Дар почтаи «Ислоҳ» ҳамзамон чанд нома аз Нуробод расид ва мо тасмим гирифем ҳамаи онҳоро дар як шумора ҷой бидиҳем.
Дар ин номаҳо аз фаъолияти раиси ноҳия, «машғулият»-и бародарони раис, инки раис аз порахориву порагирии кормандонаш огоҳ асту ба наҳве аз ин амали онҳо ҷонибдорӣ мекардааст, аз муносибати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз муносибат ва муомилаи началники амнияти Нуробод бо аҳолӣ, бахусус, муллоҳову ришдорҳо ва низ аз тарзи бархурди 6-ой отдел маълумоту шикоятҳо фиристода шудааст. Тасвир ва инъикоси манзараҳову ҳаводисе, ки дар тамоми манотиқи кишвар ба мушоҳида мерасад ва ба назар мерсад, ки ин тарзи бархурд «ниҳодина» шуда истодааст ва мардум фикрашон ин шуда истодааст, ки ҳукумат ин яъне пораву ришвахорӣ, ҳукумат ин яъне ҷалби иҷборӣ ба ин ё он кор, ҳукумат ин яъне таҳқири дину оин, муллову масҷид ва эътиқоду муқаддасот…
Нуробод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Нуробод менависам. Ҷамшед Солеҳзода, раиси ноҳия нома дар бораи Зарина Шафоатова, сардухтури зоишгоҳро дар «Ислоҳ» дида гуфтааст, «Зарина Шафоатова 6 сол хондааст, 25 сол шуд кор мекунад, гирифтан гирад (яъне пора), меҳнат мекунад, ба ҷони ду кас бозӣ мекунад -ҳам зан ҳам кудак».
Гуфтааст 800 (пора) кам аст, меҳнати ҳалолаш аст.
«Ислоҳу хабаркашҳояш то ҳамаи Нурободро коргарони ҳукуматашро порагиру порахур бигуянд ҳам ман ягонтои онҳоро аз вазифаҳо ман намегирамашон»
Ин раис дар як маърака дар Тегирми бо ҷураҳову ҳамсинфонаш, ки рӯзҳои якшанбе менишастаанд, ин гапҳоро зада будааст. Як кас гап партофта гуфтааст, ки дар Ислоҳ ҳамин гапҳоро навиштаанд. Солеҳзода гуфтааст, ки инҳо бекоранд. Аммо вақте нашри маълумот дар робита ба занашро мефаҳмад, сахт ҳайрон мешавад. Чунки ин занро баҷоӣ гирифта буд. Фақт Суҳбат медонист ва як таксии тегирмичии дигар.
Солеҳзода аввал бо Рустами Эмомалӣ кор мекард. Вай фаъолияти духтурҳои Қараболову Истиқлолро тафтиш мекард.
Рӯзи шанбе ҳамон таксии тегирмичи меовард Нуробод боз шабона мерафтанд Душанбе «ҳамон медонист, гап бромадак гуфтай».
Гапи асосиро началники амнияти Нуробод гуфтааст «ҳаминро интизорем ки Солеҳзодаро ку бган зани дуюмша». Боз ин началники амняит гуфтааст, ки «ягон кас намегуфта боша пора мегира Солеҳзода бқапемша». Аз қафои Солеҳзода амнияти нави Нуробод, боз прокурор, ки нав шудаасту бо раис носоз аст. Историяашон бисёр аст. Дар оянда менависам.
Номаи дуввум
Ассалому алейкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Худованд аз шумо ва аз падару модари шумо розӣ бошад. Ман аз ноҳияи Нуробод менависам. Ҳамаи барномаҳоятонро ҳамеша бо аҳли оилаамон тамошо мекунем.
«Номаҳо аз ноҳияҳо» № 314-ро тамошо кардем. Дар бораи ҷамоати Сафедчашма гап задед. Ҳамаи гуфтаҳоятон дуруст аст. Чи хеле медонем дар ноҳияи Нуробод ягона мардуми якгапа ва бананг мардуми Самсолиқ ва Пондовчи буд. Вале сад ҳайф, ки ҳаминҳоро ҳам мурғ карда истодаанд. Як рафиқам бо участковийи Самсолиқ ошно аст. Ин участковий гуфтааст, ки мардуми Самсолиқ иғвобардоранд. Чанде, ки тавониста истодаам, фалонашон карда истодаам. Чи муллоҳояшро, чи мардҳои дар муҳоҷиратбудагиашонро, занҳову духтарҳояшонро.
Ин рафиқи ман гуфтааст, ки эҳтиёт кун, ки ин мардуми Самсолиқ ва мардуми Пондовчи наркалаҳояш бисёранд «да кадом пасхами ҷарут накнан да Сурхоб» Рабии участковий дар ҷавоб гуфтааст аз раиси ҷамоат то раисҳои маҳаллаҳояшонро, то занҳову духтарҳояшонро фалон карда истодааму наркалаҳояшонро ҳам шапидагиям. Инҷо омадам, барои ман махсус супориш доданд, ки любой гапзанигапзанша …кун. Ин мардум противи ҷаноб бисёрианд. Чанқа метонӣ б**го занҳову духтарошону худшонам фақат азият те»
Бародари азиз, ҳамаро мурғ кардаанд.
Эй, мардуми Нуробод, эй самсолиқиҳо! Куҷо шуд нангу номусатон? То кай ин хел хап кунем? Мо ин ҳама гапи ҳақро аз Муҳаммадиқболи Садриддин шунавида истодаем, ин ҳама суханҳои ҳақро ба гуши ҳама мардуми мусалмон расонда истодааст, чаро хапем. Мо чи гуна мусалмонем?
Худованд, нигаҳбонат бошад бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин Аллоҳи мехрубон нигаҳбонатон бошад!
Устод дар бораи бузҳои Якутия-Ёқутистон гуфта будед. Он навишта натиҷаҳо дод. Он натиҷаҳоро менависем.
Номаи севвум
Аз ноҳия Нуробод, деҳаи Тегирми, дар бораи бародарони Ҷамшед Солеҳзода, раиси ноҳия ва раиси маҳалаи деҳаи Тегирми менависам.
Як ҳамсинфи Солеҳов Фаррух-яке аз бародарҳои раиси ноҳия бо номи Беҳруз аз ҳаҷ меояд ва барои ҳамсинфонаш ташкилӣ мекунад. Фаррухро занг зада мегуяд, ки ташкилӣ биё. Мегуяд, хуб. Раиси маҳалларо шаб занг мезанад. Дар мошин мераванд. Мехоҳанд, ки ӯро қапида ба милисаҳо супоранд, аммо ба мақсадашон намерасанд, ин бузичаҳо
Солиҳов Фаррух дар мактаб муаллим аст. Инҳо сади буд нестанд, инҳоро кӣ муаллим кардааст. Ғайриихтисос кор мекунад. Дар мавсими чидани картошка кадом талабае, ки ёрдам кардагӣ нест, дар мактаб ба баҳои хуб ҳам бихонад, уро гапҳои қабеҳ мезанаду дар чорякӣ баҳои паст мемонад.
Фаррух дар мактаби№ 7 раиси созмони Талабагон аст. Вақте Солеҳов Фатҳуддин, раиси ноҳия шуда меояд, овоза ба гушаш мерасад, ки бародараш дар мактаб дар кабинеташ бо духтарҳои синфҳои болоӣ дастдарозӣ мекардааст, дар ҳол фармон медиҳад, кабинетро аз дасташ мегиранд.
Солиҳов Қамар, бародари дигари раиси ноҳия
Дар деҳаи Тегирми имсол 3 моҳ дар муассиса таъмир давом кард. Муаллимҳо ҳама дар ин кор то охир иштирок карданд. Аммо Солиҳов Қамар ягон рӯз иштирок накардааст.
Дар замини олуча ба акаи раисаш картошкабонӣ кардааст. Маошашро бошад муҳосиб Буров Сайнеъмон бо пуррагӣ яъне зиёд гузаронидааст. Аммо омузгороне, ки дар муассиса кор карданд, маошро надиданд. Дар моҳи сентябр ва октябр тамоман дар дарсҳо иштирок накардааст вале маошашро пурра гирифтааст. Худ қазоват кунед, додари раиси ноҳия ин корро кунад, аз дигарон чи гила?
Ин бародарони раиси ноҳия дар ин мактаб ҳеҷ касро гуш намекунанд. Чи хеле ки форадашон ҳамон хел мекунанд. Солиҳов Қамар бошад мисли бародараш ба худаш кабинет дорад. Дар кабинеташ ба духтарҳо дастдарозӣ мекунад.
Баъди дарс дар гаштакхонаи муаллимон то соати 1 ва 2 шаб мешинанд. Ангишти мактаб аз дасти инҳо тамом шудааст, талабаҳо бе алованд.
Номаи чаҳорум
Боз аз дараи Муҷахарф, зодгоҳи эшони махсуми Икромуддин менависам. Соли 2012 дар паҳлуи ҳамин ҳазрат шиштагӣ будам. Яке як амниятӣ аз Душанбе омад, зиёраташ карду каме нигоҳ кард тарафи мо. Он амниятӣ баъд домуллоро аҳволпурсӣ кард ва як чизи аҷоиб гуфт. Гуфт, ки ҳазрат писари Эмомалӣ Раҳмонов Рустам ба ғам додани духтарҳои зебо машғул аст ва ба бизнесменҳо беҳад фишор меорад, ҳамчунин духтарони Ҷаноб ҳам ин корро, фишор болои бизнесменҳоро сар карданд.
Ҳазрати домулло хело сукут кард, сараш хам, тақрибан 10 минут. Баъд яке сарашро боло накарда гуфт «набераи бобош инҳо бисёр ғам медиҳанд мардумро, ҳоли хела азоб медиҳанд, инҳо- Эмомалӣ Раҳмонов, писараш ва духтаронаш.
Ба номи худо ман ҳамончо будам, пашми танаам хест. Ин гапро домулло, эшони махсуми Икромуддин гуфт.
Ман дар тарафи Хуҷанд хизмат кардаам. Соли 2020 як командир дар ҳамон қисми ҳарбӣ аз тарафи Хатлон буд, мардуми Нурободро дуст медошт. Мегуфт шумо намоз хонед, мо ҳамроҳаш намоз мехондем. Як руз гуфт, ки як кампир солҳои пеш тақрибан соли 2010 валлоҳ аълам меояд Дастгоҳи приздент. Он кампири хатлонӣ аз Қурған буд. Мегуяд мехоҳад бо президент Эмомалӣ Раҳмонов вохурад, шикоят дорад. Охранникҳо мегуяндаш, ки баъди 25 руз биё, медароӣ. Яке аз охраникҳои пеши дастгоҳ мегӯяд, ки «мома чи шикоят дорӣ»? Мегуяд «вахтушда як нафар хонам дуздӣ даромадагӣ».
Хуласи гап баъди 25 руз меояд кампири хатлонӣ аз Қурғонтепа. Хело интизор мешавад. Баъд мегуяндаш, ки мома таёр шав, медарой пеши Ҷаноб. Баъд медарояд аммо кампир тез мебарояд. Баъд як охрана тоқа мепурсадаш, ки чаро момаҷон тез баромадӣ? Кампир мегуяд охир ҳамон дузд ҳамин будааст.
Эмомалӣ Раҳмонов маро нашинохт, ман шинохтамаш. Як шикояти дигарро кардам. Эмомалӣ вақти зиёдтар надошт, ман баромадам. Дузд дар ҳамон дарун будааст. Баъд ин кампир тарафи охранник мегуяд «бачам бо ингапро нагуй кадомеда, маро мекушад ин дузд». Баъд охранник механдаду мегуяд «не момаҷон, ба касе намегӯям».
Он охранник одами Убайдулоев будааст. Баъд чанд вақт мегузарад. Ин охранник ба Убайдуллоев воқеаро мегӯяд. Ва мегӯяд, ки кампир ҳамин гапро гуфт. Ба гуфтаи кампир Эмомалӣ Раҳмонов руғанҳои ин кампирро бисёр медуздидааст. Мақсади кампир ҳамин, ки дузди калон ҳаминҷо будааст.
Номаи панҷум
Домулло мо дар бораи Ҷалолиддин хело кофтукоб кардем. Сад% маълум шуд, ки дар ҳакиқат буз будааст. Аз ҳамсояҳояш бо тариқи дигар намуд, ба шухӣ аз хешонаш, аз ҷумла хеши ҳоҷӣ Садурдин, ки дар Самара ҳамроҳаш ҳаст пурсидем. Ҳоҷӣ Садурдин ҷиянашро занг зад Ҷалолиддинро гуфтааст ҳоҷӣ Садурдин, ки ҳозир зангаш бизанам мегӯяд «ҳами ту навистай дар Ислоҳ». Ҳоҷӣ амакаш аст метарсидааст аз Ҷалолиддини ҷиянаш, ки бигуядаш, ки чаро банг мезанӣ, маро ҳақорат мекунӣ.
Боз як ҳамсояи наздикаш гуфт, ки дар хонаи Ҷалолиддин барои қанди сафед ҷанг аст, Ҷалол бошад арақу банг зада мегашт. Аввалҳо аз падараш метарсид, ягон кор намекард. Вақте падараш аз дунё гузашт, баъд ҳамин корро сар кард.
Ҷалолиддин дар ҳақиқат бо Сиёвуши амниятӣ ҳамкорӣ мекардааст. Абубакри ҳамсинфаш ҳамроҳаш кор мекунад. Запчасти мошин савдо мекунад. Ба Ҷалолиддин гуфтааст, ки бача накун ҳамин корҳоятро гуноҳ аст. Худат гоҳ намоз мехонӣ, гоҳ намехонӣ ҷумъахонӣ меравӣ боз арақ мехурӣ.
Ҷалолиддин ба Абубакр гуфтааст, ки нав падарам аз дунё гузашт, нав аз насиҳатҳои падарам халос шудам, боз ту сар кардӣ.
Вақте мо пурсидем чаро Ҷалолиддин амакашро ҳақорат мекунад, гуфтанд, ки амаки ҳоҷи Садурдинаш як котеҷ дар ҳазрати Мавлоно доштааст, падари Ҷалолиддин ҳамонҷо зиндагӣ мекардааст.
Вақте падари Ҷалолиддин вафот мекунад ҳоҷӣ Садурдин тарафи Ҷалолиддину додараш гуфтааст, ки ба ман 8 сотих ягонҷо замин ёбед, ман хонаҳоро ба шумо медиҳам.
Ҷалолиддин дар Душанбе замин мекобад. Замин гарон будааст. Барои ҳамин як хеши дигараш, ки дар ҳамин Самара ҳаст Ҷалолиддинро гуфтем зангаш назадӣ? Гуфтааст, ки зангаш занаум бигӯямаш боз аз ман шубҳа мекунад.
Ростӣ, ҳич кас дилёб намешавад Ҷалолиддинро занг бизанад. Сиёвуш Ҷалолиддинро гуфтааст кадоме зангат бизанад бигӯ дар бораи Ислоҳ ба ман хабар кун, тамом, кор ҳал мешавад.
Боз дар бораи Ансори ҳамсинфи Ҷалолиддин гуфтааст. Ҳар вақте Муҳаммадиқбол номи маро дар барномаҳояш мегирад «ма як звани мегирм, қариб ба палковникӣ мерасм».
Барои дуздии соляркаҳои хитоиҳо гуфта будед. Боз ба мактабҳои қишлоқ меравад. Аз ҳар директор 500 сомонӣ мегирифтааст. Ҷалолиддин тарафи ҳамсинфаш гуфтааст «кадоме гуфтай ма ай дректорҳо 800 мегирм, хато гуфтай 500 ё 400 сомонӣ мегирам».
Номаи шашум
Амнияти Нуробод райони нав номаш Аваз аст. Як бор дар амният як муллоро аз Муҷахарф фарёд карданд. Пеши Авази началники амният медарояд, ассалому алайкум мегуяд. Як намуд муллоро ҳақорат мекунад, ки ту чаро маро салом додӣ, бояд салом намегуфтаӣ. Агар амният даромадӣ салому алайкум нагуй, қатъиян манъ будааст. Ин Авази началник амнияти Нуробод райони нав аз Фархор будааст. Аваз шогирди СС.Ятимов будааст. Ин Авазро мегӯянд беҳади бад бе имони бераҳм ва боз чапгири бад будааст. Агар ягон одамеро бигӯянд, ки «таға» дорад Авазро занг бизанад, тамоман қаҳраш мекардааст. Фақат Ятимови махуфро гуш мекардааст ин Аваз.
Аваз бангро мезадааст ва сипас зердастонашро мегуфтааст, ки «брен шабона ку кадом мачида одам биёрай, ё кадом мачиде дакумент надора бқапен сурат гирен ҳамай намозхонҳоро».
Масҷиди райони куҳнаро, ки масҷиди Сафол мегӯянд чанд бор мешавад мардумро меқапанд. Вақти намози шом дар масҷиди пеши ДЭУ -масҷиди дараи Валӣ рейд мегузаронанд.
Як қорӣ аз дараи Валӣ ҳаст-Кароматулло, бечораро ҳамчунон як шаб бурданду заданд, ки дар амнияти Нуробод райони нав, ки ту кадом солҳое амри маъруф карда будӣ. Бечораи қорӣ аз дастаи амният касал шудааст, ҳозир бемор дар бемористон.
Ин амнияти Нуробод райони нав ба ҷони мардуми камбағал задагӣ аст.
6 –ой отдели райони нав аз амният ҳам бадтар. Вақте даромадӣ салому алайкум бояд нагуӣ, гуфтӣ, мурдӣ.
Як сол пеш як муллои дигарро аз Севак буд ё Дегай фаромуш кардам, амнияти райони нав, яъне ҳамин Аваз фарёдаш кард: «бачата занг бзан». Бачаи ин муллои нурободӣ дар Русия буд. Бачаашро занг зад, гуфт «бачам маро амнияти райони нав фарёд кардан, биё хизмат бра». Бачааш тарафи падараш гуфт ман 18 сола боло ҳастам, тибқи қонуни Тоҷикистон ихтиёр дар дасти худам аст: «намеём хизмат». Амният телефонро гирифт- ҳамин Авази началник амният ва тарафи ин писар гуфт, ки «падарта риша метрошум, турмаш мекунам».
Ин писар гуфт «чи кореш мекнен бкнен, ма намебиём».
Риши ин муллои бечораро тарошиданд. Беҳад бераҳм аст ин Аваз. Дар ҷони мардуми Нуробод задааст.
Ин Аваз амниятӣ муллоҳоро тамоман шум мебинад. Рузҳои ҷумъа одамонашро роҳӣ мекунад-ку назорат кунед муллоҳои масҷидро кӣ сум медиҳад, кӣ бо вай гапи бисёр мезанад, хонаи кӣ мераванд». Ва дар ҳақиқат одамони Аваз назорат мекунанд. Ин Аваз беҳад бадбахти касиф аст.
Бо гуфтаи ҳамин Авази амниятӣ «ма да призив брам, одаме тағабозӣ мекна ё катагӣ мекуна, занша дар пешаш фалон мекнм и вазифара мара Ятимов. С додагӣ, на Рустам, на Озода, фақат Ятимовро гуш мекунам. Мардуми Нуробод ҳамаша лубой намуд пастава мекунам, ягон кас ягончи намега. Ин раисчай нав ягон гапаш мада намегузара». Ҷамшед Солеҳзодаро мегӯяд.
Рости гап, дар ҳақиқат мо пурсидем, маълумамон шуд, ки ин Авази началники амнияти Нуробод Солеҳзодаи раиси ноҳияро тамоман писанд намекардааст.
Се сол мешавад дар Нуробод аст. То ҳамин Аваз дар Нуробод ин хел амнияти бетавфиқи беимони беномуси ҳароми ноҷавонмард наомада буд. Фақат пул ва фақат Ятимов мегӯяд.
Ҳазрат як маълумоти дигар дар бора момодояҳо, яъне таваллудхонаи райони куҳна.
Моҳи ноябри 2025 як хешамон аз қишлоқи Дегаи, ки чанд сол фарзанддор нашуда буд фарзанддор шуд. Тавба кардам Раҳматулоева Назронхон, Маҳбуба Болтаева ва Парвина табибону кормандони ин зоишгоҳанд, хуни баданашро макиданд. Кудак шуду дар Душанбе сити, мо 3 нафарем мегӯянд 350 сомонигӣ парто. Ту мегӯянд чанд сол мешавад фарзанддор нашудаӣ. Бояд ба мо 500 сомонӣ подарка ҳам диҳӣ:- занат соқу саломат духтарча кард. Духтарча бо баракатай».
Боз амри маъруфат мекунад. Назрон зани ҳоҷӣ Шогрезов ранги шавҳараш пора гириро дуст медорад. Аз давлат маош мегиранд, боз аз одамони камбағал пул талаб мекунанд ин духтурҳои Нуробод- момазояко.
Охирон суханам ба номуҳтарами раиси Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин пеши роҳи ин мардуми порахурро бигир.
Амнияти Нуробод! Ба ҳамаатон дахл дорад. Аз ҷумла ба Авази касиф, ин қадар мардуми бегуноҳро ғам надеҳ, муллоҳоро ғам надеҳ. Оҳи дили ин мардуми бечора мегирадатон.
Амниятиҳо ва 6-ой отделиҳо! Шумо ҳам мардумро «иқа фишор наёред. Ин мардуми Муҷахарф, мардуми Зорун, мардуми Лайрун, мардуми Ҳакимӣ, мардуми Чормағзак, мардуми Сари мазори Муҷахарф, аз ҷумла мардуми Хумдон, мардуми райони куҳна ва райони нав, мардумиТегирмӣ беҳад қасдгири сахтанд.
Эй, кормандони мақомоти амнияти Нуробод, шашум отдел фикр накунед аз Кулоб, аз Фархор, аз Балҷувонеду кадом як имтиёзе дореду зӯред.
Эй, бадбахти Сиёвуш, корҳои ҳамаатон сабт шуда истодааст, ки чи гуна мардумро фишор меовареду таҳқир мекунед. Фаромуш накунед, ки осиёб ба навбат аст.
Ҳоло Ҳайдари амниятӣ дар Нуробод замбурпарвар шудааст. Аз замбур мегирад, аз мардуми Қабудҷар, аз райони куҳна як яшик мехарад пулашро баъд медиҳам мегӯяд вале ҳамон тавр гум мешавад. Ё мегуяд, ки шогирдҳо меоянд. Мебарандаш яшикҳо ё рамкаҳоро. Ҷои истироҳаташонро ёфтанд амниятиҳо. Дониста бошед, ки ин рӯзҳо мегузарад.
Як амнияти нурободӣ чанд сол пеш ба масҷиди райони куҳна медарояд бо туфлиҳояш. Мегӯяд, ки ин қолинҳо зеби идораи амният дорад ва зеби отдели райони нав. Ҳамин амниятӣ то ҳол валлоҳу аълам 8 сол мешавад, дар ҷогаҳ хоб аст, шал шудагӣ, поҳояш кор намекунад.
Амниятиҳо ҳоло биистед, Худованд дергиру бад сахтгир ҳаст. Мегӯянд, ки рӯзи бад меравад аммо одами бад не. Барои ин бадиҳои шумо андак мондааст.
6-ой отдел ва амниятиҳо! Пеши роҳи порагирии духтурҳоро гиред, аз райони нав то райони куҳна.
Шафоатова Зарина ва Раҳматуллоева Назронхон. Боз ин Назронхон тарафи хеши мо мегуяд, ки «агар занут дар райони нав мезойд Зарина 1600 сомонита мегирифт».
Хоҳиш мекунам роҳи пора гирифта шавад.
Ҳазрат як ҳафта номи ин касофти Авазро кофтем, ҳиҷ кас намедонад, аз як одами Душанбе ёфтемаш. То ҳатто номҳояшонро махфӣ мекунанд ин бадбахтҳо. Номерҳояшонро ҳеҷ кас намедонад. Мефаҳманд ва медонанд, ки ин мардуми Нуробод як рӯз не як рӯз меқапанд ва муҷозоташон мекунанд.
Як бача нав аз Нуробод омад. Мегуяд, ки кофирҳо ранги инҳо нестанд.
Ҳамроҳашон салом кунӣ, тамом, риш дошта бошӣ, тамом.
Дилам реш реш шуд. Мардумро беҳад ғам медиҳанд. Дар роҳ телефонҳои мардумро меқапанд мекованд. Аз Русия омада бошӣ, тамом. Аз ҷумла мардуми Муҷахарфро, корашон , маҷлис, тилфонковӣ, облава ва пулканиву ришканиву ….Амният мегуяд, ки мо медонем кӣ ҳаст одами навистагӣ, ҳоло ждат дорем:- «занша кати зани Муҳаммадиқбол якҷоя меорем.. як гапҳо мегуянд, ки ..
Ҳақорат мекунанд мусафедҳоро дар масҷидҳо.
Ин Авази амниятӣ мардуми Тегирмиро мегуфтааст, ки фикр накунед, ки раис аз ҷои шумо ҳаст, ҳар коре хоҳед мекунед. Чанд бор аз Тегирми менавистанд. Барои ҳамин тегирмичигиҳо навистанро бас карданд, тарсондашон.
Ба номи Худо инҳо ними гапҳоям аст. Инҷо соат 3 шаб аст. Аз стройка -кор баромадам, хоб намебарад. Дилам барои мардумам месузад.
Бародар хоҳиш мекунам дар «Минбари муҳоҷир» ҳам як гуед мардуми Нурободро, ки мурғ нашаванд.
Шашум отдел тамошо мекунад, боз механданд, ки «и нурободиё ба мо зуршон нарасидак, ба Ислоҳ нома менависан».
Началникҳои амният ва 6-ой отдел мегӯянд, ки «барой и вазифай началники амнияти Нуробод ва началники шашум адел мо ба вазирора пули калон додагием, баъад иҷа омадем» ва боз механданд.
Аз бачаҳои нурободӣ ҳастанд дар шашум отдел ва амният,онҳо мегӯянд,ки «началникомон пули вазмин додан ба и Нуробод омадан». Боз мегӯянд, ки зато чанд баробар пулашро «ай мардуми тарсончаки Нуробод баровардем». Мегӯянд: «лубой одами Нурободро фарёд мекунем пешмонда меларзанд».
