Номаи маро алоҳида нашр кунед №29
Ин нома, ки муаллиф барои «Ислоҳ» фиристодааст, хеле пурмуҳтаво ва ҷолиб аст. Маҷмӯи мушкилоти ноҳияи Файзободро баён намудааст, ки хоси аксари навоҳии кишвар мебошад. Аммо чанд нуктаҳои мутафовит дорад. Яке аз онҳо ин аст ки дар он дар бораи як Петеушник гап меравад. Ин петеушник кӣ аст. Баъди мутолиа мефаҳмед. Дар бораи як началник КГБ ҳам суҳбат шудааст,ки вақти коронавирус аз ҳисоби посредникӣ барои дарёфти билети ҳавопаймо даҳҳо ҳазор долар кардааст. Ва низ дар ин нома дар бораи сарнавишт ва поёни пурфоҷиаи Дости бурут, яке аз сарватмандони ин ноҳия ҳам маълумотҳои ҷолиберо дар ихтиёри мову шумо гузоштааст.
Ҳақиқати талх аз Файзобод: «мардум қарздор, мансабдор сарватманд»
Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садридин! Пеш аз оғози сухан аз ноҳия мехоҳам як шеъреро ҳамчун шурӯъи сухан пешкаш намоям.
Ин шеър тааллуқ надорад ба мардуми ноҳияи ман, балки тааллуқ дорад ба ҳама мардуми Тоҷикистон:
Дар рӯи ҷаҳонему надонем ҷаҳон чист,
Фарзанди замонему надонем замон чист,
То боре насӯзем, надонем, ки хомем,
То барг нарезем, надонем хазон чист.
Ношукрии мо бар намаки умр зиёд аст,
То ҷон набарорем, надонем, ки ҷон чист.
Устод, ман як бинанда ва шунавандаи барномаҳои шумо ҳастам. Яке аз беҳтаринҳо дар байни ҳама мардум гуям ҳам хато намекунам. Чунки ҳама барномаҳои шуморо ҳаррӯз пайгирӣ мекунам ва бо ҳама баҳсҳо мекунам ва бисёр бародаронро аз хоби ғафлат хезондаам.
Ман шаҳрванде ҳастам, ки дар байни ҳама хастам, кор ва фаъолият карда истодаам ва маъмури амниятии шумо дар байни мардум гӯйем ҳам хато намекунем.
Ростӣ, устод гап бисёр аст. Намедонам аз кадом ва аз куҷояш сар кунам. То ин вақт мунтазир шудам, аммо касе нагуфт аз ноадолатии одамони ноҳияамон ва бизнесменҳои ноҳия ва он одамоне, ки мардумро ба муҳоҷират мебаранду 50% пулашонро мегиранд. Шумо чанд сол пеш дар бораашон навишта ва барнома карда будед. Аммо дар бораи ин корашон ҳеҷ кас то имрӯз нагуфта буд. Дар ин бора баъдтар мегуям ва метавонед онро алоҳида бо номашон нашр кунед.
Ҳоло аз даромадгоҳи Файзобод нақл мекунам. Дар даромади Файзобод пост ҳаст. Ҳар касе, ки ба ин пост меояд ӯро манъ карда аз 3 то 5-сомон мегиранд. Агар ҳамаи ҳуҷҷатҳоят 100%бошад, агар ба инҷо дар 1 рӯз10-бор гузарӣ туро манъ мекунанд. Ба онҳо фарқ надорад, ки ту бемор дорӣ ё бор кори шахсӣ меравӣ. Мегӯӣ, ки нав маро манъ карда будед, аммо аҳамият намедиҳанд, бояд пулро бидиҳӣ. Ва агар ҳуҷҷатҳоят 100%бошад, таксӣ заниву айбатро наёбанд барои ришат 10 ё 20сомонӣ мегиранд. Постро гузаштӣ дар роҳи деҳаи байни Бустон ё Меҳробод боз истодаанд ва боз манъ мекунанд. Ҳатто айб наёбанд ҳам бояд ягон сомонӣ дар даруни ҳуҷҷатҳоят бошад, ба онҳо диҳӣ. Агар надодӣ, як гуноҳатро меёбанд.
Боз дар роҳи Лолагӣ меистанд. Баъд дар роҳи Кабкгирез ва пеш аз ба район даромадан, чорроҳаи даромадани район ва баромадани Файзобод ва болои деҳаи Дубеда. Ҳамаи ин постҳо ҳамин корро такрор мекунанд- яъне сумгирӣ. Ва боз қариби соатҳои 6-бегоҳ мешавад барои кисаи худашон кор мекунанд ва дар рости отдел истода любой касро манъ мекунанд. Агар айбатро наёфтанд, ягон сумашон надодӣ, риш камтарак дошта бошӣ, бурутҳоят гирифтагӣ бошад мегӯянд, ки ту салафӣ ҳаст. Ин ҳодиса ба сари худам иттифоқ афтод.
Ин корашон на барои оромии ҷомеа аст. Онҳо истодаанд, ки чи гуна аз мардум пул канем. Чи ГАИи бесавод ҳаст дар ноҳияи Файзобод ҷамъ овардаанд. Селхозро тамом кардааст дар Файзобод ГАИ мондаанд, хизматро тамом кардааст дар Файзобод ГАИ аст, дар пост меистанд. Завниҳояшон рядовой аст. Бояд онҷоро охраникӣ кунанд. Барои манъ кардани мошин ҳуқуқ надорнад. Аммо мондагианд, мошин манъ мекунанд. Як хелаш як намуд гап мезанад, ки майору полковник ин гуна гап намезанад. Агар бо ин ГАИҳо камтар аз ҳуқуқ ҳамроҳашон гап задӣ тамом, капаат сӯхт.
Рости гап дӯстҳои бисёр дорем, хона меҳмонӣ меоянд. Мегуянд ин қадар ГАИҳои шумо -Файзобод бисёранд, манъ карда безорат мекунанд ва ман ба дӯстҳоям гуфтам, ки бародар инҳо ҳамаашон аз Файзобод нестанд. Инҳо аз ҳар ноҳияанд. Лекин дар ноҳияи мо, ки ҳастанд, мардум чунин гумон мекунад. Агар касе, ки меҳмон ояд мегӯяд ГАИҳои файзобод ҳамин гунаанд.
Як чизро гуфтанӣ ҳастам, ки инҳо аз ноҳияи мо нестанд, аммо номи ноҳияи моро дар назди дӯстонамон паст мекунанд ва ҳам рафта дар ноҳияи худашон мегуянд.
Бо чанде аз ин ГАИшникҳо шинос шудам, ки якеаш аз Фархор, дигариаш аз Кулоб ва саввумиаш аз Данғара мебошанд.
Ҳоло мегузарем ба дигар масъалаҳои Файзобод.
Устод, шумо чизе, ки дар «Номаҳо..» дар бораи ин ноҳия гуфта гузаштед, кам буданд. Шумо 10%ро ҳам нагуфтед. Дар ноҳияи мо, дар кучаву деҳаҳо ба ғайр аз пулҷамъ кунӣ дигар пешравӣ нест.
Аз рӯи ин корашон ҳамсоя ба ҳамсоя душман шудагӣ аст. Ҳаррӯз раиси қишлоқ дар Группа «ассалому алейкум суми мактаб, суми трансформатор, суми раҳ, суми стадион, суми пажар, суми свет, суми обуна ва даҳҳо суми дигар ҷамъ мекунад». Ман як чанд деҳаро гуфта мегузарам.
Деҳаи Бустон номи куҳнааш Қарабулоқ аст. Дар ин деҳа бо ҳидоятҳои петеушники кишвар ва раисони ноҳияву ҷамоатҳо аз ҳар хона аз 2000 то 10.000 ҷамъ карда роҳҳои кучаву хиёбонҳоро асфалт карданд. Дар ҳоле, ки дар даруни ин деҳа як деҳаи дигар аст бо номи Офтобруя, ки мактаб надорад. Мардуми деҳаи Офтобруя тахминан ду километр пиёда тай карда ба деҳаи Бустон дар зимистони сард, тирамоҳи боронӣ ва тобистони гарм бо ҳидоятҳои петеушники кишвари азизамон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов омада дарс мехонанд.
Деҳаи Меҳробод, ки қаблан Гумбулоқ ном дошт. Дар ин деҳа мактаби калон аст ва аз чанд деҳаи дурдасти дигар омада дар инҷо дарс мехонанд. Тӯли 32-соли ҳукумронии петеушник аз ҷумла аз деҳаи Гумбулоқи боло, Усто Шамс ва хато накунам аз Шерамон ҳам меоянд ба инҷо.
Деҳаи Шерамон як бизнесмен дорад бо номи Манучеҳр Каримзод. Чи ободие шавад ҳамин одам мекунад вале бо номи пешво сабт ва эълон мекунананд. Ногуфта намонад, ки раиси нави Файзобод Каримзода Мансур аз хешу табори Манучеҳр Каримзода аст ва бо дастгирии ҳамин одам ба вазифа омадда аст. Аммо бо омадани Мансур Каримзода дар бисёр деҳаҳо мардум қаздор ва беобурутар шуда истодаанд. Чунки раисҳои ноҳияҳо ба вазифа меоянд, аммо ягон нақша ва барнома надоранд. Барномаи ҳама раисҳои ноҳияҳо чунини аст: раис шудӣ бояд аз мардум маблағ ҷамъ кард ба воситаи раиси ҷамоъат ва раисони деҳаҳо мактабу раҳу медпунку ва дигар иншоотҳо сохт. Аз ҷумла деҳаи Сомонӣ, ки номи пештарааш Тақназарӣ аст. Вақте Мансур Каримзода раиси ноҳия шуд ҳама гуфтанд ин варзишгар аст, ба мушкили ҷавонон расидагӣ мекунад. Аммо баракс ӯ мардумро қаздор кард. Деҳаи Сомониро гуфт, ки бояд дар назди мактаб министадион сохта шавад ва ин корро кард, бо маблағи 260-ҳазор сомонӣ. 20-ҳазор аз ҳисоби ноҳия дигараш бояд аз ҳисоби мардум ва муҳоҷирони кишвар ба таври маҷбурӣ ҷамъоварӣ карда шавад. Ва ин стадион сохта ба истифода дода шуд. Лекин бисёр маблағаш қарз аст- дар номи мардуми бошараф ва бо номуси деҳаи Сомониён. Дар ҳоле, ки мардум маблағ надорад, ки зиндагияшро пеш барад. Мардум фикр намекунад, ки инҳо аз номи шумо маблағ ҷамъ карда обод мекунанд ва маблағҳои ҷамъ шудаи ноҳияро ба ҷайбашон мезананд.
Ягон 6-7-моҳ пештар пешдарои масҷиди ҷумъаи Гумбулоқ иваз шуд. Дар ҷояш як марди дигарро овардан ва бисёр мардум таърифаш карданд, ки бо авод аст. Дар ҳамин деҳа ҷаноза шуда буд, дар деҳаи Сомонӣ. Модари Ғозибек аз дунё гузашта буд ва ҳамин мулои навшудагӣ дар масҷиди деҳа пешнамозаш кард. Рости гап ман лесидани ин муллоро дидам хело шарм кардам. Дар ҷаноза одамҳо мусибатдоранд, зиқ ҳастанд. Ин мулло амри маъруф кард ва дар ҳақи петеушник дуъо кард ва гуфт шукргузорӣ кунед аз петеушники кишвар. Дар масҷидҳо кам набуд таърифи петеушник. Лекин ин муллоро таъриф карда буданд, ки бо савод аст. Аммо ин дар ҷаноза номи ин ҳаромро гирифту таърифу тавсифи зиёд кард, ки ҷояш ва мавридаш набуд. Рости гап дигар чи гуфтанамро надонистам.
Ғозибек кист, шумо дар номаҳоятон гуфта гузашта будед.
Солҳои 2021 ё 2022. Он вақт ӯ судияи ноҳия Файзобод буд. Доир ба ҷудошавии оилаҳо кор мекард. Айни ҳол суди ноҳияи Ғарм ё Тоҷикобод аст. Ман ба ин Ғозибеки судя гуфтаниам, ки магар ин қадар бева кам аст ки ту бо занҳои шудор алоқа мекунӣ?
Мурдани ту барин судя беҳ. Инро аз ёдат набарор, ки зино кардӣ бо оилаи ту ҳам зино мекунанд, агар ба оилаат накарданд ба фарзандат мекунанд, ба набераат, ба келинат мекунанд. Барои чи ман инро кушоду равшан нагуфтам. Аниқ як оилаи дигар ҷудо мешавад. Ин Ғозибек дар вақти судя буданаш дар ноҳия чанд кори дигар кардааст, ки дар навиштаҳои оянда мегӯем.
Рости гап касе ба ноҳияи Файзобод меояд, фарқ надорад вай ГАИ ҳаст участкавой ҳаст, угаловник ҳаст дар 3-4-чор моҳ соҳиби мошинҳои нағз мешавад. Ба пеши отдел мегузарӣ, дар лаби раҳ ҳама мошинҳои қимат аз они ҳамин ментҳо аст.
Моделҳои Кемри-6, Кемри2, тойота, мерсдес ва ғайра. Аз кадом ҳисоб инҳо ин мошинҳоро мехаранд? Мо оҳиста оҳиста дар номаҳои оянда дар ин бора маълумот медиҳем. Аммо ҳоло фақат як намек ба началники милитсия медиҳем- ту фикр накун, ки чи коре мешавад мегузарад. Маблағҳое, ки ту ва кормандонат мегиред мо бе хабарем? Аз ҳамааш бо хабарем. Киро туҳмат мекуниву пул мегирӣ, аз кудакҳои талабаҳои мактаб ва ғайри мактаб ҳам гирифтаӣ. Ту фикр накун, ки гузашт рафт, не ҳамааш ҳаст: «чанд сум ай кӣ гирифтӣ, барои чи гирифтӣ, ҳамаашро аниқ карда ба Ислоҳ мерасонем, иншоаллоҳ. Бо мегирифтай мегуфтай касе гуфт, бугу ма ҳичи кор накардам,намедонм».
Дар инҷо аз деҳаи Сино номи пештарааш Қошқарӣ мебошад, мегӯем. Ин гап ба ҳамаи одамони ин ноҳия маълум аст. Ин деҳа мактаб дорад, даруни ин мактаб медароӣ гиряат меояд. Мегӯӣ, ки дар Афғонистон бошӣ. Роҳи ин деҳа аз раҳи мошингард дур, қариб 5-километр аст. Агар шаб соати 12-аз ягонҷо биёӣ мошин надошта бошӣ, мемонӣ. Ба зами дурӣ ин роҳ бисёр безеб шудааст, аз давраи шуравӣ аст. Солҳои пеш депутатҳо мебурданду ягон Камаз қум мерехтанд. Мегуфтанд, ки дар иваз ба мо овоз диҳед. Мо, ки гузаштем соз мекунем. Баъд, дигар намедидемашон.
Бо шарофат ва ҳидоятҳои петеушники кишварамон халқ худаш пул ҷамъ кард ва камтари роҳро асфалт ва роҳро болотар карданд. Агар намекарданд ғор наздик шуда истода буд, кадом рӯз ҳам раҳ фуру мерафт ҳам ягон раҳгузар дучори фалокат мешуд. Худатон медонед, ки дар лубой ноҳия чизе шавад, халқ худаш мекунад.
Дар ноҳияи мо як амниятӣ кор мекунад бо номи Аъзам Шарофов. Агар хато накунам дар Роғун чанд сол началники амният буд. Пеш бисёр рейдҳо барои риш мегузаронд ва боз таъриф мекарду тарафи як ду бародар мегуфт «ред мекнм, риш метрошм» ва механдид. Аввал муаллими фанни биология буд. Ба Худо қасам савод надошт. Дар мактаби дигар деҳа дарс медод. Талабаҳо зада буданаш. Рӯзе Оби гарм гармоба рафта будем, ӯро дидем, задагӣ маст. Гуфтем тинҷӣ ҳаст, ту ки арақ намехӯрдӣ. Гуфт звани гирифтам шуштем званира бо ҳамроҳи ҳамкорам ва хандид.
Ёдатон бошад дар вақти коронавирус нархи билетҳо чанд баробар қимат шуд. Барои онки ҳамин амниятиҳо мерафтанд любой хел билетро то 5-6 ҳазор сомонӣ мегирифтанд бе навбат ва аз 10 ҳазор боло мефурухтанд. Аз ҷумла ана ҳамин Аъзам Шарофов, дар вақти коронавирус аз ҳамин билетфурӯшӣ пули калон кор крад. Як бор ба мошинаш шишта ба Душанбе рафтем. Аз корҳои кардааш бисёр таъриф карда маро гуфт, ки любой касро билет лозим шавад бигӯ дар як дақиқа мегирам медиҳамаш, ба мабағи 10 ҳазор сомонӣ.
Ман 10-ҳо касро роҳӣ кардаам ва ана ҳамин касофатҳо ҳаминхелин корҳо мекунанд. Мардуми бечора бе билет дар очират мемонд ва умедворем, ки як рӯз не як рӯз шумо сари қудрат омадед, одамони баномуси ин кишварро дар ҷойҳои ин ҳаромҳо монед.
Устод инҳо фикр мекунанд, ки тамом, дигар то қиёмат ҳамин хел меравад ва мо дар дини ҳамин петеушник мемонем. Инҳо –ин амниятиҳо ман фикр мекунам, имон ва дин надоранд, бовар надоранд. СС. Ятимов ва ин петеушник ҳамин хелешон кардагианд, ки даркор шавад «оташа терарист мега, барои риш». Ман ҳайрон мешавам, ба падару модари ин амниятиҳо ва милисаҳову коркунони военкомат, ки чаро як бор намегуянд писарам инҳоро аз куҷо меорӣ?
Дар ноҳия Файзобод як корхонае нест, ки 100-нафар коргар дошта бошад. Солҳои 2008-ё 2010 буд. Ноҳияи файзобод як фабрика дошт, ки зиёда аз 500 нафар кор мекард, аз ҷумла занҳо бисёр буданд. Гушти мурғ, чуҷа ва тухм истеҳсол мекарданд ва чанд сехи тухмбарорӣ буд. 16-сех кор мекард, ки дар як сехаш 25-ҳазор мурғ буд ва дар якрӯз 25-ҳазор тухм истеҳсол мешуд. Ин фақат як сехашро мегуям ва тухм арзон буд. Чи қадар ноҳияҳо бо тухми ватанӣ таъмин мешуданд. Дар ноҳия Файзобод фабрикаи мазкур дар деҳаи Лолагӣ ҷой гирифта буд ва сехи чуҷабарориаш дар назди деҳаи Бини кулута қарор дошт. Ва ин завод заминҳои бисёр дошт. Заминҳоро ба коркунон дода буданд, ки ягон чи коранд: гандум ё зағир ва ғайра. Фақат андозашро месупоридиву тамом. Як соҳибкор аз ноҳияи Файзобод буд Меҳроҷиддин ном дошт, бачаи Дости бурут буд, худо раҳматаш кунад. Чуҷаҳо аз Эрон меомад. Эрониҳо ҳам хело бисёр буданд, кор мекарданд. Ин завод таалллуқ дорад ба бачаи Дости бурут. Дости бурутро дар кишвар ҳама медонад. Дости бурут, то ҷое медонам аз аввал бой буд, фермаи аспу гуспанд дошт, аспҳои хело хуб дошт ва солҳои пеш дар мусобиқаҳо ҷойҳои аввалро ишғол мекард. Рӯзе мусобиқа мешавад. Аспи петеушник ҳам дар он мусобиқа иштирок доштааст. ва Дости бурут мефаҳмад, ки ин аспи петеушники кишвар аст. Вақте аспи Дости бурут якум мешавад Дости бурут аз ҷояш хеста мегуяд аспи ҷаноби оли якум шуд ва аз ҳаминҷо шуҳрат ёфт. Ва он аспро ба петеушник дод.
Ва ин завод 90%налоги ноҳияро медод. Чи ҷашну маросим дар ноҳия мешуд аз ҳисоби ана ҳамин завод мешуд. Аз ҷумла дар наврузиҳо мусобиқаҳои гуштин хело хуб мешуд ва солимҳои хело хуб мемонд. Мошин, асп, гов, гуспанд ва ғайра. Он вақтҳо дар дигар ноҳияҳо ин гуна солимҳои қимат набуд ва ба ҳама мардум ош ё далда 7-8дег мемонданду бе пул тақсим мекарданд. Дар ноҳия президент меомад ҳамааш аз ҳисоби ана ҳамин одам буд. Меҳроҷидин ном дорад. Ба фикрам беҳад одами босавод аст. Як сол ба ёдам ҳаст, ки петеушник ба ноҳия омад.
Чанд рӯз пеш барои вазиру ҷазиру амнияташ 40 сар гуспанд кушта буд, адади гову дигар чизҳояш ба ёдам нест. Барои президент алоҳида гушти кабку будана ва оҳу ва хело расход мекард. Фармонаш медоданд, ки чи кор кунад. Бечора дар ҳамин завод дар ҷое, ки поруҳояш дар дараҳо рехта мешуд, бо хитоиҳо ҳамкорӣ дошт. Бояд аз поруи мурғ газ истеҳсол мекарданд. Қариб ҳама гуфту гӯҳояш шуда буд. Ва ин петеушник омаду ташклира зад. Гуфт, ки бояд ту заводи пахта бисозӣ ва ин «ҳов» гуфт, Баъди рафтани петеушники кишвар ҳисоб кард, ки аз Ёвон ва дигар ҷойҳо пахта бихараду биёрад дар инҷо коркард кунад покриват намекард. Агар дар ноҳияи мо пахта корад намешавад. Чунки заминҳои мо барои пахта намешавад. Ба назди петеушник рафта гуфт, ки намешавад дар инҷо заводи пахта, мо минусда меравем. Агар корхона ҳам созем банкрот шуда аз кор мемонад. Дар ҷавоб петеушник гуфт, ки «ира ай ёдт наброр, ки отат буд, ки шумо ин қадар дову даска кардед, ҳоло бошад Дости бурут мурд, шумо қадре надоред барои ман. Хушру фикр кун ва ногуфта намонад, ки дар Душанбе бакалея чандин гектар ҷой дошт ин завод ва ячекаи тухм мебаровард ва тухм аз завод ба онҷо мерафт ва тақсим мешуд ба ноҳияҳои Тоҷикистон. Дере нагузашта, намедонам солҳои 2015-буд аниқ намедонам, инҳоро тюрма кард бо ҳамроҳии Алимардонов. Он вақт ҳама бизнесменҳоро маҳкам карда буд ва баъди як сол ин завод аз кор монд. Завод ба подачар табдил ёфт. Ҳама бойигариашонро зада гирифт, пулу молашонро ҳам. Замини бакалеяшонро бошад нимашро ба домсозҳо фурӯхту Роғун роҳӣ кард. Ҳамон вақтҳо тухм 40-дирам буд. Камаз, камаз бор карда ба Данғара мебурданд, аммо намедонам ба кӣ медоданд. Ба фикрам 20-дирамӣ ба авлодҳову ахраникҳояш. Поруҳое, ки бояд Хитой газ истеҳсол мекард ҳамаашро бо фураву дулан кашида ба заминҳои Данғара бурданд.
Як ду бародараш коркунҳои баланд ҳастанд, аммо онҳо аз дасташон ҳеҷ чиз намеояд: чизе гӯянд увора иҷро мекнан».Ба фикрам айни ҳол дар озодӣ аст, вале аниқ намедонам, ҳамин хел гуфтанд, ки баромадааст.
Ва чанд соли охир, ки президент Файзобод меояд худатон мебинед, ки чиро нишон медиҳанд: «иқа боғ мерава, иқа севу дарахта нишон метан, гапҳои дуруға мезанан ба ҳамин тамом».
Дар Ютуб ҳаст, омада буд заминҳои болои Дубеда, бо як муйсафед даруни заминҳо даромада буд. Инҷо баъд аз Роғун омада буд.
Рафт Роғун как будто кор рафта истодааст. Баъди он ба Файзобод омад. Даруни замини як мусафед аз деҳаи Чаноро. Как будто он мусафед хела замин дорааст, ҷои кор дорад. Аз мардуми деҳа помидору кадуву боимҷону капусту бисёр чизро ҷамъ карданд ва ба намоиш монданд ва маҳсуоти набударо аз ҳисоби бизнесменову маблағи аз халқ ҷамъоваришуда аз бозори Душанбе харида оварданд, как будто аз ҳамин заминҳо бошад. Аҷоибаш ин буд, ки тарбуз ҳам буд. Дар Файзобод дар ягон ҷояш тарбуз намешавад, хандовар аст ва дар назди ҳамин замин раҳи главнийи мошинҳо буд, ки ба ин раҳ мардуми Оби гарм, Рогун, Ғарм, Тоҷикобод ва Ҷиргатол гузашта тарафи Душанбе меомаданд. Раҳ маҳкам буд. Дар лаби раҳ дегу нону сабзавотҳоро ба намоиш монда буданд. Чандин касҳо парвоз доштанд, ба аэропорт меомаданд, баъзеҳо бемор буданд беморхона меомаданд, одамҳо кори зарур доштанд, аммо бо омадани петеушник чандин соат дар раҳ монданд. Аммо ин ҳама мушкилии сафари петеушник дар ягон расонаи иҷтимоӣ гуфта нашуд, ягон блогер онро надид.
Боз як, се чор моҳи охир боз ба Файзобод омада буд: парчам, нишон ва бинои ҳукумат ва маорифро ба истифода дод. Наворҳои 5-сол қаблро дар ютуб бинед, ки ҳамон парчаму нишон ҳастанд, просто бинои ҳукумат як каме ремонт карданд ва балнитсаи куҳнаро нав карда ба истифода доданд. Ин биноҳо кор мекард, аммо ҳамчун бинои нав ба истифода дод. Ба фикрам чанд сол пас меояд «бо я краскаи дига мекнан ягомчора бо миёя ба истифода медиҳад, барои ки дигар ҳеҷ кори тоза ва наве надорад».
Мардум аз бекорӣ ба ҳар кор рафта истодаанд ва боз меояд дар пешаш ҳисобот медиҳанд. 100-ҳо гектар заминро мардум деҳқонӣ мекунад, хело чизҳо мегиранд ва боз фармон медиҳад, ки чанд маротиба зиёд карда шавад.
Баъд айни кишту кор мешавад, мардумро маҷбур мекнанд, ки бисёр сабзавот коред. Мардум мегуяд об намерасад, имкон надорем. Ваъда медиҳанд, ки об мешавад. Баъд аз онки коридӣ менависанду мегиранду ба президент пешниҳод мекунанд, ки «инамиқа мардум кишту кор кард». Аммо он ҳосил ба бор меоварад, мешавад, намешавад, об мешавад, намешава дигар фарқ надорад. Мардум мегуяд, ки ягон гандум ё зағир кишт кунем, ин картошкаву пиёз бе об намешавад, мегуянд, ки фармон аз боло аст «накнен заминотона мегирем».Охир, эй петеушник «ай боло фармон метӣ ақлт намегира, ки мардум об ай киҷо миёван метан? Аз даромади Файзобод то деҳаи Кабгиреза дар заминош об намераса, неке анами мардума маҷбур мекунан, ки ячи бкорен».
Имрӯз бадбахтона ҷавонҳои ноҳия аксарият, талабаҳои мактаб ҳама бангӣ шудаанд. Ягон мактаб нест дар ноҳия, ки бо муаллим таъмин бошад, муаллим намерасад. Ҳама бесавод мондааст. Талабаҳо, ки мактабро нав тамом мекунанд, заочний месупоранд меоранд маҷбур муаллим мемонанд. Баъд аз куҷо талабаҳо донишу савод гиранд. Дар мактаб муаллимҳои боқувват ва донишманд бисёр буданд. Аммо ҳама рафтанд ба муҳоҷират.
Якеашонро пурсидам, ки чаро кор намекунед? Гуфт шогирди азиз 3000 маош мегирам меравам дар 10-ҳазор асабҳоямро личени мекунам. Аз соата бисёриша дар бемористон ҳамаи доруҳо қимат, ҳамаи чи қимат, хубаш дар хона бо асабҳои ором бошам.
Дар бораи военкомат ва кормандонаш гапу корҳо бисёр аст. Ному аксҳояшонро ҷустуҷу дорем. Пайдо, ки кардем ба шумо мефиристем.
Эй, уголовникҳо! Шумо фикр накунед, ки « амухел борзиги када мегарден. Ҳама коротона чикор мекнен ҳамаша медонем, ному фамилатон кати суратотонкати шуморам таёритона бинен қати началниктон мебароен дар Ислоҳ.ТВ.
Шумо аз қафои кӣ ба Ислоҳ нома мефиристад нашен, шумо ай қафои ислоҳи худатон шавен беномусҳо.
Ва дар охири барнома гуфтаниям. Ба фикри ман ҳар ҳафта бояд дар бораи ноҳияи Файзобод гуфта шавад. Эй, мардуми Файзобод камтар мард шавед. Маро зулм накардаанд, шуморо зулм кардаанд. Раисони қишлоқ мурғ нашавед. Чизе гуфтанд даррав ҷамъ карда бидиҳед.
Боз ин ментҳо худашон ба худашон кайф мекунанд: «иш суни иш мега ниго кн бе сум мондагием я бор занг мезанем раисои қишлоқо чихе сума ҷам мекнан».
Як мент (рафиқи ман ҳам ҳаст, аз Фархор) ба тарафи ҷӯрааш таъриф мекунад, ки ҳаминки бе сум мондам раисони қишлоқҳоро занг мезанам ва мегуям рӯзи душанбе пажарка, светавой, учаскавой ҳамакаса қишлоқатон проверка меравем тайёриатонро бинед. Баъд раисҳо дар Группа «мардума меган, мардума метарсонанд меган биёян ҳамамона штраф мекнан, хуб нест, ки 2000-ё-3000 ҷамъ кнем бтемшона тамоман наёян, бад ҷамъ мекнанд мебаран хушрувак дастмонда метан, бо меган ягом хизмат шид ҳамиҷоҳодаем».
Мегӯяд, ки гарени мурғашон кардагием. Вале, рост мегуяд.
Аллоҳ аз шумо розӣ бошад бародари роҳи ҳақ! Дар намозҳои таҳаҷҷуд дар ҳақи шумо дуъо мекунам.
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Ин нома танҳо шикоят нест, шаҳодати зинда аз як ноҳияест, ки ба майдони пулчинӣ табдил шудааст. Дар Файзобод постҳо барои амният нестанд, барои гирифтани пуланд. Ҳуҷҷат дорӣ ё надорӣ, фарқ надорад, бояд супорӣ. Агар пул надодӣ, айб меёбанд.
Дар ҳамин ноҳия амниятиҳо дар вақти коронавирус билетро ба тиҷорат табдил доданд, мардумро бе навбат ва бо нархи чандкарата фиреб карданд. Дар ҳамин ноҳия мардумро ба номи «ободонӣ» қарздор карданд, аммо ободиро дигарон ба номи худ сабт намуданд.
Мактаб бе омӯзгор, роҳ вайрон, корхона нест, ҷавонҳо бангӣ ё муҳоҷир. Аммо мошинҳои қимат дар назди отдел ва идораҳои мақомдоро истодаанд. Савол оддӣ аст: ин пул аз куҷо омад?
Хуб диққат додед,ки Раҳмонов намехоҳад корхонаҳои истеҳсолӣ дар ноҳия зиёд шаванду мардум ҷойҳои корӣ ёбанд. Ҳар тоҷире диданд пул дорад бо ҳар роҳу васила бояд ӯро шикананд ва пулҳояшро гиранд ва ё ба ӯ маҷбур мекунанд корхонае созад,ки фоида наорад. Масалан дар файзобод сохтани заводи пахта бо кадом ақл? Инқадар заводҳои пахта дар манотиқи Вилоятҳои Хатлону Суғд чи самара додаанд,ки дар Файзобод мехоҳи бисозӣ? Раҳмонов ва режими ӯ ҳаргиз дар фикри созандагӣ ва ободии кишвар набуд ва нест. Мақсади ӯ фишор ва зуроварист дар кишвар, на созандагӣ ва ободкорӣ.
«Ислоҳ» ин номаро нашр мекунад, то равшан бошад: мушкилоти Файзобод истисно нест, намунаи як системаи фасодзада аст. Хомӯшӣ инро тағйир намедиҳад. Гуфтан, навиштан ва фош кардан ягона роҳи наҷот аз ин системаи фасод аст.
Агар масъулон ҷавоб надоранд, халқ ҳақ дорад ҳақиқатро бигӯяд. Ва ин гуфтан қатъ намешавад.
