Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №325

Ислоҳ нет

Номаи аввали ин шумора аз ноҳияи Панҷ аст. Нависандаи он бо дарду алам навиштааст, ки раиси нави ноҳия бадтар аз раиси собиқ баромад ва корҳое карда истодааст, ки бар зарару зиёни мардуми деҳқон аст. Раиси ноҳия трактори ҷуфтӣ оварда сотихи замини фермерҳоро 11 сомонӣ мегирад.

 Аз Екатеринбург ду нома дорем, ки ҳардуяш ҳам дар бораи як нафар навишта шудааст. Ин нафар, мисле, ки бо консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр ҳамкорӣ ё кор мекунад.

Аз Рарзи шарифи Айнӣ як сипоснома ба унвони мо расидааст. Муаллиф мегӯяд, ки туфайли навиштаҳои мукаррари «Ислоҳ» мақомот ночор шуданд, ки таъмри роҳи Айнӣ то Масчоҳи куҳиро эълон намоянд. Аммо навиштааст муаллиф, яқинан дуланҳои ангишткашони Фароз ин роҳҳоро боз хароб мекунанд.

Зимнан, номаи омада аз Рашт низ аз он шикоят кардааст, ки роҳҳои ин ноҳияи куҳистониро дуланҳои кони ангишти ҳоҷӣ Обид харобу вайрон кардаанд, аммо касе эрод намегирад, ки чаро барзиёд бор мекунад.

                                       Панҷ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Номаро аз вазъу ҳоли ноҳияи Панҷ мефиристам. Аз деҳаи Шахмати ҷамоати Озодагон имрӯз ин хабарро доданд, ки то тавасути Ислоҳ расонаӣ кунем. Раиси маҳалла, раиси ҷамоат ва раиси ноҳия рафта заминҳои фермерии мардумро аз пеши худ шудгор кардаанд. Дар сари замин як дег ош ташкил карда ва ҳамаи замини мардумро чапагардон карданд.

 Аллоҳ занад ин раиси ноҳияро, ки аз кали Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер (раиси пешина) гузаронд. Порсол мардум худашон  заминҳояшонро шудгор карданд, ки сотихи он 7 сомонӣ буд.  Имсол раис худаш 5-6 трактор оварду 11 сомонӣ сотихашро шудгор кард. Як тракторчӣ дилаш сухта гуфт ҳеҷ кас пул намедиҳад, чунки нархро баланд мондед. Аммо раиси ҷамоат ба раиси ноҳия гуфт, ки ман худам ҷамъ мекунаму медиҳам. Пули инҳоро аз соҳибони замин ман гирифта медиҳам.

Раиси ноҳия  Иброҳимиён Акмал Комилзода чанд дақиқаи дигар маҷлис гузаронду ба Тоҷиддин раиси маҳалла бо лақаби Тоҷи сиёҳ ва чанд нафари дигар тӯҳфа доду рафт. Бадбахти беинсоф.

Ин чи ҳол аст? Аз дасти ин раисони ноҳия барои шудгор кардан 1 баробари дигар дар болояш барои худаш монд. Э, худозада, ту инсоф надорӣ, ҳаромхур. Мо фикр кардем ту аз кали Зариф бо имонтарӣ, лек ту ҳам як ҳароми дигар будаӣ!

 Мо аз Давлаталӣ Саид, раиси вилоят хоҳиш мекунем ин масъаларо ба таври ҷиддӣ пайгирӣ кунад. Наход Иброҳимиён Акмал Комилзода 1сотих заминро 11 сомонӣ шудгор кунӣ? Соли гузашта нарх 7 сомонӣ буд. Нархи сӯзишворӣ мисли соли гузашта аст, аммо шудгорро қимат кард.

                            Екатеринбург (номаи 1 )

 Салому дуруд бар Шумо бародар Муҳаммадиқбол барои ба гӯши кари мақомот расонидани мушкилот ва дарду доғи мардум.

  Ман бояд аз таъсири ҳар як барнома ба Шумо бинависам. Мардуми шарифи тоҷик аз Шумо хоҳишмандам, ки дар бораи ҳар як корманде, ки зулм мекунад, ҳақи  мардумро мехурад, дар бораи порахурҳо, дар бораи чоплусу лаганбардор ва дар бораи бузичаҳо нависед, таъсири хуб дорад.

Мо, навиштем ва таъсири навиштаҳои худро дидем. Дар барномаҳои гузашта  мо нисбат ба Қурбони амниятӣ, ки намояндаи КДАМ-и Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Россия аст, ҳозир хело ҳам «мардаки хуб» ва ислоҳ шудааст ва ба доди мардум расидагӣ дорад ва боз Зафари сарконсули муваққат дар Екатеринбург низ хеле ислоҳ шуда рафтору кирдорашон бо мардуми Екатеринбург, бо муҳоҷирони тоҷик, ки барои ягон мушкилашон муроҷиат мекарданд ба консулгари дар Екатеринбург, хуб шудааст.

Ман чи хеле гуфтам ба онҳо ягон ғарази шахсӣ надорам. Бигзор инҳо фикр кунанд, ки касе бо мо душманӣ дораду аз руи хусумати шахсияш менависад, не, ба Аллоҳ қасам ин тавр нест. Рӯзҳои наздик бо ҳамроҳии як бародар рафтем консулгарӣ. Барои он бародар як справка дар бораи шаҳодатномаи таваллуд лозим буд, нигоҳ кардам ва назорат кардам, ки не, алҳамдулиллоҳ хуб шудааст муомилаашон. Пули зиёдатӣ нагирифтанд. Чи тавре нархномаи давлатӣ буд ҳамон қадар гирифтанд ва дар кассаи консулгарӣ супориданд маблағро. Ман шахсан чандин нафарро пурсидам, хурсанд баромаданд. Шукри худо, мешудааст, ку. Натарседу ҳар як кори инҳоро, ки дидед, по аз доираи қонун мебарорад, нависед, то ки мардуми тоҷик бишиносанд онҳоро, миллат шиносад.   

Агар як кори хуби дигар Қурбони амниятӣ мекард, ба арзу доди мардуми мазлуми тоҷик нисбати Гулияи мошеник мерасид боз ҳам хубтар мешуд. То ҷое фаҳмидем ҳоло расидагӣ ба арзу додро шурӯъ кардааст, аммо агар сахттараш мегирифт, то пули мардумро бармегардонд, он вақт гапу кор дигар мешуд.

Ман чандин аризаҳои шифоҳии занҳои тоҷикро дорам, ки аз Гулияи машеник намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд, ҳеҷ кас ба додашон намерасад.

Гулчеҳра яъне номи аслияш ва Гуля кличкааш. Ин як шахсе мебошад, ки дар шаҳри Екатеринбург мошенники рақами 1мебошад. Ин зиёда аз 10 миллион рубли мардумро фиреб карда гирифтагӣ аст. Аз он ҷумла аз мо- як оила 450 ҳазор рубл гирифт ва сеюм сол мешавад пуламонро намедиҳад. Аз як дугонаам 270 ҳазор рубл ва боз аз шиноси дугонаам 150 ҳазор рубл гирифтагӣ аст. Вай чунон «боқувват» аст ки агар дар консулгарӣ шикоят кунӣ аз об қоқ мебарояд. Мо   фаҳмидем, ки кришаҳояш бисёранд. Агар дар МВД шикояташ кунӣ Ёр бо номи Шерка мегӯяндаш ҳимояташ мекунад. Агар ба рекетҳо шикояташ кунӣ Дима ё Хуршед мегӯяндаш ҳимояташ мекунад. Дар консулгарӣ Қамар ва Қурбон  ҳимояташ мекунанд. Ин ҳароми худобехбар тамоми мардумро фиреб карда гаштааст. Намедонем, ки дар куҷо ва ба кӣ арзу додамонро бигӯем.

Мо ҳайронем, ки барои чи ягон мақомот нисбаташ чора намебинанд, хуни мардумро хурда гаштааст. Зангаш мезанӣ, заблокироват мекунад. Ду, се сол мешавад, ки кофта истодаем. Ягон кас ягон кораш карда наметавонад. Маҷбур шудем, ки ба Шумо нависемаш, дигар чора надорем.

Ба маълумоте, ки аз бачаҳои амният ба мо расид ин Ёр бо лақаби Шерка бивший мент  будааст ва байни мардум овоза ҳаст, ки уволиташ карданд. Таксӣ мезанад. Аммо ин овозаҳо ҳамааш дуруғ мебошад, ин ҳоло ҳам кор мекунад, беҳуда мент бивший небивает намегӯянд. Шогирдаш Дима дар байни бачаҳои куча мегардад. Ку бинем, ки кӣ чи мегӯяд гуфта ва дарав ба Ёр хабар мекунад, бузаш аст. Шогирди дигариаш Эраҷ, таксӣ мезанад. Ин ҳам чизеро, ки фаҳмид дарав ба Ёр хабарро мерасонад. Шогирди дигариаш Хусрав аст, ки дар аэропорти Колцова стреч мезанад ва дар ҷои симкарта кор мекунад ва дар байни мардум, ку кӣ нисбати ҳукумат чи мегуяд дарав ба Ёр хабарро мерасонад. Аз бачаҳои амният маълумот гирифтем, ки соли гузаштаи 2025 бо маълумотҳои Ёр ду нафарро аз шаҳри Екатеринбург, ки якеаш 2500 рубл ба мухолифин гузаронда будааст ва дигараш ҷонибдорӣ карда буд, қапида бурданашон, 10-12 солӣ суд шуданд.

Нафари дигар маълумот дод, ки аз рӯи ахбори Ёр соли 2025 ду нафари дигарро аз Москва қапида бурданд, ки якеаш 9 ва дигариаш 13 сол гирифт. Гуфтаниам, ки мардум бидонанд ва боварашон накунанд. Инҳо бузҳои МВД мебошанд.

Дар байни мардум мегарданду информация мегиранд. Дар ҳақиқат кор мекунанд. Ба Ёр, Дима, Хусрав ва Эраҷ  гуфтаниям, ки агар бузиатонро бас накунед, нисбататон бисёр маълумот гирифтем ва ҳоло таҳти санҷиш мебошанд, ку то кадом андоза асос доранд. Дар навиштаҳои оянда гуфта мешаванд, бас кунед ин корҳои разилонатонро.

Ба консулгарӣ муроҷиат мекунанд. Коргарони консулгарӣ мегуянд равед дар мақомоти Русия муроҷиат кунед. Ин мазлумҳое, ки муроҷиат мекунанд, бисёриашон патент надоранд, ё ки ягон ҳуҷҷат, ки ягонҷо муроҷиат кунанд, бечораҳо мемонанд дар нимароҳ.

Ин дар салоҳияти Қурбон аст ки Гуляра кашида сар диҳаду пулҳои мардумро то ҳаддал имкон баргардонад. Чунки ин Гуля аз ин Қурбони амниятӣ сахт метарсад. Мегӯянд одами хуб нест, аз ин тарсидан даркор аст. Боз мегуям, ки акаи Зафар, акаи Қурбон, Ман ба Шумо хусумат надорам, вале шумо вазифаи худатонро хуб иҷро кунед, ба доди мардуми мазлуми тоҷик расидагӣ кунед, ман бас мекунам навиштани нома ба Ислоҳро. Аммо агар боз ҳам ин гуна корҳои пастатонро давом диҳед боз менависам. Ман хабарнигори Ислоҳ мешавам дар Екатеринбург. Хело бузичаҳоятонро медонам, ки агар бас накунед, нисбаташон менависам ба Ислоҳ бо аксҳояшон ва маълумоти бисёр дорам. Гапу ҳарф бисёр ҳаст. Боқӣ ҳамаатонро худо ҳифзатон кунад.

                                  Номаи2

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман як зани тоҷик аз шаҳри Турсунзода, бистуяксола мебошам. Соли 2024 аз шавҳарам ҷудо шудаму ба Россия шаҳри Екатеринбург бо ҳамроҳии дугонаам рафтем. Онҷо як ҳамсояашон аз Душанбе бо номи Сураё пешхизмат- офитсианка дар Таганский ряд кор мекунад.  Дар аэропорти Колцова фаромадем. Бо як бачаи миёнақад номаш Қамар ру ба ру задем. Гуфтем таксӣ даркор аст ки то Таганский ряд барадамон. Гуфт ҳозир ва занг зад. Як мардаки сип- сияҳи бузбала омад- таксӣ. Моро дар 1200 рубл бурд, пеши ҳамон апа. Вай дар хонааш ҷо надошт. Хонаи дугонааш роҳиамон кард. Пагаҳ буд, ки соатҳо 10 руз он апа занг зад, ки як кори халтура аст 4 ҳазориатон медиҳад, меравед? Гуфтем бале, меравем. Гуфт меравед пешхизмат кор мекунед. Яке буд, ки ҳамон таксие, ки аз аэропорт оварда будамон омад ва ҳамроҳи он бача, ки Қамар ном доштааст, бурданамон ба як ҷангал. Онҷо як коттеҷ буд ва чанд марди рус-ташкилӣ. Моро на ҳамчун пешхизмат, ҳамчун фоҳиша бурда будаанд. Мо баъди рафта расидан инро фаҳмидем, ки моро куҷо бурдаанд. Ду духтари дигари узбечкаро ҳам як таксӣ оварад.

Баъд ба мо гуфтанд, ки чи хоҳише, ки ҳамин меҳмонҳо доранд иҷро мекунед. Мо бисёр зораву тавалло кардем, ки мо кори ҳаром намекунем. Қамар гуфт, ки агар ин корҳоро анҷом намедиҳӣ, аз кисааш як чизи сиёҳакро бароварду нишон дод ва таҳдид кард, ки «ҳамира да кисат мемонам, бачаҳако мегиранаш, то мурданта ай турма намебарой». Ва аз телефонаш суратҳоро нишон дод, ки ҳамроҳи милицияҳо дар Тоҷикистон ва дар Русия. Гуфт агар ба гапам намекунӣ, «мара фалонма ягон кас хурда наметона» ва зӯриву таҳдид кард, ранги озодиро намебинӣ.

Қиса кутоҳ маҷбур шудем, ки розӣ шавем. Як вақт омад ба комната даромаду дод зад, ки чи хеле ҳаминҳо хоҳиш доранд, иҷро кунед.

 Гуфтам, ки «ма қанчуқ нестам». Аммо маҷбурамон кард, ки ……Гуфтем «мо ихели корора накардем, надидем, наметонем». Дар сок чизе   чаконду гуфт бихур.

Он тарафашро худатон бифаҳмед. Дигар бо хоҳишашон иҷро кардем. Бовар кун акаҷон ман ин суханҳоро хун гириста нависонда истодаам. Ин Қамар ва ҷурааш мусалмон нестанд. Зани тоҷикро мебарӣ, ки урус дар д… дар… хоб кунад.

Соат1-и шаб буд. Меҳмонҳояш рафтанд. Ду узбечка ҳам рафтанд. Мо ҳамроҳи дугонаам мондем дар коттеҷ.Телефон надорем.

 Қамар бо ҷураҳояш саҳар мерафт, бегаҳ меомаданд. Чунон азобамон доданд, ки ногуфтанӣ. Маҷбурамон мекард, ки …,аз …., ки ду сол мешавад хун меравад, миёнам маъюб шуд. Баъди 4 руз бурданамон 4 ҳазор рубл додамону гуфт агар дар ягон кас мегуй, «не да иҷа не да Ватан фалонма хурда наметоне. Бин чи коратон мекунам». Аз тарс хап кардем. Аз Екатеринбург ҳамон руз гурехтем Челябинск рафтем ва 8 моҳ кор кардему хапу дам Ватан омадам. Барои онки як духтарча дорам, барои ҳамин мондам. Набошад ин оқи падари Қамарро дар ҳамон коттеҷ медонистам чикор кунам.

 Дар Тоҷикистон як милитсияи шинос буд, ки пеши вай рафтам ва ҳолати корро гуфтам ва гуфтам, ки аз болояш ариза бинависам. Аммо милиция гуфт, ки ҷиноят дар Россия шудааст «и кора иҷа ҳиҷка намебина, тем более, ки вай иқа шиносой боқувват доштай, лучше хта ғам натӣ»

Бовар кун акаҷон худам худамро чашми дидан надорам: «бачаҳакой Қамар бимиран, худоҷон, як дарде битияша, ки намура, фақат бисуза, ки зиндагира баром шум кард, ки наход милати худта, ки мо мусулмонем маҷбур кунӣ, ки …..як уруса….. мон чикорет кунан».

Акаҷон «ма барноматона гуш мекунам, дидам, ки да борай Қамари оқипадар гап заден, дилам ором нагирифт, нависондамтон, ки камтарам боша дилам ором бигира, ино кати ҷураш номша намедонам як оқипадаранд».

                                  Айнӣ (Рарз)

Ассалому алейкум ва раҳматулоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқбол!

Агар рост бошад, ин хама хизматҳои шумо буд, ки барои таъмири роҳ  аз маркази Айни то Масчоҳи куҳӣ шурӯъ карданд. Ин кор натиҷаи ҳамон мақолаҳои мо буд, ки навиштему шумо нашр кардед. Дар чуқуриҳои Гузари бод мошин дарояд дудаш мебарояд. Инро мо навишта будем. Ин қадар дар бораи ин роҳу вазъияту шароити бади он навишта будем, ки оқибат дар дили ҳукумат ба фикрам зад. Барои ҳамин, мо мардуми ҷамоати Рарзи ноҳияи Айнӣ ба шумо миннатдорӣ баён мекунем.

 Муҳтарам Муҳаммадиқбол, бародари ғамхори ватан, зинда бошед. Худованд нигоҳдоратон бошад. Дар ин роҳ, ки асосан оилаи Раҳмонов ва домодҳояш истифода мебаранд, дар як шабонаруз100 дулан ангишти Фароз мегузарад ва ҳамааш чанд баробар перегруз. Мутмаинам, ки баъди аз нав роҳсозӣ ё таъмир роҳ ҳамон дуланҳои ангишти Фароз  роҳҳои Айнӣ ва Мастчоҳи куҳиро ҷазир мекунанд. Барои ҳамин ҳоло мо бовар надорем, ки роҳҳоро обод мекунанд. Агар таъмири роҳро конкретно сар бикунанд, баъд бовар мекунем. 

Боз тарси мардум ин аст ки роҳро таъмир намуда  пулакӣ накунанд. Аз дасти ин гушнаҳо меояд. Чизе бихоҳанд ҳамон шаб, рӯз нокарда фармон мебароранд. Ин гушнаҳо фақат дар шаб ҷамъ мешаван ва нақша мекашанд ва фармон мебароранд.

Офарин, офарин, офарин Муҳаммадиқбол, ки ин қадар дар бораи роҳҳои ноҳияи Айнӣ навиштед ва дар охир ба фикрам ин масъалаи роҳҳо ҳалли худро ёфтанд. Агар таъмиру навсозии ин роҳҳо то ба охир расад шуморо ин мардуми куҳистон  фаромуш намекунанд.

Ногуфта намонад, ки мо тарафдори ҳақем.

Устод, кутоҳ ҳам бошад, хоҳиш мекунем, ки чопаш кунед.

                                              Рашт

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол ва ҳама муборизони роҳи ҳақ. Аз Аллоҳи зулҷалол умедворам, ки ҳамеша шуморо дар раҳмати худ нигаҳ дорад.

 Ман, сокини ноҳияи Рашт, ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзода ҳастам ва арзу шикоят дорам. Шикояти ман аз он бадбахти русиёҳи носаломати раиси кони ангишти Камароб Обид Шарифов аст.

  Ин Обиди бадбахти русиёҳ тамоман раҳм надорад ва дар фикри ҳеҷ чиз нест. Ҳамаи роҳҳоро харобу валангор кард. Ба дуланҳояш камикам аз 50 то 60 -70 тонна бор мекунад.

Бар асари вазни гарони ин дуланҳои ҳоҷӣ Обид дар деҳаи Шулмак ҳар сол чанд маротиба пули мошингузар мешиканад. Аммо халқ ва магазиндорҳоро маҷбур мекунанд, ки аз нав расташ кунанд. Инҷо тамоман тартибу интизом намондааст. Ва боз як пули дигар дар Дашти Камроб буд, ки бо Краз дар дарё чапа шуд, ки онро ҳам мардум рост карданд, бо тариқи ҳашар. Ин пул ҳоло ҳам ба талабот ҷавоб намедиҳад. Пайи чархи мошин ҳасту халос. Байни пул ва бараш чизе надорад. Ҳар сол аз ин пул чандин сар моли майда ва гов ба дарё меафтанд.

Ронандаҳои кони Камроб, ки ҳоҷӣ Обид аз они худ кардааст тамоман қоидаи роҳро риоят намекунанд. Чандин сар аз говҳои ҳамин деҳаи Даштро аз болои ин пул ҳамин дуланистҳо тела доданд, ки ба дарё рафтанд.

Мо ҷавонҳои ҷамоат ба хулоса омадем, ки ин ҳоҷӣ Обидро худамон ба ҷавобгарӣ бикашем ва ҷазояш диҳем, роҳи дигар нест.

   Ва инчунин хитоби ман ба Раҳмонови куҳнаҷунуб чунин аст:

Эй, Э. Раҳмонов, аз ҳаромхурӣ лунҷҳоят ранги куни бегемот кашол шудаанд, иншоаллоҳ охирон солат аст. Як бор фикри мурдан ва азоби қабрро ҳам кун, ки ин қадар мардуми тоҷикро куштӣ, аз ватан беватан кардӣ, ба тюрмаҳо андохтӣ, ду, се миллионашро муҳоҷиру дарбадар кардӣ. Аллоҳ ту ва хонаводаат ва ҳар кадоме, ки пуштибонӣ аз туро дорад, ҳамаатонро лаънат кунад.

Эй Раҳмонов! Як бор аҳамият намедиҳӣ ин кони ангиштро! Ҳамин сол нархи як тоннаи ангиштро ба 1950 сомонӣ расонд. Ин чи гуна нарх аст? Дар имсол

худи ман ба 9500 сомонӣ ангишт харидам.

Ва як шикоят дорам ба Хадамоти алоқа. Ин Исфандиёри Саъдулло чигуна роҳбар аст ки ду сол мешавад тамоман алоқа нест, ранги лимити барқ кард. Интрнет ку аз сарат бимонад, ақалан ҳамон антенна бошад, ки ягон хабар маргу мурда мешавад аз ҳоли якдигар огоҳ шуда тавонем. Э, лаънат ба ту барин роҳбар.

  Антенаҳое, ки ки дар деҳаи Шулмак , деҳаи Шуле  ва Варзигон ҳастанд ва дуруст кор намекунанд. Сардори ин антеннаҳо ҳоҷӣ Киромуддин мебошад. Хулосаи гап ин аст ки ин Киромуддини соляркаҳоро мефурушад ва ягон майда ба антеннаҳо аҳамият намедиҳад. Мардум аз барқ ва аз алоқа маҳруманд. Ва тамоман дар як ҳолати душвор қарор дорем.

 Аммо муллову домуллоҳоямон бошанд дар намозҳои ҷумъа фақат гапи пешоби миллат ва аз обуна ба газетаву сарбоз ва ҳифзи пиряхҳо мавъиза мегӯянд.

 Эй, Раҳмонови гумроҳ, пиряхҳоро дар тори куҳ чи хел ҳифз мекунӣ? Дар обшавии пиряхҳо, хушксолӣ, наборидани барфу борон гунаҳкор худи ту ҳастӣ.

 Як бор қарор биисту бо худ фикр кун чи кор карда истодаӣ?

Масҷидҳоямонро руст кардӣ, сатрҳоямонро гирифтӣ, ришҳоямонро тарошидӣ. Барои ана ҳамин корҳои зиддиисломиат барфу борон нест. Боз шарм накарда дар рӯят чарми фил кашида Саидмукарраму дигар муллоҳоро дастур додӣ, ки барои борон намоз гузоранд.11 январ аст тамоман барф нест дар Ғарм.

Бародар Муҳаммадиқбол!

  Худованд ҳамеша Шуморо нигаҳбон бошад. Саломи худ ва саломи тамоми мардуми Раштро ба шумо мерасонам. Мардуми Раштонзамин, сокинони ҷамоати Боқӣ Раҳимзода шуморо дӯст медорем.

  Модарамро ба зиёрати хонаи Аллоҳ равон кардам ва ба модарам гуфтам, ки дар ҳақи шумо дар он макони муқаддас дуъо кунад, ки ҳарчи зудтар мо ба мақсади худ бирасем. Ин бадбахтро бо оилааш дастгир карда зиндонӣ кунем ва ҳамаи сарватҳои дуздидаи онҳоро гирифта барои ободии Ватан истифода намоем.

Share This Article