Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №323

Ислоҳ нет

Ин бор аз Русия, Шуғнони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва аз шаҳри Кулоб барои барномаи мо номаҳо фиристодаанд.

Як модари конибодомӣ, ки аз Русия навиштааст ва ба гумони ғолиб нахостааст шаҳри иқоматашро зикр кунад, бо ин вуҷуд, ки чандин сол пеш табаияти русӣ гирифтааст тавассути як корманди милисаи Конибодом бидуни вақфа таҳти таҳдид қарор гирифта истодааст. Модар ин ҳолатро ба таври мухтасар дар ин номааш инъикос кардааст.

Муаллифи шуғнонӣ, ки мегӯяд аз ҷамоати Вер аст, дар нисбати раиси ҷамоат, падари вай ва бародараш навиштааст, ки маблағи давлат ва пулҳои ҷамъоврикарда аз мардумро барои таъмини маишати зиндагии шахсии худ медузданд ва истифода мекунанд. Ҳатто бо пули халқ лӯлаҳои обгузар харида аммо чанд адади онро ба дигар деҳа ин раиси ҷамоат фурӯхтааст.

Нависандаи кулобиамон ин бор иқрор кардааст, ки ончики мо роҷеъ ба Раҳмонов ва наздикони вай ҳарфҳои интиқодӣ мезанем, дуруст будаст. Вай дар номааш бо мисолҳои мушаххас аз вазъи имрӯзаи зиндагӣ лаҳзаҳоеро овардаст, ки бисёр дардноканд.

                                       Шуғнон

Ассалому алейкум бародари азизи дилу дидагони миллати точик Мухаммадикболи Садриддин!

Мехостам номаеро аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон-ВМКБ барои Шумо бифиристам. Ман худам истиқоматкунандаи ВМКБ, ноҳияи Шуғнон, ҷамоати  деҳоти Вер ҳастам ва айни ҳол дар Бадахшон зиндагӣ мекунам. Мехостам дарди дили мардуми ҷамоати мазкурро дар ин номаи худам нависам ва аз беадолатиҳо ва ғоратгарони диёри худам каму беш шикоят кунам. Чун маълум аст гуфти урусҳо «всё тайна рано или поздно становится явным!»

Қишлоқи мо заминҳои калон дорад ва албатта, даромади асосии зиндагии мардуми деҳот аз замин ҳаст. Собиқ раиси қишлоқамон Бахтибеков Марод дузди беинсофу худонотарс буд. Тамоми молу амволи хазинаро дуздид. Тонна-тонна картошкаву гандум ва пуле, ки хазина ҷудо мекард барои ободонии қишлоқу ҷамоат раис Бахтибеков Марод ё мефурӯхт ё аз они худ мекард. Тамоми коргарони ҳукумати шаҳри Хоруғ кришаваташ мекарданд. Барои онки хонаи ин раис барои коргарони ҳукумат ранги дача буд. Меомаданд дар хонааш гуспанд мехурданд ва боз  мегирифтанд гушт собой мерафтанд, Челондеҳ- санатория отдыхкунӣ.

Мақсади гапам ин аст ки мардуми қишлок ягон кас ягон гап гуфтанашон наметавонистанд, бефоида буд ва ҳаст. Чунки Бахтибеков худро Цари қишлоқ  меҳисобид. На ягон кас ва на ягон мақомот ягон бор не тафтиш мекарданд не ҳисобу китоб.

Заминҳои деҳаи мо аз беобӣ ҳар сол месузад. Ҳукумат ва Хазина (аълоҳазрат Оғохон) борҳо суми калону материали зиёд (цемент )ҷудо карда доданд, токи канал обод шаваду мардум дигар аз беобӣ азоб накашанд. Вале Марод Бахтибеков ҳамаашро дуздиду хурд ва фурӯхту аз они худ кард. Каналро то имрӯз мардум истифода карда наметавонад. Об барҳадар ба дарё мераваду замини мардум сухта истодааст. Мо намехохем, ки баҳор шаваду офтоб барояд ва боз замин аз нав сухтан гирад ва боз аз нав кишту корамон дар пеши чашмҳоямон талаф ёбад.

Мо аз беадолативу чоплусгарии ин хонавода намедонем ба куҷо шикоят кунем . Алишер Мирзонаботов, раиси ВМКБ меҳмони доиими ин хонавода аст. Кай вақт ки хумори гуштхуриву арақхурӣ дорад ба қишлоқи мо мебиёяду дар хонаи Марод зиёфат мехурад. Акнун маълум ҳаст, ки ин хонавода тамоми ҳукумати шаҳри Хоруғро бо  бузу гуспанд харидагӣ.

Баъд аз Бахтибеков раиси ҷамоатамон Суризода Носир мешавад. Вазъият якбора  дар ҷамоату қишлоқамон безеб шуд. Ин Носир 3 баробар зиёдтар аз падараш ғоратгару мошенниктар баромад. Дӯсти наздиктарини Алишер Мирзонаботов. Тамоми гапу хабаре, ки дар қишлоқ ҳаст Носир барои амниятиҳо хабар мерасонад. Вале аз дуздиҳову мошенникиҳои падараш хабар намедиҳад. Аз мардуми деҳа ба ҳар баҳона сум ҷамъ мекард. Мегуфт агар сум набошад, гуспанд доред ку, гуспанд диҳед.

 Боз ин дафъа аз ҳукумати Тоҷикистон дар доираи  барнома барои қишлоқи мо об кашиданӣ шуданд. Носир боз аз мардум сум ҷамъ кард, хотя ин программаи давлатӣ буд ва ҳукумат сум ҷудо карда трубаҳои калон оварданд чтобы полны деҳа аз об таъмин шавад. Аммо ними деҳро об кашонданду Носир бо падараш 8 дона аз ин трубаҳоро ба қишлоқи Сучон фурӯхтанд. Ними қишлоқ боз монд бе об. Мардум фаҳмиданд, ки ҳукумат сум ҷудо кардааст барои тамоми қишлоқ шикоятро сар карданд, ки чаро ними қишлоқ об дорад нимаш не? В этот момент гуфти урусҳо додари Носир, ки дар Хоруғ кор мекунад Бахтибеков Набӣ чизе қуш буд дар ҳамин программа инҳо дар тамоми кору ҷой қуш хастанд, особенно где там пахнет деньги омаду бо рабочикҳо  спорро сар кард: чаро кора нимкола кардед, дар ними ҷой об ҳасту дальше трубаҳоро накашондед? Якбора қаҳри рабочикҳо хесту ба тарафи Бахтибеков Набӣ гуфтанд, ки туро акаат Носир бо падарат 8 адад трубаро фурӯхтанд: «айби рабочикҳо нест, айби акаи худат. Вай раиси ҷамоат ҳам сум аз мардум ҷамъ кард ҳам гуспанд ва ҳам 8 дона трубаро фурӯхт». Носир мардуми қишлоқро бо амниятияову милисаҳо угражат мекунад. Тамоми милисаву амниятиҳо ҷӯраҳои Носири ҳаромхӯранд. Мардум аз зиндагиву аз хонаву дар безор шудагиянд. Дари ними хонаҳо дар қишлоқамон маҳкам истиқоматкунандаҳо рафтагианд, аз зодгоҳ ва хонаву кошона фирор кардаанд. Адолат нест, фақат коррупция ҳаст дар мо.

  Мирзонаботов Алишер, ки ними фермаи бузу гуспанди ин монополияра хурд бар ивази ин Носирро роҳи кард дар Душанбе ноҳияи Хуросон раис таъин карданд акнун таввакали мардуми ноҳияи Хуросон бар Худо. Мо бадахшониҳо барои шумо бахшидем Суризода Носирро. Илтимос дигар то мурданшон намонед, ки Бадахшон биёяд, безорем. Агар мурад ҳам гиреду гураш кунед, роҳӣ накунед мурдаашро, ки хоки деҳаамон қабул намекунад. Барои онки беҳади беҳад ватани азизамонро хиёнату ғорат карда буд. Манзурам ин аст ки хоки ватан қабулаш намекунад!

Баъд аз Носир бачаи аммаашон Соҳибназаров Шерназар раиси ҷамоат таъин мешавад.

 Мо бародар Муҳаммадиқбол аз ин авлоди гурусначашми ғоратгару худонотарс ҳеҷ осудагӣ намебинем:- яктоаш меравад дигариаш мебиёяд. Дар Хоруғ дар ҳама ҷо ба мисли таракан қатор кашидагиянд. Ягон мақомот кордорашон намешавад, ҳама рафиқу рафиқбозӣ.

Ин Шерназар Соҳибназаров отдельная история. Гуфти гапҳо ин аблаҳ ҳамин қадар арақхуре ҳаст, ки почти ҳаррӯз шаб занаш кашол- кашол аз кабинеташ мебарад ба хона то мардум набинанду масхараашон накунанд. Агар худо нокарда ягон коғаз ё справка аз ҷамоат даркор шуд срочно раиси алькоголики мо дари кабинеташро аз дурун қулф мекунаду хоб меравад. Доим пиён аст. Любой саги қишлоқро агар пурсед, подтверждать мекунад гапи маро. Ҷиянашон дар амният дар Душанбе кор мекунад -Манзаршо Ҳокимшоевич аз Навобод. Мақсад полный ход тағояшро кришават мекунад.

 Шерназар Соҳибназаров тоже по стопам Носир, яъне практикаҳо Носир Суризодаро истифода мекунад. Тез- тез аз мардум сум ҷамъ мекунад -ободонии қишлоқ гуфта мардумро фиреб мекунад. Порсол даже аз муҳоҷирон аз Москва сум талаб кард, барои ободии қишлоқ. Фарзандонамон аз Москва сум роҳӣ карданд- 100 000рублӣ то ки қади роҳро чароғон кунанду қишлоқ рушан шавад. Вале Соҳибназаров Шерназар суми мардуми ғарибро хурду якчанд дона бардуруғ светҳоро аз кадом мусор бесум оварду часпонд, ки ягон рӯз ҳам то ҳол кор накарда истодаанд.

  Мардум агар шикоят кунанд ҷиянашон Манзаршо Ҳокимшоевич сразу аз Хоруғ амниятияҳоро роҳӣ мекунад ва онҳо омада мардуми кишлоқро угрожат мекунанд . Ба ҳамин хотир Шерназар Соҳибназаров расслабиться карда пули ҳукумату моли ҳукумату мардумро дуздида хурда истодааст. Хулоса бародар Муҳаммадиқбол гапу хабар бисёр зиёду зиндагии мо дар азоб аст. Фарзандонамон, даже набераҳоямон дар мулки ғарибӣ умр ба сар бурда истодаанд. Дур аз ватан, дур аз фарзанд, дур аз падару модар, ғуломи миллати бегона. Фақат Аллоҳ медонаду худашон медонад бо чи аҳвол рӯз мегузаронанд, гоҳ серу гоҳ гушна.  

 Мо безор, аз тамоми чизи дунё безор, ноумед аз ҳукумат. Фақат ба хотири фарзандони ғарибамон чашм ба роҳ зиндагӣ дорем.

 Ман одами солхурда, шояд, ки то омадани Шумо ҳаётам ба охир мерасад. Илтимос, рузе, ки пирӯз мегардед ва иншоаллоҳ, ки пирӯз мешавед ва ин номаи ман ва дарди дили мардуми диёрамонро даво бахшед. То дидор! Бароятон тани сиҳат, хотири ҷамъ осудагиву сиҳатмандӣ хоҳон ҳастам.

 Салому дуруди моро аз ВМКБ бипазиред бародар Муҳаммадиқбол.

                                         Русия

   Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва барокотуҳу, бародар Муҳаммадиқбол! Ман, як модари 70- сола аз шаҳри Конибодом. Ҳозир дар Русия бо аҳли оилаамон зиндагонӣ мекунем ва шаҳрвандии РФ- ро гирифтаем. Аз соли нав ин тараф аз Тоҷикистон бо номери +992-92-976-10-10( Давлат) ба мо ё сахар ё шаб, рӯзи шанбе намегуяд, якшанбе намегуяд занг зада «ба шумо ман кумак мекунам» мегӯяд.

 Ман мепурсам, ки чи хел кумак, ки ман худам намедонам. Шумо худатон ки ному насабатон чист, вазифаатонро нависед, ман фаҳмам, ки кӣ ба ман кумак карданӣ ва барои чи кӯмак мекунад? Ҳол онки ман ба кумак ниёз надорам.

Мегуяд, ки «бачатонро кумак мекунам». Бачаи ман аз рамка берун чи кор кардааст? «Ҳамин хел мумкин ба дигарон бо ватсаб занг зада » угроза » кардагист. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки мардума, хусусан ҷавоноя огох карда монед».

  Ман дар ҷавобаш гуфтам,ки  «агар фамилия ва вазифаатонро нагуед ба органҳои дахлдор муроҷиат мекунам». Фақат гуфт, ки милитсаи вилояти Суғд.

Барои ба баромадатон комментария навиштанам бародарони манро, ки синнашон 65-68 гузаштагӣ аз Конибодом ба амнияти вилояти Суғд ҷег занонида ба ман бо тариқи бародаронам занг зада «ба ту дела кушодим» гуфтанд.

  Як фарзандам дар шаҳри Мадина таҳсил карда буд. Аммаҳояшро, ки онҳо ҳам сину солашон аз 58-60 сола гузаштааст «ҷиянат дар куҷо, барои чи намедонӣ?»  гуфта амнияти шаҳри Конибодом азият додааст. Ҳозир кӣ кор мекунад, ман намедонам. Шаш сол зиёд шудааст ба ватан нарафтаам.

Боқӣ, саломату тансиҳату сарбаланд бошед,омин!!!

Ва дар охир як ҳолати дигарро ёдовар шуданиам.
Дар солҳои 2014-2018 корманди амияти шаҳри Конибодом Азизов Ҳасан аз Советский ё Восеъ буд 4- сол паспорти хориҷиамро надода «бачаатро ҷеғ зан биёяд» гуфта буд. Баъди 4- сол корманди амният дигар шуда буд, ки баьд паспортамро гирифтам. Лоф мезад, ки вазифаамро ман бемаблағ гирифтагӣ. Достиев (Абдумаҷид Достиев, собиқ муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон) кадом хешаш ё шиносаш мешудааст.

                                     Кулоб

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳ бародар Муҳаммадиқбол.

Ман пештар ба шумо нависта будам. Ман шуморо гуфта будам, ки шумо иштибоҳ мекунед, модари ҷаноби Раҳмоновро носазо мегӯед. Бисёр фикр кардам -як ҳафта, барои чи носазо мегӯед, бо кадом далел? Баъдан якчанд барномаи Раҳмоновро гӯш кардам. Ёд дошта бошед дар Тавилдара чоплусе расми модари Раҳмонов ҳадя кард. Раҳмонов худаш гуфт ҳамин сабаб шуд-яъне модараш, ман ҳамин хел шудам. Шумо рост мегуед. Ман иштибоҳ кардам бародар, манро бубахшед.

  Бародар барномаҳои шуморо бисёр тамошо мекунам, баъзе вақт ашк мерезад аз чашм. Ҳис мекунам он чизе мегӯянд мардум рост аст.

  Бародар рӯзе бо як мард аз Кӯлоб ҳамсафар будам. Он мард нақл кард, ки ман дар Кӯлоб дар суди якчанд ҷавон иштирок кардам. Охирон суханҳои он ҷавонҳо аз ёдам намеравад. Ҷавонҳо тоҷир буданд ва судяро савол карданд, ки моро бо кадом гуноҳ зиндонӣ мекунед? Судя хеҷ чиз нагуфт. Баъд як ҷавон гуфт аз Аллох дуъо мекунем, фарзандони шумо ба мисли мо зиндонӣ шаванд. Баъди эълони ҳукм судя  аз зали суд баромад ва дар паси дар гиря карда гуфт, ки дар ҳақиқат инҳо бегуноҳанд, аммо супориш аз боло мебошад.

  Бародар Муҳаммадиқбол! Мо дар вақти шуравӣ филмҳои ҳиндӣ тамошо мекардем –оилавӣ. Боре писарбачаро ба беморхона оварданд. Духтур гуфт пул меорӣ, мо ҷарроҳӣ мекунем, баъдан писарбача аз бепулӣ мурд. Бовар кун, тамоми шаб гиря мекардем, ки одам ин қадар бераҳм мешавад, имкон надорад. Ин фақат як филм мебошад, дар зиндагӣ ин тавр намешавад, ғайриимкон аст. Боре айни ҳамин ҳодисаро дар Душанбе дидам бо чашми сарам. Зане гиря карда меомад. Дар дастҳояш писарбачаи 3 сола бе ҳуш, таспи баланд кардааст, судуроги додааст писарак. Ман пурсидам чи шуд хоҳар? Гуфт беморхонаи Чапаев бурдам, бачаамро. Мегӯянд, ки пул биёр табобат мекунем, набошад гир рав. Бечора дар пои зан калучи кандагӣ, камбизоат. Ман дастамро дар пешонии кӯдак мондам. Дар ҳақиқат тасбаш баланд. Як таксиро манъ карда савор кардем, дигар намедонам, чи шуд аҳволашон.

Бародар Муҳаммадиқбол, ман чи гуфтаниам? Раҳмонов бо чоплусонаш баромад карда мегӯянд, ки аҳолӣ 5 миллион зиёд шудааст. Эй, аҳмақҳо, шумо чи мардумро фиреб мекунед. Охир ин 5 миллиони зиёд шуда дар муҳоҷиратанд, дар берун аз ватан зиндагӣ доранд. Дар Тоҷикистон айни ҳол пирон кӯдакон мондааст. Асоси қувваи корӣ дар муҳоҷират мебошад, ки бояд дар Тоҷикистон дар завод, дар станок бо қувваи барқ кор кунанд, ба мисли давраи шуравӣ.

 Эй шумо, фиребгарҳо мардумро фиреб мекунед, ки гӯё Раҳмонов дар интихоботи президентӣ 90 фоиз овоз гирифта бошад. 5 миллиони овоздиҳанда нест дар Тоҷикистон, аз куҷо овардед ин 90 фоизро? Раҳмонов худаш бо чоплусонаш бесавод, вале мардум бесавод нест, ҳамаро мебинад.

Раҳмонов президентҳои дигар кишварҳоро даъват карда аз мева пирамида сохт, зиёфат дод аз кадом пул, пули танзим?

 Раҳмонов деҳқонӣ карда буд, меваи меҳнати худашро барорад мо кордор нестем. Лек меҳнати мардуми деҳқонро набарорад, пули миллатро истифода набарад.

  Раҳмонов бесавод аст, инро ҳама медонанд. Шумо худатон мушоҳида кунед. Одами камтар савод дошта як бор хонад китобро дуюмбора мефаҳмад. Аввали ҷумларо бинад давомашро нахонда мегӯяд. Аммо вай сарашро аз варақ боло намекунад, ба мисли кудакони 3 сеюмхон мехонад. Аммо вақте ки сар боло мекунад фақат дар бораи сару либоси мусалмонӣ ё масҷид ҳатман гапҳои ғайр ва хилофи мусалмонӣ мезанад.

  Раҳмонов дар бораи ҳиҷоби занҳо ва нохунҳо ранг кардагӣ гуфт ва дар бораи либоси миллии ба мисли либоси Озодаи Фиона. Агар ин тавр, ки либоси Озода миллӣ бошад, барои чи ҳаҷ рафтӣ бо Озодаи Фиона. Барои чи сатру ҳиҷоб пӯшид? Мерафт бо сари луч, беэзор. Чи либоси Озодаи Фиона либоси миллист?

 Раҳмонов баъди баромади охирон кардагиат, тамоми олимони дунё маҳкум карданат. Мо медонем ту тарсончак ҳастӣ. Камтар фишор оранд бо мулло мешавӣ, амри маъруф мекунӣ.

  Раҳмонов ман 20 сол дар муҳоҷиратам, автомобили сабукрав харида наметвонам. Аммо коргарони милиса, прокуратура, андоз, таможнийиро як бор рав дар назди идораҳояшон, бин бо чи хел мошин меоянд, и қадар сузишворӣ мерезанд. Дар чанд ҳазор доллар хона ва чанд хона доран, рав бин. Инҳо ҳама аз кадом пул?

  Раҳмонов ту баъди омаданат ба қудрат ягон бор гуфтӣ, ки ана мо имсол заводи калоне ба мисли алюминзавод, Текстил, заводҳо нав сохта ҳазорҳо нафарро бо ҷойи кору маоши хуб таъмин кардем. Нагуфтӣ, чунки накардаӣ ва карда ҳам наметавонӣ. Баракс, ту аз рӯзи омаданат то имрӯз чи заводи калоне буд, клет кардӣ.

  Раҳмонов ту оё ягон бор дар маҷлисҳоят мегӯӣ, ки чи бояд кард то миллат муҳоҷират наравад? Не. Чунки намедонӣ, ки чи бояд кард. Ту метарсӣ аз миллат, аммо вонамуд мекунӣ,ки зӯрӣ.

  Раҳмонов, роҳбари давлат дар фикри беҳбудии миллаташ мебошад, на он ки бояд шаҳрвандонашро муҳоҷир кунад ва онҳо дар муҳоҷират кушта шаванд.

  Раҳмонов ту бизнесмени бераҳм ҳастӣ, хоку замини миллатро фурухтӣ.

Бовар кунед, агар ин ҳама  ҷиноятҳои Раҳмоновро нависам дар 1000 китоб ҷо намешавад.

  Ҷавонҳои миллат, алҳамдулиллоҳ, мо мусалмон ҳастем, мо намехоҳем фарзандони мо, хоҳарони мо ба мисли Озодаи Фиона либос пушанд. Дониста бошед, ки пайғамбари нозанин мо Муҳаммад (с.а.с) борои рӯймоли як зани мусалмонро аз сараш гирифтан аҳдномаи сулҳро шикаст ва даст ба кор шуд. Биёед, бе ғайрат нашавем! Агар хоҳед ба мисли Озодаи Фиона либос пушанд, тамом.

Либоси миллист ( ба акс бингаред акси духтарони лублучак бо Раҳмонов) 

Ҳаминро дар назар дорад Раҳмонов. Бародар ин ша Аллоҳ мо ба шумо имон дорем, ба сакаротулмарг, азоби гӯр, пули сирот, рӯзи пурсиш. Як шабонарӯзи хизмати туро Раҳмонов дар 33 сол накардааст. Аллоҳи  азим муваффақ гардонад шумо ва тамоми миллатро. Аллоҳумма омин…

Share This Article