Москва: бригадири тоҷик муҳоҷиронро ғорат мекунад

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед № 38

 Ин номаи гурӯҳии ҷамъе аз ҳамватанони муҳоҷирамон аст ки дар шаҳри Маскав дар зери идораи як нафар аз ҳамватани худ кор ва фаъолият мекунанд. Аммо ин бародари тоҷикамон, ки аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ будааст, муҳоҷирони ҳаммиллат ва ҳамватани худро бисёр ҳам бераҳмона мавриди истифода қарор дода камтарин шафқат ва тараҳҳуми инсониро аз онҳо дареғ медоштааст.

Муаллифони нома аз бархурди ноинсофона ва ғорати ошкорои ин нафар бо мисолу далелҳо навиштаанд. Бо ин умед, ки баъди нашр шояд ақлаш сари ҷояш ояд:    

Шикояти муҳоҷирон аз бригадир Носиров Алиакбар аз Ҳамадонӣ, ки дар Москва ҳамватанонашро ғорат мекунад

    Мо аз ширкати Еколайн, аз шаҳри Москва ба шумо нома менависем.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро дар барнома ҷой диҳед, то аз кору рафтори чунин шахсон мардум хабардор шаванд.

Дар ин компания бригадир як нафар аз ноҳияи Ҳамадонӣ, колхози Ленин кору фаъолият мекунад-Носиров Алиакбар Раззоқович. Аммо фамилияашро ба Ватанов табдил дода аст.

  Аз луқмаи ҳаромхӯрӣ худованд нури руйи ин нафарро гирифта аст. Чунки ҳақи мардуми тоҷикро ба ҳар роҳу восита мехурад. Ҳар 15 рӯз пас аз ҳар нафаре, ки дар подработка меистад, ба маблағи10 ҳазор рублӣ мегирад, се рӯза кори як грузчик  мешавад.

 Аз пули отпускнои ҳар як коргар мегирад, расчетнойро пурра намедиҳад. Ҳатто  аз рӯзҳои корӣ ба ҳар роҳ фиреб мекунад, мегирад. Ҳатто ту рӯзи кориат пурра аст  аммо мегӯяд, ту фалон рӯз дар кор набудӣ. Ҳол онки ту дар кор будӣ. Фиреб карда ҳамон рӯзи кориатро намедиҳад. Наход, ки ин қадар мусалмон бераҳм шавад? Ба кӣ арзу доди худро гӯем намедонем. Ба кадом мақомоти дахлдор арзу шикоят кунем, то ки ба доди ин милати ҷабрдида дар ин муҳоҷират расад, то ки сари роҳи ин хунхор ва чунин ашхосро гиранд. 

Дар чунин ҳавои сард, дар барф мардум мебарояд аз субҳ то шом аз 200 бак то 400 баки мусорро мекашад, ҳар рӯз. Ин кори осон нест. Наход, ки ин қадар ту бераҳм бошӣ, ки аз ҳар коргар ту 10 рублӣ гирӣ дар ду ҳафта. Куҷҷост инсофи ту? Охир ту ин пулро мегирӣ, фикри қиёматро намекунӣ, ки чӣ ҷавоб медода бошӣ дар пешгоҳи худованд?

Ту худат медонӣ, ки пойи падаратро ҳар сол бурида истодаанд, касали қанд аст. Ҳарду пойи падарат тамом шуда истодааст. Аз пушти ту барин фарзанди ҳаром хур. Ин ибрат намешавад бар ту ва хешу таборат, ки дар машрутҳои осон кор мекунанд. Барои чи бегонагонро дар машрутҳои душвор мегузорӣ?

  Охир ҳама фарди мусалмон аст. Барои чи мо рӯзи дароз аз саҳар то бегаҳ кор мекунем як смена маҳкам мекунӣ, аммо бачаи амакат дар база рӯзи дароз хоб аст аммо ду смена ҳисоб мешавад. Носиров Баҳодур Ҷумаевич. Ин шахс  аз ин бригадир дида ҳаромхур аст. Ягон гапи ноҷо гӯӣ мегӯяд, нагӯед гуноҳ аст, ҳамин Баҳодур Носиров.

Мо медонем чи гуноҳ аст, чи не? Аввал шумо аз гуноҳи худатон хабардор шавед. Мардумро ин шахс амри маъруф мекунад, аммо амалҳояш ба гуфтаҳояш мувофиқ нест.

  Ҳамин Носиров Баҳодур бачаи амаки бригадир аст, аз Московский район, колхози Ленин. Инҳо ин маконро авлоди кардаанд. Ҳама хешу табораш дар маршрутҳои осон кор мекунанд аммо дигарҳоро дар машрутҳои душвор мемонанд.

 Рамазон мешавад ин бригадир нони рамазон мекунад ва грузчикҳоро хабар мекунад. Ман бошам намеравам. Ту аз ин нон кардан, бигзор бас кун, ҳақи мардум гирифтанро. Ин хайри ту иншоаллоҳ қабул нест. Чунки ту ҳақи мардумро мехурӣ. Хайр ҳамон замон қабули даргоҳ мегардад, ки ҳалол ба даст оварда бошӣ. Ту ки зулм мекунӣ, ҳақи мардуми мусалмонро беасос мегирӣ, куҷо қабул гардад? Инсофи ту куҷост? Вақте мехоҳӣ ба отпуск бароӣ бояд ту дар шаш моҳ 45 ҳазор рубл  отпускной гирӣ, ин шахс туро 13 ё 12000 рубли русӣ медиҳад ва мегуяд ҳамин қадар маблағ ба ту омадааст. Ин руирост дурӯғ мегуяд.

 Мо офитсиално  кор мекунем. Бояд ҳар як коргар вақте ба отпуск мебарояд 45 рубл гирад дар шаш моҳ, куҷо мешавад  боқимондаи пул маълум аст. Ин худаш мегирад фиреб  медиҳад. Агар ин фиреб накунад ба ин маошаш аз куҷо дар Тоҷикистон 4 хонаӣ дар шаҳри Душанбе  ба маблағи болотар аз 500 ҳазор сомонӣ мегирад, ё ки барои бародараш Тағай ки дар Тоҷикистон аст автомобили (Киа) мехарад? Ё ки дар боло атари гусфанд дорад?  Ҳамаи ана ҳамин чизҳое, ки мо қайд кардем аз ҳисоби ана ҳамин муҳоҷироҳое, ки дар таги дасти ана ҳамин Алиакбар кор мекунад ҳақи ана ҳамин мардум аст. Бовар кунед ин шахсро худованд нишон дода истода аст, ибрат нагирифта истода аст. Падараш дар азоб, касали қанд. Ин ҳаромхур дар инҷо ҳақи мардумро гирифта шиками оила ва падару модарашро пур карда истода аст. Ман ҳайронам. Наход, ки падар як бор напурсад, ки эй бачаам, аз куҷо ин қадар молу мулк? Ту аз куҷо соҳиби ин қадар чиз гаштӣ? Ту ҳақи ҳалол равон кун бар мо. Ин савол нест дар ин оила. Ҳатто худи авлодаш медонад, ки харомхур аст. Ягон шахс аз ин авлод инро ягон бор намегуяд бас кун. Чунки ман бисёр аз ин оиларо медонам. Ҳатто агар  ту мехоҳӣ ба подработка истӣ мегуяд 10 рубл дар 15 рӯз ман мегирам. Агар ту гуӣ, ки охир ин бисёр аст, мегӯяд, талабгор бисёр аст. Ва ту маҷбур мешавӣ, ки истӣ, дигар роҳе нест. Дар як моҳ 20 ҳазор рубли русӣ ту ба ин шахс медиҳӣ, агар дар подработка истӣ. Магар ин зулм дар ҳақи мардум нест?

  Чандин нафарҳо гуфтанд, ки бас кун аз ҳақи мардумон гирифтанро, ягон балое бар сарат меояд, дигар пушаймон мешавӣ. Мегӯяд ман одам дорам, ки маро ҳимоят мекунад.

  Ман фикр мекунам ҳар касе ин шахсро ҳимоят мекунад, мисли ҳамин ҳаромхӯр аст. Инсони соҳибақл ва бовиҷдон чунин шахсро ҳимоят намекунад. Ҳатто дар офис касе бо ин шахс кор мекунад ҳамонҳоро ҳам ҳаромхур кардааст. Рӯирост мегӯяд, ки манро ҳеҷ кас ҳеҷ кор карда наметавонад, ман одам дорам, маро ҳимоят мекунад.

Хуб, бигзор туро дар ин дунё ҳимоят мекунанд, мо розӣ. Аммо дар қабр туро, кӣ ҳимоят мекарда бошад? Ту дар қабр танҳоӣ, ту боре ҳам ин саволро ба худ додаӣ? Охир, ҳақи мардум дар қабр каждуму мор мешавад, аз ин фаромуш кардаӣ.

Бар замин ин ҳама зулм боз ин шахс чандин шахсро фурухт, депорт карданд.

Мегӯяд ту аз Тоҷикистон меоӣ дар стажировка ист, фирма ба ту рӯзи кориро медиҳад, хоҳ стажировка бароӣ хоҳ кор. Вале ин шахс бошад мегуяд, ту пули стажировка намегирӣ, фирма надод пули туро вале дар кисаи худаш мезанад пули кор кардаи он бечораро.  Хешу табораш дар маршрутҳои осон кор мекунанд вале дигарҳоро куҷое як маршрути вазнин аст мемонад. Вай ин фирмаро оилавӣ карда аст. Маошу музди , хешу таборашро пурра медиҳад аммо бегонагонро на. Мегӯӣ, ки аз ҷайби худаш медода бошад маошро.

  Вақте бемор мешавӣ бояд больничныйпулӣ гирӣ, аммо намедиҳад, худаш мегирад ин пулро.

Вақте уволит мекунӣ, мехоҳӣ хона равӣ ё ҷои дигар, расчётнойро ба пуррагӣ намедиҳад. Аз 100% 30 дарсадашро ба ту медиҳад, 70 % дигарашро ба худаш мегирад.

 Вақте одам нарасад дар замистон чунки кор вазнин мешавад, вақте барф мезанаду бакро аз ҷояш кашидан душвор мешавад, ҳатто ду нафар қувваташ камӣ мекунад барои кашидани бак, чунки ту аз руи инсоф кор мекунӣ, вале ин шахс дар ин ҳолати беҳад вазнин ҳам туро фиреб мекунад.

Куҷост адлу инсоф эй инсон? Ту аз худованд тарс, бас кун ин ҳаромхуриатро.

Ин Алиакбар дар рамазон рӯза намегирад, мисли кабан дам кардааст. Ягон майда ба мардум раҳм надорад ин шахс.

  Падараш дар вақташ бузкаш буд ( Раззоқи човандоз, ҳозир поҳояшро ҳар сол бурида истодаанд)

Дар зимистон илтимос мекунад, ки бароед ба кор, маро подводит накунед. Вақте гармӣ мешавад одам бисёр мешавад. Дар ин маврид баръакс мегуяд нахоҳед дар боз аст, касе намехоҳад барояд, ман ҳеҷ касро маҷбур накардаам.

Бубинед, ки ин шахс чи қадар беинсофӣ мекунад нисбати коргарҳо.

Раҷабалии хешашро дар ин фирма дар дигар ҷо бригадир мондааст. Ҳамон шахсро ҳам мисли худаш кард- ҳаромхур.

Он шахс ҳам дар онҷо аз мардум пул мегирад. Бачаи амакаш Носиров Баҳодур  бо тахаллуси Ҷамаи Қодир  дар база рузи дароз хоб аст аммо дар ведомост рӯзи кориаш рафта истодааст ва маошашро ба пуррагӣ ва саривақт мегирад.  

Баҳодур вақте ягон рӯз яке дар ягон маршрут кор барояду кор вазнин бошад  меояд мегӯяд ман касал шудам «ма дига кор намебароям». Чунки кор осон нест, вале, фикри мардумро намекунед, ки дар хунукиву барф 300 -400 бак кашидан осон нест.

  Дар ин бригада маршрутҳое ҳастанд, ки бояд ду грузчик кор кунад, аммо ин шахс як грузчик мемонад ва пули як грузчикро, ки дар 15 рӯз 45 ҳазор рубл мешавад дар кисаи худаш мезанад ва як грузчик танҳо кор мекунад. Эй Алиакбар вақте дуюм грузчикро намемонӣ ҳади ақал пули дуюм грузчикро дар як грузчик деҳ кор мекунад. Раҳму шафқати инсониат куҷо шуд?

   Шумо худ акнун андеша кунед, ки ин зулм нест? Як одам дар ҳамин маршрути вазнин то бегоҳ кор мекунад, азоб кашида вале 45 ҳазор рубл дар ҷайби ин шахс. Баъд ин соҳиби ин қадар молу мулк нашавад, ман шавам?  Ин шахс ҷои хобаш дар меҳмонхонаи Восход, ки дар метро Владыкино аст, қарор дорад, худаш дар ҷои люкс хоб меравад. Аммо рабочийҳо дар метро ВДНХ хобанд. Дар инҷо агар харро бандӣ хоб намеравад. Барои коргарҳо дар куҷое як ҷои хоби арзон аст мекобад. Мардум аз ноилоҷӣ хоб меравад, дигар чи кор кунанд? Ин шахс бо ҳамаи началникҳо кор мекунад. Чунки ин шахс онҳоро дузди ва ғорати тоҷикҳоро ёд медиҳад.

 Ҳатто фирма ҳар сари соли нав сари ҳар рабочий 4000 рублӣ дар карта мепартояд- ҳамчун тӯҳфаи соли навӣ ва ин шахс бошад баъд аз соли нав аз ҳамин 4 ҳазор 3 ҳазорашро мегираду мегӯяд аз фирма пулро талаб карданд. Мо гуфтем, ки хуб, агар ин хел бошад барои чи медиҳед? Мегуяд фармон аз боло аст. Аммо мо ҳама медонем, ки ин дурӯғ мегуяд, барои худаш мегирад.

Ин бригадир Алиакбар дурӯғ мегӯяд, ки фирма 3000 рублро баргардонад. Мо қариб 150 коргар ҳастем, ҳисоб кунед танҳо дар як соли нав 450000 рубл кор мекунад. Охир ин шахсро мо чи хел мусалмон ҳисоб кунем? Мусалмони ҳақиқӣ ба чунин кор даст намезанад. Ин шахс ҳар 15 руз пас, ғайр аз маошаш қариб 300 ҳазор  рубл аз ҳисоби мардум кор мекунад.

  Мардумро подработка монад, сари ҳар одам ҳаррӯз 10 рублӣ мегирад. Аз 30 нафар зиёд аз ноилоҷӣ дар подработка меистад. Маршрутҳои вазнин ва мушкил.

  Премия –мукофоте, ки фирма ба коргар менависад ин шахс ба худаш мегирад, фиреб мекунад ва пулро намедиҳад. Масалан, агар дар ҳамон маршрутка 10 рубл премия дошта бошад, туро 3 рубл медиҳад ва 7рубли дигарашро худаш мегирад, ҳисоб кунед, ки дар 15 рӯз чи қадар мешавад?

  Маоши кориро мепурсем кай баланд мешавад, мегӯяд ман намедонам. Ҳол онки аз ҳама чиз хабар дорад. Маоши коргарҳо баланд мешавад, аммо ин нафар тӯли чандин моҳ мардумро намедиҳад ва бо ҳамон маоши пешина расчёт мекунад.

 Ин фирма маоши коргарро 90 ҳазор рубл медиҳад вале мо фикр мекунем, ки маош на инки 90 ҳазор, балки зиёд аст. Акнун ҳисоб кунед, ки чи қадар ин нафар фиреб мекунад. Дар ҳамин ҷо мошин харида аст. Нархи мошинаш қариб 700 000 рубли русӣ аст, аз куҷо ва барои чӣ? Сабаб ин аст ки ин шахсро дар ин фирма ҳеҷ чиз намегуянд. Барои онки началникҳоро аз ҳисоби ҳамин коргарҳо пул медиҳад ва онҳо низ хап мекунанд. Чунки пули безаҳмат ба ҷайбашон меояд.

Бригадири якум смена урус аст. Мехоҳад ӯро аз ҷояш бигирад ва дар ҷои вай бачаи амаки худаш Носиров Баҳодур Ҷумъаевичро монад. Агар ин Баҳодур дар ҷои ин урус шавад ҳол аз ин ҳам бадтар мешавад. Чунки ин як ҳаромхури дигар аст. Дар забони Баҳодур номи худованд тоб мехурад аммо рӯзи дароз дар база хоб аст, маошаш омада истода аст. Барои онки бачаи амакаш бригадир аст.

 Инҳо моро бо ҳар ҳисоб фиреб мекунанд. Агар дар пеши Баҳодур ягон гапи ноҷо гӯӣ дар ҳол туро мегӯяд астағфируллоҳ гӯй, аз худованд шарм кун, ин гуноҳ аст.   Мо медонем чи гуноҳ аст, чи на. Барои чи шумо ин қадар мардумро фиреб мекунед, аз гуноҳи худ бехабаред. Худованд донову ҳаким аст. Худованд гунаҳкорро аз бегуноҳ хуб медонад. Вале инҳо  аз ин суханҳо фаромуш кардаанд. Боз як чизи дигар. Ҳар рӯзи ҷумъаи муборак саҳари барвақт дар группа мардумро бо рӯзи саид табрик мекунад. Бовар кун мегӯӣ ҳама кори дунёро партоям аз пушти ҳамин инсон гардам. Мегӯӣ, ки аз ҳамин инсон дида дигар дар рӯи замин мусалмони ҳақиқӣ нест. Аммо дар амал аз ин инсон шояд бадтарин набошад, зеро ки ин инсон ҳақи мардумро мехурад.

 Соли таваллуди Алиакбар 1988 ва соли таваллуди бачаи амакаш Носиров Баҳодур Ҷумъаевич 1986 аст.

Рӯзи 19 феврал рӯза буд. Сари ҳар коргар 1000 рублӣ гирифт. Гуфт барои пастелний белё. Охир вақте фирма барои коргарҳо ҷои хоб таъмин мекунад, чаро шумо сум мегиред? Мегуяд вақти рафтан ин сумро обратно мегиред. Аммо дурӯғ мегуяд. Чунки барои кисаи худаш кор мекунад. Ягон бор пули пастелро ба ҳеҷ кас барнагардонидааст.

 Ҷои хобро мебинӣ дилат беҳузур мешавад, шароити хубе надорад. Дар як комната аз 6 то 12 нафар нафар хоб меравад. Агар дар подъезд хоб равӣ беҳтар аст аз ин ҷо. Чунки ҷой танг аст.

Ҳар мушкилие, ки болои ин коргарҳо меояд бо фармони ҳамин бригадир мешавад. Агар ин гӯяд, ки ҳамин хел кардан даркор началникҳо ҳамон корро мекунанд, зеро началникҳоро муттаҳам карда аст, пул медиҳад. Мо инро медонем.

 Барои бародараш мошин харида дод, ки ту дар хона падарамро нигоҳ куну инҷо наё, ман ҳар моҳ ба ту пул мефиристам. Ин бародараш Тағай ном дорад.

Як бародари дигараш Зафар ном дошт. Дар ҳамин фирма кор мекард. Дар як маршрути осон монда будаш. Ин ҳам рӯзи дароз кораш хоб буд. Аммо чену андозаи як нафаре, ки дар маршрути вазнинтарин кор мекунад, маош мегирифт.

 Эй, беинсоф бар ҳоли ин мардум раҳм кун ва аз ин амал даст каш.

  Боз дар чунин вазъу ҳол дар Москва ҳар рамазон хайр мекунад, нон медиҳад.  Охир ту ҳақи мардумро мехурӣ, аз куҷо худованд хайратро қабул гардонад? Ту ҳақи ба ноҳақ гирифтанро бас кун.

  Ин шахс як буз аст. Дар ин ягон шаке надорам. Дар ин шахс на намоз ҳасту на рӯза. Агар хотираам суст нашуда бошад ман ин шахсро мумкин як –ду бор дида бошам, намоз хонда бошад, тамом. Инсон вақте аз намозу аз рӯза дур бошад, бар ҳар коре даст заданаш мумкин аст. Ман ҳайронам, ки дар пешгоҳи худованд чӣ ҷавоб медода бошад?

Вақте коргар ба таври расмӣ (официалӣ) кор мекунад, фирма вазифадор аст ӯро бо либоси корӣ таъмин намояд-хоҳ зимистона бошад, хоҳ тобистона. Дар асл фирма формаро медиҳад ва бояд ҳар як коргарро бе пул бо либосу пойафзоли корӣ таъмин кунад. Аммо ин бригадир-Носиров Алиакбар Раззоқович (бо фамилияи Ватанов) — баръакс аз ҳар коргар барои форма пул мегирад.

Масалан, агар нархи ҳақиқии форма 1500 рубл бошад, ӯ аз коргар 2500 рубл талаб мекунад. Мегӯяд «фирма мепурсад», аммо ин дурӯғ аст-барои кисаи худ мегирад. Ба ин ҳам бас намекунад: боз аз коргарон 2500 рубли дигар мегирад ва мегӯяд «барои қайди ҳуҷҷатҳо дар ВКД». Аммо вақте бачаҳо барои патент ба ФМС муроҷиат карданд, маълум шуд, ки шартномаи меҳнатии онҳо дар база аслан нест. Аз ҳамин сабаб баъзеҳо маҷбур шуданд барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳо ҳатто аз сарҳад бароянд.

Савол ин аст: вақте аз мардум барои ҳуҷҷат пул мегирӣ, чаро онҳоро саргардон мекунӣ? Магар аз Худо наметарсӣ? Тибқи қоида, ҳар шаш моҳ бояд коргар бо либоси корӣ таъмин шавад. Вале вақте бригадир барои форма пул мегирад, бисёри бачаҳо маҷбур мешаванд бигӯянд: «мо форма намегирем, бе форма ҳам кор мекунем», зеро маош кам аст ва боз аз ҳамин ҳам пул меситонад.

Ин шахс дар номи коргарон рӯзҳои кори зиёд менависад ва пули онро худаш мегирад. Бачаҳо борҳо гуфтанд: «дар номи мо рӯзҳои изофӣ нанавис, номи моро бад накун», аммо ҷавоб медиҳад: «кори шумо набошад». Вақти гирифтани маош ҳам бисёр вақт намегузорад худи коргар имзо гузорад. Барои онки коргар премияро набинад, худаш имзо мекунад ва пулро мегирад. Ҳол он ки ҳар коргар ҳақ дорад шахсан имзо гузорад ва маблағашро бинад.

Як нафари наздики ӯ-Саидакобир ном дорад, ки дар Южный Бутово бригадир аст-аз ӯ ҳам бадтар рафтор мекунад. Ӯ ҳам мисли Алиакбар рӯзҳои кори изофӣ менависад, пул мегирад ва коргаронро фиреб медиҳад. Ин шахс низ аз ноҳияи Ҳамадонӣ аст. Дар ҳоле ки фирма барои грузчикҳо тамоми шароитро муҳайё кардааст, ӯ мардумро фиреб дода пул мегирад ва ҳаққи онҳоро мехӯрад.

Вақте коргарон ин беадолатиро мебинанд, дигар намехоҳанд ду смена кор кунанд, зеро медонанд, ки пул талаб мекунанд. Аммо Алиакбар назди база истода, бачаҳоро маҷбур мекунад ба кор бароянд. Агар касе нахоҳад, таҳдид мекунад: «ман медонам бо ту чӣ кор кунам». Барои сменаи дуюм аз ҳар кас 10–15 ҳазор рубл мегирад. Ин дар куҷо адолат аст?

Ба Худо қасам, амалҳои онҳо ба амалҳои мусалмон монанд нест. Доим мегӯяд: «ман одам дорам, маро ҳимоят мекунанд». Аммо фаромӯш мекунад, ки болотар аз ҳама Худованд аст. Худованд ҳам ӯро ва ҳам ҳар касеро, ки чунин зулмро ҳимоят мекунад, беҷавоб намемонад.

  Дилат месӯзад чеҳраи ҳар як коргарро мебинӣ. Ба умед меоянд кор кунанд, аммо ин ҳаромхур раҳм намекунад, аз маошаш, аз ҳама чизе бояд ин фирма бар ҳар як коргар диҳад ин дахолат мекунаду мегирад.

 Мо мехоҳем ин садои мо ба гӯши мақомдорҳо, ба ҳама сохторҳои қудратии  Тоҷикистон расад ва хоҳиш мекунем сари роҳи ин шахс-Носиров Алиакбар Раззоқовичро гиранд, агар  худро мусалмон меҳисобед.

 Мо дар ҳақи касе туҳмат намехохем кунем. Чизе дар ин нома навишта шудааст рост аст, ягон сухани бофта нест, ба ин мо боварии комил дорем.

Мо мехоҳем ҳамин шахс дар назди қонун ба ҷавобгарӣ кашида шавад ва ҷавоб гӯяд барои ин амалҳояш. Бори дигар мепурсам, ки агар ҳамин шахс аз рӯи инсоф кор кунад аз куҷо ин қадар дороӣ ба даст меорад: -дар Душанбе хона, дар Тоҷикистон мошин, дар Москва мошин. Ба як гуфте гусфандони зиёд ҳам дорад, ки мегӯянд ҳисобаш номаълум аст. Чандин нафарҳо аз ин шахс қарздоранд. Чунки дар ин ҷо ин фоидаи калон ба даст меорад.

Эй, ҳукуматдорҳо бар ҳоли ин мардуми бечора дар ин муҳоҷират раҳм кунед ва ин ҷинояткорро ба ҷавобгарӣ кашед, то аз молу мулки бо ҳаром ҷамъ кардааш маҳрум шавад, токи ба қадри ин коргарҳо расад ва ангушти пушаймонӣ газад.

Бо эҳтиром як гурӯҳ коргарони компанияи Еколайн.

Шаҳри Москва. Метро Владыкино, нома аз хобгоҳи ВДНХ.

Боқӣ дар паноҳи худо бошед. Мо дар ҳақи шумо дуъогӯ ҳастем. Худованд дар паноҳи худаш нигоҳ бидорад шуморо.  

  Пасгуфтор ва хитоби Ислоҳ!

Ба таваҷҷуҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Консулгарӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Имрӯз ҳазорон муҳоҷири тоҷик дар Русия бо ранҷу арақи пешонӣ кор мекунанд. Аммо вақте масъала ба ҳимояи ҳуқуқи онҳо мерасад, сукут ҳукмфармост. Барои як лайк ё як шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳоҷирро зуд пайдо мекунед, аз Русия истирдод мекунед ва сараш ҳазор мушкил меоред. Аммо вақте сухан аз истисмор, ғорат ва поймол шудани ҳуқуқи садҳо ҳамватан меравад оё касе масъулият эҳсос мекунад?

Марҳамат, ин қазияро ҷиддӣ бубинед, санҷед ва мавқеи расмии худро эълон кунед. Агар даъвои муаллифони номаҳо носаҳеҳ аст онро рад кунед. Агар дуруст аст дар ҳол чора бинед. Мо хоҳиш дорем натиҷаи баррасӣ расман дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ нашр шавад, то мардум бидонанд, ки қонун танҳо барои заъифон нест.

Муҳоҷир танҳо манбаи пул нест ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Мо интизори натиҷаи расмӣ ва посухи равшан ҳастем.

Share This Article