Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №328

Ислоҳ нет

Номаҳо барои ин шумора аз шаҳру навоҳии Варзоб, Кулоб, Бохтар, Ҳамадонӣ ва Панҷ омода шудааст. Аз Варзоб гуфта мешавад, ки масъулин бо баҳонаи таъмиру тармим ҷайби мардумро ба манбаъи даромад табдил додаанд. Ин дар ҳоле аст ки аз трансформатору симҳои интиқоли барқ аз сокинони ноҳия дида бештар соҳибони дачаҳо бештар истифода мебаранд. Муаллифи мо аз Кулоб мегӯяд, ки ходимони мақомоти милиса ва амниятиҳо баъди адои хидмат бо он нафақа, ки аз давлат мегиранд, наметавонанд зиндагии худро пеш баранд ва ночоранд рӯ ба ғуломии кишвари Русия оваранд. Чанд мавридеро зикр мекунад, ки милисаҳои баландрутба дар Русия ба аробакашиву таксиронӣ машғуланд.

«Бародари қиёматӣ»-и мо аз Бохтар (Қурғонтеппа аз қавли як полковник навиштааст, ки вазъи саломати Раҳмонов вахим аст ва шояд рӯзҳои охири худро дорад мегузаронад.

 Дар номаи омада аз Ҳамадонӣ муаллиф аз мардум даъват кардааст, ки беш аз ин нагузоранд, ки Раҳмонов ба дину оини онҳо тавҳин ва таҳқир кунад. Муаллифи панҷии мо раиси маҳалла ва чанде аз ҳамроҳони вайро ба дуздии маблағҳои мефиристодаи муҳоҷирон, ки барои ободии деҳа бояд сарф шавад муттаҳам кардааст:

                                   Варзоб

Ассалому аллейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз деҳаи Арчазори ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб менависам.

Гапро зиёд тӯл намедиҳам. Мақомоти ноҳия омаданду аз мо барои трансформатор гуфта сари оила 400 сомонигӣ гирифтанд. Аммо дар ин фасли зимистон, ки мо ноҳияи куҳистониему худи барқ ҳам бо лимит дода мешавад барои сим-ноқил 250 сомонӣ ҷамъ карда истодаанд.

Ман аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб мекунам, ки як бор оянду ин ҳамаро тафтиш кунанд. Охир ин чи гап аст?

 Варзобро бо дачаҳо-амалан фоҳишахонаҳо ҳарому харобу бефайзу бебаракат карданд. Дар ин дачаҳо свет постоянний ҳаст, аммо дар мо нест. Вале бояд симу трансформатору столбаро бо мардуми деҳот бихарем. Охир чаро?

                                  Кулоб

   Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Аллоҳ муваффақ гардонад ва нигаҳбонат бошад.

  Бародар 60 сола шудему ҳоло ҳам дар муҳоҷират ҳастам. Ин ҳолу вазъи мо то ба кай идома мекарда бошад? Дар муҳоҷират бо тамоми одамони касбу кори гуногун во мехӯрем. Ду маълумоти олӣ дорад, омадаст ароба мекашад.

  Як рӯз дар бозори Люблинои шаҳри Маскав дидам, ки майёри милиса бо як писараш ароба мекашид, одами калонсол дар нафақа аст. Як тои дигараш подполковники милиса нафақахӯр, инҷо таксӣ мезанад.

Ин чи давлат, ки ин қадар солҳо ин мардум хизмат кард аммо дар айёми пиронсолӣ омада дар Русия ғуломӣ мекунад. Худи ман ҳам чандин сол дар милиса кор мекардам, аммо 15 сол зиёд мешаавад, ки дар Русияам. Ман медонам, ки тамоми бадбахтиҳои мо аз пушти Эмомалӣ Раҳмонов ва оилаи вай аст. Бовар кунед, ки ҳар вақте яке аз аъзои ин оила калон шуда пайи зиндагӣ мешавад, як бахши иқтисоди Тоҷикистон фурӯ меравад. Чунки он бахшро соҳиб мешавад.

  Ман ба коргарони милиса, низомиҳо, амниятиҳо хусусан ба СС.Ятимов ва Раҳим Рамазон гуфтаниям, ки шумо метавонед Раҳмоновро дар як рӯз бурда зиндон кунед бо тамоми оилааш ва шуморо баъд миллат мебахшад. Ҳамаи ҷиноятҳои шуморо фаромӯш мекунанд. Асос ҳамин Раҳмоновро зиндонӣ кунед. Шумо метавонед. Зиндониҳои бе гуноҳро, рӯзноманигорони ҳақгӯро озод кунед, мардум шуморо мебахшад.

  Лек агар ба мисли Мадуро президенти собиқи Венесуэла дуздида шавад, вой бар ҳоли тоҷик мешавад. Дидем, ки Трамп баъди дуздида шудани Мадуро чи гуфт-  даромади аз пули нефт ба ихтиёри Америка гирифта мешавад.

Барои ҳамин бояд ин тавр нашавад, амал кунед.

 Раҳмонов бисёр шахси буздил ва тарсу аст. Як мисоли одӣ барои кормандони милиса, ҳарбиён ва амниятиҳо гуфтаниам.

Шумо нафақа мебароед меоед Русия ба ғуломӣ. Аммо барои чи ҷиноятҳои Шаҳбозро дар назди экрани телевизион тамом миллат дид, аммо ҳеҷ чора дида нашуд? Президент савол мекунад, ки чанд сол кор мекунӣ? Мегӯяд 2 сол, мепурсад, ки чанд хона дорӣ? Мегӯяд 2 хона. Чанд мошин дорӣ- 3 мошин.

  Пурсида мешавад, ки дар давоми ду соли фаъолияти корӣ чи қадар маош мегирад ва аз куҷо? Боз аҷибаш пулҳои хориҷа баровардааш аст ки инро ҳам медонистааст Раҳмонов. Дар охир Раҳмонов мегӯяд «ҷавон ҳастӣ набошад ҷои ту кунҷи зиндон. Пулҳои хориҷа баровардаатро баргардон»!

   Чи қадар чунин Шаҳбозҳо дар бандаи Раҳмонов кор карда истоданд. Бояд барои хишения государственних имушества выше мер наказание дода шавад ва тамоми дороиҳои ин гуна шахсон давлатӣ карда шаванд ва баъд ҳукми қатл дода шавад, он гоҳ баъд муҳоҷират нест мешавад. Баъдан корманди милиса нафақа мебарояд ва ҳар сол бо оилааш ба санатория меравад, на онки ғуломӣ. Фикр кунед кормандони милиса, амниятиҳо ва ҳарбиён касоне, ки аз Шумо дар бандаи Раҳмонов нест, оқибататон ғуломӣ аст.

  Бисёр кормандони милиса, амниятиҳо ва ҳарбиён аксари шуморо фарзандонатон дар ғуломӣ мебошад. Ку барои чи аъзои бандаи Раҳмонов ду сол кор мекунад соҳиби хонаҳои бешумор мешавад вале оқибати аксарияти шумо ғуломӣ.

 Агар моликияти дуздидаи Раҳмонов бо бандааш ба давлат ва миллат баргардонда шавад Тоҷикистон аз қарз халос ва боз чанд корхона сохта мешавад.

  Як бор аз пеши прократураи ноҳияҳо, шаҳри Душанбе, гумрук ё андоз гузаред бо чи хел мошинҳо коргаронашон кор меоянд- мошиниҳои последний модел. Вале  милиса, ҳарбиён ва амниятиҳои одӣ чи? Мошинҳои арзонтарин. Оқибат милиса, ҳарбиён, амниятиҳо баъди нафақа ғуломи Россия ва дигар кишварҳо мешаванд.

  Ин қадар хизмат мекунед, дар охир ҳеҷ чиз. Нафақа барои зинда мондан намерасад. Шумо маҷбур мешавед ба ғуломӣ рӯ оваред. Агар аз бандаи Раҳмонов бошед, метавонед зиндагӣ кунед.   

Аз СС.Ятимов ва Раҳимзода дар охир хоҳиш дорам. Рустам омад шумо, тамом на худатон ва на номатон мемонад. Агар хоҳед номатон дар таърихи Тоҷикистон бимонад Раҳмоновро бо оилаву бо бандаш бо Шаҳбозҳо зиндон кунед ва ҳукуматро мардуми кунед ба мисли мер Ню-Йорк, ки баромад карда гуфт «Трамп ман туро шарики генотсид медонам, ту ба мисли Нетаняҳу қотил ҳастӣ».

Шумо ҳам ҳамин хел ҳукумат созед. Шумо метавонед, мардум шуморо мебахшад. Аммо номи Раҳмонов дар таърихи тоҷикон ҳамчун русияҳ ва хоин навишта мешавад. Дар даҳ асри гузашта чунин роҳбари золиму тарсончак нагузаштааст.   

Домулло ин чизҳои ба чашми сар дидаамро навиштам. Хатоиҳоро ислоҳ кунед. Мо як аробакаш дар ғарибӣ, дар бозорҳои Россия

                                     Бохтар

  Ассалому алейкум бародари қиёматиям Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман ҳамон бародари қиёматии шумо ҳастам. Боз саломи писарона бо модари меҳрубонам. Бародари азиз! Худоро шукр мекунам, ки агарчи модари маро аз наздам дур кард боз модари дигареро ба ман насиб кард.

Бародар ин чорумин номаи ман астки бо шумо равон мекунам ва шумо ин шо Аллоҳ нашр мекунед.

 Ҳоло, акнун меравем сари асли масъала. Ман дар охирон нома, ки ба шумо навиштам гуфтам бо полковник суҳбат доштам. Аз байн чанд рӯз гузашт. Боз ҳамон полковникро дидам. Боз ба пешаш рафтам ва гуфтам, ки ассалому алейкум ҷаноби полковник. Ҷаноби полковник бо ман салом кард ва гуфт, ки бисёр чеҳраат ширин метобад. Ман хандида гуфтам, ки маро нашинохтед? Не, нашинохтам, гуфт.  Гуфтам ман ҳамон шахсе, ки бо шумо суҳбат доштам. Ҳайрон шуда гуфт, ки ман шуморо мекобам ва ду кас рафтем дар як ошхона нишастем. Баъд гапро сар када гуфт, росташро бигу гапҳои маро ту ба Ислоҳ расондӣ? Гуфтам, бале ман расонидам.

Гуфт чаро охир? Гуфтам, ки вақте шумо маро гуфтед, ки «боз рафта дар мақомот бузӣ накунӣ» барои ана ҳамин гапҳоят. Гуфт, ки ҳозир шуморо бурда дар отдел маҳкам мекунам. Гуфтам, ки майлаш, бикун. Агар шумо аз ҳамин булдок пуштбонӣ кунед, ман розӣ, ман мардам ва мардона мемирам. Хандида гуфт, ба худо қасам,  ки бародар ман як додар доштам, аз олам чашм пушид. Аз ҳамин рӯз шумо бародари хунии ман ҳастед. Гуфтам, бале, ман ҳам бародари хуният, ҳам бародари ҷоният.

    Ба ман гуфт, ки Муҳаммадиқболи Садриддин дар ҳақиқат корашро мекунад бо ин талабаҳояш. Гуфтам, ки ин ша Аллоҳ мо бояд сари Раҳмоновро бихурем. Ва пурсидам, ки ягон навигарӣ ҳаст, ки бирасонам? Гуфт ҳаст, вале бародар, эҳтиёт кун, ки пай набаранд, ки мо ҳастем. Розӣ шудам ва итминон додам.

Гуфт, ки ин булдок бемори сахт аст, камаш мондааст, ҳаррӯз дар назорати табибон  аст. Бояд бо қарибӣ одамкушӣ кунанд. Лекин аниқашро намедонам. Бояд 10-20 касро туҳмат карда шинонанд. То миллат ва мардумро битарсонанд, ки яке нахезанд. Гуфт, ки вақти сахттар кардани режими интиқоли свет сахт дар ҳарос шуда буданд. Ва ин полковник вақти худоҳофизӣ гуфт, ки бале бародар, бояд мардона бимирем. Ягон навигарии дигар шуд, ба шумо мерасонам.

Бародари қиёматиам, Муҳаммадиқбол!  Боз дигар масъала. Дар Ютуб як бадбахти чоплус аст бо нами Юрист.тҷ . Мардумро фанд карда мегуяд, ки дар Русия вазъият пагоҳ тенҷ мешавад. Аммо пагоҳаш нигоҳ мекунӣ боз рейд сар мешавад. Баъд ман фаҳмидам, ки ин бадбахт қиморбозӣ мекунад, ки лайкаш бисёр шавад ва билети бозиаш ба савдо равад. 

  Ман ба ин Юрист.тҷ-и бадбахт гуфтаниам, ки иншоаллоҳ дар пеши ин милат ва дар пеши худованд барои ин дуруғҳоят ҷавоб хоҳӣ гуфт.  

Бародари қиёматиам, мутаассифона ман дасти расо надорам, ки кумаки худро расонам, манзурам маблағ. Худамро нороҳат ҳис мекунам. Лекин барои шумо ва барои муборизин ҷонамро дареғ намедорам ва ҳар хабаре ба дастам расид, ба   шумо мерасонам.

  Бародари азизам, худованд ҳеҷ вақт муҳтоҷи номардат накунад. Ҳамон дуъои модарамро боз мегуям бо шумо:

Илоҳо душманатро хаста бинам, забонаш дар даҳонаш баста бинам, сари шом оям аҳволаш бипурсам, саҳар хезам мазораш баста бинам. Омин.

Аз тани ман дастони модари азизамро буса кун, дар руйҳоят бимол, ки аз ғарибӣ ба хона меомадам, дастони модари хушбуямро буса карда бо чашмонам мемолидам. Беҳад интизорам. Кай бошад ба орзуям бирасам.  

                                      Ҳамадонӣ

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз, ровии барномаи Ислоҳ, муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин! Худованд дар дунёву охират шуморо сарфароз гардонад. Умедворам ин номаи маро дар барномаатон ҷой медиҳед.

 Эй, мусалмонон, эй инсонҳое, ки худро мусалмон меҳисобед, хуб гуш кунед ба суханҳои ман. Ман як инсон, як бандаи худованд чунин мегуям:- имрӯз бо чашми сар ҳар яки мо дида истодаем, ки мардуми тоҷик дар дохили  ва берун аз Тоҷикистон дар чи ҳолат қарор доранд. Дуъо кунед, ки худованд ин золимро, ин тоғутро ин лаънаткардаро тез қадамҳояшро аз замин канда гардонад. То ба кай хомушӣ? Ин золим дар муқобили худову расул, дар муқобили ислом ва шариат, дар муқобили ҳичобу риш ва дигар аҳкоми шаръӣ мубориза бурда истодаст, аммо мову шумо хомуш истодаем. Чаро мо аз дини худо муҳофизат намекунем? Куҷост нангу номуси мо? Мо, ки худро мусалмон меҳисобем, барои чи дар муқобили ин золим хомушем? Шумо фаромуш накунед, ки ҳар яки мо дар пешгоҳи парвардигор ҷавоб хоҳем дод.

  Ин ҳукумат дар қатли мусалмонҳо даст дорад. Рӯз то рӯз, солҳост бо ваъдахои холии худ дили шуморо пур месозад ва шумо бошад ин лаънатиро бовар карда гаштаед.

   Шумо ба худ савол диҳед, ки аз инсоне, ки  худро мусалмон меҳисобаду дар муқобили худову Расул ҷанг мебарад, чиро метавон интизор шуд? Чаро ин қадар мову шумо сода ва зудбовар ҳастем.

Худову расул ба ҳимояти мо ниёз надорад, аммо мо бояд барои арзу номус ва шарафи худ бояд аз ин дини муқаддасамон муҳофизат кунем.

30 сол зиёд шуд ваъда дода истодааст, аммо ягон беҳбудӣ нест. Боз ҳам шумо бовар карда истодаед. Аз ин инсон ягон хубие интизор нашавед. Зеро ин инсон бо авлодаш душмани худову Расул аст.

Ҷавонхо рӯз то руз аз дин дур шуда истодаанд, мо куҷоро нигох дорем? Занҳо бе ҳаё ва мардхо дайюс, сабаб дар чист? Сабаб ин аст ки ин ҳукумат мардумро аз дин дур кард, исломро аз мардум дур кард, масҷиду мадрасаҳоро баст, азонро манъ кард, амри маъруфро низ манъ кард, ришу ҳиҷобро гирифт, рафтани ҷавонҳо ба масҷидро манъ кард. Ҳеҷ коре намонд, ки накарда бошад, вале ҳануз ҳам мо хоб ҳастем. Хезед даст ба даст шавем ва аз як гиребон сар дароварем. Ҳануз ҳам дер нашудааст, вагарна ҳамаро аз даст медиҳем.

  Тарси мо танҳо бояд аз худованд бошад, на аз ҳукумати Раҳмонов ва  на аз худи Раҳмонов. Шуморо чи шуда аст ки ин қадар аз ин Раҳмонов метарсед. Шумо хоҳед нахоҳед мемуред. Агар мурдани бо саодат хоҳед, муқобили ин тоғут муборизаро сар кунед, то насли аз пушти мо омада аз мо ба хубӣ ёд кунанд. Шумо бояд дӯстро аз душман фарқ кунед. Заҳмтҳои ҳамаи мухолифон барои мову шумост.

Худованд ҳолати ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, то он қавм дар тағйири ҳолати худ  мубориза набарад.

Дар охири нома аз худованд талаб мекунам, ки ин миллати дар азоб бударо аз хоб бедор бисозад ва дар муқобили ин золим устувор гардонад. 

                                            Панҷ

   Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз деҳаи Шахмат, ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, яъне Куйбеш ин нома ва ин аксро равон мекунам.

 Чи хеле мебинед дар группа 132 нафаранд. Ҳоло дар инҷо ин 30 фоизи мардум аст, бисёриҳо нестанд ва намехоҳанд бошанд. Дар ин чанд соли ахир раиси группа Маҳмадалӣ Каримов мебошад.

   Мо аз соли 2019 ба ин сӯ пул ҷамъ мекунем ва то ҳозир ин кор идома дорад. Солҳои пеш раисони группа барои сум ҷамъ кардан касҳои дигар буданд. Солҳои пеш мулло Ҳалим ва мулло Давлат буданд. Ҷамъоварӣ аз 1200 рубли русӣ сар шуд. Чанд сол ҷамъ карданд. Мегуфтанд, ки дар деҳа стадиони замонавӣ, спортзал ва дигар иншоот месозем. Аммо ин чанд сол, ки ҷамъ карданд, пул ба кадом ғоре рафт, дигар ҳама хапу дам шуд.

 Баъдан омад Каримов Маҳмадалӣ бо чанд нафари дигар. Солҳои 2023. 2024. 2025 -1500рублӣ ва 2026 2000 рубл шуд ва як группаи дигар ташкил карданд барои худашон, типа одамҳои боақл дар онҷо маслиҳат мекунанд ва дар ин группаи умумӣ эълон мекунад, ки ҳамин хел мекунем. Ин Маҳмадалӣ бо чанд нафари гирдаш худашон пешниҳод мекунанд ва ин рафиқонаш ӯро бо қавле дастгирӣ мекунанд ва тамом гӯё ҳама розӣ ва баъдан эълон мекунанд. Мебахшед ҷаноби раис, шумо боре аз ин группаи умумӣ пурсидед, ки мо ҳамин корро кунем ё не? Шумо бо ҳамон 4 шайтоне дар барат ҳаст, бо ҳамонҳо тақдири деҳаро ҳал мекунед?  Он дуздҳо худашон киянд, ки ин коро мекунед? Аз соле шумо раис шудед ва рафиқонат боре ба ин мардум ҳисобот додаед, ки чи қадар пул ҷамъ шуд ва аз соли 2023 то 2025 ин пул куҷост? Дар инҷо 500 нафар пул медиҳад ва дар як сол 750 ҳазор рубл ҷамъ мешавад. Ҳол он ки мо хайри озодро ҳисоб намекунем, фақат ин пули солонаи мардум 750ҳазор мешавад. Ягон сол шумоҳо ба мардум ҳисобот надодаед, ки чи қадар пул ҷамъ шудааст.

 Ин пули солона барои мардум, худо нишон надиҳад кадоме  аз деҳа аз дунё гузарад равон кунем, шукри Аллоҳ ҳамаамонро дар паноҳаш нигоҳ дорад ва соқу саломат ба назди падару модар ва фарзандонамон бар гардонад, лек дар ин солҳо ҳеҷ кас аз дунё нагузаштааст, дар ин ҷо худоро шукр. Ҷамъ кунед, мо зид нестем, барои ин кор. Лек наход то ин дараҷа, ки аз 1200рубл то ба 2000рубл расад? Ба худо қасам шумо аз Раҳмонов гузарондед. Он бадбахт дар онҷо пули обу светро мебардорад, шумо дар инҷо.

 Баъдан амниятро кам рафта «хабар» гиред. Занг задааст назадааст, медавед ва пуле, ки мо ҷамъ мекунем бурда медиҳед. Инҳояш камӣ мекард, ки он бадбахт аз куҷое бӯй гирифтааст, ки мо пул ҷамъ мекунем, раисони группа ё рафиқонаш мераванд ба хона дарав фарёдашон мекунанд, ки «бе мара чи овардӣ, чанқа пул овардӣ, имсол чи қадар ҷамъ шудас пул»? Ман худ шоҳид будам дар як бораш. Маҳмадалӣ Каримовро фарёд карда бурданд амният. Чанд суме договор карданд, доданду омаданд, дигар чизе нагуфтанд.

Маҳмадалӣ ту бо он дуздони барат маслиҳати соз кунеду баъдан баромада дар   группаи умумӣ ҳар солро- аз соли 2023 ҳисобот деҳ. Ин пули солона ба ягон ҷо расход нашудааст. Чи қадар ва аз кадом солҳо ҷамъ шудааст. Бас аст дигар шайтонгарӣ, фиребу дуздӣ.

 Бародарони деҳа ин аз барои Аллоҳ буд, ки ман навистам, шумо хафа нашавед. Дар бисёр ҷойҳо дидем ва шунидем. Агар ягон хешу авлодат дар байни ин дуздон бошад, барои бизнес ё барои мошин, барои чи чизе хоҳӣ пулат медиҳанд. Вале  вақте ҳеҷ кас надорӣ дар барашон ба ту пул намедиҳанд. Мегуянд ин пули мардум аст, мумкин нест ин кор. Лек барои худашон ҳамаи чиз мумкин аст.

 Баъдан, Маҳмадалӣ, ту чи он қадар хари калонӣ, ки касе маъқулат нашавад, дарав мегириву удалить мекуниаш, ё ягон чиз нависад ё ягон хабари деҳаро пеш аз раис диҳад дар группа дарав удалит мекуниаш. Ту аввал як ба худат нигоҳ кун, ки то дирӯз, кӣ будӣ? Имрӯз пули ҳаром хурдӣ, дар рӯят маска кашидӣ, каме эҳтироми худатро дон.

 Ҳама мардуми деҳа мехоҳад ҳаҷму андозаи пули солона ба таври соли гузашта бошад. Ман медонам ҳамаи деҳа шабакаи Ислоҳро тамошо мекунад ва шумо раисони мӯҳтарам хоҳед фаҳмид инро. Аз дасти бузони шумо мардуми деҳа  метарсад, ки ягон гапи ҳақро гӯяд. Фаврӣ ба амният месупоредаш бузҳои деҳа.

 Соли гузашта дар деҳа интихоботи депутатҳо буд. Як бародар бо номи Раҳимов Ҳакимро (1994 соли таваллудаш) ба 6 сол зиндон фиристодед. Ӯро чанд рӯз пеш аз интихоботи депутатҳо  аз аэропорти Қӯрғонтеппа гирифтанд. 
Дар назди як чанд дӯсташ гуфтааст, ки ин шикамдамҳоро ман намешиносам. Ман ба Иззат Амон овоз медиҳам, сурати яктоашро хат мезанам ва номи ӯро менависам, ӯ сазовор аст. Баъд як бародари дигар гуфт, ки ин корро накун дастгират мекунанд. Хулоса, коре карда ӯро аз ин роҳ гардонд. Лек ӯро фурӯхтанд ва дар фурудгоҳ дастгираш карданд. Ба бузони деҳа ва мақомоти ноҳия  гуфтаниам, маро накобед. Маро тамоман нахоҳед ёфт. Фақат бародар Муҳаммадиқбол медонад ва кадом вақте лозим шавам, хоҳад ёфт.

Шумо раисони мӯҳтарам ва номуҳтарам ислоҳ шавед ва гуфтаамро иҷро кунед. То ин дам хомӯш истодем, аммо дигар тамом. Агар ин раис ҳам корро партояду гурезад, пас маълум мешавад ранги раисони пеш пули мардумро гирифта ба ғаризаҳои шахсияш масраф кардааст ё ба амният додааст. Раиси нав ҳам шавад боз мо хоҳем навист, то ислоҳ шудани шумо ва ҳисобот доданатон. То ҳисобот надиҳед дигар мо пул намедиҳем!

 

Share This Article