Номаи маро алоҳида нашр кунед №46
Матлаби зер аз ду номаи як корбари шабакаи ютубии «Ислоҳ» иборат аст. Муаллиф дар ин навиштааш маълумотҳои ҷолиберо дар бораи Сайфиддин Саидзода, яке аз ҷиянҳои сершумору соҳибмансаби генерал Мурод Саидзода, телехи рақами 1-и президент фиристодааст.
«Ислоҳ» дар бораи Мурод ва ҷиянҳои соҳибмансаби ӯ матолибу наворҳои зиёдеро мунташир кардааст, ки ҳам матлаб ва ҳам филмҳои онҳоро аудиторияи даҳҳоҳазории мо мутолиа ва тамошо кардааст.
Ҷиянҳои Мурод: «шабакаи наздикон ва тақсими нуфуз»
Ҷиянҳои Мурод мисли худи вай ҳастанд. Дар ғорату дуздиву истилову тасарруф баъзеашон аз «дядка»-и генерали худ пешӣ гирифтаанд. Ҳоло инҷо асомии чанде аз онҳоро, ки дар навиштаҳои пешинаи мо дар бораашон гуфтаем, зикр менамоем:
1.Сабзаалӣ Саидов: бародарзодаи Мурод. Донишгоҳи тиббии Душанберо хондааст, вале корманди Идораи гумрук мебошад. Чунки гумрук ҷойи рӯғанӣ мебошад. Сабзалӣ ҳам мактаби №7и Восеъро тамом кардааст. Сабзаалӣ пештар дар Панҷ сардори идораи гумрук буд. Ӯ писари Маҳмадалии бародари Мурод аст;
Сабзаалӣ як шаб «авария» мекунад. Мезанад ду одам мемурад. Шоҳидон ҳикоят мекунанд, ки аз қафои мошин чанд қопча сум мерезад. Ин одамҳо якеаш бо номи Туманов ва дуввуми Шӯҳрат, ки ӯ аз Ҳисор будааст. Худи Сабзаалӣ чанд вақт дар «кома» меафтад аммо зинда мемонад. Вай вақте меояд ба як мошини Опел, ки аз замин тарбуз мебаровардааст, бармехурад. Ин одамҳоро хапу дам мебаранду гӯру чӯб мекунанд;
2.Хайрулло Саидов: писари Назари Саид, амакбачаи Мурод аст, ки ҳоло прокурори шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ ҳам корро аз Норак сар кардааст. Соли 2015 ӯро барои кадом камбудӣ Президент аз вазифаи прокурори ҳарбӣ ва ҳамзамон муовини Прокурори генералӣ гирифт. Аммо боз Мурод тавре кард, ки прокурори Душанбе таъинаш карданд;
3. Беҳрӯзи домоди Мурод: Беҳрӯз, сардори Раёсати коррупсияи нақлиёти вилояти Суғд аст. Падари домод аз Фархор аст. Солҳои 90–91 меравад Хуҷанд ва як корхонаи тавлиди шаробро мехарад. Писараш дар онҷо калон шудааст. Тибқи баъзе маълумотҳо духтари Мурод ҳамсари дуввуми Беҳрӯз мебошад. Ҳангоме, ки иллатро ҷӯё шудем бароямон маълум гашт, ки духтари Мурод бемории припатка доштааст ва аз ин сабаб ҳамсари дуввум будааст;
4.Саидов Зикрулло: бародари Саидов Хайрулло-прокурори Душанбе, дар шӯъбаи андози ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳайси муовин кор мекунад, агар ҳоло сардор нашуда бошад.
Кароматулло, як ҷияни дигари Мурод яъне писари хоҳараш дар дар БДА -и Кулоб кор мекунад. Бахши «права» ва ҳуҷҷатгузорӣ дар дасти ӯст;
5.Саидов Кароматулло: як ҷияни дигари Мурод, писари Маҳмадалии бародараш дар ГАИ-и ҷумҳурӣ дар як мақоми баланд кор мекунад ва рутбааш аз майор боло аст;
6. Саидов Кароматулло: писари Саид Назар писар амаки Мурод, корманди баландмақом дар «Ориёнбонк»-и Ҳасан Асадуллозода дар Душанбе мебошад. Ҳамин тавр се ҷиянаш як ному насаб: Саидов Кароматуллоро доранд;
7.Рамазон-сардори шуъбачаи корҳои дохилии хоҷагии деҳқонии Ангурбоғ аз Ғелот мешавад. Ҷияни Мурод, бачаи апааш. Ин шӯъба чил коргар дорад. Аз шӯъбаи милисаи ноҳия бештар. Кори инҳо «охранят» кардани замину хонаву дари Муроду бародарони ӯ ва хешовандонаш аст. Мардумро безор аз ҷон кардаанд;
8.Саидов Нусратулло: амакбачаи Мурод, то чанд вақти пеш сардухтури беморхонаи сеошёнаи Ангурбоғ буд. Байнашон гапашон гурехтааст, ки ӯро аз ин вазифа мегирад ва ҳоло дар беморхонаи Кулоб ҷарроҳ аст. Ин бародари Саидов Хайруллои прокурори Душанбе аст;
9.Акаи Кароматулло: писари хоҳари Мурод сардори кофтукоби ҷиноятии ( Начальник уголовный розыск.) Турсунзода буд. Ҳоло чи вазифаи болотаре дорад;
10.Саидов Сайхуҷа: мудири ташкилоти хурди қарзӣ бо номи Сомониён- писари Гадоалӣ. Гадоалӣ бародари Мурод. Дафтари марказии ин ташкилот дар дохили бозори «Осиё»-Мурод дар Душанбе аст. Аҷиб ин аст ки дар Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, зери раҳбарии Озода Раҳмон, кор мекунад;
11.Саидов Давлатхӯҷа: ҷияни дигари Мурод, писари Гадоалии бародараш, бародари Сайхӯҷа нозир ва масъули шӯъбаи милисаи бозори Корвони Душанбе аст. Бовар кунед Давлатхӯҷа дар вақти мактабхонӣ номашро бехато навишта наметавонист. Савод тамоман надорад. Аммо инро ҳам бояд гуфт, ки бозори Корвон ба ном ба дасти Нуршед Машрабов аст. Онро Рустами Эмомалӣ барвақт гирифтагӣ аст. Ҳар бегоҳ қопча-қопча сум ба Рустам мебаранд;
12.Талбаков Абдураҳмон: мудири мактаб дар совхози Ангурбоғ. Ин ҳам писари тағои Мурод Саид аст. Чанд навбат бо муаллимаҳо бо корҳои фаҳшаш ба даст афтодааст. Махсусан робитаи ғайримашрӯъаш бо «уборщицса»-и мактабро ҳама медонанд. Аммо ҷияни «телех»-и Раҳмонов, ки ҳаст касе дилёб намешавад алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятии таҷовуз ба номус боз кунад.
Хуб аз Дилшод Саид, писари Мурод ҳам аз оноҳест, ки ҳоло муовин дар вазорати молияи Тоҷикистон аст ва аз рафиқони Рустами Эмомалӣ кор мекунад, дар шӯъбаи оид ба муайян кардани сифат ва навъи тилло мебошад.
Акнун дар бораи «қаҳрамон»-и имрӯзаамон Сайфиддин Сайид, ки дар борааш дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо №335» навишта будем ва муаллифи имрӯзаамон ҳам мегӯяд, ки баъди мутолиаи он нома навиштаи худро ба мо фиристодааст, мегӯем. Вале дар аввал, барои «қизиқи»-и кор такроран матни ҳамон номаи № 335ро пешкашатон менамоем:
Аз Ориёнбонк то соҳаи нақлиёт: «роҳе, ки бо фасод сохта шуд»
Ассалому алейкум ва рахматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Нома аз шаҳри Душанбе фиристода мешавад. Мехоҳам дар бораи як раиси КВД-сертефикат ва литзензияи вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Саидзода Сайфиддин суҳбат кунам. Ин Саидзода Сайфиддин худашро ҷияни телехи Эмомалӣ Раҳмонов Саидзода Мурод мегирад. Дар асл ин калтаи ҳаромхур ягон ҷияни роднойи телех намешавад. Телех бачаи амакии модараш мешудааст, мо инро фаҳмидем. Аз пушти ҳамин бошад аз фамилияи падарии худаш рӯ гардонида будааст, то ки бо ин тариқа худро ҷияни телех муаррифӣ кунад. Худашро ба фамилияи модараш гузаронида будааст.
Ин калта, яъне ҳамин Саидзода Сайфиддини КВД 4-5 сол мешавад, ки дар инҷо кор мекунад. Худашро ҷияни телех мегираду бениҳоят ҷабр ба коргарҳояш карда истодааст. Коргарҳо аз дасти ин касофат доду фарёд мезананд.
Ин калтаи Саидзода Сайфиддини «ҷиян»-и Муроди телех дар КВД-и вазорати нақлиёт раис аст. Дар роҳҳо 35-40 пост, яъне тарозу ҳаст. Ин калта дар ҳамаи ин тарозуҳо старшийҳоро аз хешу таборони худаш мондааст. Аз ҳар пост ҳар моҳ аз старшийи пост тавассути як шогирдаш бо номи Алишер аз 50.000 сомонӣ то 100.000 сомонӣ мегирад.
Охири моҳ мешавад Алишер ба ҳама ин старшийи постҳо занг зада боз дар болои моҳонае, ки калта мондагӣ аст Алишер доляи худашро монда аз 35-40 пост пул мегирад. Коргарони КВД сертифакат ва литзензия қасам мехуранд, ки ин хел раиси ҳаромхур дар ягон давраи кории мо набуд.
Ҳар сол коргарҳо бо шартномаи 1- сола кор мекунанд. Нархи ҳамин шартномора тавассути Алишери шогирд аз 5.000 сомонӣ то ба 10.000 сомонӣ боло кард. Дар вақташ чунин набуд.
Коргарони КВД бар ин боваранд, ки чунин корҳои Сайфиддини калтаро телех намедонад, вагарна ҳамроҳаш мумкин аст тамоман гап назанад.
Вале ин Саидзода Сайфиддин мегуфтааст, ки «ма телехда доля метм, барои ҳамин дилм пурай, ки любой время мара воля додагияй, ки то вахти ма ҳастм хурда гард». Ягон масъули Вазорати нақлиётро умуман писанд намекунад. Далер гуфтанӣ одам сардори раёсаташ аст, ҳамонро ҳам мегӯяд «фалони мара гирифта наметонад».
Дар асл ва амал ҳам ҳамин хел аст. Дар ягон ҷаласаҳо иштирок намекунад. Ҷаласаи кварталний шавад отпуска мегирад ё больничний ва иштирок намекунад.
Бачаҳои КВД мегуянд ин бесавод баромад карда наметавонад барои ҳамин аз маҷлисҳо мегурезад.
Шумо ягон корхонаи давлатиро дидаед, ки маоши коргарҳояшро надиҳад? Ин Сайфиддини калтаро бояд санҷанд. Дар соли 2025 3-4 моҳӣ коргаронаш, ки бояд аз 2500сомонӣ то 3000сомон маош бигиранд, надод ва то ҳозир намедиҳад.
Дар КВД зиёда аз 400 коргар кор мекунад
Ин Саидзода Сайфиддин калта ҳар сол 15-20 маротиба аз ҳақи коргароне, ки шабурӯз дар постҳо истода кор мекунанд ба хориҷа рафта бо беваҳо истироҳат мекунад. Ин калта маблағу пули онҳоро бо ҳар роҳи дуруғ ба зӯрӣ кашида гирифта дар хориҷа сарф карда мегардад. Ягон бор мо надидем, ки ҷои кор бо ягон мошини арзон омада бошад. Ҳар як мошин дорад, ки (ман маркаи мошинро намефаҳмам) коргарҳо мегуянд, ки ин аз 150.000$ зиёданд.
Намедонан ин доду фарёдро ба кӣ бигӯянд. Медонем баъди ин нашр бовари дорем, ки ними ҳамин коргарҳо боз дигар маълумотҳоро роҳӣ мекунанд, ки ин ҳаромхур аз ҳаромхуриаш монад.
Дар Душанбе 1-2 мамароза дорад. Тавассути ҳамонҳо ба идорааш духтар меорад. Дар идорааш ба ҳамин духтарҳо ….Ин калта ҳақи ҳамаро хурда зино карда мегардад. Вагарна гуфти коргарони КВД «ин калтара саг нигоҳ намекунад».
Ин ҳамааш меҳнати мо аст ки калта истофада бурда истодааст. Рӯзе мешавад, бовар кунед, ки ин Саидзода Сайфиддини калта барои ҳақи моро хӯрданаш ҷавоб мегӯяд.
Калта чандин нафари мутахассисро аз кор пеш карда хешу табор ва шиносҳои худашро оварда монд.
Бародар, баъди ин нашр бовар кунед маълумотҳои зиёд аз КВД ва ин Саидзода Сайфиддин ба шумо меояд. Чунки дар КВД аз вай сахт безор шудаанд. Ман аввалин шуда роҳро кушодам, то донанд мардум,ки «Ислоҳ» бо миллат ва мардум аст ва дарду шикояти мардумро нашр мекунад.
https://isloh.net/20059/nomaҳo-az-noҳiyaҳo-ba-isloҳ-net
№335 24.02.2026»
Ва, акнун ин ду номаи нав бо маълумотҳои нав дар бораи Сайфиддин Сайидзодаи ҷияни хиратарини Муроди телех:
Номаи аввал
Аз «протсеншик» то мансаб: «роҳи болоравии як чеҳраи пурмоҷаро»
Ман навори барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»№ 335-ро,ки қисмате аз он дар бораи Сайфиддин Саидзода, ҳикоят мекард, тамошо кардам. Дар ҳақиқат Сайфиддин Саидзода бениҳоят одами разилу фурӯмоя аст. Ҳоло мехоҳам каме ҳам бошад, дар бораи ин одам ба шумо менависам. Ин шахсро ман зиёда аз 20 сол мешавад, мешиносам. Аз вақте ки дар филиали «Ориёнбонк» ба ҳайси муовини Раҳмон Исломиддини Хайриддин, писари Нуриддин трактористи бародари калони Эмомалӣ Раҳмонов (ҳоло раиси «Тоҷикстандарт») кор мекард, мешиносам.
Сайфиддин Саидзодаро он вақтҳо «протсеншик» мегуфтанд. Барои он ки ба одамҳо бо протсент-бо фоиз пул қарз медод. Ва агар он одам дар вақти муайяншуда пулро бо протсенташ барнамегардонд, намеовард, ба зурӣ кашида мегирифт: пул, хона ё мошинашро. Ин Саидзода бо ин роҳ одамони зиёдеро бе хонаву дар ва муфлису хонахароб кардааст.
Саидзодаи протсеншик бо Исломиддини Раҳмон ҳамкурс буданд ва дар филиали Ориёнбонк Исломиддин раис буду Саидзода муовини вай. Ҳама корҳои бонкро Саидзода пеш мебурд. Муддати чанд сол бо Исломиддин кор кард ва як вақт буд, ки Исломиддин фаҳмид, ки бонк бо норасоии пули нақд мувоҷеҳ шудааст, пул намерасад ва фаҳмид, ки пулҳоро Саидзода ба шаҳрвандон бо протсенти калон қарз медодааст.
Шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба онҳо пул зарур мешуд. Онҳо, азбаски овозаи протсеншикии Сайфиддин баромада буд ба назди Саидзода омада барои мисол хонаашонро, ки 200.000$ арзиш дошт, залог монда пул, яъне қарз бо протсенташ мегирифтанд. Мегуфтанд, ки хонаи мо 200 ҳазор меистад, мо 150 ҳазор доллар лозим дорем, ин маблағро диҳед, мо дар муҳлати муайяншуда пул ва протсенташро пас меоварем. Вале бо далоиле гуногун бархе аз ин шаҳрвандон баргардонида наметавонистанд.
Саидзода хона, мошин, он дигар ашёе, ки ба гарав монда шуда буд бо нархи арзон ҳисоб мекард, мегирифт ва аз пули бонк ба он нафар маблағ медод.
Агар дар муҳлати муқарраршуда шаҳрвандон пулро намеоварданд хона ё мошини бо нархи арзон гаравбударо гирифта бо нархи боло мефурӯхт. Маблағи бонкро оҳиста, хапу дам дар ҷояш мемонду фоидаашро дар киса зада кайфу сафо мекард. Яъне аз ҳисоби маблағҳои бонк хапу дам «бизнес» мекард.
Дар ин вақт Исломиддини Раҳмон аз корҳояш бохабар шуда Саидзодаро аз кор зада пеш кард. Ва бонкро ҳисобу китоб карданд, ки як миллиону ҳаштсад ҳазор доллар намерасад. Саидзодаи протсеншикро маҷбур карданд, мӯҳлат доданд ва вай пулҳои бонкро ба пуррагӣ баргардонд. Ӯро, чуноне гуфтем, барои мошеникӣ аз кор пеш карданд. Баъди ин шармандагӣ Саидзода чанд муддат бекор мегашт.
Боз, албатта бо мусоидати дядкаи телехаш Мурод Саид ба
Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бахши биржа ба кор даромад. Дар вазифаи бисёр ҳам муҳим ва рӯғании «начальник отдела осуществления государственных закупок для отраслей строительства инфраструктуры и благоустройства».
Дар биржа боз ҳамон корҳои ҳаромашро давом дод. Ин солҳои 2019-20 20 дар давраи роҳбарии Сироҷиддинов Баҳриддин буд. Дар инҷо вай сардори Раёсат ва узви ҳайати баргузории музоядаҳои хариди давлатӣ буд ва асосан миёни харидор ва роҳбарият миёнравӣ мекард.
Аммо роҳбари биржа дигар одам омад-Зайнулло Соҳибов. Зайнулло Соҳибов ҳоло раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мебошад. Зайнулло Сайфиддинро хуб мешинохт ва медонист, ки Сайфиддин Саидзода мошенники номери 1 мебошад. Сайфиддинро сардори нав муҳлат дод, ки зуд аз вазифааш бо ихтиёри худ ва ба хубӣ барояду равад,ва ҳамин тариқ Саидзодаи протсеншикро як шата дар дари пушташ зада аз кор сур кард.
Саидзода боз чанд муддат бекор гашт ва боз ҳам бо кӯмаки дядка генерал Муроди телех ба вазорати нақлиёт бо кор даромад.
Тибқи фармоиши сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Д.Қ. аз 06 декабри соли 2022, №268-к «Оид ба ҳайати шахсӣ» ва мутобиқи моддаи 28, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи муқаррароти банди 8 Низомномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва банди 5.1. Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсия-кунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар аз санаи 06 декабри соли 2022 ба мансаби Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» таъин карда шуд.
Ман баъди тамошои барномаи 335 ба худам гуфтам, ки Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар кадом рӯзе аз пушти пул пушти панҷара меравад. Фикр мекунам, ки ин рӯзҳо наздик омадааст. Аз дасти вай коргарони вазорати нақлиёт ба дод омадаанд.
Аммо феълан Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар роҳбар аст ва бояд фикри коргарҳояшро кунад барои онҳо шароити мусоиди корӣ муҳайё кунад. Ин тавр не ки маоши коргарҳоро дар кисаи худаш зада бевабозиву ҳаромгардӣ карда гардад.
Ончики дар «Номаҳо..№335» дар бораи Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар навишта шудааст, ман шаҳодат медиҳам, ки саддарсад дуруст аст.
Реално ин Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар аз Шаҳбоз Раҷабзода ва Озодаи чемпионка ҳам гузаронд. Барои онки дар як сол то 10 маротиба ба хориҷа «отдых» меравад. Аз Душанбе 2-3 беваро бо ҳамроҳи худ мебарад.
Маълум аст ки вақте маоши коргарҳоро ҳамчун роҳбар надиҳӣ коргар ночор даст ба ҷинояти коррупсионӣ мезанад. Маошашро надиҳӣ вай маҷбур мешавад, ки аз ронандагон пул гирад. Гуфти Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар, ки хами хизмат мекуни рохбарияти наклиетда дига хамаш 100%мешавад. Боз мага ки пеши вазир мерам кабулиш котибаш мега Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар омад чошда кабул мекунад. Медонад ки доляша додани омадам тез кабул мекунад. Ина санҷан бинан ку кадом хами гапо нодурустай бад гап занан. Аз суханони худаш пеши чанд рафикода мегуфтай ки проверка меоянд корхона кабул мекунам макомотора бад дуруға занг мезанм ягонҷо ки гуё кати телех Мурод гап задеста бошам ки проверяший мешунавад дарав мулоим мешаванд меравад. Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар кам кун дуздиҳота,ки аз пушти пулҳои ҳароме ки дар ин нақлиёт ҳам давом дода истодаи аниқ кунчи панчара меравӣ.
Номаи дуввум
Зани дуввум, пул ва нуфуз: «паҳлуи пинҳонии Сайфиддин Саидзода»
Дар номаи дуввум дар бораи зани дуввуми Сайфиддин Саидзода сухан карданӣ ҳастам. Чунки қиссаи ҷолибест.
Зани дуввуми Саидзода Сайфиддин Нигинаи калбаса буд. Чаро калбаса кличка дорад, намедонам. Сайфиддин Нигинаи калбасаро аввал «ҳамту» ва сипас никоҳ кард. Чор сол ҳам зиндагӣ мекарданд. Нигина як духтарча аз Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар дорад. Саидзода дар ин чор соли зиндагӣ, ки корманди давлатӣ асту маоши мегирифтааш ба чор подшоҳ маълум успет карда бо Нигинаи калбасаи наркаман хона дар сентри шаҳр ва се моҳ пас,чор моҳ пас мошинҳои гаронбаҳо харида медод. Ба гуфти як шиноси муштаракамон, ки ҳамин Нигинаи калбаса Саидзодаро «хӯрда» тавонист, ва боз гуфт, ки «хубш мекуна, мехурад». Нигина дар чанд ҷо шишта мегуфтааст ки «кудакш кадам, мурда -мурда то вахте ҳаст нигоҳубинм мекунад мехуронад».
Аммо ин Нигина вақтҳои дар никоҳ ва зани дуввуми Саидзода буданаш бо мардони бегона маишат карда мегашт. Инро худи Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар медонист, лекин аз ҳисобе, ки беҳад нағз медид, хап карда мегашт, ки Нигина баромада наравад.
Саидзодаро Нигина ҳамин хел забонкутоҳ карда буд, ки агар сум роҳӣ накунад ё гапашро не гуяд Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфарро Нигина таҳдид мекунад, ки «ҳозир сағераатро мебарам дар хонаи занат мепартоям».
Саидзода аз ин гапҳо тарсида дар Дубай ба Нигина хона харид ва Нигина чи гапе занад, амру дастуре диҳад,хоҳише кунад Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар «хоб» гуфта иҷро мекунад.
Рости гап намедонам, ки ин идора, ки директораш Саидзода аст чи даромаду бюҷете дорад, аммо медонам, ки Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар то ҳоло миллион- миллион ёфта ба собиқ занаш медиҳад ва хеле зиёд арусбоз ҳам ҳаст.
Ва хабари охир ҳамин аст ки баъди нашри «Номаҳои №335» Саидзода то ҳоло ба худ омадагӣ нест. Ҳар рӯз давление шуда гаштааст. Зиёд дору мехурад….
Натиҷагирӣ: «вақте нуфуз болотар аз қонун меистад»
Чуноне аз ин ду нома маълум гардид, хиратарин ҷиянҳои Муроди телех қаҳрамон ин навиштаи мо Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар нафаре аст ки ҳоло дар борааш гуфем: -агар аз дар зананд аз бом меояд. Аз Ориёнбонк Исломиддин сур кард, аз Агентии хариди давлатии мол Зайнулло пешаш кард. Ҳоло дар ин идора чор сол аст ки «дошт» дода истодааст. Аммо, мо роҳбарияти Хадамотро ҳушдор медиҳем, ки аз муроқибат ва назорати Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар ғофил набошад, ки кадом рӯзе ба сарашон лой мемолад.
Баъди директори Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт шудани муҳтарам Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар кадом дигаргуниеро, ки боиси рушди арса ва ё ҳатто некӯаҳволии коргарони ин идора шуда бошад касе надидаст. Тибқи маълумотҳое, ки мерасад кораш фақат пул кандан аст. Аммо ин Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар як «привичка»-и аҷиб доштааст. Дар ҳар ҷашн ё санаи таърихӣ хоҳ Наврӯз аст ё иди Рамазон ва ё Истиқлол ҳатман паёми табрикотии вай дар сайти ин идора https://mskhsn.tj нашр мешавад. Гуфтааст, ки ман дар ин маврид пайрави пешво ва тарбиятёфтаи мактаби давлатдории ӯям. Чанде аз ин паёмҳои табрикотии ӯро инҷо намуна меоварем:
ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” МУҲТАРАМ САИДЗОДА САЙФИДДИН САИДҶАФАР БАХШИДА БА 32 – УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН;
ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” МУҲТАРАМ САИДЗОДА САЙФИДДИН САИДҶАФАР БАХШИДА БА РӮЗИ 8-МАРТ, РӮЗИ МОДАРОН !
ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МСКХСН” САИДЗОДА С.С. БА ИФТИХОРИ 80-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ
ТАБРИКОТ БА ҶАШНИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” САИДЗОДА С.С. БА МУНОСИБАТИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
Ва,охирин хабар дар бораи Сайфиддин ин аст ки чанд рӯзи пеш маълум гардид, ки дар ду даромадгоҳи пойтахт, ки мошинҳо аз сӯйи Турсунзода ва Бохтар ба Душанбе ворид мешаванд, нуқтаҳои вазнченкунӣ барои мошинҳои боркаш ва калонҳаҷм сохта мешавад. Баъди насби ин нуқтаҳо, воситаҳои нақлиёте, ки вазнашон аз 40 тонна зиёд аст, маблағи муайян пардохт мекунанд.
Қарор аст баъди анҷоми насби низоми вазнченкунии воситаҳои нақлиёт дар ин ду роҳи мошингард ва қабули он аз ҷониби комиссияи давлатӣ, иншооти мазкур ба ихтиёри КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хидматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт»-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт супорида мешавад.
Яъне як манбаъи нави даромад барои Саидзода Сайфиддин Саидҷаъфар ҷияни Муроди телех хоҳад буд…
Пасгуфтори Ислоҳ!
Мурод Саидзода, ин навиштаҳо пеш аз ҳама ба шумо равона шудаанд. На ба унвони як шахси одӣ, балки ба унвони касе, ки номи ӯ имрӯз барои дигарон ба як «сипар» табдил ёфтааст. Савол ин аст: шумо аз ин истифодаҳо огоҳед ё хомӯшона қабул доред?
Вақте ҷиянҳо ва наздикони шумо бо такя ба ҳамин ном дар сохторҳои гуногун фаъолият мекунанд ва дар атрофашон ин қадар суолҳо ба вуҷуд меоянд, дигар масъулиятро ба дӯши дигарон гузоштан имкон надорад. Ин доира, ки бо номи шумо ҳаракат мекунад, ба назорат ва тартиб ниёз дорад-ва ин корро танҳо шумо карда метавонед.
Ин ҷо сухан аз обрӯи як шахс ҳам нест. Сухан аз он аст, ки номи шумо имрӯз дар чӣ нақш истифода мешавад:
ҳамчун рамзи қонун-ё ҳамчун воситаи убури қонун.
Агар шумо ин равандро идома диҳед ва ё ба он бетафовут бимонед, фардо дигар касе фарқ намегузорад, ки ин амалҳо кори кӣ буд-ҳамааш ба номи шумо навишта мешавад.
Аз ҳамин сабаб, ин як даъват аст, на барои сафедкунӣ, балки барои тасмим: ё ин доираро худатон ба тартиб меоред, ё он ба мушкиле табдил меёбад, ки дигар аз дасти шумо берун хоҳад шуд.
Ва ба ниҳодҳои давлатӣ низ паём равшан аст: чунин ҳолатҳоро нодида гирифтан маънои қабул кардани онҳост. Давлате, ки мехоҳад қонун ҳукмрон бошад, наметавонад дар баробари чунин масъалаҳо бетараф бимонад.
Имрӯз масъулият пеш аз ҳама бар дӯши шумост, Мурод Саидзода.
Номи шумо бояд ё ҳудуд дошта бошад, ё оқибат хоҳад дошт.
