Номаи маро алоҳида нашр кунед№ 36
Ин навишта дар ҳақиқат пур аз дарду доғ аст. Талх аст вале воқеият аст.
Аз ин даст номаҳо ба «Ислоҳ» зиёд мерсанд. Мо бо мулоҳизаҳои гуногун аз нашри онҳо худдорӣ меварзидем. Аммо ин бор, таваккул бар яздони пок карда чоп намудем. Медонем, ки моро сахт мазаммат ва накӯҳиш мекунанд. Вале, инро барои он чоп намудем, ки як бор ҳамакаса биандешем ва дар пайи ислоҳ ва роҳи бурунрафт бошем.
Ин навиштаро як нафар аз собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навиштааст. Феълан дар як Донишгоҳ устод асту дарс медиҳад.
Ҳақиқат талх аст: «табъизи сохторӣ алайҳи Рашт ва даъват ба бедорӣ»
Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқбол! Барномаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед»№29-ро, ки дар бораи Файзобод буд, тамошо кардам. Ба монанди он бародар, ки дар Волгоград ҳасту аз газетаи СССР гирифта таҳлил мекунад, каме ҳам бошад нисбати он барнома гапҳои дар дилам бударо, ки чандин сол аст маро озор медиҳанд, руи ин коғази сафеди беҷон овардам. Ва мехоҳам дар ин барномаи «Ислоҳ»,ки сабуккунандаи дарди дили ин мардум шудааст, нашр намоед ва ба гуши баъзеҳо бирасад. Агар ислоҳ шаванд чи хуб ва агар нашаванд, худованд ҳидояташон кунад.
Бародаре, ки дар бораи Файзобод гуфт, ончиро гуфт, ки дар ҳама қаламрави кишвар, дар тамоми ноҳияҳо дида мешавад. Вале Файзобод аз вақти ҷанги шаҳрвандӣ то имрӯз ҳамчуноне мардуми Рашт ҷабру зулму кушторро диду таҳаммул намуд, тамоми дороияш:-аз касетаи магнитофону қошуқу пиёла сар карда то мошинашро ғорат карданд, надидааст. Лекин вақте ҳисобу китоб карданд аз тарафи намояндагони Салиби сурх ва Русия, ки дар як маърака ин гапҳоро шунида будам боз барои Файзобод 17 миллион ёрии башардӯстона-гумпомош доданд. Гуё Файзобод ҳамин қадар зарар дидааст. Ин намоянда, ки бо онҳо будааст, ба намояндаи рус гуфтааст, ки охир чаро Ғармро надодед? Тамоми ҷангу хунрезӣ дар онҷо буд. Мегӯяд сарашро ҷунбонду рафт. Ин 17миллион чи хел сум буд ман ҷуръати пурсидани онро аз ин боломақом надоштам. Аммо ба гуфти инҳо зарарро Ғарм диду фоидаро Файзобод гирифт. Ҳозир бошад ҳам Файзобод дар назди ин ҳукумат 100ҳо маротиба аз Ғарм болотар аст. Мисол дар прокуратураи гарнизони Душанбе аксарияти кормандон аз Файзободанд, дар МВД ҳам ҳамин тавр. Вале аз ноҳияи Рашт нест. Барои чашми мардумро хок задан, ки шумо ҳам дар ҳукумат одами калон доред ин бешафоатон чи Сайдулло Хайрулло, чи Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳоло Файзиддин Идизодаро оварданду монданд. Вале шахсан ман худам ба пеши ин кал аз паи коре рафтам, ки барои ман ҳамагӣ як имзо даркор буду тамом ва худамро шинос карда гуфтам муҳтарам раис як имзои шумо даркор, медонед чи гуфт? Гуфт маро ҷаноби олӣ таъин карду гуфт фақат дар ҳаминҷо бош, ки гуянд аз ҳамин минтақа ҳаст, дигар ба ягон чиз «чақа наша», ман наметавонам имзо кардану ба шумо кӯмаке кардан.
Гуфтам ман намегуям, ки ба ҳамчуноне барои додарҳоят аз ҳаминҷо ба дуланҳои давлатӣ кунҷораву ҷуворӣ, сементу кирпич ва дигар маҳсулоти зиндагиашонро беҳисоб мефиристӣ барои ман ҳам деҳ. Просто дар қонун ҳаст фақат як имзо кунед тамом. Гуфт наметавонам. Ман гуфтамаш, ки беҳуда нагуфтаанд, ки:
«Марав ҳоҷат ба наздики турушруй, ки аз хуи бадаш фарсуда гардӣ».
Ин бешафоатии туро медонистам. Лекин он шиносат, ки як вақтҳо ӯро зора мекардӣ, ки илтимос вазирро гӯ маро қабул кунад, ҳамон маро ба назди шумо равон кард. Гуфт бигӯяш, ки маро аз ҳамаи ин корҳо запретит кардаанд, ки ягон ғармиро ёрдам накун!.
Ман гуфтам агар ман ҷаноби гуфтагиатро бинам мегуямаш: илтимос, ин сараш яллақос мекардагиро гиру дар ҷояш як кулобии шери нарро оварда мон. Сумам, ки гиранд, аксарияташон марданд, «ҷошда» коратро буд мекунанд. Гуфт хотири номи ҳамон шиносро гирифтанат, вагарна ҳозир мефармоям мебаранду статияи иғвогар ва таҳқири ҷаноби олӣ барои ноуҳдабароии кадрҳоро мезанандат. Гуфтам, бигзор, чунки вай маро равон накардааст. Аммо мегӯӣ, ки маро ҷаноб аз ҳамаи кор манъ кардааст, пас ин корро иҷозат додааст, ки одамони дармонда наздат оянд, ба кормандони мақомот дастур деҳ, ки ба чунин статияҳо бурда зиндонашон кунанд. Гуфт, бале. Ана ба хотири ҳамон бирав: «ма туро намешносам, ту пеши ма наомадӣ». Ман гуфтам ин ша Аллоҳ рӯзаш мерасад, ки маро боз мебинӣ.
Хуллас, Файзобод шербачаҳои дар боло менишастагӣ дорад. Инҳо ҳам ба монанди ин калҳои Омуни ноҳияи Рашт будаанд. Аммо дар мақомот боре ҳам намешунавӣ, ки «э х@@@ҳай, и ғармияй ку».Аммо ягон бор намешунавӣ, ки гуфта бошанд «э,х@@@ҳай, и файзободияй ку». Дарди дили ман ин аст.
Чаро ғармихо ин қадар хавфноку хатарноку ва мавриди нафрату бадбинии ин мақомот бошанд?
Агар шумо мақомдорон ҳамин тавр дар дилатон ҳаст, пас чаро меравед дар онҷо кор мекунед? Вақте ғармиҳоро дидан намехоҳед худатон меравед? Чаро баъди рафтани худ боз хешу таборатонро мебаред, арусонатонро мебареду дар вазифаҳо монда ин қадар халқро озору азобу машаққат медиҳед. Шумо нисбати онҳо таҳқиру хусумат доред, чаро ба ватанашон меравед? Пиёда ва бо тани бараҳна мераведу аз он тараф ба вертолёт меоед ва мегӯед: «ана Расия иҷа бдай».
Шумо он қадар нафрат доред ба мардуми Рашт, ки охир надорад. Даже корманди амният худаш гуфт (ному фамилияаш ҳаст), ки чи тавр арӯси 6 моҳаро «ҳар шаб бо таҳқиру таҳдид дар ҷогаҳи хобаш меравам,то саҳар савориаш мекунам. Ва агар не гӯӣ шавҳаратро дар розиск дода оварда маҳкамаш мекунам». Боз бангро мезанию дар чойхонаи Рӯи об ин ҳамаро нақл мекунӣ.
Тамоми ҷиноятро дар ин минтақа шумо содир мекунед. Вале дили ман медонед чаро дард мекунад?
Соли 2019 дар як маъракае дар ноҳияи Ҳамадонӣ нишаста будем. Тамоми мақомдорҳо буданд. Баъди хуроку арақу бангро задан нақлро сар карданд. Якеаш гуфт «ҳами очаи и ғармиёра фалон кадан даркор, иёра несшон кадан даркор». Соҳибхона маро чашмак зад ва баргашта ӯро гуфт: «э девона чаро интавр мегуӣ? Дар вақташ нон мехурдӣ ба монанди синка буд. Ҳозир ин дову доска аз ҳамонҷост, чаро ношукрӣ мекунӣ». Гуфт «и намечи очаҳо бародари маро куштан, ма агар ҳар моҳе яктаи инҳоро хуншро нарезонам, он моҳ барои ма ҳаромаст». Хуллас, бениҳоят таҳқиру дашному ҳақорат кард. Маро соҳибхона баровард ва бурд ба дигар хона бо ҳамсояҳояш шинонд. Баъди шиносоӣ маълум шуд, ки яктои ин ҳамсояҳо падари ҳамон куштагӣ будааст. Аз гапзании ман пурсид, ки ту ғармиӣ? Гуфтам, бале. Гуфт «шумо ғармиё одамкушен, писари маро куштен».
Ман ку онро фаҳмондам.Аммо мехоҳам дигар мардуми кулобӣ аз ин барнома ин суханҳои ғармиро шунаванд. Мо ғармиҳо магар ҳамаамон дар қатли фарзанди шумо гунаҳгорем. Соҳибхона ба ҳамон корманди кадом мақомот буд, ё корманди дигар,точно намедонам, гуфт, ки «акаи туро ғармиё омадан дар Масковский куштанд»? Гуфт, не. Гуфташ, ки моро ҷамъ карданд. Ман шахсан бо акаи ту будам. Гуфтанд, ки ғармикушӣ меравед. Онҳо ҳамаашон дар майдони Шаҳидон буданд, «агар брен ай у тараф чизе метоне гирен биёрен».
Дар давраи Союз зиндагӣ дар Ғарм бамаротиб беҳтар аз дигар ноҳияҳо буд. Ғарм, агарчанде ноҳияи майда ҳам буд, аз ҳисоби себу нокаш зиндагии мурффаҳ дошт ва аз ҷиҳати доштани мошин аҳолиаш ҷои аввалро мегирифт.
Хайр, насиб будааст, ки акаи ту шаҳид шуд. Бигзор ин номаро хонаду гуш кунад. Соҳибхона медонад, ки ман кӣ ҳастам. Он вақт ин гапҳоро ба ин соҳибхона гуфта будам. Вай гуфт аҳамият надеҳ, ҷавоби аҳмақ сукут.
Аммо ҳозир мехоҳам суханамро бигӯям. Онҳое, ки бачаҳояшонро дар ҷанги шаҳрвандӣ, именно хатлонихо аз даст додаед, ба шумо гуфтаниам, ки бачаҳои шуморо кӣ гуфт, ки «брен Ғарм ҷанг».
Магар ғармиҳо тоҷик набуданд, бародари шумо, ҳаммилати шумо набуданд? Кадом шаҳид? Фарзандони шумо рафтанду тамоми дороиҳои моро маҷбур ва бо зӯр гирифтанду оварданд. Моро куштанд, зану фарзанду модаронамонро таҷовуз карданд, мардонамонро дар сари пули Сайрон кушта дар Сурхоб андохтанд. Ҳоло мепурсам, ки ба инҳо кӣ гунаҳгор? Боз ғармӣ?
Не! Фронти халқӣ бо ҳиллаву найранг он вақт бурду кушташон, аммо шумо аз ғармиҳо менолед.
Ҳозир аз кӣ менолед? Аз даруни Кулоб мераванду ҷавонҳои шермардатонро, ки оянда ба ин Фронти халқӣ хатар дорад, меоранду мекушанд. Ба инаш ҳам ғармиҳо гунаҳгор?
Савол ба шумо барин одамоне, ки дар структураи ба ном қонун, вале амалан дузду ғоратгар кор мекунед.
Магар ғармиҳо омаданду дар Масковскию Фархору Восеъу Кулоб фарзандони шуморо куштанду занҳову духтарҳову модарҳояторо таҷовуз карданд ва тамоми дороиатонро ба яғмо бурданд? Шумо худатон ба монанди имрӯз рафтеду барои чизи дунёӣ шуда худатро ба куштан додеду боз шаҳид мегӯед. Шумо магар дар Исроил ҷангидед? Фардо, албатта, агар худоро бовар дошта бошед, пурсида мешавед, ки чаро кушта шудӣ? Он вақт чи мегуӣ? Мегӯӣ, ки Фронти халқӣ гуфт раведу кушеду мошину чизу чораашонро гиреду биёред? Ҳамин аст шаҳиди шумо? Мегӯед ғармиҳо бо шумо Ризвон ҷангид. Магар Ризвон ғармӣ буд. Як бор ба худатон савол диҳед, ки шумо чи кор карда истодаед? Ризвон орҷоникидзеободӣ набуд? Тамоми шербачаҳои ин водиро гирифту бо додараш Ҷумъа оварда дар дараи Ҳакимӣ кушта партофту рафт. Ин модару падари ғармӣ чаро намегӯянд, ки кулобиҳо. Мегӯянд, ки Ризвон кушташон. Магар муло Абдулло ғармӣ буд?
Ин сағераи думи кампир аз Балҷувон буд, ки дар Ховалинг шавҳар дошт ва ин каканро бо худаш оварду дар Орҷоникидзеобод (Ваҳдат)шавҳар кард. Ин хун хуни кулобӣ аст ку. Гурехту рафт дар Комсомолобод ҷой гирифту ҳамаатонро бо вертолетҳоятон гузинӣ гардонд. Ин қадар воҳима мекунед ба монанди ҳамин бачаи Рамазон Қодиров медалҳоятонро мебинам мегуям аз соли 1939 инҷониб ҷангидаед. Дар асл ба як мулло Абдулло зуратон нарасид, ки ҳамагӣ 12 кас буданд. Ҳамонро ҳам боз ҳамин ғармӣ даромада парондаш, ку.
Дар ғармиҳо ду лидери муҷоҳидин буд:-яке Мирзохӯҷаи комиссар, якеаш Мирзохуҷаи белгӣ. Сеюмаш Шоҳ, ки инҳо ҳамаашон одами ҳамин ҳукумат шуданду худашон, именно Белгӣ баъде, ки 6-ой отдели Ғармро доданд муҷоҳидҳоеро, ки ҳамроҳаш буд қапида оварда супорид. Даже, вақте аз шаҳр гуфтанд мулло Абдуллоро биёред, ки оянда хатар дорад, ридед балҷувониҳо. Алиро қапидед, баъд мо бачаҳои балҷувонем гуфта задед воҳимро, ҳоло ҳам наворатон дар Ютуб ҳаст.
Чаро вақте ба сари мулло Абдуллоро рав гуфтанд, гуфтӣ ман намеравам. Боз ҳамонро ҳамин ғармӣ -Мирзохуҷаи белгӣ дар сараш маска кашиду рафта аз даруни масҷиди Хиштирок занг зад ва боз ҳамин шербачаҳои марди шумо, ки командират ба сарат рафт бераҳа кун, ки меоранд мешикананд, ҳоло онки онҳоро ҷанобатон дар вақти пиёниаш авф карда буд. Аммо ҳушёр шуда мункир шуд ва гуфт «ма нагуфтам».
Дар даруни масҷид тайи як либоси ҳаҷӣ вақте баромад белгӣ Мирзохуҷа успет кард ва дар коридори беруни масҷид ба қундоқи пистолет чунон задаш, ки мардуми он деҳот то ҳозира овозашро дар гушашон мешунаванд. Барои онки вай намегузошт дар ин дараи тагоба ҳаромҳои шумо раванду чи хеле форадашон духтарбозию ҷаримаю зулм кунанд. Аммо инро ҳам ин қадар сиёҳаш, ки кард боз ҳамон ҳамватани худаш Раҳматшои бо лақаби Шайтон, ана чи шуд мурду рафт безарар гардонд. Аммо ин мулло дар зиндон мурду баъд шумо мурдаро додед. Ана интуриро шумо шаҳид гӯед,ман мегуям шояд. Чи қадаре гӯед ҳамон қадар нисбати ин фарзандони шумо ман гап мезанам.
Именно Кулоб, Фархор, Восеъ, Масковский, Данғара вақте фарзандонатон ин қадар мардуми Ғармро зулм мекунанд, шумо модарону падарон чаро як бор намепурседашон? Вале вақте кушта мешаванд баъд мегӯед, ки гунаҳгор ғармиҳо? Ваъдаи Аллоҳ аст, ин шо Аллоҳ бар золим бармегардад. Ин зулме инҳо мекунанд ба сари худатон бармегардад.
Соли ҷанги шаҳрвандӣ фанд хурдед, бас аст. Фарзандонатонро насиҳат кунед, дуюмбора фанд нахуред. Соҳиби ҳамаи чиз шудед, ақалан монед ҳамин халқ оромона зиндагӣ кунад.
Дар Ғарм аз аҳолӣ дида военниву милисаю амнияту уголовник бисёр аст. Дигар инҳо чи кор карда метавонанд. Монед мардумро оромона зиндагӣ кунанд.
Боқӣ, дар амони худо бошӣ.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ончиро, ки мехостам рӯи коғаз овардам. Аммо хоҳиш ва илтимост мекунам, ки ҳатман чоп кун. Ман метавонам ному насаб ва фамилияамро ҳам ифшо созам. Аммо, маъулм аст ки не за что мебаранду мешинонанд ва куштанашон ҳам мумкин. Аммо дар охир мехоҳам чанд пешниҳодамро баён намоям:
Мо кай як миллат ва кай иттиҳоди воқеъӣ мешвем?
Бародарҳо, биёед, аз ҳамаи ин гапу ҳарф, гилаву ҷингилаҳо, айбдоркуниҳои ҳамдигар дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ бигзарем ва ба ҳам оем. Ончи гузашт, гузашт. Дигар кореаш карда намешавад. Аммо зиндагӣ идома дорад дар рӯи замин.
Як бор фикр кунед. Ҳоло натиҷаи ин ҳама ҷангу бародаркушиву сулҳу оштии мо чи шуд? Магар вазъу ҳоли як кулобӣ, як фархорӣ, як ховалингиву балҷувонӣ беҳтр аз ғармӣ, аз файзободӣ ва ё аз ҳисорӣ аст. Мардуми вилояти Суғд ё Бадахшон чӣ?
Ҳамаамонро як оила саворӣ кардааст. Як авлод ҳамаи сарвату пулу молу замин, ҳатто кумури моро гирифта соҳибӣ кардааст. Мову шумо бояд бар зидди инҳо мубориза кунем, бо ҳам биёем.
Ба худамон, ба фарзандонамон, на ба фарзондони Раҳмонов ва худи Раҳмонов, ки аз яъҷуҷу маъҷуҷ ҳам шумораашон афзуда истодааст, зиндагӣ бисозем.
Бояд бидонед ва огоҳ бошед, ки вақте дунёямон хароб аст, дар дунё рӯзи хуш надорем магар дар он дунё рӯзамон хуб мешавад? Не. Роҳи ҷаннат аз дунё мегузарад. Ин ҳадиси расули акрам аст. Мазмуну маънии баланд дорад. Шарҳу тафсир намекунам. Худатон бояд бифаҳмед.
Магар он нафари шаҳидшуда тан барои он ба куштан дод, ки фақат дар ин мамлакат як авлод ва як оила зиндагӣ дошта бошад? Гапи охирам ҳамин буд.
Пасгуфтори Ислоҳ
Ин нома танҳо дарди як минтақа нест. Ин дарди тамоми миллат аст. Дарде, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ монд, солҳо бо таблиғу тафриқа зинда нигоҳ дошта шуд ва имрӯз ҳам баъзеҳо аз он барои ҳукмронӣ истифода мекунанд. Аммо вақти он расидааст, ки ҳақиқатро рӯбарӯ бингарем:
тоҷик ба тоҷик душман нест. Албатта дар боло зикр намуда будем,ки набояд чунин номаҳо нашр шаванд. Аммо ин нашр намешуд ҳам ончи мо мебинем ва шоҳидаш ҳастем он аён аст ва мебинем ин кинаҳоро.
На ғармӣ душмани кулобист, на бадахшонӣ душмани суғдӣ. Ҳамаи мо фарзандони як сарзаминем, як таърих дорем, як забон, як фарҳанг ва як тақдир. Солҳо моро бо номи минтақаҳо ҷудо карданд, то осонтар ҳукмронӣ кунанд. Моро ба ҳам бадбин карданд, то аз болои мо бидуни монеа ҳукм ронанд. Аммо ин бозӣ набояд дигар идома ёбад.
Имрӯз бояд ҳар тоҷик ба худ савол диҳад:
чӣ бурдем аз ин ҳама ҷудоӣ, аз ин ҳама кина ва аз ин ҳама айбҷӯӣ?
Оё зиндагии кулобӣ беҳтар аз ғармӣ шуд?
Оё бадахшонӣ аз суғдӣ пеш рафт?
Оё як минтақа дар ҳақиқат соҳиби адолат ва озодӣ гардид?
Не.
Ҳама бо ҳам зери як фишор мондем. Ҳама бо ҳам аз як низоми ноодилона зарар дидем. Ҳама бо ҳам шоҳиди он шудем, ки чӣ гуна сарват, замин, имконият ва ояндаи кишвар дар дасти як доираи маҳдуд ҷамъ шуд.
Пас вақти он расидааст, ки ин давраи кина ва ҷудоиро пушти сар кунем.
Бояд ба ҳамдигар на бо чашми гумон, балки бо чашми бародарӣ нигоҳ кунем.
Бояд дарк кунем, ки душмании миёни мо танҳо ба нафъи онҳост, ки мехоҳанд моро пароканда бинанд.
Ваҳдати воқеӣ аз шиор сар намешавад, аз дарки ҳақиқат сар мешавад.
Вақте ғармӣ дарди кулобиро дарди худ бидонад,
вақте бадахшонӣ худро ҷудо аз суғдӣ набинад,
вақте тамоми тоҷикон дарк кунанд, ки сарнавишташон муштарак аст-он вақт дигар ҳеҷ қуввае наметавонад ин миллатро ба бозии тафриқа кашад.
Имрӯз зарур аст, ки тамоми тоҷикон-
аз Рашт то Кӯлоб, аз Бадахшон то Суғд,аз Ҳисор то Хатлон-
ба як дарк бирасанд: «наҷоти ҳар яки мо дар муттаҳидии ҳамаи мост».
Бигзор кинаҳои ҷанги гузашта дар гузашта бимонанд.
Бигзор насли имрӯз дигар қурбонии тафриқа нашавад.
Бигзор мо миллате шавем, ки бар пояи адолат, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ меистад.
Тоҷикистон танҳо вақте рӯ ба пеш меравад, ки тоҷикон рӯ ба рӯи ҳам не, балки паҳлу ба паҳлуи ҳам биистанд.
