Пуле, ки аз даҳмарда гирифтанд Комил нимашро хурд. Байни худашон разбор шуд. То ҳозира мегӯянд, ки пул куҷо шуд? Группаи Комил ҳеҷ кас намегӯяд пул куҷо шуд. Аз Комил метарсанд. Раҳмон Талаб Муродалӣ, Шамс ва Асадулло бачааш, Баҳроми калағафс, шогирди дасти рости Комил. Мерган, телехи дасти чапи Комил аст. Муродали дастшуяки Комил, Ҷамшеди дунома, Рустам дастқоқкунаки Комил аст. Вақте ҳашар мешавад дар қишлоқ Комил иштирок намекунад, писанд намекунад мардумро. Чанд вақт пеш бобиям, ки дар группаи Шашволон ҳаст, гуш кардам мегӯяд чаро Комил дар ягон кори қишлоқ иштирок намекунад. Ҳама гап дар онки мулло Муҳиддин, ки тағояш мешавад, насиҳаташ мекунад Комилро. Аммо Комил писанд намекунад мулло Муҳиддинро. Комил бисёр мутакаббир аст. Модари Комил аз дунё гузашт. Семент оварда барои ягон кори ободии қишлоқ, мардум гуфтанд, ки даркор нест ягон чизат. Ҳозир гирем боз миннат мекунӣ. Бародари калони Комил Каромат аст ки дар Русия мебошад. Ва ҳамон Комилро рулеват мекунад. Як бор пул роҳӣ кард, ки ба ягон кори қишлоқ лозим мешавад. Боз ҳам мардум гуфтанд, ки не,лозим надорем пулҳои шуморо. Баъд ба дигар ҷо ба Сайдону Туғак дод он сементҳоро.
Комил як дача рост кардааст дар руй майдон. Сеткаҳои атрофашро Баҳриддин мерган, Бахтиёр бачай Забиҳулло, Муродалӣ, Рустами дастшуяк, Баҳроми Асадулло ёрдамаш карданд.
Чаро комил ба Ориф чап аст? Комил аз занаш ҷудо шуд, Ориф зани Комилро гирифт, Комил чапаш қапид ва Комил қасам хурд, ки заминҳоро чи хеле набошад мегирам аз дастат. Барои ҳамин кори Ориф зани Комилро гирифт. Комил мардуми Шашволонро ба по хезонд.
Мо соли 2019 талабаи мактаб будем, мегуфтем Комил ин қадар дар фикри мардум аст. Баъд мефаҳмем, ки Комил то ҳозира ниқор мегирифтааст. Комилу Ориф то ҳоло қаҳрианд дар қишлоқ.
Группаи Комил вақте падари Ориф аз дунё гузашт ҷаноза наомаданд. Шабона Комил, Баҳриддин, Раҳмон, Талаб ва Шамсдиин хона ба хона гаштанд. Ман дар хона будам. Ба сари бобиям омаданд, ки ҷанозаи бобои Ориф намеравед? Бобиямро пурсидам, ки чи мегӯянд? Гуфт гурӯҳи Комил мегӯянд, ки пагоҳ ҷанозаи бобои Ориф намеравед?
Дигар мардум омаданд аз Сайдон,Туғак, Қаланак, Тутхор, Тегирми, район вале мардуми Шашволон наомаданд. То ҳатто мусафедҳо наомаданд. Аз тарси Комил Асадулло, ки хонааш дар бари масҷид аст наомад.
Як рӯз раиси ноҳия барои ҳамин корашон маҷлис кард. Он вақтҳо Ҳасан раиси Нуробод буд, аз Себак. Баҳридин гуфт гап мезанам, ки раис гуфт ту падарат одами хуб буд, раҳмати Билол, аммо ту Баҳриддин як дуруябози шайтон будаӣ. Ҳамаи маълумотҳоятро дорам. Комил ҳам ҳамин гапро гуфт, Ориф ҳам ҳамин гапро гуфт:- падарат одами хуб буд, шуморо чи шуд, душманӣ доред ва оштӣ доронд мардумро. Баъди рафтани раис боз ҳамон группаи Комил корҳои худашонро мекарданд, бо бачаҳои Ориф, бачаҳои Сайди тағдир, акаи Ҷони Анвар гап назанед мегуфтанд.
Он вақтҳо Оятулло мошин дошт. Дар роҳ Ҷамшедро медид, мегуфт, биё савор шав. Ҷамшед мегуфт, ки Комил гуфт дар мошини Оятуллои такача, Ориф ва ҳочӣ Шафӣ савор нашавед. Комил мегуяд баъд ба ҳолашон Оятуллои такача механдид. Маро чанд боре дар раҳ медид, райони куҳна мерафтам, мегуфт, биё дар мошин бишин барамат, не мегуфтам. То ҳатто Орифу Оятуллову Манучеҳр, Саид ҷони Анвар, усто Муқим, ҳоҷӣ Шафӣ, ҳаминҳо салом медоданд, группаи Комилро алейк намегирифтанд. Аз тарс Комил бо Раҳмон Талаб Шамсиддиин хонаашон меоянд шаб ҷанг мекунанд. Саъдӣ судур ҳамсояи рӯ ба руи Ориф аст, то ҳозира қаҳриаст бо Ориф. Бо Ҳабиби такача, бо Оятулло такача, ки ҳамсоя ҳастанд, ранги бегона аст, Сайди Судур.
Падари Оятулло мурд, Сайди Судур ҳамсояи ру ба рӯи Оятулло аст, нарафт ҷаноза. Сайдӣ кинагири сахт аст. Ҳозир бо Комил он қадар соз нест Сайди Судур. Барои чи коре ҷангашон шуд, қаҳрӣ ҳастанд. Муродалӣ Эмом дар группа пул намепартояд. Дар ҷамъият барои маргу мурда бояд пул партоӣ. Муродалӣ модарш гузашт, нав дар группа гуш кардам бо ҳамроҳии бобоям. Гуфтанд мардум пул партоед. Гуфтанд барой очаи Муродалӣ пул партоед. Мардум гуфтанд, ки Муродалӣ кадом вақт пул партофтааст, ки мо партоемаш? Комили ҷурааш ёрдамаш кунад.
Дар ҳоли ҳозир мардум якҷо созанд, бе ғайр аз Комил Баҳриддин мерган, Бахтиёр Рустами 2 нома, Ҷамшед бо Комил бо Ниваи Комил тамошо мераванд. Як Ниваи солҳои пешина дорад Комил. Ҷамшед дар пеш Баҳриддин мерган, Бахтиёр Муродалӣ дар қафо.
Вақте мактаб мехондем 2019 сол мардум ба ҳоламон механдиданд. Инаш майлаш. Комил намемондамон, ки масҷид биравем. Барои онки Орифу ҷони Анвару инҳо дар ҳамонҷоанд. Ҳамин Раҳмон мегуфт, ки масҷидро падари Ориф кардааст, масҷид намеравем, намерафтанд ба масҷид. Комил, ку тамоман намеравад, агарчи ҳамсояи масҷид аст. Баъд мефаҳмем, ки кинаи Комил зани ӯро Ориф гирифтааст. Аз занаш ҷудо шуда буд Комил. Баъд Ориф товуш додаву гирифтааст. Зани Комил аз Душанбе буд.
Ман бо падараму модарам дар Русия ҳастем. 4 сол мешавад ҳаминҷоем. «Ислоҳ»-ро ҳамакаса тамошо мекунем. Барномаи Нурободро дидем. Ман ҳам гуфтам, ки саҳми худамро гузорам.Ҳоло падарам тамошо кунад, ҳайрон мешавад. Ростӣ гап ман ҳоло ними ончиро, ки бояд менавистам, фаромуш кардам. Корҳои Орифу Комилро мегуфтанд. Мегӯянд, ки Оятулло бисёри бад сари Орифро тоб медодааст. Ҳоҷӣ Шафӣ ин тавр кунем. Бачаи ҳоҷӣ Шафӣ роҳи мазори деҳаи Шашволонро бетон рехт, помонак кард. Гурӯҳи Комил ягонтоаш ёрдамаш накард. Бародараш Манучеҳр, Саиди ҳамсояаш, Ориф ҳам будаанд. Манучеҳр пул додааст чанд нафарро, ёрдамаш карданд.
Кулоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз шаҳри Кулоб менависам. Ман солҳост ки рафтору кирдору гуфтори Эмомалӣ Раҳмоновро мушоҳида ва назорт мекунам. Мисли вай шахси маккор, дурӯғгӯ, худхоҳ, худбин, мансабпарастро надидам. Аз ҳама рафтори ба шаъни як роҳбар номуносибаш ин аст ки халқро хеле ҳам аблаҳ карда бераҳмона тохтутоз дорад. Дилаш намешавад, ки аз кисаи худаш харҷ кунад, аммо аз кисаи мардум тамоми корро мехоҳад анҷом диҳад ва номи онро гузоштааст ободӣ, ватанмона обод мекунем, гуфта мардумро аблаҳ кардааст.
Чанд соли ахир аст ки Раҳмонов як тенденсияро экспериментално пеш бурда истодааст. Аввалҳо ин корро худи Раҳмонов шахсан мекард. Яъне Раҳмонов гушпарию «номусбедоркуниҳо»-ро, ки танҳо ва танҳо барои фоида ва манфиати худи Раҳмонов ва оилааш буд, мекард. Барои соҳибкорони берунаву дохила ва умуман мардум «ободии диёр»-ро бор кард. Мақсад пулҳояшонро дар ободии Ватан сарф кунанд. Акнун бошад, худро қафо кашидаву раисони вилоятҳо, блогерони ҳукуматӣ монанди Раҳимпро ва ба ном намояндаи Раҳмонов дар минтақа монанди Мансур Умаров, ин ба ном «икдом»-ро аз номи Раҳмонов, пеш мебаранд. Чанд вақт аст ки Давлаталӣ Саидов, раиси вилояти Хатлон таи тана карда ноҳия ба ноҳия гашта истодааст: «мардума гушпарӣ дора, ки э, қанд занен, дина Пешвои миллат пурсид шмора,ки чи ҳол доран? Ҳичи қариб оварданд? Саломи мара расоншон. Бугу, ки номшон дар таърих мемонад».
Раҷаббой( Қофлонбой) Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳам ҳамин тавр шарҳу деҳаҳо гашта мардумро бардор бардору гушпарӣ дорад ва аз номи Пешвои муаззамаш санову сипос карда истодааст, ки роҳ сохтед, мактаб бунёд кард ва ғайра, номҳоятон дар таърихи диёр мемонад.
Рост, номҳояшон дар таърих ранги мемонад, ки дар ғорату дуздии миллат ба Раҳмонов кумак кардед. Медонед чи қадар маблағҳои калон аз бюҷет барои ободонӣ, сохтумонҳо ва умуман барои ин гуна ҳолатҳо ҷудо мешавад? Маблағҳои бениҳоят калон. Куҷо мешаванд? Куҷо?
Инҳо мардумро гипноз карда истодаанд. Гипноз. Калонҳои камтар медонистагиаш ё ягон пешравӣ мекардагиашро бо ҳар роҳ як нима карда истодаанд, ки боз яке муқобили гуфтаҳои Раҳмонов ягон чиз нагӯянд ва накунанд. Мондагиашро ранги марионетка истифода бурда истодаанд, ки дар поколенияи ҷавонҳое, ки надидаанд ва намедонанд, ки Раҳмонов бо чи фиребу найрангу қатлу куштор ба мансаб расидаастро, дигар нишон диҳанд.
Маҳз ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов буд, ки тоқа бо идеология ва сиёсати сулҳпарваронааш тавонист ҳамаро ба ин рӯзҳо расонад, гуфта, шайтониҳо мекунанд. Барои ҳамин аллакай аксарият фикр мекунанд, ки бояд ҳамин хел бошаду равад. Бояд ҳама хапу дам, ва сари хам бошанд. Ана имсол ҳам рафт. Чанд вақти дигар ҳоло боз мардум хап меистанд, Аллоҳ медонад.
Баъди парвоз аз Санкт-Петербург ба Душанбе, самолёти Раҳмонов ба таври изтирорӣ дар Хуҷанд шишт. Рост, ки ҳаво туман буду аз рӯйи эҳтиёт бояд чунин кард. Аммо ҳайратовараш он буд, ки вақте самолёти Раҳмонов дар аэропорти Хуҷанд шишт, сразу ранге, ки мегуӣ ягон терракт ё ягон гап шавад, шинонданаш ба мошин ва фақат газ.
Дар Душанбе казарма, перекрытия. Пагоҳша ҳам ҳамин хел. Раҳмонов чанд соат монд дар Хуҷанду гуё, ки чизеро интизор буд. Қариб 10 соат зиёд мақомот дар перекрытия ва ҳолати ЧП буданд. Ҳолатҳои дигаре ҳам шудаанд,ки онҳо барои мо муҳимманд. Раҳмонов сахт тарсидагӣ аст,ки ҳолаш мисли Мадурои Венесуело нашавад. Аммо дигар роҳе нагузоштааст Раҳмонов…
Ман, гуфтаниам, ки Раҳмонов кору бореро, ки бояд ҳукумат анҷом диҳад ба сари мардум бор карда пулҳои бюҷетро барои худаш ва аҳли оилааш сарф карда истодааст.
Душанбе
Салом! Бародар Муҳаммадиқбол! Аз шаҳри Душанбе бароятон менависам. Аллоҳ аз Шумо розӣ бошад, ки ҷанги маълумотиро (информатсионий) бар зидди ин душманони миллату Ватанро ба ваҷҳи аҳсан пеш бурда истодаед.
Ин тудаи ғоратгарон дигар дуздиҳояшонро ошкоро бо як ифтихор анҷом дода истодаанд. Паёми солонаи ӯро дидам (номшро нагирем, ки номаш дар назарам беҳад шум шудааст) асабҳоям хароб шуд. Халқро ҳамеша айбдор мекунад, ки боиси пастравӣ шудаасту монеаи пешрафт. Вале схемаҳои барқдуздии худро ошкоро таблиғ карда истодааст. Аммо ин бор гуфт, ки тафтиш кардааст ва санҷидааст, ки дар дуздии барқ халқ гуноҳ надоштаасту аммо масъулони ин ширкат гунаҳкор будаанд. Ин гапро шумо садҳо бор навишта будед, ки дуздони барқ дар ширкати «Барқи тоҷик»-анд ва дуздони барқ хешу таборҳо ва корхонаҳои Раҳмонову авлоди вай мебошанд. Акнун воҳима карда истодааст, ки ба системаи биллингӣ мегузаронад ва дуздон дасташон кутоҳ ва талафоти барқ гум мешавад. Аммо, гап тамоман дигар аст.
Гап-гап аст ки ин системаи биллингӣ ва ҳисобкунакҳои рақамӣ аз ҷониби ширкати Рустами Эмомалӣ-Авестогрупп идора мешавад ва барои ҷамъи маблағ бо тарзи ғайринақдӣ дар суратҳисобҳои Душанбе- сити гузаронида мешаван. Барои ин хизматрасонӣ 50%-и маблағи ҷамъшударо ширкати Рустам мегирад. Нархи барқ чи қадар боло равад даромади Рустам ҳам боло меравад. Барои ҳамин имсол боз саросемавор нархи барқро 17 фоиз боло кард, дар ҳоле ки соли гузашта зиёд карда буд.
Ман фикр дорам, ки баъди ҷорӣ шудан системаи биллингӣ ва насби ҳисобкунакҳои рақамӣ дигар проблемаи свет намешавад, чунки даромад минбаъд мустақим ба ҷеби онҳо меравад.
Чи тавре, ки худи Раҳмонов гуфт тавлиди барқ ба 24 миллиард. квт расидааст, аммо талаботи мардум 15 миллиард квт мебошад. Дар мо норасоии барқ нест. Ин маккорҳо бо як тир чанд гунҷишк заданӣ ҳастанд. Ҳамаи инҳо пешаки тарҳрезӣ шуда истодааст. Суми биллингро надиҳӣ барқ хомуш мешавад, агар дузди кардӣ 10 сол пушти панҷара меравӣ. «Ана ира мегуян монополияра бераҳмуш»!
Ҳама конҳои ангишт дар дасти оилаи Раҳмонов ҳастанд. Барқро мефурушанд ба хориҷа через схемаҳои дуздӣ, ва мардум аз бебарқӣ маҷбур мешаван, ки дар ишкам нахуранд, дар тана напушанд, лекин ангишт харанд то инки аз хунукӣ намуранд. «Ана ира меган бизнес (ловушка), оба лой мекунанду моҳия меқапанд, бо воситаи зуроварӣ ва суистифода аз мансаб».
Хулосаи ман дар мавриди баромади ин аҳмақ дар бораи айбдор кардани мардум (ҳама бадбахтӣ аз руи ҷоҳил будани мардум аст), амри маъруфу насиҳатҳои ғаразнок (либоспушӣ ва туалетравӣ), соф ва сафед кардани ҷиноятҳои худ ва ҳамчун як кори қаҳрамони нишон додан (проблемаи марзи Қиргиз) ва таблиғ намудани бизнеси оилавии худ буд (системаи билингӣ, ҳисобкунакҳои рақамӣ ва пардохти ғайринақдӣ) Тоҷикистонро бебозгашт хароб карданд ин аҳмақҳо аст.
Неруҳои оппозитсионӣ набояд дигар бепарво бошанд. Оператор ва муттахасис омода кунанд барои ин оилаи касифро чапа кардан. Ҳозир вақти танку туп нест. Тактикаҳои ҷадид, арзон ва эффективний пайдо шудааст. Метавон даҳҳо мисол овард, ки имрӯз муборизаро мешавад бо чи роҳҳо бурд.
Нақшаи конкретӣ кашида амал бояд кард.
