Ин навори видеоӣ,ки аз ҷараёни боздошти Гулия-Гулчеҳра Меликова дар Екатеринбург таваасути як манбаъи мӯътамад аз мақомоти қудратии ин шаҳр ба дасти мо расид бори дигар шаҳодат медиҳад, тасдиқ мекунад, ки аз паҳлуи навиштаҳои Ислоҳ наметавон ба роҳатӣ рад шуд ва онҳоро нодида гирифт.
Мо роҷеъ ба Гулия ва кирдорҳои бади ин зан дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба «Ислоҳ.нет» № 325» ва ҳам дар матлаби алоҳида роҷеъ ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Екатеринбург ва бахусус дар бораи консулгарӣ ва бузҳои он навишта будему навори он ҳам нашр шуд. Маълум шуда буд, ки ин Гулия яке аз бузҳо ҳам ҳасту ҳам яке аз қаллоб-мошеннитсаҳо мебошад, ки садҳо нафар ҳамватани муҳоҷири моро фиреб кардааст.
Тибқи маълумоте рӯзи 24.03.2025 ба Ислоҳ расида ҳар касе дар карта ё ҳисоби Гулчеҳра Меликова пул перевод кардаги бошад ҳамаи он ашхосро занг зада даъват доранд ба “Следственний Отдел”. Барои чи пул доди ба Гулчеҳра Меликова ? Мумкин ки молу мулки доштаашро мусодира кунанд ва зарари ба муҳоҷирон расондаш,ки тақрибан 9 милион рубл мебошад ташхис намуданд. Агар дигар одамҳои ҷабрдида ариза накунанд дар ҳоли ҳозир 9 миллион рубл бароварда шудааст. Гулчеҳра Меликоваи қаллоб чандин муҳоҷири тоҷикро хонашонро сӯхтаги аст. То онҷое медонем зарари расонидааш бо Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург аз 30 миллион рубл бештар аст. Инчунин шавҳараш аз ин амали ҳамсараш бадаш омада гуфтаанд,ки феъалн дар ҳеҷ куҷо ӯро надидаанд. Ё дар боздошт аст ё фирор кардааст. Агар поделник зада бошанд ҳатман ӯро ҳам ҷазо диҳанд.
Ба ҳамин хотир мо аз аъзои тими Ислоҳ дар Екатеринбург дархост карда будем, ки Гулчеҳра Меликова ва рафтору кирдори вайро таҳти контроли бевоситаи худ бигиранд.
Ниҳоят хабари расида аз он мегӯяд, ки Гулчеҳра Меликова боздошт шуд. Ва худи Гулия ҳам иқрор кардааст, ки ин навиштаҳои «Ислоҳ» сабаб гашт, ки мақомоти интизомии Русия ӯро дастгир намоянд.
Барои як бори дигар огоҳ шудан аз шахсияти Гулчеҳра Меликова як иқтибосеро аз ҳамон матлаби пешини мо, ки таҳти уновни «Заминҷунбӣ дар консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург» аз 27.10.2025 чоп шуда буд, меоварем:
«Гуля кист?»-нақши як миёнарав
Ин хонум Меликова Гулия ном дорад ва вай ҳам посредник аст. Ин Гуля дар консулгари неву дар ФМС дар пенсионний фонди Екатеринбург кор мекунад. Вай мардумро хело ҳам фанду фиреб мекунад ва мардуми ҷабрдида ба консулгарӣ дар Екатеринбург муроҷиат мекунанд, ки ба додашон расанд. Аммо консулгарии Тоҷикистон дар инҷо ба ҷои он ки аз ин қаллоби Гулчеҳра Меликова пули мардумро гирифта диҳад бо пуштибонии маҳз ҳамин Қамар, ки суперпосредник ҳаст ин қаллобро ҳифозат мекунанд. Чаро? Чунки аз Гулчеҳра Меликова пул-пора мегиранд. Ва Қамар як қисми пулро ба худаш як қисми дигарашро ба Қурбони амниятӣ ва Зафари консул медиҳад. Ва ин Гулчеҳра Меликова дар ҳама ҷойҳо мегӯяд, ки «ҳеҷ кас ҳеҷ чизам гуфта наметавонад. Ман доляи Қурбон ва Зафарро медиҳам, касе чизе маро намегуяд. Инҳо ҳам як ҳаромхуранд, ин консулгариаш ҳам, аку даъво кардӣ чи фойда гирифтӣ?» Ҳаққи Зафару Қурбонро ба воситаи Қамар додам, ҳеҷ чизам нагуфтанд. Аку пулта доданӣ будам дигар намедиҳам». Ба як нафар қарздора Гулчеҳра Меликова айнан ҳамин тавр гуфтааст.
Мошенники рақами 1-и Екатеринбург Гулия мебошад.
Ин Гулия аз 7 миллион рубл зиёдтар аз мардуми муҳоҷири тоҷик гирифтааст вале барнамегардонад ва мегардӣ аз пасаш, туро заблок кардааст, намеёбиаш. Ин Гулия келини ҳамин Ганҷалӣ аст. Тахминан ягон 7 моҳ пеш ба додари ҳамин Ганҷалӣ Исоқов бо номи Далери дузд ва герчик ба шавҳар баромада аст.
Тибқи маълумоти ватсапи Гулия вай- Меликова Гулия тахминан 30 то 38 сола аст.
Ва боз ин Гулияро як чанд коргари собиқи Вазорати корҳои дохилӣ ҳимоят мекунанд. Барои ҳамин мардум пулҳояшонро гирифта наметавонанд аз дасти ин сархури Гулия. Бисёр беваи шаттоҳ аст: «пулта мегирад, коратро анҷом намедиҳад ва туро заблокироват мекунад».
Гулияро Қурбони амниятӣ ва Зафар низ (ҳоло иҷрокунандаи вазифаи сарконсул дар Екатеринбург) ҳимоят мекунанд ва боз чанд нафар, ки коргари давлатӣ нестанд.
Ганҷалӣ мегӯяд, ки «Ёр шогирди акаам аст. Акаи ман Ашур ном дорад, полковники собиқ ҳаст ва дар тамоми ҷойҳо одам дорад. Инки Ашӯр корманди пешини милиса аст, дар воқеъ ҳамин тавр будааст, аммо Ашур рутбаи полковникӣ дорад ё не, номаълум. Вай бо як шогирдаш, собиқ милиса бо номи Ёр ё Ёрмаҳмад ва як таксист, ки Эраҷ ном дорад ва дигараш Хусрав дар фурудгоҳи Екатеринбурги Русия кор мекунанд, сумка мепечонанд. Нафари дигар дар онҷо Дима ҳаст, ки вай низ аз ин Гулия ҳимоят мекунад».
Ин буд он иқтибос.
Ва ҳоло боз як пораи дигар аз барномаи № 325-и «Номаҳо…»
« «Ман чандин аризаҳои шифоҳии занҳои тоҷикро дорам, ки аз Гулчеҳра Меликоваи машеник намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд, ҳеҷ кас ба додашон намерасад.
Гулчеҳра яъне номи аслияш ва Гуля кличкааш. Ин як шахсе мебошад, ки дар шаҳри Екатеринбург мошенники рақами 1мебошад. Ин зиёда аз 10 миллион рубли мардумро фиреб карда гирифтагӣ аст. Аз он ҷумла аз мо- як оила 450 ҳазор рубл гирифт ва сеюм сол мешавад пуламонро намедиҳад. Аз як дугонаам 270 ҳазор рубл ва боз аз шиноси дугонаам 150 ҳазор рубл гирифтагӣ аст. Вай чунон «боқувват» аст ки агар дар консулгарӣ шикоят кунӣ аз об қоқ мебарояд. Мо фаҳмидем, ки кришаҳояш бисёранд. Агар дар МВД шикояташ кунӣ Ёр бо номи Шерка мегӯяндаш ҳимояташ мекунад. Агар ба рекетҳо шикояташ кунӣ Дима ё Хуршед мегӯяндаш ҳимояташ мекунад. Дар консулгарӣ Қамар ва Қурбон ҳимояташ мекунанд. Ин ҳароми худобехбар тамоми мардумро фиреб карда гаштааст. Намедонем, ки дар куҷо ва ба кӣ арзу додамонро бигӯем.
Мо ҳайронем, ки барои чи ягон мақомот нисбаташ чора намебинанд, хуни мардумро хурда гаштааст. Зангаш мезанӣ, заблокироват мекунад. Ду, се сол мешавад, ки кофта истодаем. Ягон кас ягон кораш карда наметавонад. Маҷбур шудем, ки ба Ислоҳ нависемаш, дигар чора надорем.
Ба маълумоте, ки аз бачаҳои амният ба мо расид ин Ёр бо лақаби Шерка бивший мент будааст ва байни мардум овоза ҳаст, ки уволиташ карданд. Таксӣ мезанад. Аммо ин овозаҳо ҳамааш дуруғ мебошад, ин ҳоло ҳам кор мекунад, беҳуда мент бивший небивает намегӯянд. Шогирдаш Дима дар байни бачаҳои куча мегардад. Ку бинем, ки кӣ чи мегӯяд гуфта ва дарав ба Ёр хабар мекунад, бузаш аст. Шогирди дигариаш Эраҷ, таксӣ мезанад. Ин ҳам чизеро, ки фаҳмид дарав ба Ёр хабарро мерасонад. Шогирди дигариаш Хусрав аст, ки дар аэропорти Колцова стреч мезанад ва дар ҷои симкарта кор мекунад ва дар байни мардум, ку кӣ нисбати ҳукумат чи мегуяд дарав ба Ёр хабарро мерасонад. Аз бачаҳои амният маълумот гирифтем, ки соли гузаштаи 2025 бо маълумотҳои Ёр ду нафарро аз шаҳри Екатеринбург, ки якеаш 2500 рубл ба мухолифин гузаронда будааст ва дигараш ҷонибдорӣ карда буд, қапида бурданашон, 10-12 солӣ суд шуданд.
Нафари дигар маълумот дод, ки аз рӯи ахбори Ёр соли 2025 ду нафари дигарро аз Москва қапида бурданд, ки якеаш 9 ва дигариаш 13 сол гирифт. Гуфтаниам, ки мардум бидонанд ва боварашон накунанд. Инҳо бузҳои МВД мебошанд.
Дар байни мардум мегарданду информация мегиранд. Дар ҳақиқат кор мекунанд. Ба Ёр, Дима, Хусрав ва Эраҷ гуфтаниям, ки агар бузиатонро бас накунед, нисбататон бисёр маълумот гирифтем ва ҳоло таҳти санҷиш мебошанд, ку то кадом андоза асос доранд. Дар навиштаҳои оянда гуфта мешаванд, бас кунед ин корҳои разилонатонро.
Ба консулгарӣ муроҷиат мекунанд. Коргарони консулгарӣ мегуянд равед дар мақомоти Русия муроҷиат кунед. Ин мазлумҳое, ки муроҷиат мекунанд, бисёриашон патент надоранд, ё ки ягон ҳуҷҷат, ки ягонҷо муроҷиат кунанд, бечораҳо мемонанд дар нимароҳ.
Ин дар салоҳияти Қурбон аст ки Гулиияра кашида сар диҳаду пулҳои мардумро то ҳаддал имкон баргардонад. Чунки ин Гуля аз ин Қурбони амниятӣ сахт метарсад. Мегӯянд одами хуб нест, аз ин тарсидан даркор аст. Боз мегуям, ки акаи Зафар, акаи Қурбон, Ман ба Шумо хусумат надорам, вале шумо вазифаи худатонро хуб иҷро кунед, ба доди мардуми мазлуми тоҷик расидагӣ кунед, ман бас мекунам навиштани нома ба Ислоҳ-ро. Аммо агар боз ҳам ин гуна корҳои пастатонро давом диҳед боз менависам. Ман хабарнигори Ислоҳ мешавам дар Екатеринбург. Хело бузичаҳоятонро медонам, ки агар бас накунед, нисбаташон менависам ба Ислоҳ бо аксҳояшон ва маълумоти бисёр дорам. Гапу ҳарф бисёр ҳаст. Боқӣ ҳамаатонро худо ҳифзатон кунад».
Ин буд иқтибоси дуввум.
Ислоҳ» навишт, мақомот боздошт карданд
Ва,ҳоло аз оқибати моҷарои Гулия ва рафти тафтишоти вай мегӯем
Баъди барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» Гулияи Екатеринбург дастгир шуд ва ба Тотористон рафт. Камаш 10-12 сол срок мегирад. Шукри худо мардум халос хӯрданд. Ана ин аст натиҷаи мусбати кор.
Чи тавре ҳамагон огоҳ ҳастанд дар Екатеринбург ҳамаи муҳоҷирон аз дасти Гулчеҳра Меликова гуфтанӣ як зан ба дод омада буданд. Акнун ҳама халос хӯрд аз ин бадбахт. Ин Гулия тақрибан 15-20 нафарро фиреб дода аст. Як мардро пулашро гирифт, ки паспорти русӣ сохта медиҳам, аммо фиреб кард. Чандин вақт ин мард ба хонаи Гулия ӯро кофта меомад. Вале ниянкааш Гулия нест гуфта ҷавоб медод.
Як рӯз ин мард бо ( номи Алег) аз қафояш поида мебиёяд хонаи Гулия, ки нияанкаш Гулия ҳоло наомадааст мегӯяд. Аммо ин мард «чи тавр, ҳозир даромад ку» мегӯяд. Вале ниянка нест дар хона гуфта мардуро ҷавоб доданӣ мешавад.
Ин мард дарро зада ба хона медарояд, ки Гулия бачаашро тела мекунад. Бачаи Гулия меғалтад дар болои кӯрпача. Гулия доду бедод ва фиғон мекунад, ки марди бегона хонаи ман даромада мора зад ва ба мард тӯҳмат мекунад. Лекин ин мард ба сари пулаш омадагӣ буд. Баъдан ин одамро милиса фарёд мекунад. Гулия мегӯяд, ана ҳамин мард хонаи мо даромада моро зад. Ин мард мегӯяд, ки ман пул барои гирифта додани паспорти русӣ. Вале Алег доказат карда наметавонад. Чунки Алег пули наличий додагӣ, карта надорад. Беҳуда ва бо тӯҳмат ин Алегро барои се сол тюрма кард.
Хонаи Гулчеҳра Меликова он вақт дар тарафи мавзеъе бо номи Горний шит буд. Хонаи ҳозирааш дар тарафи улитса Масковский. Мегӯянд дар ҳамон тараф аст- улитса Татишева- 4,квартира 52, дар 3 этаж зиндагӣ мекунад, худаш бо ду мард. Яке аз онҳо шавҳараш, дигариаш ҷӯраи шавҳараш мебошад.
Ҳоло ин Гулия як занро бо номи Нозанин ба маблағи се миллион рубл кидат кардааст. Он занро фиреб кардааст, ки хона гирифта медиҳам. Ин зани бечора хонаашро дар Тоҷикистон фурӯхта омада будааст. Аммо ин Гулия пулро гирифта ба худаш мошини Митси биши рангш сурх харидааст ва бо рақамҳои р603кв 196 мегашт. Доимо аз он заправкаи Газпром бакашро пур мекунад. Ин заправка дар кӯчаи Ферганский 22 қарор дорад, рӯбарӯи мактаби 87.
Боз ин Гулия барои пул шуда як зани панҷакентиро фиреб карда бо як марди рус ЗАГС кард, ки санади ВНЖ- вид нажителстфо гирифта медиҳам. Аз ин зани панҷакентӣ 250 ҳазор рубл гирифта фиреб кард. Ин зани панҷакентӣ то ҳоло дуъои бад карда гаштааст. Гулчеҳра Меликова бошад хурсанд кайф карда гаштааст.
Аммо дуъои мардум гирифт ин Гулияро. Чунки ду духтар дорад, ки якеаш аз дасти пули ҳаромхӯрии модараш ва мардуми бечораро фиреб кардан каслӣ аст. Ин оқибати кори ҳаромхӯр аст. Оқибат дуъои бади мардум гирифт.
Баъди барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» дастгир кардан гуфтааст, ки ман хабар медоштам Муҳаммадиқболро занг зада мегуфтам, ки ин номаро нашр накунад: «ман як миллон рубл мепартом ба счети Ислоҳ. Охиру оқибат маро ин нома ба паси панҷара бурд гуфтааст». «Аммо ман ба зудӣ мебуром бо ин корама давом метиям» гуфтааст.
Ҷабрдидаҳои боқимонда ҳамаашон аз қафои ин Гулия ҳоло дар милисахона сарсон гаштаанд. Ба касе документ карда додагӣ буд ҳамааш бекор карда шудааст, чунки сохта –фалшивий будааст.
Бо як зани рус, ки он зан дар Сулимова 46 кор мекард, робитаи наздик доштанд. Ҳоло ин зани рус ҳам дар тюрма қарор дорад. Боз касе дар картаи Гулия пул перевод карда бошад ҳамаи онҳоро фарёд доранд ва пурсида истодаанд, ки барои чи пул перевод кардӣ ва тафтиш доранд.
Гулия дар байни ду сол се маротиба шавҳар кардагӣ аст. Якумаш дид, ки ин Гулия машеникиро сар карда истодааст, дар ҳол ҷудо шуд. Вале аз байн як моҳ нагузашта сраза дуюм шавҳар кард. Бо ин ду шавҳараш се моҳ зиндагӣ карданд. Аммо ин мард номусаш набардошт ин зани ҳаромхуррову дарҳол ҷудо шуд. Баъдан аз байн як ҳафта нагузашта сеюм шавҳар кард. Шавҳари сеюмаш муҷаррад буд. Падари ин шавҳари сеюумаш калони яке аз казиноҳои Екатеринбург будааст. Келини одами бисёр пулдори калон шудам гуфта фукаш осмонӣ шудагӣ буд. Хусураш 150000 рубл додааст,ки қарзи мардумро баргардон гуфта аммо ин ба ҳич кас надодааст.
Ҳозир бошад Гулчеҳра Меликоваро боздошт карданд ва ду духтарчаашро бо детдоми Екатеринбург супориданд ва худи Гулияро ба паси панҷара шинонданлд. Гап -гап аст ки камаш 10-12 сол срок мегирад. Аммо ин кам аст. Ин бояд 20-25 сол гирад. Чунки хонаи чандин нафарро сӯзонд. Оқибат худаш сӯхт. Агар ҳоло ҷабр дидаҳо-потерпевшийҳо жалоб –шикоят накунанд ин 10-12 сол срок мегирад. Вале агар мардум жалоб кунанд, вой ба ҳоли Гулия. Мардуми ӯзбекҳо ҳоло хабар надоранд аз ин ки Гулия дастгир шудагӣ аст. Фаҳманд баъд чи гап мешавад номаълум. Хело узбекҳоро фиреб додагӣ аст ва аз онҳо чанд милион рубл аст онашро Аллоҳ медонад?
Бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол, ман ҳоло ҷустуҷӯ дорам, боз менависам ба шумо, ки чи гапу кор шуда истодааст ва дар байни мардуми муҳоҷири Екатеринбург дар бораи ин Гулчеҳра Меликоваи фиребгари ҳаромхӯр чиҳо гуфта истодаанд.
Ва, охирин хабарҳое, ки ба дасти «Ислоҳ» расид:
Гулия аз консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург кӯмак хостааст ва ба акаи Қурбон рӯ оврдаааст: «маро аз инҷо наҷот деҳ, ба ивазаш 1 миллион медиҳам. Айни замон аз Қурбони амниятӣ ответ наомадааст.
Айни ҳол духтарчаи калониаш дар детдоми Екатеринбург қарор дорад, тақдири хурдиш номаълум.
Гулия гуфтааст, ки аз корҳои кардагиам пушаймон шудам».
P.S
Оқибати қаллобӣ ҳамин аст. Бори каҷ ба манзил намерасад.
Инро ҳам донед ва огоҳ бошед, ки Ислоҳ кор карда истодааст. Нагузоред, ки Ислоҳ дар пошнаатон бишинад. Ҳатман мақомоти тафтишотии Русия бояд ҳамдастони Гулчеҳра Меликова дар консулгарии Тоҷикистонро ҳам тафтиш кунанд ва хело сиру пиёзҳои зиёд пайдо мекунанд. Дигар ниёз ба ном гирифтани ҳамаи он қаллобони консулгарӣ нест. Ба Гулчеҳра Меликова гуфтанием, ки Ислоҳ дар хидмати миллат ва мардуми мазлуми Тоҷик ҳаст ва харидаву фурӯхта намешавад. Он як миллионро ба ҳамон мардуми фиреб карда медоди қарзҳоят кам мешуд. Ислоҳ бо пули ҳаром сару кор надорад,ки аз дасти муҳоҷири мазлумбо роҳи фиреб гирифташуда бошад. Муҳим донед,ки ҳар матлабу наворе Ислоҳ нашр мекунад натиҷаи худро ҳатман медиҳад.
Ба онҳое, ки бо тамасхур мепурсанд: «Кори шумо чӣ натиҷа дорад?»— ҷавоб ҳамин аст. Ин натиҷаи фаъолияти «Ислоҳ» аст. Онҷо, ки баъзе мақомот пул мегиранд ва хомӯш мемонанд, вақте ҳақиқат дар «Ислоҳ» нашр мешавад, дигар сукут маъно надорад-маҷбур мешаванд чора бинанд.
«Ислоҳ»-ро дасти кам нагиред. Ин минбаре нест, ки бо пул хомӯш шавад ё бо фишор тарсад. Донед ва дар хотир дошта бошед: ҳар номе, ки дар «Ислоҳ» нашр мешавад, беасос нест ва дер ё зуд ба натиҷа мерасад.
