Ноҳияи Рӯдакӣ: таҳдид ва ҷаримаи кампири 78-сола аз сӯи кормандони об

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед 33

Дар ин шумораи барномаи «Номаи маро алоҳида нашр намоед» номаеро барои шумо пешниҳод менамоем,ки ҳодисаи дар он  инъикосёфта дар ҳамин шабурӯзҳо, дар охири соли гузашта иттифоқ афтодааст.

Муаллифи он як модари солманде аст ки тамоми умр дар хидмати ин мардум қарор доштааст. Модар мегӯяд, ки вай тӯли тамоми умраш бо ҳамсояву ҳамдеҳаҳояш аҳлона зиндагӣ кардааст. Агарчи волидони вай аз Фарғонаи Узбекистон омада ва дар ободии ноҳияи Рудакӣ, ки қаблан Ленин ном дошт саҳми калон гузоштаанд, худаш дар Тоҷикистон ба дунё омадааст ва аз тоҷикони асил аст.

Мегӯяд дар ин даврони пирӣ, ки шавҳараш каме барвақттар фавтидааст, ин гуна хориву таҳқирро, ки аз ду нафар контролёри об дид, таҳаммул карда натавонист ва ночор шуд дарди дилашро рӯи сафҳа оварада ва ба «Ислоҳ» фиристад.

Ин модар мегӯяд ин ду ҷавон, ки иддао мекунанд, харҷу масрафи ман дар истифодаи об зиёдтар будааст, аслан на муомила ва на савод доранд. Вале мақсадашон ин аст ки ҳарчи зудтар бой шаванд ва барои онки бой шаванд, мардумро бардурӯғ штрафҳои калон карда истодаанд.

Беҳтар аст идомаи ин достони талхро худатон мутолиа кунед.

     Фиғони модар дар кишвари беобу беинсоф

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, шермарди сухангу ва муборизи воқеӣ дар роҳи ҳақ. Намедонам ба шумо чи гуфта муроҷиат кунам. Агар бародарат хонам кам аст. Аз тамошои зиёди барномаҳоятон ба шумо дар дил меҳри фарзандӣ пайдо намудам. Ба мисле, ки ҳазрати Яъқуб дар фироқи Юсуфаш месухт, ин дард дар дили ман ҷуш мезанад, дар орзуи дидори  шумо ҳастам ва шабурӯз дуъо мекунам дар намозҳоям, ки шумо ва ҳамсафони шуморо ҳарчи зудтар ба ватан баргардонад ва мардумро аз ин золимону касифон раҳо ва озод намоед ва мардум ва мани пиразан ҳам дар қатори мардум як нафаси озоду осуда кашам.

 Муҳаммадиқболи Садриддин аз Аллоҳ мехоҳам дидори маро бо худат муяссар бигардонад. Чунки туро фарзанд хондам. Ва, ҳоло акнун мехоҳам ин номаи пур аз дард, аммо воқеъиро, ки ба шумо фиристонам.

Ман зода ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошам. 78сол мешавад, ки инҷо зиндагӣ мекунем. Дар ҳамсоягии мо қаротегинӣ, ромитӣ, узбекҳо аксарият фарғонагӣ зиндагӣ мекунанд. То имрӯз мо ҳама мисли апаву хоҳар ва бародар зиндагии аҳлона мекунем. Ман худ тоҷикам, тоҷики Фарғона, зодаи Тоҷикистон ҳастам.

Вале то имрӯз-санаи 18. 01.2026 ин тавр тоҷики бераҳмашро надида будам. Мо аз давраи Союз аз водокачка об мегирифтему пулашро вақтҳои охир ба контролёр месупоридам.  Вай пулашро мегирифту бе ягон гуфту гузор баромада мерафт. Баъди иваз шудани раиси ноҳия аҳволи мардуми инҷо бад шуд. Ин раисе, ки шумо дар борааш чанд мақола кардед, аз вазири тандурустӣ то раисии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода намедонам ба чи кор машғул мешуда бошад дар Рӯдакӣ? Ҳамаи барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Аммо ба ин дараҷа контролёри бераҳмро надида будам.

 Дар рӯзи якшанбе, ки рӯзи истироҳатист, омаданду обе, ки аз Союз дар трубаи намедонам чени нарчилики по мебошад мегӯяд ин 20 аст ин труба мумкин нест шумо бояд 15 дошта бошед.

  Мегӯяд шумо дуто водопровод доред.

  Гуфтам писарам ман як труба овардам, як водопровод барои худам ва яктоаш барои меҳмонҳо.

  Гуфтанд, фарқаш нест, мо туро 3700сомонӣ штраф кардем. Хуллас, бисёр зора кардам, дидам, ки нашуд гуфтам «ма як оврезаки дигар дар банияам ҳам дорам, онро дидед»?

 Гуфтанд, ки онаш падарка.

 Гуфтам дер кардед, як обрезаки дигар дорам, нишонатон намедиҳам..

 Гуфтанд, ки ҳозир боз мекобем.

 Гуфтам накобед, серавно намеёбед.

 Гуфтанд, ки хола онро нишон деҳ лафзи мардакӣ суматро 2000 мекунем.

 Гуфтам шумо лафзи чи доред «ай шумода Садбарг нарай, мардай, модарай меҳри модарӣ дорад, ба дарди дили модарою камбағало мерасад».

  Гуфтанд, ки ҳозир счетчик надорӣ боз зам мекунем.

  Гуфтам счетчикро бояд шумо биёреду часпонед: «и халқ ҳамаи кора кунаву хараву қонунӣ гардонаву шумо муфтхурҳои кинои ҳазрати Юсуф омада фақат хуни ин халқро хуред».

 Таҳдидам кард: «кампир ма кулобиюм, медонӣ, зури ягон кас ба ма намераса, оврезаки махфиятро нишон те, набоша 9000 сомонӣ штарфт мекнем, мурда мурда мебарию через прокуратура меспориш».

  Гуфтам «оврезакам дар таи хок аст. Худам чашмом хира шуданд, вале пазмонашам, дига илоҷ нест». Ҷояшро нишон деҳ гуфтаанд.

  Гуфтам ҷояш дар мазори тарафи Қизилюлдуз.

 Гуфт кампир девона бдай, хонаи ту дар иҷо дар уҷарам хона дорӣ?

 Гуфтам, бале раҳматии шавҳарамро худованд дӯст медоштааст, ки ҳарчи зудтар бурдаш. То имрӯза худоро мепурсидам, чаро шавҳари маро гирифтӣ? Вале имрӯз мегуям худоро шукр, ки шавҳари маро бурду руи касофати шуморо надид. Ана ҳамон шавҳари хобида оврезаки асосиро бурд. Раведу канеду экспертиза кунеду онро бареду прокуроратон судаш кунад. Аммо гуфта монам, ки ба крайникаш нарасед. Шумо ку нодидаи гушна. Боз нашавад гирифта ба занҳоятон баред. Дигариаш гуфт:  « бги  7000 сомонӣ штраф навис, мара ягонкас лещит када наметона, темболи регионошон хуйнаҳан».

 Гуфтам «ман меравам назди раиси нав, ки ҳоло худашро нишон диҳад ва дар назди ин халқ аз руи шумо шикоят мекунам».

  Гуфтанд, ки алакай нишон дода истодааст. Раиси моро дар маҷлис шиносоӣ фарёд кард. Супориш додааст, ки медонед «ма якум одами боварии ҷанобм, бояд ма худма дар назди ҷаноб фаъол нишон тиям. Пули ова бо ҷаримаҳош кати гуноҳашонро ёбеду ҷарима када манро ҳаминқадар пул оварда супоред, агар хоҳӣ дар вазифа кор кунӣ. Так что, хола, гапи туро ин раиси наве мегӣ Нусратулло Салимзода тамоман гуш намекна. Чи мора намефора дар ин рӯзи якшанбе рафта дидори падару модарамонро бинему як рӯз дам бгирем. Неки супориш ай болост. Мо бояд ҳамаро қонунӣ кунем».

  Гуфтам охир ин зулм аст. Дар давраи союз фарқ надошт, ту трубаи 20 ё 15 доштӣ. Ин гуноҳи мо нест. Счетчики шуморо 320 сомонӣ харидам, ки муҳлаташ 2 сол будааст, чаро наомадед, ки ивазаш кунед, чаро нагуфтед, ки муҳлаташ 2 сол аст, чаро як бор омада огоҳ намекунед. Сраза меоеду штрафи калон мекунед. Мо ҳам дар ин давлат кор кардем, хизмат кардем. Он вақтҳо меомаданду огоҳӣ медоданд, ки онҳо аксарияташ ғайридинҳо буданд. Вале ай шумо дида баинсоф буданд. 2бора меомаданду баъд пункти якро мезаданду штраф мекарданд. Вале шумо бошед сраза пункти 3-ро истифода мебаред. Шумо магар мурданӣ нестед?

Яктоаш гуфт «кампир пр гап мезадай. Шоҳбачаро мешносӣ»? Гуфтам кадом китобро, дар кадом китоб, ман китоби бисёр хондаам, шоҳбачаҳои бисёр ботамизу боиззату боинсоф. Шоирону нависандагон тавсифу таъриф кардаанд. Гуфтанд афсона нақл накун- Рустами Эмомалиро гуфтам. Здес чего причём, шоҳбачаи китобҳо?

Маълум буд, ки онҳо даже русиро намедонанд. Гуфтанд ҳозир пули обро ана ҳамон кас руйхат мекунад. Ҳамин шоҳбача нархашро сари одам 16 сомонию чанд дирамӣ кард. Гуфтам падараш дар тамоми минбарҳои ҷаҳонӣ баромад мекунад, ки Тоҷикистон аз ҳисоби оби нушокӣ ҷои аввал аст. Аммо дар асл беш аз ними мардумаш об надорад. Бояд об, свет ва  намаки мо тоҷикистониҳо бепул бошад. Гуфтанд «еееҳаа, и кампир дар ком аср зиндагӣ дорӣ, ҳози намаку ову свет дар дасти худшон, чихеле форашон мекнан. И фармон метан мо бояд иҷро кунем». Гуфтам, э, вой ба ҳоли ин миллат.

 Ба президенти Узбекистон рафта муроҷиат мекунам, ки мо узбеконро аз  Тоҷикистон бо тоҷикони Самарқанду Бухоро алиш (иваз) кунад. Хандиданду гуфтанд, ки хола туро раиси маҳаллаатон гуш намекунад, боз Узбекистон куҷо? Гуфтам гуш мекунад ва аз назди трансформатори деҳаи Сароб, ҷамоати Зайнабобод, ки онҷо як масҷид ҳаст масҷиди узбеко мегӯянд.

 Гуфтанд медонем. Ӯро ҳам штраф кардем. Ана ҳамон масҷид аз як ҳамшаҳрии ман буд. Онро барои мардумаш масҷид карду худаш рафт Ӯзбекистон. Ана ҳамин ҷанобатон фармон дод, амниятиҳо омаданду бо доду таҳдид масҷидро маҳкам каданд. Раҳматии шавҳарам бо он соҳиби хона гап зад. Гуфт, ки масҷидро бо фармони президент маҳкам кард. Вай бошад хеши Мирзиёев аст. Занг зада воқеияти корро фаҳмонд. Ана баъд ҳамон амниятӣ омаду гуфт илтимос гуед, ки худамон барои ремонт маҳкамаш кадем. Ин амниятиро аз кор ба гуфтае сур карданд. Шумо ҳам як рӯз не як рӯз ана ҳамин тавр мешавед.

Гуфтанд, хола биё 3500 сомонӣ деҳ, ҷонат халос, мо санадро медаронем ва боз гуфтанд, ки ҳамин ҳамсояҳоят барои онки пеши прокурор нараванд, ҳамаашон гуноҳашон кам буд 2000 сомонӣ доданд, ки штрафи онҳо аз 2700 то 3500 буд, аз ту 9000 аст.

 Хуллас чи кор кунам, бачаам заҳри танаашон 2000 амро гирифтанду рафтанд. Аз шумо хоҳиш мекунам ҳарчи зудтар ин номаи маро пахшаш кунед, то ки ба гуши кари ин мақомдорҳо расаду раиси пешинаи обро, ки одами ба инсоф буд- Неъматро аз нав монанд ва контролиёрҳоро аз ҳамин Рӯдакӣ, онҳое, ки жители Союз буданд, ҳамонҳоро монанд. Ҳатто ҳамон Садбарг 100 ҳо маротиба хубтар буд аз ин лаънатиҳо.

Бачаи азизам, мехоҳам ҳарчи зудтар, худо кунад, дар ватани азизамон дидор дошта бошем. Ман намехохам аз ин ватан равам, лекин ин сахтихо водор мекунанд, чикор кунам фарзандам?

Агар моро бовар накунад, чи хеле фарзандони мардумро бегуноҳ мебаранду дар свет монда мекушанд, гиранд ин ду ҷавонро баранду свет не, як дод зананд, ҳамаашро қоил мешаванд, албатта, агар зурашон расад. Чунки беҳад дилпурона гап мезаданд. Яктоаш мегуфт, ки «тағаи ма генералай, кати Ҷанобай. Хола агар гап броя гапота мегум тағамда, ҷаноба мега, мебаран як умр зиндонат мекунанд.

 Гуфтамашон, ки аз аввали декабр то бегоҳи 16 декабри соли 2026 оби нушокӣ набуд. Як трансформаторе, ки дар як рӯз соз мешуда аз ноуҳдабароии раисатон соз нашуд ва қариб 20 рӯз ин халқ бе об буд. Чаро як бор гузар накардеду бинед, ки ин аҳолӣ чи ҳол дорад. Аз дарёи Кофарниҳону Элок бо сатилу бушка об мекашонданд. Вале шумо дар охири моҳ омада пулро ба пурагӣ мегиред.

Ҳол онки светро мо ба монанди телефонҳо 10сукунда мебинем. Мотори обамонро буридед. Шумо худатон гӯед, ки агар ман ин бочкаамро бо мотор пур накунам, бо ин обе, ки бо свети ду соат меояд, бадки ҳатто як соат нагузашта хомуш мекунанд ва танҳо дар як соат обро сар медиҳанд, чи хел пураш кунам?

  Шумо беҳад бераҳмед. Намедонем, шумо мумкин аз акиб таваллуд шудаед бо ин роҳбаронатон? Боз дар ҳамин бесветию беобӣ пули обро Рустами шоҳбачаи шумо 16 сомонию чанд дирам кардааст. Дар чунин аҳвол боз шумо худатонро ҳақ мегиред.

Шумо бояд ин 16 сомониро ба 24 соати светдорӣ ва он вақт ҳам агар об бошад зарб занеду баъд маблағи ин 2у соати оби медодаатонро гиред. Инро дар моҳи январ то декабр ҳисоб кунед ва пули якмоҳаи обро нагиред, он вақт дуруст меояд.

Хок ба сари Рустаму Ҷанобатон, ки шумо барин одамони нодидаву гушнаро меёрад ва шумо мебинед одамон чи дорад чашм ало кардаву аз рӯи дорандагиаш ҷаримааш мекунед, на аз рӯи маслан истеъмоли зиёди об. Мегӯяд, ки «хола и мошини қимат дар дари хонат, и хонаҳои бодабдаба…»

Охир ин хонаҳоро шавҳарам кор мекард ва бо пули ҳалол сохт. Бачаам солҳои дароз дар Русия мегардаду кор мекунад, мошин харид. Мо шумо барин аз ягон ҷо надуздидем, ку!

Э, мардум хезеду аз ин контролиёрҳо сар карда то ҷамоату директорони мактабу участковию дигару дигараш, ки чун муру малах омаданду соҳибӣ карданд, сар кунему  Тоҷикистонро аз ин вируси ба монанди ковид тоза намоем.

 Ман кампири нафақагирам. Валлоҳӣ он рӯзро интизорам. Ҳайфи шумо барин ҷавонҳо, ки то даруни нифаи занҳоятон аллакай дастдарозӣ доранду аммо хапед. Аз дусар як рӯз не як рӯз мемуред, вале агар дар роҳи ҳақ ва бо имону бошараф муред, беҳтар нест?

Пасгуфтор | Ҳушдори «Ислоҳ»

Ин муроҷиат танҳо дарди як модари кампир нест, ин санҷиши аввалини ту дар Ноҳияи Рӯдакӣ аст, ҷаноби Нусратулло Салимзода. Хато накун ва гумон набар, ки бо ҷумлаҳои куҳнаи «ма ай Данғараюм» ё «Азизмо пуштима мегира» метавонӣ зулмро қонунӣ кунӣ. Рӯдакӣ ҷойи тарсонидан нест.

Ёд дор: Ноҳияи Рӯдакӣ то имрӯз ягон раиси худро оромона гусел накардааст. Ҳар кадоме бо як навъ шармандагӣ рафтааст-яке «бемори паралич шуду мурд», дигаре «антипартий» эълон гашт, савумаш бо доғи расвоӣ аз саҳна дур шуд. Хоста бошӣ, ном ба ном ҳамаро мегирем. Дар Рӯдакӣ ҳатто генерал ҳам бошӣ, агар ба мардум зулм кунӣ, шармандавор меравӣ.

Ту дар гузашта аз чанд истгоҳ гузаштӣ: дар вазорати тандурустӣ шарманда нашудӣ, дар Сино ҳам, дар Бобоҷон Ғафуров ҳам. Агарчи дар ҳар мақоме будӣ корат дуздӣ ва ғорат буд. Аммо агар оғози корат дар Рӯдакӣ бо таҳдид ба кампири 80-сола ва ҷаримаи золимона бошад, итминон дошта бош-ин охирин истгоҳат мешавад. Сокинони Рӯдакӣ бахшиш намекунад.

Ба ёд биёр мисоли Абдуғаффорзода Ҳикматулло: имрӯз дар интизори бекор шудани иммунитети дахлнопазирист; парванда ҳаст, дело ҳаст, ва паёмад ҳам маълум. Ин учест — ва навбати ту ҳам метавонад бирасад, агар роҳи зулмро интихоб кунӣ.

Ҳушдори охирин: зулмро кам кун, кормандонатро ба роҳи қонун баргардон, мардумро азоб надеҳ. Рӯдакӣ саҳнаи намоиш нест; ин ҷо ҳар қадам ҳисоб дорад. Агар нашунидӣ —шармандагӣ ҳатмист ҷаноби Салимзодаи данғарагӣ!.

Share This Article