«Ҳар кӯҳнагадое, ки тавонгар гардад…Умар Алиматов барқи хонаашро бо дуздӣ аз Медгородок таъмин мекардааст. Аммо инҷо Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёт чи рол бозидааст?»
Умар Алиматов: Бо ин ном дар Тоҷикистон хелеҳо шиносанд. Умуман Алиматовҳо аз афроди машҳур мебошанд, ки ҳар яке аз онҳо қиссаву ҳикояту ривояти хоси худро доранд.
Аммо Умар Алиматов, бизнесмен, катазан, нафаре, ки тавлиду истеҳсоли бӯза- пивои чехиро нахустин шуда дар Душанбе ба роҳ монда таҳти номи «Сим-сим» ба фурӯши он пардохт. Сим-сим на фақат пиво, ҳамчунин исми занҷираи ресторанҳои Умар Алимтов ҳам ҳаст, ки дар худи Душанбе дар чанд ҷой амал мекунанд.
Моҷароҳои додгоҳӣ, ҷангу занозаниҳои аъзои ин хонавода ҳам ҳар сари чанд вақт дар расонаҳо хабари аввал мешуданд. Умар Алиматов дар тиҷорати наркотика ҳам як замон гӯи сабқат карда буд. Ва, то чандин муддат ин тиҷоратро контрол ҳам мекард, пеш мебурд. Ҳатто маводи мухаддирро бо ҳелекуптер (вертолёт)-ҳои части 3102и Суҳроб Қосимов ба Хуҷанд интиқол медод. Аз онҷо тавассути Автобусҳои мусофирбар ба Русия интиқол медоданд. Ин корро ҳамроҳ бо бародари Генерал Суҳроб Қосимов якҷо анҷом медоданд. Ҳамон солҳои 2005 КДАМ ин гурӯҳи қочоқбарони маводи мухадирро боздошт намуд. Дар ин ҳалқа ё гурӯҳ Раҳмат, Маҳмад ва Давлатшо ҳамроҳ будунд. Аммо аҷоиби кор ин аст,ки пас аз боздошти ин гурӯҳи қочоқбарон,ки борро дар як части Суҳроб Қосимов тахлия карда буданд ва ҳангоми интиқол боздошт шуда буданд. Бо дахолати Суҳроб Қосимов ҳамаро озод карданд. Дар поён чигуна духтари Давлатшо Нодираро Умар Алиматов бо кадом сабаб ба занӣ мегирад хоҳем гуфт.
Ҳатто дар як маросими намоиши молу коло дар шаҳри Душанбе худи Эмомалӣ Раҳмонов вақти дидан аз тавлидоту фаровардаҳои ширкатҳо, вақте аз назди ғурфаи мансуби ширкати «Сим-сим» рад мешуд тарафи яке аз Алиматовҳо гуфт, ки ана акнун ба кори ҳалол ёфтӣ дигар бо наркотик заниматса накун. Яъне Раҳмонов ҳам огоҳ ва хабардор буд.
Аммо ин сумдори калон ва дар гузашта аз боевикҳои Фронти халқӣ, ки аз инсоният ва одамият кам баҳра ва бӯ бурдааст чанде пеш даст ба коре задааст, аслу асосу ӯву шахсияти ӯро намоён мекунад. Свети хонаи истиқоматиашро ба таври дуздӣ дар ноқили Медгородок, беморхонаи шаҳри Душанбе пайвастааст. Тавассути нозирони барқ ба даст меафтад.
Идомаи моҷаро аз чи қарор аст, аз ҳикояти наздикон, дурусттараш бигӯем огаҳони ин ҳодиса хоҳед фаҳмид.
Барқ дуздӣ : «чӣ гуна Алиматов зери ҳимояи Музаффар Юсуфӣ қарор гирифт?»
Бо дуруди фаровон ба устоди муҳтарам, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳайати кормандони расонаи маъруф ва ҷасури «Ислоҳ». Дар ин навишта ҳодисае ҳикоят карда мешавад, ки як калимааш ҳам ҳосили тахайюл нест, ҳамагӣ ҳақиқат ва воқеият аст ки ҳамин чанд моҳи пеш иттифоқ афтод.
Ман мехоҳам дар бораи шахсе сухан кунам, ки рафтори вай инсонро ба ҳайрат меорад. Ин шахс як бизнесмени дузди Тоҷикистон Умар Алиматов, роҳбари ширкат ва тарабхонаҳои Сим-Сим мебошад.
Ин шахс қувваи баркро медуздад, маблағи ҷаримаро пардохт намекунад, аз кормандони барқ маблағи калон мегирад ва онҳоро тавассути мақомоти шиносш маҳкам намуда аз кор пеш мекунад.
Устод, инро бояд мутазаккир бишавам,ки ҷабрдидаҳо наметавонанд ному насаби худро ба ҷиҳати бехатарии ҷони худу пайвандонашон ошкор намоянд.
Ин нафарон дар горсвети ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор мекарданд.
Дар асоси муроҷиати роҳбарияти беморхонаи рақами 5, яъне Медгородок дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки масрафи барқаш баробар ба даҳҳо ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми қарзаш садҳо ҳазор шудааст, як корманди ин идора бо ҳамроҳии як ҳамкораш дар беморхонаи мазкур санаи 11.02.2025 санҷиш мегузаронад.
Санҷиш нишон медиҳад, ки сабаби даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор шудани беморхонаи Медгородок ин дуздии барқ аз ноқилҳои ин беморхона мебошад. Вақте кормандон таҳқиқи ин вазъро шурӯъ мекунанд, маълум мешад, ки ноқили дуздии пайвастшуда ба хона (қасри) Умар Алиматов тааллуқ дорад. Ин хона дар бари беморхонаи мазкур қарор дорад. Умар Алиматов аз ин шароити «ҳамсоягӣ» истифода бурда бо таври пинҳонӣ тӯли чандин солҳо аз ҳисобкунаки беморхона ноқил гирифта бешарафона ва бешармона барқро истифода менамудааст.
Кормандони идораи барқ ин ҳолатро ошкор намуда пурра ба навор мегиранд, ( навораш маҳфуз аст) ва бар муқобили шаҳрванди барқдузд Умар Алиматов акти ҷаримавӣ ба маблағи 151 ҳазор сомонӣ тартиб медиҳанд ва тибқи талаботи қонун барқи коттеҷи ӯро қатъ мекунанд.
Ба энергетики Умар Алиматов, ки номаш Комил мебошад, мефаҳмонанд, ки шумо бояд ноқили дуздии худро фавран аз ноқили беморхона ҷудо намуда 151 ҳазор сомони барқи дуздишударо ба манфиати беморхонаи Медгородок пардохт намоед, то мо барқи шуморо пайваст намоем. Комил дарҳол бо Умар Алиматов ҳамсӯҳбат шуда ҳолатро пурра мефаҳмонад.
Умар Алиматов ба Комил мегӯяд, ки ба кормандони горсвет гап зан, токи ин ҳолатро ба ягон нафар, хусусан роҳбари беморхонаи Медгородок хабар надиҳад ва барқро рӯшан кунанд. «Ман омада чанд суме бошад пардохт менамоям».
Онҳо барқро гирён мекунад.
Пагоҳ Комил ин кормандони идораи барқро даъват карда ба онҳо мегӯяд, ки Умар Алиматов бародарвор хоҳиш кард, ки ин корро бе овозаву дарвоза ҳал кардан даркор. Зеро агар гап ба боло, то раиси шаҳр равад, ки сабаби даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор шудани беморхонаи Медгородок Умар Алиматов мебошад, шояд ба ман проблемаи сахт шавад, ман беобурӯ мешавам ва мегӯяд мо ҳамаамон аз як минтақа Данғара ҳастем, бояд якдигарро дастгирӣ намоем. Хуллас, суханҳои бисёр барои ба дом афтонидани кормандони барқ мезанад. Комил мегӯяд Умар Алиматов гуфт 80 ҳазор сомониро медиҳам, чанд сомонии дигарашро ба суратҳисоби Медгородок мегузаронам ё ба роҳбари беморхона медиҳам. Хуллас, ин корро бе ягон овоза ҳал кунанд.
Ин кормандони барқ ба барқчии Умар Алиматов, ки пеш дар горсвети Душанбе кор мекард, яъне Комил, бовар карда розӣ мешаванд ва мегӯянд, ки ҳаҷми ҷаримаро кам менамоем -60 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби беморхонаи Медгородок мегузаронем, 20 ҳазор сомонии дигарро мо тақсим менамоем.
Баъдан Комил меравад. Як рӯз пас, рӯзи 14. 02.2025 ба ин кормандон тамос гирифта мегӯяд ба пеши Медгородок, хонаи Умар Алиматов биёед. Онҳо ба онҷо мераванд. Комил барои боз ҳам ба боварии кормандони барқ даромадан, «илтимос коре накунен, ки гап барояд, ман ба сарам ҷавоб медиҳам» гуфта аз сари 80 ҳазор сомонӣ 5 ҳазорашро мегираду 75 ҳазор сомонӣ ба онҳо медиҳад.
Ин кормандони барқ намедонистанд, ки дар доми аждаҳор афтодаанд. Чунки, дар ин лаҳзаҳо, пас аз ба мошин савор шудан, онҳоро кормандони Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон дастгир намуда рост ба бинои Прокуратураи нақлиёт мебаранд.
Ва кормандони Прокуратураи нақлиёт барои корро калон ва пурвоҳима нишон додан дарҳол рафта тамоми кабинетҳои идораи барқи ноҳияи Исмоили Сомониро муҳр зада мошинҳои ин корманди барқ ва ҳамкорашро дар прокуратура маҳкам менамоянд. Маълум шуд, ки Умар Алиматов барои ба дом афтонидани кормандони идораи барқ бо генерали Прокуратураи транспорт Музаффар Юсуфӣ, ки одами наздики вай мебошад,маслиҳат кардааст.
Наздикони ин кормадони дастгиршуда барои халосии онҳо ба тамоми нафарони наздики генерал Музаффар Юсуфӣ то ба Комил Мирзоалиеви роҳбари Рохи оҳан баромаданд, аммо корашон ҳал нашуд. Ҷавоб фақат як сухан. «Рафта дили Умар Алиматовро ёбед. Агар ман бе иҷозати вай ин корро ҳал кунам Умар метавонад ба ман проблема кунад».
Барои розигии Умар Алиматов ба тамоми шахсони наздики ӯ хусусан генерал Суҳроб Раупов ва яке аз додарони худи Умар Содиқ одам ёфтанд. Вале сухани ягон нафарро нагирифт. Дар ҷавоб фақат мегуфтааст, ки «ин ду кӯдак бояд наказат шаванд ва бидонанд Умар Алиматов,кӣ аст!»
Мо то ин андоза боқувват будани мафияи Умар Алиматовро баъд фаҳмидем. Дуъо мекунем ба даргоҳи Аллоҳ, ки ин мафияро ба монанди мафияи Исмати Дулик шикаст диҳад.
Аз байн 3 рӯз гузашт. Онҳо дар ҷустуҷӯи «таға» буданд то дили Умар Алиматов ва Музаффар Юсуфиро ёбанд.
Умар Алиматов ва Музаффар Юсуфӣ барои шикастани бачаҳо, ё барои баланд бардоштани ставкаи сум ё намедонам барои чӣ нисбати онҳо бо моддаи 319, қисми 4- сангинтарин ҷазо- делои ҷиноӣ оғоз намуданд. Яъне дидаву дониста барои баланд бардоштани ставка ва шикастани кормандони барқ, ки моддаи зикршуда барои кормандони давлатӣ аст, на нисбати кормандони корхонаҳои тиҷоратӣ ва ҶСК -ҳо (дар поён мегӯем чи хел статяро иваз карданд). Хуллас, ҳама дар гиряву нола, ки ҳарду бача суд мешаванд. Зеро ин статия ҷарима надорад, фақат аз озодӣ маҳрум намудан аз 7то12 солро дар бар мегирад.
Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон аз фурсати муносиб истифода бурда барои проблема накардани роҳбарони барқи шаҳри Душанбе, ки кормандонашон ба ин кор даст задаанд, садҳо ҳазор сомонӣ пора мегирад.
Дар ҷараёни ҷустуҷӯ намудани тағо ҳама ҷо баромаданд ва розӣ буданд ба ҳар маблағе бошад ин нафарҳоро аз ИВС бароранд.
Дар ин ҳол як нафари шинос гуфт, ки ҳамсинф ва ҳамсояи ман наздиктарин шахси наздики Умар Алиматов мебошад. Вай метавонад 100 фоиз ин корро ҳал намояд. Ман бо он суҳбат кардам. Он шахс номаш Сиёвуш мебошад, ронанда ва началники охраннаи Умар Алиматов будааст.
Онҳо бо ҳамроҳи падари яке аз нафарони боздоштшуда бо Сиёвуш вомехуранд. Сиёвуш гуфт ман наздиктарин шахси Умар Алиматов мебошам. Маро ҳатто аз фарзандаш зиёд эҳтиром менамоям. Ман ин кори шуморо 100 фоиз ҳал менамоям. Гуфт: «агар акаи Умар ба Музаффар Юсуфира бга бмбр Музаффар мембра. Гап -гапи акаи Умарай. Ҳозир агар бхоҳа меброрашон».
Боз ханда карда гуфт «кадом шахсе бо акаи Умар сарбасар шава ҳамин хелшон мекна. Чанд соле, ки ма катиш кор кардаам чандин кормандони идороҳора ба воситаи Музаффар Юсуфӣ ҳамихел кардааст. (Аз ким кадом сохтмончӣ барои сохтмони мактаб, аз ким кадом судя, милиса ва чанде пеш боз кормандони барқи ким куҷо). Хуллас, ин Умар Алиматов дар ин масъала таҷрибаи калон доштааст. Дар охири суҳбаташ гуфт: «имшав бо акаи Умар маслиҳат мекунам, вай ба генерал Музаффар Юсуфӣ занг мезанад, пагоҳ ҷавобша мегӯям».
Пагоҳ омад гуфт маслиҳат хамин хел шуд, 50 ҳазор долларӣ. Дар умум 100 ҳазор долар медиҳед коратон ҳал мешавад ва аз ИВС ҷавобашон медиҳанд ва гуфт аз ин 100 ҳазор 20 ҳазор доллараш ҳақи ман аст. 80 ҳазорашро ба акаи Умар Алиматов медиҳам. Вай худаш бо генерал ҳал мекунад.
Наздикони боздошт шуда аз вай хоҳиш карданд ин маблағи калон аст, мо аз куҷо меёбем, камтар раҳм кунанд. Вай гӯё ба ғазаб омада гуфт шумо ҳамаҷо баромадед «кортон ҳал нашид, ин кора акаи Умар ба хотири ман ҳал мекна. Набошад ҳарду бача мешинанд, хушру фигр кунен».
Дар охири суханаш гуфт, майлаш, ман шуморо мефаҳмам 10 ҳазор аз ҳақи ман кам кунед мешавад. Дигар роҳу илоҷ набуд. Дар як рӯз аз хешу таборҳо қарз намуда 45 ҳазор долларӣ, дар умум 90 ҳазор доллар ба Сиёвуш расониданд. Барои онки онҳоро аз ИВС халос кунад. Аммо боз ба доми фиреб афтоданд. Зеро аз байн ду рӯз гузашт. Бачаҳоро аз ИВС-и Прокуратураи нақлиёт ба СИЗО бурданд. Наздикони боздошт шуда ба Сиёвуш гуфтанд маслиҳат ин хел набуд.
Сиёвуш гуфт сабр кунед, ҳал мекунем. Сумҳоро гирифтанд: 30 ҳазорашро акаи Умар гирифт, 50 ҳазорашро ба генерал Музаффар Юсуфӣ дод ва боз афзуд, ки барои овоза нашудан бояд дар СИЗО як ҳафта биистанд.
Аз байн 2 ҳафта гузашт. Вале аз баровардани бачаҳо аз СИЗО ягон ном ва нишон набуд ва муфаттишони Прокуратураи нақлиёт ҳам дар рафти пурсиш мегуфтанд: «аз боло ягон супориш нашудаст».
Сиёвушро даъват намуда ва баландравӣ карда мегӯянд, ки аз байн қариб 20 рӯз гузашт, аз кор ягон ному нишон нест, пулҳоро баргардон. Барои он бо ин қадар маблағи калон бо Шумо розӣ шудем, ки онҳоро аз ИВС бе ягон проблема бароред. Ин хел бошад мо бо адвокат ва муфаттишон сӯҳбат кардем. Ҷинояти инҳо мутобиқи дигар статия мебошад ва онҳо бо пардохти ҷарима мебароянд. «Моддаи 279» ришвадиҳии тиҷоратӣ.
Сиёвуш дар ҷавоб мегӯяд, ки Шумо ҳоло ҳам акаи Умар Алиматовро намедонед. Агар ман ин суханҳои Шуморо ба ӯ гӯям маблағҳои шуморо бар мегардонад. Аммо Шумо як чизро фаромуш накунед, ки ин ду нафар хоҳед нахоҳед мешинанд.
Баъд барои тарсонидани наздикони боздоштшуда аз Умар тавсиф намуда гуфт «акаи Умар армияи шахсии худро дорад. Ба онҳо ҳар моҳ маош медиҳад дар части 3502. Чандин ҳазор яроқ, беспилотныйи шахсӣ «паҳбодҳо». Дар ҷанги байни қирғиз ва худамон кори асосиро армияи акаи Умар кард, на мудофиа, на МВД. Хуллас, гапи акаи Умар дар ҷумҳурӣ якум ҷо мебошад, хушру фигр кунед».
Ин нафар гуфт, ки мо дигар дар ҳайрат мондем:-« и Умар ин қадар корнамоӣ карда бошад ва ҳатто армияи шахсии худро дошта бошад, мо бо вай чи сарбасар мешавем? Ва таваккал бар Худо кардем».
Рости гап наздикони дубоздошт шуда гуфтанд чи кор карданамонро дигар намедонистем ва ба Сиёвуш гуфтем аз рӯи мардакӣ кор ҳал нашид, ту бояд 10 ҳазор доллари ҳақи худатро бар гардонӣ. Вай гуфт ман ин пулро расход кардаам, аз куҷо ёбам. Дар охир гуфт ман бо акаи Умар боз маслиҳат мекунам, ҷавобашро мегӯям.
Сиёвуш пеш аз ҷашни Наврӯз ба мо алоқа баромада мегӯяд генерал Музаффар Юсуфӣ бо акаи Умар маслиҳат карданд. Баёноти бачаҳоро аз нав гирифта статияи онҳоро иваз мекунанд ва пас аз ҷашни Наврӯз мебароянд.
Ва Сиёвуш аз 10 ҳазори доля гирифтааш 2 ҳазор долларашро бар гардонид. 8 ҳазор доллари дигарашро гуфт талаб накунед, ман ҳам даводав кардам барои шумо.
Хуллас, ҳамин хел ҳам шуд. Пас аз анҷоми ҷашни Наврӯз статияи онҳоро аз 319, қисми 4,ба статияи 279,қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки моддаи реалии онҳо буд, иваз мекунанд. Ва баъд аз гузашти 58 рӯз бо ҷазои ҷарима бачаҳо аз суд хушбахтона ба озодӣ баромаданд.
Пас аз баромадан Сиёвуш назди мо омад. Гуфт условияи акаи Умар ҳамин аст ки 8 ҳазор долияи гирифтаи манро талаб намекунед. Дуюм ин ки супориш додагӣ аст ки минбаъд ин контролёрҳо дар идораи барқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор намекунанд.
Дардед, ки моро барои муроҷиат ба назди Шумо овард ва бовар дорам Шуморо тамоми мақомот мешунаванд, ин аст ки мутаассифона, чунин инсонҳо дар Тоҷикистон мавҷуданд ва ҳамроҳи мову шумо зиндагӣ мекунанд ва бо вуҷуди доштани сарвату маблағи зиёд чунон, мумсик, зихна, гушначашм ва мурдаи гӯранд, ки ҳатто свети беморхонаро,ки ҳақи сағиру маризу муҳтоҷҳо аст ва ниёз ба дастгириву кӯмак дорад, ғорат мекунанд.
Ҳоло агар ин ҳолат ошкор намешуд, фикр мекунед дуздии барқи бемористонро бас мекард? Албатта не. Оне, ки устухонаш ба дуздӣ шах шудааст, то охир машғул ба дуздӣ мешавад ва агар касе сари роҳи онҳоро гирад онҳоро ҳамин хел мешикананд. Яъне шиорашон ва фалсафаву фаҳмишаш ва моҳияти зиндагиашон ҳамин аст: «медузем, кадоме сари роҳамонро гирад, шикаста нест мекунем, ғорат карда маҳкам менамоем».
Дар ин кор контролёрҳо худро бе гуноҳ намешуморанд. Онҳо ҷазояшонро диданд. Аммо санаде, ки онҳо тартиб доданду аз ҷониби Прокуратураи нақлиёт гирифта шуд, куҷо шуд? Чаро он ҷаримаро аз ҳисоби Умар Алиматов нарӯёниданду наситониданд?
Аз тамоми кормандони идораҳои дахлдор хоҳиш менамоем дар рафти кор аз ин ҳайвони даранда эҳтиёт бошанд. Зеро ин шахс, яъне Умар Алиматов бо ин кораш ҳаловат мебурдааст.
Як воқеаи дигар. Тахминан моҳҳои август бо фармони вай Сиёвуш бо ҷияни Умар Алиматов, ки номаш Алимат мебошад 3 корманди Кумитаи андозро дар рафти фаъолияти кориашон дар корхонаи Умар Алиматов мурданӣ мезананд. Ва ин се корманди Кумитаи андозро баъдан бо мусоидати Умар Алиматов аз Кумитаи андоз пеш мекунанд.
Ман бовар дорам, ки ин суханони мо то мақомоти дахлдор, хусусан президенти кишварамон рафта мерасанд ва нисбати ин гурӯҳи ҷинояткор чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Агар зарур бошад дар мактуби баъдина наворхои дуздии барқи Умар Алиматовро ба шумо пешниҳод менамоем то шумо ба тамоми мардум онро пешниҳод намоед.
Дар охир дуъо мекунам, ки ин гурӯҳи мафияи Умар Алиматов ва генерал Музаффар Юсуфӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ба монанди дигар гурӯҳҳои ҷинояткор ҷазои худро бикашад.
Чуноне дар боло гуфта гузаштем,ки Умар Алиматов чи гуна духтари рафиқаш Давлатшоро ба зани гирифт. Давлатшо аз Умар Алиматов чанд маротиба бо ҳаҷмҳои калон маводи мухаддир мегирад. Давлатшо маводҳоро чанд маротиба бо чанд трафик мефиристад вале ҳама борҳо мусодира мешаванду куриерон боздошт мегарданд. Албатта чун маблағ хело калон мешавад яъне хело…Умар Алиматов дар зиндон буд ва маблағашро талаб мекунад. Давлатшо дигар роҳи дигаре пайдо намекунад ҷуз инки духтари тоза синфи 11 тамом кардашро ба ақди никоҳи Умар Алиматов дар дохили зиндон медарорад. Умар Алиматов,ки барои қатли ҳамсараш дар зиндон буд ,Давлатшо фаҳмида ин корро мекунад. Дар ҳоле Умар Алиматов ва Давлатшо ҳамсол ва портнёр буданд. Албатта қиссаҳои Умар Алиматов хело зиёданд вале мегузорем онҳоро барои барномаҳои баъдӣ. Чуноне Музаффар Юсуфиро дар ҳар барнома ҷиноятҳояшро таку рӯ дорем. Ҳатман аз ин пас ҷиноятҳои Умар Алиматов ва мафияи ҷиноятпешаашро тақдим хоҳем кард.
Эзоҳи «Ислоҳ».Чанде пеш мақомот эълон карданд, ки санҷиш ошкор кардааст, ки аз ҳаҷми қарзи аҳолӣ, ки қаблан эълон мекарданд беш аз 30 фоизи он изофанаависӣ, яъне тӯҳмат будааст.
Др як навиштаи мо ин факт зикр шуда буд, ки дар соли 2017 Спитаменбонки Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва духтари вай бо як занги телефон 300 ҳазор сомонӣ қарзи барқшро нол кард.
Раҳмонов сари ҳар чанд вақт қарзи ширкати барқро списат мекунад.
Ҳамаи инҳо аз чи далолт мекунад? Аз он далолат мекунад, ки дуздони барқ нафарони одӣ нестанд. Мегӯед Раҳмонов худаш намедуздад. Чи гуна Озода медуздад? Озода дуздиро аз кӣ омӯхтаст?
Вале дар ин моҷарои боло як ҳолати ҳайратовари дигар ин ширкати Прокуратураи нақлиёт ва шахси Музаффар Юсуфӣ аст. Мо дар бораи ин генерали додситонӣ борҳо навиштаем. Дар ин қазия маъулм мешавад, ки ин Прокурор бар ивази пул ба Умар Алиматов дасти кӯмак ва пуштибонӣ дароз кардааст. Вале оё Прокурори нақлиёт ин салоҳият ва ҳуқуқро дорад, ки фаъолияти идораи барқро тафтиш кунад?
Ҳоло, мо мунтазир мемонем, ки ин қазияро Прокуратураи Генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва шахсан худи Президенти Тоҷикистон чи гуна баррасӣ ва расидагӣ мекунанд.
Пайгирии қазияро идома хоҳем дод.
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Ин қазия танҳо дар бораи як нафар нест-ин оинаи як низом аст. Низоме, ки дар он сарват метавонад қонунро хомӯш кунад, ва робита метавонад ҳақиқатро пинҳон намояд.
Умар Алиматов, агар ҳама он чи дар боло оварда шуд, воқеият дошта бошад, савол одӣ аст:
чӣ гуна мумкин аст барқи як бемористон-маконе, ки ба дармон ниёз дорад-ба манфиати шахсӣ истифода шавад?
Қонун бояд барои ҳама яксон бошад-на барои баъзеҳо нарм ва барои дигарон сангин. Агар дар ин қазия дастҳои пуштибон вуҷуд дошта бошанд, пас масъулият низ бояд муштарак бошад. Ҳеҷ мақом, ҳеҷ унвон ва ҳеҷ дороӣ набояд болотар аз адолат қарор гирад.
Имрӯз ҷомеа на танҳо посух мехоҳад-шаффофият, тафтиш ва натиҷаи воқеӣ мехоҳад. Агар ин саволҳо бе ҷавоб монанд, паёмаш равшан аст: беҷазоӣ идома дорад.
Ва агар ҷавоб дода шаванд-ин метавонад оғози барқарории эътимод бошад.
Ба Музаффар Юсуфӣ низ саволҳои ҷиддӣ матраҳанд.
Агар воқеан мақомоти таҳти роҳбарии ӯ ба ин қазия дахолат карда бошанд, пас суоли асосӣ ин аст:
Прокуратураи нақлиёт ба чунин парванда чӣ иртибот дорад?
Оё салоҳият вуҷуд дошт, ё сухан аз истифодаи мақом барои ҳадафҳои дигар меравад?
Ин ҷо дигар масъала танҳо як қазияи ҷудогона нест-сухан дар бораи эътимоди мардум ба адолат меравад. Ҳар як қадами ғайриқонунӣ, ҳар як дахолати беасос, пояҳои давлатдориро суст мекунад.
Музаффар Юсуфӣ бояд дарк кунад:
мақом масъулият аст, на имтиёз.
Ҳар амале, ки берун аз доираи қонун сурат мегирад, на танҳо савол, балки ҷавобгариро низ ба миён меорад.
Имрӯз ҷомеа мепурсад —
на бо эҳсос, балки бо ҳақ:
Кӣ ба ту ба ин дахолат иҷозат дод? Ва бар асоси кадом қонун?
Хомӯшӣ дар чунин ҳолатҳо посух нест.
Ҷавоб бояд равшан, қонунӣ ва ошкор бошад. Медонем ту аз Худо наметарсӣ, ақалан аз ҳамон пешвоят ва писари ӯ наметарсӣ? Ё бароят мисли Умар Алиматов анҷоми ҳама ҷиноят иҷозат аст? Музаффар Юсуфӣ хуб дон ва огоҳ бош мо дар пошнаи ту шиштаем!
«Ислоҳ» ин саволҳоро боз ҳам пайгирӣ хоҳад кард. Ислоҳ пайгирии ин қазияро ҳатман идома медиҳад….
