Номаи маро алоҳида нашр кунед №31
Асcалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари мубориз, домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Худованд аз шумо ва аз падару модари шумо розӣ бошад, умри дарози пурбаракатро насибат гардонад, ки хобро дар чашмонат куштаву сони сафед ба бар ва барои ин мардуми мазлуму нотавон, фақиру нодори ватанамон ҷоннисориҳо карда истодаед.
Ин нома аз як бародари муҳоҷири меҳнатӣ, ки дар шаҳри Маскав, дар Рублёвка, дар хонаи як генерали баландмақом ҳамчун садовник кор мекунад, фиристода мешавад.
Ин генерал аз генералҳои бонуфуз аст ва ҳамеша серкор аст. Ӯро қариб, ки намебинам. Ва гоҳе ҳам, ки мебинам, мегуяд ман ба ҳеҷ кас коре надорам ва ба корҳои худам машғулам. Вале ҳар рӯзҳои шанбе, ки ин генерал бо зану духтараш инҷо дамгирӣ меояд, дар вақти пухтани шашлик манро фарёд мекунад ва ман ӯро ёрӣ мерасонам. Ва баъд ӯ дар вақти оби сафедро нушиданаш кушода мешаваду аз ватани мо сар мекунад.
Гапҳое вай мегуяд ман, ки зодаи ин ватанам намедонам. Мегуяд ту парвое надорӣ, ки ҳамватани ту дар инҷо бо чи азобу озоре буридаи нон ба даст меоварад. Барои онки ту дар хонаи ман кор мекунӣ. Ту агар дар роҳ бароиву туро мақомоти мо қапанд, тамом, ҳаёт шумат мешавад. Вале вақте ному фамилияи маро мегирӣ, онҳо агар рутбаи полковникӣ ҳам дошта бошанд, туро чест медиҳанд.
Ман гуфтам, бале, рост мегуӣ, ҳамин тавр шуда буд. Гуфт медонӣ барои чи ин тавр? Гуфтам, не намедонам. Гуфт барои онки шумо дар ватани худатон аз инҷо дида дар вазъияти бадтар ҳастед, аммо боз шумо аз мо недаволниед.
Ман шуморо эҳтиром мекунам. Шумо мардуми бофарҳангу бономус, раҳмдилу хайрхоҳ ҳастед аммо ин рафтори шумо ба калонатон маъқул нест.
Мо, баъзеҳоямон агар занҳоямон кавалер дошта бошад, мефахрем, ки зани ман он қадар хушру аст ки ба худаш боз хушдор пайдо намудааст. Вале шумо ин тавр нестед. Аммо калони шумо ҳамин тавр аст. Дар шумо агар мард доранда бошад то 4 зан иҷозат аст аммо калонатон инро намехоҳад. Чунки ӯ зидди ислом аст. Вай ба ҳар баҳона исломро марбут ба терроризм нишон додаву худашро дар байни давлатҳои дигар раиси даркорӣ муаррифӣ карда истодааст, ки «агар ман набошам ин тоҷик бениҳоят хафвнок аст».
Дар шумо мувофиқи ислом мардро иҷозат аст ки 4 зан гирад. Вале зан бояд ба ҷуз аз шавҳари ҳалоли худаш марди бегонаро нигоҳ накунад.
Гуфтам, бале гапҳоят дурустанд. Ана гуфт қариб бедор шуд истодаӣ. Бедор нашудани ту ин аст ки ҷоят тинҷ асту даже фикри бародари мусулмонатро намекунӣ. Инро дини шумо мегуяд: -мусулмон бародари мусулмон аст. Ва боз суҳбаташро давом доду чунин пурсид:
Модоме зани шумо агар шавҳари дуюм кард вале фарзандонатон тарафи модарашонро гирифтанд, шумо чи кор мекунед?
Ман гуфтам костюмамро гирифта аз он хона баромада меравам.
Дар ин сурат завҷаи шумо гунаҳгор аст?
Гуфтам, бале.
Аммо қонуни вазъкардаи пешвоятон чуноне шумо мегуед, именно ҳамин тавр мехоҳад, ки тамоми занҳои шавҳардор боз лубовник дошта бошанд, чунки баракот аз хонаводаҳо парида шавад ва шуморо маҷбур мекунад, маблағи калон алимент супоред. Онҳо бояд аз рӯи маоши ҳади ақал ва маоши гирифтаи шумо муайян карда ва пардохти он маблағи муайяншударо ба шумо вогузор намоянд. Вале зани шумо вақте ба суд рафтаву муроҷиат мекунад, агар зани шумо хушру бошад онҳо даъват ба ҳамхобагӣ мекунанд. Мегуянд агар розӣ шавӣ, чанд суме даркорат аст шавҳарат ҳармоҳа пардохташ мекунад. Модоме ин корҳоро дар ватани шумо ба расмият даровардааст мо русҳо бояд аз ин корҳои Раҳмонов биомӯзему ва интавр рафтор кунем. Зани ту, ки зиёда аз 33сол ҳамроҳи ту мебошад, дар ҳақи ту хиёнат мекунаду боз фарзандеро, ки аз хуни туст, вақте тарафи модарашро мегирад, ту алакай аз ӯ рӯ гардондӣ.
Шумо муҳоҷирҳо магар фарзанди Раҳмонов ба ҳисоб намеравед? Раҳмонов, ки яке аз занҳои постоянии Маскав мебошад, мехезаду ба пеши кавалери дигараш Си Ҷинпин меравад ва албатта, хашми Путинро меорад, бояд қасдашро аз муҳоҷирҳо гирад. Мо медонем 70%шумо айбе надоред, аммо дигар чорае нест.
Ва, яке тамоман ногаҳонӣ пурсидам, ки ту барномаҳои «Ислоҳ»-ро тамошо мекунӣ? Гуфтам, ки не. Гуфт ҳозир мо ҳам аз ин «Ислоҳ»- маълумоти зиёде гирифтему ба навиштани таърихи Раҳмонов шуруъ намудем. Гуфтам тут «Ислоҳ» причём?
Гуфт бо зораву таваллоҳои Раҳмонов мо ҳизби исломии Тоҷикистонро ҳизби террористӣ хондаву пайравони онро дар кофтукоби Интерполу ФСБ қарор додем, чунки бовараш кардем. Барои онки дар ҷанги зидди Украина ваъдаҳои бисёре кард.
Аммо ба хулосае омадем, ки ягона расонае, ки нисбати Раҳмонов ошкоро менависад ин «Ислоҳ»-аст. Ин генерал афзуд, Раҳмонов дин надорад.
Мо мегуфтем инҳо-исломиҳо душмани Раҳмонованд барои ҳамин. Аммо хулосаамонро баровардем. Пеши мо меояд мегӯяд, ки ман дини шуморо эътироф мекунам. Ин бисёр дини пок аст. Бояд ман мардуми Тоҷикистонро ба ин дин дарорам, Хитой меравад ҳамин гап аст. Пеши попи Италия рафт, гуфт гапи шумо мегузарад Европаро гапзанон кунед маро дастгирӣ кунанд. Ин террористонро ба ман баргардонанд, ман пайравӣ аз шумо мекунаму бисёр эътиқод дорам.
Дар охирон вохуриаш бо Путин гуфт, ки ман ростӣ бо ин исломистҳо сари музокирот шиштанро дӯст намедорам. Ин исломистонро -Толибонро дар назар дорад ришҳояшонро мебинам, дилам мешураду дунё дар назарам тира мегардад, ки баъзеи онҳо тоҷиканд. Вале агар ман ба гуфтаи онҳо накунам аҳволам бад мешавад. Барои онки зурам намерасад. Онҳо аз он тараф сар кунанд, халқам аз ин тараф, маро ва оилаи маро несту нобуд месозанд.
Ман ҳатто дар чандин миллион пули светамро гузашт кардам, вале ин такаришон ин хубиҳоро намедонанд, мавқеи маро танг кардаву ҷойҳои тиллошӯиро аз они худ мекунанд. Ман ба инҳо чашм мепушам вале ин дар куҳҳо будаҳо фаромуш кардаанд, ки дар атроф, дар хунукию барфу борон дар куҳҳои пур аз барфу сангрезаҳо мегаштанду ҳатто фанарик надоштанд, ба қадри хубиҳои ман намерасанд. Ман чандин бор аст, ки амниятам- Ятимовро дар назар дорад, равон мекунам: падарка духтаракони 14сола ва қорибачаҳои ба 307 шиштагиро ба онҳо роҳӣ мекунам. Медонед, ку ин ваҳшиҳо аз пеш дида ақибро дӯст медоранд, ин туҳфаҳоро қабул мекунанду аммо ман он тоҷикони террористро, ки ба онҳо моябардорӣ мекунанд талаб мекунам, онҳо ин талаби манро рад мекунанд.
Уважаемий аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам як бори дигар маро дастгирӣ кунед, чунки ин такаришҳо гапи шуморо не намегуянд. Гуед инҳо тоҷики Тоҷикистонанд, оянда барои тоҷикони Афғонистон инҳо дарди сари шумо мешаванд, инҳоро ба Раҳмонов таслим кунед.
Агар ҳамин тавр шаваду ман ин террористонро гираму зиндон кунам ва ё безарар гадонам, дигар ҳама чиз хуб мешавад. Хавфи ман аз ана ҳамин тоҷикон аст, чунки агар тоҷикон ҳамла кунанд, халқи ман аз тарафи онҳо мехезад. Вақте ман инҳоро гирам, он гоҳ халқро бар зиди ин такаришон хезонида худам аз дурӣ тамошо мекунам. Зато ҳарду мусалмонанд, ку ба ту чӣ? Рости гап ман ҳамин дини шуморо эътироф мекунам вале бар ягонтаи дигараш боварӣ надорам.
Путин гуфтааст барои чи ман ин корро кунам? Ту, ки постоянний бо ман нестӣ, ку. Як поят дар Хитою дигараш дар Европа. Ё гуфтаӣ ҳозир вақти ҷамъоварии маблағ аст. Агар ҳамин корро кунӣ муҳоҷирҳои будагии инҷоро гирифта бар ба Украина, инҳо ҳамааш гражданин нестанд.
Хайр чӣ? Подстава кам аст. Мо чи қадаре роҳ нишон додӣ, поставит кардаву бурда истодаем, нашуда истодааст. Гуфт ҳушдор деҳ муҳоҷирҳоятро. Барои ана ҳамин мондам ҳайрон. Ба кӣ гӯям?
Муҳоҷирони мо чи хеле набошад, безиёнанд. Аксарияташон таксӣ ё мошини шахсии худро доранд. Инҳо халқи раҳмдиланд. Мегуянд як одамро аз роҳ гирӣ ва ба ҷои дигар барӣ ва пулашро нагирӣ, ин закоти мошин аст. Ана ман чанд миллион дорам, аммо закот намедиҳам. Инҳо бесаводон дар майнаашон ин гапҳоро бобоҳояшон ва баъзе муллоҳои такариши бесавод ҷой кардаанд. Дигар ман дар праздникҳояшон намехоҳам ҳамон намози талпавои инҳоро. Чунки яке сарашон гардаду ба сари маро биёянд?
Аммо аз давлатҳои ба ном мусалмон кам -кам шарм медорам. Медонӣ ку ман бо ҳилла, фанду хок пошидан ба чашмони давлатҳои исломӣ да қатори 500 мусалмони таъсиргузорам вале барои баракоти ин масиҷдҳо бипарад сумҳои ҷамъшударо дар ободӣ нею да фаҳшу фоҳишагарӣ истифода мебарам ва барои мардум дар намозҳо бинанд, ки як ободӣ дар масҷид шудааст боз пулро диҳанд, аз пули арақ дискотека ба масҷид равон мекунам. Медонӣ,ку ҳозир дар масҷидҳо номи худову расул қариб, ки нест, фақат номи ман аст. Ранги ман ин ҳиллаҳоро ёд гир.
Мисол духтарони хушруро дар структураҳои давлатӣ ба кор гир, удостворенияшон деҳ. Барои ин муҳоҷиҷрони мошиндор осон аст. Дар роҳ уговориташон мекунанд. Дар вақти ҳамхобагӣ он духтар ӯро худаш меқапад ва он гоҳ вай маҷбур мешавад ё рубл пора диҳад ё Украина равад. Бо як тир ду фохта. Ҳам духтарро ҳавасманд гардонед, то аборт накунад, фарзандаш барои ояндаи армия даркор ҳам армияи барои Украинаат пур мешавад. Агар ҳамин корҳоро иҷро кунӣ 1,5 миллион ҷавонро барӣ беҳтар аз 5 миллиони менӯшидагиҳо.
Генерал гуфт, ки ин пидер моро дар назар дорад. Хуллас гапҳои бисёре зад, ки хоби маро паронд, даже дар ақли одам рост намеояд.
Мо аз Владимр Путин хоҳиш мекунем, ки мо туро аз ин Раҳмонов 100 маротиба боло медонем. Чунки тамоми зиндагии мо аз инҷо мебошад, мо аз аввал бо ту будем, бо ту мемонем. Илтимос, дастгирии ин калағафсро бас кунед.
Як президенте барои Тоҷикистон таъин кунед, ки роҳкирои муҳоҷир ба нархи давлатӣ бошад. Тамоми масолеҳу маводди ғизоӣ, бензину газро фирмаҳои ин оила, масалан Фароз меоварад. Ягон заводу фабрикаи давлатӣ намондааст. Дар ин хуни рехтаи тоҷикҳо, ки ҳамрӯза дар Русия резонида мешавад туро ҳам фардо рӯзи қиёмат ҷавоб хоҳӣ дод.
Барои онки шумо худатон медонед, ки террористӣ асосӣ худи Раҳмонов аст. Чунки бо ин ҳама доноият яке аз ҳилаву найранги Раҳмоновро намедонӣ. Дар ҳиллаву найранги вай даже шайтон ҳайрон мондааст
Бародар, ҳайф, ки бисёрии гапҳояшро фаромуш кардам.
Гуфт Раҳмонов ба дараҷае тупой аст ки медонад бюҷети давлаташ аз ҳисоби муҳоҷирон ва бизнесменҳои тоҷик аст вале барои бартараф кардани мушкили онҳо ҳеҷ коре намекунад ва фикру хиёлаш фақат барои ҳифзи курсиву пулҳои дуздидааш аст.
Соҳибони мағозаҳо дар мо 13% аз фурӯши борашон налог медиҳанд вале 13% дигар бо ба Раҳмонов. Ба ғайри ҳармоҳа дипломатҳои доллар ба хонаҳои духтарҳояшу раиси шаҳр фристода мешаванд. Ин раиси шаҳр як командаи футболро идора карда натавонист, ин наметавонад.
Боз меояду илтимос мекунад, ки писари маро иҷозат деҳ ба монанди писари Бердимуҳаммадов президент шавад. Охир ман ҳамаи тоҷикҳоро дар ихтиёрат додам ку, чи корашон мекунӣ? Ягон мақомот, телевидения гап намезанад. Наход қадри ман ба чени президент Трамп набошад.
Агар Путин ба дигар президентҳо муносибати дустӣ кунад, ӯро рашкаш меояд.
Раҳмонов бояд муҳоҷирҳову бизнесменҳоро аз чанголи оилааш халос кунаду онҳоро озод монад. Чизе месозанд бисозанд аммо инро нею аз пули бюҷети кишвараш заправка карда меояду аз Путин хоҳиш мекунад, ки ҳарчи зудтар фармон деҳ ин Раҳими ғармиро пожизн депортатсия кунад.
Охир вай гуноҳ надорад. Яке аз калотарин налогаплателчики ин областу району шаҳру республика аст. Не мегӯяд Владимрович ту намедонӣ, ин бисёр хатарнок аст, аз инҷо ба мухолифон пул мефиристаду онҳо корҳояшонро ба осонӣ ба анҷом расонида пояи давлатдории манро заиф менамоянд. Агар хоҳӣ тоҷик ҳамин тавр хору залил бошаду сарашро набардорад, бояд ба гапҳои ман бовар кунӣ. Баъд ба хулосае омаданду ӯро ба муддати 50 сол депортатсия карданд. Дар ҳоле, ки бояд баракс мешуд ва Раҳмонов пушти ӯро мегирифт ва мегуфт, ки депорти ӯро ҳуй кунед.
Мегӯяд ҳоло ин сайти «Ислоҳ» аз баҳр як қатраи гуноҳҳои Раҳмоновро ифшо мекунад. Агар президенти мардумӣ биёяд, барои пойдории ҳамкорӣ мо ин ҳамаро китоб карда нашр мекунем ва ҳамагон то ба набераҳои шумо мехонанду ӯро нафрин ва лаънат мефиристанд.
Пасгуфтори Ислоҳ
Ин нома афсона нест ва талоши сиёҳ кардан ҳам нест. Ин ривояти содиқонаи як муҳоҷир аст, инсоне, ки дур аз ватан, дар хонаи бегона, ҳақиқатро аз забони бегона мешунавад. Вақте ҳақиқатро на аз минбар, балки аз ошхонаи як генерал мешунавӣ, мефаҳмӣ, ки фоҷиа то куҷо реша давондааст.
Муҳоҷир дар ин қисса на танҳо коргар аст, ӯ мавзӯи гуфтугӯи сиёсӣ шудааст. Қимматаш на бо заҳмат, балки бо тарс чен мешавад. Аз ӯ истифода мекунанд, бо ӯ таҳдид мекунанд, бо номи ӯ муомила мебанданд. Ва талхтар аз ҳама он аст, ки инро бегона мегӯяд, на худии мо.
Ин нома нишон медиҳад, ки вақте давлат аз мардум ҷудо мешавад, мардум ба бозии дигарон меафтад. Вақте ҳимоя нест, муҳоҷир сипар мешавад. Вақте адолат нест, ҳақиқатро каси дигар мегӯяд. Ва вақте хомӯшӣ тул мекашад, ҳақиқат аз ҷойҳое мешунавад, ки ҳеҷ кас интизор надорад.
Ин навишта на даъват аст ва на ҳукм. Ин ойина аст. Ойинае, ки агар ҷуръати нигаристан дошта бошем, дар он на чеҳраи бегона, балки сарнавишти худро мебинем.
