Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 341

Ислоҳ нет

Номаҳо аз Восеъ, Душанбе, Лахш(Ҷиргатол) муҳтавои ин шумораро ташкил додаанд.

Аз Восеъ дар бораи як нафар имомхатиб навиштаанд, ки ҳам дар амният бузӣ мекардааст ва ҳам дар деҳаи Даштидилӣ дар масҷид имоматӣ.

Номаи Лахш аз сардори УР-и милисаи ноҳия навиштааст. Бо зикри ному насаб дафтари аъмоли вайро варақгардон кардааст. Эҳсон ном доштааст ва вай дар Лахш ҳар коре, ки мехоҳад анҷом медодааст.

Нависандаи нома аз Душанбе дар бораи мактабҳои русии шаҳр навиштааст. Аз ин нома бармеояд, ки дар се мактаби русии Душанбе ҳолати аз талабаҳо гирифтани пул аз мактабҳои тоҷикӣ бадтар будааст.

                                          Восеъ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу Муҳаммадиқболи Садриддин! Худованд умри дарози пурбаракататон бидиҳад. Соқу саломат, бо сари баланд ба ватан барбигардед.

Ман аз Даштидилии ҷамоати Кадучии ноҳия Восеъ ба шумо менависам. Номаам дар бораи як нафар мулло аст бо номи Муллошариф. Аз як ҳодисае нақл мекунам.

 Ин ҳодиса дар 10-15 феврали соли 2024 рӯй дод.

Як соҳибкор меояду мегӯяд, ки ман ин роҳҳоро (роҳҳои деҳаро) таъмир ва соз мекунам, Худо хайраш диҳад. Меояд ва шурӯъ мекунад ба роҳҳоро соз кардан. Ва шебен мерезад. Дар он вақте, ки вай шебен мерезад ин Муллошарифи такариш ҳам ҳамонҷо кор мекунад. Соҳибкор идомаи корро ба дӯши ҳамин Муллошариф мемонад ва мегӯяд Муллошариф худат корро буд кун, яъне то ба охир бирасон. Соҳибкор Муллошарифро бовар мекунад.

  Онҷо як  марди камбағали қашшоқ, ки нони хӯрданашро бо як зӯре, бо як ҳоле меёфт бо як зан даъвояшон мешавад ва бо ҳам як разбори одӣ карданд. Барои як трубае, ки арзиши сад сомониро надорад.

Он мард канд он трубаро гирифт. Гуфт, ки аввал чуқураш меканам баъд мехобономаш, ки санг трубаро нашикофад ва нашикандад. Хулоса аз ҳисоби ҳамин труба ин зан бо ин мард даъво кард.

Аммо ин Муллошариф дар онҷо занро неву мардро гунаҳкор баровард. Ва Муллошариф рафт аз тани он зан ба милиса заявлений навишт -ба участковий. Участковий дарзамон ба сари ин мард омад. Омад, вале номи он занро гирифт. Гуфт, ки Муллошариф аз номи он зан ариза кардааст. Ба тарафи он марди камбағал номи он занро гирифту гуфт, ки аз болои ту ариза навиштаст.

Зани ин марди камбағал масҷид ба сари Муллошариф меравад. Мегӯяд, ки Муллошариф худат ҳамон ҷо будӣ он рӯз, ҳиҷчи гапу хабар набуд, чаро аз тани он он зан рафта ариза навиштааӣ.Ту муллои ҳамин деҳаӣ, бояд даъворо ҳал кунӣ, на инки биравию як камбағалро ба орган супорӣ.

Муллошариф мегӯяд, шумо равед ман ҳаллаш мекунам. Ин гапу кор дар масҷид сурат мегирад. Чунки ин Муллошариф иммхатиб ҳам ҳаст. Аммо омад ҳалаш накард, ягон кораш накард.

Ин вақт буд, ки он милиса-участковий омад. Он мардро гуфт, ки ҳозир парпечон мекунам дар ҳамин пушти мошин чорқат мекунам, метиқамат, бор мекунаму мебарамат. Гуфт, ба хубӣ, ки омадӣ, хуб, агарне ана ҳамин тавр ба гандагӣ мебарам.

 Ин мард хест бо занаш рафт ба кабинети участковий. Дар онҷо 500 сомонӣ штрафаш мекунанд, барои як кори мелочӣ. Ин ҳаромхӯрҳои калахӯр 500 сомониашро мекашанд мегиранд. Ва боз худашон ба ин мард мегӯянд, ки ҳамин корро Муллошарифи имом хатиб кард. Милисаҳо худашон мегӯянд, ин заявленияро ҳамин Муллошариф навишт, он зан нанавиштааст. Яъне худи милисаҳо боз бузӣ мекунанд.

Инро бояд бигӯям, ки ин Муллошариф дупогона аст: ҳам дар масҷид имомхатиб ва ҳам дар қишлоқ бузи амният аст.

 Наход, ки мард ҳам муллоӣ кунаду ҳам бузӣ ва ҳам амнияти Кулоб шавад ва хабаркашӣ кунад.

Чуноне гуфтем дар вақташ соҳибкор роҳро бар дӯши ҳамин Муллошариф вогузор кард. Ин соҳибкор ҳамқишлоқии худамон аст, худо ҷазои хайраш диҳад. Он вақт соҳибкор мегӯяд сум-пумро ба дасти ту медиҳам, сангу шағалу дигар масолеҳро биёр, корро буд кун.

Муллошариф овард шебен рехт, аввал санг нарехт. Шебенро ҳамчуноне, ки мурғро «тутуту» мекунӣ, «тутуту» кард. Как будто, ки шағалро рехт, тамом.

Соҳибкор омад дид, аммо ба соҳибкор маъқул нашуд. Муллошариф дигар аз боварӣ баромад. Аз боварӣ, ки баромад, дигар номандаш, кадоми дигарро ё не, инашро намедонам.  

Соҳибкор омад аз нав ташкил кард ва дар фосилаи даҳ метр, даҳ метр пас аввал шағали калон рехтанду баъд шебен ва дар охир аз болои шебен асфалти калон рехтанд. Ва ҳамин тариқ соҳибкорро ҳамин хел роҳро обод кард.

Вале ин Муллошриф ҳам дар амният кор мекунад ва ҳам муллои масҷид, имом ва пешдарои ҷамоат аст. Падараш Шарбат ном дораду худаш дузана аст. Ӯро ҳатто бачаи худш писандаш намекунад. Халқи Кадучӣ Муллошарифро покиза мешиносад. Дар масҷиди Дашти дилӣ муллоимом аст.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар охир гуфтаниам, ки ман шуморо аз 2020, аз вақти коронавирус тамошо карда истодаам. Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро ягонтоашро пропускат намекунам. Покиза «Ноҳияҳо…»-ро тамошо мекунам.

 Ҳар як шумораи «Минбари муҳоҷир»-ро ждат мекунам, ки кай сар мешавад, тамошо мекунам, лайк мемонам. Аз 2020 лайкро монда истодаам.

Худованд шуморо ҳифз кунад.

Мутаассифона ин одамҳо тарсончак шудаанд. Лайк намемонанд. Вагарна лайкро ҳиҷ кас намебинад.

                                   Душанбе

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаи маро дар барномаи «Номаҳо..» нашр кунед. 

Ман дар бораи мактабҳо менависам. Дар пеш иди 8 март аст. Дар мактабҳо барои ин ид шуда болои талабаҳо бисёри бад зулм мекунанд. Ин навиштаи ман асосан ба муаллимаҳо ва ба мактабҳои русии Душанбе дахл дорад.

Дар мактаб муаллимаҳо барои 8 март бояд аз чанд рӯзи пеш тайёриро сар кунанд. Мегӯянд, ки ба ман фалон чиз, ё ки ин қадар сум биёред.

 Чанд суме хоҳанд мегӯяндат, беномусҳо, «праздникам бигзарад». Дар пеши ҳамаи талабаҳо мехезонанду мегӯянд фалонӣ ту маро барои 8- март табрик накардӣ. Баъд сар мекунанд угрожаткуниро. Як моҳ ҳам гузашта бошад мегӯяд ҳамон пули 8- марти маро наёвард. Мегӯяд, меорӣ ё намеорӣ ва дар ҳузури ҳамаи талабаҳо изо ва хиҷолат медиҳад. Мегӯӣ, ки падарони мо дар Русия дарахти пулро мечинанд.
Ё ки день рождения дошта бошад аз 8- март бадтарат мекунанд, наорӣ капаат сӯхт.

 50 сомонӣ бидиҳиаш худро норозӣ мегирад. 100 сомонӣ ё 200 сомонӣ зиёдтараш бидиҳӣ, ки табъи ин беномусҳо хира нашавад.

 Дар коридор биқападат мегӯяд пули 8- март ё ки день рожденияи маро наовардӣ, намеорӣ гуфта угрожат мекунад.

 Эй, муаллимаҳо, илтимос, камтар инсоф кунед.

 Муаллимҳо созтаранд, инсоф доранд. Як шоколодаш бихариву бидиҳӣ ҳамин қадар хурсанд мешаванд ва дар дарсҳо ёрдамат мекунанд. Вале муаллимаҳо бошанд, не. Муаллимаҳои мактаби 21и ноҳияи Шоҳмансур, мактаби 8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мактаби 54-и ноҳияи Сино, ки русӣ астанд ва  гимназияи 4 шуморо, бисиёриҳоятонро номусҳоятон даридагӣ.  

Агар имсол ҳам дар 8- март талабҳоро маҷбур кунед, дар даруни ҳамаатон одам дорам «он дафтарчае, ки дорен, ҳамаи талабаҳора номошона навистагиен, чан сум додагияй, дар кадом вақт ва барои кадом ид мегираму чоп мекунам».

Агар 50 сомонӣ бидиҳӣ плюс мекунанд вале агар 40 сомонӣ бидиҳӣ 40 менависад, моҳи дигар ҳамон 10 сомониро бояд бидиҳӣ.

 «Ҳамаи дафтарчаҳотонра сурат мегирам роӣ мекнан, кадом талаба дар кадом моҳ чан сум додагияй, дар кадом праздник чанд сум додагия, ҳамаша сурат мегирам роӣ мекнам ба акаи Муҳаммадиқбол, бас кунед зулму пулканиро».

Боз як хел муаллимаҳо сахт иштиҳояшон калон шудагӣ аст. Мегӯянд сад сомонӣ пули моҳонаро биёр. Дар ҳоле, ки мактаб бе пул аст.

Аттестати синфи 9 ё 11 максимално 10 ё 20 сомонӣ аст, аммо инҳо 100 то 200 сомонӣ мегиранд. Боз барои баҳои номаи камол отделно мегиранд. Ҳар як талабаро фарёд мекунанд, нишон медиҳанд: «мисол иқадар пул овардай иқа дари дигар биёр бад аттестата дуруст мекунем метием».  

Бояд 1000 ё1500 сомонӣ биёвариашон. Шумо ҳисоб кунед, ки агар як синф 40  талаб дошта бошад медонед чанд сомонӣ мешавад: «аз 40 кас 1000 сумӣ 40000 сомонӣ, 1500 60.000 мешавад».

Боз ин  муалимаҳо байни худашон мегӯянд, ки инро дастгирӣ кун ин ёрдам мекунад, инашро накун, ёрдам намекунад.  
Муаллимаҳои азиз, ман мактаб хонданӣ меоям ё ки пулдиҳӣ? Ин маориф куҷоро нигоҳ мекунад: «як бор ҳамин мактабро биёен санҷиш кунен ин муаллимаҳоро. Пастаяни як сумкача дора, дар даруни аму сумкачашон аму дафтарчашон меген ё ки китобча пастаяни амучадай, бинен коркнои коррупция,  биёен праверка кунен. Ай ки да телефономда сообщения роӣ мекна. Агар ягом пул ай шмо прсид мода муроҷиат кнен. Ина порагирора адресошона гуфтестем.

  Ба фикрам баъди ншри ин шумора муаллимаҳо дафтарчаҳояшонро баҷо мекуннад. Он вақт кабинетҳояшонро биковед. Чунки дар инҷо ҳам боз як тои дигар ҳаминхел дафтарча доранд. 
Раҳмат, бародар Муҳаммадиқбол, барои нашри номаи мо. Мардуми зулм медидаро фақат худат шикоятҳояшонро  чоп мекунӣ. Мо намедонем дигар ба куҷо роҳӣ кунем.

Бародар, як -ду номаи дигар тайёр карда истодаам. Дар онҷо фақат кормандони давлатанд. Ҳоло яктои дигараш мондааст, номашро биёбам, аксҳояшонро дорам, сонӣ роҳӣ мекунам. Хело аҷиб аст.

 Вақте Исмати дуликро қапида буданд, баъди ҳамон шумо видео карда будед. Мо дар як ҷо шишта будем, ҳамонҷо нақл карда буданд. Дар бораи як генерал, ки чи ҷиноятҳо карда буд, бо ҳамроҳии кӣ, куҷоҳо мерафт, чанд зан ва чанд кӯдак дошт, ҳамаашро нақл карда буд.

Бародар, як масъалаи дигарро ҳам дар ҳаминҷо барои мактабҳои русӣ ҷо кунед.

  Директорони мактабҳои русӣ барои ҳар як кӯдак, ки ба мактаби русӣ бояд дарояду бихонад ставкаашон 100 ё ки 200 доллар аст. Мегӯянд, ки то ин миқдор пулро набарӣ кӯдакро қабул намекунанд.

 Камтар раҳму инсоф кунед. Ҳамон волидони кӯдакҳо чанд суме, ки зураш мерасад медиҳандатон. Аммо шумо боз шарт мемонед. Камтар инсоф кунед.

Баъде, ки аз мактаб суратон кардан аҳволи саги бесоҳиби дар қади кӯча мондаро хоҳед дошт.

Баъд мегӯянд, ки ҳамон директор набуд, ки аз фалон мактаб сураш карданд. Боз ҳам мегӯям, ки як каме инсоф кунед, то баъде пешатон карданд, ё ки ба нафақа равед, як кас бинадатон саломатон бидиҳад, на инки дашноматон кунад. Дар вазифаед, аммо номусатон даридагӣ аст. Ин гови пир биравад, баъд мардум медонад шуморо чи кор кунад. Як камтар бишинед, фикр ҳам кунед, ки шумо чи кор карда истодаед. Бояд кӯдакҳо мактаб биёянду дарс бихонанд, ёд гиранд. Аммо шумо аз даромадани мактаб пулгириро сар мекунед то буд кардан. Даромадан пул медиҳӣ, пули моҳ, пули газета медиҳӣ. Ҳамон газетаҳоро пулашонро мегирнад, лекин ҳатто як шумора ҳам оварда намедиҳанд.

Пул барои праздник, барои день ражденияҳоятон мегиред, боз чанд вақт пас  мегӯед пули кино биёред. Як диски 3 сомонӣ мехаред, дар актовий залатон мемонед, ки як соат аст. Барои любой чизи мелочи ҳам пул мегиред. Ин қадар пулро шумо чи кор мекунед? Мо аз шохи дарахт пул ҷамъ намекунем, ки ба шумо диҳем.

 Мо кӯдакҳоямонро мактаб барои илм ёд гирифтан мефиристем, на инки бираванд пул бидиҳанду биёянд. Шуморо 100 нома кунанд, кам аст. 

                                    Лахш (Ҷиргатол)

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотоҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аллоҳ аз шумо розӣ бошад ва Аллоҳ кулли мардуми мазлуми Тоҷикистонро бар алайҳи Раҳмонови алайҳилаъна ва мақомоташ насиб гардонад.

Ман аз Ҷиргатол, Лахши имрӯза ин номаро менависам. Ин номаи ман пур аз даду доғ аст. Ва ман дод аз дасти мақомоти Ҷиргатол, хусусан аз началник уголовний розыск, ки Эҳсон ном дорад ва дод аз дасти ЗАГСхонаи Ҷиргатол бо номи Мадина мегӯям.

Эҳсон, сардори умури ҷустуҷӯии шӯъбаи милисаи ноҳияи Лахш духтарони ин ноҳияро зино кард ва бо баъзе шавҳардорҳо ҳам …. Ошкоро тамоми намуди маводи мухадир-банг, чарс, кристал мезанад. Гоҳо бо ваъда, гоҳо бо суиистифода аз мансаб воҳима мекунад, ки бфорам люботата мешканам, мардумро тарс медиҳад. Ин Эҳсон боз гуфта буд, ки «ма задагийм ҳамара. Ҳичка ҳичӣ мара гуфта наметона, даркор шава раиси ноҳияи Ҷиргатола да….мезанм». Ин гапҳои худи Эҳсон аст.

 Ва боз аз ҷавонҳои Ҷиргатол бо шантажу угроза ва бо ёрии бузҳояш пул меканад.

Яке аз онҳо Талаб аст, бузи беудостоворенний, аммо маош мегирад барои мардумро фурӯхтанаш.

Бузи дуввумаш Холмурод. Холмурод дар тюрмаи Русия шиштагӣ аст. Баригагиро  хуб медонад, яъне нашъа фурӯхтанро, ба кӣ чи хел, киро баъд ба Эҳсон фурӯхтанро медонад. Инҳо байни ҳам «якдигарфаҳмӣ» доранд. Худатон фаҳмед, ки чиро дар назар дорем. Барои ҷавони каме сарбардошта ё каме пулдошта бузӣ мекунанд. Ӯро Эҳсон оварда як 5- 6 рӯз маҳкам мекунаду пул меканад. 

Эҳсон се зан дораду арусҳои бешумор.

 Эҳсон, медонӣ як рӯз чи гуфта будӣ? Гуфта будӣ, ки як хел духтарҳои ҳамин Ҷиргатолро нодухтар кардам ва баъзе ҷавонҳо,ки мехостанд ана ҳамон духтарро гиранд ва фаҳмиданд, ки он духтар нодухтар будааст, бо сиёсати ман он духтарҳоро маҷбурӣ ба занӣ гирифтанд. Ана ҳаминқадар ман зуру гапзанам дар Лахш.

 Яке аз он духтарҳо номашро намегирем, дар райони Ҷиргатол ду соли пеш ба шавҳар баромад. Инҳо дар оилаашон ду духтар ҳастанд. Ин духтар маълумоти олӣ дорад, соҳиби як фарзанд. Ин духтарро бо ёрии Эҳсон шавҳараш маҷбурӣ гирифт.  Эҳсон мо сад дар сад огоҳем, ки дар як ҳафта чанд борӣ хонаи кадом занат меравӣ, кай кор меоӣ, кай хона меравӣ, бо чи хелин мошин кор меравӣ. Ҳушёр бош, ки ту сари худатро хурда истодаӣ.

 Эҳсон барои бачаҳои Ҷиргатол, банг, чарс ва кристал фурухтанро бас кун. Магар  дар куҷо дидаед, ки начальник уголовний розыск банг, чарс ва кристал мефурӯшад. Ин мақомот куҷоро нигоҳ карда истодаанд?  

  Раҳмонов ана ҳамин сагҳо обруи сулолаи туро ба охир расонда истодаанд. Мо  дигар наметарсем, ҳасбуналлоҳ.

   Як шаб дар хонаи ана ҳамин Эҳсон шишта будем, ки Эҳсон зад кристаллро ва даҳанаш гарм шуду гуфт «ами ойлаи Эмомалӣ ҳамаш як наркаманай. Ай калон сар када то гулаки говарагишон наркаманан, увода мумкин бдаст мода не. Ма задагийм ихели призидента кати ойлаш». Онҷо чанд нафар нишаста будем ва 7 шоҳид ҳаст барои ин гапаш.

 Эҳсон, бовар кун, ки рӯзи ту қариб омадааст. Агар мақомоти Тоҷикистон ягон чора набинад мо худамон медонем туро чи кор кунем.
Мадинаи райЗАГС-корманди идораи Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Лахш аст. Вай беҳад порахӯри гузаро мебошад.
Мадина дар ЗАГСи ноҳия фаъолият мекунад. Барои як справка аз 100 сомонӣ боло ставка дорад. Қонунро дар як ҷояш задагӣ аст: «лубой хел тов мета, лишби сумта бгира. Справкаи фалшиви метат. Агар бо ба сарша биёй кавалери Эҳсонша ё раиси ноҳияра подключат мекна. Кати раиси ноҳия мисли зану шавҳар ҳастанд».

 Мадина ҳамон фарзандҳое, ки дорӣ Аллоҳ ранги худат кунадшон.   Мадина дар ёдат ҳаст дар куҷо бо Эҳсон наша кашидӣ ва Эҳсон туро хеле таъриф карду гуфт…..

Эҳсон боз гуфт, ки «ин Мадина дар зино кардан хун надошт ва мисли ……бурд».

Мо мардуми Ҷиргатол туро хуб мешинохтем, бероҳаву бадахлоқ буданатро. Аммо камкам корҳои мардуми мазлуми Ҷиргатолро бе пул ҳам буд кун. Пули давлатияшро гиру буд кун манзур бе пул барои худат нагир. Бечораи бе пул дар пушти дарат то бегоҳ мешинад. Пулдор бошад бе очират даромадан мегирад. Мадина  бас кун бадгаштиро, бас кун ҳаромхӯриро. Фарзандонатро хуб фикр кун, ки   мо ҳам дар фикри ту ҳастем.

 Мо мардуми Ҷиргатол ҳамаро дида истодаем. Мақомот ягон чора надида истодааст. Эҳсон хоҳад зино мекунад, хоҳад бурда маҳкам мекунад, хоҳад чанд зане гирад, мегирад хоҳад духтарро …. ва боз маҷбурӣ дар ягон бача ба шавҳар медиҳад. Хулоса, чи кораеш форад мекунад ва ин Мадина бошад фикраш фақат ба пул аст. Ставкаи Мадина аз 100 сомонӣ то 3000 сомонӣ аст.

Мардуми Ҷиргатол хаста шуданд. Вале мо дар ҳама ҷои Ҷиргатол ҳастем, дар ЗАГС ҳастем, дар бари Эҳсонам ҳастем, дар бари раиси ноҳия ҳам ҳастем.

Ҳоло инҷо як сири Эҳсонро барои тамоми шумо боз мекунам. Эҳсон аввал телефони ягон бачаро мегираду аккаунти телефонашро мебинад, ки чи навистагӣ ҳаст ва пас аз 4- 5 рӯз мисли ҳамон аккаунти бача аккаунт боз мекунад ва ба Ислоҳ менависад. Дар Ютуб ё Инстаграм нома ва комментария менависад ва баъди нома ё коммент карданаш 3- 4рӯз мегузараду ҳамон одамро ёфта телефонашро мегирад ва бо ҳамин тамом. Он одами бечора ё зиндонӣ мешавад ё аз хона бе хона шуда суми хостаи ин Эҳсонро оварда медиҳад. Мо инҷо аз мақомот хоҳиш дорем, ки чора дида шавад. Агар нашавад мо маҷбурем худамон бинем чораи инҳоро.
  Дар ҳамин моҳи рамазон дари масҷидҳоямонро маҳкам карданд. Гуфтанд, ки аз амният омаданд ва амният гуфтааст, ки фармон аз боло, аз Эмомалӣ Раҳмонов ва Эҳсон ба коргаронаш фармон дод ки «брен хамаи масҷидҳора печат бзанен».

 Сабаби маҳкам кардани масҷидҳо ин аст ки мардум бояд маҷбур шаванд фарзандҳои худашонро дар дасти ин системаи тоғути Эмомалӣ равон кунанд ва дар хизмат кушта шаванд, мисли саг хизмат кунанд.

 Эй, мардуми Ҷиргатол, э, мардҳои Ҷиргатол! Шумо аз Аллоҳ наметарсед. Валлоҳӣ, шумо фардо рӯзи қиёмат барои ин хомӯшиатон ҷавоб мегӯед. Азоби Аллоҳ ҳақ аст. Аз Эмомалӣ натарсед, аз Аллоҳ битарсед.

 Ман инҷо ба тамоми ҷавонони навоҳии тобеъи марказ -Ҷиргатол, Рашт, Тавилдара, Нуробод, Тоҷикобод ва Сангвор муроҷиат мекунам.

Эй, ҷавонон: шумо 34 сол шуд аз Ватан бе ватанед, аз модар дур, аз падар дур ҳастед. Шумо зан мегиред вале як моҳ нашуда ба ғуломӣ, ба Русия меравед. Ин Эмомалӣ бо ин сиёсаташ ними оилаҳои шуморо ғуломи урус кард ва ними хонавайронӣ дар байни ҷомеа сабабаш ҳамин Русия аст. Меравед, намеоед 3- 4 сол. Ё ин ки занҳоятонро бо худ мебаред. Занҳоятон муҳити дигарро мебинад, шарту шароитро мебинад рафтору кирдораш бо шумо ва бо оилаатон дигар хел мешавад ва шумо мешавед хонавайрон ва ҳамин хел ҷомеаи моро Эмомалӣ бо оилааш вайрон карда истодааст.

  Чаро хомуш ҳастед? Магар метарсед аз як Эмомалӣ. Аммо аз Аллоҳ не! Чаро ба гапҳои Аллоҳ бовар надоред, ки дар Қуръон нозил шудааст. Масалан гуфтааст, ки биҷангед бо сарбозони шайтон. Инҳо ҳама сарбозони шайтон ҳастанд. Шумо аз инҳо натарсед, аз Аллоҳи худ тарсед, дини ӯ ва  паёмбарашро муҳофизат кунед.

  Дини Аллоҳ, ҳақи Аллоҳ, аз ҳақи падару модарат баланд аст. Ин Эмомалӣ шуморо аз дин бедин кард. Боз гардед ба сӯи Аллоҳ ва ҳақи худро талаб кунед,аз масҷидҳоятон, аз дини худ дифоъ кунед, фарзандҳои худро мисли зан тарбияву навозиш накунед, монед дар роҳи Аллоҳ раванд. Валлоҳӣ модарҳо шумо ҷавобгаред дар назди Аллоҳ. Пеши роҳи фарзандҳои худро мегиред, ай балам, ай бачаҷун, ай бачам, хап кун, хап кун, нагӯ, гап назан.

 Аммо бидонед ва огоҳ бошед, ки ҳолатон аз ин бад мешавад. Боз гардед ба сӯи Аллоҳ. Мо ҳам мисли Сурия ғолиб мешавем ва мебинед Аллоҳ ин Эмомалиро мисли Башор Асад мекунад. Аллоҳ нусрат медиҳад ба халқи тоҷик.

 Бародарҳо чашмонатонро боз кунед ва барои озодӣ мубориза баред, озодии худ ва халқро бояд таъмин кард. Чи, магар ба шумо президенти халқӣ намефорад, ба шумо намефорад, ки қувваи барқ 24 соат бошад, ба шумо намефорад, ки нархи маводу маҳсулот арзон шавад, ба шумо намефорад, ки дигар порагириву тағабозӣ нашавад, ба шумо намефорад дар ватани худ кор дошта ва дар пеши фарзанду зан ва падару модари худ бошед, аз облава нагурезӣ, ҳар хел қонунҳо ба манфиати президент қабул карда нашавад, фарзандат озодона исломро ёд гирад, Қуръонро омӯзад, мактабҳо бепул бошад садикҳо бе пул бошад, конҳои тилло ба манфиати халқи тоҷик истифода карда шавад, ҳар як шаҳрванди тоҷик қадр дошта бошад, хоҳ дар дохил ва хоҳ дар куҷое набошӣ қадр дошта бошӣ, тамоми бизнесу даромад дар дасти танҳо оилаи президент набошаду дар дасти халқ ҳам бошад, тамоми фаҳшову фоҳиша нест карда шавад, дискотекаҳое, ки дар Ғарму Ҷиргатол ҳаст маҳкам карда шавад, масҷидҳо боз бошад, тамоми майхонаву майкадаҳо маҳкам бошад.

Share This Article