Номаи маро алоҳида нашр кунед №49
Дар «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и №351 дар бораи моҷарои хонахезонӣ дар деҳоти атрофи бозори «Корвон», бузургтарин фурӯшгоҳи Тоҷикистон як номаи сокинони деҳаи Крупскаяро ба нашр расонида будем.
Дар он нома аз нимбаҳову нимнарх кашида гирифтан ва чапаву валангор кардани хонаҳо, амбору ошхона ва мағозаву ҳавлиҳои ин мардум аз тарафи Нуршед сухан мерафт. Идомаи моҷарои хонахезонии Нуршед ҳолатҳои бисёр ваҳшатнок дорад.
Нуршед, ки такя ба Рустами Эмомлӣ мекунад, ин бор корро то ҳадде барои мардуми ин деҳа сахту сангин кард, ки трактору булдозер оварда хонаҳои мардумро чапа кардаву канда, кӯрпаву гилеми онҳоро ба камазҳо бор карда бурд ва боиси ба марг расонидани чандин сокини инҷо шуд.
Нуршед рӯирост гуфтаст, ки касе фалонамро гирифта ва хӯрда наметавонад, чунки «шоҳбача» дар пушти ман аст, доляашро додаам, аз дасти шумо ҳеҷ коре намеояд, равед чор тарафотон қибла.
Давоми моҷароро дар номаи ин мардум, мехонед, ки ба шакли зайл аст:
Фоҷиаи Крупская: хонахезонӣ ва марг дар сояи зӯргӯӣ
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон! Бародар Муҳаммадиқбол, шукр, ки «Ислоҳ» ҳаст, кор мекунад ва шукр, ки шумо ҳастед ва арзу доди мардумро нашр мекунед.
Ин номаи навбатии шикоятии мардум ва аҳолии қишлоқи Крупскаяи назди бозори Корвон аст. Дар бораи вазъу ҳоли ин мардум ва бебандуборӣ, зӯргӯӣ дар бозори Корвон, ошкоро ва ғайриқонунӣ мардумро аз хонаҳояшон маҳрум кардан дар барномаи 351-и «Номаҳо аз ноҳияҳо» гуфта будем. Аммо ин Нуршед Машрабови раиси бозори Корвон зулмро сахттар карда истодааст. Ҳатто ду нафар аз таъсири зулми Нуршед Машрабов ҷон ба ҷонофарин супурданд. Ин ду нафар ба қарорҳои ноодилонаи Нуршед Машрабов тоб наоварда сактаи дил ва фишор-давлений шуда мурданд.
Дар назди масҷиди ба номи домулло Муҳаммаднабии назди Корвон, худо домуллоро раҳмату мағфират кунад, одамҳои Нуршед Машрабов ба хонаи ду нафар омаданд. Ва, гуфтанд «хонаатон дар план ғалтида аст, хонаҳоятонро мехезонем».
Инҳо розӣ шуданд. Гуфтанд маблағи хонаҳоямонро баробар бо арзишаш пардохт кунед, мо мехезем.
Аммо Нуршед Машрабов маблағи ночизе дар баҳои хонаҳояшон гуфт. Инҳо, соҳибмулкон розӣ нашуда норозигии худро изҳор намуданд ва ба назди Нуршед Машрабов одам фиристоданд. Ин соҳибмулкон одами одӣ набуданд. Аз амният хешу таборҳояшонро равон карданд ба назди Нуршед. Нуршед Машрабов баракс ба инҳо таҳдид карду гуфт: «шумо одам фиристодед, ба шумо се рӯз муҳлат хонаҳоятонро холӣ кунед!». Вале инҳо мунтазир буданд, ки маблағи хонаҳояшонро пура пардохт мекунанд.
Баъди се рӯз Нуршед Машрабов трактору камазу булдозер дароварда хонаҳояшонро то бегаҳ бо чизу чораашон канда дар камаз бор карда бурд ва то бегаҳ катлавани хонаҳояшонро ҳам канд. Гуфт «аз пайи коратон шавед, шумо ба сари ман одам овардед, ягон чиз намегиред. Шумо медонед дар пушти ман кӣ ҳаст? Рустами Эмомалии шоҳбача». Ин ду оила одамои одӣ набуданд, аз кормандони давлат буданд. Аммо зӯрашон ба Рустами Эмомалӣ намерасад.
Ҳатто шахсоне, ки дар ҳукумат ва дар амният кор мекунанд, ҳеҷ қадре дар назди авлоди Эмомалӣ Шарипович надоранд, чи расад ба мо одамҳои оддӣ
Акнун дар ин қисмати нома дар бораи сарнавишти шахси сеюм, ки дар хонааш ошхона ва амбор (столовоя ва склад) мегӯем. Ба назди ин нафар ҳам одамҳои Нуршед Машрабов раиси бозори Корвон омаданд ва ҳамон гапро ба ин нафар ҳам гуфтанд:
«хонаи шуморо мехезонем дар план ғалтидааст».
Ин шахс гуфт маблағи хонаам ва арзиши столовий ва складҳоямро пура пардохт кунед- ман розӣ.
Аммо инҳо дар ҷавоб ба он шахс гуфтанд, ки «факат масоҳати квадрати хона чи қадар бошад, ҳамон қадар хона мегирӣ, тамом. Аммо пули склад, столовий, магазин ё чизе, ки дорӣ, дигар намегирӣ. Агар андозаи масоҳати хонаат 150 мураббаъ бошад, ҳамон қадар мегири халос».
Табиист, ки ин шахс розӣ намешуд. Заминаш хонааш 8 сотих, буд складу мағоза ва столовий дошт. Барои ҳамин ба маблағи пешниҳод додаи Нуршед Машрабов розӣ нашуд. Хусурбачаи ин нафар дар амният кор мекард. Ба вай муроҷҷиат кард. Гуфт ба ман кумак кун. Ин амниятӣ ба назди Нуршед Машрабов рафт. Гуфт маблағи хонаи язнаи маро пурра бидеҳ.
Аммо баъди ба назди Нуршед Машрабов рафтан ин амниятӣ аз кор дар амният ронда шуд. Баъдан ин соҳибмулк таҳти фишори шадиди Нуршед Машрабов қарор гирифт ва дар муддати 2 моҳ аз фишору зулми Нуршед Машрабов ҷон ба ҳақ супурд. Ин шахс ҷавон ва солим буд. Ному фамилияшро бароятон менависам вале бигзор назди шумо боқӣ монад, бародар Муҳаммалиқбол. Ва ҳамин тавр аз ҷабру зулми Нуршед Машрабов як нафарро аз амният аз кор ронданд, нафари дуюм ҷон ба ҳақ супорид.
Дар аввал Нуршед Машрабов якуякбора манозили зисти беш аз сад нафар мардуми Автосентрро хезонд. Мардум норозӣ шуданд ва эътирози худро баён карданд.
Он вақт Рустами Эмомалӣ ба Нуршед Машрабов, раиси бозори Корвон тавсия ва маслиҳат дод:-«коре бикун Нуршеду мардумро розӣ бикун, то ки ба назди офиси ман набиёянд.
Албатта, ин гапу ҳарф баъди нашри навори 85 ё 86 –и «Номаҳо аз ноҳияҳо» буд. Чунки ин мардум, ки бар ивзаи хонаҳо пули ночиз гирифта буданд якбора сад оила хест. Аммо баъди нашри он номаҳо дар «Ислоҳ» ҳама хуб шуд.
Вақте сад оила норозӣ буданд ва якбора ҳам эътирозу шикоят карданд,
Рустам дар эзораш тар кард.
Вале акнун аз поён хезондани хонаҳоро сар карданд. Ҳозир бошад ду оила, ду оила мехезонанд, то ки мардум норозигии худро дастаҷамъона баён накунанд ва мисли мардуми Автоцентр яке ҳамакаса нахезанд. Боз як ҷои Рустам, яъне бистуякшро нақапанд. Баъд супориш дод ба Нуршед Машрабов-агар ду оила, дуо оила хезонӣ маблағи ночиз диҳӣ ҳам, ду оила ҳеҷ чиз намегӯяд.
Ана ҳамин хел зулм болои мардум карда истода аст Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии Нуршед Машрабов. Ҳамин ҳоло ҳам зулми Рустам ва Нуршед Машрабов давом дорад болои мардуми Корвон.
Як нафар номаш фалонӣ, бигзор номаш назди «Ислоҳ» маҳфуз монад ҳама чизаш- амбор, хона, оғили говҳо анҷомхона ва заминашро гирифтанду роҳ карданд. Аммо як сумаш ҳам надоданд. Гуфтанд, ки ҳар вақте хонаатро мехезонем, баъд хисобу китоб мекунем, халос.
Як зани дигарро номаш апайи Б.. мебошад, бигзор номаш назди Ислоҳ маҳфуз монад, гуфтанд, ки хонаат дар генплан ғалтида аст, хонаатро мехезонем ва дар ҷои хонаи ту роҳи давлатӣ.
Ин зан гуфт пули хонаамро диҳед чи коре мекунед, баъди пардохти пул кунед: роҳ мекунед, дом мекунед, дигар кори шумо. Инҳо гуфтанд, ки дом мебардорем, баъдан хона медиҳем. Ин зан гуфт ман аз сексияи шумо рози нестам яке рафтаву шумо муред дом соз нокарда монад шуморо пулис маҳкам кунад, ман аз болоятон шикоят мекунам: «пули хонаамро нақд монед баъд ман мехезам». Азбаски ин апа «шери нар ҳаст», зани боғайрат аст, Нуршед Машрабовро буҷул монд ва Нуршед Машрабов пулро наличий дод ва ин апа рафт. Апа пули гуфтаашро гирифт, пули дилхоҳашро, бовар кунед, ин апа шери нар аст
Вале ҳамин ҳоло ҳам, ки ин маводро барои шумо мефиристем зулми Рустами Эмомалӣ раиси Душанбе ва Нуршед Машрабов, раиси бозори Корвон болои мардуми Корвон, яъне қишлоқи Крупская давом дорад.
Чанде пеш коргарони Нуршед Машрабов ба хонаи як марде омаданд. Коргарони Нуршед Машрабов ба он мард гуфтанд хонаатро мехезонем, инҷо дом мешавад. Ин шахс мисли дигар одамҳо эътироз ва норозигӣ кард.
Нуршед бо дастури Рустами Эмомалӣ ва бо баҳонаи калон кардани Корвон хонаҳои одамҳоро канду канда истодааст. Аммо ҷуброн ва ё арзиши молу мулки мардумро напардохту намепардозад.
Маълум аст, ки инҷо ҳардуи инҳо Рустами Эмомалӣ ва Нуршед Машрабов манфиатдоранд. Чунки бизнеси «дом» доранд. Худашон дом месозанд.
Албатта дар хотир дореду дорем, ки бозори Ҷалҷамро хароб карданд, бозори Султони Кабирро хароб карданд, Зелённийро хароб карданд. Дар ҷои ҳамаи онҳо «дом»-баландошёнаҳо рост карда истодаанд. Бизнес бар ивази хонахаробу беҷову макон намудани аҳолӣ.
Барои оила ҷамъ карда истодаанд, чашмашон аз пулу моли дунё сер нашуд.
Худо лаънат кунад Эмомалӣ Шариповичро бо ин авлоди тараканаш. Омин. Омин гӯед мардум.
Чи хеле гуфтам ба хонаи ин мард ҳам коргарони Нуршед Машрабов омаданд ва гуфтанд, ки хонаатон мехезад, ба план ғалтидагӣ.
Ин мард онҳоро гуфт ман розӣ нестам ба ин нархи карда ва маблағи шумо медодагӣ.
Онҳо рафтанд. Баъдан (зиёд тӯл накашид) фишору таҳдид сари ин мард сар шуд. Ин мардро беҳад ғам доданд ва рӯзе ин мард як арматураро гирифта инҳоро аз хонааш ронд, ҷангу ҷидол сахт шуд. Ин мард сар хам накард. Ин шахс дар гузашта марди сарватманд ва пулдор буд, мақомдор буд. Ҳоло нисфи авлодаш- ҷиянҳояш дар мақомот кор мекунанд. Шахси босаводу чашм сер ва бо молу мулк ва бисёр марди хоксору дастбахайр буд. Ин мард дар зиндагӣ марди боғайрату шуҷоъ, ба обуру буд ва дар назди мардуми Крупская эҳтироми зиёд дошт. Вале ин ҳама фишору таҳдидҳо оқибат корашро кард ва пас аз ин ҳама давлений зад сактаи қалбӣ гирифт.
Хонаи ин мардро ҳам гирифтанд, чунки дар ҷойи он Рустаму Нуршед Машрабов дом-баландошёна месозанд ва мефурӯшанд ва бизнес мекунанд ва пул кор мекунанд..
«Э, хонатон сузад, то кай ин мардумро фишору зуроварӣ мекунед. Аллоҳ шуморо хору залил гардонад».
Аммо азбаски ин мард марди боғайрат буд ба фишору таҳдидҳои Нуршед Машрабов сар хам накард, тан надод, то охир зад ва пулу молу хонаашро чанде мехост, ҳисобу китоб карду гирифт.
Аммо оқибат фишори сахти Нуршед Машрабов болои ин мард, ин шахси боиззатро ба касали фишор –давлений, касали дил ва касали қанд гирифтор кард. Баъди чанде ин шахс аз дунё даргузашт.
Ончуноне мебинем, Нуршед Машрабов айни ҳол дар қатли ду шахс айбдор аст ва аз дасти Нуршед Машрабов ин ду нафар мурданд. Иншоаллоҳ дар қиёмат аз ту дар назди Суди Олӣ яъне Парвардигори оламиён шикоят мекунанд ва онҷо ту роҳи наҷоте надорӣ, ин шо Аллоҳ!
Дар охир гуфтанӣ ҳастам, ки эй Рустами Эмомалӣ ва Нуршед Машрабов бас кунед ин ҳама ситам ва зулмро сари мардуми Крупская!.
Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов дар дунё набуд, ки падарону бобоҳои мо ин қишлоқи Бешкапаро рост карданд- 90 сол пеш, яъне ҳозира Крупскаяро. Инҷо 90 сол пеш як дарё буд. Акнун шумо омада замин моликияти давлат гуфта, худатонро давлат ва ҳукумат рост карда хонаҳои онҳоро мегиред ва чуноне ба гадо хайр мекарда бошед, як маблағи ночизе медиҳед.
Эмомалӣ Раҳмонов дар ин дунё набуд, ки ин қишлоқ буд. Гуфти президенти Беларус Александр Лукашенко « в грабу кармани нету сабой деньги не зобирёш». Ва дар охир гуфтанӣ ҳастам, ки Нуршед Машрабов ва Рустами Эмомалӣ худо ҳардуятро лаънат кунад. Омин ё рабул оламин.
Номи ин марде, ки рӯзи 25 апрел мурд, яъне дирӯз Бурҳон Боронов буд.
Барои онки кори бозори Нуршед Машрабов равнақ гирад, мардум бояд аз хонаву дари меросиву ҳақу ҳалолаш маҳрум бишавад, бехонаву дар шавад ва Нуршед Машрабов доляи Рустамро дода бо ин мардум ҳар чизе дилаш бихоҳад карда истодааст.
Корро то ҳадде чигилу ҷиғел ва килет кард, ки соҳибони хонаҳо таҳти ин фишору таҳдиду тааддӣ ҷон ба ҳақ таслим карданд.
Ҳушдори «Ислоҳ»
Нуршед, фикр накун, ки бо зӯрӣ ва бо такя ба пуштибонии дигарон метавонӣ ҳар кореро анҷом диҳӣ. Ҳеҷ қудрат абадӣ нест ва ҳеҷ ҳимоя то абад намемонад. Имрӯз шояд худро бехатар ҳис кунӣ, аммо фардо вазъ метавонад тамоман дигар шавад.
Ба ин мардум зулм накун. Онҳое, ки имрӯз зери фишорат мондаанд, одамони оддӣ ҳастанд-бо умед, бо орзу ва бо ҳаққи зиндагӣ. Ашк ва нолаи онҳо беҷавоб намемонад. Зулм оқибат дорад-ҳам дар дунё ва ҳам дар назди Худованд.
Бо зӯрӣ ва бо такя ба ҳимояти мансабдорон наметавон ҳамеша бар сари мардум истод. Қудрате, ки бар зулм бино мешавад, дер ё зуд меафтад.
Агар ту имрӯз худро пушти «шоҳбача» мебинӣ ва гумон мекунӣ, ки ин пуштибонӣ туро аз ҷавобгарӣ нигоҳ медорад -иштибоҳ мекунӣ. Таърих борҳо нишон додааст, ки ҳеҷ ҳимоя абадӣ нест. Як бор ончи бо падарат худораҳматии Хол Машраб падари ин «шоҳбача» карду ӯро паралеч ва охирул амр кушт андеша кун!
Ба худ биандеш:
ин ҳама оҳу нола, ин ҳама дарди мардум, ин ҳама ашки мазлумон-беасар намемонад. Он чи имрӯз бар сари дигарон меорӣ, фардо метавонад ба сари худат баргардад.
Он чи имрӯз дар зиндагии худат ва хонаводаат мегузарад, як ишора аст-ки ҳар амал бе таъсир намемонад. Бо пул ва бо нуфуз на ҳама чизро ҳал кардан мумкин аст. Баъзе чизҳо ҳастанд, ки аз ҳар гуна қудрат болотаранд-адолат, ҳақ ва қазои илоҳӣ.
Фаромӯш накун Нуршед:
Рӯзе мерасад, ки ин ҳимояҳо нест мешаванд. Он вақт ту мемонӣ ва ҳамин мардум, ва он чи бар онҳо раво дидаӣ.
Пеш аз он ки дер шавад, аз зулм даст каш ва роҳи одилонаро интихоб кун!.
