Озода Раҳмон,раиси Дастгоҳи Иҷрояи Президенти Тоҷикистон бо ширкати қаллобони байналмилалии интернетии Fatin LLC чи алоқа дорад?

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Ассалому алейкум, бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Мо Барномаҳои шуморо зиëд мебинем. Мехоҳем барои Шумо як нома бифиристем. Мо чанд нафар бо роҳу василаҳои гуногун ба ин ширкат ба кор даромадем ва ҳар кадоми мо чанд забони хориҷиро медонад, ҳадди ақал, англисӣ ва русиро балад ҳастем.

Инҷо талош мекунем, нома тавре навишта бишавад, ки шахсияти мо ошкор нагардад. Агарчанде мо дар хориҷа ҳастем, аммо гоҳ-гоҳе Ватан меравем.


 
 Кӣ пушти ширкат меистад ва он чӣ кор мекунад?

Мо дар ширкате кор мекардем, ки яке аз «инвестор, сарпараст ва криша»-и асосиаш Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи Иҷроия Президенти Тоҷикистон ва духтари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мо, мутаассифона, ҳар кадомеамон баъдан, баъди чанд вақт кор кардан фаҳмидем, ки ин як ширкати қаллобӣ будааст. Ба мардуми Аврупо, Канада, Сингапуру  Кореяи ҷанубӣ ҳамчун «брокер» занг зада аз онҳо пул мегирифтаанд.

Суроғаҳо ва кӯчиданҳои ширкат дар Душанбе


Аввалин суроғаашон бизнес центри «Пойтахт- 80», воқеъ дар назди Амфитеатр буд. Сонӣ кучида ба наздикии Алфемо рафтанд, ҳозир бошад дар рӯбарӯи Созидание, пушти маркази савдои «Пайкар» ҷой гирифтаанд.

Даромадҳои миллионӣ аз фиреби мардум


Ин ширкат моҳона то 2-3 миллион доллар аз ҳисоби мардуми бечора бо роҳи қаллобӣ ба даст меоварад.
Ва крыша-раиси онҳо полковник Зафар аст. Он касро мо чандин бор онҷо дидаем. Онҳо охраннаи бақувват доранд ва ҳамаи муҳофизонашон собиқ коргарони ОМОН ва УР (уголовний розиск) мебошанд. Ин Зафар бо вуҷуди зану фарзанд доштанаш боз маъшуқабозӣ ҳам мекардааст. Аз ВКД Шаҳноза гуфтанӣ занро «тоб медодааст». Ба як қавле ба маъшуқааш рӯяшро мисли пушти дег сиëҳ карда мегуфтааст, ки дар биржа бозӣ мекунад, барои ҳамин ин қадар пулҳои калон ба даст меовардааст.
Дар онҷо сиëҳпустоне, ки дар Душанбе аз Камерун ва Гана ҳастанду фаронсавӣ суҳбат мекунанд, фаъолият доранд. Саркардагонашон гурҷиҳо (грузинҳо) ҳастанд. Ба мо як ним арабу ним арманӣ роҳбарӣ мекард. Вай мегуфт моро оилаи президенти шумо ҳифозат мекунанд ва ҳеҷ кас ба мо ҳеҷ чиз карда наметавонад.
Номи ин ширкат Фатин-«Fatin LLC»-мебошад
   Вақте мо фахмидам онҷо чи гап аст, ин чи гуна ширкат аст тасмим гирифтем, ки ҳарчи зудтар биравем. Албатта, аз онҷо, берун шудан кори осон нест. Ин Зафари полковник таҳдид мекунад ва аз гудоз мегузаронад, ки барои чи аз кор меравем?

 Ҳамчунин ин қаллобон боз як ширкати дигар дар Хуҷанди бостонӣ кушоданд. Бо ташаббуси «Ғози калонамон»

 Дар ҳамон ширкат тақрибан 150 нафар фаъолият мекунанд. Таги 50% тоҷикон, дигараш зодагони Гурҷистону Камерун, Гана ва қисми камаш аз Молдова ва Украина ҳастанд. Ҳамчунин 2-3 нафар арабҳои муқимишудаи Арманистон ҳам кор мекунанд.

Марҳалаи аввал: реклама, 250 доллар ва «брокер»-и қалбакӣ
Ин одамон псевдоплатформаҳо доранд ва шаҳрвандони хориҷиро барои ба форекс маблағгузорӣ кардан тавассути реклама бо ëрии медибайерҳо ҷалб менамоянд. Ҷабрдида рекламаро мебинад, рақамҳои телефон ва суроғаи электронӣ- почтаашро менависад ва коргарони онҷо ба онҳо занг зада 250 доллар гирифта ба онҳо дар платформаҳои худ «торговый счёт» кушода бо хабарҳои бардуруғ, фиребу найранг биткоин харед, акцияи Тесла харед гуфта онҳоро розӣ мекунонанд. Чи қадаре «муомила» идома биёбад, пулашонро мекананд ва баъдан дар рӯйхати сиëҳ мепартоянд.

Марҳалаи дувум: «рефанд», адвокатҳои сохта ва регуляторҳои дурӯғин

Ва баъди чанд вакте қисми дигари коргарони онҷо ба одамони ба рӯйхати сиëҳ дохилшуда аз номи фирмаҳои ҳуқуқӣ, регуляторҳо (ба монанди  BaFin, Financial Conduct Authority, Finra, баъзан вақт Интерполу Европол) бо ному хуҷҷатҳои бардуруғ худро адвокат, намояндаи фирмаи ҳуқуқӣ муаррифӣ карда ëрӣ пешниҳод мекунанд.
Чи хел ëрӣ? Мегӯянд шуморо қаллобон фиреб доданд, ба мо ин хабар нав расид, мо пулҳои шуморо дар блокчейн дарëфт кардем ва нигоҳ медорем. Барои пулҳоятонро гирифтан шиносномаатонро равон кунед. Баъдан бо ҳар гуна найрангҳои психологию дуруғ, ҳамчунин гуë, ки инҳо бояд налоги давлатӣ супоранд, ва ë пулҳоро декларация кунанд то ягон мушикилӣ пайдо нашавад, пул меситонанд. Ҳамин тариқ моҳе 1000,1500 то 2000 нафарро фиреб мекунанд.
Ғайри давлатҳои дар боло номбар кардаам, ҷабрдидагон зиëдтар шаҳрвандони Олмон, Австрия, Швейсария, Кореяи ҷанубӣ, Канада, Фаронса ва Белгия  мебошанд.

Шиносномаҳо, Даркнет ва бозори ҳуҷҷатҳои қалбакӣ


Ҳамчунин ҳамаи шиносномаҳои ба даст оварда дар Даркнет ба дропперу нафароне, ки шиносномаҳои қалбакӣ месозанд, фурӯхта мешаванд.
Ин ба ягон чорчубаи дину конфессия, ҳамчунин маданияту одамгарӣ рост намеояд.
Ҳамчун далел мо якчанд ҷабрдидагонро моҳҳои тулонӣ кофтукоб кардем ва ëфтем. Метавонем фиристем.
Ин ягон ширкати брокерӣ нест, фиреби тоза, найрангу шайтонӣ аст. Пул аз ҳисоби мардум то ба ҷайби яҳудию қафқозиҳо ҳам мерасад. Аммо қисми зиëдаш ба киссаи бобо Раҳмон (Эмомалӣ Раҳмонов)меравад. Ҳамаи инро Озодахону оилаи вай пуштибонӣ мекунанд. Мо шахсан ҳамонҷо дидем шахси наздики оилаи онҳоро, афсӯс номаш дар хотирам нест. Омада ҳамаро тарсонда рафт, таҳдид ва таъкид карда гуфт, ба ҳеҷ кас чизе нагуед ва ин маълумот агар берун баромад зинда намемонед.
Ногуфта намонад, ки ин гурҷиҳо дар Тоҷикистон бачабозӣ ҳам мекардаанд, бо якдигар. Чеҳраи инҳоро хусусан дар клубҳои шабона «Комюнити» воқеъ дар роҳи Пивзавод, қабати Мерве, ҳамчунин дар Алфемо «Майнушии ирландӣ» ва «Паблик» ҳама мешиносад.
Ҳамаашон бо номҳои бардуруғ мегарданд. СЕО-и ҳозира номаш Джони (номи ростиаш Ираклий), қаблан дар ҷои вай холааш ва шавҳари холааш, яъне зану шавҳар Марк (гурҷӣ)ва Каролина (укроинӣ) роҳбарӣ мекарданд. Ин полковники лаъин ҳамаашонро мешиносад. Маҷбур шавад мегуяд.
Бисëр мехостем рӯи ин палидонро дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ бубинем. Шарманда шаванд.

Эзоҳи «Ислоҳ»: санҷиш, тамос ва далелҳо

   Вақте ин нома ба дасти мо расид, воқиан ҳам гиҷу гаранг ва моту мабҳут шудем. Зеро бовараш сахт аст, ки роҳбарони давлати Тоҷикистон ва он аз Оилаи Раҳмонов то ба ин ҳад аз худ рафтаву дунёро бесоҳиб дидаанд ва барои пулу маблағ шуда даст ба ҷинояти байналмилалӣ мезананд ва ҷинояткорони  қаллобҳои байналмилалиро «ҷову макон» медиҳанд, сарпарасти ва ҳимоят мекунанд.

Барои ҳамин бо муаллифони ин нома чанд навбати дигар дар тамос шуда маълумоти бештар ва мувассақ хостем.

Дар ин қисмати матлаб посухҳои онҳоро пешниҳод мекунем, ва ҷавобҳои онҳоро меоварем. Посухи онҳо ба шакли зайл аст:

« Бале, устод, ин як ширкати саддарсад қаллобӣ, як схемаи беҳад калони пурпечутобу мураккаб аст. Ин ширкат сайтҳои хоси худро дорад. Сайтҳои одноразовий, ки ду -се моҳ кор мекунанд ва сипас барои пайи пои худро несту дастнорас кардан брендашонро ва номашон тағйир медиҳанд, ду -се моҳ кор мекунанд, брендашон ва номашонро иваз мекунанд ва боз ду-се моҳ кор мекунанд, брендашон ва номашонро иваз мекунанд.

Масалан дар Украина ва дар дигар кишварҳои хориҷа коргарони худашонро доранд:-маркетолог, таргетолог (таргетолог — специалист, который настраивает таргетированную рекламу. Это человек, который настраивает и запускает рекламу в социальных сетях), медиабайер (медиабайер работает в рекламных агентствах, где выполняет поручения креативного директора. Он продумывает стратегии размещения на различных площадках и следит за тем, чтобы рекламные материалы (ролики, баннеры, сюжеты, интеграции) выходили согласованно и в нужный срок. Кроме того, медиабайер участвует в переговорах с заказчиками и разрабатывает для них оптимальные кампании продвижения).

Таргетолог: мутахассисест, ки рекламаи ҳадафнок (таргетӣ)-ро танзим мекунад. Яъне шахсе, ки рекламаҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ (мисли Facebook, Instagram ва ғайра) омода карда, ба кор медарорад ва муайян мекунад, ки реклама ба кадом гурӯҳи одамон нишон дода шавад.

Медиабайер: мутахассисест, ки одатан дар агентии рекламавӣ кор мекунад ва супоришҳои директори креативиро иҷро менамояд.

Ӯ: стратегияҳои ҷойгиркунии рекламаҳоро дар платформаҳои гуногун тарҳрезӣ мекунад; назорат мекунад, ки маводҳои рекламавӣ (роликҳо, баннерҳо, маводҳои таблиғотӣ, интегратсияҳо) сари вақт ва мувофиқи нақша нашр шаванд; дар гуфтушунид бо фармоишгарон иштирок мекунад; барои онҳо кампанияҳои самараноки таблиғотӣ таҳия менамояд.

Кори инҳо аз чанд давра ё марҳала иборат аст. Вақте як нафарро ба дом кашиданд, дар қапқон андохтанд, сраза хунашро намехуранд, майда-майда, чунон мекунанд, ки ҳатто пулдору сарватманд бошад ҳам, муфлису банкрот шуда аз «бозӣ» урёну нолон берун мешавад.

Марҳалаи 1

Ин ширкатҳо иборат аз нафаронеанд, ки рекламаро дар платформаҳои хориҷӣ ба мисли Инстаграм, Фейсбук, Телеграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Барои мисол мегӯянд, ки агар шумо пул кор карданӣ ҳастед, регистратсия кунед ва пул кор кунед. Баъдан, вақте пейҷи худи ҳамон сафҳа ва қайд-регистратсия кушода мешавад пардохти аввал-250 евро медиҳад. Ё аз ин ширкат ба вай занг мезананду 250 еврояшро мегиранд. Баъдан аз ҳамин ҳисоб (то ест ин кори сейл конверсияаш аст, занг зада маҳкам мекунанд) пули инҳоро мегиранд: 250-еврояшрову ба рейтенҷшин медиҳанд. Рейтенҷшин дар ошёнаи 2 меистанд. Онҳо худро брокер мегуянд. Ширкат ба онҳо шиносномаҳои қалбакӣ месозад. Аз номи Полша, Британияи Кабир ва дигар давлатҳо. Яъне инҳо шахсиятҳои қалбакиенд, ки паспорт доранд. Масалан, гӯем як тоҷик бо номи Аҳмадов Аҳтам дар онҷо кор мекунад, лекин вай ному шиносномаи ҷаълӣ дорад ва Вилям Новак мешавад, шаҳрванди Германия, Полша ва ё аз дигар ҷо. Ҳамин сайти «ефсией регистр»  «This is the ‘FCA Register’ website» ва «финра индевидуел»  FINRA Individual CheckFINRA Individual Profile ин персонжҳоро копия карда мегиранду баъд аксашро дар паспорти қалбакӣ мемонанд ва истифода мекунанд

  Ин нафаронро рекомендатсияҳои инвеститсионӣ медиҳанд. Яъне ба шумо занг мезанад, гуё вай брокер шумо, гуё шумо инвестор ва пешниҳод медиҳад:-мехоҳед дар форексу криптовалюта маблағгузорӣ кунед.

 Гап дар инҷост, ки баъд аз онки 250 еврояшро мегиранд ва ба ошёнаи боло, ба брокерҳо мефиристанд ва онҳо ҳамчун брокер занг зада мегуянд ман брокери шумо, биёед кор кунем ва платформаи қалбакиро ба онҳо нишон медиҳанд. Ному насабаш ва маълумотҳояшон онҷо ҳаст. Албатта, он ному насаб ва маълумотҳо ҳамааш фиребу дурӯғ аст, аммо он «инвестор» инро намефаҳмад. Баъдан ба ҳар яки онҳо рӯзона рекомендатсия медиҳанд. Барои мисол мегӯянд, ки «мана имрӯз арзиши биткоин хест, шумо бояд биткоин харед, аксияи Тесла боло рафт, шумо бояд аксияи Тесла харед, ё ки ефириум ё ки криптовалюта ё алткоину дигар чизҳо. Ҳамин хел рӯзона рекомендатсия медиҳанду ҳар ҳафтаву ҳар моҳ инҳоро ба дуруғ аз маошашон мегиранд, ё ки агар пул надошта бошанд водор мекунанд қарз гиранд ва ба ҳамин усули қаллобӣ хело пул мегиранд. Ин ҳолат то вақте ки ҳамин одам худаш безор шавад ва гуяд, ки ман пуламро мебарорам идома пайдо мекунад.

Агар содатар фаҳмонам ин як намуди нави пирамида, пирамида интернетӣ аст.

 Вақте муштарӣ, ки инҷо инвестор ном дорад, мегуяд, ки ман пуламро аз ин кор мебарорам пулашро бароварда наметавонад. Барои чӣ? Барои онки ин платформаи қалбакӣ аст ва чи рақаму ададу сумаву дигар чизҳое, ки ҳаст ин аз як компютери директор контрол мешавад. Контрол мешавад ва ҳамаи ин рақамҳоро менависад. Ана масалан аксия Тесларо харидем дар бозори ҷаҳонӣ (аз ростӣ гуем, ки аксияи Тесла ҳеҷ вақт 500% ё1000% дар як ҳафта ё дар як моҳ намехезад аммо дар инҷо мехезад ва ҳамаи ҳамин аз компютери директор контрол мешавад. Чунки инҳо нархҳову дигар чизҳоро сахт боло мебардоранд, аз ҷиҳати математикӣ сумма боло мешавад, ва нархи ин чизҳо дар ҳисоби муштарӣ, яъне пул зиёд мешавад. Аммо дар асл ҳиҷ пуле инҷо нест,фақат информатсияи ҷаълӣ фиристода мешавад.

Баъд ин инвестор-муштариҳо фаҳмида ё нафаҳмида (чун дар ҳисобашон ҳаҷми маблағ достаточно зиёд шудааст) пулро бароварданӣ, пас гирифтанӣ мешаванд ва мегуяд ба брокер, ки пулҳоямро деҳ. Ин инвестор пул ва фоидаи пулашро гирифтан мехоҳад. Амммо пул нест. Ҳамаашро кайҳо ин ширкат гирифтааст. Инҷо барои инвестор фақат ҳамон рақамҳо мемонанду тамом.

Марҳалаи 2

  Баъдан инҳо чи хел мекунанд? Ин нафар-инвесторро, ки пулҳоямро деҳ гуфт дар черний список мепартоянд. То дигар ба алоқа баромада натавонад. Инҷо марҳалаи аввали «кор»-и ин ширкат тамом мешавад.

Дар черний списка, ки партофтанаш барои вай дигар конетс света мешавад, пулҳояш тамоман рафт.

Аммо дар ин ширкат шуъбаҳои дигар кор мекунанд, ки идомадиҳандаи кори ҳамдигаранд. Тамоми маълумоти ин инвестори пулсухтаро ба як нафари дигари ин ширкат медиҳанд. Он нафар (шуъба) махсус барои ҳамин корҳо аст ки бо рекадерӣ, то ест рефанд мегӯянд англисҳо, ба ҳамон стратегия кор мекунад. Занг мезанад. Вай паспортҳои бисёри қалбакию документу удостоворенияҳои сохтаву дурӯғини Интерпол, Европол дорад, ки бори дигар мегӯем ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо қалбакианд. Ин корманди ширкат занг мезанад мегуяд, ки мо фаҳмидем, ки шуморо брокери қаллоб фиреб дод ва мо пулҳои шуморо заморозит кардем. Биёед ин пулҳоятонро пас бигирем ва ба шумо  баргардонем.

 Дар ин ҳолат чи мешавад? Маълум, ки ин муштарии фиребхӯрда розӣ мешавад

Ва аз ширкат мегуянд, ки даннийҳои индентификатсионии худро ба мо равон кунед: ба ватсап, бо телеграм. Масалан ҳуҷҷати ронандагӣ, паспорт ё ва дигар санад.

Аснодро равон мекунад. Аз ширкат мегӯянд, ки маблағи шумо деклоратсия карда нашуда будааст, инро бояд декларатсия кунед, вагарна ба шумо проблема мешавад аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Тибқи қонунҳои Аврупо барои вуруд ва ё баровардани маблағи беш аз 10000 евро бояд деларатсия карда шавд. Ҳамин талаби қонунро истифода бурда ба онҳо давит мекунанд ва мегӯянд, ки пул деҳ. Пулашро мегиранд. Баъдан як -ду рӯз ғайб мезананд, боз занг мезананд. Мегуянд, ки мо бо регулятори давлати шумо (ин BaFin, Financial Conduct Authority, Finra, дар Амрико ефсией ё ки дар Англия ё ки худи ҳамон бонки марказӣ бошад дар алоқа шудем, маълум гардид, ки шумо налог супоридагӣ набудаед. (Ин инвестор бовар мекунад, агарчи ин гап тамоман дурӯғ аст) Ин пулро страховка кардан даркор. Яъне ин боз идомаи пулканӣ, дар амал бошад ҳиҷ гапе нест.

Ва ҳамин хел чанд дафъа пулашро кашида мегиранд. Аз дасти як одам бо ин роҳҳо сӣ, чил панҷоҳ то садҳазор мегиранд. Надоштагиаш пуламро бо фоизҳои фоида кардаам гирам гуфта ночор қарз мегирад, хонаашро мефурӯшад, маҷбураш мекунанд таҳдид мекунанд. Ҳамин хел аз инҳо пул ҷамъ мекунанд. Дар як моҳ чанд ҳазор одам мешавад ва ҳамин тариқ даромад аз чанд миллион мегузарад. Мо дар моҳ то 7 миллион доллар ҷамъ овардани ин ширкатро шоҳид будему дида будем.

 Ин қаллобони интернетӣ ғайри Душанбе боз дар Хуҷанд ҳам ширкат доранд. Ба наздикӣ хабар омад, ки яке аз хедашон (хед ранги страший менеҷҷер) як комната дорад, ки дар таги дасташ чанд сад одам кор мекунад ва дар Шри-Ланка ба худаш боз ҳамин хел ширкат кушодааст. Бинобар маълумотҳо ғайри Тоҷикистон боз 9 филиали дигар дар давлатҳои дунё доранд. Дар Тошканд кушоданд нашуд, рафтанд. Дар Қазоқистон доранд. Дар Краснодар ҳам доштанд, аммо як коргари афроамерикоиашонро куштанд ва бо ҳамин он офис маҳкам шуд.

 Бо давлатҳое, ки раводид даркор бошанд, дар шест секунд раводид дуруст мекунанд, хона иҷора мегиранд регистратсия прописка ҳамашро барои онҳо мекунанд токи онҳо кор кунанд.

Инҷо донишҷҷӯҳои факултетҳои хориҷӣ, англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ҳам кор мекунанд, аммо қисми зиёди коргаронашонро духтарҳо ташкил медиҳанд. Маош дар коғаз 3000 аммо то чанд ҳазор доллар кор мекунанд. Дар инҷо англисзабонҳои афроамерикоӣ (бештари коргарҳо ҳаминҳоанд) аз 4 то 6у ним ҳазор, туркҳо маоши дигар, фаронсавизабонҳо (аз Камерун) дигар мегиранд, боз бонус доранд вобаста ба ҷамъоварии инвестор-клиент. Масалан агар 100 ҳазор доллар ҷамъ овард, вориди ҳисобу хазинаи ширкат кард аз он 5- 6% медиҳанд ба он корманд.

Ин ширкатро аз хориҷа поддержка мекунанд, бо информтсия, бо методҳои нав ва технологияҳои нав. Инҷо ҳамешва ВПН ҳаст, дар роултер насб шудааст. Дар релтери микрочип насб шудааст, бо сетевойй кабел ба тамом компютерҳо насб кардагӣ. Инҷо боз як компютери дигар ҳаст, ки ҳардуяш васл шудааст.

 Вақте локатсияи худатро дақиқ карданӣ мешавӣ дар Гугл Бритониёи Кабир мебарояд ва дар компютери дигар, ки дар дарун ҳаст, Нидерландияро нишон медиҳад.  

Инҷо одамҳо жертва мешаванд. Рекламаро мебинанд, ҳушашон меравад, тамоми данниҳову рақамҳои иртиботии шахсиву хусусиву маҳрамонаи худро мегузоранд ва пул медиҳанд. Инҳо, ки ба дом афканданд, аз худои карим ҷуста занг зада 250 еврои онҳоро мегиранд.

 «Рекомендатсияҳои инвеститсионӣ» ҳар рӯз дода мешавад (дар асл гӯшпарӣ, фанду фиреб). Ҳар рӯз инҳо дар контакт бо он инвестор-жертва дар гушаш мехонанд: имрӯз Тесла, пагоҳ криптовалюта ва ҳамин хел мафтуну маҷзуб ва гипноз мекунанд ва дар ҳар платформаи фиктивний инҳо портфел месозанд ва мегуянд- ана муштарии ман 100 ҳазор доллар кор кард, 500 ҳазор кор кард…. яъне як ҳамлаву ҳуҷумҳои психологӣ, ки нафарро ҷазбу ҷалб кунад…

Посух ба саволҳои мо

Бародар Муҳаммадиқбол акнун, ки саволҳо додед, ба саволҳоятон посух додем.

Бале, ин ширкати қаллобии байнулмилалӣ аст. Чунин ширкатҳоро дар тамоми ҷаҳон ҷустуҷу доранд,тавассути Интерпол, Европол ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои алоҳида.

Инҳо дар давлатҳои дигари дунё ҷинояткорони ашаддӣ ба шумор меоянд ва бисёр ҳам пинҳону пӯшида ва махфӣ кор мекунанд.

Аммо дар Тоҷикистон баракс. Тавассути давлат, аниқтараш оилаи Эмомалӣ Раҳмонов ва ВКД-и Тоҷикистон таҳти ҳимоят гирифта шудаанд.

Як инсони дигар дар онҷо буд нимараб нимарманӣ, бо номи Карим. Номи аслиашро мо баъдан фаҳмидем. Номаш Крист будааст. Аслаш аз Ливан ё аз Фаластин. Вале дақиқи шуд, ки аз Ливан аст.

Ин одам ба мо гуфта буд, ки агар касе, ки чизе фаҳмид, ё ки шумо ягон кор карданӣ бошед, кунед ё накунед фарқ намекунад. Мо аз тарафи оилаи президенти шумо дастгирӣ мешавем, моро дастгирӣ мекунанд, охранят мекунанд. Мо ҳақи онҳоро ҳатмн медиҳем, Онҳо, махсусан Озода аз мо беҳад розӣ аст. Ин гапҳоро гуфт ва ангушташро самти боло бардошт.

Вақте мо ба кор қабул шудем, фикр доштем як кори одӣ аст. Онҷо охранна меистад.

Саруруямонро акс гирифтанду гуфтанд боло бароед. Боло баромадем. Моро айтишник пешвоз мегирифт. Боз отпечаткаҳои дастонамонро дар компютер гирифту гуфт, ки рав дари рӯбарӯ, як ангуштатро мон кушода мешавад.

Рафт кушодем, пешвоз гирифтанд. Даромадем ба ҳайрат афтодам. Тақрибан 50-60 нафари онҳо дар афроамерикоӣ-сиёҳпустҳо буданд. Онҷо негрҳо буданд. Қарсак зада, дод зада дод зада пешвоз гирифтанд. Музди меҳнат дар шартномаи корӣ 3 000 сомонӣ навишта шудааст вале аз 6000 сомонӣ боло медоданд.

Дар онҷо як толоре буд, ки дар як моҳ ё ду моҳ як бор тамоми коргарони он ширкатро ҷамъ мекарданд ва мо бо чашмонамон медидам.

 Теъдоди150 нафар коргар сифри тахминӣ аст, аз ин зиёд ҳам буда метавонад. Аммо аз ин кам нест. Сонӣ, вақтҳои чошт, аз соати 12 сар карда як, ду, се то соати 4. мерафт. Ҳар соат аз сӣ то чил нафар обед мебаромаданд. Даҳ дақиқа кофебрек буд, чор панҷ маротиба дар як рӯз. Ғайри як соати обед, боз ба ҳоҷат мерафтӣ. Мебаромадем медидем.

Зафар лаҳҷаи хуҷандӣ дорад. Вай роҳбари ин ширкат аз тарафи оилаи Раҳмонов мебошад. Онҷо гоҳо охранникҳо, баъди анҷоми кор сигор мекашиданд, қаҳва менушиданд ва дар бораи дуздиҳояшон, дуздиҳои ҳамкоронашон аз давлат ва аз шахсиятҳое, ки худашон подставит мекарданд ё гунаҳкор буданду пул гирифта сар медоданд, ҳикоя мекарданд.Аз онҷо фаҳмидем, ки ин охранникҳо ҳамагӣ кормандон и мақомот, ба хусус аз МВДанд.

Гуфтем, ки маъшуқаи Зафар Шаҳноза дар МВД кор мекунад. Ин факти 100% аст.

Ду дафъа суроғаи офисашонро иваз карданд. Аввал дар бизнессентри Пойтахт 80 буданд.

Баъд дар наздикиҳои ALFEMO, дар бари доми Пайкар. Дар ҳамонҷо буд, ки амният даромад ва баъд боз маконашонро дигар карданд. Ҳозир дар пушти Пайкар, дар рӯбарӯи бинои Созидание офис доранд. Созидание аз они Ҳасан Асадуллозодаи тағои Озода, раиси Ориёнбонк аст, дар назди бемористони Скорий, қарбии гардиши аэропорт, дар хиёбони Айнӣ. Дар бари дараш овезаи FatinLLC навишта шудааст. Агар бо он кӯча гузаред намоён аст. Инҳо коргарони дар соҳаи скен мошеникиро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо ва даъват мекунанд. Бо чатҳо меёбанд. Инҷо шуъбаҳои ангисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва туркӣ кор мекунанд.

 Мақомот интересоват карданд. Ду бор амният омад кофт компютерҳоро, дигар василаҳоро   кофт ва ёфт. Ин хел нест, ки наёфта бошанд. Дар онҷо маслан предложениҳо алинеску дигар чизҳо ҳастанд, ки мисол компютери жертва ба компютери коргари ширкат пайваст аст ва аз он истифода мекард. Мисол банкаш медаромад.

Аммо гуё амният 100.000доллар пора гирифта рафта бошад. Ин дар тавтиши дуввум буд. Натиҷаи тафтиши якумашонро намедонем. Аммо баъдан ҳеҷ кас ҳеҷ кор накард.

Раиси онҷо дар документ ҳамон давраҳо як грузин буд бо номи гурҷӣ, аммо худро Марк Чехов мегуфт, як марди миёнақади кал буд. Номи занаш Каролина Астемирова буд. Дар кишвараш пеш варзишкори шинохта будааст.

 Аммо калонашон ҳамон Зафар буд, ки дар ОМОНи МВД кор мекунад. То ҳозир дар онҷо кор мекунад. Мегӯянд, ки одами Озода аст.

Инро бояд махсус зикр намоем, ки инҷо танҳо Озода нест, тамоми оила шарик аст. Зафар курироват мекунад. Инҳо косвенно иштирок мекунанд. Пул медиҳанд барои реклама. Чунки   реклама дар тамоми дунё запускат карда мешавад ва тахминан аз 1000.000 то1500000 млн доллар даркор мешавад. 35-40то 50 фоизи даромад ба ин оила меравад. Барои онки ҳар охири моҳ директор ноит мекард, ки охир моҳ шудааст, ҳиҷчи надорем, боз ин инвесторҳо ин хел мекунанд, он хел мекунанд. Яъне манзураш Озода ва Оилаи Раҳмонов бисёр мегиранд.

Аз одамони оилаи Раҳмонов як писарбача меомад, беҳад мутакаббир ва ҳавобаланд буд. Ин бача дар иҳотаи муҳофизони мусаллаҳ меомад. Ба ҳеҷ кас гап намезад. Дар коробка долларро мегирифт, мерафт.

  Як охранники фарбеҳи узбекмонанд, чашмтанг доштем, беҳад инсони хуб метофт, гуфт ин аз оилаи Ҷаноб аст.

Аз Озода бошад кадом дугонааш меомад. Бо лафзу лаҳҷаи хуҷандӣ гап мезад. Як бор, ду бор омада моро тарсонда буд, ки гапҳои зиёд назанед, дар куча ин хел накунед, он хел накунед.

Мо дар онҷо касе набудем, фақат тарҷумон будем.

Аммо, яқин кардем ва мутмаин бошед, ки ин ширкати қаллобони байналмилаӣ таҳти ҳимояти роҳбарияти давлати Тоҷикистон амал мекунад.

Коргарони инҳо барои раводид, қайди иқомат, мошини хидматӣ, таъмин бо духтар (фоҳишаҳо) хурду хурок ягон мушкил надоранд.

Кумитаи амнияти милли Тоҷикистон қапид, аммо коре накард, доляашро гирифт рафт.  Инҳо, ин мошеникҳои байналмилалӣ кор карда хонаи ҳазорҳо нафарро ба оташ кашиданду кашида истодаанд.

Биноҳоеро, ҳам ки офис мегиранд, бубинед, масалан Созидание, аз они Ҳасан Асадуллозодаи додараруси Раҳмонов ва он биноҳое ҳастанд,ки аз оила ва наздикони оилаи Раҳмонов мебошанд.

Поёни бахши аввал, таҳқиқоти Ислоҳ идома дорад бо мо бошед!

  Пасгуфтори Ислоҳ!

Он чи дар ин матлаб ошкор шуд, як иштибоҳи ҷузъӣ ё «бизнеси баҳсбарангез» нест. Ин лоиҳаи муназзами брокерии қаллобӣ аст, ки дар миқёси байналмилалӣ амал карда, ҳазорон нафарро фиреб дода, зиндагии бисёре аз мардумро ба вартаи фалокат бурдааст. Одамоне ҳастанд, ки пас аз ин «инвеститсияҳо» хона фурӯхтаанд, қарздор шудаанд, оилаҳояшон вайрон гаштааст. Ин хонасӯзӣ аст, на тиҷорат.

Бо назардошти далелҳо, шаҳодатҳо ва сохтори кор, шакке боқӣ намемонад, ки ин афёраи брокерӣ бе сарпарастии сатҳи баланд имконпазир набуд. Ҳимоя, макон, рекламаи гарон, ҳаракати озоди пул ва хомӯшии мақомот-ҳамаи ин нишонаи як ҷинояти бузурги созмонёфта аст. Озода Раҳмон, ки дар дохили кишвар даҳҳо тиҷорати инҳисорӣ дорад-аз сохторҳои марбут ба молияву андоз (IRS), то бонкҳо чун «Спитаменбонк», то брендҳои тиҷоратӣ монанди «Озода косметик», «Озода кемикал» , фурӯши вазифаҳо ва дигар бизнесҳои бастаи оилавӣ-дигар наметавонад худро аз ин афёра канор гирад. Вақте тамоми бозор дар ихтиёр аст, аммо боз ба чунин схемаи ҷиноятӣ даст мезананд, ин аллакай тамомияти ахлоқӣ ва ҳуқуқиро зери суол мебарад.

Мо инчунин асос дорем бигӯем, ки ин тарҳ бе нақш ва таҷрибаи Ҷамолиддин Нуралиев-шавҳари Озода Раҳмон- роҳандозӣ нашудааст. Ҳатто агар имрӯз ӯ дар саҳна набошад, далелҳо нишон медиҳанд, ки асосгузори ин навъи «тафаккури афёравӣ» дар оила маҳз ӯст. Ин гуна схемаҳои мураккаб дар сатҳи ҷаҳонӣ аз оилае, ки таҷрибаи молиявӣ, дастрасӣ ба сохторҳо ва иртиботи байналмилалӣ надорад, сар намезанад.

«Ислоҳ» бо масъулияти комил эълон мекунад: ин таҳқиқот ба муассисаҳои ҷаҳонӣ ирсол хоҳад шуд-ба ниҳодҳои молиявӣ, зиддикоррупсионӣ ва тафтишотии байналмилалӣ. Ин ҷо сухан аз обрӯ нест, аз ҷавобгарӣ меравад. Ҳар касе, ки дар фиреби мардум, шустани пул ва роҳандозии қаллобии байналмилалӣ даст дорад, новобаста аз насаб ва вазифа, бояд ҷавоб диҳад.

Ин ҳушдор аст. Ҳам ба ҷабрдидагон-ки хомӯш намонанд. Ҳам ба онҳое, ки худро дастнорас мепиндоранд. Ҷиноят, ҳатто агар муддате пинҳон шавад, дер ё зуд рӯшан мегардад.

Share This Article