Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет»№335

Ислоҳ нет

Вазъу ҳолро бингаред. Нафар аз хешовандони дури Муроди телех будааст. Муроди телех кист, ҳама медонем. Ин хешованди  Муроди телех дар вазорати нақлиёт масъули КВД сертификат ва литзензия будааст. Аммо бубинед, ки ба чи корҳо машғул аст.

Номаи аввали аз Душанбе расида дар ҳамин бора маълумот медиҳад.

Аз деҳаи Муллобароти Рашт муаллифи мо дар бораи раисони пешини ҷамоат навиштааст. Муаллиф мегӯяд, ки ҳеҷ раисе, чи раиси маҳалла ва чӣ раиси ҷамоат то ба амният ё участковий бузӣ накунад, кор карда наметавонад. Ва ин корманди амният ё участковий ҳатман аз «бачаҳакои боло» аст.

Муаллифи ҳамешагии мо аз Волгоград ин бор ба масъалаи фаъолияти ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон пардохтааст. Як пешниҳоди ҷолиб ва мантиқӣ ироа кардааст. Ин чи пешниҳод аст дар номаи фиристодаи вай мехонед:

                                      Душанбе  

Ассалому алейкум ва рахматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Нома аз шаҳри Душанбе фиристода мешавад. Мехоҳам дар бораи як раиси КВД-сертефикат ва литзензияи вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Саидзода Сайфиддин суҳбат кунам. Ин Саидзода Сайфиддин худашро ҷияни телехи Эмомалӣ Раҳмонов Саидзода Мурод мегирад. Дар асл ин калтаи ҳаромхур ягон ҷияни роднойи телех намешавад. Телех бачаи амакии модараш мешудааст, мо инро фаҳмидем. Аз пушти ҳамин бошад аз фамилияи падарии худаш рӯ гардонида будааст, то ки бо ин тариқа худро ҷияни телех муаррифӣ кунад. Худашро ба фамилияи модараш гузаронида будааст.

  Ин калта, яъне ҳамин Саидзода Сайфиддини КВД 4-5 сол мешавад, ки дар инҷо кор мекунад. Худашро ҷияни телех мегираду бениҳоят ҷабр ба коргарҳояш карда истодааст. Коргарҳо аз дасти ин касофат доду фарёд мезананд.

Ин калтаи Саидзода Сайфиддини «ҷиян»-и Муроди телех дар КВД-и вазорати нақлиёт раис аст. Дар роҳҳо  35-40 пост, яъне тарозу ҳаст. Ин калта дар ҳамаи ин тарозуҳо старшийҳоро аз хешу таборони худаш мондааст. Аз ҳар пост ҳар моҳ аз старшийи пост тавассути як шогирдаш бо номи Алишер аз 50.000 сомонӣ то 100.000 сомонӣ мегирад.

Охири моҳ мешавад Алишер ба ҳама ин старшийи постҳо занг зада боз дар болои моҳонае, ки калта мондагӣ аст Алишер доляи худашро монда аз 35-40 пост пул мегирад. Коргарони КВД сертифакат ва литзензия қасам мехуранд, ки ин хел раиси ҳаромхур дар ягон давраи кории мо набуд.

Ҳар сол коргарҳо бо шартномаи 1- сола кор мекунанд. Нархи ҳамин шартномора тавассути Алишери шогирд аз 5.000 сомонӣ то ба 10.000 сомонӣ боло кард. Дар вақташ чунин набуд.

Коргарони КВД бар ин боваранд, ки чунин корҳои Сайфиддини калтаро телех намедонад, вагарна ҳамроҳаш мумкин аст тамоман гап назанад.

Вале ин Саидзода Сайфиддин мегуфтааст, ки «ма телехда доля метм, барои ҳамин дилм пурай, ки любой время мара воля додагияй, ки то вахти ма ҳастм хурда гард». Ягон масъули Вазорати нақлиётро умуман писанд намекунад. Далер гуфтанӣ одам сардори раёсаташ аст, ҳамонро ҳам мегӯяд        «фалони мара гирифта наметонад».

Дар асл ва амал ҳам ҳамин хел аст. Дар ягон ҷаласаҳо иштирок намекунад. Ҷаласаи кварталний шавад отпуска мегирад ё больничний ва иштирок намекунад.

Бачаҳои КВД мегуянд ин бесавод баромад карда наметавонад барои ҳамин аз маҷлисҳо мегурезад.

Шумо ягон корхонаи давлатиро дидаед, ки маоши коргарҳояшро надиҳад? Ин Сайфиддини калтаро бояд санҷанд. Дар соли 2025 3-4 моҳӣ коргаронаш, ки бояд аз 2500сомонӣ то 3000сомон маош бигиранд, надод ва то ҳозир намедиҳад.  

  Дар КВД зиёда аз 400 коргар кор мекунад.

  Ин Саидзода Сайфиддин калта ҳар сол 15-20 маротиба аз ҳақи коргароне, ки шабурӯз дар постҳо истода кор мекунанд ба хориҷа рафта бо беваҳо истироҳат мекунад. Ин калта маблағу пули онҳоро бо ҳар роҳи дуруғ ба зӯрӣ кашида гирифта дар хориҷа сарф карда мегардад. Ягон бор мо надидем, ки ҷои кор бо ягон мошини арзон омада бошад. Ҳар як мошин дорад, ки (ман маркаи мошинро намефаҳмам)  коргарҳо мегуянд, ки ин аз 150.000$ зиёданд. 

 Намедонан ин доду фарёдро ба кӣ бигӯянд. Медонем баъди ин нашр бовари дорем, ки ними ҳамин коргарҳо боз дигар маълумотҳоро роҳӣ мекунанд, ки ин ҳаромхур аз ҳаромхуриаш монад. 

   Дар Душанбе 1-2 мамароза дорад. Тавассути ҳамонҳо ба идорааш духтар меорад. Дар идорааш ба ҳамин духтарҳо ….Ин калта ҳақи ҳамаро хурда зино карда мегардад. Вагарна гуфти коргарони КВД «ин калтара саг нигоҳ намекунад».

 Ин ҳамааш меҳнати мо аст ки калта истофада бурда истодааст. Рӯзе мешавад, бовар кунед, ки ин Саидзода Сайфиддини калта барои ҳақи моро хӯрданаш ҷавоб мегӯяд.  

Калта чандин нафари мутахассисро аз кор пеш карда хешу табор ва шиносҳои худашро оварда монд.

Бародар, баъди ин нашр бовар кунед маълумотҳои зиёд аз КВД ва ин Саидзода Сайфиддин ба шумо меояд. Чунки дар КВД аз вай сахт безор шудаанд. Ман аввалин шуда роҳро кушодам, то донанд мардум,ки Ислоҳ бо миллат ва мардум аст ва дарду шикояти мардумро нашр мекунад.

                                         Рашт

Ассалому алейкум устоди азиз, Муҳаммадиқболи Садриддин! Худованд аз шумо розӣ бошад. Ман бори аввал аст аз ноҳияи Рашт, деҳаи Мулло-Барот нома менависам. Имруз дар баробари ин ҳама зулму  ноадолатиҳои раисони пешини деҳа нисбати мардуми деҳаи Мулло-Барот хомуш истода натавонистам. Ва мехоҳам вазъият ва дарди мардумро дар ин нома ба шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон расонам.

Раисони пешинаи деҳа инҳо буданд:

Саидов Сироҷиддин,

Саидов Маҳмадюсуф,

Саидов Назрулло, 

Азизов Одинамаҳмад.

Акнун дар бораи онҳо маълумот медиҳам:

  1.Саидов Сироҷиддин

 Дар деҳаи Мулло-Барот 5-6 сол пеш раиси деҳа Саидов Сироҷиддин буд. Вай бузи участковий буд ва бо ҳамроҳи участковий дар деҳа мегашт ва медид, ки кадоме як шохаи тутро буридааст дарав ба участковий хабар медод ва ӯро барои буридани як шохаи туте, ки дар ҳавлии худаш аст аз 500 то 1000 сомониашро ҳамроҳи участковий канда мегирифт.

  Акаи Муҳиддин дар ҳавлии худаш барои бачааш фундаменти хона мерезад ва Саидов Сироҷиддин аз куҷое хабар меёбад ва дарҳол ба участковий хабар медиҳад ва участковий омада бе иҷозатнома фундамент рехтӣ гуфта  ӯро 15000сомонӣ ҷарима мекунанд. Вай ҳамаи мардуми деҳаро ба дод оварда буд. Вай бо ҳамроҳи участковий хона ба хона мегашт. Кадоме дар болои кришаи хонааш ҳезум ё дарзаи каҳ мебуд ё ягон лампаи тафсон ё ягон сими луч меёфтанд дарҳол ҷарима мекарданд. Ин мардум аз дасти инҳо ба дод омада буд.

 Мактаби деҳаи Мулло-Барот дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, барои хонандагон синфхона намерасид. Саидов Сироҷиддин барои аз нав сохтани мактаб 4-5 сол даводав кард. Чанд маротиба аз мардум пул ҷамъ кард барои ҳуҷҷҷатҳои мактабро дар боло имзо кунонидан, аммо натавонист. Фақат ба мардум ваъда медод то ба боварии мардум дарояду халос. Вай мехост бо пули мардум мактаби деҳаро аз нав созад. Мардуми деҳа диданд, ки ҳеҷ коре аз дасташ наомад. Ба вай гуфтанд:- ё пули мардумро гардонда медиҳӣ ё аз ту шикоят мекунем. Ин моҷаро хеле давом кард Пас Саидов Сироҷиддин ноилоҷ баъзе пулҳои мардумро гардонда дод.

Сироҷиддин дар байни мардум худро инсони кордону боақл нишон медиҳад ва баъзе нафарҳои чоплус аз вай ҳимоят мекунанд. Агар онҳо аз чоплусӣ даст накашанд дар номаи дигар номи ҳамаи онҳоро менависам. Ҳозир вай ба нафақа баромадааст вале боз ҳам аз ҳамон бузигариаш намондааст.

Дар мавсими даъват ба артиш ҳамаи ин раисони золими ҳаромхур бо ҳамроҳии амнияту военкомат падару модари даъватшавандаҳоро маҷлис  гузаронида ба мардум мегуянд, ки тибқи нақшаи даъват аз деҳаи Мулло-Барот 3 ё 4 нафар бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд, агар шумо бо хоҳиши худ фарзандонатонро ба хизмат равон кунед, ягон мақомот ба ин деҳа кор намегирад ва агар шумо фарзандонатонро надиҳед мо дари чойхона ва масҷидро мебандем. Ва ҳамин тавр мардумро гуфта тарс медиҳанд. Пас, амниятиҳо мераванд ва раисони номбурдаи деҳа боз падару модари даъватшавандаҳоро ба маҷлис даъват мекунад. Дар ин маҷлисҳо аз ҷониби раисон чунин пешниҳод мешавад.

 «Мо бояд 4 салдат супорем, ё ҳамаи шахсоне, ки фарзанди сини даъватӣ доранд пул ҷамъ карда аз ягон ноҳияи дигар салдат бихарем».  Дар ин ҳолат ду- се нафар хеста мегуяд: — «ҳар сол ҳамин хел маҷлис мекунем, ҳеҷ кас розӣ намешавад ё шахсоне, ки фарзандонашон донишҷӯ ҳастанд мегуянд, ки «фарзандони мо донишҷӯ ҳастанд, чаро мо пул супорем». Ва ҳамин тавр бо ҳамин гуна гапҳо маҷлис  ба охир мерасад ва тибқи нақшаҳои онҳо бе натиҷа тамом  мешавад. Пас онҳо дари масҷидро мебанданд ва ба ҳаромхуриву зулму таҳдиди мардум шуруъ мекунанд.

  Дар деҳаи Мулло-Барот 50-60 даъватшаванда ҳаст ва ҳар мавсими даъват падар ё модари онҳоро ба военкомат, ё ҷамоат, ё амният фарёд мекунанд. Бо ҳаргуна тарсу таҳдид аз ҳар кадоми онҳо аз 4 то 6 ҳазор сомонӣ ва аз студентҳо 1 ҳазор сомонӣ бо ҳар ҳилаву найранг кашида мегиранд. Ҳатто дар моҳи рамазон мардумро барои хондани намози таровеҳ иҷозат намедиҳанд.

  Соли 2023 раиси ҷамоат Саломов бо ҳамроҳи котиби ҷамоат ва корманди амният ба раиси деҳа Азизов Одинамаҳмад дастур медиҳанд, ки мардум се рӯз такроран дар моҳи Рамазон паёми «пешоб»-ро, ки як моҳ пеш баромада буд дар чойхонаи деҳа пеш аз намози таровеҳ тамошо кунанд ва баъд намози хуфтану таровеҳро хонанд. Дар ҳамон вақт барқ лимит буд. Мардум баъди ифтор се руз «паём» тамошо мекарданд, ки се соат давом мекард, барқ мемурд, баъд таровеҳ мехонданд.

  Ин фармони амниятиҳо будааст, ки ин золимони худобехабар фармони Аллоҳро таъхир карда онро иҷро мекунанд. Дар чанде аз деҳаҳои ноҳияи Рашт ин корро карданд.

  2.Саидов Маҳмадюсуф:

Саидов Маҳмадюсуф чанд сол пеш ҳам раиси деҳа кор карда буд. Вай бузи амниятиҳо мебошад. Саидов Маҳмадюсуф низ дар вақти раиси деҳа буданаш ба мардум зулми бисёр карда буд. Ин раисон, фонди ободонии деҳа гуфта аз сари ҳар хоҷагӣ 120 сомонӣ ҳар сол ҷамъ мекунад ва як қисми ками ин пулро дар масҷид ва чойхона сарф мекунанд ва аз боқимондаи пул ҳеҷ кас намедонад куҷо мешавад.

 3.Саидов Назрубло:

Саидов Назрулло писари бародари Саидов Маҳмадюсуф мебошад. Ин ҳаромхури зинокор ду бор ба ҳайси раиси деҳа кор кардагӣ аст. Бори аввал маблағи зиёде аз мардуми солдатдор ҷамъ карда гурехта ба Маскав рафт. Як сол дар Маскав кор карда делааш таг зад сипас боз гашт. Бори дуюм баъди ду сол боз ӯро раиси ҷамоат бе ягон интихобот раиси деҳа таъин кард, чунки дузд бо дуздон мувофиқ меояд. Саидов Назрубло бузи номери яки деҳа мебошад. Ҳамаи мардум буз будани ӯро медонад. Вай бузи Парвизи амният аст. Дар вақти раиси деҳа буданаш, Парвиз куратори ҷамоат буд. Ҳамон вақт бо вай шинос шуда буд. Дар охир Саидов Назрублоро бо як зани шавҳардор, ки шавҳараш дар Русия буд  дар шаҳраки Ғарм меқапанд ва ин гапҳо ба гуши ҳамаи мардуми деҳа мерасад. Мардум норозигӣ мекунанд ва дар ниҳоят Саидов Назрублоро бо ин ҳама шармандагӣ аз раисии деҳа озод мекунанд.

 4.Азизов Одинамаҳмад:

Азизов Одинамаҳмад муазини масҷиди деҳа буд, баъд раиси деҳа монданд. Вай вақте раиси деҳа таъин шуд, ҳам вазифаи муаззини масҷид, ҳам раиси чойхона ва ҳам раиси деҳаро иҷро мекард.

  Дар деҳаҳои минтақаи Рашт ҳар раиси деҳае, ки ба кор шуруъ мекунад, вай агар бо раиси ҷамоат ва участковию амният ҳамкорӣ накунад кор карда наметавонад, пас маҷбур мешавад бо ин ҳаромхурҳои режими золими одамкуш ҳамкорӣ кунад. Азизов Одинамаҳмад  дар рӯзҳои аввали кориаш амният дари масҷидро баст ва шарт гузошт, ки то плани саллат аз деҳа буд нашавад, ягон кас дар моҳи шарифи рамазон ба масҷид намедарояд. Дар ин ҳол раиси деҳа фарзанди худашро, ки донишҷу буд ба хизмат равон мекунад ва дари масҷидро мекушоянд. Сипас ба ғорати мардум шурӯъ мекунад ва аз ҳар нафари даъватшаванда аз 4-6 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ мекунад. Ин шахс тамоми хайрҳое, ки мардум мекарданд барои ободонии масҷид ё чойҳона ҷамъ мекард ва бо ҳамроҳи раиси ҷамоат ва амнияту участковий ба кисаи худ мезаданд. Вай чандин ҷавони деҳаро ба амният фурухт ва амният барои суратҳои ришдор ва лайк мондани наворҳои пешини ҳоҷӣ Мирзову дигар уламо 7-ҳазор сомониашонро ба зӯрӣ кашида гирифт. Номи ин куратори амният Аваз буд.

 Азизов Одинамаҳмад дар  даъвати баҳори соли 2025 боз аз мардум пул ҷамъ мекунад ва ба писари Шодиев Сафархуҷа барои ба хизмат рафтанаш 25 ҳазор сомонӣ ваъда медиҳад. Вай розӣ мешавад ва ба вай 19 ҳазор медиҳад ва боқи мондаи сумро баъд медиҳам гуфа 6 ҳазор сомониро дар кисаи худаш мезанад.

 Шодиев Сафархуҷа  фарзандашро ба хизмат рафтан намемонад. Сипас ӯро ба амният фарёд мекунанд ва аз вай мепурсанд, ки мо ба ту 25 ҳазор додем чаро фарзандатро нафиристодӣ? Шодиев Сафаруҷа дар ҷавоб мегуяд ба ман 19 ҳазор доданду халос. Баъди ин дуздии раиси деҳа ошкор мешавад ва бо раиси ҷамоат муносибаташон вайрон мегардад ва раиси ҷамоат ӯро аз раисии деҳа озод мекунад. Пас аз раисии деҳа озод шудани Азизов Одинамаҳмад бачаи акааш Азизов Субҳонро раиси ҷамоат чап мегирад ва ӯро ба хизмат мефиристад.   Падари Азизов Субҳон барои нарафтан ба хизмат ба амакаш Азизов Одина 25 ҳазор сомонӣ қарз гирифта медиҳад то ӯро ба хизмат набаранд. Азизов Одинамаҳмад коре карда наметавонад ва Азизов Субҳонро ба хизмат мебаранд. Азизов Субҳон ба амакаш Азизов Одинамаҳмад мегуяд 25 ҳазор сомонии гирифтаашро бар гардонад. Аммо Азизов Одинамаҳмад ҳамаи он пулҳоро обу лой кардааст ва пулҳоро бар гардонда натавонист.

Хулоса Азизов Субҳонро ба хизмат бурданд ва падараш барои баргардондани пулҳои қарзгирифтааш ба Маскав рафт то кор карда қарзҳояшро бар гардонад.

 Хитоби ман ба мардуми деҳаи Мулло-Барот!

 Эй мардум! Чаро дар баробари ин ҳама зулму ноадолатиҳо худро ғулом кардаед? Аз Худо битарсед, дар гуфтани гапи ҳақ бетарафӣ зоҳир накунед.

 То кай мо дар зулму таҳдиди ин режими хунхор зиндагӣ мекунем? То кай мо хомуш меистем? Чаро  дар асри 21 мо бояд барқ надошта бошем, чаро фарзандони мо бояд дар муҳоҷират дар зери зулми русҳо қарор дошта бошанд? Магар мо ҳақи озод зиндагӣ кардан надорем?

 Чаро фарзандони мо аз дини ислом бе хабар бошанд? Чаро дари масҷидҳо бастааст, чаро ришҳои моро метарошанд, чаро сатри хоҳару модари моро мекашанд, чаро тоҷиконро дар тамоми ҷаҳон терорист мешиносанд,  чаро фарзандони мо бе савод мемонанд, чаро фарзандҳои моро аз хизмати ҳарбӣ инвалиду мурдаҳояшонро меоранд? Магар ҳамин аст тинҷию оромӣ?

 Эй, мардум ба худ биёед, аз Аллоҳ битарсед. Магар фаромуш кардед, ки фардо дар рӯзи маҳшар боз ҳашр мешавед дар назди Аллоҳ? Магар бо кадом амалҳоятон мехоҳед аз азоби Аллоҳ дур шавед? Валлоҳ то замоне ҳамаи мо бар зидди ин оилаи хабис мубориза набарем, озод нахохем шуд.

Ва он нафароне, ки нисбати занону духтарони мардуми муҳоҷир дастдарозӣ мекунед, Худо хоҳад як номаи алоҳидае менависам, то тамоми халқи тоҷик шумо зинокоронро шиносанд, махсусан магазинчиҳои деҳа аз ҳамаи корҳоятон хабардорам!

 Ин буд дарду ранҷи мардум аз дасти ин режими Раҳмонов ки як ҳиссаи хурде аз онро ба шумо пешкаш намудам. 

Бо умеди пирузи Аллоҳи меҳрубон ёру мададгоратон бошад.

                                    Волгоград

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол. Шумо, шояд гумон кунед, ки ман зиёд бароятон нома менависам. Бале, дуруст. Ҳоло дар инҷо барф хеле баланд аст.

Рости гап ман чанд сол шуд, ки бо ноҳияи маҳалли зистам шартнома дорам, ки нисфи ҳар моҳ дар зимистон барфи шоссеи асосиро ҳамроҳи дигар муҳоҷирҳо пок мекунам. Ин кори душвор нест. Чунки асосан техника анҷом медиҳад. Мо фақат бардюрҳоро, ҷойҳое, ки бели булдозер намерасад тоза мекунем ва ҳар рӯз 4000 рубли русӣ медиҳанд. Аммо имсол сербарф омад.

Хуб, ин як каме ҳам буд, маълумот дар бораи худам буд. Ин бор як матлаби дигарро аз ин нашрия дар бораи кори ширкатҳои мобилӣ гирифтам. Дар ин навиштаи сайти СССР аз фаъолияти Тселл, яке аз ширкатҳои сермуштарии Тоҷикистон интиқод шудааст, ки тамоман ҳақ аст. Муаллиф 100% дуруст навиштааст. Балки кам навиштааст. На фақат Тселл дига ширкатҳои тавзеъкунандаи хадамоти мобиливу интернетӣ дар Тоҷикистон корашон бисёр ҳам паст аст. Суръати интернет суръати сангпушт аст. Тоҷикистон аз ин ҳисоб дар миёни кишвраҳои шӯравии пешин ва минтақа аз ҳама қафо мебошад.

Аммо ин хидматрасонии телефонҳои мобилиро намешавад хидматрасонӣ гуфт. Ватсапу Телеграмму Имову дигару дигарашро тамоман кор фармуда намешавад. Фейсбук аз инҳо ҳам бадтар.

Ин ширкатҳо бояд вобаста ба светкушӣ, ки қариб ҳафт моҳ давом мекунад нархи хидматрасонии худро поин биоваранд. Ман аз инҷо занг мезанам гап зада намешавад. Мегӯянд, ки свет мурд кори телефонҳо ҳам тамом мешавад. Аммо моҳонаи ин ширкатҳо дар вақти набуди свет, вақти лимит ҳам иваз намешавад.Чаро?

Инро кӣ бояд назорат кунад? Ин магар ғорати рӯирости сокинон нест? Вақте пул месупоред барои як моҳ аммо ҳатто ним моҳ ҳам гап зада нашавад, пас чаро пули моҳона супоранд?

Ҳоло акнун он навиштаи СССРро пешкашатон мекунам:

«Суръати интернети ширкати Tcell: мушкилоти ҷиддӣ ва саволҳои беҷавоб!!!

Бо вуҷуди он ки Tcell худро ҳамчун яке аз пешсафони бозори алоқаи мобилӣ муаррифӣ мекунад, шикоятҳо аз сустии интернет, қатъшавии пайваст ва ноустувории шабака рӯз то рӯз зиёд мешаванд. Корбарон аксаран изҳор медоранд, ки ҳатто дар маркази шаҳрҳо суръати интернет барои иҷрои корҳои оддӣ – тамошои видео, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ё ирсоли ҳуҷҷатҳои электронӣ – кофӣ нест.

Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда он аст, ки арзиши бастаҳои интернетӣ бо сифати пешниҳодшуда ҷавобгӯй намебошад. Аҷабо ин чи гуна мушкилотест, ки муштарӣ маблағ месупорад, аммо хидматеро дар сатҳи ваъдашуда дарёфт намекунад? Ин ҳолат, пеш аз ҳама, ба ҳуқуқи истеъмолкунандагон мухолиф буда, боиси нобоварӣ нисбат ба ширкат мегардад. Илова бар ин, дар соатҳои серистифода (рӯзона ва бегоҳӣ) суръати интернет ба маротиб коҳиш меёбад. Ин далел гувоҳи он аст, ки инфрасохтори техникӣ ба ҳаҷми воқеии истифода  навсозии саривақтӣ намешавад. Саволи асосӣ ин аст: чаро муштариён бояд барои норасоии банақшагирӣ ва идоракунии ширкат зарар бинанд?

Бешубҳа, Tcell то замоне ба танқидҳои ҷомеа бо бетарафӣ муносибат мекунад ва ислоҳоти ҷиддӣ намеандешад, мушкил боқӣ мемонад. Охир муаммои нав нест мавҷи симкортҳои ширкати Тсеll хело паст шуда, ҳатто дар моҳҳои охир нест шудааст, барои тамос гирифтан душворӣ мекашем! 

Бо дарназардошти вазъ, пешниҳод ва талаботи мушаххас дорем:

1. Таъмини шаффофият: ширкатҳои мобилӣ бояд суръати воқеӣ ва ҳадди ақали кафолатшударо расман эълон намоянд, на танҳо ҳаҷми мегабайтҳоро.

2. Ҷуброни зарар: дар ҳолати паст будани суръат ё кор накардани интернет, маблағи бастаҳо бояд ба муштариён баргардонида ё муҳлати истифода тамдид карда шавад.

3. Назорати давлатӣ: мақомот бояд санҷишҳои мунтазам гузаронда, натиҷаҳоро ба ҷомеа пешниҳод намоянд.

4. Ҷарима ва ҷавобгарӣ: барои иҷро нашудани уҳдадориҳо нисбат ба ширкатҳо чораҳои сахти ҳуқуқӣ андешида шаванд.

Ин талабот на зиёдатӣ ва на ғайривоқеӣ мебошанд – онҳо таҷрибаи кишварҳои пешрафтаанд. То замоне ки чунин ислоҳот амалӣ нашавад, сухан аз интернети босифат танҳо дар сатҳи шиор боқӣ мемонад.

Эҳром Раҷабов, 

ш. Истаравшан»

Share This Article