Қубодиён: ғорати ошкоро, ҷаримаҳои дуздона ва таҳдиди амният ба мардум

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед 45

                   Ҷаримаи беасос барои «счетчик»

«Моро дар Қубодиён бе ҳиҷчи 1000 сомонӣ ҷарима карданд. Мепурсед, ки барои чӣ? Барои онки счетчики мо барои як моҳ кам сум кор кардааст».

                        «Ободӣ» аз ҷайби пиразанҳо

«Дирӯз дар интернет дидам, ки як зани пир аз Кӯлоб буд ё аз Данғара барои саҳми худро гузоштан дар ободии ноҳия дар рӯзи модарон қадрдонӣ шуд. Охир ин як шармандагӣ барои як давлат нест? Наход як зани пир барои ободонии қишлоқ пул диҳад? Магар роҳбари ин давлат мурдагӣ аст».

                 Таҳдиди амният ва мусодираи паспорт

«Гуфтам кош намеомадам ба Тоҷикистон. Ин коргари амниятро чунон қаҳраш омад, ки «ту аз сиёсати пешгирифтаи Ҷаноб розӣ нестӣ, мебарем маҳкамат мекунем гуфта таҳдидам кард. Гуфтам «ака гуноҳа шумо кунед маро бурда маҳкам мекунед?!Охир паспортамро диҳед равам. Маро ҷанг дорад, ки ту беақлӣ, ки паспортатро дар дасти ҳар хел мусор медиҳӣ? Гуфтам ман надонам, чун вай гуфт ман кормандии амниятам ва паспортамро пурсид. Охир мебахшед, мусор дар аэропорт чи кор мекунад?»

Ин нома, ки аз Қубодиён ҳикоят мекунад, қисса ё саргузашти як нафар аз ҳамватанони муҳоҷири мо аст. Муаллифи нома бо баёни содаву равон аз вазъи ноҳияаш ва низ аз ҳаводисе ҳикоят кардааст, ки бевосита бо худаш рӯй додааст, қаҳрамони марказӣ худаш аст. Таърих нақл намекунад, иттифоқоти ҳамин шабу рӯзҳоро менависад.

  Дар оғози матлаб чанд сархатеро ба унвони реклама аз даруни худи матн берун овардаву бо ранги сиёҳ дарҷ кардем. Мутолиа фармоед, ки хеле ҷолиб аст.

Вале ман мутмаинам ва чандин навиштҳои матбуъу номатбуъи дигарро ҳам дорем, ки чунин сарнавишт на танҳо бар сари ин бародар омадааст. Аммо ин бародар тафовуташ дар ин аст ки нишасту навишт ва ба «Ислоҳ» равон кард. Ва, аз мо хоҳиш кард, ки агарчи номааш кӯтоҳ аст вале онро ҷудогона ва дар барномаи «Номаи маро алоҳида чоп кунед» ҷой диҳем ва як шумораи ин барномаро ба ин навиштаи ӯ ихтисос диҳем.

Мо бо камоли майл ин хоҳиши бародарро, ки аз муаллифони фаъоли мо аст иҷро кардем ва инак ин нома ва ин ҳам шумо хонанда ва бинандаи «Ислоҳ».

Қубодиён: аз ҷаримаи 1000-сомонӣ то зулми ошкорои амният ва мақомот

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як сокини ноҳияи Қубодиён ҳастам.

 Имрӯз мехоҳам, ки як шикояти худро ба шумо бирасонам. Беҳтар аст аз як зулм бигӯям.Чунки дар ин ноҳияи мо шикоят як тараф истад, зулм то ҳадди охир, то гулӯямон омада расидааст ва намедонем ба кӣ ва куҷо муроҷиат кунем, ба кӣ арзу доди худро бигӯем. Худоро шукр, ки шумо ҳастед ва ба доди мо мерасед, вагарна мо мепусидему мемондем.  

Светро худашон медузданду мефурӯшанд, ба мардум намедиҳанд. Лекин мардумро омада ҷарима мекунанд.

Моро дар Қубодиён бе ҳиҷчи 1000 сомонӣ ҷарима карданд. Мепурсед, ки барои чӣ? Барои онки счетчики мо барои як моҳ кам сум кор кардааст. Шумо бояд счетчики  сифровой мечаспондед гуфта ҷарима карданд. Наход дар ҳамин моҳи шарифи Рамазон 1000 сомонӣ ҷарима кунӣ? Хуб, 100 сомонӣ, 200 сомонӣ ҷарима кун. Наход 1000 сомонӣ? Медонед дар Тоҷикистон 1000 сомонӣ пули кам нест. Худоё, худовандо ин пулро дар мотами зану фарзандонат масраф кунед.

 Аз русия ин пулро 10 ҳазор рубл роҳӣ карда буданд, ки 12 март рӯзи даргузашти модарам буд, ягон хӯрок тайёр карда ба ҳамсоягон садақа кунем. Онҳо ин пулро гирифтанд ва ин маърака монд.

 Дар интернет борҳо шуд аз дуздии қувваи барқ мегӯянд. Вале мардуми одиро беҳуда зулм мекунед. Соли 2016 ё 2017 буд, ки як нафари дигар омада буд. Вай бе иҷозат даромада хонаҳоро мекофт. Вай лампаҳои давраи союзро мекофт. Ҳозираҳо сафед равшанӣ мекунаду онҳо зард равшанӣ мекунад ва ҳам арзонтар. Ман якто часпондандагӣ будам. Барои очаам ва бибиям, ки он вақт ҳарду зинда буданд. Он лампочка хуб равшанӣ мекард. Барои ҳамон лампочкаи давраи союз ҷарима карданд, ки чаро шумо аз фурӯзонакҳои ҳозира истифода накардеду аз пешина истифода кардед. Ман гуфтам чи фарқ дорад? Счетчик мондагӣ, чанд пуле кор кунад медиҳем. Не мегӯяд мумкин нест. Ҳамин қадар асабҳоям вайрон шуд. Ҷанг кардам, дашном додам. Падарам омаду гуфт ту хона даро. Ва падарам ҷаримаро дод. Баъди гирифтани пул хандида рафт. Чунки маълум аст ин суми ҷаримаро ба давлат намесупоранд, балки ба кисаи худашон мезананд.

  Э, лаънаткардаи Аллоҳ, э, пешоби миллат. Вақте ки як раиси ноҳия ё ягон нафари дигарро ба сари вазифа мемонӣ аз ӯ пул нагир. Вақте ки сум мегирию ба сари вазифа мемони вай дигар аз куҷо ба фикри мардум мешавад? Ҳамеша дигар дар фикри чигуна аз мардум пул кандан ва он пули додаашро чи гуна дубора бармегардонаду боз фоида мекунад.

  Ҳозир мебинӣ Давлаталӣ Сайидов қадаш ду метр дар ҳар ноҳияҳо гашту гузор мекунад ва боз чоплусаконаш онро дар интернет мепартоянд. Как будто хело ободӣ кардаанд, хело мардум розӣ ҳастанд.

  Охир, эй аблаҳ, аввал ҳамон видеоро соз бинед, ки ҳамон мардум аз чеҳраашон барфу борон мерезад, чунон зиқанд, ки аз чеҳрашон маълум аст. Ин бечораҳо ба даруни дил Ҷанобро лаънат мефиристанд, вале мо инҷо таърифаш  дорем. Лекин дар асл ҳамаи корҳои ободии ноҳияро худамон мекунем.

Дирӯз дар интернет дидам, ки як зани пир аз Кӯлоб буд ё аз Данғара барои саҳми худро гузоштан дар ободии ноҳия дар рӯзи модарон қадрдонӣ шуд. Охир ин як шармандагӣ барои як давлат нест? Наход як зани пир барои ободонии қишлоқ пул диҳад? Магар роҳбари ин давлат мурдагӣ аст, ба ҷое,ки ин занро пул диҳӣ, нафақаашро баланд бардорӣ, шарм надошта боз дар интернет нишон дода занро табрик карда истодаед, ки барои ободонии қишлоқ саҳм гузоштааст. Воқиан ҳам ин як шармандагӣ ва ин як беобруйӣ аст. Ман як шаҳрванди тоҷик ҳамин гуна фикр дорам, дигаронро намедонам.

Охир ин Раҳмонов худаш аҳмақу аблаҳ аст. Ҳайвон аз Раҳмонов боақлтар аст. Раҳмонов тамоми мардуми Тоҷикистонро мисли худаш аҳмақ карда истодааст, зулму ситамҳояш ку беохир.

Боз як ҳодисаи дигаро нақл мекунам. Соли гузашта Тоҷикистон баргаштам. Дар фурудгоҳ қапиданду пастпортамро гирифтанд. Гуфтанд, ки ришат баланд аст. Дар ҳоле, ки ришамро хеле кӯтоҳ карда будам ва аслан баланд набуд.

 Дар аэропорти Душанбе бачаҳои ришдори ришашон баланд, ки барои пешвози наздиконашон омада буданд, кам набуд.

  Маро як нафар патсани ёш салом дод. Гуфт, ки паспортатро деҳ, ман одами амниятам. Паспортро додам. Гуфт ин паспорти худат нест, ба ту монандӣ надорад ин одам. Қаҳрам карду гуфтам чашмонат соз намебинад, соз нигоҳ кун паспортро. Гуфт чи хелӣ гапзанӣ аст? Гуфтам дигар гуноҳ наёфтӣ, мегӯӣ монанд нестӣ. Сраза гуфт ришат баланд аст, медонӣ статияи салафият мезанам зиндон мешавӣ. Тарсондам. Берун баромадем. Сраза гуфт пул деҳ паспортатро медиҳам. Пули майда надоштам. Ҳамаи пулҳо 5 ҳазоррублӣ буд. Агар ҳазор рубл мебуд медодам. Пул надодам вай ҳам паспортро надод. Гуфт любой вақт биё сумро деҳу бигир паспортатро. 

  Ман рафтам ва пагоҳ саҳарӣ омадам. Ҳамин қадар мепурсам, тамоми аэропортро, аммо пайдояш намекунам. Дар дохили аэропорт ҳамин қадар   мекобем, нест. Коргарони охраннаи аэрапортро мепурсем, навбатдорро мепурсем, нест. Як кабинет медароранам ва як сейфро мекушояд: садҳо паспорт,ҳамаашро мебинам,нест. Дар аэропорт бо як бачаи амниятӣ ҷангамон мешавад. Ман намедонистам, ки вай коргари амният будааст. Гуфтам охир ин чи зулм аст? Паспорти маро гирифтааст намедиҳад. Ман як ҳафта мешавад имрӯз меоям намеёбамаш пагаҳ меоям намеёбамаш. Гуфтам кош намеомадам ба Тоҷикистон. Ин коргари амниятро чунон қаҳраш омад, ки «ту аз сиёсати пешгирифтаи Ҷаноб розӣ нестӣ, мебарем маҳкамат мекунем гуфта таҳдидам кард». Гуфтам: «ака гуноҳам шумо кунед маро бурда маҳкам мекунед?!» Охир паспортамро диҳед равам. Маро ҷанг дорад, ки ту беақлӣ, ки паспортатро дар дасти ҳар хел мусор медиҳӣ? Гуфтам ман надонам, чун вай гуфт ман кормандии амниятам ва паспортамро пурсид. Охир мебахшед, мусор дар аэропорт чи кор мекунад?. Агар сиёсати ҷанобтон ғалат бошад мо бояд аз ин сиёсат ҷонибдорӣ кунем? Дар фурӯдгоҳ амниятиҳои мусор чӣ мекобанд? Лутфан мусорҳоро аз фурӯдгоҳ ҷамъ кунед ва инсонҳоро монед, то шаҳрвандон барои чунин мусорҳо пешвоятонро лаънату нафрин накунанд!

 Баъд фаҳмидем, ки милисаи берун аз аэропорт будааст ва барои сӯм кандан даромада бачаҳои ришдорро тарсонидаву таҳдид карда сумҳояшонро мекандааст.( Лутфан дигар кушиш кунед ному насаб ва рутбаҳои чунин амниятӣ ва милисаҳоро ҳатман пурседу нависед,то мо чеҳра ва шахсияти ин мусорҳоро ошкор кунем.Ислоҳ)

 Бовар кунед, ки инҳо ба ҳаде ваҳшӣ ва дарранда ҳастанд, ки намедонам чи хел мемурда бошанд. Кофирҳо ранги инҳо нестанд.

Аз он тараф омадан дар сумкаам анору лимон меовардам барои бачаҳо. Бачаҳо аз Русия гуфтанд, ки биёр овардам. Дар аэропорт, дар таможний мегӯяд «и анорора ба мара овардай, чида ба мара анор наовардай»?

  Ранги беваҳои лаби об шиштагиву раҳгузарҳоро шарм надошта намёк медиҳад. Ман гуфтам барои чи ба ту анор биёрам, нашиносамат, надонамат.Қаҳраш кард, то компютерро, ҳамаро кофт. Ягон гуноҳамро меёфт ягон кор мекард, ки наёфт. Омадам ҳама қатор истодагӣ, охирон гузаргоҳ. Баъд зал ожиданий мегузаштем. Аз одамҳо сум мегиранд. Одамҳо аз ким кадом гӯшаи дунё мегузаранд, аммо мо агарчи пеши дар истодаем намемонанд гузарем. Паспортҳоямон як соат зиёд мешавад, ки дар дасташон аст. Лекин одамҳои дер омадагӣ сум мемонанд дар даруни паспорт, онҳоро тез ҷавоб медиҳанд, моро не. Баъд як зан ҷанг карда гуфт як соат шуд, интизорем чаро моро ҷавоб намедиҳед? Аз пушт одамҳоро ҷавоб дода истодааст.

Як ҳайвонсифаташ омада боз таҳдид карда гуфт даркор шавад, тамоман намемонам гузаштанӣ, гап дорӣ? Ман гуфтам телефонамро мебарорам камерааш мекунам. Боз дидам чорто камера дар тори сарам. Дигар натавонистам камера кардан.

  Як бача омад самолёташ дар ҳоли парвоз буд, аммо намонданаш бигзарад. Самолёташ парид рафт. Он қадар зорзор гиря кард. Гуфт «ака мепарад самолёт мара бе навбат бимон бигзарам, вақтро бе фоида нагзарон». Гуфт худат гунаҳгорӣ, дер кардӣ, айби ман чӣ?

Бовар кун бародар дар аэропорти Колцоваи Екатеринбург коргарони аэропорт худашон омада пассажирҳоро мегӯянд, ки биё тез бигзаронем. Аммо дар Тоҷикистон бошад, то сум надиҳӣ намегузаронанд. Охир ба ин тарзи давлатдорӣ шарм намекарда бошанд ҳамин чоплусону лесакон мегуянд: «Тоҷикистон ба пеш…»

 Ана ин аст дастовардҳои пешоби миллат, ки имрӯзҳо мардумро ба бадтарин ҳолат оварда расонида истодааст. Ин ҳама дардҳое буд,ки намедонам дар куҷо гӯям ва барои ин гуфтам ин номаро алоҳида нашр кунед ва мутмаинам ҳазорҳо шаҳрванди дигар мисли ман ва аз ман бештар чунин дардҳо доранд.

Пасгуфтори Ислоҳ

Он чӣ дар ин нома баён шуд, дигар на «камбудӣ» асту на «иштибоҳ»ин як низоми решадори ғорат, таҳқир ва тарсонидани мардум аст. Вақте аз як оилаи мотамдор 1000 сомонӣ мегиранд, вақте паспортро барои пул гарав мегиранд, вақте мардумро бо номи «амният» метарсонанд- ин давлатдорӣ нест, ин ҷинояти муташаккил аст.

Имрӯз дар Қубодиён ва садҳо минтақаҳои дигар як ҳақиқат ошкор шудааст:
мақомот на барои хизмат, балки барои кандани пул нишастаанд. Қонунро ба силоҳи ғорат табдил додаанд, амниятро ба воситаи таҳдид, ва вазифаро ба манбаи даромади шахсӣ.

Аммо бояд як чизро фаҳманд:
ин зулм беохир намемонад.

Ҳар ҷаримаи ноадолат, ҳар таҳдиди амниятӣ ва ҳар дуздии рӯирост-як санги дигар аст дар девори нобоварии мардум. Ва вақте ин девор фурӯ рехт, дигар ҳеҷ чиз онро нигоҳ дошта наметавонад.

Ба мардум мегӯем:
Хомӯш набошед. Ҳар зулмеро, ки мебинед-нависед, бигӯед, фош кунед.

Ба ин мақомдорони фосид ҳушдор медиҳем:
Рӯзе мерасад, ки барои ҳар сомонии ноодилона гирифтаатон ҷавоб медиҳед-на танҳо дар назди мардум, балки дар назди таърих. Лутфан ҳар амниятӣ, милиса ва ҳар ниҳоди дигаре мехоҳад аз шумо пулгирад ному насаб, вазифа ва рутбаи ӯро ҳатман пурсед ва муфассал ба Ислоҳ нависед. Шумо нагуед инҳоро ҳеҷ кор намекунанд, на ҳатман натиҷаашро пас аз нашр бо чашмонатон мебинед!

Ҳақиқат дер шавад ҳам, гум намешавад.

Share This Article