Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №339

Ислоҳ нет

Дар ин навбати барномаамон аз Ховалинг, Волгоград, Бохтар, Шаҳритус ва ду нома аз Душанбе дорем.

Бо фаро расидани мавсими даъвати аскарӣ мақомот даст ба «тадбир» мешаванд. Дар Ховалин ба дари масҷидҳо қуфл зада условия гузоштаанд, ки дутоӣ сарбоз медиҳед, сипас метавонед дар ин моҳи муборак намоз ва таробеҳ хонед. Номаи омада аз Ховалинг дар ҳамин бора мегӯяд.

Муаллифи ҳамешагии мо аз Волгоград ин бора дар масъалаи зиёрати хонаи худо-ҳаҷ як навиштаеро аз сомонаи нашрияи СССР гирифтааст. Ин муаллиф бо интиқоди шадид аз муҳтавои ин матлаб дар воқеъ дуруст суол гузоштааст, ки ман бо пули худам ба ҳаҷ меравам, шумо чи кор доред?

Аз Бохтар (Қурғонтеппа) и собиқ аз баркандани номерҳои ба истилоҳ «крутой»-и 1111 аз тарафи ГАИҳо навишта изҳори тааҷҷҷуб кардаст, ки агар, ки мекандаед чаро ауксион карда даҳҳо ҳазор сомонии мардумро гирифта фурӯхтед?

Аз Шаҳритус нисбати чанд мансабдори маҳаллӣ, аз ҷумла раиси идораи ҷамоат, ки одамони Муҳиб Саъдуллоеви бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов ва дигар кадрҳои данғарагӣ навишта шудааст. Ин раиси ҷамоат бар ивази пул ҳатто справкаҳои  тамоман бардурӯғ медодааст.

 Дар номаи аввали омада аз Душанбе дар бораи Душанбе сити, раиси он ва ширкати Авесто-групп маълумотҳои ҷолиб фиристода шудааст.

 Дар номаи дуввуми Душанбе аз набуди ҷойи мошинмонӣ дар назди домҳо ва ғарами ошғол-партов, мусорҳо шикоят мешавад.

                                   Ховалинг

Ассалому алайкум бародарам домулло Муҳммадиқболи Садриддин! Як хабари нохуш дорам аз ноҳияи Ховалинг. Агар имконият мебуд дар дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҳарчи зудтар чоп мекардед.

Дар ноҳияи мо дар ҷамоати Лоҳутӣ деҳаи Ҳалқаёр, деҳаи Канаб, деҳаи Зардолу Дашт масҷиди панҷвақта амал мекард. Дар ин моҳи мубораки Рамазон дари масҷидҳоро маҳкам карданд ва шарт гузоштанд, ки аз ҳар як қишлоқ ду сарбозӣ диҳед баъд масҷидҳоятонро ҳуй мекунем таробеҳ хонед. Омаданд одамони ҳукумат дар мактаби 17маҷлис доир карданд, ки солдатҳоро диҳед баъд масҷидҳоятонро ҳуй мекунем намоз ва таробеҳ хоҳед хонд. Агар надодед намоз намехонен!.

                                Волгоград

Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Ин бор як навиштаро аз сомонаи нашрияи СССР гирифтам, то ки тавассути «Ислоҳ» бори дигар чеҳраи ин ҳукумати зидди дину зидди мардуми тоҷикро ба миллат нишон диҳам. Ин матлаб таҳти унвони «Ҳақиқатро аз ҷаҳолат фарқ кунем!» чоп шудааст. Ва дар он бо пуштибонӣ аз сиёсатҳои зиддиисломии Раҳмонов аз мардум даъват шудааст, ки ба зиёрати хонаи худо нараванд. Худи сарлавҳаи мақоларо бубинед, ки чи қадар бо танаффур ва бадбинӣ ба ин аркони муҳимми дини ислом гузошта шудааст. Наход як фарди мусалмон ин қадар бадбинӣ бо дини аҷдодии худ дошта бошад?  Зиёрати хонаи худоро хурофот биҳисобад ва танқиду таъна кунад.

Барои чи аз рафтан дар дискоклуб наҳ намезанад. Интиқоду мазаммату тавҳину таҳқир болои дини мо ва аз тарафи худи мо, мусалмонҳо сурат гирифта истодааст? Чаро? Шуморо кӣ ва чӣ водор мекунад, ки рафтан ба ҳаҷро ба боди интиқод бикашед?

Аслан шумо чи кор доред, ки як кас ҳаҷ меравад, як кас масҷид рост мекунад, ё як кас пул ё роҳ месозад. Ба шумо чӣ?

Ман ба ин навиштаи СССР тамоман зид ва мухолифам.

Ҳоло агар ҷаҳони мо озод, мо инсонҳои озод, соҳиби ихтиёри худ бошем чаро фикру ақида ва ҷаҳонбинии худро болои дигарҳо таҳмил бикунем?

Ман аз ҳисоби худам меравам, аз ҳисоби шумо ва нафари дигар не.

Ман ба шумо чи зиёну зарар рсонидам, ки ба ҳаҷ рафтани маро хурофот меҳисобед?

Навиштааст, ки сарвари давлат… ин гуфту он гуфт. Аввал ин ки худи ин сарвари давлат намедонам, ки умраи чандкарата карда аст ва албатта ҳаҷ накардааст. Барои ҳаҷи фарзӣ кардан бояд ӯ ба ин дин устувор бошаду тавони он ҳама маносикро дошта бошад.

Дигар инки магар ҳарчизе як нафари аблаҳ бигӯяд, бигзор, ки сарвари давлат ҳам бошад  аксиома ва ҳуҷҷату мадрак ва қонун аст?

Дар ҳоле, ки вай бо ислому аркони он масъала ва мушкил дорад. Пас, бояд ҳамаамон айни вай шавем?

 Фардо , агар яке гуфта намешавад дар ҷойи вай Маҳмадсаид Убайдуллоев омад ва ҳиҷ масъалаву мушкил бо ҳаҷ накард, чи хоҳед гуфт? Барои шумо адои фарзи исломиатон муҳим аст ё гуфтаи Раҳмонов? Убайдуллоев панҷ вақт намоз мехонд, бо ислом мушкил надорад, пас мо чи шаклӣ бишавем. Ҷаноб, ки дигар мурд, нест. Рустамро ҳам урусҳо не гуфтанд, Убайдуллоев омад.

 Он вақт чи мешавад, чи хоҳед гуфт.

Ва ҳоло ин навиштаро пешкашатон мекунам, худ қироат ва қазоват кунед:

 «Ҳақиқатро аз ҷаҳолат фарқ кунем!

 Дуруд! Рости гап, дар замоне, ки дар давлатҳои мутараққии асосан Ғарбу Аврупо бо такя ба илму дониши замон, фанновариҳо ба кашфиёту ихтироъҳои нав ба нав машғуланд, аз мафкураи танги асримиёнагии ҳамватанони алоҳида, ғамгин мешавам. То ба кай мо бо чунин андешаю фаҳмиш умр ба сар мебурда бошем? Гуфта – нагуфта, қаллобони дар либоси дин пинҳон ба куфру ширк ҳукмат мекунанд. Ҳол он ки бисёре аз рафтору кирдорҳои худашон берун аз шарту талаби шариатанд.

Ҳама шоҳид ҳастем, ки баробари соҳибистиқлолӣ ба даст овардан, чӣ қадар шумораи одамон барои ҳатман ба ҳаҷ рафтан зиёд шудааст. Аслан, он ба як мӯд, мусобиқа ва худнамоишдиҳӣ табдил ёфтаасту зиёдашон аз рӯи сидқ нест. Бо вуҷуди суханронию таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус, баъзеҳо бо сарфи маблағҳои зиёд ба такрор ва бо оилаҳои худ гуруҳ – гуруҳ шуда, мераванд. Ин ҳам дар ҳолатест, ки баъзе аз хешу таборони наздик, ҳамсояҳои онҳо дар ҳоли хуби иқтисодӣ қарор надоранд. Кам нестанд оилаҳое, ки бахусус, кӯдакон аз фақр азоби сахти руҳию ҷисмонӣ мекашанд ва номаълум, ки фардо онҳо чӣ гуна фарди солими ҷомеа ба камол мерасанд?

Ҳамзамон, дар деҳаю ноҳияҳо ҳам кам нест мардуме, ки ба роҳи обод, оби нӯшокӣ, мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва амсоли он ниёзманданд. Магар намешавад, ки он ҳама маблағҳои зоҳирпарастонаро ба корҳои ободу зебогардонӣ, муҳайё намудани шароити дурусти кору зиндагӣ дар кишвари худ сарф намоем?

Каъбаро гуфтам сиёҳ пӯшиданат аз баҳри чист?

Гуфт: Аз ҷаҳли ҳамин уммат азодорем мо.

Пӯлод Иброҳимов, нафақахӯр, ш. Хуҷанд.

                                    Бохтар  

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз Бохтар ду хабар бароятон дорам.

Ҳар мошини сабукрав, фарқ надора, чи маркаву тамғае, ки бошад агар чорто 1-1111 номери давлатӣ дошта бошад, номерҳояшро ГАИҳо дар қади роҳ дошта, манъ карда канда гирифта истодаанд. Аз они маро ҳам гирифтанд. Мошин дар як параи роҳ мондагӣ буд, омадем, ки рақамҳо нест. Гуфтанд, ки аз пушти ҷиянҳои Зарифбеки домоди Ҷаноб ҳамаи номерҳои 1111-ро бояд ҷамъ кунанд. Мо ин номерро ба пули калон харидаем.

Ақалан ҳамон пули хариди ин номерҳоро ба мардум баргардонида диҳанд. Ин қадар беинсофанд. Дигар кас авария мекунад, баъд мардуми бегуноҳ шата мехурад.

 Хабари дигар ин аст ки Абдулмаҷид Муминов раиси шаҳри Қурғонтеппа (Бохтар) вазифаашро иваз мекардааст. Ба як гуфтае дар шаҳри Душанбе вазифаи нав мегирифтааст. Нафари дигар Салимов Нуриддин айни замон дар шаҳри Қурғонтеппа сармуҳандис, главний инжинери ЖКХ мебошад. Вай ҳам ҳамроҳи Муминов Душанбе ба вазифаи нав мегузарад.  

                                          Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Дар бораи як нафари наздиктарини Рустами Эмомалӣ гуфтаниам. Ин нафар раиси бонки Душанбе –сити аст.

Шӯҳрат Солиев, роҳбари бонки Душанбе Сити, ки узви ширкати Авесто группи Рустами Эмомалӣ  мебошад моҳҳои охир кушиши дур шудан аз итоати Авесторо дорад. Маҳз ҳамин Шӯҳрат Солиев сабаб гашт, ки Душанбе сити дар руйхати санксияҳои Иттиҳоди Аврупо ворид шавад.

 Савол, барои чи? Чи тавре, ки ронандаи Шӯҳрат Солиев дар як ифтор нақл кардааст, Шӯҳрат Солиев дар телефон, дар рафти суҳбаташ бо як ҳамшаҳриаш, ки аз Суғд аст, гуфтааст, ман худам маълумотҳоро пинҳонӣ ба созмонҳои аврупоӣ равон кардам, ки мо маблағҳои калони русҳоро перевод мекунем. Аз ин ба ман танҳо як фоида аст, ки баъди ба руйхати санксиони ғалтидани Душанбе сити, роҳбарияти кишвар Муҳаммад Мирзоевро ба ноуҳдабароӣ муттаҳам карданд, ки чи тавр ту ин ҳолатҳоро нодида мондӣ? Значит ту ҳам қушӣ дар алик -маликҳо гуфтаст Шӯҳрат Солиев. 

Мақсади Шӯҳрат Солиев, камранг кардан ва бемасъулият нишон додани роҳбарияти Авесто групп аст. Мақсад, ки кулобиҳову данғарагиҳо саводи идоракунии корпоратсияи бузургро надоранд.

Шӯҳрат Солиев аз аввал бо нақшаҳо ва пешниҳодҳои Муҳаммад Мирзоев зид буд ва ҳоло ҳам муқобил аст.

Ҳар вақт баъди итмоми маҷлисхҳо, ки роҳбарияти Авесто групп мегузаронанд, Шӯҳрат Солиев бо тамасхур ва истеҳзо мегуяд, ки «и говсуворҳо имрӯз моро кор ёд медиҳанд». Дар дохили Авесто групп даҳ ширкати дигари худашро Муҳаммад Мирзоев таъсис додаасту маблағҳои ҷудошуда барои сохтмонҳо ва дигар корҳо, через ширкатхои вай мегузаранд, гуфтаст Шӯҳрат Солиев. Писари Муҳаммад Мирзоев боз ҷудо ширкат кушода Алик малик дорад. Аҷиб.

                             Душанбе

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Моҳи шарифи рамазон ва қудуми пур аз файзу баракат ва хайру сахои он бароятон муборак бошад.

Аммо сад афсусу дареғ, ки дар ҳавои ин гуна ҳарфҳо боз ҳам аз шикваву шикоят лаб мекушоем. Мо дигар ҷо барои гуфтан надорем, ки ба раиси шаҳр ҳарфи моро бигӯянд. Фақат гапҳои моро Ислоҳ бе тағйир ба гӯши кари мақомдорон мерасонад. Гапи ҳақро ягон телевизон нишон намедиҳад ва намегӯяд.  

Ман барои раиси шаҳр як шикоят дорам, агарчи намедонем аз кадом камбудӣ бигӯям, чунки хеле мушкилиҳо болои ҳам ва зам шудааст.

Нав аз ғарибӣ омадем. Як ҷо дар шаҳр меҳмонӣ фарёдамон карданд. 4-5 сол шуда буд, ки хешу таборҳоро надида будем. Меҳмонӣ шаҳри Душанбе рафтем. Онҷо ки рафтем ҷои мошинмонӣ наёфтем. Дар пеши домҳо шлагбаум мондагӣ буд. Мо пулт ё ҳамон чипашро надоштем.

  Дидем, ки дар пеши домҳо мошин пур истодааст. Мо ҳам мошинамонро мондем. Баъди чанд лаҳза як чиз лозим шуду аз хонаи мизбон ба пеши мошин омадем, ки мошин нест.

Охир, вақте дидем ягон знак мондагӣ нест, мошинро ҳамонҷо мондем, аммо, охир кӣ мебарадаш? Яке дидам, ки мошинамро дар болои як мошин бор карда бурда истодаанд. Баъд аз ақибаш давида рафтем ва гуфтем,ки «ака бе  и мошини мояй куҷо мебарӣ, бад срш кадем, манш кадем гуфтем ака мошина куҷо барем? Гуфт иҷа ҷои паркофка нест, иҷада маън кнӣ манъ аст. Бад катиш гап задем то пула нагирфт ҷавоб надод».

 Сонӣ мошинаамро пул дода гирифтем. Ҳайрон шудем, ки дар шаҳр ҷо мошинмонӣ нест.

Бародар дар як қадам дом сохта истодаанд: «хай дом сохтен баъд ҳаму жителора паркофка бкнен домо паркофка надора».

Баъд мегӯед, ки бо ифротиҳо гап мезанед. Камбуди мардумро буд кунед, касе ба ҳеҷ куҷо шикоят намекунад. Инҷоро кӯчаи зербакш мегӯянд. Ин домҳои зардро 5 ё  6 сол шуд, ки сохта буданд, мегӯянд, ки ҳоло ҳам буд накардаанд.

Як хел хонаро дар 3 то 6 нафар  фурӯхтагианд. Мегӯянд, ки дар ин дом ҳеҷ кас зиндагӣ накарда истодааст.

Дар шаҳри Душанбе рӯбарӯи мактаб мусорка ҳаст. Ҳамин мусорро намеоянд, ки  баранд. Офарини кӯдакҳое, ки дар ин бӯву тааффуни партовгоҳ дар инҷо мехонанд.

 Дар пеши домҳо мусорҳо ғарам задагӣ, бӯ мекунад.

 Боз пушти болнитсаи ожогийро бинед. Мегӯӣ мусорка дар инҷо чандин сол аст ҷамъ шудааст.

 Ин раиси шаҳр куҷоро нигоҳ мекунад? Боз роҳҳо сахт безеб аст. Мо хато карда ба ин роҳ омадем, дидему ин мушоҳидаҳоямонро навишта истодаем. Аз ин роҳи пойтахт роҳи қишлоқи мо созтар аст.

Роҳи ин параро, ки рӯбарӯи мактаб аст мусор маҳкам кардааст. Гуфтанд, ки ҷойи патовгоҳро ширкати «Себистон» гирифтааст. Соҳиби ширкати Себистонро намедонам, ки кист? Хуб ҷойи мусорпатоии жителҳоро гирифтӣ, пас ягон ҷои партовгоҳ барои мардум намесозӣ?

Бовар кунед, ки шаҳр ба дараҷаи ношинохтанӣ расво шудааст. На ҷойи мусор ҳаст на як роҳи дуруст. Роҳҳои даруни домҳо ончунон танг аст ки ҳатто мошини майда даромада наметавонад.

Ин раиси шаҳр куҷоро назорат мекарда бошад? Вақте қарори сохтани домро медиҳӣ, аниқтараш мефурӯшӣ чаро аз рафти кор назорат намебарӣ?

Намедонӣ мошинатро дар куҷо парковка кунӣ. Вақте дом омода шуд, мардум мебинадки ҷойи мондани мошин надорад. Маҷбур дар лаби роҳ мемонад, баъд мешавад тамба, баъд эвакуатор меояду мошинатро мебарад, баъд меравиву ҷарима месупорӣ. Ин чи ҳолу аҳвол аст?

Барои як ҷойи парковка, гараж 20 ҳазор доллар нарх мондаанд ва он ҳам аз хонаат дур.

Кӯдакони бечора дар ин домҳо ҷойи бозӣ, майдонча надоранд. Хулоса, шаҳри нозанини Душанберо ба тамоми маъно ҷазир кардаанд. Ва шумо ҳам дар ҳақиқат дуруст навиштаед.

                                    Шаҳритус

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Номаро аз Шаҳритус менависам. Ман аз ин кору рафтори ҳукумати Тоҷикистон дар тааҷҷуб задаам. Тамоми ниҳоду сохторҳои Шаҳритус дар дасти нафроне аст ки сокини инҷо нестанд.

Чи, магар дар Шаҳритус кадр нест, ки аз Данғара ба инҷо кадр меоранд? Вақте чунин нафарони омада ба инҷо меоянд мақсадашон рушду пешравӣ нест, мақсадашон фақат пул кор карлан аст. Мисоли конкретӣ меоварам. Як нафарро овардаанду директори як муассисаи таълими мондаанд. Аммо ин директоратон маблағҳои калони чандин ҷавони даъватшавандаро гирифтаву номҳояшонро дар журнали муассиса сабт кардааст, ки гӯё дар литсейи таҳсил доранд. Аммо онҳо кайҳо дар Маскав ҳастанд ва аз онҷо барояш маблағ мефиристанд. Қонуншикан ва ғайриқонунӣ фаъолият мекарда худи ҳаминҳоянд. Теша ба решаи боло будагиҳояшон худашон мезананд.
  Холзода Лутфия раисаи ҷамоати шаҳраки Шаҳритус як беваи аҳмақи аз Худо бехабар аст. Касеро бо руймоли маҳкам яъне сатру ҳиҷоб ба ҷамоат ворид шудан намемонад, бо дашному ҳақорат руймолҳояшонро аз сарашон канда мегирад.

Ҳар як имзояш нарх дорад. Масалан нархи як маълумотнома (справка) барои ҷойи зист 50 сомонӣ аст. Боз ӯ маълумотномаҳои дигар ҳам медиҳад, масалан барои ба хизмати ҳарбӣ нарафтан падару модарон омада аз ӯ маълумотномаи аҳли оила мегиранд. Гӯё писарашон оиладор асту соҳиби 2 ё 3 фарзанд ҳоло онки он ҷавон оиладор нест. Ин ҳаромхӯр бо гирифтани пораи калон ҳамингуна маълумотномаҳо медиҳад. Боз ба ҳамаи ин нигоҳ нокарда фарзандони бе тарбияву ба насиҳат мӯҳтоҷ аз они Холзода аст боз ба ҳамин аҳволаш дигаронро насиҳат мекунад.
  Чиллазода Лутфулло саги баҳ-баҳи асосии Муҳибулло Саъдуллоеви номард бошаму зинда бошами додарзани Эмомлӣ Раҳмонов дар ноҳияи Шаҳритус аст. Вайро Саъдуллоев Муҳибулло раиси ҷамоати деҳоти Холматов гузоштааст. Ин Чиллазода Лутфулло то мурчаи хонаашонро кашида ба Шаҳритус овардааст. Ба гуфтаашон дар вилоят ба касе вазифа лозим бошад ба назди Муҳибулло Саъдуллоев меравад маблағро пардохт мекунад вазифаро мехарад. Баъд ин бесаводҳо мешаванд раису раиса ва онҳое, ки бо саводу дониши хуб хатми донишгоҳҳо кардаанд мемонанд бекору мераванд муҳоҷират. Ҳамин Чиллазода Лутфулло соҳиби 2 оила мебошад ва бо ҳардуяш ҳам зиндагии якҷоя дорад. Аз ин дузанагиаш тамоми мақомоти ноҳия огоҳанд, пас чаро касе чораашро намебинад ва бо моддаи 170-Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чандҳамсарӣ нисбаташ парванда оғоз намекунанд ё қонун танҳо барои камбағалҳо аст?   

Бар зами ду зан доштанаш ҳар зану духтари зеборо бинад аз думболи ӯ мисоли саг медавад. Ба рафиқонаш мегӯяд, ки «ира як квартира бурдан даркорай, ку бинем …»

Пеши роҳи ин девонаҳои бесаводи бемаданияти данғарагиҳо гирифта шавад. О монед мардум зиндагӣ кунанд. Ман талаб мекунам, ки дар нисбати Шарифзода Фирдавс, Холзода Лутфия ва Чиллазода Лутфулло чораи конкретӣ дида шавад.

Share This Article