Ин бор низ номаҳои пур аз дарду шикояти сокинонро аз навоҳии Қубодиён, Бохтар,Истаравшан, Ғафуров дар барнома ҷой додем ва як номаи дигар аз хабарнигори ҷамоатии мо аз Волгоград.
Муаллифи қубоиёни мо аз муносибати милисаҳои Қубодиён сахт шикоят кардааст, ки барои як сигоркашӣ аз ӯ ва як рафиқаш 300 сомонӣ талаб кардаанд.
Ин муаллиф ҳамчунин аз як ҳодисаи чор соли пеш ёдовар шудааст, ки нишон медиҳад ҷаноби Прокурори генералии имрӯза ҳам мисли пешинааш дар қочоқи маводди мухаддир даст доштааст.
Муаллифи ҷамъиятии мо як масъала-тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ва мушкилоти онро бо такя ба навиштаи як гурӯҳи сокинон ба баррасӣ гирифтааст.
Нависандаи номаи омада аз Истаравшан аз сохтмони домҳои бидуни нақша дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ намуда ва аз сокинон талаб кардааст, ки барои дифоъи ҳуқуқҳои худ сокит набошанд, вагарна ду, се сол пас ҳатто роҳи гузарашонро ин домсозҳо гирифта баландошёна месозанд.
Аммо муаллифи номаи омада аз Ғафуров аз хушҳоливу хурсандии қисми зиёди аҳолии ин шаҳр навиштааст, ки бо рафтани Салимзода Нусратулло аз мақоми раиси ноҳия ҳамагон оҳи сабук кашидаанд. Чаро мардуми Ғафуров аз рафтани Салимзода беҳад хурсанд шудаандро аз номаи фиристодаи онҳо мефаҳмед:
Қубодиён
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Номаро аз Қубодиён мефиристам.
Бовар кунед, ки ин милисаҳои Қубодиён аз фашист ҳам бадтаранд. Мо дар район сигарет мекашидем. Ду милиса омада гуфтанд, ки чаро дар ҷои ҷамъиятӣ сигарет кашидед? Дар пешамон ҳатто як нафар ҳам набуд. Мо гуфтем, ки «акаи камандир бахшиш мо нафаҳмидем». Ин милиса гуфт: «ба мо бахшиш- пахшиш нест, мерем адел ба мефаҳме».
Моро бурдан отдел. Милисаҳо шиштагӣ, шикамҳо мисли занҳои 9 моҳа. Мегӯянд, ки «шумо ҷои ҷамиятида сигарет кашиде 300 сомон ҷарима». Мо гуфтем акаи камандир мо нафаҳмидем. Охир, ин чи ҷои ҷамъиятӣ буд, ки пешамон ягон одам набуд ва мо тоқа будем. Ҷое, ки сигарет кашидан мумкин набошад бояд, ягон аломат ё ишорае дошта бошад, ки мамнуъ будани сигоркаширо муайян кунад, чуноне, ки дар Русия нелзя курит навиштаанд.
Як милисаи оқипадараш дар ҷавоби мо гуфт: «эй, бахшишта бра да пеши мулои масчитон бугу, иҷа бахшиши ту ба кор намия. Брое 70 сомонӣ биёву биёр, бре набоша 300 сомонӣ раведу дар бонк биспоред».
Ҳамин қадар мефаҳмонем, намефаҳманд. Охир барои якум бор огоҳӣ гуфтаанд. Баъд, наход ҷарима барои як сигарет кашидан дар ҷои ҷамъиятӣ 300 сомонӣ бошад? Охир 300 сомонӣ дар Тоҷикистон пули як қопча орд ва 10 кило шакар аст. Наход одамро барои як сигарет кашидан дар ҷойи ҷамъиятӣ 300 сомонӣ ҷаримааш кунӣ. Хуллас, то 70 сомонӣ нагирифт, сарамон надод. 70 сомониамро гирифт баъд сар дод. Он ҳамроҳам надоштааст, бечора қарз карду супориду баъд омад.
Он ҳамроҳи бечораам мегӯяд, «акаи камандир ман хизмат кардагиюм фалон частда» ва ҳамин тариқ ҳамроҳашон хуб гап зад, аммо он милисай 9 моҳа ҳомилааш гашт гуфт хизмат кардӣ ба худат хизмат кардӣ, сума те, давай досвидания.
Ана ин аст аҳволи Тоҷикистони пешвои миллат!
Боз як ҳодисаи дигарро нақл мекунам бародар, ки дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед. Ҳарду ин номаро аз Қубодиён гуфта нашр кунед.
Историяи ана ҳамин одамро як одами дигар нақл кард. Номаш Раҳимов Нурулло Мирзоназарович бо лақаби «кафтарбоз»-наркобизнес буд. Аммо дар ин кор Ҳабибулло Воҳидзода ҳам «қуш» будааст. Ҳабибулло Воҳидзода ҳозира Прокурори генералии Тоҷикистон.
Раҳимов Нурулло Мирзоназарович бо Воҳидзода бизнеси маводди мухаддир доштаанд. Главар ҳамин Ҳабибулло Воҳидзода будааст. Он вақт вай Прокурори генералӣ набуд. Раиси Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон буд. Ин Воҳидзода вақте мебинад Раҳимов Нурулло Мирзоназарович суми зиёд дорад подставиташ мекунад.
Раҳимов Нурулло Мирзоназарович аввал мегурезад Русия. Аммо ин Воҳидзода фанду фиребаш мекунад мегӯяд, ки баргардад биё Тоҷикистон ҳаллаш мекунем. Ин Раҳимов Нурулло Мирзоназарович ба Воҳидзода бовар карда бармегардад. Вай сокини Душанбе аст. Соли таваллудаш 1972 аст. Хуллас вай меояд, аммо Воҳидзода ӯро боздошт ва сипас ӯро 25 сол аз озодӣ маҳрум мекунад. Ин ҳодиса дар соли 2022 руй додагӣ аст.
Ҳабибулло Воҳидзода ва ниҳоди он вақт зери раҳбарии вай Агентии мубориза бо гардиши қайриқонунии маводдди мухаддир он вақт дар хабарномае чунин навишта буданд:
” Бино ба иттилоияи агентӣ, кормандони ин ниҳод моҳи феврали соли 2022 дар натиҷаи як амалиёти бобарори оперативӣ – ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе гурӯҳи муташакили ҷиноятпешаеро дастгир намуд, ки дар қочоқ, фурӯш ва гардиши воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон даст дошт. Саркардаи гурӯҳи муташакил Раҳимов Нурулло Мирзоназарович соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Чортути боло, оиладор, соҳиби 4 фарзанд будааст. Агентӣ гуфт, Нурулло Раҳимов “шахсияти “маъруф ва шинохта” дар олами ҷиноӣ бо лақаби “Кафтарбоз” мебошад, ки соли 1995 бо моддаи 234 КҶ ҶТ ва 228 КҶ Федератсияи Русия (ҳарду дафъа бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир) ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.” Агентӣ гуфт, ҳамроҳ бо “Кафтарбоз” 4 тан аз ҳаммаслаконаш низ боздошт шудаанд.
Айни замон «кафтарбоз» дар зиндон асту Воҳидзода Прокурори генералии Тоҷикистон. Инки ҷаноби Воҳидзода бо ин қочоқбар чи гуна бизнеси қочоқ доштаандро дар барномаҳои баъдӣ хоҳем гуфт. Вале як чиз маълум аст ки Воҳидзода ин шарики бизнеси худро худаш фурӯхтагӣ аст. Шояд барои резултат бошад. Маълумотҳои ҷолиби дигар аз Ҳабибулло Воҳидзодаро дар номаҳои баъди тақдим хоҳем кард.
Волгоград
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин боз ҳам ман хабарнигори ҷамъиятти шумо ҳастам, ки аз Волгоград бароятон менависам. Ин бор низ баъди мурури сайтҳои нашрияҳои чопи Душанбе аз сайти нашрияи СССР як матлаберо зери сарлавҳаи «Панҷакент: 33 сол дар интизори замин» интихоб кардам.
Сабаби интихоби ин матлаб, аниқтараш номаи шикоятии як гуруҳи саднафараи деҳаи Амондараи Панҷакент дар чӣ аст? Сабабаш дар он аст ки ин масъала, ки дар ин номаи шикоятӣ матраҳ шудааст, дар тамоми манотиқи кишвар вуҷуд дорад. Гап дар бораи тақсимоти замин ё участкаи наздиҳавлигӣ ба ба аҳолӣ меравад, ки мо аз сафҳаҳои матбуот медонем, ки солҳост ба як масъала ва мушкилоти ҷиддии Тоҷикистон табдил шудааст.
Масъалаи мазкур, тақсимоти замини наздиҳавлигӣ яъне қитъаи замин, ки дар он шаҳрванд битавонад хона бисозад ба як манбаъи даромади муфти раисони навоҳӣ табдил шудааст. Гап дар он хусус меравад, ки чанд соли ахир додани қитъаи замин барои сохтмон ба салоҳияти раиси ноҳия дода шудааст.
Ҳоло инҷо ин навиштаро пешкаш карда ва сипас фикрҳоямро дар бораи он баён медорам. Ин номаи шикояти дар рӯзи 28 январи соли ҷорӣ таҳти унвони «Панҷакент: 33 сол дар интизори замин..» ба нашр расидааст, ки муаллифи он нафаре бо номи Ҳазратқул Аҳадов, аз номи сокинони деҳаи Амондара, ба СССР муроҷиат карда ва навиштааст:
«Мо беш аз 100 нафар сокинони деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент дар ширкати ба номи А. Фирдавсӣ кору фаолият карда, 1 мушкили кӯҳна дорем – аз соли 1993 то ба имрӯз ба мардум қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим карда намешавад.
Албатта он солҳо кишвар дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ буд ва мо аз талаби замин худдорӣ менамудем. Шукр имрӯз сулҳу салоҳ пойдор асту Тоҷикистон бо маром ба пеш меравад! Шукронаи тинҷиву осоиштагии Ватан!
Аз он вақт то ҳол 4 раиси шаҳр иваз шуд, вале ба арзи мо дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ касе посухи аниқу мушаххас дода наметавонад, фақат ваъда аст. Раиси имрӯза, Абдухолиқ Холиқзода низ пайи ҳамон пешинагиёнаш, ваъда медиҳаду халос. Мардуми деҳаи мо қонунҳои кишварро эҳтиром намуда, дар ягон қитъа худсарона якто санг нарехтааст, ки инҷо хона месозам. Мо намефаҳмем чаро ва бо кадом сабаб ба мо замин медиҳем мегӯянду намедиҳанд?
Мо замини обӣ талаб намекунем, дар лаби дарёи Зарафшон 75 га замини лалмии ширкати мо ҳаст, ки солҳои зиёд обро надидааст. Онҷо мешавад манзил бунёд карду об баровард». Бале, раисҳо меоянду мераванд, аммо мушкилоти замини наздиҳавлигии сокинон тамом намешавад. Ҳастанд хонаҳо,ки чор –панҷ оила дар онҷо зиндагӣ мекунанд ва табиист, ки дар чунин хонаводаҳо ҳамеша баҳсу даъво рух медиҳад. Аммо, мо медонем, ки барои афроди пулдор ва мансабдор қитъа барои сохтмони хона, участкаи наздиҳавлигӣ дода мешавад ва мо ин фактҳоро ҳам медонем, ки шояд имрӯз садҳо ҳазор дар тамоми манотиқи кишвар дар мавзеъҳое соҳиби замин гаштаанд, ки ғайриқонунӣ аст ва дар онҷо сохтмони манзил мамнуъ аст.
Аммо, тафовути ин номаи сокинони Амондара дар он аст ки онҳо пешниҳоди худро барои мавзеъи муайян кардаанд. Яъне мавзеъе, ки онҷо лалмӣ ва ғайриобӣ аст.
Ман ба ин сокинон як маслиҳат медиҳам. Ҳамин шумо сад нафар, ки беш аз сӣ сол интизори заминед, ҳар кадомеатон 5000 сомонӣ ҷамъ кунед ва ин ниммиллионро бареду ба раиси ноҳия диҳед, мутмаин бошед, ки мушкили «куҳна»-атон ҳал мешавад ва шумо соҳиби участкаи наздиҳавлигӣ мешавед.
Боқӣ худатон медонед.
Бохтар
Ассалому алейкум бародари қиёматиам Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман ҳамон додари қиёматии шумо ҳастам. Ман вақте барномаи «Минбари муҳоҷир»-ро тамошо мекунам модари азизамро дар хобам мебинам, ки беҳад хурсанду хушҳол аст. Модарам дар хобам гуфт, ки ин ша Аллоҳ мардум озодиро мечашанд. Акнун бедор шудам. Бовар кун бародари азизам, куртаам дар баданам тар шуда буд.
Дар як наворат дидам, ки бо як муаллим аз Айнӣ буд ё аз Чоркуҳи Исфара, ҳайф, ки фаромуш кардам суҳбат мекардӣ ва он нафар барои пешвояш шеър хонд.
Ман ҳам пешворо дӯст медорам, дар нохунак. Мехоҳам барои пешво шеър бихонам
Тоҷикистон ба пеш аст,
Шайтон задай хеш аст.
Таҷовузгари милат,
Шарипович Раҳмон аст
Ба зӯр омад ба қудрат,
Фанд кард ҳизби наҳзат.
Даст дод бар ин милат,
Шарипович Раҳмон аст.
Муҳибуллои номард,
Хусурбачай Раҳмон аст.
Ҳасану Раҳматулло,
Галубоёй Раҳмон аст.
Бовар мекунен милат,
Шарипович Раҳмон аст.
Қасам ба шири модар,
Ваъда ба ҳизби наҳзат
Беқадри ин миллат
Шарипович Раҳмон аст.
Миллата додай озор.
Худованд аз ту безор
Сатру ҳиҷоб куҷо шуд
Шарипович Раҳмон аст
Риши мардҳоро бурдӣ,
Озодада спурдӣ,
Оҳ, вай қили асп нестай,
Озода хурсанд шидесай.
Члики бенохунма
Камтараг тез кадесам
Барои Озодара,
Ма таёрӣ дидесам.
Э, Шарипович Раҳмон маргат қариб шуд, ин ша Аллоҳ. Илтимос бародар инро дар барнома бимон, ки ҳамон муаллими бадбахт гуш кунад, ки чи хел мардум пешворо дуст медоранд бо оилаи касифаш, чи хел шеърҳо эҷод мекунад, ин миллати ҷабр дида.
Боз аз шумо пурсиданиам бародари азиз, ки дар «Минбари муҳоҷир» як бародар баромада гап мезад, бисёр марди ҷасур буд- Муҳаммад аз Ғарм бо номи муҷоҳид. Чанд вақт мешавад, ки ман вайро намебинам. Бародар сиҳат ва саломат ҳастанд. Ба он бародар саломи манро расонед. Ба худо қасам чандест он бародаро надидам, беҳад зиқ шудам.
Илтимос Муҳаммад баро гап зан, шеърҳову суҳбатҳоятро беҳад ёд кардем. Ту рафиқи бародари ман будаӣ. Лекин шумо маро намешносед, бародарамро мешуносед. Вақташ ки омад ба шумо худро шинос мекунам.
Бародарони мубориз ҳамаи шуморо ба худованд месупорам.
Истаравшан
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи муътбар ва дустдоштании «Ислоҳ». Ман аз Истаравшан ҳастам ва ҳоло муроҷиат ва хитоб ба мардуми ин шаҳр дорам. Ин 2 дом пешравӣ не. Пешравӣ озодӣ, озодии мову шумо аст, мефаҳмед? Агар чунин вазъу ҳолат идома ёбад, имруз ё пагоҳ рохи 9-уми майро мехезонанд дом мекунан, сонӣ мефаҳметон. Баъд куҷо мераветон? Як савол барои сокинон ва соҳибони хонаҳои заминакӣ, ҳавлиҳои роҳи 9-уми май. Давним давно участка ҷудо карда шудааст, канӣ ба ҳамон участкаҳо бароетону проблемаҳоятонро нависед.
Вақте раиси шаҳр омад рафт аз Хуҷанд тамоми кормандони налоги шаҳри Истаравшанро овард ва чи кор кард ҳамон пулҳоро фақат як Муғтеппаро соз кард? Ҳамон ҳам аз ҳисоби соҳибкорҳо.
Эй, мардум, ба Худо бо ин вазъу ҳол поколениҳои навро ояндаашон несту нобуд аст. Ҳама буз, дузд, наркоман шудаанд, духтарҳо, занҳо интернетшин шудаанд.
Боз чанд нафар аз занҳои шӯдор бо милисаҳо «кор» мекунанд, подставакунӣ, пул канӣ дар авҷи аъло расидааст. Бадтар аз ҳама бадаш мардҳои бачабоз ҳам ҳаст. Ҳаминҳоро, ҳамин вазъу ҳолро пешравӣ мегӯетон? Бароеду нависед ҳамаи ин камбудиҳоро.
Ба шумо номери «Боварӣ»-ро медиҳам: +33 767 69 67 83. Агар, ки телефон даркор бошад, инаш аз ҳисоби ман ҳамон телефон ё ки пулашро ман медиҳам.
Камбуди гузар, қишлоқ, бозор, мактабҳо ва ағбаро нависед.
Агар ягон каси менавистагӣ бошад, пулашро ман медиҳам. Ман як нома аз 100сафҳа то 600 сафҳа дар бораи проблемаҳои Истаравшан навишта истодаам, ин ша Аллоҳ мефиристам.
Устод, ҳамон масъалаи пулашро ба шумо роҳӣ кунам?
Ғафуров
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин Баъди тамошои барномаи ахири «Семейканюс», ки қаҳрамони манфии он Нусратулло Салимзода буд, соҳибкорон ва умуман ҳамаи онҳое, ки ягон тиҷорат ё бизнесе дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доштанд, баъди рафтани Нусратулло Салимзода аз вазифаи раиси ноҳия нафаси озод кашиданд. Мардум аз дасти Нусратулло Салимзода ва котибааш Мунира ба дод омада буданд. Онҳо бо мардум тарзе муомила ва рафтор мекаранд, ки ҳатто мансабдорони Аморати Бухоро он тавр ғорат намекарданд. Аз баъзе аз корҳои онҳо шарми кас меомад. Ин қадар раису котибаи гушнаву ҳарис ва носерамро мардуми Ғафуров ёд надоранд.
Ҳатто, шояд боваратон наояд, продуктаи хонаи Мунира, сару либос ва умуман ҳамаи расходҳои Мунирахонро ба навбат ин ё он соҳибкори ноҳия харида мебурд. Писари Мунира ҳар вақте ки ба Ғафуров меомад алоҳида доля ҷамъ мекарду мошинашро полный бак заправка мекарданд. Тамоми кормандони мақомоти иҷрояи ҳокимияти Ғафуров аз рафтани Салимзода хурсанд шуданд. Ҳар обеди Салимзодаро бо навбат онҳо ташкил мекарданд ва барои Салимзода соати корӣ, вақти корӣ фарқ надошт, ҳатман арақ мезад.
Бачаи Мунира бисёр як сағераи ҳароми гуфтаи мардум тентак аст. Аз заправкаҳо заправка мекарду сумошонро намедод. Мегуфтан суми заправкаро деҳ, мегуфт «медони ма бачаи кийм?! Бачаи раиси нохия! Ҳози я занг мезанм заправката махкам мекнан». Бачаи Мунира хуни халқи Ғафуровро макид. Ҳозир боз акнун навбати Рудакӣ.
Ва, дар охир ман як андешаамро гуфтаниам. Ман зидди он ҳастам, ки як нафарро аз дигар ноҳия оварда раис монанд. Ин Салимзода Нусратулло аз Данғара омада дар Ғафуров чи кор мекард. Бигзор кадрҳо аз худи ноҳия раис бишаванд.
