Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №343

Ислоҳ нет

Душанберо «территория, территория» ҷудо кардаанд, дар Турсунзода судя тарафи домсозҳоро мегирад, як хонуми тоҷирро дар Исфара мақомот гоҳ мукаллаф ва гоҳ номукаллаф мегӯянд, муаллифи номаи омада аз Рӯдакӣ ба «Ислоҳ» изҳори ташаккур кардааст, ки баъди нашри номаи аввалааш хеле аз мушкилот рафъ шудааст.

Ба ин тартиб дар ин нашри барнома чор нома дорем, ки ба ҳайси чошнӣ камкам аз ҳар кадомеаш гуфтем. Муҳтавои онҳоро дар номаҳо мутолиа хоҳед кард.

                                             Душанбе

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз пойтахти азизи Тоҷикистон, аз Душанбе ин номаро мефиристам. Инҷо зодаву калон шудаам. Ман дар кӯчаҳои шаҳр бисёр мегардам. Бисёр ҳодисаҳоро мебинам. Ба шумо дар бораи милисаҳо, дурусттараш учстковийҳои шаҳр навиштаниам.

Дар ҳамин моҳи рамазон як рӯз дар хиёбони кӯчаи Айнӣ милисаҳо шагат карда истода буданд. Инҷо участковий як бачаи қадбаланди сиёҳ аст. Омаду панҷ дона питса аз Додо-питса гирифт, питсаҳои яксаду чанд сомонӣ ва бо милисаҳои ҳамроҳаш баъд аз шагат нишастанду хӯрданд. Ман, бо кормандони Додо-питса шинос ҳастам. Пурсидам, ки чаро ин участковий питсаро гирифт, вале пул надод?  Корманди питсерия гуфт, ки ин участковийи ҳаминҷо аст ва ҳар моҳ меояд ҳамин хел бепул мегирад. Ва боз гуфт, ки кроме инҳо боз пажар меояд ва вай ҳам ҳамин хел бепул мегирад. Барои ҳамин нархи питса баланд карда мешавад. 

Ман солҳои ахир дар Русия дар муҳоиҷрати корӣ ҳастам ва як меояму меравам.

Як рафиқи солҳои мактабиам дар яке аз мақомот кор мекунад. Бо вай сӯҳбат доштам. Гуфт дар шаҳр ҳоло территория-территория барои худ ҷудо кардаанд. Яъне ҷудо ва муайян карда шудааст, ки ин территорияро кӣ бояд контрол кунад ва ин территория ҳатман доля дорад ва доля медиҳанд. Милисаҳое ҳастанд, ки инҷоҳоро «нигоҳ» мекунанд. Онҳо аз ҳар як фурӯшанда, масалан аз семучкафурӯш, зелену чакафурӯш, шаурмафуруш, ходдогфурӯш, аз мағоза, аз ресторан, аз мойка, аз заправка, хуллас то аз сапожнику парикмахер ҳатман доля мегиранд. Аз ҷое, ки ходдог мефурӯшад сад сомонӣ фақат пажарка мегирад. Аз як ҷои майдаҳаки Душанбе.

Боз ин милисаҳо генерал ва тағаҳо доранд. Ҳар як кадоми ин милисаҳо, асосан участковийҳо хариди хонаи он генерал-тағаро ба кала гирифтагӣ. Ман ин вазъиятро саддарсад медонам.

  Як милиса, ки ҷӯраам аст продуктаи ҳармоҳаи хонаи як генералро таъмин мекунад: гӯшт мағз, мевагӣ дар каллаи ҳамин милисаи рафиқи ман аст

Ҳамон генералҳо, барои ҳар як нафаре, ки тағагӣ мекунанд ҳамон нафар ӯро нигоҳ мекунанд. Як хелаш мевагии хонаашро ба калла гирифтагӣ аст, як хелаш гӯшташ ва дигар чизашро. Бовар кунед, ки чизҳоеро мехаранду мебаранд, ки ба хонаи худашон ва зану фарзандонашон намехаранд, дилашон намешавад. Гарон аст. Вале барои «таға» ё  масалан любовнитсаи таға мехаранду мебаранд.

Агар коркунони бозори Меҳргон ва бозори 9 километр мард бошанд бароянду бигӯянд чи хел ҳамин милисаҳоеро, ки дар ҳамон территория нигоҳ мекунад кормит мекунанд, до того кормиташон мекунанд,ки ….

Лекин маълум аст ки ягонтоаш хеста гап намезанад. Ман дар байни ҳамон кругҳоям. Худашон мегӯянд, яъне милисаҳо байни ҳам мегӯянд, ман мефаҳмам. Серёзна. Лекин ягонтоаш гап намезанад. Ман ҳайрон мешавам.

Як нафари дигарашон гуфт, ки ин як коре нест, ки фақат дар Душанбе бошад. Дар ҳама шаҳру деҳаҳо ҳамин хел, милисаву участковиву дигару дигарашро болои мардум бор кардаанд.

Мисли ҳамон солҳои ҷанг, ки боевикҳо кашидаву ба зӯр мегирифтанд, ҳоло ҳам кашида гирифта истодаанд, аммо бо дигар усул.

                                   Турсунзода

 Ассалому алайкум бародар Муҳамадиқбол! Моҳи рамазон муборак бошад. Ман ба шумо аз Регар (Турсунзода) менависам. Номаи ман дар бораи Раҳим Вализода, судяи шаҳри Турсунзода аст.
Ин cудя нисбати халқи Регар бисёр зулм карда истодааст. Соҳибони хонаҳоро тарсонда тарафи домсозҳоро мегирад. Мо медонем, ки аз домсозҳо пул мегирад.

Вале ин судя бояд тарафи қонун, халқ, ҳақро гирад ва нейтрал бошад. Лекин ин судя кораш фақат сумкоркунӣ. Ин сер намешудааст. Шумо як бор дар нисбаташ дар як барнома гап зада будед.

Як шиносам, ки дар суд кор мекунад, гуфт Раҳим гуфтааст, ки на «Ислоҳ» ва на Муҳаммадиқбол ягон кораш карда наметавонанд ва на амният на коррупсия. Ҳамааш доляашро мегирад.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман як чизро фаҳмидам. Амният,коррупсия, прокуратура   ҳамаш сепочка, ҳалқаҳои як занҷиранд. Ин судя пулро тақсим мекунад. Ҳамааш ҳаромхуранд. Ягон коргари ба номус нест, на дар амният ва на коррупсия.

Қариб даҳ сол судя Раҳим Вализода дар Регар кор мекунад. Бояд дар ҳар панҷ сол иваз шаванд. Ман ба Суди олӣ савол доданиам, ки чаро ин Раҳим Вализодаро аз кор намегиред?

Боз ба падару модари судя Раҳим гуфтаниам, ки чи хел инро тарбия кардед. Ба бачаатон магар шири хар дода будед?

Эй, Раҳим Вализода ту ва падарат ба мо ҳавливу хонаву дар накараед. Чи ҳақ дорӣ, ки ба ҳавлии мо, хонаи моро аз пеши худат нарх мемонӣ ва тарафи домсозҳоро мегирӣ.

Инҳо мехоҳанд хонаи моро бе пул гиранд. Бо зулму тарсонидан, моро аз хонаҳоямон бароврда як нархи ночиз пешниҳод карда истодаанд. Аллоҳ туро лаънат кунад Раҳим Вализода.

Ман ба Сулаймонзода Султон, раиси Агентии мубориза бо коррупсия гуфтаниам, ки бигзор як комиссияи махсус ташкил карда бисанҷанд, ки ин судя худаш дар ин муддат чанд хона кор кард ва ҳоло соҳиби чанд хона шуд?

  Қариб 20 хона зиёд кор кард. Аз ҳар як домсоз як хона ришва мегирад.

Дигар инки нисбати ӯзбекзабонҳои Регар бисёр ҷабру зулм карда ва бо тарсу воҳима хонаҳои онҳоро гирифта истодааст.

Ин ҳукумати золим, ин шо Аллоҳ аз байн меравад. Он гоҳ мо мардуми Регар нисбати Раҳим Вализода медонем чи кор кунем.

  Дар ин моҳи шарифи Рамазон дуъо мекунем, ки Аллоҳ туро ҳам бехона кунад, отаву очаи туро ҳам бе хона кунад. Баъд мефаҳмӣ, ки чи қадар бехонаву дар мондан азоб дорад. 

 Раҳим Вализода агар ин золимиатро бас накунӣ корҳои дигаратро менависем. Тарафи домсозҳоро нагир. Ту судя бояд, дар тарафи халқ ва ҳақ бошӣ, холис ва беғараз бошӣ. То ба кай ин коратро давом медиҳӣ?

Бародар Муҳаммадиқбол! Илтимос,номаи маро чоп кунед.

                                    Исфара

  Ассалому алейкум Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз шаҳри Исфара ба шумо саргузашти як зани сарсахти исфарагиро менависам. Ин зани сарсахтро ман чандин солҳо боз мешиносам ва аз саргузашти талхаш огоҳӣ дорам.

  Соли 2018 ин занро бо як тонна биринҷ, ки аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон барои пешбурди зиндагӣ оварда буд дар роҳ кормандони милитсияи Исфара бо сардории Шоҳ Искандар боздошт ва ҳабс кардабуданд ва ба СИЗО бурданд.

Ман он вақт ҳайрон шудам, ки барои як тонна биринҷ маҳкам кунанд. Ман бисёр шахсҳоро медонам, ки тонна -тонна биринҷ медароранд, лекин онҳоро чизе намегуфтанд.

   Бармегардем боз ба ҳикояи тақдири зани сарсахт. Вайро дар СИЗО якчанд муддат нигоҳ дошта девона гуфта девонахона бурданд ва баъд делояшро қатъ карданд. Намедонам ин зан дар ҳақиқат девона аст ё бо пул ин ҳуҷҷҷатҳоро сохтанд. Чунки баъди баромадан аз СИЗО кори худро давом медод.

Вақти аз шаҳри Исфара ба самти Хуҷанд бурдани биринҷ аз тарафи корманди гумрук бо номи Наҷибулло Шарифзода боз биринҷашро дошт ва ӯро латукӯб кард, ки зани бечора осеби мағзӣ (сотресения мозг) гирифт ва дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ шуд. Баъди баромадан аз беморхона ин зани бечора ба радиои Озодӣ ва ба тамоми мақомот оиди латукуб шуданаш навишт. Лекин нисбати он гумрукчӣ ягон чорае надиданд. Аммо дар нисбати ин зан, ки чанде пеш номукаллаф гуфта делои ҷиноятиашро маҳкам карда буданд «солим, ба кирдорҳои худ ҷавоб гуфта метавонад» гуфта протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Ва маводро суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қатъ кард.

  Вале кормандони гумрук ӯро бисёр ғам доданд. Гарчанде, ки дело қатъ шуда бошад ҳам борашро надоданд. Вай маҷбур шуд дар назди бинои гумрук «дод аз дасти кормандони гумрук, ки ақалан бори маҳаллиро аз Исфара то Хуҷанд бурда натавонем» гуфта ба нишони эътироз худро ба дор кашид. Вайро баъди чанде беҳушӣ аз дор гирифтанду беморхонаи касалиҳои руҳӣ бурданд. Аҷоиботи корро бинед, ки як чан рӯз пеш солим аст гуфта буданд вале барои рӯйпушии ҷинояташон, ки ин занро то ҳолати худкушӣ оварда расониданд бурда ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ хобониданд.

Ман дар ин кори мақомот ҳайрон шудам, ки нафари солиму сиҳат ташхисдодаро  баъди ду рӯз бемор гуфта бемористон бурданд. Инро намефаҳмам.

Баъди аз беморхона баромаданд ин зани сарсахт боз бо хариду фурӯш машғул буд. Аҳсанту офарин ба ин зан, ки имрӯз мебинӣ милиса мошинашро доштааст, пагоҳ мебинӣ амнияту прокуратура нисбаташ протокол мекунанд, вале боз кор карда истодааст.

 Ман дидам, ки боз ӯро бо нушобаи энержии Горилла, ки аз шаҳрвандони Ӯзбекистон, аз бозори Исфара харидорӣ намуда буд, қапиданд ва протоколи маъмурӣ тартиб доданд ва ба суди шаҳри Конибодом фиристоданд ва ӯро суд ҷарима кард. Ин нушокӣ моли монополияи ҷаноб будааст ва горилларо танҳо онҳо меовардаанд. Агар монополияи ҷаноб бошад пас чи тавр узбекҳо бемалол оварда мефурушанду нозири минтақавӣ ва дигар кормандони бозор ба онҳо иҷозат медиҳанд? Магар монополияи ҷаноб танҳо ба тоҷикон дахл дорад?

 Баъди суд ин зан нозири минтақавии бозорро ҷеғ зада «мана узбекҳо бемалол борҳои қочоқиашонро фурӯхта истодаанд,ку» мегӯяд ва мегӯяд, ки «агар фурӯши бори қочоқ манъ бошад инҳоро низ намон, то мисли ман як шахси бечора насӯзад». Аммо участковий  ба ҷои онки узбекҳоро ягон гап занад, ин зани бечораро боз ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ мебаранд.

 Моҳи сентябри 2025 як шиноси ӯзбеки ин занро амнияти Конибодом дастгир кардааст ва аз сабаби онки он шахс забони тоҷикиро намедонад ин зан назди онҳо рафтааст. Корманди амнияти Конибодом ӯро мезанад ва пойи вай лат хурда қариб ду моҳ бо пои ланг мегашт. Касе пурсад корманди амният зад мегуфт. Оиди ин ҳолат ба чандин мақомот муроҷиат кард. Аммо гарчанде шоҳидон бошанд ҳам қонуншиканиҳои хизматчиҳои давлатӣ исботи худро намеёбад. Вале агар як бечора баландтар гап занад бурда маҳкам мекунанд.

 Тирамоҳи соли гузашта вақте ин зан дар беморхона буд писараш ба дидани вай меравад. Як шиноси ӯзбеки модараш аз вай хоҳиш кардааст, ки борашро ба Хуҷанд барад, вай розӣ мешавад. Дар роҳ милисаҳо мошинро медоранд ва бор ҳуҷҷат надорад гуфта пул талаб мекунанд ва ин писар, ки дар  бараш пул надошт дода наметавонад. Вайро ба прокуратура мебаранд ва нисбати соҳиби бор нею нисбати ин писар протокол тартиб дода ҷарима мекунанд.

Вақти дастгир кардани бор писари ин зан мошини зани тағояш дар дасташ буд. Яъне бо мошини зани тағояш он борро интиқол медод. Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ин мошинро ба гарав гирифта гуфтааст, ки баъди супоридани ҷарима мошинро ба соҳиби аслиаш баргардонед. Писари ин зан мегӯяд, ки имконияти супурдани ҷаримаро надорам, чунки дар ҳеҷ  куҷо кор намекунам.

Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров медонист, ки ин писар ҷаримаро супорида наметавонад. Барои ҳамин мошинро гарав гирифт. Бармеояд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои ҷинояти дигар кас шахси дигарро гунаҳгор мекунанд. Зеро барои ҷаримаи писари зан мошини шахси дигар ҳабс аст ки ба ин оила алоқамандие надорад.

  Ин занро боз моҳи январ кормандони милисаи Бобоҷон Ғафуров боздошт   ва мошинашро бо бораш ба милисахона бурда маҳкам карданд. Ман ҳайронам, ки ин занро фақат меқапанду халос ва протокол мекунанд. Аммо чаро намепурсанд, ки чи тавр бори беҳуҷҷат вориди Тоҷикистон шуд ва дар ин ҳолат, ки бояд гунаҳгор бошад: ин зан ё гумрукчиҳо?

 Кормандони амният, прокуратура вақти қапидани бор чи тавр омадани борро санҷидӣ, баъд хулоса баровардӣ, ки як зании бечораро хонсалот ва суд карданд ва ҷарима шуд. Ман он вақт фаҳмидам, ки ин зан бемор нест. Ӯро бо пул бемор гузаронидаанд то маҳкам нашавад. Ин духтурон бар ивази пул одами солимро бемору беморро солим мегуянд.

 Қунғуротов ба маблағи чанд пул ин занро номукаллаф кардӣ? Агар ин зан номукаллаф бошад, чаро вақти қапидани гориллаҳояш ӯро солим гуфтӣ.

  Ман дертар фаҳмидам, ки ҳеҷ як коргари мақомот аз ин зан пул намегирифтааст, аммо намедонам аз чи сабаб дар роҳ ин рӯзҳо садҳо бори қочоқ меравад  доляашро медиҳад меравад. Ин зани бечора доля намедиҳад ва ҳадафи тири мақомдорон мешавад, вагарна вақти қапидани бор на танҳо ба соҳиби бор балки ба гумрукчиҳоям бояд чора дида мешуд мегуяд ин зан ва якчанд маротиба то Дастгоҳи президент муроҷиат кард лекин чорае наандешиданд. То ҳол мошинҳояш дар отдел дар гараванд.Ин буд кисаи зани сарсахт бо ҷаримаҳои  зиёд.

                                      Рӯдакӣ

 Ассалому алайкум! Намедонам бародарат хонам ё писари роҳдури ба дил наздик. Худованд шуморо умри дароз диҳад ва аз тамоми балоҳои заминию осмонӣ ва тӯҳматҳои номардони зансифати ин режими касиф нигаҳбон бошад. Сипосгузорам, ки номаи мани кампири пураламро чоп намудӣ, ки каме ҳам бошад сабаби оромиши қалбам шуд.

 Худоро шукр, ки номаи нашршуда дар «Ислоҳ» ба гӯши кари мақомот расид. Манзурам номаи мо дар шумораи номаҳои 329 буд ва инчунин зери унвони «Рӯдакӣ-ноҳияе, ки қонунро бо нарх мефурӯшанд» дар Номаи маро алоҳида нашр кунед №37 нашр намудед, ки баъди нашри он мо натиҷаи мусбаташро дидем. Дар он нома дар бораи контролёрҳои свети деҳаи мо дар ноҳияи Рӯдакӣ ва вазъияти иваз кардани счетчикҳо сухан мерафт.

 Диловарро ба гуфти ҳамкоронаш сабукдуш кардаанд, ба шарте то охир ҳамаи хурдагиашро барқарор созад. Ҳозир Диловар муваққатӣ кор карда истодааст. Вай бояд ҳамаи счетчикҳоро барқарор кунад ва сипас аз кор равад.

   Дар ҳақиқат пай бурдам Диловар тағаи боқувват доштааст. Ман инро баъди расонаӣ шудани он нома бори дигар пай бурдам. Аммо Диловар ҳозир шикастагию хаставу бемадор мегардад. Раиси ноҳияи Рӯдакӣ фармон додааст, ки хона ба хона гашта ҳамаро ҳисоб кунак насб кунанд ва вақте ҳамаро востанавит кард баъд уволиташ кунед. Вале ман аз чунин натиҷа ва ранг гирифтани кор розӣ ва қонеъ нестам.

Чунки дар номаи навиштаи ман Диловар танҳо набуд бо ҳамроҳии як зарди бадафт буд. Баъдтар аз ҳамкоронаш дар вакти часпондани счетчикҳо фаҳмидам ин зарди бадафт номаш Эҳсон будааст. Ин Эҳсон хусурбачаи раиси Идораи об Сафармат буда ва аз Кангурт будаанд.

 Магар дар ноҳияи Рӯдакӣ дигар ҷавону мард нест, ки мераведу ин гушнаҳоро меоред? Фармони ҷаноби олиатонро чаро итоат намекунед, ки дар вазифае раис бошӣ бояд хешу таборатро наорӣ. Ин Сафармат бошад хусурбачаашро оварда муовини аввал ва ёрдамчии раис оиди оби нушокию полезӣ таъин намудааст. Ана кангуртиро бераҳмаш, ки фармони ҷанобро ҳам задагӣ аст.

 Магар фархорӣ Муҳаммад хӯрду бурд, тамом боз инҳояш сар карданд? Инҳо мегӯянд, ки пули свет аз давраи Муҳаммад қарздор аст. Раиси ноҳия мегӯяд, ки   штраф кунеду қарзҳоро соф кунед.

  Чаро барои як лайк, ки соли 2016 мондааст аз Русия оварда ҷаримааш мекунеду светро, ки Муҳаммад аз Фархор раиси об буд қарздор кард, чаро оварда ҷаримааш намекунеду дар гардани халқ мезанед? Ин раису хусурбачааш Диловарро барои ин истифода бурдаанд, ки тағааш кадом як баландмақоме будааст. Як бор ҳамин тавр сураш карданд. Тамоми насосҳои обкаширо тағааш куштааст боз дар кор гирифтанаш. Аммо бечора вай бародари маъюб доштааст. Аммо раису хирсбачааш ки даже ҳамсинфи ин Диловар будааст инро истифода бурда сумҳои ҷамъкардаро бисёртар онхо хурданду дар гардани Диловару Садбарг заданд. Садбарг ба гуфти ин коргарон, ки бо ман хело сӯҳбат кард гуфт хола гап ҳаминҷо монад Садбарг гурехту рафт Русия. Лекин сум дар гардани Диловару Садбаргу вале асосаш дар ҷеби раису хусурбачааш. Аммо Диловар, ки мард аст, онҳоро гунаҳгор накард. Агар инро баранд ва конкретно пурсанд, ҳамаашро мегӯяд. Хуллас хона ба хона гашта як счетчики 300сомонӣ часпонда истодаанд. Вале ду сол баъд ё лаборатория бурда боз аз 58сомонӣ то 75сомонӣ гузаронӣ ё ивазаш кунӣ боз 300сомонӣ пардохт намоӣ. Писари ман аз соли 2014 дар Русия хона дорад, ки то ҳоло як счетчик дорад. Чаро шумо халқро ин қадар сарсону саргардон месозед? Хок бар саратон бо ҳамин давлатдориатон. Охир худованд сафатонро зиёд гардонад -якта якта мурда истодаед, чаро ибрат намегиред аз вазирҳои мурдагӣ, ки дар ҷанозаҳояшон иштирок кардед. Фардо дар назди Аллоҳ чи ҷавоб медиҳед? 300сомонӣ мегиред лоақал умри ҳамин счетчикро 10сола кунед ба монанди паспортҳои хориҷиатон.

   Дар ин моҳи шарифи рамазон дуъо мекунам, ки бо ин қадар проблемае, ки ба мардум мекунед, худованд шуморо кӯру хору залил гардонад. Фикр намекунед, ки ду сол дар як мижа задан мегузарад. Баъзеҳо дастёр надоранд, аз куҷо мебаранд лаборатория. Боз меоеду ту лаборатория набурдӣ гуфта ҷарима мекунед.

 Ҷаноби Нусратулло, раиси ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун модари шумо ва шаҳрванди ин диёр ба шумо гуфтаниам, ки чи хеле як ҳафта срок додӣ ва инҳо омаданду хонабахона гашта насб карданд, ақалан то сроки раисии худат умри ин счетчикҳоро дароз кун, шояд ягон кас раҳматат гӯяд. Чунки мумкин баъди рамазон марг шуморо интизор бошад. Зеро шумо мақомдорҳо аниқ дар ин моҳ намемуред. Барои онки дар шумо раҳму шафқат нест. Ваъдаи Аллоҳ аст, ки касе бар бандаи ман раҳм намекунад ман ҳам ба вай раҳм намекунам.

  Ман ба ин навиштахом ягон касро таҳқиру паст заданӣ нестам.

Гуфтаниам, ки муҳтарам раис!  Роҳи сумкоркунӣ бисёр аст. Халқро дастгирӣ кун, ягон кас ба шумо ҳарфи баде наменависад. Як бор дар ҳафта ташкил ва шикояти мардумро гуш кун, туро дар ягон ҷо наменависанд. Шояд гӯӣ, ки менависанд, чи корам мекунанд? Ояндаатро фикр кун. Ин дунё ин хел намеистад.

 Хоманаиро бин мурданӣ набуд. Аммо марг, ки ба суроғат омад, дигар ягон мақомотат сари роҳ шуда наметавонад. Ояндаи писарону набераҳоятро фикр кун ки инхо мемонанд ба халқ.

Фикр мекунӣ мардум ва махсусан давлати оянда агар инҳо ҳам ранги шумо набошанд ба фарзандони шумо чи хел муносибат мекунад. Шояд фарзандонатон то дами мурдан гадо гарданд?

Боқӣ, писарам дар амони худо бошӣ. Бо эҳтиром як модари ҷабрдида аз ноҳияи Рӯдакӣ. 

Share This Article