Ин бор аз Нуробод, Деваштич, Исфара, Душанбе, Кулоб ва Волгоград номаҳо дорем.
Аз Нуробод дар бораи даъвати баҳорӣ ба артиш ва маҳкамсозии дари масҷидҳо навиштаанд.
Дар номаи омада аз Деваштич дар бораи бори дӯши мардум кардани масъулият ва уҳдадориҳои ҳукумат шикоят карда мешавад. Яъне бо пули аз мадум ҷамъкарда талош карда истодаанд,ки роҳҳоро таъмир намоянд,ки ин як кори зӯракӣ аст.Муаллиф мегӯяд фарқи рекэтҳои солҳои пешу милисаҳои имрӯза намондааст.
Муаллифи мо аз Волгоград дар бораи қиморхонҳои муосир- букмекерҳо навиштааст. Дар ҳақиқат ин букмекерҳо боиси бадбахтиҳои зиёде шуда истодаанд.
Дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо №343» шикояти як зани тоҷир аз Исфара нашр шуда буд. Ин бор муаллиф идомаи моҷарои ба сари ин зан омадаро навиштааст.
Нигорандаи нома аз Душанбе, ки мегӯяд ҳоло дигар аз мутолиаи нашрияҳо даст кашидааст, сабаби рӯ ба матбуоти оппозитсионӣ овардани мардум худи ҳукумат аст.
Муаллифи нома аз Кулоб аз Раҳмонов даъват кардааст, ки ин бор як амнистияи ҳисобиву дуруст қабул кунад, ки нафароне мисли Ғаффор Мирзоев ва Суҳроби Лангарӣ ҳам шомили он шаванд.
Нуробод
Ассалому алайкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Аллоҳи меҳрубон нигаҳбонатон бошад. Ин номаро аз ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод менависем. Амният дар ин ҷамоат зулму ситамро ба ҳадди ифрот расонд. Масъала масъалаи даъвати баҳорӣ ба сафи артиш аст. Падарони даъватшавандаҳоро бурда шиканҷа карда истодаанд, ки бачаҳоятонро биёред сипас раҳоятон мекунем. Дар ин моҳи шарифи рамазон ниҳоят бераҳмона мезананд. Ин ҳукумати хунхорро худованд хору залил гардонад. Кай халос мешавем аз ин ҳукумати хунхор?
Дирӯз дар деҳаи Ҳакимии боло як падарро бурданду шиканҷа карданд, ҳоло дар маркази ноҳияи Нуробод маҳкам аст. Гуфтаанд, ки то фарзандатро наорӣ, сар намедиҳем.
Чанд ҷумла дар бораи бузҳои Нуробод. Яке аз бузҳои шохдор Ҷангӣ, бачаи Сайдалӣ Назар бо кличкаи Назари кумурфӯруш аст. Худованд ин бузҳоро несту нобуд гардонад, аз Ҳакимии поёнанд. Ҳамчунин ҳамин хел бузҳои Ҳакимии поён:- Абдураҳмон Исломов, Раҳим бачаи Наим, Сулаймон бачаи Сайдаҳмад.
Аллоҳ ҳамаи ин бузҳоро несту нобуд гардонад. Ин Абдураҳмони буз раиси танзим аст. Вале боз дар куҷое мешинад, мегӯяд, ки ин бузиро ман аз Табаров Муминшо дасти пир гирифтаам.
Ин вазифаи танзими он қадар даромаде надорад, аз ҳисоби бузӣ даромади хуб ба даст меоварам. Худованд ин ҳаромхурҳоро несту нобуд гардонад. Ана ҳамин тавр мардуми ҷамоати Ҳакимӣ дар азобем ва ҳеҷ кас ба додамон намерасад. Мардум ҳамааш медонад, ки ҳаминҳо бузанд.
Табаров Мӯминшо боз дар куҷое мешинад мегӯяд, ки ҳамин началник поми ҷамоати Ҳакимиро нобуд кунам боз ба ҷамоат меоям. Дар ин ҷамоати Ҳакимӣ роҳи сумкоркунӣ осон аст.
Началик пом дангарагияй дар ҳама деҳаҳои Ҳакимӣ буз доранд амниятиҳо. Ин шо Аллоҳ дар барномаҳои оянда ному насаби онҳоро маълум намуда дар дастрасии Ислоҳ қарор медиҳам. Менависам ба шумо.
Бародари роҳи ҳақ ба доди мардум ҳеҷ кас намерасад, муҳоҷират меравем, дар азобем, меоем дар ватани худамон дар азобем.
Ё Аллоҳи меҳрубон кай аз ин золимон халос мешавем?
Деваштич
Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Умедворам, ки сиҳату саломат ҳастед. Ман тамошобини чандинсолаи шумо ҳастам ва аз узбекзабонҳо мебошам. Дар баъзе ҷойҳо хато нависам, ислоҳ кунед. Ман ҳамон нафареам, ки аз деҳаи Лолазор.
Ин деҳа аз ҷиҳати масоҳаташ яке аз калонтарин деҳаҳои ноҳияи Деваштич ба шумор меравад. Лекин масъалаҳову муаммоҳояш пури пур. Яке аз инҳо масъалаи роҳ аст. Қариб 35 сол мешавад, ки ягон ремонту ягон беҳбудӣ нест! Чизе, ки кард мардум худаш кард ва аз кисаи худаш. Лекин, азбаски ремонт дурӯғину қалбакӣ аст ба як сол нарасида боз вайрон мешавад. Боз дар маҷлисҳо мегуянд, ки чаро дигар деҳаҳо роҳ карда метавонаду мо не? Биёед якҷо шавем ва роҳро соз кунем!
Барои чи мо бояд роҳро соз кунем? Пас, давлату ҳукумат барои чи? Фақат барои ҳамин ҳаво (воздух) пул намедиҳему халос. Бояд ин корҳоро давлат кунад. Ҳамаи ин корҳоро! Фаҳмида мешавад, ки аз давлат ягон бӯи умед барои ободиву пешрафт нест.
Ҳама ҷоро буз зер кардааст. Одамҳо аз ҳамсояаш метарсад, шубҳа мекунад, дилаш пур не. Хешу табор уже ба як дигар боварӣ надоранд. Ҳамаро ба як аҳвол овардаанд, ки ягон гап шуд милиса аз скорый помош тезтар расида меояд. Ду кӯдаки синфи 5 ҷанг кунад ҳам, саги ҳамсоя бо саги ҳамсоя ҷанг кунад ҳам омада як илоҷу як намуд воҳима карда пул мекананд. Баъзан як намуд гапҳо мешавад, ки одам шарм медорад, то ки бинависад. Чизҳои одие, ки одамҳо метавонанд байни якдигар осон ҳал кунанд. Аммо, милисаҳо мебиёяду боз ба якдигар против карда аз ҳарду одам пул мекананд.
Мардум як намуд тарсончаку лесак шудаанд, ки одам шарм медорад. Эй мардум бас охир! Натарсед, ҳақи худро талаб кунед! Дар деҳа ягон бизнес карда намешавад. Налог, санэпидемстансия, пожарный омада аз таги нохун чирк мековад, то ки пул гирад. То ягон одамро наёбиву доля надиҳӣ коркарданат намемонанд.
Рекетирҳои давраи пешу милисаҳои ҳозира ягон фарқ надоранд. Ҳар вақте ки участковый нав шуд, рост меояду доля талаб мекунад.
Магазину сохибкорҳо як моҳба агар се бор иваз шавад бояд се бор доля бояд бти. Боз як намуд гап мезанад катит гуеки ту одами 5ум сорти.
Масъалаи бузҳо
Ин мардум худаш медонад ки, ки буз хаст. Як рӯз мебиеяд дар ин шубҳа накунед ман эмони комил дорамки он рӯзи бузург мерасад ва ин сагҳо уже ҳимоятатон карда наметонанд! Бад коротон безеб мешавад!
Домло шаморо Худо нигахбонтон бошад тамошобини шумо аз Лолазор!
Исфара
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол.Ташаккури зиёд, ки номаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и №343 ҷой додед. Ҳоло ҳеҷ хату хабаре нест. Аммо баъзе аз шиносҳоям хондаанд, зангам заданд. Инҷо мехоҳам, ки боз камтар ба он номаам илова намоям, ки қазия бештар ва беҳтар рӯшан шавад.
Вақти боздошти мошини писари ин зан кормандони ШВКД- 2 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корманди прокуратураи ин ноҳия бо номи Ҳамзазода Асомиддинро даъват карданд. Чунки онҳо бо ҳам мошинҳои бордорро дошта ва бо ҳам пора гирифта сар медоданд. Аммо ин навбат шикорашон барор нагирифт. Зеро писари ин зан бо худ пул надошт.
Ман пурсиданиам, ки чаро Ҳамзазода вақти даъвати милисаҳо отдел бареду мактуб карда баъд ба прокуратура супоред нагуфта хеста омадӣ, чаро соҳиби аслии борро накофтӣ? Барои муайян кардану санҷиш ба прокуратура фирсонданд агар фақат протоколи маъмурӣ тартиб додан мебуд аз руи тобеият бояд ба гумрук мефиристоданд. Аммо протоколи ин зани сарсахтро суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз ба прокуратура баргардонид. Оиди ин кор зан ба прокуратураи вилоят ҷиҳати чораҷӯӣ нисбати Ҳамзазода шикоят кард. Чунки маводро санҷиш накарда лоақал баёноти ҳуқуқвайронкунандаро нагирифт ҳеҷ чизро насанҷида ба суд фиристод ва мошини писарашро ба соҳибаш баргардонед, паспорташро диҳед гуфта муроҷиат кард вале корманди прокуратураи вилоят Далери Юсуфӣ онро дида баромаду аммо нисбати Ҳамзазода чорае надид, ба суд муроҷиат кунед гуфт. Чаро писари ин зан бори як узбекро бурда гунаҳгор мешаваду аммо кормандони прокуратура ягон санҷиш накарда маводро ба суд месупоранд, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, паспорти хориҷии ошнои писараш ва шиносномаи худашро то ҳол намедиҳанд, яъне нисбати вазифаи давлат хунукназарӣ мекунанд, чизе намешаванд?
Далери Юсуфӣ ҳуҷҷатҳоят дар милисахонаи Бобоҷон Ғафуров рафта гиред гуфт. Лекин ин зан худи Душанбе қабули вазир рафт. Муовини вазир қабул карда муроҷиати ӯро ба амнияти дохилии вилояти Суғд фиристод. Онҷо низ ҳуҷҷатҳои шумо дар милитсия нест ба прокуратура равед гуфта ҷавоб доданд. Корманди амнияти дохила низ хунукназарӣ кард нисбати вазифааш ва муроҷиатро аслан насанҷид.
Баъди онки кормандони собес ба вай занг зад вай боз ба шуъбаи амнияти дохилаи Суғд рафт ва назди сардор даромад ва оиди ин кор ба у гуфт. Сардори амнияти дохила дар назди зан ба корманди милитсияи Бобоҷон Ғафуров занг зад, ки ҳуҷҷатҳо дар дасти мо гуфт. Ин зан ба сардори амнияти дохила оиди чораҷӯӣ намудан нисбати кормандони милитсияи Бобоҷон Ғафуров ва корманди амнияти дохила муроҷиат карда омад. Лекин то ҳол шиносномаашро нагирифтааст, баракс нафақаи ин занро маҳкам карданд. Зеро аз сабаби надоштани шиноснома барои аз нав ба қайдгирии нафақа рафта натавонист.
Ман аз Рамазон Раҳимзода Ҳамро, вазири дохилӣ ва аз Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло. Прокурори генералии Тоҷикистон пурсиданиам, ки то кай хонаи як бечораро барои камтар пули ҳаром месузонед? То кай аз хунукназарии кормандони шумо халқи бечора зарар бинад?
Ман, ба ҷои он зан ба суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сангинзода Ғайрат муроҷиат карда гуфтаниям, ки то кай хонаи як бечораро месузонед? Чаро мошини шахсии ба ин бор алоқаманд набударо залог гирифтаанд дар суди шумо? Агар судя медонист, ки ҷаримаро супорида наметавонад, чаро ҷарима карда мошинро гарав гирифт?
Ту чи хел раис ҳастӣ, ки ба коргарҳоят қонунро нағз намефаҳмонӣ ва онҳо қарорҳои ноодилона мебароранд.
Бародар ман номаи 334 ва 343-ро гуш кардаму боварии ҳосил кардам оиди беадолатиҳои кормандони мақомот, боварии комил ҳосил кардам.
Душанбе
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Як мақолаи шуморо ҳафтаи гузашат дар бораи Рӯзи матбуоти тоҷик хондам. Рости гап бисёр ҳам маъқул шуд ва шумо ҳама далелу фактҳоро дуруст, ба маврид ва сари ҷояш овардаед. Матбуоти мо ноозод аст.
Ман яке аз хонандаҳои доимии нашрияҳо будам. Аммо чандин вақт аст ки дигар намехонам, чизи хонданӣ ҳам аслан надоранд.
Ҳукумат нашрияҳоро баст, шароити корашонро маҳдуд ва журналистҳро зиндон кард. Барои ҳамин имрӯз мардум пеши нашрияҳои оппозитсионӣ мераванд. Яъне мешавад гуфт, ки дар ин кор, суроғи шуморо гирифтан, бо вуҷуди хатарнок будан худи ҳукумат саҳм гузоштааст ва хизмат карда аст.
Ҳар нашрия ва ҳар журналисти танқидгарро ё баст ё ба даҳонаш мӯҳру мум зад. Даҳҳо журналистҳо фирорӣ, чандин журналистон дар зиндонҳо, нашрияҳои мустақил тамоман вуҷуд надоранд. Пас, мардум назди шумо наравад, бо шумо ҳамкорӣ накунад, ба шумо дарди дилашро нагӯяд, шикояташро набарад, чи кор кунад?
Волгоград
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ҳар вақте дар сайтҳои нашрияҳои чопи Душанбе як мақолаи хубу ҷолиб ва бадардбихурро мебинм ҳатман дар фикри он мешавам, ки бигзор онро одмони зиёд бихонананд.
Ин бор ман аз сайти СССР як навиштаеро интихоб кардам, ки масъалаи дар он гузошта масъалаи бисёр ҳам ҷиддӣ аст. Гап дар бораи қиморхонаҳо, букмекерский контораҳо дар пойтахти кишврамон меравад, ки боиси хонсалоту муфлис шудани одамҳо, бахусус ҷавонҳо ва бар қарзу қавола гирифтор шудани падару модарҳо ва ҳатто сабаби даст ба худкушӣ задани ҷавонҳо мешаванд.
Чанд вақти пеш дар як барномаи шумо ба назарам «Семейканюс» буд, аз худкушии як донишҷӯ, ки худро ба дор овехта ба ҳалокат расонида буд, бохабар шуда будам. Ин ҷавон дар бозии букмекерии қиморхонаи 555-и Душанбе, ки ба яке аз рафиқони наздики Рустами Эмомалӣ Дилшод Ҷураев қарздор мешавад ва роҳи халосӣ аз қарзро дар худкушӣ мебинад.
Ҳоло дар инҷо матлаби СССРро, ки дар рӯзи 11марти соли ҷорӣ чоп шудааст ва дар бораи ҳамин қиморхонаҳо сӯҳбат мекунад пешкаши ҳаводорони «Ислоҳ» мекунам ва сипас дар бораи он чанд мулоҳизаи худро баён медорам.
«Дод аз дасти 1 XBET ва контораҳои букмекерӣ»
25.02.2026. Соат ба вақти Душанбе 16:45 дақиқа. Муродов Мирзоалӣ, хонандаи доимии газетаи мардумии СССР, аз деҳаи Бобосафоли н. Фархор меҳмони идора шуда, аз ҳоли зор ва оқибатҳои бади гаравиши ҷавонон ба хурофоту бегонапарастӣ, ҳамзамон, ба амалу шуғлҳои номатлуби ба монанди қиморбозӣ, фурӯш ва истеъмоли маводи нашъаовар шикоят намуд:
Шукри Худо хонаи обод, духтарони соҳиби хонаю дару набераҳои дӯстрӯяк дораму, мутаассифона, писари яккаю ягонаам, хатмкардаи ДДТТ ба номи С. Раҳимови пойтахт, хизмати аскариро ҳам гузашта, боиси ташвиши ҷиддиамон гардидааст. Аз тарси он ки духтари инсоне ва фарзандони ояндаашро бадбахт накунад, хонадораш накардаем. Аслан, чандон ҷавони бад наменамояд. На ба сигор, на ба арақ майле надорад, вале чӣ шуду чӣ монд, ки ба дарди қиморбозӣ гирифтор шуда, аз пардохти қарзу қаволаи зиёд ба қавле, хонахаробу аз зиндагӣ дилсардамон кардааст.
Ӯ дар казинову қиморхонаҳои ниҳонӣ не, дар қиморхонаҳои расман амалкунандаву ҳамарӯза таблиғу ташвиқмешудаи 1 Xbet ва контораҳои букмекерӣ қимор мезанаду моро хонахаробу рӯсиёҳ кардаст…
Корро бинед, ки боз инсонҳои фақат солеҳ ба доми ӯ афтода мемонанду дар баргардондани маблағашон таҳаммул пазиранд, набошад, намедонем дигар ҳоламон чӣ мешуд? Ману модар ва апаю хоҳарашро хеле зиқ кардааст. Аз фикри зиёд худам ҳафтаи гузашта, дар Беморхонаи ба номи Синои пойтахт амалиёти ҷарроҳҳии дилро гузарондам. Аз тангдастию дилмондагӣ ба ҷарроҳӣ тамоман розӣ набудам. Хушбахтона бо исрори бародарам, ки пардохти 60 000 сомонӣ ҳақи ҷарроҳиро ба уҳда гирифт, ризоят додам.
Аз зиндагӣ сахт дилмондаю бармаҳал пир ва ноумед шудаам. Боз ҳам мутаассифона, чунин аҳвол на танҳо бар сари ману оилаи мост. Ҷавонони зиёде мубталои ин қиморхонаҳо шуда, миёни падару модаронро шикастаанду марги онҳоро метезонанд. Занҳои ҷавон бо кӯдакони хурдсол беваю ятим мемонанд.
Ҳайронам, ки ҳоло ку, замони солҳои 90 – ҷанги шаҳрвандӣ нест. Дар шаҳру ноҳияҳо ҳама мақомоти қудратӣ мавҷуданд. Пас, чӣ тавр мешавад, ки Марказҳои бозиҳои компютерии тарғибгари ҷангу куштор, фисқу фасод, қиморхонаҳо, қуллобхонаҳо таъсис ёфтаю бозорашон гарм аст? Аз ҷумла, дар ш. Душанбе қариб ки дар сари ҳар қадам рекламаҳои ҷалбкунандаи рангаю муҳташаму электорнии бозиҳои ҷавонони миллатро ба бадбахтиҳо мебурда, овезонанд. Наход касе ёфт нашавад, ки пеши роҳи ин ҳама бесарусомониҳоро гирад, аз тақдири миллат, ояндаи Ватан андеша кунад? Ба қавли Хусрави Деҳлавӣ:
Ноларо ҳарчанд мехоҳам, ки пинҳон даркашам,
Сина мегӯяд, ки ман танг омадам, фарёд кун!!!»
Ин буд он навиштаи СССР, ки дар ҳақиқат ба як дарди сахти ҷомеаи имрӯза таваҷҷуҳ кардааст. Муаллифи ин матлаб ҳамаи гапҳоро гуфтааст ва гуфтааст,ки бояд мақомот сари роҳи ин қиморхонаҳоро бигиранд.
Аммо гап дар сари он меравад, ки худи ҳамин мақомот, масалан худи ҳамин Рустами Эмомалӣ соҳиби асосии қиморхонаҳои Душанбе мебошад ва дар ин ҳолат кӣ ва кадом ниҳод ҷуръат мекунад, ки пеши роҳи ин қиморхонаҳоро бигирад.
Бадбахтии миллат ва мардуми мо ҳамин аст ки роҳбарони имрӯза, ки як ҳукумати оилавӣ ва авлодӣ ташкил кардаанд, барои он кушида истоданд, ки ҳарчи пештар сармоя ва маблағ ҷамъ оваранд. Барои ҳамин ҳатто корҳои ғайриахлоқиву ғайриинсониро, ки умуман ба урфу анъанаҳи мо марбут нест иҷозат додаву қонунӣ карда истодаанд. Мо бо ин вазъу ҳол ба куҷо равона ҳастем?
Афсус, сад афсус.
Кулоб
Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Худоро шукр, ки ҳамин расонаи шумо ҳаст, ки тавассути минбари он мардум арзу шикоятҳои худро баён месозанд,назару пешниҳодҳои худро иброз менамоянд.
Ман мехоҳам, ки ба Раҳмонов муроҷиати худро пешниҳод намоям. Муроҷиати ман ба Раҳмонов дар бораи авфи зиндониҳо аст. Чанд рӯзи пеш дар маҳбаси Якуми Советский як бародарамро дидам. Имсол соли 8ум аст ки вай дар зиндон аст. Гуфт, ки зиндониҳо беҳад мунтазири афв ҳастанд. Имсол ба муносибати 35умин солгарди истиқлолияти давлатӣ Раҳмонов як афви калон мекардааст.
Ман мехоҳам, ки ин бор Раҳмонов тавре қонуни афвро қабул кунад, ки дар он бигзор шахсоне, ки солҳои тулонӣ дар зиндон буданд, мисли Ғаффор Мирзо, мисли Суҳроб Лангарӣ ва Давлати писари бобои Сангак, мисли Зайд Саид ҳам дохил шаванд ва ба озодӣ бароянд.
Ин бародарам гуфт, ки шумораи маҳбусон дар ин зиндон ду, се баробар аз норма зиёд аст. Вазъияти зиндониҳо ниҳоят тоқатфарсо аст. Ҷойи хоб намерасад. Свиданкаҳо ҳам аз сабаби зиёд будани зиндониҳо бисёр дер–дер иҷозат дода мешавад.Тамоми маводи ғизоӣ дар зиндон беҳад гарон аст.
Маънои авф ҳамин аст ки ҳукумат ва давлат аз гуноҳи шахси гунаҳгор мегузарад. Роҳбари давлат дар асоси принсипҳои инсондӯстона меҳру шафқат ва ғамхорӣ зоҳир карда афв мекунад.
Аммо дар чанд навбати афви ахир асосан ба наркотикфурӯшҳо, дуздҳову автоаварияву аз ин қабил ҷиноятҳо қонуни авф татбиқ шуд.
Ин бор мардум умедвор аст ки як афви дар ҳақиқат умумӣ ва тиллоӣ (золотой амнистия) қабул карда мешавад. Бигзор, журналистҳои зиндонӣ, зиндониҳои сиёсӣ аз ҳизбу ҳаракатҳо, сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, онҳое, ки барои узвият дар равияҳои гуногуни динӣ зиндонӣ шудаанд, озод мешаванд.
Бо қабули афви калон Раҳмонов метавонад нишон диҳад, ки вай аз раҳоии ин гуна ашхос сари мӯе бим надорад. Чунки дигар онҳо вақте раҳо мешаванд ба ҳеҷ кори дигар ба ҷуз аз зиндагии шахсии худ даст намезананд, балки дигар ҳеҷ коре аз дасташон барнамеояд. На тазоҳурот ташкил карда метавоннд ва на кори дигаре, ки бар зидди ҳукумат бошад.
Аммо вақте онҳоро озод намекунад ин маънои онро надорад, ки давлат ҷинояткронро зиндон кардааст, ин маънои онро дорад, ки Раҳмонов ҳарифону рақибони сиёсиашро зиндон кардаааст ва аз озодшавии онҳо метарсад, барои ҳамин онҳоро тамоман бегуноҳ дар ҳабсхонаҳо нигоҳ медорад.
Дар охири муроҷиатам ба Раҳмонов гуфтаниам, ки бигзор исбот кунад, ки вай дар ҳақиқат соҳиби ҳокимияти боқувват аст ва бо озод кардани зиндониҳо ҳеҷ ҳаросу тарсе надорад.
