Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №327

Ислоҳ нет

Дар ин барнома чаҳор номаро аз навоҳии Шамсиддини Шоҳин, Помир, Бохтар (Қурғонтеппа) ва Кулоб ҷой додаем.

Муаллифи нома аз ноҳияи сарҳадии Шамсиддин Шоҳин, ба назар мерасад, ки ронандаи мусофирбар, таксист аст. Муҳтавои номааш ба ҳамин чиз ишора мекунад. Аммо вай дар ин нома фикрҳои ҷолиберо иброз дошта ва аз Раҳмонов хостааст, ки ба мушкилоти воқеӣ дар марз таваҷҷуҳ кунад, на  ба масъалаи сатру ришу либосу нохуну попӯши занҳои воридшаванда ба Душанбе.

Ин бонуи муаллифи номаи расида аз Помир ба Ислоҳ ташаккур кардааст, ки бо нашри чанд матлаби фиристодаи вай тавонист дар рафъи бархе аз мушкилоти мардуми Роштқалъа саҳм бигзорад.

Нигорандаи номаи мо аз Бохтар ба чоплусону лаганбардорон муроҷиат кардааст. Вай баъзе аз онҳоро зикри ному насабу ҷойю мақом кардааст, ки боис шуданд чанде аз зиёиёни асили миллат маҳкум ба зиндон бишаванд. Аммо гуфтааст ин муаллиф, ҳоло майдон холӣ аст то ба назарҳову мавқеъгириҳои шовинистонаи бархе аз ровиёни русӣ, ки мегӯянд Осиёи Миёна бояд дар ҳайати Русия бошад, ҷавоб бигӯянд.

Номаи омада аз Кулоби бостон ҳам ба номаи омада аз Қурғонтеппа шабоҳат дорад. Ин муаллифи мо ба тоҷикҳо эрод гирифтааст, ки барои «калазардҳо» хушомад назананд ва ройгон чойу нону хурок надиҳанд. Чунки онҳо бо мардуми муҳоҷири тоҷик дар ватани худ муносибати хуб надоранд.

                             Шамсиддини Шоҳин

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Шурообод менависам. Таксӣ кор мекунам. Бовар кунед ман ду моҳ пеш умуман шуморо гуш намекардам. Аммо ҳоло, алҳамдулиллоҳ, ҳар барномаи шуморо интизор мешавем ва барномаҳои гузаштаи чанд сол пешро ҳам ҳамаашро пайдо намуда гӯш карда истодаам. Шумо шахси муборизи миллат будаед, Аллоҳ ба шумо нусрат диҳад.

  Бародар Муҳаммадиқбол мехоҳам, ки дар бораи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон камтар маълумот диҳам.

Раҳмонов, агарчи сӣ сол зиёд аст ки сари ҳукумат аст на дурандеш асту на саводи дурусти сиёсӣ дорад.

 Ман, тахминан дар байни солҳои 2013 -2016 ба тарафи Бадахшон рафтам. Як рӯз гузорам ба пости Хирманҷо, аз Шӯробод поин як дидбонгоҳи гумрукӣ ҳаст, афтод.

Як корманди гумрук, ки баъд аз анҷоми навбатдорӣ дар роҳ баромадааст, манро манъ карда пурсид, ки бародар то Қалъаи хумб мебарӣ? Дар бар либоси гумрукӣ дошт. Майлаш гуфта савор кардам. Камтар ҳаракат кардем, ки пули тарафи  Афғонистон наздик шудем. Ба ман гуфт медонӣ дар ин ду се рӯза чи гузашт дар инҷо? Намедонам, гуфтам. Баъд нақлро сар кард, ки як мард бо занаш аз Душанбе ба шаҳри Хоруғ ба дидори фарзандашон, ки хизмат мекунад меоянд. Фарзанди сарбозашонро мебинанду тарафи шаб бар мегарданд. Дар назди ҳамин пул шлагбаум ҳаст. Фикр мекунанд, ки инҷо пости Шӯробод аст. Дар ин пост аз мусофирон пул мегирифтанд. Фикр мекунанд ҳамон дидбонгоҳ аст. Меоянду наздик мешаванд, ки сарбозон хобанд, пул надиҳем гуфта шлагбаумро мекушоянд, мегузаранд мераванд. Ҳеҷ кас нест. Чи қадар масофаро тай мекунанд, ки сарбозони афғон манъ мекунанд. Мегӯянд шумо куҷо меравед? Мегӯяд Душанбе. Сарбози афғон мегӯяд охир шумо сарҳади Афғонистонро убур карда чи қадар масофаро тай карда омадаед ба Афғонистон. Ва онҳоро дастгир карда мебаранд ва  маълумотро баТоҷикистон медиҳанд.

Барои руй додани ин ҳодиса чанд афсари баландмақоми сарҳадчиро иваз намуданд. Ман, ин нақлро шунида дар ҳақиқат дар тааҷҷуб задам

Ман чи гуфтанӣ ҳастам?

 Раҳмонов ту ин қадар спектакл месозию фикр мекунӣ мардум намедонанд. Бовар кунед сарбозон дар сарҳад гушна мегарданд. Мошинҳоро манъ карда нон металабанд, барои командирашон сигарет металабанд. Сарҳад кушодааст, ту чи хел мегӯӣ, ки ман «сатрро мебинам асабӣ мешавам». Охир, ҳамон нафаронеро ном мегирӣ, магар онҳо  асабӣ намешаванд як шаб хезанд то Душанбе биоянд.

Раҳмонов, ту бо ин сиёсати «дурандешонаат» аввалин коре кардӣ дар боби сарҳади Тоҷикистон -Афғонистон минаҳоро нест кардӣ бо маслиҳати Америка. Ман шахсан ёд дорам як сапёри америкоӣ инструктор дар ҳолати разминированийи мина кафида ҳалок шуд буд. Сарҳадро разминирований карда будӣ. Дуввум пулҳову купурукҳо сохтӣ, ки дар онҳо умуман контрол-назорат нест  ҳуй мебошанд. Ин корро ҳам бо маблағи Амрико кардӣ.

Масъали дигар ки мехоҳам бигӯямин аст ки Амрико барои Афғонистон силоҳу муҳимоти ҷангии зиёд монду рафт. Аз рӯи навиштаҳои матбуот, агар хато накунам 200 миллиард доллар. Ин гапро Трамп гуфта буд, ки беасос нест.

Ин ҳама фактҳоро мебинӣ, боз чи мехоҳӣ Раҳмонов,бо ин сарбозони гушна дар сарҳад чи кор мекунед, бас кунед, спектаклбозиро бас кун бо дини Аллоҳ ҷангро канор гузор, ки тенҷ зиндагӣ кунем. Ту Тоҷикистонро ба Хитой ва кишварҳои дигари донор барвақт фурухтӣ.

  Вазъият беҳад хатарнок аст. Бовар кунед, ин навиштаҳои манро ҳама истиқомат кунандагони назди сарҳад медонанд. Раҳмонов бовар кун агар ин навбат ҳам навбати президентиро бидуздӣ вазъиятат бад мешавад. Ҳама роҳҳо дар сарҳад бар зидди ту кушода ҳаст.

 Раҳмонов то он дараҷа бесавод аст ки мисол ба мисли як шаҳри ҳама дуздон, дари хонаро кушода мондааст, бе назорат. Боз даъво мекунад, ки дузд хонаи ман медарояд, дар ҳоле, ки ҳама шароитро барои дуздон худаш фароҳам овардааст.

Раҳмонов бузро дар пеши гург бастааст

Ва, як иловаи дигар.

 Раҳмонов вақте ту бо ин сиёсати аҳмақонаи пешгирифтаат сарҳади разминировании сарҳади Афғонистонро сар карди Ӯзбекистон кори туро дида сарҳадашро бо Тоҷикистон маҳкам кард, мина хобонид. Бисёр оилаҳое, ки нимаш дар он параи сарҳад монданд аз дидори ҳамдигар маҳрум шуданд. Дар ҳоле, ки  ҳаррӯз  рафту омад доштанд. Ин ҳама таҳти таъсири сиёсати пешгирифтаи ту буд. Ҳоло бошад барои дуздида бурдани ту ва оилаат ба мисли Мадуро ҳамаи шароитро муҳайё кардӣ, роҳҳоро кушода кардӣ.

Мо намехоҳем туро дузданд. Ту дар маҳкамаи миллат бояд ҷавоб гӯйӣ. 

                                        Помир

Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ман боз ҳамон хоҳари шумо аз Помир ҳастам ва бори сеюм аст ки аз пойтахти Русия-Москва ба шумо менависам. Бародари азизи роҳи ҳақ, мо ҳамеша аз даргоҳи Худованд дуъо металабем, ки шумо ҳама вақт зиндаву саломат бо аҳлу хонавода бошед. Мо бо шумо ифтихор мекунем.

Бародар, ман бо шумо дар бораи ҳамон бадгарди Сунида Раҳмонбекова ва ҳамон шахси касиф Саидҷаъфар Икромзода ва натиҷаи корҳо нақл мекунам.

Як ҳафта пеш аз ноҳияи Роштқалъа ба ман ҳамон хешам занг зада гуфт :

Табрик, як кори ту амалӣ шуд.

Ман гуфтам чи гап шуд?

Вай гуфт, ин ҳароми бузи ваҳшӣ Саидҷаъфарро аз ноҳияи Роштқалъа гум карда бурданд тарафҳои Кӯлоб.

Ман гуфтам, ки аҷаб кори хуб шуд, ҳозир мардуми нохияи Роштқалъа камтар оҳи сабук мекашанд. Ва пурсидам, ки дар ҷои вай кӣ омад?

Вай гуфт, ки дар ин хел ҷойҳои вазнин, маълум аст ки помириро намемонанд кор кардан. Аз тарафҳои худ як нафари дигарро оварданд. 

Ва боз пурсидам, ки ин бадгарди Сунида ҳозир чи кор мекунад?

Вай гуфт, ки хоҳар, вай зани бадгард, ҳоло дар ҷои худ кор мекунад, лекин настроениҳояш паридагӣ, намедонад чи кор кунад, ба фикрам ҳозир дигар касро меёбаду боз бадгардии худро идома медиҳад. 

Ташаккур ба шумо, ки дар бораи ин палиди Саидҷаъфар чанд бор нашр кардед.

Ин одам хеле барои мардуми нохияи Роштқалъа хатарнок буд ва ҳозир онҳо камтар аз зулм халос мешаванд.

Ман ба ин хешам гуфтам, ки аз паи ин сардори нав ҳам поида гард, агар яке мисли ҳамин падарлаънат кор кунад, дарав хабар деҳ, боз ман менависам ба Ислоҳ.

Ин беҷогарди Сунида, ҳама медонем, ки ба чунин мақоми баланди кор бо подержкаи Саидҷаъфар расида буд. Ба эҳтмоли зиёд ин бадгардро аз кор мегиранд. Чунки вай саводи кофӣ надорад ва тамоми мардуми нохияи Роштқалъа- соҳибкорон ва мактабҳоро бо тафтишҳои беҳудаву бемаврид безор кард.

 Бародар ман дар ин қисмати номаам боз дар бораи ҳамон корманди ЗАГС дар ноҳияи Роштқалъа Сурайё менависам. Аз ин пеш ҳам дар яке аз номаҳоям, ки шумо чоп намуда будед дар бораи вай навишта будам. Аммо ин бесаводи ноодамро то ҳоло аз кор нагирифтаанд.

Аз номи мардуми ноҳияи Роштқалъа ба вазири адлияи Тоҷикистон Музаффари Ашуриён муроҷиат карданиам, ки

барои чи ин хел бесаводҳоро дар кор нигоҳ медоред?

 Барои онки вай зани Ҳабиб Маҳмадов ҳамон номарди хоин, ки боиси тамоми бадбахтиҳо дар Помир шудааст? Мо мефаҳмем ки ин фақат аз барои ҳамин шавҳари хоинаш аст. Ин сабукмағзи сабукпо пеш вақтҳо бо прокурори ноҳияи Роштқалъа мегашт. Ин прокурор борҳо дар хонаи онҳо шабона мондааст, чандин бор. Мардуми деҳа ин корро ҳама медонад ва ин гап аз даҳони мардум баромадааст.

 Он хешам ба ман гуфт, ки крышаи ин хоин ва номарди Ҳабиб прокурорҳо мебошанд, ҳатто дар худи Душанбе ҳам ҳастанд. 

Лекин ин Ашуриён бояд кори ин Сурайёро ҷиддӣ тафтиш кунад. Ин зани баднафс ва бесаводи нодон тамоми мардуми ноҳияи Роштқалъаро бо пулканиҳояш   безор кардааст. Ягон ҳуҷҷатро, ҳатто шаҳодатномаи таваллудро, ки тибқи қонун ройгон аст, бепул намедиҳад. Аммо хату саводи Сурайё ҳатто барои фаррошӣ ҳам намеарзад, аммо аз барои хизматҳои шавҳараи хоинаш гирифта  сардори ЗАГС монданд. Ин бесавод хатто шавҳари номарди худро писанд ҳам намекунад, касе ки мефорад, ҳамроҳаш мегардад.

Аз ин бесавод, не ягон прокурор, не ягон коркуни ҳукумат ва не ягон мардҳои куча монданд.

Агар ин бадгардро гум накунанд, мардуми нохияи Роштқалъа аз бесаводии вай дар азоб мемонанд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Дар ин ҷо ман бо шумо худоҳофизӣ мекунам ва ба шумо ва ба тамоми хонаводаатон саломатӣ орзу дорам.

 Ман ба шумо боз менависам.

Худо ёратон бод!

                                  Бохтар (Қурғонтеппа)

Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин! Нома аз шаҳри Қурғонтеппа фиристода мешавад.

Мундариҷа ва ё оғозсуханро чи унвон гузорам намедонам. Зеро дигар ончунон ғазаб домангирам шудааст, ки дигар имкони хомушӣ нест. Ин навиштаҷот барои ҳукумат ва ё сарвари ҳукумат ҳеҷ рабте надорад балки ба чанд тан тудаи авбошу айёши худпарасту манфур ва бесаводи худхонда, ки маҳз онҳо дар ин чанд соли охир барои баъзе аз  равшанфикрону зиёиёни воқеӣ ва чеҳраҳои асилу адолатпешаи ин ватан монеа эчод мекунанд, нигаронида шудааст. 

 Савод надоред мисли ман ором бишинед. Аз бахиливу нотавонбинӣ ва маҳалгароиву дарунсиёҳии шумо ин ватан ва ин сарзамин ба мушкилоти гуногун дучор шуда истодааст.

  Эй, гумроҳон шумо ку шарманда будед ва тайи ин чанд моҳи ахир буйи гандатон ҳама ҷоро фаро гирифт, аз буи бадатон нафасгир намешавед, аз ҳамкору ҳамсояву ҳамкурсҳоятон шарматон намеояд? Виҷдон надоред, номус надоред? Худованд тақдири ҳаркиро, ки шумо ноҷавонмардон сиёҳу туҳматаш кардед ба сари фарзандону наберагонатон биёрад. Баъзеи шумо аз худову расул гап мезанед, худро эшонзода мегиред, магар фардо рӯзи мурдан надоред?

 Эй хоинон, эй ватанфурӯшон шумо ин қадар хоинед, ин қадар ноҷавонмардед, ки   агар ҷояш ояд зану духтари худро пешкаш хоҳед кард, инро аз шумо мунтазир шудан мумкин аст. Зеро маҳз шумо хоинон боис шудед чандин нафар донишмандону зиёиён зиндонӣ шаванд. Шумо аблаҳед, аблаҳи гузаро. Шумо бехабаред, ки таърих онҳоро фаромуш нахохад кард ва номҳояшон дар сафаҳоти таърихи ин миллат дар қатори номҳои бузургон ҷой хохад гирифт. Аммо шумо чи? Шумо русиёҳ дар саҳфаи таърих хоҳед монд!

  Саъдӣ Маъдӣ худро филолог мегирад. Он қадар ин инсон бесавод аст, он қадар паст аст, он қадар разил аст ногуфтанӣ. Замоне барои навиштани китоби «Ҳаводиси рузгори ман»-и Абдухалил Холиқзода ин гови буғуз бо ҳамроҳии Сайфи реклом  яъне Сайф Достиев, Раҳмоналӣ Шералиев, чунон тавтеае ба роҳ андохтанд, ки тамоман ногуфтанӣ. Инҳо дар лаган бардориву моялесӣ хун надоранд. Дар он шабу рӯзҳо агар саҳифаи инҳоро медидӣ чи тавр мисли модасаге, ки гуш меорад чи тавр уллос мекашиданд. Инҳо ҳар нарсаге, ки боқувваттару бузурггтар дидан думи худро мебардоранд. Инҳо магар номус доранд? 80 дарсади мардуми кишвар медонистанд, ки ин коре инҳо карданд супоришӣ буд ва ин ду тан бе гуноҳ буданд, аммо ин сагон аз ҳарҷолесии худ шарм намедошта бошанд? 

Имрӯз расонаҳои руси пропагандаи онро дорад, ки кишварҳои Осиёи Миёна бояд  мустақил набошад ва ин як таҳдид ба амнияти давлату миллат аст. Ку дар ин маврид ин шағолон, ки худро ватандӯсту патриот мешуморанд як калима гуянд? Барои инҳо агар устухоне партоянд мехоянд ва касе устухоне напартофт инҳо ақли аз пеши худ коре карданро надоранд.

Ман як чиро бо бовари мегӯям. Агар ҳамон зиёӣ, ки ҳамроҳи сардори беморхонаи Ибни сино бо туҳмат зиндонаш карданд дар озодӣ мебуд, аллакай чандин вокуниш нисбати ин пропогандаи Кремл мекард. Аммо ин сагони муздури худхонда чи гуфтанашонро намедонанд. Ҳатто забони русиро намедонанд, ки чизе гуянд. Як нафар аз журналистон дар он шабурӯзи фоҷиаи фарзанди тоҷик ба Путин чи савол дод, ёд доред?

Бигиранд саҳфаҳои интернетии аз ҳама серобуначиашро ба чанд тан шахсони донишманд супоранд, дар чунин ҳолатҳо вокуниши бо маврид кунанд. Ман нисбати ҳукумат чизе гуфтанӣ нестам, гуфтанӣ ҳам надорам. Аммо чунин шағолон, ки дар вазифаҳо ҳастанд афсус, ки инҳо дар дохил маҳалгароиву маҳалбадбиниро рӯирост пеша кардаанд. Ба навиштаҳои инҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ менигарӣ ҳам хандаат мегирад ва ҳам бениҳоят асабӣ мешавӣ. Охир якеаш дар донишгоҳи миллӣ дарс медиҳад дигариаш муҳаррири газета аст, севуминаш боз кадом вазифае аз инҳо баландтар дорад.

 Оқибаташонро ба хайр гардонад. Ин шоҳномахонии Саъдӣ Маъдиро бинед.Мегӯӣ талабаи синфи се бошад.Бисёриҳо медонанд аммо хомушанд, зеро медонанд агар ҳарфе гуянд инҳо бузу туҳматчианд, аз ҳеҷ роҳе барнамегарданд. Ё Сайфро бин- як клоуни номери 1 аст. Бо инҳо мо ба кучо мерасем: «намебахшамтон бахшидамтон» ,ин маънояш тахдид буд, ки он шармандагие ,ин журнилисташ дар назди Путин кард,бояд касе чизе нагуяд. Баъди ин воқеа дукунагиаш ба ҳама маълум шуд дуруягияш дар як вакт навист намедонист, аммо баъдан скринашро дар саҳфааш гузошт. Как будто гуфта бошад, ки масъалаи Қобилҷонро гап занад. Хуллас, инҳо дар назди чанд тан мисли худашон бесавод худро донову олим метарошанд, вой бар ҳолашон.

                                       Кулоб

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домуллои мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин. Сокини Кулоби бостонӣ ҳастам. Номаи ман ба чоплусҳову тамаллуқпешаҳову хушомадгӯҳову хокзану моямолҳо аст.

Ман ба ҳамин мардуми лаганбардор гуфтаниам, эй мардум бас кунед ин лаганбардориро. Ман ба Ютуб медаром мебинам, ки вақте ҳамин калазардҳо Тоҷикистон мераванд мардуми мо лаганбардорӣ карда дар хонаҳояшон бе пул чой ва хурок медиҳанд. Қадри миллати точик дар Россия дар таги по шудааст, аммо инҳо бошанд ин калазардҳоро дар Тоҷикистон «да болои саршон мегиранду боло гузарашон мекунанд». Агар дар Россия сайт даромада квартира ковам гуӣ дар сайт навистагӣ, ки «только для славянский народ» ва боз именно таъкид ва огоҳӣ кардааст, ки «таджиков не принимается» ва ҳамин эълонро рӯирост нависондагианд.

Ман, бахудо қасам аз корҳои ин лагандбардорҳо ҳам шармам мебиёяд ва ҳам дар ғазаб мешавам.

Як воқеаи гузаштаро ба ёд оваред. Дар айёми короновирус бародарамон Иззат Амон гражданини Россия буд. Аммо мақомоти рус ӯро ба мақомоти ин гарданбалонигазӣ фурухтанд. Чи қадар мардум дар ҷои корошон кидат шуда маош нагирифтанд, магар ҳамин ҳодиса барои шумо дарс нест.

Боз дар короновирус дар Тоҷикистон дар кадом куча ба калазардҳо пул дода истодаанд.

Агар мо ҳазору садҳазор бор инҳоро бе пул чой диҳем, бе пул хурок диҳем, аммо инҳо моро дар ватанашон одам намеҳисобанд. Ҳар рӯз барои тангу маҳдуд кардани ҳузури мову шумо навбанав қонунҳо бароварда ва боз сахттар карда истодаанд.

 Ман дар як корхона кор мекардам аз ин корхона баромада дигар корхона рафтам. Вале роҳбари корхонаи пештараам ҳамроҳам муносибати хуб дошт. Баъди аз корхонааш рафтанам ҳам боз муносибат ва дӯстиашро идома дод. Кадом  проблемаи документӣ пеш меомад бо мошинаш бурда ҳал мекард.

Як рӯз фаҳмидам, ки бо касе гап мезад. Узбекҳоро чурка гуфт. Баъди он телефонашро блокировка карда удалит кардам.

Эй, бародарҳо, дониста бошед, ки мо то лаганбардориро бас накунем, пируз намешавем. Худро сорти дуввум наҳисобед. Мо Россия, ки рафтем бар ивази заҳматҳоямон пул мегирем. Онҷо ҳатто як кружка оби одиро ройгон намедиҳанд. Шумо шаъни худро дар назди ин калазардҳо паст назанед. Чою нону обу хуроку ҷойи хоб додед, пулашро гиред.

Боқӣ дар паноҳи Аллоҳ бошед. 

Share This Article