Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№331

Ислоҳ нет

Ин бор номаҳо аз Рашт, Душанбе, Хуҷанд ва Ваҳдат матну муҳтавои барномаамонро ташкил додаанд.

Номаи Рашт аз як баҳси додгоҳӣ дар мавриди манзили истиқоматӣ суҳбат мекунад. Аммо ин баҳс, ки солҳо боз идома дорад ва ба прокуратура ва суд ҳам рафтааст, байни аъзои як оила аст.

  Муаллифи мо аз Хуҷанд, ки мегӯяд тамошобини ҳамешагии «Ислоҳ» аст, номаашро баъди мутолиаи матлаби охир дар бораи Озода Раҳмон навиштааст. Вай мегӯяд, ки ду сол мешавад дар як фирмаи Озода кор мекунад. Ва дар ин ду сол фаҳмидааст, ки Озода ва бақия бародару хоҳарони вай ҳеҷ гоҳ сер намешаванд.Чаро ин гуна ҳукм кардааст? Посухи онро аз номааш мегиред.

 Муаллифи номаи Душанбе аз Ҷӯра таксӣ аст. Барои ҳамин ҷузъитарин тағйиру таҳаввул дар пойтахти кишварро зуд пай мебарад. Дар пойтахт дар ин чанд рӯзи ахир ҳузури низомипушони мусаллаҳ бештар шудааст.

«Партизан»-и ваҳдатӣ, ки чанд вақт сокит буд, дубора теғу синонашро ба кор дароварда барои мо як нома аз кору фаъолияти Карими ДЭУ-и Ваҳдат фиристодааст. Дар бораи Карими ДЭУ дар номаҳои қаблиамон ҳам навишта будем. Аммо ин бор боз факту рақамҳои ҷолибтаре пешниҳод шудааст.

                                      Рашт

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садридиин! Ман……, сокини ноҳияи Рашт, деҳаи… мебошам.

 Мехоҳам баъзе маълумотҳои алоқаманд ба ин «оилаи»-касифро ба шумо расонам.  Воқеан аз дарду азобе, ки имрӯз як оилаи сокини ин дҳа мекашад ҳамаи мардуми қишлоқ хабар дорад, аммо касе коре анҷом дода наметавонад, чунки дар пушти ҳамаи ин «режими оилавӣ» истодааст.

 Ҳолу вазъи мо аз ин қарор аст:

 Дар даврони шуравӣ яке аз наздикони ҳамин оила Эшонҷонов Нусратулло бо Эшонҷонова Қурбоной оила барпо мекунанд. Эшонҷонова Қурбоной ин хоҳари ҳоҷӣ Шарифбек Давлатов, хусури Тахмина, яъне падари Зарифбеки Шарифбек мебошад.

  Эшонҷонов Нусратулло ва Эшонҷонова Қурбоной дар давраи донишҷуӣ бо ҳам шинос шуда, оила барпо мекунанд ва соҳиби панҷ фарзанд мебошанд, ки чор фарзанди онҳо дар замони шуравӣ ва охирони онҳо дар соли 1992 ба дунё омадааст.

Эшонҷонов Нусратулло дар ноҳияи Нурободи ҳозира, ки пеш Комсомолобод ном дошт ба ҳайси инжинер кор мекард.

Ӯ дар замини наздиҳавлигие, ки дар номи бародари хурдияш Идрисов Зокирҷон буд хона месозад ва дар номи худаш ва оилааш ҳуҷҷатгузорӣ намекунад. Онҳо 3 ё 4сол дар ҳамон хонаҳо зиндагӣ мекунанд. Хонаҳо фақат як қарори замин дар номи Идрисов Зокирҷон дошт ва ҳамон хел  мемонанд.

  Рӯзе ин наздики ин оила  бегоҳ аз кор бар мегардад ва мебинад,ки ҳамаи хонаҳо холӣ ва ҳамсараш Эшонҷонова Қурбоной ҳамаи чизхояшро ҷамъ ва дар як камаз бор карда бурдааст ва ҳатто люстраҳои хонаро ҷамъ карда бурдааст. Баъд маълум шудааст, ки Эшонҷонова Қурбоной кадоме аз бародаронашро таъин карда ҳамин корро анҷом додааст. Сабаби ин корҳоро нофаҳмии байни ҳамдигарӣ ва чанд сабабҳои дигар ҳам будааст. Ва дар ҳамон вақт онҳо чор фарзанд доштанд ва фарзанди панҷуми онҳо дар шиками модараш будааст. Бо ҳамин зиндагии онҳо аз ҳам мепошад ва онҳо ҷудо мешаванд ва ин ин сокини ин деҳа  ҳам аз қишлоқ баромада ба шаҳри Душанбе меравад ва дар онҷо хонаву дар ва аз нав оила барпо мекунад.

  Инҷо баҳси асосӣ бар сари замин ва хонаҳо меравад.                 

 Хулоса ҷанги шаҳрвандии соли 1992-97 шуруъ мешавад ва хонаҳо 2 сол бесоҳиб мемонаду чанд вақте гурезаҳо дар он хонаҳо зиндагӣ мекунанд.

Баъди ду сол худораҳматии падарашон Эшонҷон ба писараш  Нусратулло мегуяд то ин ки хонаҳоро ба писари дигараш Ғафурҷон бидиҳад, то ки хонаҳо аз даст наравад.    Нусратулло розӣ мешавад ва Ғуфронҷон бо ҳамсараш аз соли 1993 зиндагиро шуруъ мекунанд.

 Дар ҳамон вақт Ғуфронҷон 2 фарзанд доштанд ва ҳамроҳи онҳо ба зиндагии мустақилона дар ҳамон хонаҳо шуруъ мекунанд.

Бо мурури замон ин оила панҷ фарзанд мешаванд. Ғафурҷон хонае, ки дар он  зиндагӣ мекард ва он хона ҳеҷ ҳуҷҷат надошт ба ғайр аз як қарори замин 10 сотих дар номи Идрисов Зокирҷон буда дар соли 2007 ин заминро15 сотих сертифкати қонунӣ карда ва дар номи худаш  мекунад ва барои техпаспорт кардани хонаҳо ба бародараш Эшонҷонов Нусратулло суҳбат мекунад ва аз ӯ дар ин кор  борҳо ёрдам мепурсад. Бародараш, ки дар ҳамон вақт дар вазорати нақлиёт кор мекард ва вазифаи баланд дошт, ба Ғуфронҷон  мегуяд ҳамон хонаҳо аз туст ҳеҷҷо намешаванд. 

Дар ҳамон соли 2007 ҳамсараш  Эшонҷонова Қурбоной баъди 17 сол аз шаҳри Душанбе ба қишлоқ меравад ва аз Ғуфронҷон замину хонаҳоро даъво мекунад. Раҳматии Падарашон,ки хонаҳоро ба Ғуфронҷон дода буданд,ба вай мегуяд, ки ман аз шумо хона нагирифтам ва ба шумо хонаҳоро  намедиҳам, ҳар куҷое мехоҳед биравед.

Эшонҷонова Қурбоной дар вақти директори мактаб буданаш 7 сотих замин дар ҳамсоягии ҳамин замини баҳсӣ қарор дошт, мегирад. Баъдан Эшонҷонова Қурбоной ба назди раиси ҷамоат Салимов Абдураззоқ меравад ва бо ӯ дар ин масъала суҳбат мекунад ва бо ёрии котиби ҷамоат Каримов Сайнеъмон, замини худаш, ки 7 сотих  буд, ба ҷои он замини Ғуфронҷонро,ки 15 сотих буд, аз болои сертифкати ӯ боз сертифкат мекунанд. Дар ин ҳолат Ғуфронҷон маҷбур мешавад, ки ба суд муроҷиат кунад. Азбаски ягон ҳуҷҷаташон қонунӣ набуд се маротиба маъракаи суди сайёр мегузарад. Ду маротиба ҳалномаи суд ба фоидаи Ғуфронҷон анҷом меёбад ва бори сеюм Эшонҷонова Қурбоной бо додани пора ва тарс додани коргарони суду прокурор аз номи акааш ҳоҷӣ Шарифбеки хусури Тахмина суд хонаҳоро байни Эшонҷонова Қурбоной ва Эшонҷонов Нусратулло- шавҳараш дар соли 2010 ба ду ҳисса тақсим мекунад ва Ғуфронҷонро бо 5 фарзанд аз сертификати қонунӣ ва аз ҳақи зиндагӣ дар хонаҳо маҳрум мекунад. Баъди ин ҳама ноадолатӣ ва зулм Ғуфронҷон ба онҳо мегуяд касе аз дари хона дарояд сарашро бо табар мезанам. Дар ин муддати суду судбозиҳо Ғуфронҷон, ки як худаш кор мекард ва писари калоняш, ки 13 -14 сола буд ва ба вай ёрии молӣ карда наметавонист ва дар ҳамин вақтҳодухтаронашро ба шавҳар доданд, ба қарзи калон гирифтор шуда буд.

 5-уми декабри соли 2011 Ғуфронҷон саҳари барвақт, ки одатан як соат пеш аз бомдод мехест,аз хоб хеста ба таҳоратхона меравад. Ҳамон шаб барф меборид. Дар назди дари таҳоратхона давленияш мезана ва меғалтад. Уро ба хона наздиконаш дохил мекунанд дар хона табобаташ мекунанд, аз ҷояш хеста наметавонист ва гап ҳам намезад. Ҳамаи хешу табор дар барашон буданд.Вале ҳеҷ кас намедонист,ки Ғуфронҷон қарздори вазнин аст. Баъди 24 рузи беморӣ,рузи 29-уми декабр Худованд раҳматашон кунад, аз дунё рафтанд.

Писари калонияш ҳамон вақт 15 сола буд,хамаи масъулияти зиндагӣ бар гардани ин писар мегузарад.

 Дар ҳамон вақт ин писарбачаи 15 сола дар фикри хонаҳо буд ва борҳо ба амакҳояш гуфтабудааст,ки масъалаи хонаҳоро бинанд. Чунки дар ҳалномаи суд тақсим шуда буданд ва дар асл оилаи онҳо зиндагӣ мекард. Ва ҷавоби амакҳояш ин буд,ки Эшонҷонова Қурбоной дигар рӯяш намешавад хонаҳоро даъво кунад. Ва пас аз панҷ сол ин зани ҷодугар боз омаду хонаҳоро даъво кард ва аз руи ҳалнома хонаҳоро ду тақсим карданд. Писари Ғуфронҷон ҳам дар соли 2020 ба суд шикоят мекунад ва боз суд ба нафъи онҳо яъне наздикони семейка ҳалнома баровард. Писари Ғуфронҷон ба хулосае меояд,ки кор кунад ва ҳисаи онҳоро харад, вале онҳо ба ӯ нафурухтанд.

Дар соли 2025 онҳо хонаҳоро ба як шахси дигар фурӯхтанд, писари Ғуфронҷон мегӯяд, ки мо ҳамон пулро медиҳем вале боз ҳам ба ин оила нафурӯхтанд. Ин шахсе, ки хонаҳоро харид як инсони бадахлоқе ҳаст ки ҳарруз ҳақорату дошномҳои қабеҳ мекунад ва оилаи Ғуфронҷон аз инҳо халос нашуда зери ҳақорату дашном мондаанд. Ҳеҷ ҳимоятгаре надоранд.

Хуллас, мудати 20 сол мешавад ин оила зери зулми ин оилаи касиф ҳастанд ва ҳеҷ мақомоте наметавонад аз ин оила дифоъ кунад ва сабаби ҳамаи ин бадбахтиҳо оилаи  Раҳмонов аст. Воқиан ҳама мардум безор шудаанд аз ҳамаи ин зулму ноадолатии ин ҳукумати ноодил.

Бародар Муҳаммадиқбол мо барномаҳои шуморо ҳаррӯза пайгирӣ мекунем. Ҳоли ин оиларо дидам ва азоби ин оиларо, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагонӣ мекунам гуфтам биё ба Ислоҳ нависам, то ҳама аз он огоҳ гарданд. Худованд аз шумо розӣ бошад. Бо умеди пирузӣ.

                                     Душанбе
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди гиромӣ Муҳаммадиқбол!
Аллоҳ таъоло тани сиҳату сари баланд бароятон насиб гардонад. Алҳамдулиллоҳ барномаҳоро кайф карда тамошо дорем, лайк монда истодаем, поделится ва пайгирӣ карда истодаем.
Хабари марги ин пешвои худхонда (самозванетс) нашунидем лекин 100% казарма аст. Як ҳафта шуд дар ҳамон мавқеъҳое, ки патрулҳои Газелу спринтери мошинҳои ОМОН дар вақти сафарҳои ин пиракӣ меистоданд, яъне казармаҳо ба ҳамин шакл амал мекард, ҳамон гуна амал карда истодаанд.
Дирӯз се марди нобинои қории модардзодро шинондам. Ба Худо қасам бисёр шикоят карданд. Якеаш гуфт «и хари пира ду ҳафта шид садош нест, Худо кунад, ки мо қавӣ бошем ва ҳамин фурсатро аз даст надиҳем.

 Устод дар ҳақамон дуъо кунед!
Як чизи дигаро фаромӯш накунам. Дар атрофи шаҳр, гирду гӯша сарбозони зиёд гаштугузор доранд, шабона патрулҳо зиёд давр мезанад: бо 5 сарбоз ва бо як офитсер, минтақаҳои зиёдро назорат карда истодаанд, ки дар гузашта дар он ҷойҳо ягон гурӯҳи корӣ ё патрул аслан намегашт.

                                           Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз шаҳри Хуҷанд, аз микрорайони 19 менависам. Рости гап, хеле вақт аст ки барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Ман дар як ширкати Озода Раҳмон кор мекунам. Ду сол зиёд шуд. Мо барои магазинҳои шаҳри Хуҷанд ва Конибодом собуну айнаву фериву дигар чизҳои фирмаи «Озода кемикал»-ро тақсим мекунем. Мақолаи чопшуда дар бораи Озода Раҳмонро дар сайти шумо хондам. Ман саддарсад бовар дорам, ки Озода ва дигар аъзои оилаи Раҳмонов барои пул шуда ба тамоми кори паст, ба тамоми ҷиноят даст мезананд. Чунки ман дидам, ки нафси инҳо аз нафси аждаҳо ҳам бадтар аст ва таг надорад. Ҳатто соляркаву бензине, ки барои мошини мо медиҳад, тинбатин ҳисоб мекунанд. Муҳосиби мо мегуяд, ки ҳар охири моҳ одами Озода омада ҳамаро яктобаякто ҳисоб мекунад ва ягон хел бонус ё ҷоиза намедиҳад, баракс қарздорамон мекунад.

 Вақте ман хабари ба 300.000 сомонӣ кумак кардани Озода Раҳмонро ба Нилуфар Сафоева ,модари Қобилҷон Алиев ,он мактаббачаи даҳсолаи дар Маскав кушташударо фаҳмидам, гуфтам, ки ин 300.000ро ҳатман аз ягон мансабдор ё ягон бизнесмен ба зӯрӣ гирифта додааст. Чунки инҳо барои як дирам, болои як копеек худро мекушанд. Ман инро бо чашмони худам дидам. Дар вақти тақсими борҳо барои мисол баъзе бастаҳо меафтаду мекафад, баъзеҳояшро соҳибони мағозаҳо намегиранд, аммо онҳоро ба гардани мо бор мекунанд. Беҳад гушнаву хасисанд ин оила. Вақте хондам, ки 300.000 кумак кардааст, гуфтам, ки аз кулӯх ҳам шарора мепаридааст. Вале ин матлаби нашркардаи шумо, ки Озода дуздону қаллобони байналмилалии интернетиро дар Душанбе кришават мекунад, ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки 100% дуруст аст. Бародар, қанд занед, ки симои ин хабисонро ҳамин тавр барои мардум ошкор мекунед.

                                        Ваҳдат

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Як номаи фаврӣ аз Ваҳдат, аз партизани ваҳдатӣ.
Расулов Карим Ҳабибуллоевич раиси ДЭУ-и Ваҳдат аст. Ин Карим Ҳабибуллоевич вазифаро ба зури яроқ, яъне пистолет гирифта аст. Вақте дар соли 2010 Қодиров Анвар Вайсиддинович раиси шаҳри Вахдат шуд, ин Карими сорвоӣ як одами прастой буд. Вай ҷураи додари Анвари Вайсиддин буд. Як шаб бо мошини додари хурдии Анвари Вайсиддин, ки прадои сафед дорад, ба хонаи собиқ раиси ДЭУ-и Ваҳдат меравад. Раиси ДЭУ-и Ваҳдатро Карими сорвоӣ бо ҳамроҳии додари Анвари Вайсиддин аз хонааш мебароранд ва бо пистолети Макаров угражат мекунанд, ки аризаатро бо хоҳиши худат бинавис. Агар нанависӣ мепаронемат. Он бечораи раиси ДЭУ-и собиқи Ваҳдат, ки марди калонсол буд метарсад ва дар даруни Ҷипи додари Анвари Вайсиддин аризаи худро менависад, ки ҷонаш халос шавад.

Расулов Карим Ҳабибуллоевич аризара пагоҳ саҳар якҷо бо додари раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин мебаранду фармони аз кор холӣ кардани собиқ раиси  ДЭУ-и Ваҳдатро мебароранд ва ҳамон замон раиси нави ДЭУи Ваҳдат  Расулов Карим Ҳабибуллоевич мешавад. Договор бо раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ин буд, ки фоида попалам мешавад.

 Дере нагузашта аз қазияи маҳкамкунии масҷиди эшони Нуриддинҷон, ки 12.12.2012 рӯзи ҷумъа руй дода буд, дар масҷид бетартибӣ шуд, Анвари Вайсиддинро аз вазифа барканор карданд ва дар ҷояш раиси нав омад — Амирзода Раҳмоналӣ Амир, аз Муминобод. Ин бояд ҳамаро тоза карда одамони худашро мемонд. Ҳамин тавр ҳам кард. Вале Расулов Карим Ҳабибуллоевич, ки сорвоии доно аст, бо додараш Ҷунайдулло машварат карду аз шаҳри Ваҳдат тарафи ҷамоати Гулистон, ки беҳад ҷои хуб ва биҳиштосост як котеҷ бо арзиши 100 ҳазор доллар бо тамоми лавозимоташро ба раиси нав туҳфа кард. Раҳмоналӣ Амирзода раиси ДЭУро иваз накард ва то ҳоло аз Расулов Карим доля мегирад. Инро бояд ҳама бидонад, ки раиси ДЭУ-Ваҳдат Карими сорвоӣ бо зури оружия вазифаро гирифтагӣ аст. Нафари ба Амирзода Раҳмоналӣ калиди коттеҷро бурда додагӣ Ҷунайдулло бародари Карими ДЭУ аст. Ин Ҷунайдулло бузи Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ мебошад.  
Бародарони Карими ДЭУ-и Ваҳдат тамоман аз рамкаи инсонӣ баромадагӣ ҳастанд.
Як бародараш ба номи Расулов Амрулло Ҳабибуллоевич 2 духтари ҷавони тоҷикро ….. Волидайни духтарҳо дар прокуратураи Ваҳдат шикоят карданд. Карим Расулов ҷони бародарашро бар ивази 10.000 доллар харид. Бори дуюм ин волидайни духтарҳо шикоят ба суди шаҳри Ваҳдат карданд. Он замон раиси суди Ваҳдат ба ном Вайсиддини седой буд, аз Дангара. Боз Карим 10 ҳазор доллари нақд дод дар дасти раиси суди Ваҳдат ва темаро хомуш кард. Баракс угрожат карданд ба падарони ин духтарҳо, ки ҳоло телефонҳоятонро мебинам, мумкин Сурияро тамошо мекунӣ, худатро суд мекунем, гуфта тарсонд, бечора камбағалҳоро ва кор бо ҳамин хомӯш шуда рафт.
Бародари хурдии Карим ба номи Очилдӣ дар Ваҳдат як тарабхона дорад. Ин тарабхона барои бойҳо ва раисҳо аст. Дар тарабхона духтарони базеби ҷавонро ба ҳайси танфуруш истифода мебаранд. Мамарозаи ресторани Очилдӣ  
як зани бузбалаи сипсиёҳ ба номи Чаман Аброровна аст. Ин зан аз Сорво мебошад. Дар вақташ «сафедӣ» мефурухт ва протсент медод ба муҳоҷирон. Ин Чамангул Аброровна ҳамдеҳаи Очилдӣ аст. Бешубҳа Очилдӣ ба вай боварӣ дорад Ин мамарозаашон спокойно духтарони хушруро меорад, барои танфурушӣ дар тарабхонаи Очилдӣ.
Карими ДЭУи Ваҳдат як апа дорад ба номи Лутфия ва духтар дорад ба номи Бивисанг. Ин духтарро ба шавҳар доданд ба писари мулло Бобишои ҷодугари Ваҳдат, қишлоқи Лолазор. Мулло Бобишои ҷодугар авария карду мурд. Касабаи падарро писараш ба номи Эраҷ гирифт- ҷодугариро.
Ин Эраҷ домоди апаи Карими ДЭУ аст. Даже китоби Канзул -Ҳусайн дорад. Амниятиҳо 2 сол пеш рейд карданду Эраҷро қапиданд ва бо китобҳояш бурда  дар подвали амният маҳкамаш карданд.
Очилдӣ, ки тағои зани Эраҷ аст, худаш бузи СС.Ятимов мебошад. Бо маблағи 20 ҳазор доллар ҷони домоди апааш Ҳамид ва ин Эраҷи ҷодугарро раҳонида гурезонд, Русия равон кард. Ду сол наомад, кор тишина шуд, баъд омад. Ман ҳайрон, ки чаро амниятиҳо ин ҷодугарҳоро ҷавоб медиҳанд, аммо толибилмони Қуръонхонро статяи 307 ва 401 мезананд. Ҳоло ин Эраҷ оҳиста- оҳиста боз ҷодугариашро сар кардааст. Китоби бақуввати Эраҷ дар хонаи хуштоманаш, дар ҷамоати Ромит деҳаи Соне аст. Агар он хонаро тафтиш кунанд ҳатман он китоби ҷодугариро меёбанд.

Мо ин номаро ба «Ислоҳ» менависем, ки шумо бинеду аз рӯи адолат кор кунед.

Писари апаи Карими ДЭУи Ваҳдат бо номи Оятулло Аҳлидинович дар ДЭУи тағояш ҳамчун ронандаи Камаз кор мекунад ва то ҳол кор карда истодааст. Вай дар деҳаи Ёс камазро бо суръати баланд ронда набераи Вайсиддини ёсиро зер карда кушт. Ин хонавода даъво карданд ба мақомоти шаҳри Ваҳдат. 3 рӯз маҳкамаш карданд вале баъди се рӯз билет гирифта ба Маскав гурезониданд. То ки дар назари мардум натобад, как будто маҳкам аст. Ин Оятуллои одамкуш дар Масква дар назди ҳамсояашон Давлат Файзалиевичи сорвоӣ пинҳонӣ кор мекард.
Бародар, инҳо пул доранд, мансаб доранд, одам мекушанд, духтарҳои мардумро мерасанд, ҷодугарӣ мекунанд, вале ягон мақомот ҳеҷ чиз гуфта наметавонанд, чунки ба одамони болоӣ инҳо сум медиҳанд.

Якеаш Амирзода Раҳмоналӣ Амир, собиқ раиси шаҳри Ваҳдат, дигарӣ СС. Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаанд.
 Ман ба як чиз ҳайронам будам, ки чаро мақомоти Ваҳдат муллоҳои дузанаро меқапанд, ҷарима мекунанд, аммо Очилдии бародари Карими ДЭУ ду зан дорад чизеаш намегуянд. Дертар фаҳмидам, ки ин Очилдӣ бузи амниятиҳо аст.
Зани якуми Очилдӣ Расулов аз Сорво духтари Икромов Музаффар Юсуфович аст
Зани дуюми Очилди як духтари хушрӯ мебошад, таваллудаш 1995, ки аз писари Очилдӣ майда аст. Дар шаҳри Ваҳдат, кучаи Ватан дар якум подъезд хона дорад.

Ин Очилдӣ Расулов 500гр сафедӣ-героинро бояд ба воситаи хусурбачааш Икромов Усмон Музаффарвич ва писари амаки занаш Икромов Икромҷон Меҳроҷович ба Русия равон мекард. Борро тайёр кард, аммо инҳо дар 9ум километри Душанбе ба даст афтиданд.

Очилдӣ Расулов сразу пули калон дода хусурбачаашро баровард. Вале писар амаки занашро натавонист бароварад. Икромов Икромҷон сроки вазнин гирифт.   Очилдӣ Расулов сум доду сроки ин писар амаки занашро кам кард ва охир баровард
  Як бародари Карими ДЭУ ҳоҷӣ Абдулазиз ном дорад. Абдулазизи мошенник мегӯянд. Вай аз акаҳояш объектҳоро мегирад, мардуми камбағалро кор мефармояд, сумашонро намедиҳад.

Лутфияи хоҳари Карими ДЭУ хуштомани ҳамин Эраҷи ҷодугар аст.
 Сайёра Расуловаро, ки медонед, ҷияни Карими ДЭУ ва постоянкаи Амирзода Раҳмоналии раиси пешинаи Ваҳдат.
 Сабоҳат Расулова ҷияни дигари Карими ДЭУаст, ки дар роддом кор мекунад ва арӯсҳои ҳомилакардаи амакашро бар ивази пули калон хапу дам исқоти ҳамл ё аборт мекунад.  
Бародари калони Карими ДЭУ Мустафо аст, ки дар Ромит ҳамаро бо ҳамроҳии  фарзандонаш ғам медод.

Сабоҳат Расулова ҷияни Карими ДЭУ дар родом кор мекунад ҳамроҳи падараш Мустафои Сорвои,ки ӯ акаи Карим Расулов ДЭУ ҳаст.

Писари Расулов Карим Хабибулоевичи ДЭУ-ро

Рамазон Раҳимзода вазифаи милисаи калон дар шаҳри Вахдат мондааст.

Очилди Расулов додари Карим Расулов ДЭУ аст. Ин ҳамон наркабизнес аст.

Писари калонии Карими ДЭУ,ки ба номи Расулов Оятуло Каримович аст.Ӯ дар шахри Ваҳдат карери калон дорад.

Очилди Расулов  додари Карими ДЭУ аз собиқ раиси шаҳри Вахдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир як гектар заминро гирифт. Ин замин дар ҷои сел миемадаги карор дорад.  Замин дар дохили дарёи Симиганҷ аст. Пеши дарё ҷоест, сел меомадаги сангзор буд домуло. Ин Очилди Расулов 6 сотики карду ба мардуми Ромит фурӯхт. Бо маблаги 10 ҳазор доллар ва 15 ҳазор доллар. Аммо бадбахтияш инҷост,ки то ҳол документ накарда аст ин заминҳоро. Ҳама онҳое замин харидаанд ғайри қонунӣ зиндаги доранд. Замин дар пушти гов мол бозори шаҳри Ваҳдат қарор дорад. Ин хулосаи ман нест, балке аз КҲФ  ё МЧС  аст. Сохтумон ва зиндагӣ кардан хатарнок аст, минтақаи селой ва кадом рӯзе ҳолати нохуше сар мезанад, аммо касе дар фикрашон нест.

Ин Очилди Расулов додари Карими ДЭУ бо ичозати Рамазон Раҳимзода писталет дорад. Дар ҳоле худаш як безделник ва як посредник ҳаст, на ягон корманди мақомоти қудратӣ.

КҲФ ва мақомоти тафтишоти аслан дар фикри ин қазияҳо нестанд вале танҳо чашмашон болои мардуми камбағал ҳасту озору азият медиҳанд мардумро.

Ҳама ончи навиштем факту далелҳои радношаванда мебошанд. Умедворем прокуратураи генералӣ ва дигар ниҳодҳои тафтишотӣ ва раиси тозатаъини Ваҳдат ин ҳамаро мебинанду мушкилотро ҳаллу фасл менамоянд. Мебинем ягон коре мекунанд ва ё аз оилаи Расуловҳо метарсанд. Ҳар тағироте шуд боз ба «Ислоҳ» натиҷаи онро менависам.

  Бо эҳтиром, Партизани Ваҳдатӣ

Share This Article