Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 333

Ислоҳ нет

Шумораи имрӯза аз номаҳои омада аз Бохтар, Москва, Панҷ ва Хуҷанд тарикб ёфтааст.

 Номаи омада аз Бохтар тулонӣ аст ва мешуд, ки дар «Номаи маро алоҳида нашр намоед» ҷой диҳем. Аммо муаллиф хоҳиш кардааст, ки дар «Номаҳо…» барномаи дӯстдоштааш нашр намоем. Дар ин нома як намуд портрет ё мусаввараи Раҳмоновро кашидааст, ки саддарсад воқеияти ин пешвои худхондаро намоён кардааст.

  Як муҳоҷири  саргардони тоҷик бо ирсоли ин нома аз Москов аз афзоиши фишорҳо боли муҳоҷирон ба шиддат нигаронӣ кардааст. Навиштааст, ки акнун дар ин шаҳр дар ҳамаҷо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, милиса ё амният метавонад телефонҳои онҳоро бигирад ва проверка кунад. Боз як балои дигар болои муҳоҷирон гуфтааст, муаллиф.

Аз Хуҷанд дар бораи шароити тоқатфарсои зиндони низомаш пурзӯри ин шаҳр навиштаанд. Дар ҷойи 1600 кас беш аз 3000 кас нигаҳдорӣ мешавад. Як дона нони нонвойро ҳафт сомонӣ мехаридаанд. Болои фарши сементӣ ва рӯи картон хоб мерафтаанд.

Номаи омада аз Панҷ дар бораи боздошт ва бар ивази пардохти 20 ҳазор доллар раҳо шудани як нафар сухан меравад..

                                      Бохтар

Асалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари домулло Муҳаммадиқболи Садриддин! Худованд умри шуморо дароз ва ин мардуми мазлумро ҳарчи зудтар бедор гардонад, то ки аз дасти ин Раҳмонову режими палид ва оилаи касофаташ, ки айни шайтони раҷиманд, халос шавем. Раҳмонов аз шайтон ҳам бадтар аст. Барои як саҷда накардан ба махлуқи Аллоҳ одам  шайтон ронда ва мардуд шуд, аммо Раҳмонов на инки ба Аллоҳ саҷда накарду намекунад, ҳатто як бор, дигарҳоро ҳам намегузорад то саҷда кунанд.

Охир ин корҳое, ки президенти Тоҷикистон мекунад, ба бузургии Аллоҳи бузург қасам ҳеҷ як мусулмон ин корҳоро намекунад.

Шайтон дар шигифт ва ҳайрат аст. Шайтон оҷизона иқрор мекунад: «Ман ку ба динат, ба масҷидат, ба Қуръони каримат, ба сатру ҳиҷобу то 18 сола масҷидравии ҷавонон дахолат накардам. Мехостам ин корҳоро кунам, аммо вақте ба пеши ин пиру ҷавон рафтаму хостам онҳоро бероҳа кунам як калима маро мекушту сари калобаамро гум мекардам. Ин калима чи буд?

Ин калима Аъузу биллоҳи минаш шайтони раҷим буд. Дигар ақлам намегирифт, ки чи хел инҳоро аз ин роҳ гардонам. Ин бандагон аз ман ба сӯйи Аллоҳ талаби паноҳ металабанд. Лекин шумо бинед, ки бар зидди тамоми рукнҳои ислом дар қонунҳояш моддаҳои муқобил ҷорӣ карду бандаҳои намозхони туро, қуръонхони туро кушту зиндон кард ва рӯзаву тиловати қуръонро манъ кард. Ман дар корҳои ин палид даст бардошта будам, вале акнун пойҳоямро бардоштам».

Ин палиди Раҳмоновро бинед, ки ҳатто дар назди макру тазвири вай шайтон дасту пояшро бардоштааст.

  Магар инҳо дар ҳақи туи палид туҳмат бошанд, ё шояд чоплусони ту гуянд, ки ин суханҳо дар ҳақи пешови милати мо норавост. Агар ин шайтонро нагузашта бошад, дар ҳилаю палидию ҷоҳилию куштору хору зоршавии ин миллат ҳамаи вақт даст надошта бошад, ман гапи шумо чоплусонро бовар мекунам? Чунки дар маъракаҳои  шумо ман иштирок мекунаму мебинам, ки шумо чи мегуеду чи ният доред.

 Охирон боре ба Питер омад дар танҳоӣ медонед ба раиси ҷумҳури Русия чи пешниҳод кард ва раиси ҷумҳури Русия чи ҷавоб дод? Гуфт, ки ман медонистам ин Раҳмонов аҳмақ аст, аммо ба то ин дараҷа аҳмақ буданашро намедонистам. Бародаре нақл кард, ки дар хонаи генерале кор мекунам. Вай бо Владимир Владимирович Путин бисёр наздик аст. Он генерал нақл кардааст, ки Раҳмонов  гуфтааст дар чанд ҷашнҳоятон омадам. Дар ҳамон рӯзи омадани ман ҳамчун пойандоз як тоҷикро куштеду дар  роҳи омаданам дидам, хурсанд шудам, ки аз як террорист халос шудам.

Раҳмонов ба Путин гуфтааст муҳтарам Владимир Владимирович ту медонӣ ман чи хел ба ту вафодорам. Тамоми давлатҳои собиқи шуравӣ дар ҷанги Украина аз шумо ба ҳар баҳона руй гардонданд. Ба ин туркзабонҳо бовар накун. Инҳо предателанд, инҳоро Эрдуғон  дастгирӣ дорад. Инкорро ман накардам, ку. Чизе шумо мегӯед, ман ҳамонро кардам ку, любой кор, ки гӯед боз иҷро мекунам.

 Хуллас, гапи бисёр. Аҷоибаш инки гуфтааст, ки ман дар давоми роҳбарии 34солаам ин қадар хаставу руҳафтода нашуда будам:

 Медонам Владимир Владимирович амниятамро, ки тамоми Тоҷикистонро дар ихтиёраш додам, ҳозир дигар бовариаш надорам. МВДаш ҳам бошад ҳамин тавр, даже духтарам гушам намекунад. Мегӯянд, ки ин чи тавр амният аст, ин чи тавр ҷобаҷокунии муҳофизҳои ту аст ки тамоми сиру асрори мо мебарояд. Бурутро гуфтам як бори дигар гап барояд тамом. Лекин ҳаррӯзааш баромада истодааст. Лекин ба ҳар ҳол, ба гуфти худат, ки гуфти Мирзоҷагаро бардор, ки оянда дарди сарат мешавад, як намуд кардам, ки ягон кас хит накард, ки чи тавр убраташ кардам. Инҳоро ҳам оҳиставу пинҳонӣ ба ҳисобашон мерасам.

Вале ман аз ин 10 миллион дал… дар ватан буда бисёртар хавотир аз ҳамин исломистҳо ҳастам. Ба инҳо тамоман боварӣ нест. Бегоҳ маслиҳатҳо 100%саҳар мехезанд дигар гап мегӯянд.

Барои ҳамин илтимос марзро бояд дополнително салдат партоӣ».

Путин гуфтааст ғам нахур, лаҷоми онҳо дар дасти ман мебошад.

Ва Раҳмонов лесолесро давом додааст: «Ман вафодори шумоям. Ана ҳамин туркзабонҳо бо як гапи Эрдуғон аз шумо руй гардонданд. Маро Эрон, ин Хоманаӣ фарёд кард, гуфт мебинӣ туркзабонҳоро-инҳо як мешаванд, мо чӣ? Турон аз мост, вале туркҳо бояд Турон шаванд. Маро медонӣ, ку. Вақте бо ришдор мешинам фишори хунам баланд мешавад. Ман ин халқро нав гумроҳ кардаму зин зада савориашон дорам, боз мебарам бо ин ришдорҳо якҷояашон мекунам? Ман бачаамро насиҳату васият кадам, ки то ҳеҷ гоҳ аз хати кашидаи Путин намебароӣ. Мо то вақте ҳастем бо шумоем. Вале хоҳиши ман аз шумо барои пойдор мондани ман дар тори сари ин террористон ҳатман дар пушти ман биистед».

Путин дар ҷавоб гуфтааст, ки хоҳиш кардӣ, ки ҳизби наҳзатро террористӣ эълон кун 2000сарбоз медиҳам, кардам, аммо надодӣ он чи ваъда кардӣ?.

Раҳмонов гуфтаст, ки «охир гапро кадом хоине баровард, ку. Лекин аз гуфтагиат ҳам оҳиста- оҳиста зиёдат додам, ку? Ҳозир ҳам бошад ин террористҳоро ман уже шинондагиам. Инҳоро –ин тоҷикҳоро як кори ношударо дар гарданш бизану бигу ё 12сол ё 6 моҳ ҷанг. Аммо коре кун, ки дигар барнагарданд. Дар плен гиранд ҳам, ивазашон накун, мон инҳо кам шаванд. Инҳо бисёр шаванд, бисёр хатарноканд. Ин ришдоронро гуфтам ҳозир, ки шанс доред, ин тоҷикҳоро лаҷомашонро кашед. Ҳозир, ки шанс доред ҷавонмардонашонро ҳарчи зудтар нобуд созед. Владимир Владимирович ҳамин давомнокии давлати манро дастгирӣ кун як бори дигар».

Путин гуфтааст, ки боз чи кор кунам? Раҳмонов гуфтааст, ки «Ту медонӣ ҳамаи ин корҳои маро, сиру пиёзи маро ба ин террористон ин исломист Муҳаммадиқбол мебарорад. Даже гапи даруни хона будагиро мебарорад. Ин тавр равад дигар қудратам дер давом намекунад, ҳаминро дастгир карда бояд биёремаш».

Дар ҷавоб Путин гуфтааст, ки ман худам ҳозир дар ҳолати ногувор қарор дорам. Маро санксия баставу худам барои онки халқам нахезаду ҳолам аз ҳоли ту бад нашавад ин тоҷику узбакро бо чи роҳҳое подстававу пул додаву ваъдаҳои дурӯғин карда ба ҷанг равон карда истодаам. Ҳозир онҳо гапи маро намегиранд.

Ба он пунктҳои талаботи онҳо пешниҳоднамуда, ки 28то аст нигоҳ кун. Ман аз ин пунктҳо исломистҳои таҳти ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарордодаамро, ки бо хоҳиши ту карда будам, мебарорам».

  « Владимир Валадимирович, инро ба ман супоред. Мо агар Муҳаммадиқболро биёрем медонӣ, ки ин террористон дигар ягон маълумот дастрас карда, дидаву шунида наметавоннад. Баъд тамоми ин тоҷики дар Русия бударо гиру роҳӣ кун ба Украина. Бовар кун дар як рӯз Украинаро мегиранду медиҳанд.

 Путин ба он генерал гуфтааст, ки Раҳмонов заррае одаму одамгарӣ дар вуҷудаш надоштааст. Одам дукуна ва дупагона мешавад вале дар ҳаётам ин хелашро надидаам. Дар дунё агар одаме барои халқи худаш раҳм надошта бошад, огоҳ бош, ки туро ҳам «ҷошда» мефурушад. Имрӯз дар пеши ман мегӯяд «ман дини туро бисёр иззат дорам. Вале агар ман нагӯям, худро нишон надиҳам, ки манам фарзанди мусалмонро, мардони ин ришдорони «ай ов упара» як шаванд маро нобуд месозан, меояду ин тавр мегӯяду пагаҳ мебинӣ дасти Си Ҷинпинро гирифтаасту мегӯяд ин дине ту мепарварӣ, ман мехоҳам оҳиста -оҳиста ин мардумро дар дини ту дарорам.

 Даже Си Ҷинпин, ки президенти 1миллиарду 600 миллион аст ҳайрон шуда гуфтааст, чи хел ин воқеият надорад. Баракс, дар ҷаҳон то рафт мусалмон зиёд шуда истодааст. Мегӯяд на инки мусалмон дигар динро интихоб кунад. Раҳмонов гуфтааст, ки ту дастгирӣ кун «бачаи ма прездент шава, ма мекунам. Дидӣ, ки ман иҷозат додам шаҳрвандои шумо мардҳоятон соли 2000 ба 175 зани тоҷик ки аксарияташон аз ҷои асоси намозу руза ҳастанд издивоҷ каданд- Файзободу Ваҳдатро дар назар дорад. Дар соли 2001 165 фарзанди хитоӣ таваллуд шуд, ки 65 нафари онҳо ҳозир ба ягон чи боварӣ надоранд ва аксарияташон дар шуъбаҳои махсус кор мебаранд ва корҳояшон ҳам бисёр хуб пеш рафта истодааст. Акнун фикр кун фақат дар соли 2000, ки он вақт шаҳрвандони шумо кам буданд, ҳозир бошад ман ҳамаи ин террористонро берун аз ватан кардаму аз ин террористон дида шаҳрвандони шумо бисёранд.

Тибқи малумоти КДАМ дар як рӯз ин занҳо, ки соли дароз ҷудо аз шавҳаронашон ҳастанд бо 18 шаҳрванди шумо ҳамхобагӣ мекунад. Охир ин шаҳрвандони шумо ҳамаашон рангу афту намудашон як аст, якхела. Яктоаш мекунад мегӯяд ман як сигор дуд диҳам ҳамин тавр дар 150сомонӣ 18 кас ҳамхоба мешаван. Инро ман иҷозат додам. Ана бин то 2050-ро ҳамааш неверуюший ва будизм мешаванд. Ту фақат дастгирӣ кун то ин калазарди дукуна (Путинро дар назар дорад) иҷозат диҳад, тамом. Тоҷикистон ҳамаи дороиаш аз туст.

Пагоҳи дигар мебинӣ пеши попи Италия мераваду мегуяд шумо бисёр одами бобаракаву чи хеле шумо мегӯед «таварукен, ҳами духтарма овардам, ин дар дини шумост, як дуош бте, ки бсавзад…

Ана барои ҳамин дукунаву дупагонаву номард буданашро медонам, бовараш намекунам. Аммо заррае дар вуҷудаш мардонагӣ нест. Агар чи хеле Раҳмонов ба мо мегӯяд агар ҳамин мухолифони шумо ман бовари дорам ба Путин бароянду гуянд миллати мо хори бад шуд, биё дастгирӣ кун, ман шаваму шумо ба миллати ман кордор нашавед. Аммо мо дар ҳамкорӣ, мақсад бо шумо буданро қабул дорем. Бовар кун Путин кайҳо инро ждат дорад. Чунки ин қадар депорт, зулму шиканҷаи шумо барои ҳамин аст ки раведу бекор монеду дар ватани худатон бесарусомониро сар кунеду як президенти навро интихоб кунед. Вале гуфти Раҳмонов хафа нашавед, шумо ҳамаатон ранги як гуспандед. Агар шумо чоплусҳо ба ин гапҳо бовар надоред, ки инҳоро медонед, ки аллакай ба наздикӣ шояд ин писарони соли таваллуди 2001 вазир мешаванд, худатон мегӯед, агар инҳо вазир шаванд аниқ фарзандони мо дар куҳҳо зиндагӣ мекунанд. Агар боварӣ надоред, пас чаро ин гапҳоро мегуед? Агар ин тавр нест, чаро гуфтед? Худаш медонад, ки ман киро мегуям, лекин намедонад, ки кӣ ин гапро навиштааст. Барои онки онҷо меҳмони бисёр буд ва қариб ҳама пиён буд, худаш,ку рост истода наметавонист.

 Гуфт, ки дирӯз бо се чор кас ҳамроҳи гов шишта дам гирифтем. Гов маст шуд. Баъд гуфт, ки «меган худо ҳаст. Ҳар касро дар дилаш меандозад ва он шахс ботамизу намозхону хизматгори падару модар мешавад. О, модоме ин тавр аст чаро аз 7 духтари ман ягонтоаш ин тавр нест? 

 Дар вақташ ба гуфти Муҳаммадиқбол Клеопатраам, ки он қадар знаменитий нашуда буд, дар кабинетам бо Ғаффор-седой шишта будам омада дар пеши чашмам ба Ғаффор зино кард. Дукаса ба кабинети дигар гузаштанд, Хуб, маълум аст ки чаро ба кабинети дигар мегузаранд. Он вақт ман дасти зур надоштам. Лекин гуфтам инро духтарам бероҳа кунад, оқибат ба ҳисобаш мерасам. Ғаффорро турма кардам. Омаду гуфт «ота трмаш кадӣ барои ма, бо дигарша миёбам». Ин ранги партиянкаи солдат ивазашон мекунад.

  Хайр ана бубин Озодаам охир сирро Муҳаммадиқбол баровард, ба қил сараш карданд вайро турма кардам. Хест ба Шаҳбоз сар кард. Хостам турмааш кунам занг зад, шармандаам кард ва дар пеши ин террористон забонкутоҳам кард. Охир, кадомиашро гӯям. Ана барои ҳамин ман ҳам квотаи прездентиро ҷорӣ кардам, ки аз таги куҳҳо биёянду инҷо ақалан аз як деҳот якто фоҳиша пайдо шавад. Чунки баъди бозгашташон дар онҷойҳо сафашон зиёд мешавад. Инро нағз дарк кунед. Чи қадар фоҳиша зиёд шавад қудрати ман мустаҳкам мегардад: «зато ба намеган, ки фақат духтарои прездент фоҳишаанд,ҳамаи ҳами Тоҷикистон ….».

10 соли дигар зинда монам ин корҳо ҳамааш мешавад.

Ҳайфи шумо барин мусалмон, ки дар онҷо будӣ, хап шиштӣ. Магар ин пидр духтари туро дар назар надошт? Чаро инҳоро медонед хомушед? Шумо бояд ин миллатро халос кунед. Иншоаллоҳ он руз наздик аст, тайёриатонро бинед.

Дар зоопарк нару мода якҷоя тани бараҳна мегардед. Шояд он гоҳ дарк кунед, ки мо духтарони ин мардумро таҷовуз мекардем, акнун дар пеши чашмонамон духтарони худамонро мебинем.

Боқӣ дар амони худо!

Ростӣ, бародар як нома аз ин пеш аз тагоба фиристода будам, ки чоп кардед. Дирӯз, баъди нашри он раиси Тагобаро аз кор ронданд. Ташаккур ба «Ислоҳ»!

                                      Москва

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Бовар кунед, ки рӯзазрӯз ҳоламон дар Русия бадтар шуда истодааст. 

Як сол пеш дар Русия ба муҳоҷирон симкартафуруширо манъ карда буданд, фикр мекунам дар хотири шумо ҳаст. Барои симкарта гирифтан маҷбур карданд, ки санҷиши биометрӣ гузарем. Дар банк сурат гирифтанд, овозамонро запс карданд , ному насаби моро навиштанд ва дар базаашон ҷо карданд. Чи милиса ва чи банк  сурату тамоми ҷаримаи даҳсола- понздаҳсола, отпечаткаи даст мебарояд.

Ҳозир боз қарор бароварданд, ки телефонҳову планшету дигар василаи робитаи моро дар ҳар куҷо метавонанд тафтиш кунанд. Русҳо барои ивази мо ҳатто ҳиндуҳоро оварданд.

Аммо тоҷикҳоро ба ҷанги Украина бурда кушта истодаанд. Раҳмонов як калима гап намезанад. Ман фикр мекунам, ки Раҳмонов барои ин ҳама корҳо қӯш аст. Ҳатто мумкин ин пешниҳоди Раҳмонов ҳам бошад.

Мо вазъиятамон беҳад бад шуда истодааст. Барои ҳамин мо бояд ба ватан баргардем ва ватанмонро аз дасти ин оилаи касиф раҳо карда дар ватани худамон кору зиндагонӣ кунем.

                                    Панҷ

  Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқбол. Ҳамавақт дуъогу ҳастем дар ҳақатон, ки саломатиатон хуб бошад ва тими «Ислоҳ» боз ҳам қавитар ва боҷасораттар муборизаро идома диҳад. 

 Ва хостам ба шумо ин хабарро бирасонам аз як бародар аз ноҳияи Панҷ, ҷамоати Намуна, деҳаи Пешқадам-1. Ин бародар ….. аст ки шумо шояд ӯро бишиносед. 

Соли гузашта бо воситаи картаи бародараш ба муборизон кӯмак карда буд.  Бародарашро дар Тоҷикистон дастгир ва хело ҳам шиканҷа кардан ва ӯ қоил шуд ки кори бародараш …… буд.

Ва ӯро даъват карданд ба Тоҷикистон. Маслиҳат карданд ва ӯ ба Тоҷикистон нарафт ва инҳо гӯё шахсеро ёфтанд, ки корашонро хуб ҳал мекунад, бар ивази 20 ҳазор доллар, хато накунам 200ҳазор сомонӣ. Онҳо ба хулосае омаданду пулро доданд. Баъд бародарашро озод карданд. Бародараш чанде баъд ба Русия омаду бо як ҳодисаи авария дучор шуд ва аз дунё гузашт. Аллоҳ раҳмату мағфираташ кунад. Аз ҳодисаи фоҷиавии бародараш ду моҳ ногузашта дар аэропорти Москва….. ҳам дастгир карданд ва ба Тоҷикистон фиристоданд. Қариб ду моҳ мешавад дар СИЗО қарор дорад. Аллоҳ сабри ҷамил насибаш гардонад.  

 Дар дафтари шахсоне, ки барои миллат худро фидо кардаанд номи ӯро навишта кунед. Пас аз омадани ҳукумати нав мо фахр карда тавонем бо ӯ, ки дар байни мо мардуми Паграниш чунин марде буд.

Аллоҳ ҳамаи бародарони муборизро сабр ва қувва бидиҳад ва ҳамчунин шуморо Аллоҳ нигаҳбон бошад.

Тими «Ислоҳ» зинда бош!

                                     Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Як бародар, хеши наздикаам дар зиндони шаҳри Хуҷанд аст. Мегӯяд, ки вазъияташон аз гузашта ҳам бадтар шудааст. Бахусус, баъди ҳамон ҳодисаи паронпарон, ба ном бунт дар СИЗО-боздоштгоҳи тафтишотии ин шаҳр, ки бо номи СИЗО-2 маъруф аст, боз ҳам вазъият бадтар шудааст. Чандин рӯз аст ки мулоқот бо хешу таборҳоро манъ кардаанд. Дар даруни зиндон ҳатто вазъияти хурока сахт вазнин шудааст, мегӯяд. Як нони нонбойро 7сомонӣ мехаридаанду як стакан оби ҷӯшомадигиро даҳ сомонӣ. Оби ҷушро барои тар кардани ролтон мегиранд.

Барои онки дар ошхона хурокпазӣ ҳар як зиндонӣ бояд барои як моҳ панҷсад сомонӣ бидиҳад. Агар надиҳанд,барои хурокпазӣ иҷозат намедиҳанд. Агар ин зиндон барои 1600 маҳкумшуда пешбинӣ шуда бошад, айни ҳол аз 3000 кас зиёд нигоҳ дошта мешаваду кам не. Ҷойи хоб тамоман намерасад. Зиндониҳо картонҳоро дар болои фарши сементӣ паҳн карда шабро рӯз мекунанд. Нисфи шаб барои дубак 20 сомонӣ медиҳӣ, хапу дам иҷозат медиҳад, ки дар масҷиди зиндон хоб кунӣ.

Барои инки намози бомдодро хондан бояд аз соати 12 шаб дар навбати таҳорат биистӣ,ки тавони таҳорати намози субҳатро куни. Воқеан даҳшат аст.

Ҳолу рӯзамон бисёр бад аст.

Ин бародари зиндонӣ гуфт, ки дар СИЗО гуё байни 307иҳо ва кормандони СИЗО ҷангу ҷангҷол шудааст. Сарбозҳоро ворид кардаанд ва сарбозҳо бо автомат чанд маҳбусро паронидаанд. Бинобар гуфтаи ин бародар дар байни нозирон ҳам шахсони фавтида ҳастанд.

Ба гуфтаи ин бародар ҳамин гуна ошӯбҳои дурӯғинро дар зиндони Ваҳдат ҳам ташкил карданианд. Гуё ин корҳо тибқи нақша амалӣ шуда истодааст. Бояд одамҳои барои ин ҳукумат хавфнокро қабл аз эълони афв нест кунанд, безарар гардонанд.

Share This Article