Аз навоҳии гуногуни Тоҷикистон:-Левакант, Зафаробод, Нуробод ва аз шаҳри Волгогради Русия номаҳоро омода ва пешкаши шумо гардонидем.
Аз Левакант дар бораи як имомхатиб навиштаанд, ки вай на дар хидмати масҷиду худову расул, балки дар хидмати мақомот аст.
Дар номаи омада аз Зафаробод шикоят дар бораи як мудир ва муовини мудири мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 сухан меравад.
НомаиНуробод дар бораи вазъи таксистҳо ва постҳои Роғун ва Файзобод шикоят кардааст.
Муаллифи доимии мо аз Волгоград ин бор аз сайти ин нашрия як матлаберо дар бораи фаъолияти қаллобони интернетӣ, хушбоврии мрдуми тоҷик ва мушкилоти Душанбе-сити фиристодааст. Агарчи дар ин матлаб аз фаъолияти ин бонк, ки ахиран барои муштариҳои худ мушкилоти зиёде бор овард интиқод шудааст, аммо нашрия аз молики воқеии он,ки Рустами Эмомалӣ мебошад, ва инки нафари дуввуми Тоҷикистон наметавонад коргоҳи худро дуруст контрол кунад, ҳарфе назадааст.
Левакант
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари мубориз Муҳаммадиқбол!
Шикояти ман аз ноҳияи Левакант аст, аз масҷиди калоне, ки дар он намози ҷумъа баргузор мегардад. Сархатиби ин масҷид Атохӯҷа ном дорад, ки Хатохӯҷа мегуяндаш.
Ин сархатиб эшонзода ва ҳоҷӣ ҳам ҳаст. Чанд сол пеш рӯзе, ки аз ҳаҷ баргашт кӯдакони ноболиғро аз масҷид берӯн ва пеш кард. Дар моҳи шарифи рамазони ҳаминсол 10 рӯзаш хуб гузашт, дар 10 рӯзи байн микрофонро ин Атохӯҷа манъ кард. Сабабаш ин будааст, ки садои тиловати Қуръон ба ҳукумат мерасидаст ва амният ҳам мешунавидааст. Садои Қуръон амниятиҳоро нороҳат мекардааст.
Дар рӯзи дигар имом бе микрофон хонд. Намозхонҳои атрофи масҷид намешунавиданд. Фардояш боз ҳамин Атохӯҷа сӯҳбат кард. Намозхонҳо дар ҷавоб, овоз баланд рафтааст, рафта маслиҳат кардан даркор, бояд ҷарима супоред, дигар чора надорад.
Қасам ба Аллоҳ, агар ҳукумат бимир гӯяд, мемирад. Ҳатто духтаратро деҳ гӯяд медиҳад. Суханаш фақат ҳамин: «мо ҳукуматро гӯш мекунем».
Дар рӯзҳои ҷумъа бе таърифу тавсифи асосгузори сулҳу ваҳдат, тагпои миллат амри маъруф намегузаронад. Агар ягон кас бигӯяд, шпаргалкаи ҳукуматро нахон, дар ҳол телефонашро мебарорад, мегӯяд кӣ буд ин суханро гуфт? Ҳозир занг мезанам гуфта таҳдид мекунаду метарсонад.
Дар шаби қадр манъ кардааст, ки одамон, хӯрок тайёр кунанду хуранд. Дар ҳоле, ки худи танзим садақаро манъ нест, мегуяд.
Аммо ин барзагов манъ кардааст. Ҷои истиқоматаш Бохтуробод.
Рустам ё Раҳмонов шояд ба гӯши шумо шикояти халқи Леваканд расад. Ин Атохӯҷа10 сол зиёд шуд, ки дар ҳамин кор аст. Лаънати ҳама мардуми Лквакант ба хонадони шумо мерасад.
Зафаробод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Зафаробод ҳастам. Дар бораи директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ-МТМУ№ 1 дар ноҳияи Зафаробод пештар ҳам навишта будем. Ҳоло боз дар бораи ҳамон директор менависам.
Ин директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ-МТМУ№ 1 дар ноҳияи Зафаробод як нағмаи дигар ҳам дорад. Вай ҳар сол синфҳоро аз рӯи фанни таълимӣ-предмети дарсӣ ба равияҳо тақсим мекунад. Мегӯяд фармон аз вазорат аст. Ман намефаҳмам, ки чаро вазири маорифи Тоҷикистон танҳо барои МТМУ №1 фармон медод бошад?
Мумкин дар назар тақсимоти синфҳо одӣ намояд. Аммо аз дохил ва дунёи наврасон нигоҳ кунем, беҳад мураккаб аст. Чаро? Чунки хонанда вақте пас аз тақсимот ба синфи дигар меравад,то мутобиқ шудан хело вақт камаш 4-5 моҳ лозим мешавад. Дар муносибат бо ҳамсинфони дигар, тартибу интизоми дигар, роҳбари синфи дигар барои ин хонанда дигаргунӣ ба амал меояд. Хулоса, ҳатто барои баромадан ба дарс ҷавоб додан ҳам метарсад ва ҳам шарм мекунад. Чунки ба як муҳити дигару ноошно омадааст.
Дар тӯли як соли хониш хонанда одат мекунад, ки дар соли нави хониш боз гирифта тақсим мекунанд. Хонанда боз аз ҷиҳати психологӣ аз нав ҳамин ҳолатро аз сар мегузаронад. Дар натиҷа ҳар сол қафо мондан мегирад ё бесавод мешавад. Дар вақти Шӯравӣ ҳам равия буд. Аммо ин хел не, ки аз ҳама синф чинда ва ҷудо карда гирӣ ва ё ҳар сол равиятақсимкунӣ кунӣ. Як синфро мегирифтанд лаёқаташро дида равияи математика ё ба фанҳои гуманитарӣ ҷудо мекарданд. Сонӣ ба равияи дигар рафтани хонанда маҷбурӣ набуд ва нест. Аммо дар МТМУ№ 1-и Зафаробод директор маҷбуран талабаҳоро ба равияи дигар равон мекунад. Гапу хоҳиши хонанда ва падару модарро гӯш намекунад. Аммо агар бачаи ягон мансабдор ё пулдор бошад, дар кадом синфе, ки хоҳад хондан мегирад.Чаро?
Хонандаҳо беҳад бетартибу бефаросат шудаанд. Агар ба МТМУ№ 1 равед дар долон бо кам талабае рӯбарӯ мешавед, ки салом диҳад. Бисёраш ҳай ҳай накунӣ ба китфат зада мегузарад.
Ғафурова Навбаҳор тӯли бештар аз 15 сол аст, ки ҷонишини мудир оид ба синфҳои ибтидоӣ аст, ки тамоман бесавод аст. Умуман дар маҷлисҳо гап зада наметавонад. Худаш муаллим вале диктант навиштан наметавонад.
Ин низ пора хӯр аст. Талабаҳое, ки ба синфи 1 қабул мекунад барои ба синфи «а» ва «б» ҷой кардан доля мегирад.
Инчунин онҳо як тартиби беҳад ноодилона доранд яъне бача ва набераи мансабдору бизнесменро ба як синф, бачаю набераи муаллимҳоро ба як синф ва боқимонда бачаҳоро ба дигар синф ҷой мекунад.
Нуробод
Ассалому алейкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садрдидин. Ин номаро мо як гурӯҳ аз таксистҳои терминали Душанбе аз Ғарм, Тоҷикобод, Тавилдара, Ҷиргатол ва Нуробод бароятон мефиристем. Мо, бовар кунед аз дасти ГАИҳои Файзобод ва Роғун рӯз надорем. Ҷонамонро дар нӯки биниамон баровардаанд, ки то бас гуфтан. Қапид, тамом, нарушение дорӣ, надорӣ бо ҳар баҳона суматро мекананд. Дар пости Файзобод знаки стоп задагӣ, ки мо ҳатман меистем. Вале боз манъ мекунаду сум мекананд. Ин чи зулму золимӣ? Ҳатто дар тори ҳар гузар аз пости Роғун манъат мекунанд.
Худо бизанадашон. Беҳад ғамамон медиҳанд. Наволаи нонамонро аз даҳонамон канда мегиранд.
Як рӯз як таксистамон дар пости Роғун бо як корманди ГАИ спорит мекунад. Мегӯяд, ки пости шуморо Рустами Эмомалӣ маҳкам кардагӣ буд, боз барқарор кардед. Корманди ГАИ ба тарафи ронанда дағалона мегӯяд, ки «Рустами Эмомалӣ фалонамонро хурда натавонад. Маҳкам мекунад, боз як моҳ баъд началникамон кушодааш мекунад. Фалонамонро хурда наметавонанд:- не Рустамаш, не Рамазон Раҳимзода. Барои ҳамин, ту як ронандаи одӣ чи кор мекунӣ, сумро партову рафтан гир, сарро вайрон накун».
Бародари роҳи ҳақ, ин номаи мо таксиҳоро нашр кунед. Чунки ҳеҷ кас ба додамон намерасад.
Ин бор бо ному фамилияҳояшон менависем.
Волгоград
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол. Ман боз ҳам аз сайти нашрияи СССР як мақолаеро барои шумо мефиристам. Ин мақола ҳам як проблемаи ҷиддиро бардоштааст. Гап дар бораи фаъолияти Душанбе-ситӣ ва қаллобони интернетӣ меравад. Аммо дар ин миён муштариҳои одӣ зарар мебинанд. Аслан инҳо дуздоне ҳастанд, ки тавассути интернет ба ғорати мардум машғул мебошанд. Ин мақола таҳти унвони «Аз қаллобони интернетӣ эҳтиёт!!!» ва бо қалами Омиронаи Сайёф нашр шудааст.
Ҳоло ин мақоларо пешкаши хонандагон мегардонам:
«Аз қаллобони интернетӣ эҳтиёт!!!
Мизоҷони муҳтарам! Қаллобон аз номи провайдерҳо бо шумо дар тамос шуда, баромада ваъда мекунанд, ки насли нави алоқа 4g, 5g ё дигар пайвастшавӣ ба интернетро насб ва пешниҳод мекунанд, ки файли ба воситаи месенҷерҳо равонкардаро дар мисоли Ватсап, Телеграм ва дигар расонаҳои иҷтимоӣ кушоед. Қатъиян ин файлҳоро накушоед ва ба зангҳои ношинос ҷавоб надиҳед, зеро ба ин васила ба ҳамёнҳо ва маблағҳои шумо дастрасӣ пайдо карда, маблағҳои шуморо медузданд.
(Ҳушдор аз ширкатҳои мобилӣ ба мизоҷон)
Пулситонӣ аз ҳамёни кортии каси дигар
18.02. 2026. Соат ба вақти Душанбе 10:44 дақиқа. Тариқи СМС ба телефони ҳамкори мо А.Собир аз тарафи «Амонатбонк» паёмак омад, ки аз ҳамёни корти нафақагирии шумо 1500.00 сомонӣ маблағ гирифта шуд. А.Собир бо ҳайрат ба ман рӯ оварда. Пурсид, «кӣ гирифта бошад?».
Ба ин нигоҳ накарда, ки бояд маҳз дар ҳамин рӯзи чоршанбе – ҷаласаи редаксионии идора иштироки ҳама шарт буд, маслиҳаташ додем, ки ҳанӯз дер нашуда, ба бонк раваду аниқ кунад, пешдастӣ намояд, вагарна дар ҳақиқат дер мешуд ва маблағашро бозгардонданаш шояд номумкин мегашт.
Агар чаққонӣ намекардем!
Ҳамкори мо фавран роҳи бонкро пеш гирифта, омадан пас, такудавашро нақл кард. Аз ҷумла, гуфт, ки ба филиали бонки мазкур дар маҳаллаи Сирки давлатӣ ба хотири наздик буданаш рафта, маслиҳат гирифтам, ки чунин ҳолатҳоро фақат дар офиси асосӣ воқеъ дар ҳудуди собиқ Чойхонаи “Роҳат” дида мебароянд. Тариқи нақлиёти ҷамъиятӣ худро ба он ҷо расондам. Расидан замон телефонамро бароварда, нишон додам ва паёмаки шубҳанокро арзашон кардам. Аз пурсупосу аниқ карданҳо 3 соати расо вақтам беҳуда гузашту дар бонк гӯё, ки дар банд мондам. Хайрият, ки кор бо хубӣ анҷом ёфт ва ман пулҳоямро тавассути кӯшишҳои кормандони бонк баргардондам.
Бинобар ин, ҳамчун шахси аз сараш гузашта гуфтаниам, ки барои ба доми қаллобони интернетӣ наафтидан, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед. Корту рақам ва рамзи корти худро ба касе маълум накунеду ба дасте надиҳед. Онро маҳфуз доред!
Хушбахтона, мо сари вақт қаллобони интернетиро боб намудем. Ташаккури зиёд ба кормандони Амонатбонк, ки ба таври оҷилӣ ба мушкилии мо расидагӣ карданд ва маблағро баргардонданд. Агарчӣ маблағ баргардонда шуд, вале қаллоб мушаххас нагардид. Дар ҳоле ки қаллобон метавонанд имрӯзҳо чандин касонро, ки, шояд аз пиронсолӣ, беморӣ, сарфаҳм нарафтан ба амалиёти бонкӣ, ғафлатзадаанд, ғорат кунанд. Дар шароити пешрафти технологӣ бояд ин кор, яъне муайян ва ҷазо додани қаллобон аз тарафи ниҳодҳои дахлдор чандон мушкил набошад.
Ҳушдори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Дар пасманзари шикоятҳо аз зиёд шудани қаллобон ба муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, Хадамоти алоқа аз сокинон даъват кардааст, ки эҳтиёткор бошанд. Хадамот 18-уми феврал дар изҳороте гуфт, ашхоси номаълум худро корманди бонк, оператори ширкатҳои мобилӣ ё шахси шинос нишон дода, бо баҳонаҳои гуногун аз муштариён коди SMS, рақами корти бонкӣ ва дигар маълумоти махфиро талаб мекунанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи Хадамоти алоқа, «баъзе қаллобон бо баҳонаи танзими интернети 4G ё 5G ба телефонҳо занг зада, кӯшиш мекунанд, маълумоти шахсӣ ё коди тасдиқиро гиранд». Мақомот мегӯянд, ки дар сурати гирифтани рақам ё коди махфӣ аз муштариён қаллобон метавонанд, ки ба корти бонкӣ ва ҳамёни мобилии шахс дастрасӣ пайдо карда, маблағҳои онро азхуд кунанд.
Таваҷҷуҳ: дар изҳороти Хадамоти алоқа омадааст, ширкатҳои мобилӣ ҳеч гоҳ аз муштариён рамзи тасдиқ ё (SMS-код), рақами корти бонкӣ ва рамзи махфии барномаи насбшуда дар телефонро намепурсанд.
Хадамоти алоқа аз сокинон даъват кардааст, ки ба занг ва паёмакҳои шубҳанок ҷавоб надиҳанд, пайванд ё «ссилка»-ҳои шубҳанокро накушоянд ва барномаҳои номаълумро дар телефон насб накунанд. Ҳафтаи равон чандин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамоси шахсони ношинос ва талаб кардани рамзи паёмак шикоят карданд. Ба гуфтаи муштариён, афроди ношинос аз хориҷа, аз ҷумла аз Қирғизистон ва Русия занг зада, бо баҳонаи васлу танзими интернети 5G рамзи паёмаки ирсолшударо мепурсанд.
Нисбати кортҳои бонкии худ бе тараф набошед!
Аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки нисбати кортҳои худ бетараф набошанду ҳар лаҳза дар 1 рӯз на кам аз 3 бор пулҳои кортии худро назорат намоянд. Дар ҳолатҳои шубҳанок бошад, ҳатман бо бонкҳо дар тамос гарданд. Мо Метавонем!
Дар ҳамин маврид: Гадоии «телеграммӣ» ба дӯстон
09.03.2026. Соат бо вақти Душанбе 16:19 дақиқа. Ин лаҳза ба «Телеграмм»-и ҳамкорон аз рақами чандин журналистони шинохта ба ҳамкорони мо дар СССР СМС- паёмак меояд, ки дар он гуфта мешавад:
«Салом Шумо метавонед ба ман 2100 сомонӣ барои 3-4 соат қарз бидиҳед?».
Хайрият, ки мардум имрӯз каме пухтаву нисбат ба чунин СМС-паёмакҳо ҳушёртар шудаанду дарҳол ба қавле «удалить» карданд. Бачаҳо дар Фейсбук навиштанд, ки ин паёмакҳоро аз номи онҳо, қаллобони интернетӣ паҳн карда, саҳифаи Телеграммашон шикаста шудааст:
Эҳтиёт нисфи киса!
Душанбе Ситиро шикастанд?
2 ҳафтаи ахир ҳисобу китоб дар маъруфтарин бонки муосир Душанбе Сити (ДС) хеле бад гардид. Масъулин дар суҳбати бе микрофон гуфтанд, ки хаккерҳо системаи онҳоро низ шикастаанд. Аз ҳамёни мардум пул ғайб мезад ва ё бо ҳар роҳу васила 1 пардохтро 2 бор кашида мегирифтанд. Фарзи мисол, вақте сардабири СССР бо муовинаш барои 8 март ба аҳли бонувон туҳфа мехарид, дар мағозаи газворҳои пойтахт, 2 бор ҳамёнашро холӣ карданд. Ӯ мегӯяд:
04.03.2026. Соат ба вақти Душанбе Сити 13:08 дақиқа. Вақте мо 1480 сомонӣ ба корти Душанбе Ситии фурушанда гузаронидем, чанд дақиқа гузашту пул нагузашт. Зимнан амали аввалро лағв карда, дубора пул гузаронидем. Ин вақт яку якбора 2 бор, яъне 2960 сомонии моро Душанбе Сити канда гирифт. Хайрийят пеш аз интиқол мо сурат-ҳисобамонро аккосӣ карда будему фурӯшандаи Худотарс 1480 сомонии барғалат дуздидаи ДС-ро ба мо баргардонид. Воқеан ҳам атрофи ДС норозиву нороҳатиҳо зиёданд, ки дар шумораҳои баъдӣ сари он баҳс хоҳем кард. Шумо ҳам агар аз ин бонк ситаме дидаед, ба редаксияи мо нависед. Мо нашр ва пайгирӣ мекунем. Мо Метавонем!
Омиронаи Сайёф,СССР»
Ман чаро ин мақоларо интихоб намудам? Барои онки чунин ҳодисаҳо дар Русия ҳам борҳо рӯй дода буданд ва ҳазорҳо нафар ба фанду фиреби ин қаллобон гирифтор шуда аз маблағҳои бо арақи ҷабин рӯёнида худ маҳрум шуда буданд. Аз ҷумла аз миёни муҳоҷирони кории тоҷик. Ман шахсн чанд нафарро медонам, ки пулҳояшонро аз даст доданд. Як нафар собиқ милиса аз Истаравшан дар ҳамин Волгоград ба чунин аҳвол гирифтор шуда буд.
Дар ватанамон ҳам ду ҷияни худам, ки яке донишҷӯ буд бо ин қалобони интернетӣ бовар кард қарздори зиёд шуд. Чанд вақт пеш дар Ислоҳ ҳам як мақолаи муфассал дар ҳамин масъала чоп шуда буд, ки ин қаллобони интернетиро Озод Раҳмон дар Душанбе кришаватӣ мекард. Намедонем,ки сарнавишти онҳо баъди нашри он мақола чи шуда бошад.
Дар охир ман аз тамоми ҳамватанони худ чи дар дохил ва чи дар берун хоҳиш менамоям, ки ба ин қаллобони интернетӣ бовар накунанд ва фиреби онҳоро нахуранд.
