Ин бор аз Рашт, аз Волгоград ва аз Кӯлобу Душанбе барномаро таҳия намудем.
Аз Рашт дар бораи ҳаводис ва иттифоқоти фоҷиабори солҳои ҷанги шаҳрвандӣ навишта шудааст. Ин ҳодисаҳо, ҳамин тавр ягон ягон аз забони онҳое, ки бевосита шоҳид буданд, навишта мешавад. Мутолиаи он касро ба риққат меоварад.
Муаллифи доимии мо аз Волгоград ин бора матлаберо аз сомонаи нашрия СССР ҷудо карда ва аз мо хоҳиш кардааст, ки роҷеъ ба он дидгоҳи исломро баён дорем. Сухан дар бораи як урфи мардуми «гаҳворабахш» меравад.
Муаллифи мо аз Кулоб боз ҳам дар бораи ҳодисаи куштори мармузи Билол Мақсудов, бародари Эмом Хуяк навиштааст.
Нависандаи нома аз Душанбе дар ҳамовозӣ бо як номаи шумораи пешинаи «Номаҳо..». ки дар бораи милисаҳои Душанбе сӯҳбат мекард, номае роҳӣ карда ва дар бораи фаъолияти милисаҳои имрӯза фикру андешаҳои худро иброз доштааст.
Рашт
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Дар бораи ҳамон номаи Тагоба, ки дар барномаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед №»40 зери унвони Аз Ғарм то Данғара: «давлат барои кӣ ва бар зидди кӣ?» чоп шуд ва дар ҷойи мо баҳсҳоро ба вуҷуд овард аз як нафари огоҳи он ҳодисаҳо чанд чизро пурсидам. Гуфт дар ҳақиқат он вақт апаҳову янгаи Ашрафро чор сарбоз дасти зӯр мекунанд. Вале он вақт солдатҳо метарсиданд, ки шабона дар қишлоқ бимонанд. Рӯзона меомаданд, чизе меёфтанд мегирифтанду мебурданд.
Худи ман ҳам ин ҳолату ҳодисаҳоро ёд дорам, ҳамин тавр буд вале қариби бегоҳ бармегаштанд ба шатабашон дар Навобод.
Ҳамон рӯз дар дараи Камаров 4 солдат аз танка мефароянд мераванду ҳаминҳоро мехоҳанд таҷовуз кунанд.
Ҳамон зан зани акаи Талаб мешавад, ки Ашраф ном дошт.
Аппаҳову янгааш хело кашокаш мекунанд. Солдатҳо занҳоро таҳдид карда мегӯянд, ки агар қарор накунед ин додаратонро мепаронем. Хуллас, корро сар мекунанд, ки дар ин вақт ин муҷоҳид, ки мақомот ӯро Аҳмадшоҳи Масъудаш меномиданд- (бигзор номаш махфӣ бимонад — аз Порвоғ деҳаи Тагоба қишлоқи Қаноатшо) мебошад нав се сол шуд, ки баромад аз тюрма. Вале мақомоти бадбахти мо барои вай дар Самара проблема карданд. Бачаашро наркотик партофта ба сеҳарфаҳо доданд. Инро фарёд карданд рафт. Мегӯяндаш, ки ҷанги Украина меравӣ ё бачаат мешинад. Гуфтанд, ки отказ кардааст ва бачаашро 8 сол додаанд. Хуллас, ана ҳамин шермард медарояду ин солдатҳоро мепаронад.
Як хелаш успет кард, онҳоеяш, ки шавҳардор буданд, онҳо …..Ин, он вақт духтари хона буд. Точна намедонам, ки дақиқ чи шуда буд? Хуллас, ҳаминро Раҳматшои Хиштирок рафта ба бачааш Талаб, ки бузи мақомат аст, гап зада гирифту дод.
Зани якумаш ҳамин аст. Бо гузашти солҳо аз ҳисоби магазинҳои Русияашон пулдору молдор шуданд. Мегӯянд авфи умум мешаваду он муҷоҳид имкон дорад командири гвардия дар Навобод бишавад.
Ин бародар мегӯяд, ки бо он командир дар пеши хозмаги Навобод гап -гап доштем, ки акаи ҳамин зан- Ашраф омаду чизе гуфт, ки …. гуфт соз гап зан, чи мегӯӣ. Гуфт даврат гузашт. Ҳозир даври пул омад, мефаҳмам маҳкамат мекунанд. Ин як магазин тирро ба тори сараш холӣ карда гуфт, ки ман ҳозир ҳам зӯрам, он вақт ҳам зӯр будам:
«урузора фромш кадӣ, ки чан апата қаторак монда будану дар болошон саворӣ доштанд. Ту питух ачко ҳисоб мекадӣ, ма увора куштм, апаҳои туро халос кадм»
Гуфт ончунон харгурез кард, ки дига надидемаш. Халқи Навобод ҳамаи инро дид. Ана ин келини Раҳматшо шуд. Зани Раҳматшо мурд ва инҳоро аз роҳ поён дар лаби обдараи Хиштирок ҷудо карданд.
Ҳар чошт Раҳматшо ба хонаи инҳо обед меомад. Баъд ин зан нақл мекунад, ки он командир як сол ба сари акаи ман як магазин тирро холӣ кард ва акаамро тарсонд, аммо намегӯяд, ки аз рӯи худи ман солдатро дар айни таҷовуз шуданам гирифт.
Баъд ин мегӯяд, ки ман ин ду….ро суд мекунам, одам дорам.
Хуллас, гапу кор тавре мешавад, ки ин Раҳматшои шайтон келинашро мерасад. Келинаш омӯхта мешавад ва келину хусур зино карда мгарданд .Талаби бачааш бо мошини Газ-53 ё ЗиЛ коҳ мекашад, ки аксар вақт дар хона нест. Дигар хусуру келин ҳаррӯз ишқварзӣ-урра. Талаб мефаҳмад аммо хап карда мегардад. Он вақт Началник милитсия Фидоев аст. Мумкин соли 2004 боло буд. Барои онки ман дар соли 2005 дар масҷиди калонтарини ин дараи Тагоба, ки дар қишлоқи Хилмони ҷойгир аст дар як намози ҷумъа иштирок карда будам. Ҳамон сол Қаноатшо Лоиқзода муовини якуми Толибов, раиси ноҳия буд. Милисаҳои Фидоев ҳаррӯз мардум ва шофёрҳоро дар Тагова ғам медоданд. Қаноатшо Лоиқзода хезонду гуфт Фидоев туро, ки началник милиция монд. Ду даст пеши бар гуфт муҳтарам раис шумо. Гуфт бе иҷозати ман як ГАИ ё участковий дар ин дара медарояд, ҷоятро холӣ мекунӣ. Гуфт хуб шудааст, раис. Дигар мо намедидем милисаро.
Ана ҳамон солҳо ҳамин Талабро ғам медоданд. Мегӯяд, ки аз ГАИҳо дар ҳамин 5 километр-аз Навобод то Хиштирок дар се ҷо ГАИ меистад, кор карда намешавад. Занаш мегӯяд, ки «ма пеши Фидоев мерам дига туро кордор намешан».
Хуллас, занашро ҳам мегӯянд, ки «нечиво ҳай», мерава кораш ҳалай». Ана ҳар касе Талабро ҷангал ба ҳезум мебарад шабона паролаш через занаш аст. Мегӯяд, ки «занак ма як соат пас хонада мешам. Занаш соати чанде бошад Фидоевро занг зада он ҳезумкунро меқапонад, пулашро мекананд ва фоидааш бо зани Талаб попалам. Талаб аз соҳиби ҳезум пулашро мегирад. Ана оҳиста-оҳиста сирашон баромад, ин буд он чизе пурра дар он нома шарҳ натавониста будам додан.
Хуллас, ин Раҳматшо тавонист ин ду марди худоро, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тамоми ҳастии ин мардумро чи аз зино ё бурдани духтарони ин дара аз дигар ба ном муҷоҳидони дигар минтақа говони ин колхозу совхоз помоше ки меомад аз дасти муҷоҳидони Самсолиқ яъне Комсомолобод ва Ҷумъаи намангонию Ҳотамча ҳимоят мекарданд. Масалан як кури Малиш духтарҳои аз 14сола болоро аз дигар ҷамоатҳо мегирифт, ки зиёда аз 17 зан дошт. Вале аз ин муҷоҳиди мо,ки метарсид тамоман ба ин дара гузар ҳам намекад. Вале ин махуфи Раҳматшо бо тамоми ҳастиаш ин ду мардро фурухту бадном карду билохир ҳардуяшро зиндон карду якеаш дар болнисаи Мачитони Ваҳдат аз ҳисоби зиндон мурду баъд мурдаашро доданду дигараш бошад ягон се сол мешавад,ки баромад рафт. Ин муҷоҳиди мурдагӣ аз Хиштирок мулло Раҳматулло ном дошт. Худованд раҳматаш кунад, ки аз тарсивай ягон кас даст ба ҷиноят намезад
Волгоград
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар ин шабурӯзҳо, ки асосан бекорам бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ сар мезанам ва махсусан сайти нашрияҳои Тоҷикистонро мурур мекунам.
Намедонам, ин бор матлаби ҷудо кардаам аз СССР барои нашр мувофиқ ҳисоб мекунед ё не? Вале пешакӣ мегӯям, ки агар чоп накардед ҳам хафа намешавам. Вале дар воқеъ ин масъала барои тамоми тоҷикон дахл дорад ва бояд, ки ба он баҳо дода шавад. Манзурам баҳои шаръӣ. Ин чиз дуруст аст? Гаҳворабахш.
Ҳоло барои онки шумо ва хонандаҳоятонро беш аз ин нигарон ва нороҳат накунам худи он матлабро, ки муаллифе бо номи Мақсадулло Ҷамолов, аз ноҳияи Деваштич-Ғончии пешина навиштаву чоп намудааст пурра меоварам:
«Бача дар сафар, номаш Музаффар»
Арафаи иди Соли нав дар ш. Истаравшан бо марде ҳамсуҳбат шудам, ки дар даст 3 торту дар халтае қанду қанфитҳои гаронарзиш ва 30 фатири калон дошт.
– Ягон маърака доред-ми? – пурсидам.
– Не, ба хонаи қудохо барои иди Соли нав мефиристонем, -гӯен табассум кард.
Ба ҳайрат афтодам, ки мардак 30 сола нашудаасту алаккай қудодор?
– Писарҳоятон чандсолаанд?
– Якумаш 8-сола, дуюмаш 6-сола ва сеюмаш 4-сола мебошанд!
– Арӯсҳояшон чанд сола?
– Ҳамсоли фарзандонам!.
– Чаро барвақт дар ин синну сол қудодор шудед?
– “Хар аз харгалла қафо монад, гӯшу биниашро мебурранд”,- гуфтаанд. Ҳоло ҳама гаҳворабахшанд. Агар аз хурдӣ банд накунем, фарзандонам беарӯс мемонанд!
-Ин коратон баръало хатост!- гуфтам.
– Рост, аммо ба занак фаҳмонида намешавад!
– Аввал фарзандонро хононда, соҳиби касбу ҳунар ва пас хонадор кунед, то ки оянда аробаашонро худ кашидаю бурда тавонанд!
– Ин харидҳо ҳама аз хисоби қарзи бонк аст!
Рости гап, дуд аз димоғам баромад. Ҷаҳон дар пайи кафшу ихтирооти нодир, мардуми мо ҳоло ҳам побандаи урфу одатҳои хурофотӣ. “Бача дар сафар, номаш Музаффар” гуфтагӣ барин худро барои орзуҳои номаълуми амалишаванда, то бехи гӯш қарздор мекунанду аҳли хонадон, аз ҷумла, фарзандонро ба нони хушк мебанданд. Кори хайр мекунем гуфта, чандин зиёнҳоро пеш меоранд. Дар натиҷа баъзе мардон маҷбур мешаванд, ки ба дуздию ғорат даст зананд, қисмати дигарашон ба ҷони худоӣ омада, тарки оила мекунанд ва фарзандонро зиндаятим мегардонанд. Фарзандони дур аз тарбияи падар монда, ба корҳои номатлуб даст мезананд. Хулоса, оилаҳо пош мехӯранду инсонҳо бадбахт мегарданд ва ҷомеаро пуру носолим мегардонанд!
Бо ин ҳол, ин тарзи тафаккур ояндаи ҷомеа чӣ мешуда бошад? Кай мардуми мо аз чанголи тааассубу хурофот мебаромада бошанд?»
Ин буд матлабе, ки аз ин сомона барои шумо гирифта пешкаш намудам.
Устод, барои ман ҳамин урф ё одати гаҳворабахш писанд нест. Метавонам чандин далелу бурҳон оварам, ки чаро писанд нест ва чаро бояд ин корро накард, аммо, бигзор шумо аз дидгоҳи ислом ин масъаларо шарҳу тавзеҳ диҳед. Назари ман ва ё мавқеъи мухолифи ман барои масъалаи мазкур чизеро ифода ва ҳаллу фасл намекунад, чун боз инсонҳое, падару модарҳое ҳастанд, ки барои гаҳворабахш кардани атфоли худ далел доранд ва фақат бо ҳавову ҳавас ин корро намекунанд. Ба ҳар сурат беҳтар буд, ки шумо дар поёни қироати нома аз нигоҳи дини ислом ин масъаларо шарҳ медодед, беҳтар буд.
Кӯлоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Чанд рӯзи пеш дар як барномаи номаҳо дар бораи кушта шудани яке аз бародарони Эмом Хуяк –Имомалӣ Мақсудов гуфта будед.
Ман ҳам огоҳ ҳастам. Аммо як чиро бароятон бояд бигӯям, ки кинаву тарсу ваҳшати авлоди Раҳмонов нисбати Эмом Хуяк ва бародаронаш охир надорад.
Махсусан Ҳасани Ориёнбонки ишкамба талхакаф дар ҳама ҳолат аз Эмом Хуяк ва бародаронаш аст.
Билол Мақсудов, додари Эмом Хуякро бо фармони Ҳасани ишкамба куштанд.
Баъди бо фармони шахсии Ҳасани ишкамба аз байн бурдани Шӯҳрат Исматуллоев, ки аз ҷониби Дилшоди красавчик ва дигарон сурат гирифт, Ҳасан нақшаи дуюми худро, ки аз байн бурдани иҷрокунандагони он нақша буд, мавриди амал қарор дод. Ҳасани ишкамба намедонист, ки Дилшоди красавчик барои амалӣ намудани нақшаи гузоштаи Ҳасан барои аз байн бурдани Шӯҳрат Исматуллоев, киҳоро ба ин кор ҷалб кардааст. Дар рафти тафтишоти парванда, Ҳасани ишкамба дарак ёфт, онҳо киҳоянду то чи дараҷа Дилшоди красавчик неосторожний будааст. Ҳасан нафарони калидиро убрат карду ба срокҳои тӯлонӣ паси панҷара бурд. Маълум аст ки дар оянда онҳоро низ бо ҳар гуна сабаб аз байн хоҳад бурд.
Вақте Ҳасани ишкамба номҳои ҳамаи алоқамандон дар куштори Шӯҳрат Исматуллоевро фаҳмид, гуфтааст, ки «ма намедонистм, ки и Дилшод то и дараҷара тупойяй». Чунки дар миёни қотилони Шӯҳрат Исматуллоев номи Билол Мақсудов ҳам буд. Ҳасан дастур дод, ки Билолро ҳам ба муҳлати тӯлонӣ маҳкам кунанд, аммо натавонист.
Эмом Хуяк қисми заводашро фурӯхту сроки Билолро то як сол фаровард. Билол дар ҳақиқат як сол срок гирифт. Эмом Хуяк дар ин кор принцип монду додарашро пуштибонӣ кард. Эмом Хуяк гуфт, ки «агар ҳами паати Билол ягон кори дига касда қуш мешид, ба … (Эмом Хуяк маҳз анами хел гап мезанад нисбат додаронш. Чунки безор шудааст аз тюрмаву аз тафтишот баровардани онҳо. Вале инҷо принцип рафта истодааст. «Ҳаромии Ҳасан 15 сол зиёд намонд заводма кор кна. Ма бояд нишон бтм, ки олӣ ма нарехтам. Ису Ҳасанш противи маву додарм. Усу Зоирш противи маву бачам» (мақсади ин гапаш, кидати Обид Зоирро бо 25 кило героин дар Русия).Ҳамин хел ҳам шуд.
Эмом Хуяк ними заводи Тоҷиккабелро фурӯхт, ки дар давраи шӯравӣ дар он 2000 зиёд коргар кору фаъолият мекард. Ҳатто зӯри Рустами Эмомалӣ нарасид, ки заводро ба кор дароранд. Чандин бор Рустами Эмомалӣ дастур дод, аммо Эмом Хуяк дар якҷояш писанд накард. Заводи давлатиро Эмом Хуяк зад савдову даҳҳо хонаҳо хариду дар номи зани хуҷандиаш ва хушдоманаш карду бо суми боқимонда сроки Билолро кам кард.
Дар урфият мегуянд, ки даҳони баста сад танга. Аммо дар мо тоҷикҳо бетаъриф намешавад. Замоне, ки Билол дар зиндон сроки гирифтаашро адо мекард, Ҳасани ишкамба одам монда буд, ки «ку гуш кнен чиҳора медона и ҳаромии Сияҳи Билол».
Билол бошад дар ҳақиқат бисёр чизҳоро медонист. Дилшоди красавчик зиёд гапҳову нақшаҳоро ба Билол гуфта буд. Маҳз Билол як пистолет ба Дилшоди красавчик ёфта дода буд. Гапҳоро ба Ҳасани ишкамба расонданд, ки Билол ҳамаи гапу корро медонаду интизори баромадан аст.
Билол баъди адои як сол баромад. Ҳасани ишкамба дар ҳол дастур дод, ки любим путем маҳкамаш кунед, любим путем. Ҳамин тавр ҳам шуд. Билолро маҳкам карданду куштанд. Баъди марги Билол, Обиди бачаи Эмом Хуяк дар зиндони Ваҳдат қасам хурдааст, ки «ин даф раҳм нест. Мебром аввал Ҳасани ишкамба бад Зоира дар як шав …..».
Обид писари калониашро, ки Карим ном дорад, дар мақомот дуруст кард, ё карда истодааст, ки бояд мо боло равему, қасдҳоямонро ба пуррагӣ гирем. Обид ба чанд нафаре, ки бо Обид адои ҷазо мекарданду ба озодӣ баромаданд, дастур додааст, ки аз қафои рафту омади Ҳасани ишкамба ва Зоири мундуқ назорат кунанд. Ҳар ҳафта ду бор Обид бо онҳо ба алоқа баромада мепурсад. Обид дар зиндони Вахдат авторитет асту гапаш хуб мегузарад. Ҳамин тавр Ҳасани ишкамба боз Эмом Хуякро зарбаи сахт зад.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Дар барномаи пешинаи «Номаҳо….» дар бораи милисаҳо, нозирони минтақавии Душанбе як нафар навиштааст, ки 100дар 100 дуруст навиштааст.
Агар ошкоро бигӯем имрӯз ҳукумате, назорате, масъулияте, уҳдадорие, виҷдону имону инсофе боқӣ намондааст.
Дар ҳақиқат бар сари миллати тоҷик як қавме омадааст, ки тамоми фикру зикраш ин аст ки чи кор кунаду пул ба даст оварад. Ин қавм ба ҷуз ду шикофӣ ва ду сӯрохии тагу боло-даҳону маъқад фикри дигар надорад. Ба назари ман ҳамин тавр метобанд. Аз боло дарун кунанду аз пойин берун ва ҳама фалсафаву моҳияти зиндагиашон ҳамин аст. Ин қавм инсонро ҳамин тавр шинохтааст. Мошин, дача, отдих, роскош, духтар олати калон.. хуришҳои баҳрӣ, истироҳат дар ҷазоири Қанар, ҳамаашро доранд вале хулосаи инҳо ҳамин ду шикофии боло ва поин аст. Тоҷикон чоп мекунанд, Шоҳнома чоп мекунанд, ину он мекунанд аммо боз ҳам фалсафаи ҳаёту зиндагиашон ҳамин ду шикоф аст. Бо инҳо ҳеҷ гоҳ обод намешавем.
Чаро? Чунки ҳамин ду шикофиашон аз ҳад калон шуда истодааст ва шумори қавмашон ҳам афзуда истодааст.
Тоҷикистон барои инҳо тангӣ ва майдагӣ карда истодааст.
Баро ин қавм ҳама чиз иҷозат ва мумкин аст. Ин қавм соҳиби имконият, имтиёз ва муҳимтар аз ҳама иҷозат аст. Иҷозатро ҳамин қавм медиҳад. Ҳама барои ҳамин қавм хизмат мекунад.
Дар сохтори МВД соф коммерсантҳо ҷамъ шудаанд. Ягон –ягон кадрҳои аслӣ монда буданд, ки ҳамаашро дар районҳо фиристоданд
Дар аэропорти Душанбе як корманди УБОП кор мекунад, ки номаш Фаридуни сияҳ аст. Модари ин милиса дар Дубай мамароза мебошад. Духтарҳое, ки дар Дубай танфурушӣ мекунанду ягон сум ҷамъ карда ба Ватан меоянд, очаи Фаридун сразу ба бачааш информация медиҳад. Фаридуни сияҳ аз аэропорт мегираду рост УБОП мебарад. Пулҳои коргардагии онҳоро мегираду боз як хобу хез ҳам мекунад ҷавобашон медиҳад.
Вақте ҳукумат оилавӣ ва қавмӣ шуд, чизе дигарро набояд интизор шуд. Тамоми шароит барои мақомоти интизомиву амниятӣ, яъне қудратӣ фароҳам карда мешавад, то ки ин қавм ва ин оиларо муҳофизат кунад. Барои онки дигар шикофи тагу болояшонро сер кардан душворашон мешавад. Барои он бояд мавриди ҳимоя ва муҳофизат қарор бигиранд.
Имрӯз чи милиса, чи амният ва чи суду прокуратура дар хизмати ҳамин оила аст. Барои ҳамин, чи хеле он бародар дар номаҳои пешина гуфтааст, дар тамоми қаламрави кишвар барои инҳо «территория» ҷудо кардаанд ва ин территория инҳоро мехуронад.
