Семейканюс №27 

Ислоҳ нет

Давлат» мусодира мекунад, Семейка соҳиб мешавад

Нашри тозаи маҷаллаи «Семейканюс»-ро дар даст доред. Ин бор низ хабару маълумотҳои ҷолиберо аз кору зиндагии пушти саҳнаии аъзои «Семейка» бароятон омода намудаем.

 Ин бор «қаҳрамони марказӣ»-и маҷаллаамон Меҳрубон Сангинов, чемпиони як навъи муштзанӣ дар сатҳи байналмилалӣ аст.

Дар бораи Меҳрубон дар шумораҳои қаблии маҷаллаҳоямон маълумоти мухтасар пешниҳод карда будем. Дуруст аст ки Меҳрубон бо ОИЛА пайванди хуниву хешӣ надорад. Аммо ин Меҳрубон, ки какан -писари думоварди зани дувуми Раҳмон Исломиддини Хайриддин (Нуриддини тракторчӣ), раиси Тоҷикстандарт ва домоди Шарифбек Давлатови қудои Эмомалӣ Раҳмонов (хусури Таҳминаи Клеопатра) аст, аз ихтиёрот ва салоҳиятҳои беҳадду марз дар Тоҷикстандарт, яке аз ниҳодҳои ҳукуматӣ бархурдор аст, камтар аз узви Семейка ҷойгоҳу нуфуз надорад.

Маълумоти бештар дар бораи Сангинов Меҳрубонро дар қисмати охири маҷалла мутолиа хоҳед кард.

  Вале, ҳоло тибқи риволи пешина хабарҳои тару тоза аз маҷаллаи нави «Семейканюс» пешниҳодатон мегардад.

 Ахбори Семейканюс:

  Зайнулло, аз Исмати дулик фурудгоҳро ҳам гирифт, тарабхонаи «Шаҳрисабз»-ро ҳам

Зайнулло Соҳибов ва ҳоло Шарифзода, бародари Шамсулло ва ҷиняи Зоири мундуқ, домодҳои Раҳмонов, ки ба муҷарради ронда шудани Исмати дулик аз раёсати фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, соҳиби ин курсии стратегӣ ва равғанӣ шуда буд, тибқи хабарҳои расида ба дасти мо на фақат фурудгоҳ, ҳамчунин ресторани «Шаҳрисабз»-и Исмати Дуликро ҳам аз они худ кардааст. Ин ресторанро ҳам дар ҳисобу шумори амволи мусодирашудаи Исмати дулик ба манфиати давлат конфисковат карданд. Бо номи давлат мусодира мешавад вале Семейка онҳоро азони худ мекунанд. Вале аҷибаш он ки ба Зайнулло расидааст ин моликияти мусодира шуда. Зайнулло Шарифзода писари Маҳмадулло Соҳибов аст. Маҳмадулло писари Ҳоҷӣ Шариф аст. Маҳмадулло ду писар яке Шамсулло Соҳибов ва дигари Зайнулло Соҳибов ва чор духтари дигар ҳам дорад бо номҳои Махфират, Маҳрам, Оля, Рухшона ҳастанд, ки ҳама дорои ҷойгоҳҳои бузург дар кишваранд.

  Ёдатон бошад автозаправкаҳои Умед-88 –ро мусодира карда буданд ба Шамсулло, расида буд. Мағозаҳои Орима ба Тахмина, мошини Тойота прадои ҳоҷӣ Ҳалим ба Умедаи духтари СС.Ятимов, осоишгоҳҳои Шоҳамбарӣ ва Зумрат ба Зоир расида буданд. Хуллас, ҳама молу чизҳоу чораҳои мусодирамешуда ба ҳамин Оила мерасад. Оила-давлат аст дигар.

Тарабхонаи «Шаҳрисабз» дар наздикии варзишгоҳи Спартак ва маркази тиҷоратии «Пойтахт», ки ба соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов тааллуқ дошт ва он ҳам ғасб шудааст, дар кучаи Телман-17 қарор дорад, ки онро чанд соли пеш Исмати дулик бо харҷи миллионҳо доллар сохта буд. Инҷо ҳам ғизои миллӣ ва ҳам урупоӣ таҳия ва пешкаш мешавад. Дуошёна аст. Барои маросимҳои то 200-250 муштарӣ толори хубу барҳавои муосир дорад. Ин тарабхона дар дасти рости роҳи калон  ҷой дорад. Аксарияти аъзои Оила ҳоло дар давру бари ҳамин ресторан барои худ қасру кӯшкҳо сохта истодаанд.

 «Ҳама хонаи авлод қариб ҳамиҷада. Ҳасани шикамба ҳам дар ҳаминҷо аст. Вақте мегардӣ кӯча дасти рост, агар аз тарафи Спартак ва роддоми№ 1 омада истода бошӣ, аввал як идораи амният аст баъд ресторани «Шаҳрисабз». Давомаш ҳама кӯчаро тудаи авлоди Эмомалӣ Раҳмонов, мақсад хешу таборҳояш гирифтанд. Хонаҳоро хезондаистодаанд. Сокинони хонаҳоро рондаистодаанд. Набераҳош калон шидай абераҳошам, мора хезонда  авлодша ҷо кардестай. Дар унбартар агар дасти чап нигоҳ куне хонаи Озодаи қили аспа мебинен, ки то охири кӯча сохтмонуш аст ва шабуруз 4 ё 5 нафар аз дасти чапу рост бо силоҳ ростанд, охранна

Ҷамшеди додари Муроди телех, прокурори заминфурӯш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ бародари генерал Мурод Саидов телехи президент дар прокуратура кор мекунад. Аммо вай, ки Ҷамшед ном дорад, бо насаби дигар, бо насаби Раҳмониён дар додситонии ноҳияи Рӯдакӣ кор мекунад. Сари чандин нафарҳоро ин Ҷамшед хӯрдааст. Тамоми ҳодисаву ҳолатҳои заминфурӯшӣ дар ин ноҳия ба воситаи ҳамин ҷинояткори маккор ҳалу фасл мешавад.

Боз ҳам Зайнулло….
 

 Зайнулло, аммо ин дигар Зайнуллои солҳои дароз мардуми Қурғанро ғам медиҳад. Вай магазинҳову корхонаҳои зиёд дорад. Зайнулло домоди ҳоҷӣ Шариф мебошад, хоҳари Зоирро гирифтагӣ аст. Занаш аз худаш чандин сол калон аст. Маҳмадулло ҳам бачаи ҳоҷӣ Шариф, Шамсулло бачаи Маҳмадулло, набераи ҳоҷӣ Шариф, ҷияни Зоир. Зоир додари Маҳмадулло аст. Инҳо мисли алафи зиёновари аҷириқанд.  

Бе ғайр аз инҳо боз дар Чапаев 7-тои дигар ҳастанд. Ҳоҷӣ Амирулло чанд сол  раиси Қурған буд. Аммо вайро Зоири мундуқ подставит ва ниҳоят аз Қурған убрат кард.

 Агарчи хешу табору қудову андаанд вале чанд сол аст, ки дар Қурған оилаи Ҳасани ишкамба ва додаронаш бо Зоир, Шамсулло, Зайнулло, хуллас, бачаву набераи ҳоҷӣ Шариф шапидестан: кӣ зур мебарояд, кӣ зурай да власт. Хеле вақт аст ки байни худашон разногласия рафта истодааст: «кӣ бояд зӯр шавад. Кӣ бояд соҳиби шаҳр шавад».

Зоир Исмати дулик, одами Ҳасанро чапа карда дар ҷояш Зайнуллои ҷиянашро раиси аэропорти Душанбе монд. Пештар ҳоҷӣ Амирулло Холов додари Ҳасанро тавонист, ки аз раисии шаҳри Қурғонтеппа-Бохтар дур кунад.

                       Муҳиб ва КПП-и Панҷи поён

Гузаргоҳи Панҷи поёнро гузаргоҳи тиҷоратии Оила гӯем хато намекунем. Тавассути ин гузаргоҳ тақрибан ҳамаи аъзои оила:- Ҳасан, Муҳиб, Шамсулло бор мезананд. Ин гузаргоҳ хуррагаҳ, як дари бози тиҷоратҳои ин оила аст. Аз наркотику силоҳ гирифта то пивову матоъ мегузаронанд. Аммо дар инҷо Муҳибулло, шеф ва асосӣ аст.

                             Муҳиб чӣ мегузаронад?

  Инки Муҳибуллои бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов, бале ҳамон Муҳиби «номард бошаму зинд бошам» яке аз персонажҳои манфии ҳамешагии мо мебошад, ҳамагон медонанд. Вале Муҳибуллоро мо персонажи манфӣ накардаем. Вай худаш, кору кирдораш аст ки манфӣ шудааст.

Муҳибулло ба Афғонистон то ҳамин ҳоло ба миллиону миллиард бор мезанаду бор медароварад.

Мошинҳои борбари Муҳибулло пештар КаМаз буд ҳоло дулану фура шудааст. Онҳо тафтиши рентгенӣ намешаванд. Ягон намуд санҷишу тафтиш намешаванд.

Мошинҳои Муҳибро тамоман ҳиҷки намедонад, ки дарунаш чӣ аст. Албатта, медонанд, вале тавре вонамуд мекунанд, ки намедонанд. Мошинҳояш якто, дуто, ҳар смена ҳар хел мегузаранд. Барои мисол Муҳиб аз Афғонистон як фура сигарети ESSE ченҷ, медароварад, ки дар он 1000 то 1500 қутӣ-коробка сигарет ҳаст, ки ҳар кадоме 50 блок дорад. Дар ҳафта, як бор -ду бор ворид мекунад. Баъзе вақт як фура, баъзе вақт ду фура.

 Муҳиб арақ, пиво, виски гузаронида истодааст. Даҳ қуттӣ, даҳ қуттӣ аз ҳар кадомаш дар мошин баҷо крда ворид мекунад. Агар дар Тоҷикистон як шиша пиво 20 сомонӣ бошад, дар Афғонистон 200 сомонӣ арзиш дорад. Дар Афғонистон машрубот мамнӯъ аст. Вале бо чи роҳҳое шарикони афғонӣ дорад, ки бар ивази пули калон дастрас мекунад.

Вақте полковник Бобораҷабов, сардори КПП меомад, дар КПП камераҳоро мекушт, забти навор намешуд. Худи ҳамин полковник ҳам беҳад сигарет ворид мекард. Дар як рӯз то 1000 блок сигарет медароварду мефурухт. Ин полковник дар Душанбе се- чор хона дорад, дар Кӯлоб хона дорад, чандин миллион пул дорад. Аз вазифа гирифтанаш. Як миллион дод боз дар вазифа барқарор шуд. Ҳамаи камераҳо, чи дар шлагбаум, чи дар пости рентгенӣ ва толори убури мошинҳо сокит ва кушта мешаванд. 

Мошинҳои Муҳибро касе проверка намекунад. Як кабинаашро дуруғакӣ мебинанд, тамом. Меояд ин тараф дар стоянка -терминали Фароз меистад. Кайе, ки Муҳиб раҳу рӯро «ҳамвор» кард, мегӯяд, ки «бароредашон мошинҳои маро» мебароранд.

Муҳиб, раиси ноҳия, додситон, амният ва милисаи Шаҳритусро ба тини сиёҳ намегирад. 

Муҳиб, тир, шираи камол, семент, писта, матоъ ба Афғонистон мегузаронад. Фураҳое, ки семент, алюминий, писта, матоъ ва дигар чиз мебаранд дар даруни онҳо даҳ бист қуттӣ равон мекунад.

Муҳиб аз Афғонистон на фақат сигарет, анвои гуногуни маводди мухаддир:-чарс, афюн, героин ворид мекунад. Чарсу афюнро дар даруни қабати поин ва дар сарпӯши дегҳои афғонӣ баҷо карда меоваранд.

«Ҳайрон мешудем ва мегуфтем ин қадар дегро чи кор мекунанд? Як фураи он барои чанд моҳи калонтарин бозори Тоҷикистон бас аст. Дар як барноми ахбори ВКД нишон медиҳанд, як камазист дег мегузаронад, ки меқапанд. Дар қабати поини деги афғонӣ аз Муҳиб буд. Аммо, баъди чанд вақт он бача боз ҳамон масир кор мекард.

Муҳиб боз асп мегузаронад, техникҳои кории алтай, экскаватор, кран мегузаронад. 20 -25 самосвали хитоиҳоро дар як навбат гузаронд, ки худам шоҳидаш ҳастам. Ин мошинҳоро асосан тиллоковҳои хитоӣ мегиранд. Хитоиҳои тилоков ҳоло дар имтидоди рӯдхонаи Панҷ дар қаламрави Афғонистон хеле зиёданд. Барои хитоиҳо, ки дар Афғонистонанд, сарулибосу маводи ғизоӣ  ҳам мегузаронад. Ҳамон арақу вискиву пиворо ҳам барои онҳо мегузаронидааст.

Меҳрубони какан чемпиони ҷаҳон оид ба бокс ва Тоҷикстандарт

Меҳрубон Сангинов аз Исломиддин, пиандари худ ҳамагӣ чанд сол хурд аст.  Соли таваллуди Исломиддин 1983 аммо соли таваллуди Меҳрубон 1996 яъне 13 сол хурд аст. Меҳрубон Маҳмудович Сангинов чи хеле гуфтем, боксёр буд ва муваффақиятҳои беназирро ҳам дар ин ришта касб намудааст. Онҳо пиандару падарандар, писару падари угай ҳам бошанд, шояд ба ҷиҳати наздикии синну сол ва шояд ба ҷиҳати шарикӣ дар дуздиву ғорат зуд бо ҳам унс гирифтанд ва рафиқони хуби хуб ҳастанд. То онҷое рафиқи хубанд, ки Исломиддин тамоми ихтиёроти Тоҷикстандарт ва умури идориву кориро ба Меҳрубон вогузор кардааст. Ва, амалан, Тоҷикстандартро Меҳрубон мечархонаду контрол мекунад.

Як каме маълумот дар бораи Меҳрубони какан дар омади гап:

Меҳрубон сеюми феврали соли ҷорӣ ҷашни сисолагии зодрӯзашро таҷлил кард.

Меҳрубон Сангинов дар сӯҳбатҳои расонаияш дар бораи вазъи оилавиаш, ва инки писарандари Исломиддин аст ҳеҷ гоҳ ёдовр нашудааст, чизе нагуфтааст. Маълум мешавад, ки вай аз соли 2014 узви Ҳизби халқӣ-демократии зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов будааст.

  Дар 22 июли соли 2017 дар шаҳри Шарлоттаи иёлати Каролинаи шимолии Амрико бо як боксёри ҳирфаӣ  вориди сабқат шуда дар раунди аввал ӯро ба нокаут мефиристад  ва дар синни 21 солагӣ тибқи версияи WBB (World Boxing Board) чемпиони ҷаҳон эълон мешавад. То куҷо барои ин муваффақиятҳои Меҳрубон Исломиддин саҳм дорд, ногуфта ҳам маълум аст.

Меҳрубон дар он солҳо ҳанӯз донишҷӯи факултети ҳуқуқи филиали Донишгоҳи гуманитарии Санкт-Петербург дар Алмаато будааст.

Меҳрубон аз соли 2017 раиси федератсияи бокси Душанбе ва устоди хизматнишондодаи варзиши Тоҷикистон аст.

 Январи соли 2021 Меҳрубон унвони чемпиони WBA NABA дар вазни миёнаро ба даст овард.

Раҳмон Исломиддин Хайриддин, раиси Тоҷикстандарт, бародарзодаи Эмомалӣ Раҳмонов факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллиро тамом карду чанд вақт нагузашта раиси шӯъбаи Ориёнбонк дар ноҳияи Исмоили сомонӣ таъин шуд.

Ин оиларо пештар дар Данғара зеленфурӯш мегуфтаанд. Авлодони худи Нуриддин ӯро кабудифурӯш мегуфтаанд. Данғара серзамин аст. Нуриддин бо кличкаи кабудифурӯш машҳур буд. Баъди омадани Эмомалӣ Раҳмонов ба қудрат мардум аз забони худи вай шуниданд, ки бародараш тракторист будааст ва ба ҳамин ҷиҳат Нуриддин тракторчӣ лақаб гирифт

Нуриддин як писари дигар ҳам дорад- Умед. Ин Умед дар Сино ва дар Сомонӣ прокурор буд. Феълан прокурори Ҳисор аст.

Ва, аммо Меҳрубон фарзанди думовард, какани ҳамсари дуввуми Исломиддин аст. Модари Меҳрубон Ҳанифа ном дорад. Ҳанифа беҳад базеб буд, ки ҳар ҷавонмард медид, ҳавасаш меомада. Ҳанифа ду кӯдак аз шавҳари аввалаш дошт. Як духтар ва як писар. Духтараш ҳамроҳи худаш вале бачааш, яъне Меҳрубон,ҳамроҳи шавҳараш буд. Меҳрубон ва падараш дар Хитой зиндагӣ мекарданд. Падари Меҳрубон Маҳмуд ном дорад.

Он солҳо, ки ман ҳам равуо доштам, хонаи Ҳанифа дар роҳе, ки аз Садбарг ба тарафи Танка меравад, дар қарибии Голубой экран, дар гардиши чорроҳаи кинотеатри Ватан аст. Ягон 200- 300 метр поён меравӣ, дар самти дасти рост, дар сари роҳ хона воқеъ аст. Ба бинои ҳукумат норафта рӯбарӯ домҳои қадимаи дуэтажаҳо буданд, дар ҳамонҷо буд. Ин зан дар вақташ тоҷир буд. Ёдатон бошад дар рӯбарӯи вазорати адлия магазине буд бо номи «Ромашка», ки аз ҳамин зан буд.

Дар байни вазоратхонаҳои адлияву фарҳанг як истгоҳи тролейбус буд. «Ромашка» ҳамонҷо буд. Болотар аз Бонки миллӣ, ки тарафи муқобилаш театри опера ва балет.

Хулоса тиҷорат мекард.

 Ҳанифа як дугона дошт бо номи Наргис, ки дугонаи беҳад наздикаш. Вай сардори шӯъбаи Тоҷикматлубот дар ноҳияи Варзоб буд. Барои мошенникӣ суд шуд. Вай ҳам тиҷорат мекард.

Дар наздикии СУМ магазинҳо буданд: Сказка, сартарошхонаи Шабнам. Чанд рӯз пеш дар Ютуб дидам онҳо дигар нестанд. Онҷо домҳоро бардоштаанд. Наргис дар ҳамонҷо ҳам магазин дошт. Занҳои шурӣ-мурӣ буданд.

Меҳрубон дар Душанбе набуд.

Як бонуи журналист бо номи Наргис Қосимова 8 соли пеш бо Ҳанифа интервю карда будааст.

Ҳозир, шояд перемирится карда бошанд, аммо дар аввалҳо ҷанҷол байни занҳои Исломиддин бисёр буд. Зани аввали Ислом вақте фаҳмида буд хонаи Хайриддин, яъне Нуриддин ба Данғара омада доду бедод ва разбор мекунад. 

Ин Ҳанифа аз тарафи Суғд аст. Маҳмуди шавҳари аввалааш аз вай ҷудо шуда буд.

Исломиддин Ҳанифаро замоне, ки дар филиали Ориёнбонк дар ноҳияи Исмоили сомонӣ кор мекард, гирифтааст. 

Мову шумо хуб медонем, ки аъзои Оила ба чунин нафарони «чашми кордон», «корчаллон», ки якро ду, дуро дуҳазор кунанд, роҳҳояшро донанд, сахт ниёз доранд. Инҳо кришават мекунанд, соябони сарашон мешаванд ва афроде мисли Меҳрубон дар зери «сояи давлат» ва бо дилу гурдаи пур медузданд, метозанд, мебалъанд.

Ҷолиб инҷост, ки Меҳрубони  чемпиони бокс ҳам аз ҳамин хайли «чашми кордон»-у «корчаллон»-ҳо будааст. Дар тӯли камтар аз як сол «Тоҷикстандарт»-ро пурра таҳти итоат даровард ва пистонҳои ширдеҳи онро пайдо ва ба дӯшидани онҳо шурӯъ кард.

Исломиддин, ки раис аст дигар каҷғел задагӣ, зулфони Ҳанифаро шона зада дар хона ховай. Давоми як соли раҳбариаш шояд даҳ бор ҳам ба коргоҳаш наомада бошад.

Шояд хислатҳои  «чашми кордонӣӣ»-ву «корчллонӣ»-ро Меҳрубон аз модари бизнесменкааш ба ирс бурда бошад.

Хуллас, ҳоло Исломиддин раиси Тоҷикстандарт ҳам бошад аммо амалан ин идораро Меҳрубони писарандараш роҳбарӣ мекунад.

Ҳозир ҳукумат санҷиши домҳоро дар ихтиёри Тоҷикстандарт гузоштааст. Меҳрубон кормандро ба назди домсоз, дилхоҳ домсоз роҳӣ мекунад. Мегӯяд бирав аз фалон домсоз 30 000 сомонӣ бигир. Корманд меравад 30000-ро мегираду меорад. Вақте меояду маблағро таҳвил медиҳад, Меҳрубон не, нашуд мегӯяд. Мегӯяд бирав, ӯро худашро, худи домсозро бигӯ биёяд. Чунки дилаш дур меравад, гумон мекунад, ки «албатта, ту рафтиву зиёд гирифтӣ».

 Барои мисол Зафари домсозро беҳад безораш карданд. Зафар одами Рустам. Тоқаташ тоқ мешавду мегӯяд: « э, безор кардед, намешавад бо шумо кор кардан. Ман ба Рустам мебароям. Бо шумо намешавад. Бигиред як фикратонро кунед. Мебаром бо Рустам, ҳал мекунам».

Баъди ин оромаш мегузоранд.

Дар асл бояд барои санҷиши дом мутахассис биравад. Мутахассис бинаду санҷад, ки хишташ ва ё арматураву сементаш ба меъёр ҷавоб медиҳад ё хайр? Аммо Меҳрубон гуфтааст, ки ягон одам намеравад, ман решат мекунам. Коғазро мебарӣ медиҳӣ, тамом, бо ҳамин функсияи ту тамом. Ҳозир ставкааш аз 30 ба 40000 сомонӣ баланд шудааст. Он дом каҷ аст, рост аст, сементу арматураи даркорӣ истифода шудааст ё не, муҳим нест. 

Акнун, ки домсозҳоро метавонанд биҷуқанд барои ҳамин началники ҳамон отделро, ки бояд санҷиш биравад, гуфтааст:- гӯш кун, ман медиҳамат коғаз ту меравӣ месупорӣ, бо худат ягон касро намебарӣ, мегирӣ домсозро мегӯӣ худаш мехезад инҷо меояд, ман ҳамроҳаш гап мезанам. Чизе ҳаст нест ман гап мезанам. Яъне, дар ҳақиқат домсозҳоро дар балои бад задагианд.

Дар ҳақиқат домсозҳоро девона кардаанд.

 Меҳрубон сардорони шӯъбаҳову раёсатҳоро фарёд карда гуфтааст, ки гӯш кунед: « се одамӣ биёред, ки ман аз кор сур кунам чтоби фалониочаҳо бтарсанд бидонанд ки ҳаминҷо зӯр ман ҳастам».

Тоҷикстандартро пурра Меҳрубон регуровка мекунад. Ҳиҷ каси дигар ҳақи гапзанӣ надорад.

Ҳатто муовинҳои Тоҷикстандарт ягонҷо раванд аз Меҳрубон ҷавоб мегиранд, баъд мераванд. Ин хелӣ аз пеши худашон рафта наметонанд. Мӯҳру имзои Тоҷикстандарт ҳам дар дасти Меҳрубон аст.

Чанде пеш началники як отделро аз кор гирифт. Ин начлник омад ба сараш, ки «э, бача чида мара ай кор мегирӣ»? Гуфт даркор шавад боз занта ме**м гап дорӣ? Гап зада наметавонанд.

Боз началники сертификатро аз кор ронд.

 Хусурбачаашро вилояти Суғд роҳӣ кард. Ва дар инҷо боз одами худашр овард.

Ҳамон началник управленияи сертифакат ба ҳамкорнаш гуфтааст: «ман медароям мефаҳмонам ва мегӯям, ки ин хел кор пеш намеравад, ин хел кор намешавад, чи хел шумо кор бурда истодаед»?

Як нафари онҳо гуфтааст, ки « э бача, ман иёра сад бор гуфтагиюм. Ду бор бурдану махкамум кардан, бо ина гирифтанам оварданам ҷои корумда монданум. Ай иё дига халосӣ нест».

Меҳрубон майда майда одамҳои худашро оварда дар Тоҷикстндарт ҷо карда истодаст. Даже одаме ҳамроҳашон ва коргарашон буд, таҳти фишору дашномҳои Меҳрубон бас карданду, баромада рафтанд. Яктош гуфт меравам дар Роғун кор медароям. Роғун занг заданд ва он мутахассиси пуртаҷрибаро кораш нагирифтанд. Чунки пешакӣ гуфтанд, ки кор нагиредаш. Монд бе ҷойи кор монда гардад.

 Меҳрубон гуфтааст, ки инҷо ман гап мезанам «Очаи ман қати и аст, очаи ма хидмат дорад и мардака иҷа ман решат мекунам. Инҷо ман решат мекунам, чи коре ҳаст нест фақат манам дар инҷо ».

 Барои ҳамин кормандони Тоҷикстандарт ягон чизе аз дасташон намеояд.

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Он чӣ имрӯз бо номи «давлат» мусодира мекунеду баъдан миёни худ тақсим карда соҳиб мешавед, ҳаргиз моликияти абадии шумо нахоҳад буд. Моликони ҳақиқии он дороиҳо, соҳибони аслии он меҳнату сармоя, имрӯз шояд дар зиндону ғурбат ва ё муҳоҷирату паноҳандагӣ қарор дошта бошанд, аммо дар интизори он рӯзе нишастаанд, ки ин ҳукми зӯр ва ин низоми хонаводагӣ завол ёбад.

Фикр накунед, ки бо саркӯб, зиндонӣ кардан ё рондани мардум аз ватан, ҳақиқатро метавон нест кард. Нагӯед, ки «ҳамаашро гирифтем, дигар то абад моли мост». Ин давлат моли як оила нест. Ин давлат моли мардум аст. Ин сарватҳо моли миллат аст. Ва рӯзе мерасад, ки ин ҳақиқат бозгашт мекунад, на бо илтиҷо, балки бо адолат.

Таърих борҳо нишон додааст: ҳар қудрате, ки бар зулм ва ғасб бино шудааст, дер ё зуд фурӯ мерезад. Ва он чи бо зӯр гирифта шудааст, бо қонун ва адолат бозпас гирифта хоҳад шуд.

Ҳамзамон, аз мақомот ва масъулони ҳамсоякишвар — махсусан мақомоти Ҳукумати Толибон даъват мешавад, ки нисбат ба тамоми бору молҳое, ки аз марзи Афғонистон ворид ва содир мешаванд, назорати ҷиддитар ба роҳ монанд. Нагузоранд, ки гурӯҳҳои фасодзада ва манфиатҷӯ аз хоки он кишвар барои тиҷоратҳои ғайриқонунӣ истифода баранд ва шаҳрвандони Афғонистону Тоҷикистонро ба роҳҳои нодуруст бикашанд.

Ва дар анҷом як ҳушдори ҷиддӣ:
он чи имрӯз дар «Тоҷикстандарт» ҷараён дорад, дигар на назорат асту на меъёр,ин табдили як ниҳоди давлатӣ ба бозори фурӯши имзо ва мӯҳр аст. Ин чи рӯзи бад аст, ки як идораи масъули амнияту сифати сохтмон ва маҳсулот ба майдони савдо табдил дода шудааст?

Ин паём ба Рустам ва тамоми мақомот: бо чунин равиш на танҳо қонун, балки амнияти ҷомеаро зери хатар мегузоред. Рӯзе меояд, ки барои ҳар як имзои фурӯхташуда, барои ҳар як санҷиши сохтакорона, ҷавоб бояд дод. Ва он рӯз дур нест.

Share This Article