Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 326

Ислоҳ нет

Аз чашми мардум чизе пинҳон намемонад мегӯянд, ки ҳақ асту рост. Ин бор шумора аз номаҳо аз Душанбе, Хуҷанд, Рашт, Қубодиён, Ҷалолиддин балхӣ ва Турсунзода таҳия ва тадвин шуд.

  Нависандаи нома аз Душанбе роҷеъ ба сафарҳои Раҳмонов ба навоҳии кишвар ва тарзи истиқболу бадрақаи Раҳмонов навишта ва аз ҳолату мавридҳои хос зикр намудааст.

Муаллифи номаи Хуҷанд ҳам аз кори беш аз сисолаи Раҳмонов навишта гуфтааст, ки Раҳмонов мамлкатро ба нобудӣ оварда расонд. Дар номаи омада аз Ҷалолиддин балхӣ (Колхозобод) аз Раҳматуллои бародарзани Раҳмонов шикоят шудааст.

Аммо нависандаи мо аз Қубодиён бо ироаи ду хабар як фикри ҷолиберо дар миён гузоштааст, ки месазад ва мешавад роҷеъ ба он як таҳқиқоти ҷудогона баргузор кард:

                               Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Рости гап ман барномаҳои шуморо ҳамеша тамошо мекунам. Аммо шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро ҳам бисёр тамошо мекунам. Махсусан намоиши сафарҳои Раҳмонов ба ноҳияҳоро, ки тамоми шабакаҳои Тоҷикистон нашр мекунанд. Барномаҳои шуморо бо ин барномаҳои каналҳои телевизионии Раҳмонов қиёс кардан намешавад. Дар шабакаҳои Тоҷикистон фақат дурӯғ ва фақат тавсифу таъриф. Бахусус вақте Раҳмонов барои кушодани ин ё он иншоот ба минтақае сафар мекунад, ин таърифу тавсифҳо тамоман ба ақл намеғунҷад. Барои мисол Раҳмонов ноҳияи Рудакӣ меояду се корхонаро мекушояд. Баъд домсозҳо ҳам бо истифода аз ин фурсат биноҳои баландошёнаи сохтаи худро бо дастони Раҳмонов «ҳуй» мекунанд.

Мову шумо хуб медонем ва ба ҳамагон ҳам маълум аст ки Раҳмонов барои як кор намеояд, яъне барои ифтитоҳи як корхона ё як дом намеояд, барои чанд кор меояд. Вай меояду лента мебураду парда мебардорад. Сипас ягон директори корхона гап мезанад: «ана мо корхонаи нав кушодем. Корхонаи мо барои сад нафар ҷойи кор фароҳам кард, бо маоши нағз ва дар пеши ҷаноб таъриф мекунад». Ҳамин хел ҳаст? Ҳаст!  Ё ки корхонаи калонтар бошад мегӯяд, ки мо дусад ҷойи кори сохтем. Агар 50 коргар гиранд дар ТВ мегуянд мо 100 коргар гирифтем ё ки 20 коргар гирад корхонааш мегӯяд мо панҷоҳ касро бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намудем. Охир агар ба ин гапҳо бовар кунӣ, ба ин заводҳо, ки гуё ҳар рӯз ба кор дароварда истоданд ва инаш сад онаш  панҷсад коргар қабул кунад, о,чаро шумори муҳоҷир солтосол бисёр шуда истодааст?

 Дуруғ мегуянд ва ҳамин ҷаноби гуфти шумо гарданбалони газӣ 100% медонад, ки ин маълумотҳо дуруғанд. Ҳама системааш дуруғ аст. Худаш медонад, ки ин корҳоро бардуруғ мекунанду ба намоиш мегузоранд.

  Дар корхона сад коргар бошад мегуянд барои дусад коргар ҷои кор сохтем ё сесад коргар қабул кардем. Хулоса ҳама корашон дуруғ аст ва ин дурӯғро бори дигар мегӯям, ки 100 % Раҳмонов медонад. Аммо бо ин васила мехоҳад нишон диҳад, ки таҳти идора ва ҳукумати вай пешравӣ шуда истодааст. Ана ҳамин хел системаи дуруғ рафта истодааст.

 Баъди рафтани ҷаноб он корхона як моҳ ҳам кор намекунад, банкрот мешавад, ё он корхонаро кашида мегиранд.

Як шиносам ҳикоят кард, ки ягон ҳафт сол пеш буд, ки Раҳмонов тарафи Регар барои дидани боғи ангур омада буд. Барои онки табъи вайро хуш ва болида кунанд, токзорро бояд пурмева ва серҳосил нишон диҳанд. Аммо он токзор онгуна набуд. Барои ҳамин ангурро аз дигар ҷо чида оварданд ва дар 12-15 сотихи он боғ ангурҳои овардаашонро бо хӯшаҳояш ба навдаи ток бо ришта бастанд. Бо ришта хӯшаҳои ангурро ба токҳо бастанд. Ҳамон инсон зинда ва дар қайди ҳаёт аст. Гуфт, ки ман худам шоҳиди ҳамин ҳодиса будам. Вақте шингилҳои калон-калони ангурро бастанд, риштаҳо метофтанд, баръалло намоён буданд.

 Аз ТВ съёмка мекунанд. Мисол Раҳмонов рафт боғ ё кадом заводе ҳатман аз ТВ ӯро ба навор мегиранд. Ҳатто дар ҳамон съемка хушру метобад, ки хӯшаи ангур дар ҳақиқат дар ток бастагӣ, ҷои холӣ надорад. Дар ҳақиқат ба ришта бастагианд ва дар навор ҳам маълум аст.

 Системаи Раҳмонов ҳамин аст. Раҳмонов медонад, ки ҳамин кор дурӯғ аст. Он риштаро мо бо чашмонамон дидем. 10- 15 сотих, ки дар камера омадагӣ онҷо гарени риштаҳои бастагӣ метобад.

Хӯшаҳои аз дигар боғ овардагӣ ҳатто рангаш фарқ мекунад. Ман худам шоҳидам.  Раҳмонов омад съемка карданд ва дар ТВ нишон доданд. Бегоҳ боз дар хона дидем, ки риштаҳо намоёнанд.

Боз ҳамон хоҷагидор гап зада гуфт, ки мо аз як гектар замин 45 то 50 тонна ҳосил мегирем. То ин дараҷа дурӯғ мегӯяд. Деҳқони бечора, ки аз як гектар 15- 20 тонна мегирад андозашро боло мебаранд. Зарараш чи гуна ба мардум мерасад, бо ин дурӯғкориҳову дурӯғгӯияш.

 Раҳмонов худаш медонад, ки ин системааш дурӯғ аст. Аммо худаш мегӯяд, ки айнан ҳамин корро бикунед. Таърифро нағз мебинад. Куҷое меравад дар як километр қолин мепартояндаш. Духтари шонздаҳсолро дар болои зонуҳояш мешинонанд. Вай дар ин ҳолат вазифаро ба ягон кас намедиҳад. То ҳаст дар ин вазифа мемонад. Ба Рустам ҳам намедиҳад.

 Худи ҳамин Раҳмонов як ҳаромхури тапатайёр аст. Таърифаш мекунанд, тавсифаш мекунанд. Дар чунин вазъу ҳол дигар ӯро намефорад вазифаро ба касе додан. Мешинад, мехурад, мегардад. Моямолҳо дар мояҳо хок мешапанд.

  Ин Раҳмонов як бизнесмен аст. Чанд сол пеш дар як маҷлис як директори птисфабрикаро хезонд. Он директор аз тарафи Файзобод буд ва он фабрика ҳам фабрикаи калон буд. Агар хато накунам фабрикаи паррандаи Дости бурут буд. Баъд ба тарафи он директор гашту пурсид дар як рӯз чанд ҳазор тухм мегирӣ? 

Он директор бо зикри як рақами мушаххас ба саволаш ҷавоб дод, ки чанд ҳазор дона тухм мегирад.

Боз пурсид, ки дар як рӯз чи қадар гушт мегирӣ? Директор ҷавоб дод. Баъд сраза ҳисоб кард. Раҳмонов дар ҳисоб соз аст, гарени зур аст:

«Дар як рӯз иқа сум, иқа даход ва ҳамин хел чиликош катӣ ҳисоб кардестай. Дар як моҳ значит ана иқа гуфт бо чиликош катӣ дар 12 моҳ ина иқа гуфт. Дар ҳамон зал дар ҳамон чен ҳисоб кард, ҳафта, моҳ ва солро.

Агар ҳамон барнома дар Ютуб бошад як бори дигар гуш кунед, чанд сол пеш буд: «ҳамун якрӯзаша ҳисоб кард, ки ин чанқа даход дорад, ин корхона, баъд якмоҳаша ҳисоб кард,  баъди он 12моҳаша ҳисоб кард: ту ина иқа даход доштай гуфт, да як сол гуфт ина иқа миллион сомонӣ доход доштай, ҳамун корхонара ҳисоб кард. Ин хел умнияй дал…. Ҳисоб мекунад корхонаро, ки даходи нармалний дорад, як тарафа мекунад корхонара ба номи авлодаш мекунад, мегирад».

 Баъди чанд сол фаҳмидам ки ҳамон птитсфабрикаро гирифтанд. Инҳо, агар доходи корхона нормалний бошад, кашида мегиранд. Чизи тайёрро кашида мегиранд. Вале худи ин авлод ягон чи намесозад, ягон кас сохту рӯ ба роҳ кард,   мегирад. Боз мегиранд ва идора кардан наметавонанд ва пас аз чанд моҳ аз кор мемонаду баста мешавад.

  Боз як ду мавриди ҷолиби дигар ҳам, ки ҷойи гуфтанаш омад. Ба яке аз ноҳияҳои шимоли мамлакат-Айнӣ моҳи апрел ё май сафар мекунад. Помидору бодиринг аз Узбекистон, зардолу аз Хуҷанд (Конибодом ё Ашт) ангури хитоии соли гузашта аз кадом сардхонаро оварда виставка мекунанд.

Айнан ҳамин гуна корро дар Нуробод мекунанд. Дар моҳи апрел тарбузу харбуза дар Нуробод? Дар Айнӣ вақте ин меваҳоро дар растаи сохтаашон мечинанд як нафар аз амниятиҳо омада мебинад, ки ангур ҳам ҳаст. Ҷангҷол мекунад, ки чи шумо «ҷаноба тупой фикр каден, бигирен». Аммо нафари дигар аз охранна ё аз дастгоҳ омада мебинад, ки ангурро гирифтаанд супориш мекунад, ки зуд оварда дар ҷояш гузоред.

Ин Раҳмонов то ин дараҷа нофаҳму тупой бошад, ки намедонад дар Ғарм дар тобистон ҳам бошад тарбузу харбуза намекоранд. Ва Айни ҳам ангур надорад, ангуре, ки моҳи апрел пазад. Ана мо бо инхел ҳоким зиндагонӣ дорем….              

                                    Хуҷанд

 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ман тамоми ин мудат, ки Раҳмонов сари қудрат аст мушоҳида карда истодаам, ки вай чи гуна ватанамонро беш аз гузашта харобу заифу дастнигару нотавон карда истодааст.

Дар бораи ҳама корҳои анҷомдодаи Раҳмонов нависам, бояд чанд дафтар пур шавад. Аммо чизҳои ҳама шоҳидаш бударо менависам. То соли 1994 корхонаҳову колхозу совхозҳо фаъолият мекарданд. Ҳама совхозу колхозҳо аз 2000 сар зиёд гови ҷӯшо ва  15-20 ҳазор моли майда доштанд. Вақте Раҳмонов ба сари қудрат омад аввал аз совхозу колхозҳо сар кард. Ба ҳама раисҳо супориш шуд гов, моли майда, заминҳо, хирманҳо, идораҳои совхозу колхозҳо фурӯхта ва ҳама маблағ ба буҷаи Раҳмонов супорида шавад.

Баъд тамоми техникаву гаражу идораҳои колхозу совхозҳоро ба фурӯш гузошту пули онро гуё ба бюҷет гузарониданд.

Баъд сар кард ба фурӯши дараву чарогоҳҳо ва ҳамаҷоро ба пулдорҳо бо нархи арзон доду ҳоло мардум ҷойи чарову парвои ҳайвонот надорад.

Тамоми иншооти ёрирасони давлатӣ, аз қабили амбулатория, идораи колхозу ҷамоатҳо фурухта шуданд.

Коргаронро сокрашений гуфта аз кор пеш карданд.

  Навбат ба милиса, муаллимҳо ва  низомиҳо расид. Аввалин коре кард қувваи барқи ин ашхос, ки бепул буд, қонун баровард, ки онҳо ҳам баробари мардум пули барқро супоранд. Баъд навбати донишҷӯён расид, қариб ки таҳсили бюҷетӣ намонд, ҳама шартномавӣ-пулакӣ. Навбати замини миллат омад ва заминро ба дигар кишварҳо фурӯхт. Замини Тоҷикистонро ба Хитой фурӯхт, ба Узбакистон ва Қирғизистон фурухт.

 Аз Узбакистон гази табиӣ мегирифтем. Дар пайи татбиқи сиёсатҳои сулҳҷуёна ва хиради азалии Раҳмонов Узбекистон газро махкам кард. Роҳи оҳанро барои чандин сол Узбекистон барои мо баст.

Боз навбат ба қувваи барқ расид. Ба Афғонистон, Узбекистон Қирғизистон фурӯхта истодааст.

Корхонаву заводҳои гардонро ҳам аз байн бурд. На заводи яхдон монд ва на заводи алюминий ва на ягон заводҳои дигар.

   Конҳои маъданҳои гаронбаҳои кишварро аз як лаб фурӯхт, асосан ба Хитой. Чунки Хитой конкретно барои киссаи Раҳмонов пулу пора медиҳад.

Ва, ҳоло акунун навбати давлат мондааст. Агар мардум нахезад Тоҷикистон мустамликаи Россия ё Хитой мешавад.

  Эй, мардум, ин Раҳмонов сахт тарсончак мебошад, аммо аз беҷуръатӣ ва беғайратии мо истифода бурда истодааст.

Дар кадом як барнома бародар Муҳаммадиқбол акси худро бо либоси низомӣ монда буд. Ба Раҳмонов  нишон медиҳанд. Сахт дар тарсу изтироб афтода «ҷилу туқумша ҷамъ карда тайёрӣ ба гурез гирифтааст». Бовар кунед, ки Раҳмонов айни ҳол аз овози хлопушка метарсад.

 Агар чени ҷанозаи раҳматии Қобилҷон мардум ҷамъ шавему ба тарафи идораи Раҳмонов равем, инша Аллоҳ мегурезад.

Мо, бисёр мехоҳем, ки ин рӯзро бубинем ва кош он рӯзро бинем, ки бародар Муҳаммадиқбол дар масҷиди марказӣ пешдарои намоз бошанд ва мо дар саф бошем. Хутбаи намози ҷумъаро хонанд ба мисли президенти нави Сурия.  Аллоҳумма омин!

Илова. Бовар кунед домулло ин Раҳмонов нав фаҳмидааст, ки илм даркор мебошад. Дар ягон баромадаш намегуфт омӯзгорони хуб ҳама баромада рафт ва  дар муҳоҷират мебошанд. Муаллимони боору номус  рафтанд, «иқа бизнесмен дар мактабҳо мондаанд, ки ба ном муаллим. Дар мактаб ҳарруз пули китоб биёр, пули тахтаву бӯру журнал, пули зодрӯзи муаллим. Охир ин мактаб фарзандони моро фасод омухта истодаст. Зеҳни кӯдак тез қабул мекунад, фикр мекунанд, ин ҳама кори хубе аст, ки муаллими онҳо мекунад.

  Домулло боз як чизи дигарро илова карданиам. Раҳмонов  мегӯяд тоҷикро, кӣ мешинохт? Дар ООН ман тоҷикро муаррифӣ кардам мегӯяд ва минат ба мардуми тоҷик карда истодааст. Ҳо, рост мегӯӣ, тоҷикро ту ҳамчун чурка ,черная жопа, гастарбайтер муаррифӣ кардӣ. Аммо тоҷикро ҳамчун миллати қадима тамом дунё мешинохт.

                                        Рашт

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Зиндаву саломату сарбаланд бошӣ. Аз Ҳалқарф бароятон ин хабарро мефиристам. Баъди нашри номаҳои ифшокунандаи охир, махсусан баъди нашри ин ду матлаби бо номҳои:- Ҳалқарф, Ғарм: «Илтимос ношгрӣ накнен, биёе баре китобора, туҳфаи ҷаноби олияй» ва Ҳалқарфи Ғарм: «Рӯзгори мардум дар муҳосираи зулм…» мақомот ва масъулини ноҳия, раиси ҷамоат мисли саги сузанхӯрда девона шудаанд.

Дар Ҳалқарф ҳамаро маҳкам карданд, группаро дар ватсап маҳкам карданд. Дар пайи кофтукованд, ки ин корро кӣ кардааст? Группа полний хапу дам. Онҳо талхкаф шудагианд. Ҳамаро ҷамъ карданду маҷлис гузарониданд. Мақсад кӣ ин корро кардагӣ аст. Онҷо ҳама фаҳмидагианд, аммо метарсанд. Онҷо як шиносамон, ки дар ҷаласа ҳузур дошт гуфт, ки кадоме ба Ислоҳ навиштааст:-«раиси қишлоқа бурдан  чи кореш кардан, карочи бо дар интернет партофтан, чи кореаш карданд»…  

Асосан қаҳрашон аз он навишта дар бораи тақсимоти китоби Шоҳнома-туҳфаи ҷаноб омадааст. Акнун кофтуков доранд, ки кӣ ин ҳамаро ба шумо фиристода бошад?

Устод, ҳатман идома медиҳем.

                                Ҷалолиддини Балхӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз совхози овозадори Чапаеви Колхозобод менаисам.

Ин оилаи гушначашми гадо баъди совхози Панҷро аз дасти сарҳадчиҳо гирифтан одами худашонро раиси совхоз монданд- махсуми Халилро. Ин одам ба ном махсум аст. Вай дар ҳамин шабу рӯзҳо бениҳоят такаббуру зулми бисёр мекунад, ягон зара инсоф надорад. Барои онки худро дар назди Раҳматуллои сабзибадаст саги вафодор нишон диҳад чанд даҳмардаи бечораро тюрма кард.

Дуюм шайтони калони совхоз Нуркалта аст. Ин Нуркалта моли совхозро бо начальник милиция, суд,прокурор обу лой мекунад. Ин вазъиятро ҳоҷӣ Раҳматуллои сабзибадаст  мефаҳмад. Ва ҳисобу китобро сар мекунад. Аввал даҳмардаҳоро фарёд мекунад, сипас Махсуми Халилро ҳамроҳи Нуркалта ва ҳамаашонро рубару мекунад. Раҳматуллои сабзибадаст даҳмардаҳоро мепурсад, ки куҷо шуд ин қадар гусфанд. Даҳмардаи бечора мегӯяд, «раис охи мудир Нуркалта меомаду барои меҳмонои боло мегуфту бор мекад мебурд».

  Аз ин ҷавобҳои даҳмарда ҳоҷӣ Раҳматуллои сабзибадаст сахт дар ғазаб шуда аз ҷояш хеста мегӯяд « оҳ занта фалон кнм Нуркалта гуфта ва як мушти обдор дар тори сари Нуркалта мезанад ва Нуркалта дар ҷояш беҳуш шуда меғалтад

Як маълумоти дигар

Як ҳафта пеш дар як маърака будем бо бачаҳои Қумсангир. Гап дар бораи бачаи Марями гурсухта рафт. Як қумсангирӣ гуфт, ки Эмом хутик  бояд ба наздикӣ Қумсангир равад ва аз сари ҳар як хонавода 40 сомонӣ ҷамъ карда истодаанд. Амниятиҳо бошанд шабу рӯз дар мактабҳоянд.

                                 Қубодиён
Ассалому алейкум, бародари мубориз.
Ҳазрат дина дар канали «Як деҳқонбача» ҳамоне, ки гову молҳоро реклама мекунад дидам, ки фирмаи «Мармарӣ»-и раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро дар Ёвонро реклама кард. Мармарӣ, ҳамаи гову гусола ва ҳатто ему хошокашро ба фурӯш мондааст. Ба худам гуфтам,ки аломат ин кор чи бошад, ин аз чи дарак медода бошад? Ҳамаро фурӯхта фирор карданӣ бошанд?  Кош, ҳамин корро мекарданд. Аммо, бародар, бовар кунед, ки ба ҳоли он гову гусолаҳои саропо таги зак монда дилам сӯхт. Худо кунад, ки инҳо ҳарчи зудтар рӯ ба фирор оваранд.
Ва, як хабари дигар. Дар ноҳияи мо, дар Қубодиён коркунони барқ ҳамаро маҷбур карда истодаанд, ки ҳама счетчикҳои худро нав кунанд. Ва се руз муҳлат додаанд, касе нав намекунад 2000 сомонӣ ҷарима карда мешавад. Нархи счетчик якҷо бо шартномаи идораи барқ аз 500 сомони боло. Ана боз як роҳи пулкоркунӣ.
Ин счетчикҳои навашон як киловатро 1.5 нишон медодааст, барои  дуздиҳои худашонро рупуш кардан боз як усули нави нави дуздиро кашф карданд.  
Пули барқро бошад ноинсофҳо аз мохи январ сар карда 42 дирамӣ гирифта истодаанд, дар ҳоле, ки бояд аз феврал бо ин нарх бигиранд.

 Бародар, ман феълан дар Русияам. Аммо мо дар Руссия бошем ҳам шуморо интизорем. Тамоми ноҳияи Қубодиёни бостонӣ интизори муборизин ҳастем, Қубодиён бо шумо мебошад.

                                 Турсунзода

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ҳама вақт зинда ва соқу саломат бошед. Бародар ман нисбати сардори идораи барқи шаҳри Турсунзода ба номи Баҳодур ва муовинаш Файзалӣ гуфтаниам. Ин ду нафар Баҳодур ва Файзалӣ корашон фақат пулкоркунӣ, ғорат ва дузӣ аст. Ман бо   факт гап мезанам. Баҳодур лимит гуфта (баҳона) барқро ба соҳибони магазинҳо ва сталовийҳо фурухта истодааст. Дар домҳои шаҳр свет ҳаст аммо дар ҳавлиҳо нест. 3 соат саҳар ва бегоҳӣ 3 соат медиҳад. Инро чи гуна бояд фаҳмем?

  Баҳодур лимит гуфта ба соҳибкорҳо қувваи барқро фурӯхта истодааст, ҳамроҳ бо Файзалии муовинаш.

Аммо мардуми Регар сокитанд, ҳамаро дида истодаанд, чизе намегӯянд. Ман ба мардуми Регар муроҷиат карда гуфтаниам, ки ин қадар беномус нашавед, гап занед, ҳақи ҳалоли худатонро талаб намоед.

Share This Article