Номаи маро алоҳида нашр кунед №32
Ин номаи ҷолиб ба дасти мо аз як сокини ҷасури Данғара расидааст. Вай хоҳиш кардааст, ки навиштаашро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳем. Азбаски нома як каме муфассал аст онро дар гӯшаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед» ҷой додем.
Ин муаллифи мо аз саргузашти даврони сарбозиаш, аз вазъияти мардумони Данғара, аз онки авлоди Раҳмонов Данғараро пурра аз худ кардааст ва низ аз руҳияи инқилобии сокинони Данғара суҳбатҳо кардааст. Баъзе ҳолатҳои ба ном ошӯбаи ҳоҷӣ Ҳалимро ҳам ёдовар шуд ва мушаххасан гуфтааст, ки инҷо як нақша ва барномаи аз қабл таҳияшудаи худи Раҳмонов буд.
Дар ҳар сурат ин нома хеле ҷолиб аст.
Данғарагиҳо барои инқилоб омодаанд
Ассалому алейкум бародари роҳи ҳақ устод. Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири муҳтарами пойгоҳи «Ислоҳ». Саломи худро ба кулли бародарон ва коргарони «Ислоҳ» мерасонам.
Ман сокини Данғара ҳастам. Хоҳиш, номаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед. Ман дар ҳаминҷо таваллуд шудаам. Қариб панҷ сол мешавад, ки шуморо гуш мекунам, беҳтарин суханҳоро барои миллати азизи тоҷик мезанед ва беҳтарин хизматҳо мекунед. Ман чандин вақт аст «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро тамошо мекунам, ба ман писанд аст. Мебинам, ки мардуми Данғара қариб, ки наменависанд. Намедонам барои чи бошад, шояд аз тарс бошад. Ва хостам худам нависам.
Ман аз вақте худамро шинохтам ҳамавақт дар телевизионҳои давлатӣ фақат аз ҷанги соли 1992 мегуфтанду ё аз Сурияву Афғонистон ва фақт аз пешвояшон мегуянду тавсифу тағриб мекунанд, ки пешво омаду ҳамаро ором карду озод кард. Шукрона кунед, ки чунин пешво доред ва ғайраҳо.
Мардуми дигар шаҳру ноҳияҳо фикр мекунанд, ки мо данғарагиҳо зиндагии хубу озод дорем. Аллоҳ шоҳидаст ин тавр нест. Мо бадтарин зиндагиро дорем. Ҳама чиз дар инҷо нисбат ба дигарҷоҳо чи хурока бошад чи пушока якчанд маротиба қимат аст ва чандин хешу таборҳо гуфтанд инҷо намешавад хонаатонро фурӯшед ё ба Душанбе ё ба Қурған равед. Онҷоҳо каме бошад, арзон ва зиндагӣ кардан каме хуб аст.
Ман ба хоҳиши худам ба хизмати ҳарбӣ рафтам. Гуфтам мардонавор хизмат мекунам. Ба ватан ва миллатам хизмат мекунам. Ман як моҳи хизматамро то савгандёдкунӣ дар яке аз қисмҳои ҳарбии Душанбе гузарондам. Бовар мекунед шароиташ бениҳоят бад буд. Хурокҳояш бошад мегуй тарите, ки ба гову мол медиҳанд, ана ҳамон хел буд. Сабру тоқат кардам. Вақти савгандёдкунӣ расид. Як фармондеҳ омад фамилияаш Хоркашов, номашро фаромуш кардам. Гуфт агар ду сол содиқона ба давлату президент хизмат кунӣ, аз чандин сол намозу рӯза болотар аст. Пасон ба яке аз шаҳрҳои вилояти Суғд афтодам. Онҷо ҳам хурду хурокаш бениҳоят бад буд. Дар вақти савгандёдкунӣ медонед чи мегуед? Ман фалонӣ фалонӣ ба Ватану миллату сарвари давлат савганд ёд мекунам яъне ба Президент қасам мехурам. Ин аз ҷиҳати ақида хато ва зарари ҷиддӣ дорад, ки инро хуб медонед.
Ман дар вазорати мудофиа хизмат кардам. Ба ҳар сарбоз вобаста аз призиваш пул медоданд, барои жилет собун ва ғайраҳо. Дар таги камера пулро мегирифтӣ дар леснитса командир бо ҳамроҳи дембл истода аз дастат мегирифт. Тақрибан барои як баталион одам 4 ё 5 ҳазор ҷамъ мешуд, аммо командирҳо дар 1.5 ё 2 ҳазор сомонӣ харид мекарданд боқимондаро байни худ тақсим мекарданд. Агар он вақтҳо баромад мекардед, ҳамаашонро бо ному фамилияашон нависта равон мекардам, аз байн 8 сол гузашт, дар ёдам намондааст.
Барои мо яроқҳои аз соли 1945 . 1965,1987 медоданд, тамоман аз кор мондагӣ. Ҳатто мили онҳо каҷ буд. Ман намедонам дар ҳолати ҷанг онҳоро чи тавр истифода мебарӣ.
Соли 2019 дар як зиндони шаҳри Хуҷанд, моҳаш дар хотирам намондааст, ошӯб сар зад. Гуё маҳбусон чандин зиндонбонро захмӣ карда аз зиндон фирор карданӣ буданд. Дар дохили зиндон Вазорати адлия сарбоз дорад. Ба онҳо фармон медиҳанд, ки аз як лаб ҳамаро паронед, намонед фирор кунад. Баъд ба тамоми қисмҳои ҳарбии гирду атрофи зиндон теревога доданд. Полний вооруженний бигом марш то зиндон. Вазорати дохилӣ, погранвойск, Вазорати мудофиаро фармон доданд. Ҳатто танку БТРҳоро ҳам бурданд. Барои чор зиндонии бесилоҳ. Мо рафта расидем. Баъд Алфаву ОМОН омаду ба гуфти худшон ҳамаро «тенҷ» карданду рафтанд. Ҳар як мошини лексус, прадо, мерседес омад. Аз дарунашон фармондеҳҳову командирҳо, ба гуфти мардум, харҳои калон шикамо дам кардагӣ, дух намекунанд, ки ба наздикии девори маҳбас равонд. Фақат сарбоз бидав ба пеш. Аммо худашон аз ақиб нигоҳ карда истодаанд. Тамоми сарбозонро ба гирди маҳбас мисли давра партофтанд.
Фармон доданд, ки кадоме аз болои девор мехоҳад барояд, ҳатто агар сарашро баровард, паронед. То соатҳои дувоздаҳ, яки шаб дар онҷо будем. Баъд ҳамаро отбой доданд, гашта омадем.
Сарбоз бояд машқу тамрин кунад, аммо аз ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ сарбоз мебурданд барои картошкачиниву пиёзчиниву зардолучинӣ. Гуфти калағавси Раҳмонов зардолу намеистад, то ки Рамазон барояд. Маҷбурӣ мебурданд. Ҳатто як моҳу ду моҳ дар онҷоҳо хоб мекардем.
Ман худам одами спортсмен-варзишӣ будам. Орзу доштам милиса шавам ва ба халқу ватанам хизмат кунам. Аммо баъди ҳодисаи зиндон дилам аз кор кардан дар милиса хунук шуд.
Баъд аз чанд моҳи ин ҳодиса моро ба тарафи Айнӣ зардолучинӣ равон карданд. Ман дар онҷо бо як сарбози дигар, ки дар Вазорати корҳои дохила хизмат мекард ва аз Душанбе буд, дӯст шудам. Хело салдати шух буд. Аз вай пурсидам части шумо чи хел шароиташ? Гуфт нимкола, мешавад. Пурсидам, ки вазиратон кӣ аст? Гуфт Рамазон Раҳимзода, ба гуфти шумо устод буқача. Гуфтам вай чи хел одам аст? Гуфт намедонам чи хел буданашро аммо медонам як вақт ба қисми ҳарбии мо омада каме гап зад, ки гапзаниаш ранги занбури ало, каме виз- виз кард нафаҳмидем чи гуфт. Як қарсак задем рафт.
Баъди анҷоми хизмат ба военкомат рафтам барои печат мондан. Аммо коргарони военкомат баҳона кофта, имруз биё, пагоҳ биё гуфта сарсон карданд. Се рӯз пайи ҳам рафтам, баъд печат монданд.
Тибқи қонун барои ҳар яки хизматро буд карда давлат чорсад сомонӣ дар семоҳ бояд медод. Ба идораи шуғли аҳолӣ рафтам барои сумгирӣ. Гуфтанд, ки бояд дело тайёр кунӣ:- сурат, справка, қариб ба сад сомонӣ дело тайёр кардам ва ба идораи шуғли аҳоли бурда додам. Гуфтанд, ки сум шавад, баъд биё бигир. Қариб як семоҳ омадаму рафтам, баъд як бор чорсадсомонӣ гирифтам. Ду бори дигарашро надоданд ва гуфтан сум нест, шуд баъд биё. Аз рафтану омадан хаста шудам. Гуфтам суматон аз саратон монад.
Устод дар инҷо каме дар бораи ободиҳои Данғара гап мезанам, ки Данғара чи дорад? Як донишгоҳи давлатӣ, якто коллеҷи тиббии Хатлон, ҳоло бошад донишгоҳи тиббӣ сохта истодаанд. Дар ин донишгоҳҳо донишҷуҳоро асосан ба таври шартномавӣ қабул мекунанд. Савод дорӣ, надорӣ пул медиҳиву халос. Мехонӣ, намехонӣ ба муаллиму муаллимаҳо фарқ надорад.
Ман имсол додарамро ба коллеҷи тиббии онҷо дохил кардам. Саводаш хело хуб, мактаби миёнаро ба баҳои аъло хатм кардааст, аттестаташ ҳама панҷ буд, якто чор дошт. Гуфт химбиолог месупорам, барои ман оид ба ин соҳа китоб бихар, тайёрӣ ба маркази тестӣ бинам. Бечораи кудак 6 моҳ тайёрӣ дид. Аммо рафт дар маркази тестӣ саволҳо тамоман дигар хел. Коре карданду шартномавӣ гузаронданаш. Қариб, ки ҳамаи имсол супоридагиҳоро ҳамин хел карданд. Нархи яксола аш қариб 3 ҳазор сомонӣ, боз 250 сомонӣ барои формаи донишҷуйӣ. Як халат ва як шапкааш аз ширкати Фароз. Як муйсафед гуфт қимат, аз бозор мехарам. Гуфтанд намешавад, ин ҳатмӣ аст ва супориш додаанд, ки аз ҳаминчо мехарӣ.
Акнун шумо фикр кунед, ки дар як коллеҷи тиббӣ ин қадар пул гиранд, ки ҳудуди ҳаштсад ва ҳазор донишҷӯ дорад, ҳисоб кунед, ки чанд сомонӣ мешавад.
Донишгоҳи давлатиаш ҳам ҳамин тавр. Ҳама пораву ришвагирӣ, дарс додан дар ҳиҷҷо нест. Аммо вақти пахтачинӣ шавад тамоми донишҷуҳоро ба заминҳои Амони додари Азизмоҳи газетхонак мебаранд, рекети данғара Амон аст. Тамоми заминҳои мардумро бо зурӣ гирифтааст. Як ҷиянаш бо мошинаш мошини як бачаро зад авария шуданд. Ман онҷо тамошо доштам. ГАИ омад. Ҷияни Амон гуфт «ма ҷияни Амонм, мара винават меброрӣ, фалонт мекнм». Бо ду гушам шунидам. Он бачаро гуфт мебарӣ мошини маро соз мекуни меорӣ. Намекунӣ, тюрмаат ва фалонат мекунам. Бечора мошинашро фурӯхта мошини ӯро соз кард. Ман намедонам ин давлат соҳиб дорад ё не? Тамоми зулм дар данғараи мо ҳаст. Мардум фикр мекунанд, ки ҳама ободиҳо дар Данғара шуда истодааст.
Нӯҳ доми нуҳошёна дар пеши хонаи калағавс дар бари парк рост карданд. Хато накунам дар соли 2009 ё 2010 кори сохтмонро сар карданд аммо то ҳол ҳамаашро тамом накардаанд. Ин домро Пиров Тоҷиддин раиси Тоҷиксодиротбонк месохт. Ман онҷо тақрибан ягон шаш- ҳафт моҳ кор кардам, ду ё сетоӣ дом, ки назди роҳи мошингард буд. Онро мардум хариданд, аммо боқимондаашро не. Чунки ба талабот ҷавобгӯ нест. Чандин миллион сомониро просто так сарф карданд. Нархаш ҳам баланд аст. Аммо доми Амриддин ки дар назди кӯдакистон рақами шаш ҳаст, шаш ё ҳафтошёна дар байни панҷ -шаш сол сохтанду таъмир карданд.
Роҳе, ки аз мобайни бозор меравад ба самти Кулоб, тамоман безеб аст. Майда, ҳамеша тамба мешавад. Светофор-чароғҳояш кор намекунад. Ин раиси Сиҷоуддин куҷоро нигоҳ мекунад. Раис аз бинои ҷамоат болотар як зданий барои десантҳо рост карда истодааст. Раис Сиҷоуддин ба танзим фармон додааст, кадоме туй дорад ба коргарони онҷо майдачайда харида равон кунад. Агар накунад рафта тафтиш ва ҷарима кунед.
Дар мо ду то милисахона ҳаст. Якто дар назди Донишгоҳи давлатӣ ва яктои дигар дар назди ГАИ. Инҳо фақат барои зулми халқ кор мекунанд.
Мо мардуми Данғара аз ин авлод безор шудаем.
Ман соли 2021 ба Маскав омадам. Як моҳ пас вақте дар Ютуб видео тамошо мекардам ногаҳон видеои шумо баромад. Аз дарун як ҳисиёт мегуфт тамошо кун. Тамошо кардаму ҳақиқатро фаҳмидам, подписатсия кардам, лайк мемондам. Ҳама видеоҳои шуморо тамошо мекардаму то ҳол тамошо мекунам.
Вақте калағафс тарафи Путин «уважайте нас» гуфт тамом муҳоҷиронро бало зад. Ба саҳарӣ милисаҳо омаданд обшежити мо ва тамоми тоҷикҳоро бор карданду рафтанд. Дар он ҷой панҷ обшежит ҳаст, ки он рӯз танҳо тоҷикҳоро бурданд, аз соати панҷи бегоҳ то соати дувоздаҳи шаб. Тафтиш карданду сар доданд. Гуфтам Аллоҳ лаънатат кунад Раҳмоновро.
Соли 2022 ба Ватан, ба Данғара рафтам. Маърака кардам, ки яке гап тоб хӯрду ба сари гапи «уважайте нас»-и Раҳмонов рафт. Як хешамон гуфт ҷаноб, гапи зур гуфт. Ман гуфтам не ва фаҳмонидам, ки баъди гапаш ҳамаро ғам доданд. Як хеши дигариамон гуфт «занша фалон кунм у номардай. Солҳои пеш ман бо дустам як лоиҳаи хуб кашидем барои бизнес. Ин ба Рустам маъқул шуду пуламонро гирифту иҷозат надод фалонизан. Набошад мо миллионер мешудем».
Ин ҳаромиҳо чашми серӣ надоранд. Он вақт мардум камтар бедор буданд. Ҳоло ҳама Раҳмоновро ҳақорат медиҳад.
Устод боз як чизи дигарро гуфтаниам. Дар хонаи Раҳмонов дар Данғара ягон бист сол шуд ремонт рафта истодааст. Намедонам инро барои кӣ рост дорад.
Гуфтанд, ки дар Данғара аэропорт месозем. Зданияашро сохтанд аммо барҳам хурд. Гуфтанд намешавад, инҷо майда аст. То ҳол зданияаш хоб аст.
Дар назди бозор сехи дузандагӣ боз карда буданд ва барои талабаҳои форма мебароварданд. Маҷбурӣ, бояд аз онҷо харӣ, набошад ба мактаб роҳ намедиҳанд. Костюму брюкро мегуӣ, аз қобча тайёр карда бошанд, тамоман намешуд пушида.
Намози ҷумъа рафтем. Имомхатиб гапу суханаш фақат аз таърифи пешво. Ҳатто дар хутба номи пешво. Ҳарвақте дуъо мекард ман мегуфтам Аллоҳ хораш кунад. Имоми пешина Эшони Саймутаҳҳар буд. Падари ин шахс оилаи ҳароми Раҳмоновро дуо мехондааст. Як хешамон дар амният кор мекунад. Гуфт вақте овози ҳоҷӣ Мирзоро манъ мекунанд мардум мехезад мегуянд ту бобо, сухан кун, мо то Душанбе митинг мекунем. Аммо бобои ҳоҷӣ Мирзо розӣ намешавад, не мегӯяд. Ин шиносам гуфт ҳоҷӣ Мирзо коргари ҳукумат аст. Ба вай ваъда дода буданд халқро ором кун, туро имомхатиби масҷиди Қатар (масҷиди нави марказӣ дар Душанбе, ки бо пули давлати Қатар сохт ва ба истифода дода шудааст) мемонем. Аммо вақте масҷид соз мешавад ӯро намемонанд, Эшони Саймутаҳҳарро мемонанд.
Бо як рафиқам, ки аз ман чанд сол калон аст, Академияро хатм кардаву ҳоло дар яке аз вазифаҳои калидӣ кор мекунад, ҳамсуҳбат шудам.
Пурсидам, ки ҳоҷӣ Ҳалимро мешинохтӣ? Гуфт, бале ва афзуд, ки ҳоҷӣ Ҳалим хело генерали хубу хоксор буд, бо курсантҳову сарбозон ранги рафиқ гап мезад, хурду хурокамон ҳам соз буд. Ҳар ҳафта ҳар гӯна ширинҳо, то ҳатто сникерс мехурдем. Ҳоҷӣ Ҳалим доим мегуфт сарбоз бояд беҳтарин ғизоро хурад ва беҳтарин либос пушад, то тавонад хуб хизмат кунад
Вақте ӯ ба куҳ дар дараи Ромит баромад ба мо теревога шуд, полни вооруженний ба онҷо рафтем. Низомии маҳшар- сарбозу афсару ОМОНу Алфа, хуллас барои чор- панҷ одам қариб ними армия рафт. Ба онҳо пеш аз фармони парондан гуфтанд, ки таслим шавед. Вай гуфт мо гунаҳкор нестем. Сарбозҳоро аз майдон бароред. Баъд фармони оташ кушоданро доданд ва мо паронданро сар кардем.
Бо пулемёту минамиёт куҳро титу пора карданд. Агар вай як тир самти мо мезад се, чортои дигар ба ҳаво меандохт, то ягон сарбозу афсарро накушад.
Чанд афсару сарбозро барои резултат ва террористӣ нишон додани ҳизби наҳзат худашон куштанд. Баъди анҷоми ҷанг мақомот омаданду дарав аз паси спектакл шуданд. Он часте, ки гуё ҳоҷӣ Ҳалим яроқу аслиҳа ва тиру туфанг баровардааст онҷо рафта камераву навор карданд. Гуё соати 12 шаб даромада тамоми тиру туфангро ба мошин бор карда бурдааст. Дар он част як рафиқи ман хизмат кардааст. Гуфт ин ҳамааш як саҳнача буд, то дар чашми мардум хок пошанд.
Як яшики тир 50 .60 .ё 100 дона тир дорад. Инро дар роҳи рост бардоштану бурдан бисёр ҳам душвор аст. Чи тавр ин қадр тиру туфангро ҳамагӣ чанд нафар ба болои куҳ бароварданд ва инро қариб, ки ҳар рӯз дар телевизонҳо нишон медоданд. Ин ҳамааш тибқи нақша ва сохтагиву дуруғ буд. Ҳамаи ин спектаклро мардуми Данғара ҳам фаҳмида буд.
Ва баъд боз гашта ба Маскав омадам ва боз тамошо кардани барномаҳои шуморо идома додам.
Аллоҳ шоҳидаст устод, як рӯз хоб дидам инқилобро худам сар кардаам. Тамоми мардуми Данғара аз пушти ман «Истеъфо Раҳмонов гуфта ба Душанбе роҳсипор шудем ва шуморо дар роҳ дида салому алейк мекунем. Аз хурсандӣ мегӯям устод вақташ омад. Ва дар ҳаминҷо аз хоб бедор шудам. Ин шо Аллоҳ, таъбири ин хоби ман олӣ хоҳад буд. Инқилоб қариб омадааст. Бовар кунед, ки мардуми Данғара, ба ҷуз ҳамин авлоду чанд хешу табори мансабдорони гирду атрофи Раҳмонов, мардуми Данғара рӯзи хуш надоранд, вазъу ҳолашон бадтар аз мардуми дигар манотиқи кишвар аст. Тамоми замину замон, чарогоҳ, об, корхонаҳо дар дасти ҳамин авлоду одамони ҳамин авлод аст. Дар оянда дар бораи ин вазъият менависам.
Ва,ҳамин тавр аввалҳои соли 2025 ба Ватан омадам. Ин сол соли бедории миллат буд. Чунки ҳама дар бораи зулму истибдоди Раҳмонов ва оилаи вай гап мезад, ҳатто кормандони звеноҳои хурду миёнаи ҳукумат аз Раҳмонову оилаи вай безор шудаанд.
Дар маъракаи як хешамон рафтем. Вай дар шабакаи тақсимоти қувваи барқ кор мекунад. Саволаш доданд. Гуфтанд барқро чаро мекушед? Гуфт «ай боло фармон метан, набошад барқ зиётӣ мекунад, наметантон, хезен гав занен, морам безор шидем ай дашном шунидана».
Баъд гуфтанаш, ки ҳозир Муҳаммадиқбол грмбитш кардест, ҳамон ягон кор накунад боқимондааш ҳичикарда наметонанд.
Бале устод, иззат аз ҷониби Аллоҳ аст.
Ман хитобан ба мардуми Данғара гуфтаниам, ки хезед гап занед! То чанд зулмро қабул ва тоқат мекунед.
Устод мо бо халқи Данғара бо шумоем. Ва дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки як орзу дорам, ки бо шумо баъди инқилоб дар сари як дастархон суҳбат кунем.
Ман уламои динро хело дӯст медорам. Ба наздикӣ фарзанддор мешавам. Як дуъо кунед, ки мисли шумо, ҷасуру нотарсу боимон ва хизматгори холиси халқу ватанаш шавад.
Пасгуфтори Ислоҳ
Ин нома аз берун навишта нашудааст аз даруни Данғара навишта шудааст. Аз ҷое, ки солҳо ҳамчун “намунаи ободӣ” нишон дода мешавад, аммо дар паси ин намоиш қиматӣ, маҷбурӣ, фасод ва таҳқири инсон пинҳон аст. Ин шаҳодати касест, ки на аз шунида, балки аз дидаву гузаронда мегӯяд.
Сарбозе, ки бо орзуи хизмат ба ватан рафт, бо воқеияти дигар баргашт: артиш на мактаби ватандӯстӣ, балки саҳнаи порагирӣ, таҳқир ва спектакл будааст. Аз картошкачинӣ то фармони тир, аз савганд ба шахс то хомӯшии афсар — ҳамааш як занҷир аст, ки одамро аз давлат ҷудо мекунад.
Данғара дар ин нома на зодгоҳи қудрат, балки зиндони иҷтимоӣ аст: таҳсил бо пул, ободӣ бо зӯр, қонун ба нафъи авлод, тарс ба ҷойи адолат. Вақте донишгоҳ шартномавӣ мешавад, вақте замин ба як “хеш” тааллуқ мегирад, вақте масҷид минбари таъриф мегардад, дигар номи ин тартиб давлатдорӣ нест.
Муҳимтар аз ҳама, ин нома аз бедорӣ хабар медиҳад. Аз он ки мардум мебинад, мефаҳмад ва муқоиса мекунад. Ҳатто дар Данғара — ҷое, ки хомӯширо табиӣ медонистанд — имрӯз саволҳо пайдо шудаанд. Ва савол, худ, оғози тағйир аст.
Ин пасгуфтор хотима нест. Ин нишона аст: нишонаи он ки ҳақиқат, ҳар қадар пинҳон карда шавад ҳам, дер ё зуд аз забони касе берун меояд. Ва вақте аз даруни худи Данғара меояд, дигар нодида гирифтанаш осон нест.
