Номаи маро алоҳида нашр кунед№27
Ҳафт модари язгуломӣ дар Ванҷ бо иттиҳоми «таълими ғайрирасмии динӣ» муҳокима ва муҷозот шуданд. Расонаҳо-«Озодӣ» ва «Азия плюс» навиштанд, ки додгоҳи сайёр (?) дар нимаи аввали моҳи декабр дар деҳаи Жамаки ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ бо баргузории як маҷлиси кушода ин ҳафт бонуро то якуним ҳазор сомонӣ ҷарима кард.
Ному насаби ин бонувон пеши мо маълум аст. Аммо аз ифшои ин номҳо иҷтиноб варзидем, агарчи ин модарони маъсум ва покгавҳар аз шумори бошарафтарин зиёиёни воқеӣ ва муборизони ҷонбаркаф ҳастанд ва ин шо Аллоҳ дар ҳарду олам ҷойгоҳи беҳтарин насибашон хоҳад шуд. Зеро ин модарони гироми каломи Аллоҳро ба кудакон таълим додаанд ва барои таълими калиматуллоҳ аз сӯи режими зиддимиллӣ ва зиддинии Раҳмонови диктатор муттаҳам дониста шудаанд.
Ҳикояти ҳафт модари язгуломӣ ва ҷанги Раҳмонов бо омӯзиши Қуръон
Додгоҳи сайёр(?) ин модарони биҳиштиро «бар асоси моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҷарима бастааст, ки ин банди қонун аз 1125 то 1500 сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад».
Бинобар ин хабарҳо гӯё ин модарон аз кардаи худ изҳори «пушаймонӣ» кардаанд. Яъне онҳо пушаймон шудаанд, ки таълими ғайрирасмии динӣ додаанд.
Инки Раҳмонов бо ислом ва мусалмонони тоҷик душманӣ ва хусумати ошкоро дорадро мо борҳо ба таври муфассал ва мудаллал навиштаем. Тамоми дунё огоҳ аст ки Раҳмонов бо ислом чи гуна бархурди хашин ва хасмона дорад. Зеро Раҳмонов наздик ба бист сол мешавад, ки таҳқиру тавҳин ба дини ин мардумро дар чаҳорчӯби сиёсати давлатиаш расмӣ ва қонунӣ кардааст. Хондани намоз, рафтан ба масҷид, зиёрати хонаи Худо ҳамааш маҳдуд карда шудааст. Барои таълими ғайрирасмии динӣ ҷазо пешбинӣ гардид.
Ахиран аз саросари кишвар ин хабарҳо ба дасти мо расида истодааст, ки ҳамин ҳоло, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ва гурӯҳҳои кории ташкилдода барои ташреҳу тафсири Паём бо мардум мулоқотҳо доир карда истодаанд, бештари суҳбатҳояшонро ба мавзӯи дин бахшида ва ошкоро гуфта истодаанд, ки ин ҳама «дурӯғ» аст. Ин вакилон ҳатто гуфтаанд, ки аз масҷид чӣ фоида мекунед, ягон хел охирате вуҷуд надорад, наравед ба ҳаҷ, зиндагиатонро дуруст кунед ва аз ин қабил таблиғҳои ошкорои зиддиисломӣ аз тарафи давлат ва намояндаҳои ҳокимият.
Аммо инки додгоҳи сайёри Раҳмонов ба ҷамоати Язгуломи Ванҷ рафту ҳафт нафар занро ҷазо дод, як амали дар доираи ҳуқуқ ва қонун нест, ин як амали сиёсӣ аст.
Қонун чист? Қонун чизе нест, ки манофеи як гурӯҳ ва як оиларо ҳимоят кунад. Ин қонун нест, ин ҳамон закони бандитизм аст ки дар зиндонҳо байни ақшори маҳбусин кор бурда мешавад. Қонун бо табиат, бо таърих, бо имрӯз, бо ҳама атрибут ва аркони миллат ва мардум бояд мувофақат ва мутобақат дошта бошад. Вале хонанда ва бинанди закӣ, биёед баҳси қонунро гузорем канор, биёем ба онки Додгоҳи сайёр рафт деҳа барои муҷозоти ҳафт бону шуд.
Ин бонувони муҳтарам аҷру подоши фаровон насибашон шуд. Малоик ё ҳамон кироман котибин сари китфони онҳо навишта мусаббат карданд ва номаи аъмолашон мусаффотар аз ончи буд шуд. Самара ва аҷру подоши онҳоро Аллоҳи пок, тибқи ваъдаҳояш дар дунё ва охират тақдир хоҳад кард. Инҳо ноҷӣ, инҳо силсиладоронанд, иннҳо чароғафрузонанд, инҳо муллимони илми илоҳианд, инҳо бонувонеанд, ки ин шо Аллоҳ номи некашон сари забонҳо хоҳад буд.
Аммо Раҳмонов. Ин як ҳаюллое аст ки борҳо гуфтему боз ҳам мегӯем, ки мушкили усулӣ ва бунёдӣ бо дину оини ин миллат ва мардуми мусалмон дорад.
Жамак махсус рафтанд. Зеро, чуноне мо огоҳӣ дорем, дар инҷо, ки деҳае аз ҷамоати Язгулом аст мусалмонӣ бештар муроот мешавад ва Раҳмонов ҳам бо онки харитаи сиёсии манотиқи кишварро солҳо пештар мураттаб ва муайян карда ва деҳоту ҷамоат ва манотиқи алоҳидаеро, ки таҳти хати қирмиз ишора кардааст, бояд бо ин ё он васила саркӯб кунад ва аҳолии онҷоро таҳти сиёсаташ бикашад ва битарсонад.
Даҳҳо нафар аз язгуломиҳои ҷасур ва шермардро беягон ҷурм зиндонӣ кард. Ҷурми онҳо ин аст ки намозашонро тарк намекунанд, ришашонро намтарошанд, ва бонувонашон сатри аврат мекунанд. Рафтору кирдори як бандаи мусалмон, ки барои Раҳмонов ва дору дастаи вай бисёр ҳам нофорам аст.
Агарчи Раҳмонов беш аз пеш ба хотири ҳифзи арзишҳо ва аркони исломӣ болои халқ ситам карда истодааст, Худо дида истодааст.
Дар кадом давлати дунёи имрӯз ҳукумат бар зидди дини шаҳрвандонаш сангар гирифта ҷанг эълон кардааст? Дар кадом давлати дунё барои таълими умури дин бояд иҷозат гирифта шавад? Ин занҳо киҳоро дарс ва сабақ медиҳанд? Кудакони наврас, кудакони хурдсолро. Чунки тибқи фармудаи Худо амал карда истодаанд. Ин занҳо ба ин кудакон ба ҷуз аз таълими ибтидоии динӣ чи чиз омӯхта метавонанд?
Бубинед Рудакӣ дар 8 солагӣ Қуръонро ҳифз ва тиловат мекард. На танҳо Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз,Ҷомӣ тамоми гузаштагони мо муллову шайху мавлавӣ буданд. Ҳофизи Шерозӣ қуръонро бар чанд ривоят тараннум ва замзама мекард.
Гуфтем, ки Рӯдакӣ, поягузори адабиёти форсӣ дар ҳаштсолагӣ Қръонро ҳифз карда буд ва шеъри ӯро агар 1000 соли дигар бигзарад на Давлат Сафар ва на Ато Мирхоҷа ва на Низом Қосим гуфта метавонанд.
Ҳамин тавр домулло Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти навини тоҷик,мударриси мадраса (домуллои калон) дар Бухоро буд ва муаллифи чандин кутуби таълимии динӣ ва махсус барои кудакон, ба мисли «Таҳзибуссибён».
Манзурам ин аст ки ин занҳо, ки бо ҷазо гирифтор кардед ва ҷарима бастед, фақат таълими илми аввалия додаанду медиҳанд, ки гумон мекунам, дар вақташ модари Раҳмонов ҳам бачаҳояшро, аз ҷумла худи ҳамин Раҳмоновро додааст.
Як кудаки ҳафт, ҳашт, нуҳ, даҳсола ё духтари ин синну соли мусалмонзода аз ислом баҳра ва бӯ бигирад, ба ҳукумат чи хавфу хатар дорад?
Ман, вақте чунин бархурди ваҳшиёна ва ғайриинсонии Раҳмонов бо исломро мебинам, ҳайрону дудила мешавам, ки бачаву духтарҳои худи Раҳмов хонда бошанд, хононда бошад? Худи Раҳмонов чӣ? Азизмои газетхонак чӣ?
Аммо аҷобати кор дар он аст ки худи Раҳмонов ҳоҷии чандинкарата, Озода ҳоҷибибӣ, Азизмо ҳоҷибибӣ. Магар ҳамаи инҳо воқеият аст ё дурӯғ?
Духтарҳову бачаҳояш бо никоҳ оила барпо карда бошанд, хутбаи никоҳ хонда шуда бошад? Онҳо худоро мешинохта бошанд? Онҳоро кӣ ва дар куҷо вай кай худошинос карда бошад? Ё худоношинос бошанд? Масалан ҳоло ҳамаи набераҳои Раҳмонов, ки шуморашон аз аҳолии вес райони Ванҷ зиёд аст, таълими динӣ гирифта бошанд? Медониста бошанд, ки дар кадом динанду дар кадом мазҳаб? Пас, онҳо дар куҷо хонда бошанд?
Барои онки қонуни Раҳмоновро халқи Тоҷикистон риоят кунад, бояд қонуни худоро пушти по занад, иҷро накунад. Раҳмонов байни худаш ва Аллоҳ интихобот ва ҳақи интихоб гузоштааст. Мардум бояд якеро фармон бибарад.
Халқ бояд чи бикунад?
Раҳмонов барояд ошкоро эълон намояд, ки ман ҷавоби ҳамаи шуморо дар назди Аллоҳ медиҳам. Ман ин ҳамаро ба гардан мегирам.
Ё эълон кунад, ки ман дар Тоҷикистон давлати бединӣ месозам. Ва, ҳарки бо ман аст аз динаш даст бикашад, намонад ва нагузорад, ки ислом бихонанд.
Бубинед, ки Раҳмонов чи гуна бар ҳарими хусусии мардум таҷовуз ва таарруз ва дасти зӯр карда истодааст, ки агар пӯст пӯсти фил бошад ҳам, пӯсти крокодил бошад ҳам чоку пора мешавад. Ту чи кор дорӣ, ки ман дар дохили манзилам Қуръон мехонам, Инҷил ё Таврот ва ё Авесто?
Магар худат Қуръонро чоп накардӣ? Чоп кардӣ, ки чӣ бишавад? Гуфтӣ, ки китобҳоро чоп кардем, ки бихонед, на инки дар токча монеду чанг зер кунад. Магар ҳамин гапи худат нест? Ё Қуръонро китоб намеҳисобӣ?
Чаро аз таълими Қуръон меҳаросӣ? Магар дар Қуръон чӣ дидӣ? Қуръон чи корат кардааст? Ислом чӣ корат кардааст?
Вақте дар макотиби кишвар, ки вазорати маориф, ҳукуматҳои навоҳӣ ва мардум кумак карда истодаанд, муаллим намерасад, бо даҳҳо донишгоҳу омӯзишгоҳҳо, пас, ту чи гуна мегӯӣ, ки мо донишкадаи исломӣ дорем дар онҷо таълим бигиранд. Магар танҳо бо як донишкадаи исломӣ мешавад бачаҳои кудаки мардумро аз ислом огоҳ кард? Охир то ба донишгоҳи исломӣ ворид шудан бояд маълумоти динӣ дошта бошад, то шомили он шавад? Ҳаминхел не? Ё ин донишгоҳро чун доми тазвир барои хок пошидан ба чашми мусалмонони Тоҷик ва олам сохтаи?
Чаро мо тамоми умр мусулмон будем, ҳалқаҳои дарсӣ амал мекард, хондем, аммо имрӯз номумкин шудааст. Чаро?
Чаро хондани Шоҳнома, Тоҷикон ва бигзор Гӯруғлӣ мумкин, аммо Қуръон номумкин ва барои он бояд иҷозаи махсус гирифт? Магар Қуръон китоб нест? Магар Қуръон чи дорад?
Агар мусалмонии мардум биравад, ҳукумати ту абадудаҳр мешавад? Ҳамин мусалмонии мо барои ту ва ҳукумати ту зиён дорад?
Мо мехоҳем бихонем ва фарзандонамонро ҳам бихононем, агар ту намехоҳӣ, нахон, фарзандонатро ҳам нахонон. Вале чаро мо бояд тибқи майли ту амал кунем, зиндагӣ кунем? Масалан мо мехоҳем, ки мисли ту самолети 92 миллиондоллара дошта бошем, аммо надорем ку? Даъво ҳам надорем. Вале ту чаро агар мо Қуръон бихонем дастдарозӣ, таҳқир ва ҳатто зиндонамон мекунӣ?
Ин амали Раҳмонов қалби миллионҳо мусалмони тоҷикро ва мусалмонони рӯи оламро хуншор кардааст, ки наход то ба ин ҳаде бошад, ки модар, барои онки Қуръон таълим додааст, муҷозот шавад. Аммо дар баробари ин садҳо миллионҳо, муштҳо гиреҳ мехуранд, нафрат ба Раҳмонову Рустам зиёд мешавад.
Раҳмонов де факто ислом, Қуръон ва мусалмонӣ дар як кишвари мусалмоннишинро қатаған ва ғайриқонунӣ эълон кардааст. Вай дар садад аст, барнома дорад, ки ғурур, номус ва ҷасорату шуҷоат ва шаҳомати динии моро шиканад. Аммо чаро?
Чаро бояд президенти мо, раиси давлат, мардумро аз дин бадар кунад. Магар як зан барои як кудак терроризм ёд медиҳад.
Раҳмонов дар чандин суханрониҳояш мегӯяд, ки терроризм дину мазҳаб надорад. Аммо бо ин амали худ, худ гуфта истодааст, ки ислом ин дини террористист ва набояд омӯхта ва омӯзонида бишавад. Вагарна, чаро бояд мусалмонзода аз ислом огоҳ ва воқиф набошад. Чаро Раҳмонов барои худаш исломро душман мешиносад ва бовар дорад, ки бо қонун метавонад исломро решабур кунад.
Тибқи хабарҳои мунташира мурофиа дар Жамак ба таври ошкро ва бо ҳузури мардум баргузор шудааст.
Додгоҳҳо дар Тоҷикистон умдатан пушти дарҳои баста мегузаштанд, аммо чи шуд, ки додгоҳ ин бор байни мардуми деҳаи Жамак омад ва чаро ошкоро доир шуд? Деҳаи Жамаки ҷамоати Язгулом омадани додгоҳи сайёри Раҳмонов беҷиҳат нест. Бо ин мардум ҳисоби алоҳида дорад. Онҷо мардум руҳияи мусалмонӣ зиёд дорад. Ҳар куҷо, ки бо ин руҳия аст Раҳмонов онҷоро бояд бишканад, саркӯб кунад. Ва, ҳамзамон ба мардуми кишвар бифаҳмонад ва паём диҳад, ки набояд Қуръону ислом бихонанд. Иллати ошкоро ва озоду дар ҳузури мардум баргузор намудани ин мурофиа ҳамин аст ки мардум ба умқи сиёсати зиддиисломии Раҳмонов бирасанд ва итоат кунанд,вагарна додгоҳи сайёр баргузор карда онҳоро ҳам гирифтори ҷазо мекунад. Хулоса, ин додгоҳ як василаи ваҳшатафканӣ ва тарсонидани мардум буд, дигар ҳеҷ.
Ба навиштаи расонаҳо ин ҳафт бону дар назди милсаву кгбеву прокурору чанд корманди ҳукумат ва чанд нафари дигар бо сари хам ва рост истода буданд. Дигарҳо дар курсиву ин бонувон сари по.
Рӯзе мерасад, ки ҳам ин додрас, ҳам ин додситону амниятӣ ва ҳам ин милиса барои ин амали шанеъ, ки ин шо Аллоҳ ҷинояти вазнин ҳисоб хоҳад шуд, ҷавоб пас хоҳанд дод. Аммо ба ин модарон гуфтаниам, ки сари шумо баданд аст, шумо, қаҳрамонҳоед, шумо соҳибони нангу номусед, саратон хам набошад, сари шумо болои боло аст, ҳам дар назди мардум ва ҳам дар назди Аллоҳ ва рӯзи ҷазо. Чунки шумо дар он интихоботу интихоби сангин Аллоҳро баргузидед ва бар Аллоҳ итоат намудед!
Пасгуфтори Ислоҳ
Язгулом имрӯз танҳо номи як ҷамоат нест, язгулом ҷароҳати кушодаи виҷдони миллист. Ин мардумро на барои ҷиноят, на барои исён, балки барои онки худ боқӣ мондаанд, ҷазо медиҳанд. Барои онки забони худро фаромӯш накарданд, имонашонро нафурӯхтанд, суннаташонро ба бозори тарс набурданд. Ҳар ҷо, ки мардум ҳанӯз рост меистад, ҳамон ҷо барои ҳокимият хатар эълон мешавад.
Сиёсати давлат солҳост бар шикастани ақалиятҳо бунёд ёфтааст: аввал таҳқир, баъд фишор, сипас ҷиноятсозӣ. Имрӯз навбати язгуломиҳост, дирӯз дигарон буданд, фардо навбат ба ҳар касе мерасад, ки мехоҳад мусулмон бимонад, тоҷик бимонад, инсон бимонад. Ин мардумро ба ҳолате расонданд, ки ҳатто модар аз хондани Қуръон барои фарзандаш метарсад, кӯдак аз саволи динӣ ҳарос дорад, падар аз сояи худ метарсад. Ин ҳокимият имонро ҷиноят кард, суннатро айб, ахлоқро таҳдид.
Эмомалӣ Раҳмонов бо ин сиёсат на танҳо бо ислом, балки бо худи ҷомеа ҷанг эълон кардааст. Ӯ ақалиятҳоро санги озмоиш қарор дод: то куҷо метавон онҳоро пахш кард, бе онки фарёдашон шунида шавад. Аммо таърих борҳо нишон додааст, ки мардумро метавон тарсонд, аммо наметавон то абад хомӯш кард. Язгулом имрӯз таҳти фишор аст, фардо метавонад садо шавад.
Ин матлаб гиря нест, ин айбнома аст. Айбномаи як режим, ки модарро шарманда мекунад, имонро ҷарима мебандад ва тарсро қонун месозад. Аммо қонунҳои тарс дер намепоянд. Он чи мемонад, номуси мардум аст ва хотираи таърих ва таърих ҳеҷ гоҳ золимонро сафед накардааст ва нахоҳад кард.
