Номаи маро алоҳида нашр кунед №44
Шариф Ҷумазода, раиси нави Исфара, марафон эълон кардаст, марафони «ободӣ»-и шаҳри Исфара. Исфара ҳозир кипят, ба забони давлатии имрӯза «ҷушидестай».
Ин муллоро гӯ, ин омиро гӯ, ин намозхону ин бенамозро гӯ, ин рӯзадору ин рӯзахӯрро гӯ, ин муаллим, ин талаба, ин бангиву ин спортсмену ин таксисут, ин деҳқону ин говбону… хулоса, зану мард, пиру ҷавон, нафақахӯру маъюб — ҳама, ҳама ба ҳашари ҷамъоварии пул барои марафони Исфара, ки Шариф Ҷумазода «ташкил» кардааст…
Дар бораи Шариф Ҷумазода ва марафони вай поинтар хоҳем гуфт. Аммо ҳоло аз як тараф ва бо тартиб.
Аввал номаи омада ба Ислоҳро чоп мекунем ва сипас, чанде аз забти наворҳоеро, ки матнашро омода кардаем, пешкашатон мекунем, то аз ҳавлу ҳавои ахири Ворух ва Исфара огоҳ бишавед, манзара ва масъала бароятон намоён ва равшан шавад.
Нома аз Ворух: Шариф Ҷумазода: Барои марафони Исфара пул партоед!
Ассалому алайкум бародари аҳли ислом Муҳаммадиқболи Садриддин.
Вале ман он қадар нағз нависта наметавонам, барои ҳамин голосовой мефиристам. Ягон хатоӣ бошад, худатон ислоҳ кунед. Ман зодаи Ворух, аз ноҳияи Исфара, вилояти Суғд.
Баъди рафтани Баҳовиддин Баҳодур дар Исфара раиси нав омад. Ҳоло ду-се моҳ нашуда раиси нав гуфтааст, ки ҳар як хоҷагии Исфара бояд пул ҷамъ кунанд. Марафони Исфара мешудааст. Ин кор фақат барои шаҳри Исфара. Аз ворухиҳо маблағи 300-350 сомонӣ ҷамъ мекардаанд. Аз маҳаллаи Кӯчаи боло, ки ба номи Саъдулло Наимбоев мебошад, 53 ҳазор сомонӣ, аз маҳаллаи Навобод, даруни Кӯчаи боло 31 ҳазор сомон, ними маҳаллаи Сангтӯда 60 ҳазор сомон. Ҳамин тавр, зиёда аз миллионҳо сомон мешавад.
Ин қарори раиси шаҳр аст. Қарори шаҳр ин як қарори фалшивий аст. Дар ҳамон боло ман коғазчаро фиристодам. Ин коғазчаи Ворух ба раиси маҳаллаи Кӯчаи боло Зинуриддин Қодирбоев фиристода шудааст.
Зинуриддин домуллозода аст. Падараш домуллои маҳалла буд. Бобояш домуллокалон, худаш домулло, ҳоҷӣ аст. Аммо имрӯз яке аз бузҳои №1-и маҳалла мебошад, ки тамоми корро бо амният ва милиса мекунад.
Вақте ки солдат намеёбад, дар группа мегӯяд, ки мо агар солдат надиҳем, ба хонаи призивникҳо аз амният оварда мешинонад. Мо дар маҳалла ягон кор карда наметавонем. Ҳар як сари қадами моро назорат мекунад. Санади заминро обу лой кард ба ҳамаи хешу табораш, ки он ҳам бригадири маҳалла мебошад, тақсим карда дод. Ин Зинуриддин се вазифа дорад: ҳам домулло, ҳам раис, ҳам бригадири маҳалла мебошад. Вай понздаҳ сол инҷониб дар ин вазифа аст. Агар ӯ буз набошад, аз ин вазифа равад. Бовар кунед, халқ имрӯз доду фиғонаш дар олам ба осмон дакка мезанад. Халқ намедонад, ки чӣ кор кунад.
Боз гуфтааст, ки аз ҳар як хонандаи мактаб бояд 150 сомонӣ пул ҷамъ карда шавад, барои ободии мактаби №60.
Дар аввали сол ҳар як хонанда барои китобҳои яксолааш, ки аз мактаб мегирад, 80-100 сомон пул медиҳад. Боз ҳаст ремонтпулӣ. Баъд аз моҳи май, баъд аз итмоми имтиҳонҳои давлатӣ ремонтпулӣ аз ҳар як хонанда 50-60 сомон мегирад.
Аммо имрӯз боз гуфтааст, ки аз сари ҳар як хонанда 150 сомонӣ барои таъмири мактаб. Ман намедонам, ки чаро як мактаб бо миллиардҳо сомон таъмир мешавад, аммо ҳеҷ не, ки ремонташ тамом шавад. Майлаш, мо барои таъмири мактаб, ободии мактаб медиҳем, чунки ин мактаби мо аст, кудакони мо мехонанд. Аммо, охир инсоф кунед. Мо ба ободии шаҳри Исфара барои чӣ пул диҳем? Магар сокинони шаҳр барои ободии деҳаҳо, масалан Ворух, ягон бор пул дода буданд?
Мо дар муҳоҷират, дар Федератсияи Русия қарор дорем. Имрӯз вазъият бисёр ҳам дар Русия вазнин аст. Дар ҳавои хунук кор мекунем. Пули ночиз медиҳад. Пулҳои мо дер меояд. Як пули ночиз ба дастамон мемонад: патент диҳем, хонапулӣ диҳем, проездпулӣ, ишкампулӣ, барои сару тану расходи шахсӣ, пули регистрация, боз пул барои участковиву дигару дигараш, барои аҳли оила, барои кудакҳо — фарзандонамон, душвор аст, охир. Дар Русия ҳам шароити аксарияти муҳоҷирҳо хуб нест. Қисми ками онҳо пулдоранду ин гуна пулҳо ба назарашон наменамояд. Аммо на ҳама чунин аст.
Имрӯз дар маҳаллаи Кӯчаи боло Зинур чунон моро танг карда истодааст, ки халқ намедонад чӣ кор кунад. Дар ҳар як призив бояд 500 сомонӣ, яъне дар сол ду призив мешавад, ҳазор сомонӣ бояд диҳад. Рӯйхат дар дафтарчаи Зинур ҳаст. Постоянний рӯйхатро ба группа мепартояд.
Бовар кунед, ки шабурӯз дар группа гапаш фақат «пул те, пул те». Барои марафони шаҳри Исфара аз ҳар як хонаводаи ворухӣ сесад сомонӣ, аз ҳар як хонанда 150 сомонӣ, 500 сомонӣ сари ҳар як призивник пул ҷамъ мекунанд. Кори Зинур фақат «пул те» гуфтан аст.
Боз аламовараш он аст, ки марафон барои ободии шаҳри Исфара асту аммо худи сокинони шаҳри Исфара 100-150 сомонӣ ҷамъ карда истодаанд. Вале 300-350 сомонӣ аз ворухиҳову дигар мардуми деҳот. Ин рӯйхат дар дасти мо ҳаст.
Масъалаи солдат-призивник ҳам як дардиси сари сахт шудааст. Ду нафар шавад, сеюмашро мефурӯшанд. Салдат имрӯз бизнес шудааст дар Тоҷикистон. Аз ҳар як маҳалла бояд ду нафарӣ салдат роҳӣ кунӣ. Аз маҳаллаи мо се нафар шуд.
Дар призиви гузашта гӯё «хато шуд» гуфта Зинур се нафар роҳӣ кард. План ду нафар. Мо бояд ду нафар ёфта маҷбурӣ гусел кунем. Се нафар шуд. Як нафарашро мефурӯшанд ба дигар маҳаллу дигар шаҳр ва як пули калонро амният, военком, ҳукумати шаҳр то ҷамоат, ки шариканду қушанд, мегиранд. 50-60 ҳазор сомонӣ як маҳалл барои як салдат медиҳад ва он салдат аз дигар маҳал ба ҷои даъватшавандаи маҳаллаи дигар меравад хизмат мекунад.
Дар ҷанги қирғизу Ворух мо ҳамин хел зиқ шудагӣ набудем: «пула парто» гуфта моро маҷбур доранд. Боз ду-се пулдорои чоплусакҳо инҳоро поддержка карда истодаанд. Буз дар маҳалла бисёр шудагӣ аст. Сари қадам буз, то амният, то прокуратура, то милиса ҳамкорӣ доранд.
Ин Шарифҷон Ҷумазодаи раиси нави шаҳр ҳамаҷоро ҷазир карда истодааст.
Ва ҳоло акнун аз забти наворҳо, ки матнҳоро омода кардаем. Инҷо хоҳед фаҳмид, ки марафон чӣ қадар мардумро задеват кардааст ва агар онро иҷро накунӣ, яъне маблағро надиҳӣ, чӣ қадар домулло Зинур «шарманда ва хиҷолатзада мешавад» ва маҷбур мешавад, ки дар хонаат як амниятиро оварда дар қатори зану фарзандат ҷой кунад.
Матни наворҳо:
«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу аҳли гурӯҳ! Ҳаматон дуруст, нағз ҳаетон, гаштетон? Мусофиро шумо дуруст, фарзандакотон, тинҷетон.
А ҳамин ядигаротона бохабар кунитон акун. А ҳамин вай, а хиҷолат бароем хутомоям, ҳамемон, маҳалла. Дастгирӣ кунетон. Хай мо имрӯз саҳлтар, уқа ҳашар эълон кардем, мактаб мерем, мактаба ҳашар кунем, бо чизе гапу чизе кор шавад. Ҳамаҳотонба барои кор, тани сиҳат, хотири ҷамъ. Моҳи рамазонба тани сиҳат, хотири ҷамъ. Кам нашавему сафомо изофа шаваду ҳамая нияти некашба расонад. Тамоми бефарзандои дунёба фарзанд тияд, беморая шифо тияд, бебахтоба бахт тияд.
Ҳамемоя, доштагиҳомоя хонаи худоя, равзаи пайғамбарамоя зиёрат кардана худу бачаҳомон қатӣ насибу рӯзӣ гардонад. Омин ё арҳама роҳимин»
«Ассалому алайкум аҳли маҳалла, аҳли гурӯҳ. Ана ман ин коғаза, рӯйхата партофтам. 53000 сомон мо бояд, ки рӯзи шанбе марафон мешад, ҳамина бурда ба назди клубанда партофта доданомо даркор, се-чорта намоянда. Ҳамина ман шаб таробеҳанда гап зада будам, ҳамин масъалая. Хай ҳамаҳошон гуфтанд, ки инҷанда шароити дисодӣ вай. Ягона акун бачаҳоя муроҷиат кун, расиянгиҳо, Қазоқистон гуҷое, кадом давлате, ки бошетон, ҳамин намояндаҳо ҳайетон, ҳамин гӯш карсодетон, худо ба шукр мана таъзия шавад, ҳама ҳайетон. Ҳамин дастгирӣ кунетон, рӯзи шанбеба. Ҳамин рӯзои ҷумъа пул омаданаш даркор. Ман дига ҳисобама не. Мо ҳозир намози асранда як бист кас будем, ҳамин гапа гуфтем. Ҳамаҳошон ҳамин гапа. Ман коғазоя имрӯз гирифта омадам, шаб неки бекоғаз омадагӣ будам. А ҳамин дига ҳисобаш нест. Сардорои гурӯҳ, администратор ҳамина дастгирӣ кунетон. Ҳамина ҳисобаша ёфтанамо даркор. Байни маҳаллаҳонда маҳаллаи вай нашавему беобрӯ нашавему ина дастгирӣ карданома даркору халос.
Боқӣ паноҳотон ба Худо! Тани сиҳату хотири ҷамъ тияд ҳаматонба, Худованд даргоҳашанда қабул кунад. Ин моҳи рамазон моҳи хайрай. Хайр кунетон, худо хоҳад баракаашро метияд, Худованди карим! Паноҳотон ба Худо».
«Ваалейкум ассалом додарако, акоҳо. Ин фақат барои ободии шаҳри Исфара. Ин як хутомоба не. Тамоми ҳамин райони Исфараба, ҷамоатошба, кӯчаҳошба, маҳаллаҳошба, тамомашба ҳамина андоз кардагӣ. Ҳар як шаҳрванд, ҳамин як ҳавлӣ сесад сомон доданаш даркор, барои ҳамин. Мо а инҷа халқа туп карда наметонем, ку мисол. Даромада дарбадар туп карданам вай не, шароит не. Барои ҳамин мо шумонба муроҷиат кардем, ки ана ҳамина барои ободии шаҳри Исфара, ҳамин 53 ҳазора хутомонба налог бастагӣ, ҳамина мо бояд, ки супорем. Ин Навобод 31 ҳазор сомон. Мо Навободба гуфтагӣ ҳамаша. Ана ҳамиқа кор.
Ина ман ҳамиқа мефаҳмонам, ки ҳамина халқа халқ дастгирӣ кард, ҳамин кора карданомо даркор. Ягона шумо дастгирӣ накунетон, агар мо халқ қатӣ инҷанда дарбадар рафтаномо қийин. Аммо сонӣ ҳамаям намеёбем барои ҳамин».
«Бори дигар ассалому алейкум йигито. Ҳамин якта нимта нофаҳмиш бошад, телефони худамба тилфон кунетон. Ин группаи хутомо чанд ҷонда қуш. Бохавар шаветон, гапа эҳтиёт карда гӯетону нофаҳмӣ бошад, ягон гапатон бошад, тилфон кунетон, тилфони худамба. Обшиба нагӯетон, ки обши чанд кас гӯш мекунад, чанд кас мефаҳмад, ҳар гиҷо. Бохабар шаветон.
Паноҳотон ба Худо. Пула ундафъанги борин через авлодотон гусел кунетон. Ин картая мондан нашусодас, ҳисобамо гум. Ҳисобба гиретон».
«Ассалому алайкум аҳли гурӯҳ, аҳли маҳалла, ҳаматон дурусту нағз, тинҷу есан амон гаштетон.
Йигито, ҳамин рӯйхат — дуто рӯйхат. Болонгиш рӯйхати моҳи майангӣ — пули ҷамъ кардагиҳомо, расходи кардагиҳомо. Обши сездаҳ кас 500 сомонӣ додагӣ — 6500 сомонӣ пул. А, призиви пешангеш сар карда расход карда омадагӣ, амуқа пул ҳисобба гиретон, ман ҷамъ кардагӣ, расходаша навистам, бинетон расходаша, 650 остатка мондагӣ дастаманда.
Ин дуюмин рӯйхати партофтагим рӯйхати наве, ки ҳозир ҳамин бачаҳо баъзеҳошон документ доданд, баъзеҳошон документ надодагиҳошон ҳам вай кардагӣ. Ҳамина ҳисобба гиретон.
Ман пеш ақибтар ҷамъ мекардам пула, бисёр вай шуд, кашола шуданд. Ино мешад. Баъзеш баъди ду моҳ-се моҳ сонӣ метияд.
Ҳозир якти дигар бача даркор салдат моба. Мо бояд, ки се та салдат тем. Ҳозир дута салдатомо ҳай, худоба шукур. Якти дига салдат. Шумоба 10 рӯз срок. Пул йигито, пул надодагӣ одама рафта мегӯм мурда авлодаша мегирад мӣ, хешаша мегирад мӣ, табораша мегирад мӣ, чӣ коре, ки мешад, ҷавоб метат. Пулаша тетон бегапу бекалоча шинам. Хай яти дига харида те гуфсосу маям гуфсодам, ки ҳамин дуташ манба бас. Дуташ бас гуфта, кашокаш карда шиштиям.
Хай, инҷангиҳо, маҷлисба будагиҳо медонад, набудагӣ одам намедонд. Неки гуфта монам, пул намедодагӣ одама ҳавлишба одам оварда шинондам. Хостанд, бурда нишон метиям. Манам безор шудагӣ, бовар кунетон, а ҳамин правления, ҳамина ҳисобба гиретон.
Паноҳотон ба Худо! Тинҷу амон бошетон.
Ҳамин якдигаротонба хабар тед, ҳамин рӯйхатбудагиҳоба, авлодотон, аждодотон».
Хуб, хонандаи азиз, бо авзоъ ошно шудед. Аммо як ҷои корро таваҷҷӯҳ кардед? Ҳамин нафар, ки гуфта мешавад Зинур аст, мегӯяд, ба забон иқрор мекунад, ки худаш ҳам безор шудааст. Воқеан ҳам ҳама безор шудаанд. Чаро бояд халқ пул диҳад? Иқрор ва эътироф мекунад, ки барои маҳаллаи онҳо ҳамин 53000 сомонӣ андоз бор шудааст. Хуб, ин андоз аз ҳамон андозҳои Амир Олимхон чӣ фарқ дорад? Роҳро мардум пул ҷамъ кунад, мактабро мардум пул ҷамъ кунад, беморхонаро мардум пул ҷамъ кунад, стадионро мардум пул ҷамъ кунад, трансформаторро, симу сутуни барқро мардум пул ҷамъ кунад ва мардум боз налогу гумрук, дигару дигар диҳад, пас ин ҳукумат барои чӣ даркор аст?
Дар як ҷои дигар Зинур мегӯяд, ки ҳушёр шавед, ки гапи группа берун набарояд. Чун медонанд, ки ин корашон ғайриқонунӣ, ҷиноят аст ва инҳо дар ҷомаи ҳукумату ободкорӣ ба дуздиву ғорати мардум машғуланд. Ва нуктаи аз ҳама ташвишовар ва ваҳшатнокаш ин аст, ки раиси маҳалл, бригадир ва имоми масҷид қавми худро, мардуми худро, аъзои худро таҳдид мекунад ва тарс медиҳад, ки агар иҷро накунед, дар хонаатон амният оварда мешинонанд. Маълум аст, ки «амният» куҷоӣ аст.
Ва боз агар хуб хонда бошед, пай бурдед, ки мегӯяд, мардум гуфта истодааст, ки «шароитро дида истодаӣ ку» ва барои ҳамин ба расиянҳо ва ба Қазоқистонбудаҳо муроҷиат кун.
Ин маънояш ин аст, ки мардум имконият надорад, безор шудааст.
Дар номаи бародари ворухӣ, ки дар аввали ин навишта овардем, зикр шудааст, ки баъзе аз бузҳову чоплусҳо мисли Фазоиддин Акрамбоев, Мираҳматов Фарҳад ва Ҳалимбой Шокиров Зинурро поддержка мекунанд. (Ин бародар хотиррасон кардааст, ки дар кадоме аз барномаҳои қаблиамон мо дар бораи Фарҳад Мираҳмадов навишта ва гуфта будаем. «Ислоҳ.нет»). Ҳатто дари баъзе аз масҷидҳоро маҳкам кардаанд ва дар баъзе маҳаллаҳо светҳоро қатъ кардаанд. Сабаби қатъи свет ин аз ҳар маҳаллаи Ворух омода кардани ду-се призивник будааст. Пас, маълум мегардад, ки ин хату хабарҳои ду-се соли ахир, ки Ворух якум шуда нақшаи даъватро иҷро кард, як дурӯғи дигару калони режими Раҳмонов будааст.
Ва, акнун ду ҷумла дар бораи Шариф Ҷумазода. Шариф Ҷумазода мудири Котиботи Сарвазир Қоҳир Расулзода буд. Аз онҷо рафт раиси Ҳисор шуд. Аз Ҳисор оварданд раиси Кумитаи рушди маҳал монданд ва аз онҷо оварданду дар моҳи январи имсол раиси Исфара карданд. Дар бораи ин одам Ислоҳ чанд матлаби муфассал чоп кардааст. Вай одами Қоҳир Расулзода ва кошелеки ӯст. Исфара як ноҳияи калон ва пурдаромад аст.
Ҳоло бубинед, ки ин раис чӣ махинатсия ва чӣ афёраеро рӯи даст гирифтааст: марафони Исфара. Фарз кардем, дар Исфара 50 ҳазор хонавода ба сар мебарад, бидуни шаҳри Исфара. Акнун ин рақамро ба 300-350 сомонӣ зарб занед. Чанд миллион ҳисоб кардед?
Фикр мекунед, ки ин маблағро куҷо масраф мекунад? Масраф мекунад ё не?
Хулоса, ҳама бояд дар ин марафон махинатсия иштирок кунад. Вагарна, масалан, дар деҳи Ворух, дар Кӯчаи боло домулло Зинур ҳолаш бад мешавад ва барои он ки ҳоли ин домулло, раис, бригадир бад нашавад, хиҷолат накашад, бояд сокинон 300 сомонӣ бидиҳанд. Ҳай доду бедод!
Ин бародари муаллифи ин нома барои мо чанд аксе аз рӯйхати пулдодаҳо, боз дар бораи масорифи дигари деҳаи Ворух, ки масалан барои подаркаи солдатҳо чанд пул (2200 сомонӣ) ҷамъ карданд, фиристода буд, ки мутаассифона хира буданд ва истифода карда натавонистем. Умедворем барои барномаҳои баъдӣ мефиристанд.
Пасгуфтори Ислоҳ
Он чӣ дар ин номаҳо хонда шуд, «марафон» нест-ин як низоми ошкорои фишор, таҳдид ва пулситонӣ аз гардани мардуми бечора аст. Вақте мардумро бо тарс, бо амният, бо шармандагӣ ва бо рӯйхат маҷбур мекунанд, ин дигар ободӣ нест- ин ҷиноят аст.
Ободӣ бо ихтиёр, бо шаффофият ва бо масъулият мешавад, на бо «пул деҳ, вагарна…». Ҳукумате, ки роҳ, мактаб, беморхона ва ҳатто даъвати ҳарбиро аз ҷайби мардум месозад, дигар наметавонад худро ҳимоятгари мардум номад.
Мардум бояд бидонанд: хомӯшӣ идомаи зулм аст. Ҳар касе, ки имрӯз маҷбур мекунанд пул диҳад, ҳақ дорад савол кунад, ҳақ дорад рад кунад, ҳақ дорад садо баланд кунад.
Агар имрӯз садо баланд нашавад-фардо ин «марафон» ба як қонуни доимӣ табдил мешавад.
Вақт расидааст:
на тарс, балки ҳақиқат гӯем.
