Ин бор аз ноҳияҳои Темурмалику Панҷ ду нома аз Русия – Волгограду Москва ва як нома аз Узбекистон дорем.
Дар номаи аввал, ки аз Темурмалик аст муаллиф аз хунукназарии як нафар духтур, ки боиси марги як патсиент шудааст, суҳбат мешавад.
Нависандаи нома аз Узбекистон номи шаҳрашро зикр накардаст, агарчи дар бораи вазъияти интиқоли бор аз марз тавассути гузаргоҳи Конибодом навишта ва аз бархурди бисёр ҳам сангини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо бизнесменҳои кишвари ҳамсоя шикоят кардааст.
Муаллифи мо аз Волгоград як навиштаро аз сайти нашрияи чопи Душанбе интихоб намуда ва дар ҳошияи он фикру мулоҳизаҳои худро баён намудааст.
Аз ноҳияи Панҷ дар бораи сардори УБНОНИ шуъбаи дохилӣ, ки Меҳроб ном доштааст, шикоят шудааст.
Аммо номаи ахири ин барнома ҳам фикр ва ҳам пешниҳодҳои ҷолиб дорад. Муаллиф дар бораи сохтмони АЭС ба ҷои ГЭС дар Тоҷикистон ва фоидаи он навиштааст:
Темурмалик
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садридин. Аллоҳ аз шумо ва аз тими «Ислоҳ» розӣ бошад.
Ман як сокини ноҳияи Темурмалик ҳастам. Ба шумо бори дуввум аст ки нома менависам. Номаи аввалам дар «Номаҳо аз ноҳияҳо № 230» нашр шуда буд. Дар он нома дар бораи фаъолияти Азизов Орзу, сардухтури беморхонаи ноҳияи Темурмалик, Туйчихонова Дилором сардухтури поликлиникаи ноҳияи мазкур ва Холова Гулнора сардухтури шӯъбаи ВНМО яъне СПИД сухан мерафт.
Баъди ҳамон нома Холова Гулнораро амният — КДАМ тафтиш кард. Лек бе натиҷа. Азизов Орзу ву Туйчихонова Дилоромро бошад ҳеҷ кас тафтиш накард.
Натиҷаи чунин хунукназарӣ буд, ки бори дигар дар таърихи 8.02.2026 Туйчихонова, ки дар беморхона духтури навбатдор буд, боиси марги як нафари дигар гардид.
Дар вақти навбатдории Туйчихонова як беморро аз деҳаи Ҷантоқли ҷамоати Бобоюнус, собиқ (Чилча ) овардаанд. Ин марди бемор, ки Файзиддин ном дошту ҳама Файзаш мегуфтанд худ дар бунгоҳи тиббии ҳамон деҳа яъне Ҷантоқли ба ҳайси медбрат кор ва фаъолият мекард.
Вай, яъне Файзро фишораш боло меравад, гуфтанд, ки тахминан 140 буд. Дар ҳол ӯро ба беморхона меоранд, ки ба дасти Туйчихонова меафтад. Туйчихонова Дилором навбатдор буд. Ин бесавод ӯро назначени мекунад -доруҳои фирмений бо дозаи баланд, ки фишори бемор яку якбора ба нол меафтад.
Ва Файз 9.02.2026 ҷон ба ҳақ месупорад. Файз тахминан 40- 45 сола буд. Давленияш, яъне фишораш он қадар баланди ба саломатӣ хатарнок набуд, танҳо барои ҷилавгирӣ оварда будандаш. Аммо воқеият ин аст ки Файз аввалин бемор нест, ки Туйчихонова Дилором бо назначенияи нодуруст мекушад. Ғайр аз ин чандин беморони дигарро нимколакуш карда аст. Боз як бори дигар хотиррасон мекунам, ки Туйчихонова Дилором бо сардухтури ноҳияи Азизов Орзу робитаҳои номашруъ дорад, тақрибан рӯю рӯшод, касе ба ӯ чизе намегӯяд
Мегӯям амният магар дар ноҳияи Темурмалик мурда бошад ё ВКД ё прокуртура? Наход ба як Туйчихонова Дилором зурашон нарасад. Ин рӯйрост одамкушӣ аст. Файз бо диагнози Туйчихонова Дилором мурд. Бояд тафтишу таҳқиқ кунанд.
Ин номаи маро хоҳиш мекунам дар қатори хабарҳои фаврӣ нашр кунед!
Узбекистон
Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Ман худам истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Узбекистон мебошам. Аз дасти кормандони мақомоти вилояти Суғд ба дод омадам. Ман аз СС Ятимов, раиси КДАМ пурсиданиам, ки вазифаи амният дар Тоҷикистон чист, аз Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло пурсиданиам, ки вазифаи прокуратура чист ва аз Рамазон Раҳимзода Ҳамро, вазири дохилӣ, аз Султонзода Сулаймон Саид, раиси Агентии мубориза бо фасод пурсиданиям, ки вазифаи милитсия ва коррупсия чист ва аз Каримзода Хуршед пурсиданиям, ки вазифаи гумрук магар борҳоро бе ҳуҷҷат ҷавоб дода хонаи мардуми бечораро сузонидан аст чӣ?
Хайр, биёед, омадем сари мақсад. Ҳамаи ин мақомҳои дар боло зикршуда сарҳад ва қочоқро манбаи даромад гуфта назди гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва кӯчаҳо шабро рӯз карда дар шикор интизори сайд меистанд, то пул кор кунанд. Аммо вақте ки шикорашон барор нагирифт ва пули талабкардаашонро надодед отдел мебаранд ва мавод мекунанд. Шахсеро, ки бо пули худ бор оварда бо иҷозати намояндаҳои сарҳад аз сарҳад гузаронид, гунаҳгор мекунанд. Лекин нисбати гунаҳгорони асосӣ намояндаҳои сарҳад, ки ин борҳоро бе ягон ҳуҷҷат ҷавоб медоданд, ягон чорае намебинанд.
Муовини амнияти Конибодом бо номи Исмоил худ ҳар шаб ба шикор назди сарҳад меояд ва мошинҳои бордорро дошта пул мегирад ва якчанд мошини бордорро, ки пул надоданд, бурда маҳкам кард ва ба гумрук супурд. Амниятиҳо дигар кор надоранд, ки сарҳад омада борро қапида чи тавр баромад гуфта ҳолати корро нафаҳмида ба гумрук месупоранд. Амниятихо як мошини узбекро бо бораш доштанд ва шӯъбаи амният бурданд. Шофёр, ки узбекзабон буд гапи амниятиҳоро нафаҳмида як шиносашро даъват кард. Вай омад дар назди идораи амният. Ин зани бечораро амниятиҳо дар шоҳидии шофёри узбек латукуб карданд. Ин зан як чанд моҳ бо пои ланг ба тамоми мақомотҳо муроҷиат кард, лекин ягон натиҷа нест, гарчанде ки шофёр шоҳид буд. Ман он вақт фаҳмидам, ки дар Тоҷикистон ҳақиқат нест. Зеро шофёре, ки мошинашро бо бораш дошта буданд, одами бемори саратон ва хоҳар бемори сирози ҷигар дошт. Ба вай ҷаримаи баландтаринро бор карданд. Аз дидбонгоҳҳои Конибодом садҳо одам бори қочоқ самти Хуҷанд мебаранд ва кормандони мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳамаи онҳо доля баста будаанд. Дар роҳ низ милиция, кормандони прокуратура, амнияти вилоят, коррупсияи вилоят интизори шикор менишинанд. Лекин ҳамаи онҳо як зани бечораро ҳадафи тир гирифтанд ва гуё як ин зан қочоқчӣ бошад, ҳамеша ӯро боздошт мекунанд. Чунки вай пул намедиҳад.
Аз сардори милитсия ва прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пурсиданиам, ки фақат ин занро мебинед ё нисбати ин зан ягон ғаразу хусумат доред, ки аз мобайни зиёда аз сад нафар қочоқчӣ қариб ҳар ҳафта мошини ин занро отдел мебаред, санҷиш мекунеду нисбаташ чора мебинед. Шумо чи тавр то бозор омадани ин борҳоро боре ҳам санҷидаед? Аз прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пурсиданиам, ки рафти санҷиш гузаронидӣ, чиро маълум кардӣ, чиро санҷидӣ, чи тавр ин маҳсулот то бозорҳо омада расид?
Якчанд ҷабрдидаҳо муроҷиати дастаҷамъона карданд, лекин чорае надиданд.
Ман аз Саймумин Ятимов ва аз Рамазон Раҳимзода, аз Султонзода Сулаймон, аз Ҳабибулло Воҳидзода пурсиданиам, ки ҷавоби аризаи дастаҷамъонаи онҳо канӣ?
Нисбати шахсони бечорае, ки барои пешбурди зиндагӣ бо камтар пул бор харида меоянд дошта мавод мекунанд. Аммо нисбати намояндаҳои сарҳад, ки пул гирифта ҷавоб додааст, чорае намебинанд.
Дар амони худо бошед!
Панҷ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Панҷ менависам. Дар бораи Меҳроб, сардори УБНОНи ин ноҳия. Ин Меҳроб, тамоман аз чаҳорчубаи як кормандони мақомоти милитсия берун баромада кораш фақат шантажу фиреб ва бо истифода аз мақоми хидматӣ пул кандан аст.
Ба хонаи як нафар бо даҳ корманди милиса омада дастгир намуда вале чизе пайдо накардаанд. Аммо телефонашро гирифтааст. Болои мардум беҳад зулм карда истодааст.
Комрон, писар Қосим, ГАИ буд, ҳоло замначалники ноҳия аст, муовини сардори милитсия, оида ба нозирони минтақавӣ-участковийҳо.
Як ҷавони ноболиғро қапидааст барои онки резултат шавад.
Ҳозир мо дело принсипа мерем анализҳои ҳамонро мегирем. Эмоми бачаи Рустами милиса. Вай буз аст. Меҳроб бо даҳ кас омадагӣ ягончи ёфтгӣ нестанд. Фақад 200.000 сомонӣ биёру бидеҳ гуфтааст Меҳроб. Даҳ кас омаданд. Ягончи Наёфтан вале аз рӯи телефон бояд ҳамаашонро баранд. Болои мардум зулм кард истодаанд. Меҳроб як пастсифату мунофиқ аст. Меҳроб номерҳояшро мондааст.
Ин кудаки бечораро модараш гуфтааст меравам дар Генпрокуратура жалоб мекунам, ки чаро бачаи маро бегуноҳ интавр карданд. Чанд кас худашро муфаттиш гирифта гуфтаанд, ки «биёед як маслиҳат кунем»
Дар райони Панҷ ҳозир тема фақат Меҳроб аст. Меҳроб номерҳои телефонашро мондааст, ки биёед сум бидиҳед 100 ё 200 ҳазор сомонӣ, кори шуморо ҳал мекунем. Дар ҳоле, ки ҳиҷҷо ҳеҷ гапе нест, на як бор аст, на ҳиҷчи.
Иллаташ номаълум аст аммо Эмоми гӯш чор- панҷ ҳазор надодааст. Эмоми гуш кидат накардасту гуфтааст, ҳозир надорам, шавад мегириаш, ғам надеҳ, ҳозир сум надорам.
Эмоми гуш худаш бузи Ваҳҳоб буд, бо ҳамон Ваҳҳоби сиёҳ мегашт. Ҳозир нештатний шудааст дар ҳамон отдел охраннаи Панҷ. Дар Панҷ Эмоми гӯшро ҳама мешиносад. Худаш аз Панҷ аст. Эмоми гӯш бачаи Рустами милиса. Вай бо ҳамин ном маъруф аст, як патсанаки ҷавон 98-2000 сол таваллудаш
Эмом ҳозир бачаеро, ки ҳафт-ҳашт сол ҳамроҳаш нону намак мехӯрд подставит кардааст. Меҳробу кормандонаш пиён шуда дар ток заданаш. Аз отдели Панҷ 10 нафар омадааст Душанбе -мақсад биқапем ин одамҳорову барем. Аммо ин одамҳо ягон бор назадаанд. Ҳама гуноҳашон ҳамон чизе, ки дар телефон ҳаст. Аз пушти телефон Меҳроб нағма дорад. Номерҳои ватсапашро мондасту гуфтааст, ки биёед пул диҳед коратонро ҳал мекунем.
Меҳроб бачаро дар ток задааст, вазъияти бачаи дар ток задагӣ безеб аст. Барои даҳ -понздаҳ рӯз санксия задааст.
Номери телефони Меҳроб ин аст:
+992901708094. Меҳроб гуфтааст 200ҳазор диҳед, кор ҳал аст. Рамазон Раҳимзода ин чи гап аст дар Панҷ? Ё бо инҳо дар доляе Меҳроб мегирад ҳамроҳ аст ?
Волгоград
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Ин боз ҳам ман ҳастам, ки аз Волгоград бароятон ин номаро мефиристам ва номаи имрӯзаам ҳам аз нашрияи СССР аст. Аммо ин бор…. бовар кунед, кас чунин навиштаҳоро хонда дар ҳайрат мемонад, гуфтӣ бародарон ху***т мекунӣ.
Як нафар бо номи Нуралӣ Хоркашев, ки худро журналист муаррифӣ кардааст, як чизе навиштаасту СССР ҳам чоп кардааст, ки онро ҳатто чиз гуфтан нашояд. Ва, боз ба Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додааст, ки ба қонун ислоҳот ворид намуда қоидашиканонро ҷарима бандад. Аммо шумо пурсед, ки ин чи гуна қонуншиканӣ аст? Қоидашиканиро аз ҳамин чизи навишта мефаҳмед. Бифармоед ба ин навишта, ки дар 28 декабри соли гузашта дар сомонаи СССР нашр шудааст:
«Туйи бе ҳофиз – ҷарима!!!
28.01.2026
Сафи ҳоҷиёни тоҷик бедарак зиёд шуда истодааст. Дар ҳама деҳу дудмону кӯчаву гузар на камтар аз 10-20 ҳоҷӣ мебинӣ. Ин хеле хатар дорад ба раванди калидии давлатдории мо, ки дунявист.
Усулан зидди ҳоҷӣ шудани мардум нестам, агар ин ҳоҷиҳо ба сохтори давлатдории мо халал ворид намесохтанд. Бинед, ҳоҷиёни мо омада, сатру бурқаи арабиву ришу юбка-шимҳои толибиро таблиғ мекунанд. «Ин ҳам гӯр-ба!»-гуфти Ортиқи Қодир. Акнун раванди дигареро ин неоҳоҷиён мӯд кардаанд:
– Тӯйи бе сароянда, бе ҳофиз, бе рақсу шодӣ!!!
Ростӣ, ба чунин туй рафта, фикр мекунӣ, дар куҷо бошам? Дар Тоҷикистони дунявӣ ё Афғонистони толибӣ? Бовар кунед, ба оҳистагӣ, вале пайваста, ин неоҳоҷиён ақидаҳои дақюнусии толибиро сари миллат бор карда истодаанд. Зимнан аз Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости журналистӣ мекунам, ки ба Қонуни танзим 1 банди дигар зам кунанд:
-Ҳар нафаре тӯйи бе ҳофиз, бе мусиқа баргузор мекунад, дар баробари зиёдаравӣ, чун вайронкунанди Қонуни Танзим ҷаримаи бузург карда шавад:
Бовар дорам, чунин пешниҳодро, парлумони касбӣ, ҳатман дастгирӣ хоҳад кард. Мо Метавонем!!!
Беадабро ҳар куҷо ёфтӣ бикӯб,
Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб!
Нуралӣ Хоркашев, Журналист»
Хуб, бародар Нуралӣ. Акнун ҳар чизе мехоҳед, ҳатто агар дигарҳо нахоҳанд ҳам, «қонуниш» кунед.
Ин беҳтар нест, ки ба ҳамон тӯи бе ҳофизу бераққоса наравӣ. Нарав ҷонат халос. Бари мисол ман намехоҳам, ки туям раққосаву ҳфиз дошта бошад. Пас, маро ҷарима мекунӣ? Охир чаро? Ман ба унвони як нафар ҳамдеҳа, ҳамдиёр, ҳаммаҳаал, ҳамшаҳри ту, ки дар тӯю хурсандиҳоят иштирок кардаму нону ошатро хӯрдам, ҳоло чунин фурсат барои ман ҳам расид, ки нону оби туро, манзур ҳамдеҳа, ҳаммаҳал ҳамгузар ҳамшаҳриро баргардонам ва туй мекунам, маъарка ва даъват мекунам. Аммо илоҷ ва шароит барои овардани артист надорам. Чи кор кунам? Накунам тӯй? Ва агар кунам, мебароиву ҷарима карда муҷозотам мекунӣ?
Магар давлати дунявӣ ҳамин аст? Ё фаҳмиши шумо аз дунявӣ ин аст ки ҳама кор бояд бар зидди дини мо бошад?
Мегӯӣ, ки афзоиши ҳоҷӣ хатар дорад? Магар дар кишварҳои ҳамсоя, ки даҳҳо баробари мо ҳоҷӣ дорад, ҳоҷиҳо хатар шудаанд? Магар зиёрти хонаи худо кардан касро ба манбаи хатар бадал мекунад?
Э, бародарҳо, илтимос, аз ҳад гузаронида истодаед. Ин чи тарзи гапу ҳарф аст? Наход макони муқаддаси авлоду аҷдодамон манбаи хатар ҳисобида шавад?
Ҳоло, ки дунё озоду васеъ аст. Аз ин тавр гапҳо хабареву дараке нест, ки як кас ҳоҷӣ шаваду ояду хатарнок шавад. Шумо чиҳо гуфта истодаед. Илтимос андеша кунед!
Ман мехоҳам туи беартист кунам. Ин кори шахсии ман аст. Хоҳед ширкат варзед, нахоҳед ихтиёратон.
Боқӣ саломат бошед бародар Нуралӣ Хоркашев!
Москва
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман як нафар аз ҳамонҳое ҳастам, ки дипломи донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро дорам. Ва имрӯз дар муҳоиҷрати меҳнатӣ дар шаҳри Маскав қарор дорам. Ихтисосам ҳам муҳандиси барқ аст. Чанд рӯзи пеш дар сайти «Азия плюс» як хабареро хондам, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби 6,5 миллиард доллар дар соҳаи энергетика барои панҷ солаи оянда нақша ва барномаҳо тартиб дода дар суроғи сармоягузор баромадааст.
Вақте сохтмони неругоҳи барқи обии Роғунро шурӯъ карданд, тибқи муҳосиботи анҷомдода арзиши он 3.9 миллиард доллар эълон шуд. Аммо ҳоло гуфта истодаанд, ки аз 4 миллиард доллар зиёд маблағ харҷ шудааст вале аз шаш чарха ҳамагӣ ду чарха фаъолу корҳои зиёде дар пеш аст ва акнун баҳои онро то 8 миллиард доллар боло бурдаанд.
Ман ба як чиз мутмаинам. Роғун ба як василаи талбандагӣ ва гадоии ҳукумат, шахси худи Раҳмонов табдил шудааст. Аммо ин талбандагӣ дар худ боз ҳиллаҳо, даромад дорад. Ҳатман Раҳмонов аз он маблағҳои хориҷӣ, ки барои Роғун бо кафолати давлати Тоҷикистон мегирад, доляи худро мегирад. Яъне ин талбандагӣ як навъи дигари бизнес аст. Аммо он қарзҳо болои қарзҳои мардум зам мешавад.
Ман аслан аз ноҳияи Айнӣ мебошам. Соли гузашта гузорам ба деҳаи Петеи ин ноҳия афтод. Инҷо дарё сипсиёҳ ва мардумаш ҳам сиёҳанд. Гуфтам чаро ин тавр аст? Гуфтанд дар болои деҳа хитоиҳо кон доранд. Уран истихроҷ мекунанд. Тамоми ошғолу партови кони онҳо ба ҳамин дарё мерезад ва мо ва ҳайвоноти мо аз ин дарё ҳам мехурем ва ҳам барои зироат истифода мекунем.
Чи гуфтаниам?
Узбакистон бо 2 миллиард доллар неругоҳи атомии тавлиди неруи барқ АЭС месозад, бо кумаки Русия. Ин неругоҳи атомӣ камтар аз Роғуни мо тавоноӣ надорад, қариб, ки баробари Роғун тавлиди барқ мекунад. Пурсиданиам, дар як Роғун, ки барои сохтмони он 8 миллиард доллар масраф мешавад, бо ин миқдори маблағ аз ин гуна АЭС чандто сохтанамон мумкин аст? Ва, бо он 6.5 миллиард долларе, ки ҳоло дар ҷустуҷуяш баромадаед, чанд АЭС мешавад сохт, бигзор бо ҳамон иқтидор ва зарфият, ки Узбекистони ҳамсоя сохтанӣ аст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки маводи асосии АЭС яъне уранро дорем, урани мо уранӣ деҳқонии худамон аст.
Магар ҳамин корро карда намешавад, ки ҳам мардум аз азоби бебарқӣ раҳо ёбад, ҳам энергетикаи Тоҷикистон манбаи даромади давлат шавад ва ҳам Раҳмонов номи гадоиро аз худ ва ҳукуматаш дур созад?
Мо ин қадар уран дорем, ки барои чандин чунин АЭС басанда аст. Агар мо ин корро кунем барои 1000 сол Роғун ба мо даркор нест.
Бовар кунед, ки ин Раҳмонов ин миллат ва давлатро нобуд карда истодааст. Мо бояд арзон истеъмол намоем ё гарон?
