Номаи маро алоҳида нашр кунед №30
Косаи сабру тоқати мардум пур шудааст. Як зарб ва расидани пои магас ва пари паша кофист, ки бишканад ва ин қасру кӯшку самолёти 92 миллиондолларӣ, аспҳои бадавиву англисиву ахалтегинии якмиллиону ду миллион долларӣ, ламбарҷину галенвагенҳои панҷсадҳазордолларӣ ба сари Раҳмонову Рустаму Исмоли пингвин фуру резад ва успети аз зери овор раҳо шудан наёбанд.
Ҳар вақте ин навиштаҳоро барои чоп омода мекунам, дақиқ мебинам ва мефаҳмам, ки чи қадар асабҳо таранг, таҳаммулу сабр дар нуқтаи ниҳоӣ омадааст.
Киро мефорад? Як бор бошад, ду бор бошад, як сол бошад, ду сол бошад, ҳоло ки ин мардака то охири умр истоданист ва бадтар аз ин ба бачааш доданист, пас ин мардум ҳам ин соҳибкорони ватандӯст ҳам ин халқи бонангу номус ҳам ин муҳоҷирон (муҳоҷиронро дар ин хусус ба забон намеовард) то абад мактаб созанд, роҳ созанд асфалт кунанд, беморхона рост кунанд, пул созанд?
Ҳоло давлат чи кор бикунад?
Як нафар аз дӯстонам гуфт, ки дар сафари ахири Раҳмонов ба як ноҳия ҷамоатҳоро 270 ҳазор сомонӣ доля бастаанд.
Лаҳни суҳбатҳо пуршиддат, тундтар ва дурушттар шуда истодааст. Воқиан ҳам ба ҷони мардум задаанд.
Аммо, ин мардум бояд бидонад, ки чунин сиёсат аз марказ ба ноҳияҳо дастур ва дикта шуда истодааст ва то Раҳмонову оилаи вай дар сари қудрат ҳастанд, ҳамин вазъу ҳолат идома пайдо мекунад.
Ин нома аз Қубодиён аст, ки гуфтем муҳтавои асосии он аз чӣ иборат аст. Дар зимн дар ин навишта як номаи дигарро ҳам, ки муаллифаш нафари дигар аст изофа кардем, то ҳарду дар як матлаби «Номаи алоҳида» нашр шаванд.
Қубодиён зери «хайру эҳсон»-и маҷбурӣ
Ассалому алейкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқбол! Ман сокини ноҳияи Қубодиён мебошам, аз мардуми таҳҷоии ноҳия. Ман ночор шудам, ки ба шумо бинависам. Дар ноҳияи мо чи ободиву тағйироте сурат мегирад, ҳамааш аз ҳисоби муҳоҷирон мешавад ва ё соҳибкорони ватандӯст, ба гуфтаи ин бузбон, ки сокинони ин ноҳия ҳастанд.
Мегуфта бошӣ, ки моро дар ватан бо ҷойи кори хуб ва музди маоши хуб таъмин карда бошад, ки «мо бояд ватанмона обод кунем»-у вале ин бузбони бачаи Чақур бо аҳлу оилаи гушнагадояш дар ободии Тоҷикистон ягон майда саҳм нагузоранд. Фақат мардуми кулфатзадаю ранҷкашидаи бечораи дарбадари аз ватан беватан, муҳоҷирони дар зери зулми русҳо қарордошта, ҳаминҳо бояд ватандӯст бошанд, на авлоду аҷдоди бачаи Чақури бузбон, ки фақат бюҷаи давлатро гиранду барои худашон дачаву қасру бизнесу мошинҳои гаронбаҳо, либосҳои қимат карда кайфу сафо ва командават карда гарданд?
Мо мардуми тоҷик барои ин оқи падар мактабу роҳу купруку балнитса соз мекунем. Чаро?
Мо мардуми муҳоҷир рӯзазрӯз аҳволамон вазнин шуда истодааст. Патентро ин русҳо аз соли нав боз бардоштанд. Мо дигар намедонем чи кор кунем: ай исун хона ройӣ кунем, ай суни дигар пули патент тием, ё ягон сару либоси гарм харем, ё ки пули квартирая тием, чикор кунем? Боз ин аҳмақҳои тупой беақл мардумро маҷбур карда истодаанд, ки «ҳо ту бояд барои ободӣ ҳатман саҳматро гузорӣ». Барои чи? Барои онки Чақури бузбон масъалаи ободиро сахт танқид кардааст, ё ки сахт гирифтааст, ки ободкорӣ кунем. Дар он паёмаш гуфта истодааст, ки хонаҳоятонро канеду аз сар дуруст кунед, ободкорӣ кунед. Ҳамин гапро гуфт.
Акнун дар ҷавоб ман ба ту гуфтаниям, ки э,бачаи Чақури бузбон, ту изо намекашӣ, ки ҳамин хел гапҳоро дар маҷлисат мезанӣ. Ту ба моро ҷойи кор таъмин кардӣ? Ту музди маоши муаллим, табиб, милиса, ҷамоат, амният, корманди ҳукуматро чи қадр бардоштӣ, ки инҳо хонаҳояшонро чапа кунанду боз аз сар бисозанд? Ту музди маошашонро дар байни 34 сол 1300 сомон бардоштӣ. Ҳамин 1300 сомониро дар онҷои занат зан бо духтарҳоят. Дар ҳамон ҷояш бурда зан. Айб аст ки дар байни 35 сол музди маош 1300 сомонӣ бошад. Як мисоли одӣ меорам. Ҳамин Толибон 4 сол шуд дар сари ҳукумат омаданд, аммо музди маошашон 3 баробар аз мо зиёд аст. 500 доллар музди маошашон. Маълум мешавад, ки ту як ноуҳдабаро ҳастӣ, як дузди бераҳм ҳастӣ. Ба мардуми тоҷик раҳму инсоф надорӣ. Аммо ин маоше, ки барои мо пешниҳод кардӣ- 1300 сомонӣ боз аз сари он пул барои рушди ноҳия пули газета-обуна, пули суғурта, боз пули ободии ноҳия мегиранд: « аку бест, худат фикр кун бачаи Чақури бузбон ба мора чанқа маошаш боқӣ мемона ва
мо бошем орд мехарем, равган мехарем, картошкаву пиёзу зарҷома мехарем, макарону биринҷ мошу лубиёву нахуду гречка ва ғайраҳо мехарем ва боз ба модару падару зану фарзандонамон сару либос мегирем, ба кудакҳоямон памперс мехарем : « аку худут бузбон бест, ҳисобу китоб кун,ки чи қадар мешава ва фикр кун, ки ман ҳамин маоши кормандора бардоштам оё ҳамин маош ба ҳаминҳо мерасида бошад ё не?»
Боз ту дар ҷойи мо бошӣ нушокиҳои спиртии қимат мегирӣ аз бюҷети давлат мехурӣ, ту баъд кай парвои мардуми тоҷик дорӣ.
Маош аз сентябр свет аз феврал. Чаро маошро ҳам аз феврал накардӣ? Як бор ба афти хунуки баднамудат, ба рангу рӯи бенуру беқут шудаат дар оина нигоҳ кун. Чеҳраатро бин, страшний шудааст, мегуфта бошӣ, ки вампири одамхур шуда бошӣ!
Ту кӣ будӣ?. Падарат бузбон буд бачай Чақур ҳоло ба куҷо расидӣ? Дар вақташ чи мехурдиву ҳозир чи мехурӣ, дар чи хелин хона зиндагӣ мекардиву ҳозир дар куҷо зиндагӣ мекунӣ?
Бародар Муҳаммадиқбол, ҳоло ба масъалаи асосӣ мегузарем. Ман садфоиз бовар дорам ин корҳо бо фармони ҳамин бачаи Чақури бузбон шуда истодааст. Ман видеоҳояшро ҳам мепартоям. Инҳо ҳамаш найрангбозӣ доранд, фақат дар фикри дуздиву ғоратанд.
Дар мо як группа кушодаанд ба номи «Хайру эҳсони ноҳияи Қубодиён». Бори дигар хотиррасон мекунам, ки аз рӯи маҷбурӣ ба шумо навишта истодаам. Дар ин группа ҷонамонро ба лабамон овардаанд: пули ин те, пули он те, фақат пул, пул, пул. Дар як маҷлисаш худаш баромад карда гап зад писари Чақури бузбон: «ман барой маорифа чандин миллион сомонӣ гузаронидам». Хуб, офарин, боракалло! Аммо баъд ин қадар пул куҷо мешавад, ки як мактаб соз карда наметавонанд? Боз буромада руйирост дуруғ мегуяд, ки ман ин қадар пул ҷудо кардам барои маориф. Аммо мардуми тоҷик –муҳоҷирҳо, соҳибкорони ватандӯст мекунанду тамом? Аммо ин бачаи Чақур медуздаду мекушаду мефурушаду талаву тороҷ мекунад. Худаш намекунад, мо мардуми тоҷик бояд кунем. О, ту дар сари вазифа истода бавли Азизмои газетхонакро мехурӣ? Ин корҳо вазифаи туанд,ту чаро намекунӣ, бузбон?
Ана ҳамин мактаби ноҳияи Қубодиён аст, мактаби рақами 3 бовар кун дар ҷонамон задагианд. Мо ҳам зиндагӣ дорем мо ҳам хонаву дар дорем мо ҳам падару модар дорем, мо ва манам зану фарзанд дорем, мо вақте пули кор кардагиамонро ба созандагӣ ва ободии давлат медиҳем, аҳлу оилаҳои мо чи кор мекунанд, ё ки дар хона шукронаи бузбонро кунанду шинанд, чи кор кунанд?.
Эй кормандони амнияту милиса ва дигар мақомот!
Ин маоши шуморо на бузбон медиҳад. Ин маоши шумо пулҳои дуздии шумо, пулҳои аз ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст овардаи шумо аст. Ба падару модар зану кудаконатон мардум лаънату ҳақорат мефиристанд, ҳамин хуб аст барои шумо? Ё ки мисли инсон, одамвор зиндаги кардан? Кадомаш барои шумо хуб аст? Музди маоши шумо пули налоги мост пули свет ва дигару дигари мост. Шумора ягон бор бузбон маош намедиҳад. Пули шуморо мардум таъмин мекунад. Ин бачаи Чақур, баракс маоши шуморо кам мекунад, ки шумо барои пешбурди зиндагӣ маҷбур шавед пора гиред. Агар пора нагиред, чи тавр зиндагиатонро пеш мебаред?
Аммо бачаи Чақур фақат барои оилаи худаш корхонаву тиҷорат рост мекунад вале на пули налог медиҳад на пули свет, на пули обу на пули комуналка. Агар маоши шумоҳоро аз пули налогу свету обу комуналкаи оилаи Чақр диҳанд, барои шумо кифоят мекунад, дуздӣ ва порахурӣ намекунед. Аммо шумо ҳам ҳаром мехуред ва ҳам мисли арусак ва мисли ғулом коратон фақат ба ин хизмат кардан аст. Аммо боз ҳам мегуям, ки маоши шумора мардум медиҳад, на Раҳмонов. Агар шумо мардак мешудед, ё ки баномусу ватандӯст мешудед, ин вақт мову шумо ҳеҷ вақт ғуломи як оилаи беномуси даюси беимон набудем,мисли дигар ҳамсояҳои гирду атрофамон дар беҳтарин шароити зиндагӣ кору фаъолият мекардем.
Хитоби ман ба шумо- амниятиҳову милисаҳо. Дар байнатон ҳаст одамони хубу баимон лекин беимонаш беҳад бисёр аст. Барои онки гарени пора мегиранд. Ҳамин хел беномусу даюс шудаанд ин муҳтарам амнияту милисаҳо. Агар шумо мисли ғулом кор, фаъолият ва зиндагӣ кунед мо ранги шумо намехоҳем ки ғуломи як оила шавем. Мо мехоҳем, ки озод бошем ва озодона зиндагӣ кунем. Бас кунед зулматонро ва мардуми бегуноҳро тюрма кардан барои чи? Барои як оилае, ки на номус дорад, на обуру дорад? Дигар давлатҳо меравад ҳама як талбандаву беобуру мешиносанаш бузбонро, на мисли як президент.
Муҳтарам амниятиҳо ва милисаҳо!
Шумо аз руй вазифа катагӣ ва бародарони моро бегуноҳ тюрма накунед
ва падаромонро барои аблава гуфта назанеду ришашонро қоқоқоқ натарошед, ки ин ша Аллоҳ мисли ҳукумати Башор Асад мешавед. Имруз шумо, ки раҳму инсоф надоред, пагаҳ мардум аз куҷо ба шумо раҳм мекунад, мисли ҳукумати Башор Асад ниматро тюрма мекунанду дигариатро ба дор мекашанд ними дигаратро….Шумо ҳиҷ вақт ба мисли бузбон барзидди давлат нахезед, ки ин ша Аллоҳ инқилоб наздик омада истодааст, шумо ягонҷо гурехтаву ягонҷо рафта наметавонед, шумо то рӯзи мурдан бо ҳамин мардумед.
Хайр, ман гапи мегуфтаамро гуфтам ҳамчун як шаҳрванд ва ҳамчун қасдгиру бадбини ин режим ва ин ҳукумати ташкил намудаи Эмомалӣ. Шуморо мисли хук шуматон мебинам. Сабр карда истодаам, ин шо Аллоҳ он рӯзҳо наздик шуда истодааст, тамошо кунед, ки ҳоли шумо беимонро душмани ислому душманони сатру ришу душмани муллову олимони кишвар ин ша Аллоҳ ҳатман сарнагун мешавед.
Мо ба Худо имон дорем, на ранги шумо, ки ба бузбон ё ки ба бачаи Чақур имон овардаед. Мо мусалмон ҳастем дар паноҳи Аллоҳем ва аз дини ислом ва аз пайғамбарамон Муҳаммад (сс) ҳифз ва ҳимоят мекунем аз ҷонамон бештар ва мо ба худованд имон дорем, ки ин ша Аллоҳ рузе мерасад, ки ҳатман шикаст мехуред. Шумоҳо бошед ба амниятиҳо ва милисаҳо ва ба Эмомалӣ имон доред. Мо ранги шумо нестем ва аз худованди якто ва ҷаҳониён метарсем, на аз шумову на аз бачаи Чақури бузбон!
Бародар Муҳаммадиқбол! Дар болои гуфтам, ки наворҳоро мефиристам. Навори суҳбати гуфтаи мардум калонҳо, ки дар деҳа мардумро барои ин ё он кор сарварӣ мекунанд. Шумо ин наворҳоро гуш кунед ва худатон фаҳмед, ки мардуми Қубодиён чи вазъу ҳоле доранд. Ин наворҳо танҳо аз як маврид гап мезананд, аммо чунин маврдҳо, ки водор ба «хайру эҳсон» кунанд дар садҳо мавриди дигар ҳам ҳастанд ва коре мекунанд, ки ҷайби мардумро бизананад:
«Ассалому алайкум, ва раҳматуллоҳи ва баракатоҳу аҳли гуруҳ! Шербачаҳои Қабодиён нағз ҳаматон, тинҷ мӣ? Шербачаҳо бетон беэтиборӣ накунем, гирди ҳамун мактаб махкам карда тием, як ёрдам карда ҳаминора маҳкам камтар тием, камтар як овод када. Кори савоб мешава.
Аз барои Аллоҳ бетон ёрдам кунетон. Кӣ чанқае, ки метонад, хайр акун, хайртона Алло қабул кунад, чи ки ният доред дар ҳамун ниятон расед. Куҷое, ки набошед ҳамавақт сарбаланд бошитон.
Да ҳаму ноҳияи Қубоиён чизе, ки ободонӣ шудестодас ҳамаш ҳамун дастгири шумо катӣ. Ина а чанд ҷо об буроварда додем, чандта купрук сохтем, ҳамаш дастгирии шумо қатӣ. Ҳамун хонаи ятимо сохтем, мактаб сохтем, ҳамаш ҳамун дастгири шумо катӣ.
Раҳмат ҳаминқа дастгирӣ кардестон, не нагуфта ёрдам кардестон раҳмати калон аҳли гурӯҳ ҳаматонба, қишлоқ ҳамтонба, админо шумобаям раҳмати калон. Дар паноҳи Алло бошетон, барори кор Аллоҳ коратона барорша тияд, ёфтагӣ сумтона баракатша тияд».
****************
«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу аҳли гурӯҳ. Хайру эҳсонатон қабул боша. Шербачаҳои Қабодиён нағз ҳамотон, тинҷ. Шербачаҳо бетон беэтиборӣ накунем, гирди ҳамун мактаб махкам карда тием, мусорора гирифта, хеле савоб мешавад. Чанқае метонтон хайр кунтон, аз барои Аллоҳ, чанд сум, ки метонӣ бародар сад сум, дусад сум аст. Унҷаам додарамон. Як хелмон бачамон, якхелмон ҷиянмон ҳамунҷа мехонад, ай ҳаму мусор касалӣ пайдо мекуна. Бародаро бетон беэтибор накунем аз барои Аллоҳ. Ёрдам кунем мусура гирифта гирди ҳамун мактаба махкам кунем, хеле саваб мешавад бародаро. Панҷ халта сементми, даҳ дона блогми, ё як мошин шевен, ё як мошин сангай. Ҳаму чизе, ки имконият дорӣ. Бародаро битон ёрдам кунтон, ҳамуна махкам карда тем, хеле савоб мешава.
Ина да ҳамун ноҳияи Қабадиён чизе, ки ободонӣ шидестай, ҳамаш ҳамун дастгирии шумо катӣ. Раҳмат ҳамиқа дастгирӣ кадестон, раҳмат ёрдам кадистетон.
Аҳли гурӯҳ раҳмати калон,админо шумодаям раҳмати калон. Дар паноҳи Аллоҳ бошетон. Аллоҳ коратона барорша тия. Суматона баракаташа тияд».
*******************************
«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу аҳли гурӯҳи Хайру эҳсон.Хайру эҳсонатон қабул боша. Шербачаҳои Қабодиён нағз ҳамотон,тинҷ. Шербачаҳо ай группа баромада нараветон.Чи баромада рафсотон бачаҳо. Бародаро ҳамун чизое, ки ободонӣ шудеста да ҳамун ноҳияи Қабодиён ҳамаш ҳамун обрӯи худмон ку?! Майлу пул нате напартоиям, хайр накуниям, дуъо те хайркардаҳора дар ҳақаш, дар ҳақи гузаштагон о,ҳамунам савобас бародар
И хел накунетон бародаро, илтимос ай группа баромада наравитон. Наабарот, чанқа бошад дабавит кунетон, чи вай бошад дабавит кунетон, предлагат кунитон бачаҳора.
Мо ина ҳамин одам чанқа бисёр бошад ҳамуқа хубай бародаро. Нараветон ай группа баромада, таклиф кунетон наабарот бачаҳора. Илтимос».
Як нома аз нафари дигар аз Қубодиён:
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домулло хубу хуш ҳастед. Илоҳо ҳамавақт сарбаланду хонаобод бошед. Мо ҳамеша дар ҳақи шумоҳо дуъогӯ ҳастем. Ҳамин рӯз ҳам дар намози ҷумъа дар ҳақи мухолифин дуъои сарҷамъӣ доштем.
Тақсирам ҳамон панелҳои офтобие, ки дар барномаи гузаштатон гуфтед дар ноҳияи Қубодиён бачаҳо шинонданд. Аммо аз идораи барқи ноҳия омада гуфтаанд, ки аввал яксола пули светро месупоред, баъд договор мекунед, ки ба счетчик пайваст мекунед ва ҳар моҳ пули барқро чун пештара месупоред.
Ин панели офтобӣ аз худи мо ку. Чи хел аз руи счетчик мо боз пул супорем? Мо аз барқи давлатӣ истифода намебарем.ку.
Ин коркунони идораи барқ аз дехаи Арабхона мебошанд. Ман яктоашонро пурсидам, ки ин чи хел мешавад? Ӯ ба ман гуфт, ки фармон аз боло «фора нафора месупорӣ, набошам намемонем, ки ключит кунӣ, панелота, фаҳмо».
Ана ин боз як фишор болои халқи бечора.
Пасгуфтори Ислоҳ
Дарди ин нома умумӣ нест. Ин дард ном дорад: бекорӣ. Вақте дар деҳа ҷойи кор нест, вақте ҷавон дар ватан нон ёфта наметавонад, маҷбур мешавад муҳоҷир шавад. Вақте муҳоҷир шуд, ҳамон маоши ночизи хунолудро ё ба патент медиҳад, ё ба иҷора, ё ба хӯрок. Дар ҳамин ҳол аз ӯ боз талаб мекунанд: мактаб соз, роҳ соз, асфалт кун, беморхона рост кун, “хайру эҳсон” бидеҳ. Яъне ҳам нонатро бурдаанд, ҳам шарманда кардаанд.
Ин мардум на аз фаровонӣ медиҳад, на аз осонӣ. Аз надорӣ медиҳад. Аз ҳисоби хонаводаи худ медиҳад. Аз ҳисоби кӯдаке, ки либоси нав надорад, аз ҳисоби падару модаре, ки доруи худро кам мехаранду роҳу мактаб месозанд. Ин ҳақиқат аст, на баҳона.
Ва имрӯз як ҳақиқати дигар ҳам ошкоро гуфта мешавад: худи раисони ҷамоатҳо мегӯянд, ки ин ободкориҳоро шумо мардуми муҳоҷир мекунед. На давлат, на “пешво”. Пас агар мактаб, роҳ, купрук, об, асфалт бо пули муҳоҷир сохта мешавад, нақши давлат дар куҷост? Агар мардум худаш месозад, худаш бунёд мекунад, худаш пардохт мекунад, пас пешво барои чи лозим аст?
Давлат бояд ҷойи кор офарад, на гурӯҳи «хайру эҳсон». Давлат бояд маош диҳад, на таҳдид. Давлат бояд масъулият гирад, на минбар бардорад. Вақте раисони ҷамоат ошкоро мегӯянд, ки «ин ҳама ободиро муҳоҷирон карданд», худи онҳо эътироф мекунанд, ки давлат вазифаи худро иҷро накардааст.
Ин нома даъват ба эҳсос нест, ёдоварии ҳисоб аст. Ҳисобе, ки солҳо ҷамъ шудааст: бекорӣ, муҳоҷират, фишор, маҷбуркунӣ. Ва ҳар қадар ин ҳақиқатро бо шиор пӯшонанд ҳам, воқеият тағйир намеёбад: ободӣ бо зӯр ободӣ нест, ва давлатмарде, ки зиндагии мардумашро ба дӯши муҳоҷир меандозад, ҳаққи иддаои пешвоӣ надорад. Раҳмонов ту пешво нести ту гадо ва дузду ғоратгару золиму қотиле беш нести шармат бод!
