Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№336

Ислоҳ нет

Шумораи навбатии барномаро аз номаҳо аз ноҳияҳову шаҳрҳои Ҷалолиддини балхӣ, Хуҷанд, Нуробод ва Душанбе таҳия ва пешниҳод намудем.

Як нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик аз Ҷалолиддини балхӣ (собиқ Колохозобод), ки феълан дар Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад, бо ирсоли ин нома хостааст, ки онро дар барномаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед» нашр кунем. Азбаски номааш кутоҳ аст дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой додем. Муаллиф дар бораи ҳолатҳои даст ба дуздиву ғоратгарӣ задани раиси ноҳия ва раиси кумитаи замин навиштааст.

Нависандаи нома аз Хуҷанд дар бораи қисме аз ҷиноятҳои бешумори ба ном пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонов навиштааст.

 Муаллифи нома аз Нуробод дар бораи як нафар масъули бахши танзими расму анъана навиштааст, ки бидуни гирифтани «доля» ҳатто ба баргузории худоӣ мушкил эҷод мекунад.

 Муаллифи нома аз Душанбе дар бораи Дилшод ва Даврон Ҷуразодаҳо, масъулони ширкати букмейкерии 555  ва Мансур Негматов, як нафар аз шиноси наздики Исмоили пингвини набераи Эмомалӣ Раҳмонов маълумот додааст.

                              Ҷалолиддини балхӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як сокини ҷавони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ,аз шаҳраки Гулистон ҳастам. Ман дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсия Русия кору фаъолият мекунам. Дар нома ман дар бораи раиси ноҳияамон Рустам Холиқзода ва раиси Кумтаи замини ноҳия Мирзовалӣ Расулов гуфтаниам.

  Раиси ноҳияамон бародари Ҳоким Холиқзода, муовини Сарвазир аст. Вай аввал раиси ҷамоати шаҳраки Гулистон буд. Заминфуруширо аз ҳамин шаҳраки Гулистон сар кард. Баъдан муовини раиси ноҳия шуд ва чанде кор кард. Бародараш Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ буд ва баъд муовини сарвазири Тоҷикистон таъин шуд. Пас аз як ҳафта бародараш Рустам Холикзодаро тавонист раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов таъин кард) ва Мирзовалӣ Расулов, ки тӯли чанд сол муовини раиси Кумитаи замин буд (собиқ раиси ноҳия номашро намедонам аз мансаби муовинӣ гирифта буд) то раиси ноҳия шудани Рустам Холиқзода ва дар Сарбанд кору фаъолият мекард ва вақте Рустам Холиқзода курсии раисиро гирифт ӯро аз Сарбанд оварда раиси кумитаи замини ноҳияамон монд. Чунки Мирзовалӣ Расулов тӯли чанд сол муовини раиси кумитаи замин буд. Вай медонад тарзи заминфуруширо. Аз инҷост, ки тамоми заминҳои ноҳияро фурӯхта истодаанд ва инҳо ноҳияро талаву тороҷ карда истодаанд.

  Мирзовалӣ Расулов ҳозир дар шаҳри Душанбе 3 хона ва дар шаҳри Қурғонтеппа як, дар ноҳияи Ҷалолиддини балхӣ як кваритари  2 комната бо тамоми шароити беҳтарин дорад. Ин квартирааш барои кайфу истироҳаташ будааст.

Мирзовалӣ Расулов беҳад арақхӯри пиёниска ва духтарбоз аст.Мегӯянд,ки дар ҷойи кораш рӯзи дароз пиён аст.

  Раиси ноҳия Рустам Холиқзода ҳам як пиёнискаи дигар аст. Раиси ноҳия мегуфтааст, ки «ман дар вилояти Хатлон гапзана фалон мекунам,то вақте бародарам, яъне Ҳоким Холиқзода дар сари қудрат аст.

Мирзовалӣ Расулов бошад ҳоло додарашро муовини раиси ҷамоати шаҳраки Гулистон мондааст. Додараш як Лексуси сафед дорад. Номерҳои мошинаш 6888 мебошад. Аз Мирзовалӣ Расулови бародараш ҳам номерҳои мошинаш 6888 аст. Ҳозир Фирӯз як намуд катагӣ мекунад, ки фил бардошта наметавонад.

Дар пеши ҷураҳояш Фируз мешиштааст, ҳоло гап дар бораи дигар чиз рафта истодааст, Фирӯз сразу гапро ба кори давлат тоб медодааст: «акаи ман ин хел аст акаи ман он хел» ва лоф мезадааст.

  Раиси ноҳия Рустам Холиқзода бошад нав дар вақти таъиноташ гуфтааст ман Таи мазороро асфалт мекунам. Тайи мазороро аз тарафи Қурғонтеппа омадан ба тарафи шаҳраки Гулистон мебинӣ, бовар кун, се бор бо мошин ба ҳамон роҳ рав, тамом. Мошини нав гирифтагиатро уже метавонӣ бариву дар мусор партоӣ, Барои онки роҳ тамоман ҷазир аст. Беҳад вайрона аст роҳ.

   Як се моҳ пеш раиси нохия меорад кучаи худашро асфалт мекунад ва ба мардум мегуяд ин куча дар тендер ғалтид, барои ҳамин мумфарш карда шуд.

 Субҳоналлоҳ, наход танҳо кӯчаи ту ба тендер афтад?

  Ноҳияро ридиву партофтӣ ҳардуят бо Мирзовалӣ. Чаро дар як ҳавлӣ ду, се оила зиндагӣ мекунад, ба онҳо замин намедиҳӣ? Ин ду нафар фақат ба ҷайби худ кор карда истодаанд.

   Раиси ноҳия Рустам Холиқзода пеш аз раис шуданаш як хонаи ба мисли ҳамсояҳояш прастой дошт. Ҳозир мебинӣ хонаи Рустам Холиқзодаро! Ё, илоҳо тоба! Ба дараҷае суми бюҷети ноҳияро дар хонааш сарф кардааст, ки мегӯи дар қасри шайхи Араб бошӣ.  

Аз Мирзовалӣ Расулов ҳам ҳамчунин.

   Мирзовалӣ Расулов чандин гектар заминро гирифта боғ кард.Трактори худашро харид ва ба як тракторчӣ додаааст, то ки заминҳои худашро кишту кор кунад.

  Раиси ноҳия Рустам Холиқзода дар шаҳри Душанбе чандин хона харид. Дар ҳоле, ки нав 2 сол шуд раиси ноҳия таъин шуданашро.

Ман 20 сол шуд дар Русия барои як хона ҷон канда истодаам. Аммо як хона  харида наметавонам.

  Рустам Холиқзода дар шаҳри Қурғонтеппа бошад 2 хонаи дигар дорад. Бачаи калониаш дар военкомати вилоят кор мекунаду писари дуввумаш дар банки вилоят ба ҳайси ревизор фаъолият мекунад. Мошини писари калониаш Мерседес ЕС -класс ва мошин писари дувумаш Лексус аст.

  Боз дар бораи яке аз ҳаромтарин одамҳои қишлоқамон, ки шумо чандин бор  дар борааш нашр кардед, гуфтаниам. Ин шахс Мустаков Валӣ, бо лақаби Валича, ки Валии сиёҳ ҳам мегӯянд. Вай беҳад безпредел аст. Мардумро бениҳоят зулм карда истодааст. Боз худаш ба забони худаш мегӯяд то вақте шеф зинда аст, шеф яъне ҳоҷӣ Раҳматулло (кришаи ин ҳароми Валии сиёҳ ҳоҷӣ Раҳматулло аст) то вақте ҳоҷӣ ҳаст «гапзана дар ҳамин вилояти Хатлон фалон мекунам» Бо Ҳоҷӣ Раҳматулло сахт ҳамроҳ асту ба фикрам….

Бачаи Валича Муҳаммад ном дорад. Бачааш ҳам як сағераи беҳад тентак аст.

Бачааш дар пеши бачаҳо мегуфтааст, ки  «ҳозир вақти мо аст, гапзана фалон мекнем». Бачаи Валича рӯзи дароз банг арақ задагӣ «калкотай». Вагарна як бачаи 22сола, ё 21сола аст.

  Валича худаш бо занҳои мардум корҳои бад мекунаду мегардад. Дар кӯчаи аптека як нафар бо номи Сафар Ятимов як як зани рус дошт бо номи Наташа. Аз вай як писар дошт. Соли таваллуди он бача 89 аст. Номаш Суҳроб. Зани ин Суҳроб дар бемористон кор мекард. Зани ҳамин Суҳробро мерафт нагло Валича аз балнитса мегирифт, мебурд «корша медид» боз меовард дар пеши балнитса мепартофт.

  Хонаи Валича ҳам дар паҳлуи балнитса воқеъ аст. Ҳамон Суҳроб аз дастаи ҳамин Валичаи ҳаром хонаашро фурухта аз ватан куч баста рафт. Ҳоло дар Қазоқистон кору фаъолият дорад, тӯли чанд сол шуд барнагашт дигар ба Ватан.

Агар Валичаро як гапаш гӯӣ телефонашро мебарорад, ки бо ҳоҷӣ Раҳматулло сурат дошта будааст. Мегӯяд « ҳамира мешносӣ, то вахте ҳамин аст ма гапзана фалон мекнм».

 Мо сокинони ноҳия аз Эмомалӣ Раҳмонов ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хоҳиш мекунем чораи ин се нафари золимро бинанд:

Мирзовалӣ Расулов, раиси Кумитаи замини ноҳияи Ҷалолиддини балхӣ, Рустам Холиқзода, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Мустаков Валӣ замначалники милисаи ноҳия Ҷалолиддини балхӣ, шаҳраки Гулистон.

                               Хуҷанд  

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як нафар аз сокинони шаҳри Хуҷанд ҳастам. Бори аввал аст ки ба шумо нома менависам. Ман шоҳиди баргузории Сессияи сарнавиштсӯзи 16и Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар қасри Арбоб дар ноябр-декабри соли 1992 дар Хуҷанд доир шуд, будам ва аз он вақт то ба имрӯз дидам, ки ҷи гуна Эмомалӣ Раҳмонов давлати Тоҷикистонро ба хоку хун шинонида бо ҳазору як ҷиноят ҳукуматдорӣ карда истодааст. Ҳоло дар бораи ҷиноятҳои Э.Раҳмонов менависам.

Ҷиноятҳои Раҳмонов, ки бояд дар назди милати тоҷик ҷавоб диҳад, хеле зиёд аст.

Вақте халқи тоҷик худро шинохт ва хост, ки давлати милӣ созад, русҳо гуфтанд, ки тоҷикон мардуми бофарҳанг ҳастанд, агар давлат ташкил кунанд аз зери идораи мо мебароянд ва узбекҳо гуфтанд, ки агар тоҷикон соҳиби ҳукумат шаванд, шаҳрҳои таърихияшонро талаб мекунанд ва барои мо дарди сар мешаванд. 

Вазъиятро омухта қарор доданд, ки дар байни тоҷикҳо ҷанг андохта ва ҳукуматро ба одамони худӣ додан даркор аст. Спеслужбаи узбек ҳамқавмони худро аз вилояти Хатлон ёфта, маслиҳат карданд ва тоҷикони бесаводи минтақаи қафомондаи Кулобро истифода бурда, ба онҳо яроқ дода бо нақшакашиҳои офисерҳои узбеку рус Фронти халқӣ ташкил карда, бар зиди ҳукумати конститутсионӣ яроқ гирифта тоҷиккуширо сар карданд.

Турктаборҳо бо дасти тоҷикони беақлу бесавод мисли Сангаку дигарон ҳазорҳо зану кудаку пиру ҷавони тоҷикро ба сабаби тоҷики аслӣ будан куштанд ва баъди он ки вазифаашонро иҷро карданд, аз тарафи хоҷаҳояшон мисли саг кушта шуданд ва ҳатто аҳлу авлодашонро куштанду турма карданду гуреза шуданд.

Яке аз намояндагони Фронти халқӣ Эмомалӣ Раҳмонов пеш раиси совхоз буд. Вай ҳанӯз вақти хизмати ҳарбӣ дар флоти ҳарбӣ коммунист шуда буд ва  ба ташвиқи таълимоти комунистӣ машғул буд, ки вазифаи асосияш бар зиди дин мубориза бурдан буд, яъне тарбияи атеистии меҳнаткашон. Русу узбек маслиҳат карда, сессияи 16уми Шӯрои Олиро ғайриқонунӣ аз бинои парламент ба клуби колхозе ба Хуҷанд бурда, расман ҳукуматро ба чокарони худ доданд. Э.Раҳмоновро, ки худ аслаш аз қабилаи қарлуқи туркнажод аст раиси Шӯрои олӣ ва роҳбари давлатгузоштанд. Эмомалӣ Раҳмонов Эмомқулихони қарлуқ- барои ташкил кардани ҳукумати сулолаи Қарлуқиён дар нисбати халқи тоҷик ҷиноятҳои калонеро содир кард, ки баъзеяшонро меорем:

1.Муборизаи мусаллаҳона бар зидди ҳукумати конститусионӣ ва иштирок дар қатли оми тоҷикони вилояти Қурғонтеппа (яке аз лидерҳои силоҳбадасти Фронти халқӣ буд).

2.Дар кори ғайриқонунӣ ба Хуҷанд бурдани сесияи Шӯрои олӣ ва чокарии русу узбакро қабул кардан саҳми калон дошт.

3.Бо ёрии русу узбек ғасб кардани мансаби раиси Шӯрои олӣ.

4.Баъди гирифтани вазифа бо армияи Узбакистону танку вертолётҳои Русия даромадан ба пойтахт шаҳри Душанбе ва бо пойлучони Фронти халқӣ қатли ом кардани халқи тоҷик, кадомеро асли қаротегиниву бадахшонӣ, яъне тоҷики аслӣ дошт, ёфтанд, куштанд ва хонаву дарашонро ғорат карданд.

5.Қатлу куштору ғорат кардани тоҷикони аслӣ дар ноҳияҳои вилояти Қурғонтеппа ва боқимондаи гурезагонро бомбаборон кардан бо самолётҳои узбекӣ дар соҳили дарё Панҷ дар вақти ба Афғонистон гузаштан.

6.Бомбаборон кардани тоҷикони рӯ ба гурез ба кӯҳистон дар минтақаҳои Кофарниҳону роҳи Қаротегин ва бомбаборони сохтмони Роғун. Раиси давлат вай буд, ҳар чи шуд бо иҷозату имзои вай содир мешуд.

7.Ғайриқонунӣ бо роҳи дуруғу фиреб ба курсии президентӣ нишастан дар соли 1994 дар вақте ки ними мардуми мамалакат гуреза дар Афғонистон буду мардуми вилояти Ленинобод сад дар сад ба тарафдории Абдуллоҷонов овоз доданду мардуми вилояти Бадахшону минтақаи Қаротегину дигар ҷойҳои тоҷикнишин душмани ашадии вай буданд, зеро, ки қариб ҳар як хонаводаи тоҷик аз дасти гуруҳҳои Фронти халқӣ як ё чанд қурбонии наздику дур дошт. Ин як интихоботи ғайриқонунӣ ва махинатсиякорӣ буд.

8.Дуюмбора бо роҳи зуроварию дуруғ боз президент шуд ва барои дар оянда дар вазифа мондан Сарқонунро ба фоидаи худ тағир дод ва ин корро чанд бор такрор кард, ки ин як ҷинояти калон аст.

9.Узбакистон ва Русия маҷбураш карданд, ки созишномаи сулҳро имзо кунад ва баъд ба Созишномаи оштии миллӣ хиёнат карда, мухолифонро бо роҳи макр нобуд сохта, баъзеро бе ҳукми суду тафтиш бо роҳи ғайриқонунӣ фармони қатл дод.

10.Баъд аз мухолифон ба онҳое хиёнат кард, ки вайро ба сари ҳукумат оварданд, яъне командиру лидерҳои кулобиро, ки хуни тоҷикро рехта Раҳмоновро бо командаи турку муғултабораш ба курсӣ шинонданд, аз байн бурд, маҳбас кард ва тамоми молу мулкашонро аз худ кард.

11.Ҳамин тариқ роҳро барои худ тоза карда, қонунро ба манфиати худ дигар карда, ҳукмрониашро то мурдан қонунӣ карда, Тоҷикистонро ба як давлати диктаторӣ табдил дод.

12.Бо ташкил кардани сенарияи худсохтаи Ҳоҷӣ Ҳалим боқимондаи тоҷикони ҷасуру боҷурату зиндадилро нобуд карда, қишри асосии тоҷикони босаводу равшанфикрро бо баҳонаи назҳатӣ қатлу маҳбасу гуреза кард.

13.Баъди тоза кардани роҳаш хилофи сарқонун ақидаҳои комунистистиашро дар амал татбиқ карда, ба дини мардум ҷангу мубориза оғоз кард. Намозхониро маҳдуд карда, таълими Қуръонро барҳам дода, ҷавононро аз рафтан ба масҷиду омухтани илми динӣ манъ карда, сатри занонро гирифта, риши мардонро тарошида, садҳо масҷидро хароб карда ба клубу рақсхона табдил дод.

14.Аз рӯи одати аждоди турктабораш худро пешвои миллат эълон кард, ки дар асл на тоҷик (аслан писари Шарифлақай ва набераи Раҳмончақир аз тоифаи қарлуқ аст) ва на мусулмон аст, зеро расми пешвогиву сардории қавму қабила дар тоҷик набуд. Ҳама медонанду мебинанд, ки худаш бо аҳлу авлоду гирду атрофаш ҳато қиёфаи тоҷикӣ надоранд, ҳама дар паноҳ мегуянд, вале аз тарс ошкор намегӯянд.

15.Ҳукумати феодалии асримиёнагӣ дар Тоҷикистон сулолаи Қарлуқиёнро  (мисли сулолаи манғитиёну темуриёну қарахониён) ташкил карда, вазифаҳои давлатиро дар байни хешу наздиконаш тақсим кард, худаш шахси якум, писараш, дуюм, духтараш сеюм ва ба ҳамин тариқ чоруму панҷуму… садум. 

16.Тамоми сарвату дороии ватанро, ки моли ҳамаи мардуми ватан аст, ба аҳлу авлоди худ тақсим карда, ҳато аз андози давлатӣ озод кард.

17.Вазифаҳои давлатиро ба хешу табор дода ё ба дигарон фурухта, вазифадорон мардумро руи рост ғорат мекунанд.

18.Ҳуқуқу озодиҳои мардуми ватанро барҳам дода, ҳар касе аз камбудие гап занад ё ҳақ талаб кунад, чокарҳояш ҷазо дода, ҳабс мекунанд.

19. Мардуми Бадахшонро, ки аз ҷабру истисмори чокарони вай ба дод омада, эътироз ва талаби ҳақ карданд, ки аз рӯи қонун ҳақ доштанд, ба таври ваҳшиёна саркубу қатл қард.

20.Фурухтани замини Тоҷикистон ба Чин, мисли он ки моли падару бобоҳояш бошад, бе пурсидани мардуми ватан, ба таври пинҳонӣ.

21.Дар замони коронавирус худ аз тарси мурдан пинҳон шуда, мардум ба сахтиҳо рубуру шуда, азоби сахт кашдиданд ва бар зами ин милионҳо долару эвро ёрии башардустонаи мамлакатҳои европаро худ ва наздиконаш руирост ба ҷайби худ заданд.

22.Яке аз ҷиноятҳои бузургаш ин худро бо бесаводию камақлияш литсои тоҷик муарифӣ кардан дар байни дигар милатҳо аст, ки аз руи вай тоҷик ҳоло милати бесаводу бефаҳму бесоҳибу муҳоҷиру ҷамшуд машҳур шуд.

23.Дар мудати сӣ сол мардуми Тоҷикистон ба сабаби сиёсати бехирадонаву беақлонаи вай барои пеш бурдани зиндагӣ маҷбур ба сарсониву саргардонӣ шуданд. Дар ҳеҷ давлати дунё дар тарих аз кудак то ҷавону пиразану пирамард аз камбағалӣ ними аҳоли давлат миллионҳо нафар мисли Тоҷикистон муҳоҷиру дарбадар нашудаанд. На дар давлати худ соҳиб доранд на дар хориҷа, хоҳанд азоб медиҳанд, чи хеле хоҳанд истифода мебаранд, хоҳанд мекушанд, хулосаи ғуломони асри 21 мебошанд.

Ин  баъзе аз ҷиноятҳое буд, ки Раҳмонов ва онҳое, ки вайро дар ҳамаи ин корҳо ёрдаму ҳамкорӣ кардаанд, яъне чокарону чоплусонаш, ки бояд дар назди қонун ва милати азобкашидаи тоҷик ҷавоб диҳанд. 

                                 Нуробод

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Худованд аз шумо розӣ ва нигаҳбон бошад. Ман аз ҷамоати Ҳакимӣ, ноҳияи Нуробод ҳастам. Барномаҳои шуморо бо аҳли оилаам тамошо мекунам.

Аз вақте Муминшо Табаров аз раисии ҷамоати Ҳакимӣ рафт ва дар ҷояш Саҳробег раиси ҷамоат шуд, зулму истибдод аз болои мо рафт, ки дар ин кор саҳми Ислоҳ калон аст.

Аммо як коргар дорад, раиси танзим- Исломов Абдураҳмон, аз деҳаи Ҳакимӣ, бисёр бузи шохдор аст. Ин бузи амнияти Нуробод аст, бузиаш айнан мисли бузии Табаров Муминшо.   

Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пеши мошинаш участковий шиштагӣ қишлоқ ба қишлоқ гардиш мекунад. Дар куҷо, ки маърака, тӯй ё худоӣ бошад «медроя доляша мегира, мега танзима риоя кнен, мероя мерава».

   Моҳи январ дар деҳаи мо Дукак худоии як модар буд. Омад аз бачоҳояш доляашро гирифт рафт. Ҳаромхури беҳад бад аст. Тағоияаш аз Ҳакимӣ, аз эшонҳо буд, ки аз дунё гузашт. Ҳатто намондашон, ки худоиашонро гузаронанд. Боз дар як ҷо гуфтааст, ки «мана долияма натиян тағоимам боша намемонмшон, ки туй ё худоишона гузаронан». Ин масъули танзим айнан ранги собиқ раиси ҷамоат Табаров Муминшо аст.

  Мо ба мардуми ҷамоати Ҳакимӣ ва ба раиси ҷамоат Саҳробек муроҷиат мекунем, ки пеши роҳи ин ҳаромхури Абдураҳмонро гирад.

  Ин Абдураҳмон дар ҳар куҷо,ки менишастааст мегуфтааст, ки «ман раиси пешина Табаров Муминшо ва раиси феълӣ Саҳробек ва ҳатто раиси Нурободро да фалонм задагийм, мана кришам аз болоай, лозим шава амниятам да фалонм задагийм». Ҳар куҷо мешинад ҳамин гапҳоро мегӯяд.

Ин раиси танзим бузи пеш аст. Ҳама ҷавонҳои синни даъватро бузӣ мекунад.

Аҷибаш ин аст ки рӯрост бузӣ мекунад. Барои ҳамин на раиси ноҳия ва на амният ҳеҷ чизаш намегуянд.

Ҳамин раиси пешинаи ҷамоат Табаров Муминшо, ки аз вазифа ронданаш то ҳозира мегӯяд, ки маро дар Ислоҳ.ТВ бароварданд, аммо фалонма хурда натавонистанд. Ин Абдураҳмони раиси танзим ҳам айнан мисли Муминшо ҳавобаландӣ ва кибр мекунад.

Муминшо гуфтааст, ки маро барои он фалонамро хурда наметавонанд, ки он пораҳоро ман ҳамроҳ бо раиси ноҳия, амнияти ноҳия ва бо началник Дустов Мустафо якҷоягӣ хурдем. Барои ҳамин маро чизе гуфта наметавонанд.

  Ин Абдураҳмони танзим тамоми характеру рафторҳояш мисли ҳамон Муминшо аст. Бародар мо айни замон дар муҳоҷиратем, тамоми барномаҳои шуморо тамошо мекунем. Боз ҳам дар оянда менависем. Чунки ҳаррӯза аз ватан хабарҳо ба мо мерасад.

                                         Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Шумо бо барномаҳои хубатон ин режими оилавиро ба шикастан наздик овардед. Барои шумо дар бораи ду масъала маълумот медиҳам.

Масъалаи аввал дар бораи як ҳодиса аст. Ин ҳодиса ба ширкати букмейкерии 555-и Дилшод Ҷуразода тааллуқ дорад.

Донишҷӯи 19 сола аз Зафаробод дар ҳуҷраи хобгоҳи донишгоҳи миллӣ рӯзи 6 декабри соли гузашта худашро ҳалқовез карда мекушад. Ҷасади вайро ҳамкурсонаш пайдо мекунанд. Ҳамон вақт роҷеъ ба фарзияи ин куштор дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки донишҷӯ бозии букмейкерӣ ё шартбанди варзиширо бохта, қарздор шудааст ва эҳтимол дар ҳолати рӯҳафтодагӣ ба ин амал даст задааст.

  Боз як қурбоние, ки дар вичдони Ҷуразода Дилшод ва Ҷуразода Даврон, аммо ин донишҷуи донишгоҳӣ миллӣ якум ҷонбохтаи системаи қимори ба роҳмондаи бародаро Ҷуразодаҳо нест. Тӯли солҳо, ки қиморхонаҳои онҳо фаъолият мекунанд, ҳазорҳо бе хонаву дар монданду даст ба худкушӣ заданд.

  Аз пули хунини ҳамин гуна ҷондодаҳо бародарон Ҷуразодаҳо зиндагӣ мекунанд, моликият ва дороиҳо доранд. Боз шарм накарда Фонди хайриявии Музаффар кушодаанду хайру садақот мекунанд. Аҷаб. Ба дараҷае беимонанд ва аз Аллоҳ наметарсанд. Медонанд, ҳаром аст қимор ва фоидаву суми он ҳам ҳаром аст. Аммо аз Аллоҳ натарсида боз аз ҳамон маблағҳои қимор хайру садақот мекунанд. Чи тавре, ки дар барномаҳоятон гуфта будед, яке аз ҳамсарони пештараи Дилшод Ҷуразода гуфта буд, ки касофатии сумҳои ҳаром сахт мезанад. Ин ша Аллоҳ, ҳатмани ҳатман Ҷуразодаҳо ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё барои ин корҳояшон сахт ҷавоб мегуянд.

 Бародар Муҳаммадиқбол акнун ба масъалаи дуввум мегузарем. Гап дар бораи Мансур Негматов меравад. Дар бораи Мансур Негматов шумо дар барномаҳоятон на як бор ду бор гуфта будед. Ин Мансур аз одамҳои наздики Исмоили Пингвин буд. Аммо аз чанд вақт аст ки худро аз Исмоил дур карда истодааст. Мансур Негматов худро бо Абдурозиқ (блогери тоҷик, ки дар Дубай, ҳамон Абдурозиқи майдача) часпонда аст. Мансур Негматов бо ҳамроҳии ба ном занаш Шабнами Собирӣ ба назди Абдурозиқ рафта, любим путем худашро ба вай часпонда истодааст.

  Абдурозиқ намедонад, ки Мансур чи гуна одам аст. Абдурозиқ намедонад, ки Мансур Негматов чи қадар Исмоили Пингвинро кидат кардааст. Ин Мансур Негматов Исмоили Пингвинро кидат кард, Абдурозиқро зинда мехурад.

 Мансур Негматов аз пушти Исмоили Пингвин худашро бо авлод часпонд.

 Дар рекламаҳои Ориёнбонк бозӣ мекунаду сумҳои нормалныйро бо ҳамроҳии баъзе аз кормандони Ориёнбонк списат мекунанд. Ғайр аз ин Мансур Негматов схемаи Алик -маликҳои зиёдро медонад ва дар чандин ҷойҳо истифода мекунад.

Бо ширкати Экоойл, ки нуқтаҳои фуруши сузишворӣ (автозаправка) дорад, як схемаи мардумфиребиро ба роҳ мондааст. Мансур Негматов дар рекламаҳои Экоойл иштирок ва мардумро ба заправкаҳои Экоойл даъват карда, тавсияи хариди сузишвории Экоойлро медиҳад. Дар ивази заправка ба ронандахо купонҳо медиҳанд, ки дар бозӣ онҳо метавонанд соҳиби туҳфаҳои ҷолиб масалан электромобил шаванд. Дар асл бошад, Мансур одамҳои худашро ғолиб мекунад. Мансур Негматов аз Исмоили Пингвин  350000 доллар фақат изофанависӣ карда гирифтааст.

  Мансур Негматов гуфтаст, ки агар «мара ягон чи кнан, ма да дасти Шабнам, яъне занаш бисёр шуримуриҳои Исмоили Пингвина дорм, Шабнам медона кида тияшон, ки мардум фаҳманд».

Share This Article